(бахши дуввум)
Ба унвонии “Ислоҳ” аз ҳар ноҳия ва манотиқи гуногӯни кишвар пайваста шикоятҳо аз мақомдорон ва наздикони “Пешво” мерасад. Воқиан аз сокинони ноҳияи Ҷайҳуни кунунӣ ва Қумсангири собиқ, ки хело зери фишори шадиди мақомоти эъзомӣ ва ё таъин намудаи “Пешво” қарор доранд. Ончунон тарсонидаанд сокинони ин ноҳияро,ки садояшон намебарояд. Ҳоло бо сарҳат мегуем,ки ноҳияи Панҷи як замон хомӯш хело фаоланд ва тамоми ҷузъиёти ноҳияро ба “Ислоҳ” ирсол кардаанд. Феълан мо аз ҳар ҷамоати ноҳияи Панҷ ва афроди зинуфӯзи ин ноҳия огоҳии комил дорем ва медонем кадомаш чихел нафас мекашанд. Ҳазорон сипос ба сокинони ноҳияи Панҷ ва дуруд бар ғайрату шуҷоататон. Саволи ман инҷост,ки чаро шумо Қумсангириҳо хело хомӯшед ва зулму фишоре болои шумо ҳаст дар дигар ноҳияҳои кишвар камназираст. Огоҳ бошед, бо хомӯшӣ зулм болои шумо ҳаргиз кам намешавад! Куҷо шуданд фарзандони як замон шуҷоъу бо ғайрати Қумсангир? Аз як мушт роҳзанҳои болои курсиҳо нишаста дар куза азон мегуед? Суҳбатҳои ин ду рӯза бо сокинони ин ноҳия хело парешонам кардааст. То кай аз фишору зулми мақомотатон метарседу аз кишвар фирор мекунед? Дигар набояд аз кишвар фирор кард, бояд бар алайҳи золимон мардона истоду гуфт. Ё ислоҳ мешаванд ва ё бояд раванд!
Ҳар вақте дар ноҳияи мо як раиси нав ояд, мо хурсанд мешавем, ки акнун ин навбат хуб мешавад. Аммо, баракс, бадтар мешавад. Андози заминро ҷудо месупорем, барои идораи амвол ҷудо, боз вақти ҷамъоварии ҳосил аз тоннаи лиму, шафтолуву зардолу ҷудо пул мегиранд. Вақте ба дари Идораи андоз меравию мошинҳои онҳоро мебинӣ, ақлат қабул намекунад, ҳамин мошинҳо аз коргарони андозанд.
“Сайҷаъфари ховалингӣ, сардори Идораи андози ноҳия ва шогирдаш Алишер 3 тоӣ мошин доранд, ки ҳар кадоме аз 50.000 доллар кам нестанд. Боз, ҳатто ба сари мӯсафедҳо дод мезананд: «ҳамата фалон кадагиюм», «брен чоеда арз кнен». Алишери налог як ҷавони сӣ сола аст. Мегуӣ, ки ба одам неву бо ғуломе гап мезанад.”
Раиси андоз дар Ховалинг барои як додари галуяш қаср сохтааст, албатта бо пули мардуми деҳқони Қумсангир. Ҳаррӯз мардумро ба район даъват карда таҳдид мекунад, ки квитансияҳои солҳои 2010 то 2021 биёред: «агар гум шуда бошад аз сар месупоред» гуфта деҳқонони бесаводро ғам дода истодааст. Кадом деҳқон квитансияи налоги соли 2010 то 2021ашро ҷамъ карда мондааст? Ин як доми фиреб ва найранг барои пулкоркунӣ асту халос. Мардумро ба ҳолати худкушӣ расонида истодаанд. 10 нафар даст ба қасди ҷони худ карданд. Амнияташ бошад дар бозори Гипрозем Қумсангир мешинад, деҳқонҳоро намемонад, ки тарбузу харбузаашонро ба нархи рӯз фурӯшанд. Мегӯянд, ки агар шумо қиммат фурӯшед дар Душанбе мардум митинг мекунанд. Вале харҷу хароҷоти деҳқонро ба назар намегиранд. Ҳозир як литр бензин ё солярка аз 11 сомонӣ ҳам боло шуд. Ҷуфти як сотих замин 15 сомонӣ, чихел бошад 5-8 сомонӣ, боз ҷуякашӣ алоҳида-3 сомонӣ. Инҷо деҳқонҳо боз аз клиёнка сар карда то доруву тухмиву пули обу дигару дигараш харҷот доранд. Ҳоло дигар об бепул нест. Барои таъмири мактаб сари ҳар оила 20 сомонӣ мегиранд.Соли гузашта тирамоҳ аз кишти пиёз мардум сахт сӯхт. Барои онки ба хориҷ бароварда нашуд, гумрук маҳкам. Ҳазорҳо тонна пиёз пусиду рафт бар ҳадар.
