(бахши аввал)
Қиморхонаҳои Тоҷикистон ва шакли корашон
Мо, кормандони яке аз мақомоти интизомӣ мебошем. Аммо ин кадом мақомот аст гап намезанем, сабабашро шумо медонед. Бо шумо як масъаларо ба миён мегузорем. Зер, агарчи роҳбарони мо ба рӯ намеоваранд, аммо мо медонем, ки навиштаҳои шумо, матолиби мунташира дар «Ислоҳ.нет» ҳатман пайгирӣ ва таҳқиқ мешавад. Дар оянда мисолҳову намунаҳоро дар ин бора, ки ба маҳзи нашри матолиби шумо бархе тасмимҳо гирифта шуд, пешкаш менамоем. Аммо ҳоло….
Дар Тоҷикистон, яке аз соҳаҳои пурдаромади тиҷорат ин бизнеси «бозӣ» мебошад. Яъне идораҳои букмекерӣ, лотереяҳои коғазӣ ва электронӣ ва бозии лото.
Мо ва роҳбарият ҳаракат карда истодаем, ки ин соҳаро ба танзим дарорем. Лекин ҳастанд шахсоне, ки барои онҳо қонун ва қонунгузории Тоҷикистон дахл надорад ва аз ин корҳои мо ҷилавгирӣ мекунанд. Ҳангоми санҷиши ин корхонаҳо, ки бо бизнеси бозӣ машғуланд, маълум шуд, ки санади фаъолият-иҷозатнома доранд. Аммо шахсоне ҳастанд, ки ягон ҳуҷҷати иҷозати фаъолият надоранд. Ҳангоми аз тарафи мо талаб намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ, онҳо бо мо дағалона рафтор карда мегуянд, ба мо фарқ надорад, мо одам дорем дар мақомоти қудратӣ ё мегуянд, ки хешу табори роҳбари давлат мебошанд. Баъд аз он ба мо аз ҳамаи мақомоти қудратӣ занг мезананд ва мегуянд, ки ин одамҳо ё ширкатҳо дар тахти назорати мо ва ҳуҷҷатҳояшон дар дасти мо аст. Аммо мо медонем, ягон санади иҷозатномадиҳӣ надоранд ва онҳо танҳо «кришават» мекунанду халос.
Мо ба мақомоти қудратӣ (ВКД, прокуратура) муроҷиат кардем, ки чанд ширкат ва нафароне ҳастанд, ки ғайриқонунӣ фаъолияти худро бурда истодаанд. То ҳол аз мақомоти қудратӣ ҷавоб нест ё ин ки ҷавобашон ин аст ки «мо дида баромада истодаем», вале ин ширкатҳо ва нафарон фаъолияти ғайриқонунии худро давом дода истодаанд.
Ба буҷаи давлат ягон намуди андоз намесупоранд, аммо ҳатмани ҳатман кормандони андоз ҳаққи худашонро мегиранд ва чашмҳояшонро мепушанд ва албатта, мақомоти қудратӣ ҳам ҳаққи худашонро мегиранд.
Шахсоне, ки бо ин намуди фаъолияти ғайриқонунӣ (қимор) машғуланд:
Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич нафаре, ки ташкилкунандаи тамоми қиморхонаҳо мебошад. Вай линияҳоро ба дигарон тақсим мекунад. Бо Беҳруз Бахтиёр, Азамат, Саидаҳмад, Саттор, Хусрав,Ҷамшеди ванҷӣ (Масхад ҳам мегуянд) кор мекунанд. Ҳамаи мабғҳое, ки аз ин фаъолияти ғайриқонунӣ ба даст меоранд, куҷо сарф мешавад, ҳеҷ кас намедонад (мумкин ба терроризм, силоҳ ё маводҳои нашъадор).Беҳруз дар ҳар куҷо аз номи раиси давлат ва хешу таборони вай гап мезанад ва мегуяд, ки ягон кас бо ман ҳеҷ кор карда наметавонад. Мегуяд,к и ман ду сол зиёд шуд, ки кор карда истодаам:-«дидӣ, менависен ҳамаи мақомотҳода, ҳамаш ай худумоай, ҳеҷ кор карда наметонен».
