Путин: “Интихоботи соли 2020, бидуни Раҳмон ва бидуни Рустам”

Ислоҳ нет

 

    Русия мусаммам аст барқи “Сангтӯда-1”-ро ба кишварҳои сеюм бифурӯшад. Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар анҷоми дидораш бо ҳамтои  тоҷики худ дар Маскав эълон кард, “феълан имкони содироти барқи тавлиди Сангтӯда-1” ба кишварҳои сеюм мавриди баррасӣ қарор дорад”.

 

    Эълони ҳамчунин тасмим ва он ҳам дар маросими хатми сафари расмии раиси давлате, ки шарики стратегӣ унвон мешавад, ишораи ошкоро ба вуҷуди мушкил байни ин ду кишвар аст. Аз сӯи дигар ин навъе аз таҳдид ва фишори алании худи шахси Путин болои Раҳмон аст,ки тасбит мекунад, истиқболи беэҳтиромона ва таҳқиромез  аз Раҳмон дар фурудгоҳи Маскав амдан ва бо дастури раиси ҷумҳурии Русия сурат гирифтааст.Ба назар мерасад хашми Путин дар нисбати Раҳмон фурӯкаш нашудааст ва шикофи миёни равобити Тоҷикистон ва Русия амиқтар мешавад. Дар ҳоле, ки дафтари матбуоти руасои ҷамоҳири ҳар ду давлат мегӯянд Раҳмон бо даъвати Путин ба Маскав сафари расмӣ анҷом дод, аммо ба назар мерасад Путин Раҳмонро “на ковёр” хондааст.

 

Путин дар ҷараёни сӯҳбаташ ҳамчунин миёни лабу дандон ва мисле, он қадар аҳамият надошта бошад, изҳор дошт, то шурӯи мулоқоти расмӣ беш аз 1соат бо Раҳмон сӯҳбат кардааст. Ба назар мерасад дар ин як соати мулоқоти қабл аз мулоқоти расмӣ мушкилоти миёни ин ду нафар  ҳал нашудааст. Вагарна Путин ошкоро заҳр намечаконд ва хашмашро ифшо намекард, ки барқи “Сангтӯда-1”-ро ба кишварҳои сеюм хоҳад фурӯхт.Албатта, барои Раҳмон ҳам ин сафар, новобаста аз онки “расмӣ” ва ё “корӣ” хоҳад буд,бағоят муҳим башумор мерафт.Зеро то интихоботи навбатии раиси ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон камтар аз якуним сол боқӣ мондааст.Ва,бо он нақша ва барномаҳои гулобие, ки дар сар мепарварад, ризоияти Русия ва Путин-пушту паноҳи ҳамешагиашро ҳосил накардааст.Тамоми нақша ва барномаи минбаъдаи Раҳмон ба овардани Рустам-писари калониаш ба ҷойи худаш, дар мақоми президентӣ гиреҳ хӯрдааст.Раҳмон қабл аз сафараш медонист ва тахмин мезад, ки истиқбол ва мулоқот дар Маскав сард ва нохуш мегузарад. Зеро ӯ аз қабули ду тарҳи пешниҳодии Путин бо ҳар роҳу васила худро дур мекашид.Аммо барои ҳар яке аз мову шумо рӯшан аст, ки Раҳмон на он сиёсатмадор ва на он раиси давлатест, ки аз қабули тарҳҳои Русия сарфи назар кунад. Зеро ӯ аз ибтидо то ба имрӯз мадюн ва забонкутаҳи русҳо аст.Ӯ сохта ва эҷоди русҳо аст. Раҳмон дар хоби шабаш ҳам намедид,ки раиси давлат мешавад, агар ки русҳо намехостанду намеоварданд. Ба таъбири Фирдавсӣ,ки мешавад аз номи русҳо ба Раҳмон нисбат дод:

 

  Манаш кардам ин Рустами достон,

  Вагарна харе буд дар Сиистон.

 