“Масҷиди мардуми Правдаро гирифтанду хонаи муаллимҳо карданд. Он ҳаромҳо бошанд дар даруни масҷид зино мекунанд бо талабаҳои худ. Лаби тирезаи масҷид пури резинҳои рифола кашол шудагӣ. Аллоҳ шоҳид аст ҳеҷ туҳмату дурӯғе дар ин гуфтаҳоямон нест.”
Мардуми Правда бошад дар деҳаи Йирхич намоз мехонанд. Айни замон мардуми деҳаҳоро маҷбур карда истодаанд, ки пушти хонаҳояшонро сементблок чинанд ва ҷуйбоҳоро плита кунанд ва роҳравҳоро асфалт. Мардум нони хурдан надоранд, ин корҳоро чи тавр анҷом медиҳанд? Дар деҳаи Масчоиҳо бошад, мактаб нест. Талабаҳо нимаш ба мактаби Ярхич меравад, нимаш ба Ҳазорчашма. Ҳатто роҳ надоранд, ки гузаранд. Ба болои канал мегузаранд. Дар як Қумсангири майдаяк 5-то дискотека амал мекунад.
“Ҳар як раиси нав, ки меояд аввал заминҳои моро мефурӯшад. На роҳи оҳан монд на масҷиди обод. Ҳатто бинои ҷамоату беморхонаҳоро фурӯхтанд. Дар таги роҳи асфал лулаҳои оҳанӣ буд, ки онҳоро ҳам канда фурӯхтанд. Роҳро ҷазир карданд. Як раис буд бо номи Баҳридин. Як заминро ба 20 кас мефурӯхт. Мардуми ин заминро харида бо ҳам ҷангу ҷангҷол мекунанд, суду судбозӣ. Аммо вай ки «таға» дорад, буруташро табар намебурад. Пилларо супоридем, як килояш даҳ сомонӣ. Ҳаррӯз меравем мегӯянд, ки раис нест. Ҳамин тавр мавсими пиллаи нав омаду мо пуламонро гирифта наметавонем.”
Як рӯз шӯъбаи паспортдиҳӣ рафтам. Модари пире як набераашро барои паспорт овардааст . Наберааш як духтари 18сола.Тӯй мешудааст. Духтар хост, ки ҳамроҳи модараш вориди кабинет шавад. Сардори шӯъбаи паспортдиҳӣ дар пеши ҳама, дар пеши ин модари пир дод зада гуфт, ки «натарс,…фалонат намекунам, аз фалони ман,ки метарсӣ,ту чи хел шӯ мекунӣ?Духтари шӯкун бояд аз фалон натарса!!!»
Духтари бечора дар ларзаву гиря даромад. Бибиаш бо он милисаи паспортмедодгӣ ҷангҷол кард. Аммо ягон каси дар онҷо буда милисаро нагуфт,ки эй, ту чи мегӯӣ? 15-20 нафар зану мард буданд онҷо, касе даҳан накушод. Ҳама танҳо тамошобинанду тамом. Милисаҳои дигар ҳам буданд, худро ба нодонӣ заданд.