Нуқтаҳои қиморхонаҳояш:
дар шаҳри Душанбе:
кучаи Айни 269 (дар таҳхона); роҳбар Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич
кучаи Айни 84 пеши қаҳвахонаи Тахтача; роҳбар Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич
шаҳри Норак: бозори маркаӣ дар ошёнаи -2 роҳбар Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич
шаҳри Турсунзода: ру ба руи Автовокзал, роҳбар Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич
Вилояти Суғд:
Истаравшан: рӯ ба рӯйи бозори марказӣ, роҳбар Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич
Шаҳри Хуҷанд: пушти бозори Панҷшанбе (телефонбозор) роҳбар Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич
Нуқтаи қиморхонаи Саидаҳмад: бозори Панҷшер дар таҳхона
Нуқтаи қиморхонаи Саттор: бозори Ганҷина дар таҳхона
Нуқтаи қиморхонаи Ҷамшед: рӯ ба рӯйи бозори Деҳқон (Гипрозем).
Нуқтаи қиморхонаи Хусрав: шаҳри Бохтар, назди бозори марказӣ (назди бинои ЗАГС)
Шахсе бо номи Муҳиддин роҳбари ҶДММ «Равшан ТҶ» мебошад. Ин ширкат қиморхонаи ғайриқонунӣ дорад. Вай «ҳақ»-и ҳамаи мақомотро медиҳад. Муҳиддин мегуяд, ки «ма таға дорум дар Прокуратураи генералӣ, ягон кас ҳеҷ кор карда наметавонад».
“Боиси таассуф аст ки дар ин авохир қиморхонаҳо дар шаҳр мисли замбуруғи баъди борон пайдо шуда истодаанд. Аммо ҳеҷ кас ва ҳеҷ ниҳоде ҳеҷ чиз намегуяд. Чуноне тазаккур додем сервер ва паҳнкунанда Беҳруз мебошад. Дигарон бо фоиз аз фоида линия мегиранд. Агар фоида дар як руз 1000 сомонӣ бошад фоизи Беҳруз 500 сомонӣ аст. Яъне линияашро 50 бо 50 медиҳад. Ин бозии «игровой автомат» аст. Мақомот рафта сервер дар куҷо мебошад гуфта пурсад, ҳеҷ кас намедонад. Барои он ки бозии автомат худсохт мебошад. Пулт дар дасти роҳбар – Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич мебошад.”
Ба гурӯҳ ягон мақомот иҷозати фаъолия надодааст ва намедиҳад, барои он ки медонанд, ки инҷо чи намуди фиребу найранг аст. Вазорати молия муҷаввиз- литсензия надодааст. Дар худи Гипроземи ноҳияи Фирдавсӣ дар назди бозори Деҳқон 5 нуқтаи ин бозӣ,24 соат шабу рӯз кор мекунад. Савдогарон ва махсусан яклухтфурӯшон, ки картошка, пиёз, карам, сабзӣ ё помидору бодринг, себу нок, харбузу тарбуз бо мошини боркаш ё мошини худ меоранду дар бозор мефрӯшанд шабона пулро гирифта рост ба қиморхона мераванд ва то субҳи саҳар бозӣ мекунанд. Ин бечораи асосан «қишлоқиҳо» аз он қиморхона бепул ва муфлис шуда берун мешаванд. Кутоҳи гап дар хонаҳояшон хонаводаҳояшон интизори пули заҳмати кашида ва пули фурӯши маҳсулоти деҳқонияшон ҳастанд. Аммо бо дасти холӣ ба хона бар мегардаду ба ҳасзорҳо мушкили дигар гирифтор мегардад. Чун,ки ҳама умеди хонавода ба ана ҳамин пул буд.
Ду соли пеш як нуқтаи қиморхонаи Душанберо дошта ва дар тамоми шабакаҳо нишон доданд, ки бубинед қаллобҳо халқро чи тавр фиреб медиҳанд. Агарчи онҳо (бачаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот) ҳама андозҳоро саривақт месупориданд ва расман амал мекарданд. Онҳоро бурданду паси панҷара карданд. Аммо худашон ин корро давом дода истодаанд. Дар он вақт дар онҷо як нуқта буд ҳозир бошад айнан дар ҳамонҷо панҷ нуқта кор карда истодааст. Яъне ин ҶДММ «Инвест -Лото» дар Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ дар Гипрозем амал мекард. Прокуратураи Душанбе ва раёсати кофтукоби Вазорати корҳои дохила дар як амалиёт як миллион сомонӣ аз хазинашон мусодира кард. Он вақт дар он ҷо як қиморхона амал мекард. Ҳоло, чуноне гуфтем дар худи ҳамон ҷо панҷ қиморхона амал мекунад. Мардуми гирду атроф ба дод омадааст аз онҳо. Куҷо раван ба кӣ муроҷиат кунанд, намедонанд. Кадом ҷое, ки мераванд ариза мекунанд 2 ё 3 рӯз маҳкам мешаванд вале боз дарашонро кушода кор мекунанд. Мақому мақомоте пайдо нашуд, ки ин даъвои ин мардумро бифаҳмад ва ёрдам диҳад.
Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич ба унвони сардори гуруҳ дастур медодааст, кадом ҷавондухтаре, ки ба кор медарояд ё қабул мекунед бояд бо вай аз наздик ҳамсуҳбат шавад. Агар духтар ё зан ба Сафаров Беҳруз Ҷаннатуллоевич писанд ояд бояд бо роҳбар, яъне Беҳруз ҳамхобагӣ кунад. Агар накунад гуё аз имтиҳон нагузашт. Ё ҳоло ҷои холӣ набудааст, ҷои холӣ шавад, мо бо шумо тариқи телефон пайваст мешавем, гуфта ҷавоб медиҳанд. Вале агар агар хамхобагӣ кунад пагоҳи ҳамон рӯз корро шурӯъ мекунад. Дар корхона бо коргарон шартнома намекунанд. Барои он ки коргар ягонҷо даъво карда натавонад. Ва агар даъво кунад ҳам мо ин шахсро намешиносем мегуянду мераванд.
Сафаров Беҳруз Ҷанатуллоевич бо Бахтиёр ва Азамат як команда мебошанд.
Номгуи бозиҳои қиморӣ:
1 Хуҷа Насриддин
2 Сантехник
3 Мурчахо
4 Танкадром
5 Тубчаҳо
6 Аспаки Кузапушт
7 Китоби Миср
8 Маймун
9 Капитан Наҳанг
10 Фрукти я не Мева -Клубника
11 Resident
Ин бозиҳои машҳуранд, ки мардум ҳамаи пулашонро ба ин намуди бозиҳо сарф мекунанд. Ба ин намуди бозиҳо вазорати молия литсензия тамоман намедиҳад.
Муҳиддин бо Хусрав дар як команда мебошанд.
Нуқтаҳои қиморхонаҳояш дар шаҳри Душанбе:
бозори Ганҷина «Равшан ТҶ» дар таҳхона,
бозори Деҳқон,Гипрозем, маркази савдои бинои Оксфорд
бозори Деҳқон Гипрозем, маркази савдои бинои Дарвоз
шаҳри Турсунзода,назди бозори марказӣ «Равшан ТҶ»
шаҳри Турсунзода,кучаи 5-мкр Колсевой дар таҳхона «Равшан ТҶ»
шаҳри Турсунзода,кучаи Чашма «Равшан ТҶ»
шаҳри Хуҷанд, пушти бозори Панҷшанбе (телефон бозор) «Равшан ТҶ»
Муҳиддин дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 25 қиморхона дорад.
Ҷамшеди ванҷӣ (Масхад ҳам мегуянд) худаш кор мекунад.
Нуқтаҳои қиморхонаи Хусрав дар шаҳри Бохтар аст. Назди бозори марказӣ-назди ЗАГС 2-нуқта дорад.
Хусрав ба кадом мақомоте меравад бо ду калима гап ҷавобаш медиҳанд, то сардори милитсия аз фаъолияти ин казиноҳо, ки дар маркази шаҳри Бохтар кор мекунанд, хабар дорад. Сардори милитсия мегуяд, ки «аз дасти ман ин нуқтаҳоро маҳкам кардан намеояд, наметонам маҳкам карда. Як рӯзе аз рӯзҳо мо онҷо будем, даромадему пурсидем: шаҳодатнома, иқтибос ва андозро. Ҳеҷ кас ҳеҷ чиз пешниҳод накард. Баромадему аз рӯи қонун дари даромадгоҳро муҳр задем. Дере нагузашта сардори милитсия омаду гуфт сар ба сар нашавед. Муҳри задагии моро канду тарафи коргарони қиморхона гуфт, ки корро давом диҳед.Т арафи мо нигоҳ карду « равен аз паси кори худ шавен, дига кор надорен» гуфт. Мо дар ҷавоб гуфтем: «охи инҳо на ҳуҷҷат доранд,на андоз месупоранд,ҳатто экспертизаи криминалӣ иҷозати ҳамин намуди бозиро надодааст, ғайриқонунӣ кор мекунанд.” Аммо сардори милитсия чизе нагуфта ба мошини худ савор шуду рафт,то ҳол ин қомирхона кор карда истодааст.