Тоҷикистон дар ҳайати СНГ,ОДКБ ва ШОС аст,ки  дар ҳамаи ин созмонҳо ҳарфи аввал ва охир аз русҳо ва ҳоло аз Путин аст. Пойгоҳи 201-Русия дар Тоҷикистон аст. Пойгоҳи назорати кайҳонӣ –иншооти муҳимми ҳарбии Русия, ки осмони қариб нисфи бештари дунёро то 40 ҳазор км назорат мекунад дар Норак аст.Бар замми ин ҳама, муҳоҷирони кории тоҷик-шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шумораашон ба таъйиди Путин 1миллиону 200 ҳазор аст, яке дигар аз вобастагиҳои Раҳмон аст ки иҷоза намедиҳад дар баробари русҳо чор-чор кунад. Хуб, ба ҳар ҳол чаро Раҳмон на “не” мегуфт ва на “ҳа” вале кашол медоду кашол медод. Раҳмон бо он умед ва ҳадаф замони қабули тарҳҳои пешниҳодии Путин ҷиҳати пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авру Осиёро  ба таъхир меандохт, то  дар интихоботи навбатии президентӣ пуштибониаш кунад ва ризоият диҳад, ки Рустамро ҷойгузини худаш созад. Чун Раҳмон ҳамчунин таҷрибаро пештар дошт. Вақте дар хатми соли 2003 ва соли 2004 таҳти ҳимояти кишварҳои дигар минҷумла Амрико сарҳадбонони Русияро аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ронд, Путин ӯро ба шиддат таҳти фишор  қарор дод. Ва сару садоҳо дар бораи иваз кардани ӯ хеле боло шуданд. Раҳмон тавассути расонаҳо аз сарнавишти фирқаи 201 ҳам ҳарфу ҳиҷо баланд кард ва гӯиё ба рағми русҳо “ов”-ро аз насабаш ҳазф кард. Аммо ин ҳама  воқеият надошт. Балки як навъ бозортезкунӣ буд. Дар ҷараёни сафари Путин дар соли 2004 ҳама хостаҳои Русияро мӯбамӯ пазируфт ва ба иваз ризояти Путинро барои идома қудрат ба даст овард. Ба таъбири мардумӣ манофеи давлатро фурӯхт то курсии худро “семент ё сварка”кунад.

 

   Ҳоло ҳам бо ҳамин хиёл буд ва бидуни шак мутмаин ҳам буд, ки боз ҳам ҳамчунин тиҷоратро хоҳад идома дод ва Рустам”валиаҳд” хоҳад шуд.Ва қабули тарҳҳои пешниҳод кардаи Путинро барои маҳз ҳамин рӯз  ва бо ҳамин мақсад ба қафо меандохт.

 

  Агарчанде, ки барояш сахт гарон тамом мешавад, чун тиҷорати хонаводагиаш бо пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ номумкин  мегардад. Ва аз дигар тараф 40 дар сади буҷҷаи солонаро, ки аз боҷу пардохтҳои гумрукӣ таъмин мекунад, намедонад баъди узвият дар ин Иттиҳод аз чи роҳе ба даст оварад. Вале ин ҳамаро ӯ омода аст, ки барои ба даст овардани ризояти Путин ба ҷойгузин кардани Рустам дар ҷойи худ ба савдо занад.

 

   Аммо, чуноне ба назар мерасад Путин на танҳо барномаи ҷойгузинии Рустам ба ҷойи Раҳмонро напазируфтааст, ҳамчунин ҳушдор додааст ва ҳушёр ҳам кардааст, ки худаш ҳам набояд ин навбат даъвои курсии президентӣ кунад. Чун замона тамоман дигар шуда ва на танҳо Путин, балки интернет-оппозитсияи тамоми диктаторҳое, ки муддатҳои тӯлонӣ курсиро часпида гирифтаанд ҳам, чунин шароитро нахоҳад дод. Раҳмон ноилоҷ шуд,пешниҳоди русҳо барои “долони содашудаи гумрукӣ”- ро бипазирад, ки ин худ эътирофи узвияти Иттиҳоди гумрукиро дорад. Гуфта мешавад Путин бо ишораи маънодор ба даст кашидан ё кашонидани Дариға Назарбоева аз ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ  барои Раҳмон фаҳмонидааст, ки “аз ин ният даст бикашад ва ҳам худаш ва ҳам кишвараш ва ҳам минтақаро осуда бигзорад”.

 

Муҳтаво ва моҳият ва мақсади даъвати Раҳмон ба Маскав ва анҷоми сафари расмии ӯ ҳам ҳамин масъалаи интихоботи ноябри соли 2020-и Тоҷикистон будааст ва инро ҳам масоили рӯзномаи ин сафар ва ҳам тарзи истиқболи Раҳмон ва ҳам  эъломи фурӯши маҳсулоти “Сангтӯда-1”, ба кишвари саввум, ки моли муштараки ҳарду кишвар аст ва низ таъкиди шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва саҳми онҳо дар иқтисоди Тоҷикистон дар баёни Раҳмон ва Путин, ки аз ҳам аз замин то осмон тафовут дошт, ба ин натиҷа меоварад, ки ҳолати Раҳмонро мақоли мардумии “кӯза на ҳар бор аз лаби об сиҳат меояд” шабоҳат дорад. 

 

   Вагарна Путин хуб медонад, ки ҳатто агар ҳам ки барои барқи “Сангтӯда-1” харидори хориҷӣ ҳам ёбад, барои интиқоли он аз хатҳои тоҷикӣ истифода хоҳад кард. Пас, инҷо на масъала бизнес ва на нархи фурӯши барқи тавлидии “Сангтӯда-1” ва ҳатто на баргардонидани қарзи беш аз 150 миллиондолларии Тоҷикистон аз ин нерӯгоҳ аст, масъала ҷиддӣ аст, хеле ҷиддӣ. Худо кунад, ки бисёр ҳам ҷиддӣ бошад.

 

 

 

 

 

Share This Article