Ин милиса сардори шӯъбаи шиносномадиҳӣ Қурбонча ном дорад. Ҳозир сардори шӯъбаи шиносномадиҳии Ҷилликӯл шуда аст. Бо ифтихор мегуфтааст,ки ма дами Озода Раҳмонова ҳастам гап занта фалон мекунм.
Ин рафтори шуъбаи шиносномадиҳии ноҳияи мо ва худатон қазоват кунед, ки мо дар чи шароит ва ҳолат ва давлату давлатдорие зиндагонӣ мекунем. Боз ношармида “Давлати демократӣ ҳуқуқбунёд ва ягона” номаш мебаранд. Ин ҳама аз ҳидоёт ва роҳанмудоти “пешвои муаззами миллат”.
Навору гуфтаҳои Шумо дар бораи раиси ҷамоати Қумсангир Осақолов Муродбег ҳамааш рост буд. Дар бораи вай гап зиёд. Мардумро аз ҷонашон сер карда буд. Баъди навори шумо аз Тоҷикистон фирор карду рафт Худоро шукр,ки ҳамин Ислоҳ ҳаст ва моро кумак мекунад. Аммо дар ҷои ӯ Зоир раис шуд. Ин аз пешинааш бадтар. Зоири сиёҳ бачаи Таваккал, набераи бобои Ҷумъа.
Падари Зоир дар заводи пахта «накладчик» буд. Дар деҳаҳо мардумро маҷбур мекунад, ки роҳ соз кунанд, ҷуйборҳоро тоза намоянд ва сипас аз номи худаш ба мақомдорони боло нишон медиҳад, ки чи қадар корҳои ободонӣ анҷом додааст. Лесакҳову бузҳои Зоири сиёҳ Мирзои буз, Муҳаммад, Айниддин ва Абдусаттор деҳа ба деҳа гашта аз мардум пули обуна барои газетаҳои ҲХДТ ва ҳукуматӣ ҷамъ мекунанд. Аз мардум барои таъмири бинои ҷамоат пул мегиранд, барои медпункт пул мегиранд, барои маршировка пул мегиранд. Халқро аз ҷон сер карда истодаанд. Зоир даҳҳо гектар заминро фурӯхт аммо ба касе ҳуҷҷати дуруст надодааст, ҳамаи ҳуҷҷатҳояш қалбакӣ.
Заминҳои лаблаби каналро 8 сотихӣ карда фурӯхт. Одамҳоро таҳдид кард, ки кадоме замини пушти хонаашро нахарад ба дигар кас мефурӯшад, «баъд аз ман хафа нашавед».
Аз охири сол зӯри базӯрӣ аз мардум баёнот гирифт, ки то моҳи март агар деворҳоятонро чапа карда дар ҷояш бо семинтблок девор насозед, 25 ҳазор сомонӣ ҷарима мешавед.
Зоир як Мерседеси сафеди «абёмни» дошт. Вақте раис шуд, дарҳол як Опел-караван гирифт, то мардум дуздиҳои ӯро нафаҳманд. Мисли Абдуғаффор, раиси пешина. Бо як 07 мегашт. Вақте аз раисӣ гирифтанд Тойотаи маркаи охири пачка харид.