Ҷамшед, рӯ ба рӯйи бозори Деҳқон (Гипрозем) як қиморхона дорад. Боз дар назди меҳмонхонаи «Ориён»,пушти истгоҳ.
Нуқтаҳои қиморхонаҳои Саидаҳмад, бозори Панҷшер дар таҳхона аст.
Нуқтаҳои қиморхонаҳои Саттор, дар бозори Ганҷина дар таҳхона воқеъ аст.
“Боз як сардори фиребгару найрангбози тиҷорати қиморхонаҳо дар ш. Хуҷанд Тоирзод Зоир Зокир, соли таввалуд 1982 ва ҷои истиқоматаш Пролетарский 106 мебошад. Лотореяи ғайриқонунӣ ташкил карда ба мардум хона ва мошин ваъда мекунад, аммо дар асл ин хонаву мошин нест. Мардум бовари карда лотереяро харидорӣ мекунанд. Лотереяи телевизиониро ҳам роҳбараш Тоирзод Зоир Зокир мебошад, ки таввасути тедевизиони Суғд ва бо барандагии Муқим Абдуфаттоев мардумро ҷалб намуда ба харидории лотереяи қалбакӣ (қимор) даъват мекунад.”
Тоирзод Зоир Зокир боз роҳбари диско клуби Операи шаҳри Хуҷанд ҳам мебошад. Аммо айни замон Тоирзод Зоир Зокир дар ҷустуҷӯи мақомот қарор дорад. Аммо ҳайратовар ин аст ки Тоирзод Зоир Зокир дар ҷустуҷуи мақомот ҳам бошад кораш дар Тоҷикистон пеш рафта истодааст. Шогирдонаш ҳар ҳафта пулро ҷамъ ва ба роҳбарашон Тоирзод Зоир Зокир «перевод» мекунанд «Шеф» бошад дар давлатҳои хориҷа кайфу сафо карда гаштааст.
Дар дасти мо бастаи калони маълумотҳо аз ин қиморхонаҳо дар ҳама вилоятҳо ва навоҳии кишвар вуҷуд дорад. Гурӯҳе рӯйи ин қиморхонаҳо кор кардаанд,ки аз худи мақомотанд вақте диданд ҳеҷ роҳи дигаре нест комилан ҳама “разработка” ҳояшонро ба “Ислоҳ” фиристодаанд, то нашр намоем ва шояд ба гуши кари болоҳо расад. Мо ҳам тавонистем то ин миқдоре тақдим менамоем таҳқиқ намоем ва пас аз он нашраш намоем. Тимҳои “Ислоҳ” ба ҳама суроғаҳое навишта буданд рафтанду навор гирифтанд ва фиристоданд.Бовар кунед хело маълумотҳои зиёде инҷо вуҷуд дорад, ки рӯйяшон бояд ҷиддӣ кор кунем. Аз таҳқиқоти аввалия чунин бар меояд, ки сарпарасти ин қиморхонаҳо Рустами Эмомалӣ, Юсуф Раҳмон бо Нусратулло Давлатзода мебошанд. Албатта бо шаклҳои гуногӯни сарпарастӣ ва ҳимояти онҳо дар фаолиятҳояшон бар ало дида мешавад. Ислоҳ ин масаларо дар мадди назари худ қарор медиҳад ва пас аз таҳқиқот бахшҳои дигарро тақдиматон менмоем. Ба гуфти “пешво” ин аз нуги хамир фатир аст. Ё қатрае аз баҳри ҷиноёти мақомоти баландпоя дар ин амали нангин ва хонасалоткунандаи ҷавонон ва пошдиҳандаи хонаводаҳо дар кишвар мебошад.
Поёни бахши аввал, давом дорад бо Ислоҳ бошед!