Зоир пеш дар ҷамоат сардори бахши танзим буд. Маълумоте, ки мо дорем Зоир як қисм пулҳои аз фурӯши заминро ба раиси ноҳия медиҳад. Раиси ноҳия аз ҳама кору кирдораш ба хубӣ огоҳ аст ва бо гуфти худаш:
“Раиси кал мега чикоре мекуни пул биёр ки болода пул додан даркораи, ман ҳам ба худма кор мекунам ва ҳам ба раиси калу болора”
Худи Зоир мегӯяд, ки курсии раиси ҷамоатро ба 300 ҳазор сомонӣ харида аст. То ҷое медонем 10 ҳазор сомонӣ аз Абдуали камазист, 10 то аз додараш, 50 то аз Диловари лимонбизнес барои раиси ҷамоат шуданаш қарз карда буд. Аммо ин пулҳоро кайҳо канду баргардонд. Барои мисол мегӯяд, ки 50 сомонӣ аз аҳолӣ пул ҷамъ кунед, ман дар ноҳия байрақ месозам. Аммо вақте барои як шаҳодатномаи таваллуд меравед, баҳона пеш меоваранд, ки бланка нест. Вақте пул додӣ, баъд шаҳодатномаи таваллуд навишта медиҳанд. Моари ман 20 сол дар колхоз кор кардааст, 170 сомонӣ нафақа мегирад. Аммо сардори шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии ноҳия, ки Маҳмадшо ном дорад тамоми хешу таборашро «пенсия» баровардааст. То пора надиҳед, шумо агар ҳаққи нафақа баромадан ҳам дошта бошед, бо ҳар баҳона кашол медиҳанд. Вақте модарам ба пенсия мебаромад, гуфтам пул надорам. Маҳмадшо гуфт, ки ман аз ҳисоби худам туғрӣ мекунам аммо 6 моҳа пули нафақаашро мегирам. Розӣ шудам, дигар илоҷ набуд. Аммо мисли ман садҳо нафари дигар ё пул медиҳанд ва ё ҳамин тавр 6 моҳаашро сардори шӯъбаи нафақа мегирад.
Пулҷамъоварӣ аз аҳолиро ба воситаи раисони маҳаллаҳо мекард. Барои ҳамин ҳозир ҳиҷ кас раиси маҳалла намешавад. Маҷбур коргарони ҷамоат ин корҳоро анҷом медиҳанд. Амният ҳам водораш мекунад, ки ояду ҳисобот диҳад. Вақте меравад ташкилӣ мефармоянд: -зиёфат. Хонаи раиси маҳалла меравӣ, хиёл мекунӣ, ки тӯй аст. Раиси маҳаллаи Бурёбод 12 гов дошт, ҳозир дар оғилаш як гов дорад. Ҳамаро сарфи ин ҳаромхӯрҳо кард. Ҳеҷ кас раиси маҳалла шуданро ба кала намегирад. Вақти киштукор сар мешавад меоянд ба сари деҳқон ва фармон медиҳанд, ки фалон сотихашро фалон чиз кишт кунед ва фалон сотихашро чизи дигар ва ҳамин тавр давом медиҳанд.
“Бо ин қадар зулму ситам боз муллоҳои мо дар намозҳои ҷумъа мегӯянд шукронаи Ҷаноби олӣ ва “Пешвои миллат” кунед. Яке аз онҳомулло Сайҷаъфар – хатиби масҷиди деҳаи Шутурпас ҳар намози ҷумъа ҳамин гапро такрор мекунад. Фақат як гап дорад: Шугронаи ҷаноба кунед.”
Барои омадани Ҷаноб ба Қумсангир, барои зиёфат ва меҳмондории вай аз мардуми деҳқон сум ҷамъ мекунанд. Ҳар боре меояд, мардумро ғам фаро мегирад. Ҳар як вазиру ҷазир ба ноҳияи мо меояд, аз мардум сум ҷамъ мекунанд. Ҳар нафари зандор 20 сомонӣ. Аз дасти ҳамин сумпартоӣ дигар намефорад ба масҷид биравем. Мирзои буз (кӯри Мирзо) ҳаррӯз ранги ҷугиҳову талбандаҳо хона ба хона мегардаду сум металабад.
Вақте Ҷаноб ба деҳаи мо омад, бовар кунед аз хонаҳои мардум нони гарм ҷамъ карданд.
Кори мактаб тамоман ҷазир. Духтарҳои синфҳои болоиро маҷбурӣ бо як писарбача дар як парта мешинонанд. Бовар кунед, ки толибаҳо тамоман фасод шудагӣ. Муаллима аз талабаи синфи 11бачадор шуд. Ин дар куҷо ба ақл дуруст мегирад?
“Аллоҳ шоҳид аст ҳоло мо аз сад як дарсади мушкилоти зулму фишор ва ҳолати вахиму дардовари Қумсангирро нагуфтем. Дигар дардамонро ба куҷо гуем? Медонем сухани мо дар ҳеҷ идора ва мақомот шунида намешавад. Шикоят кунро бо гуноҳи сохта ва бофтае равонаи зиндон мекунанд.”
Дар охир тавассути Ислоҳ ба мақомотҳои ноҳия ҳаминро мехоҳем бигуем: “мо ҳам инсонем ва ғулому барда нестем. Модаронамон моро озод ба дунё овардаанд.Мехоҳем мисли инсони бо шарофат озодона зиндагонӣ намоем ва бимирем.”
Поёни бахши дуввум, идома дорад….
Ps: Ислоҳ дар мавриди ноҳияи Ҷайҳун ё собиқ Қумсангир оғози соли 2021 як маталабе нашр намуда будем. Акнун дар миёнаи соли 2022 матлаби дуувуми худро тақдим намуда истодаем. Чуноне аз шикоятҳои мардум бар меояд вазъият бадтар шуда истодааст дар ин ноҳияи ҳам марз бо Афғонистон. Агар раиси ноҳия Одиназода Абдулҳафиз ҳолатро дидаю дониста дахолат накунад, мо таҳқиқоти худро бештар хоҳем кард.
Мо ҳамаро наззорат дорем ва чуноне дар 28уми июли соли 2021 дар нишасти хабарӣ аз дороияш гуфта буд: “Дороияш як хонаву як мошин будааст. Боз ҳамон мошине, ки дороиаш бударо ҳам фурӯхтааст ва ҳоло мошин ҳам надошта аст”
Ҳоло ҳам чунин аст вазъатон ҷаноби Одиназода Абдулҳафиз? Агар раисони ҷамоатҳои золим ва органҳои назоратии ноҳияро аз Андоз шурӯъ карда , то дигар ниҳодҳо хуб назорат набареду вазъро муътадил насозед, мо ҳама дороиятонро ва чи доштанатонро ва чи гуна пора гириҳоятонро ҳатман ошкор хоҳем кард. Мо дар ин чор соли фаолияти шумо дар ин мақом маълумотҳои зиёде нисбати шумо дар даст дорем. Ягона роҳе доред, танҳо фишорро болои мардуми ноҳияе,ки ҳудуди 130 ҳазор аҳолӣ дорад хотима диҳеду сабукиҳо ба мардуми ин ноҳия оред.
Ба сардори тоза таини ШВКДи Ҷайҳун майори милитсия Тоҳирзода Рустам танҳо ҳаминро як ҳушдор медиҳем, танҳо ором бошеду,асабӣ нашавед. Манзури моро хуб фаҳмидед! Ба мардум бо зуру фишор муомила накунад ва делоҳои бар дурӯғ ҳам накушояд. Сарнавишти Неъматуллоҳ Солеҳзода ва Қурбоналӣ Пулод ду сардори пешини ин ШВКДро камтар андеша намояд, то дарси ибрати хубе бароятон бошанд. Ин ноҳияҳои назди марзӣ хело ҳассосанд ва аслан аз туҳмат кор нагиред. Мо гуфтему шумо ҳарду раиси ноҳия ва раиси ШВКД шунидед!
Сокинони ноҳияи Қумсангир ҳар ноадолатие мебинед онро ба “Ислоҳ” нависед, то мо онро расонаи намоем. Агар метарсед онро ба наздикон ва шиносонатон ба Русия фиристед, то онҳо ба мо маълумотҳоро фиристанд. Ҳадаф ва мақасди мо ин наҷоти шумо ва оилаи шумо аз ин дуздони дар мақому курси нишастагон аст. Бо “Ислоҳ” бошед ва натоиҷро ин шо Аллоҳ бо чашмони худатон хоҳед дид!