Рӯзаи рӯзҳои Бийз дар рӯзҳои кутоҳи замистонӣ!

Ислоҳ нет

Рӯзаи рӯзҳои Бийз дар рӯзҳои кутоҳи замистонӣ!
Нахуст мелоди босаъоати ҳазрати Расули акрам (с) ро таҳният мегуям. Ба иттилои ҳама бародарон ва хоҳарони гиромӣ мерасонам, ки фардо Ҷумъа 25 январ мутобиқ ба 13 уми моҳи ҳиҷрї қамарии Рабиъулаввал аст. Рӯза доштани 3 рӯзи миёнаи ҳар моҳи ҳиҷрї қамарї, ки ба «Рӯзҳои бийз» шинохта мешаванд, аз суннатњои расули акрам (с) мебошанд. Дар ин моҳ рўзњои 13-14-15 моњи Рабиулаввал мутобиқ ба 25-26-27 моњи январи солшумории милодї рост меоянд. «Рӯза доштани як рӯз дар роҳи Худо 70 (хариф) сол ҷасади инсонро аз оташи ҷаҳаннам дӯр месозад» Боз дар ҳадиси дигаре чунин омадааст: «Рӯза доштани се рӯз аз ҳар моҳ баробари рӯза доштани тамоми умр аст» (ҳадиси саҳеҳ мутафақун алайҳ). Боз ҳадиси дигаре бо чунин лафз ривоят шудааст «Расули акрам(с) амр менамуданд моро инки рӯза дорем рӯзҳои бийзро, ки (онҳо иборатанд аз: 13-14-15) ва фазли рӯза дории ин рӯзҳо ба монанди як умр аст)»
وعن أبي هريرة، رضي الله عنه، قال: »أوصاني خليلي بثلاث لا أدعهنّ حتّى أموت، صوم ثلاثة أيّام من كلّ شهر وصلاة الضُّحى ونوم على وتر» رواه البخاري ومسلم
Тарҷума: Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки чунин фармудааст: «Васият намуд маро дӯстам ба се чиз ва ман низ ҳаргиз тарк намекунам онҳоро то инки маргам фаро расад. Рӯза доштани се рӯз аз ҳармоҳ ва намози зуҳо(ишроқ ё сари офтоб пас аз бомдод ҳангоми тулуъи офтоб аст вақташ) ва хоб кардан қабл аз адои намози витр» (ҳадиси саҳеҳ мутафақуналайҳ)
Бо ин ҳадис навишти худро ба поён мерасонам.
عن سهل بن سعد عن النّبيّ، صلّى الله عليه وسلّم، قال: »إِنَّ فِي الجنَّةِ بَابًا يُقَالُ لَهُ الرَّيَّانُ، يَدْخُلُ مِنْهُ الصَّائِمُونَ يَوْمَ الْقِيَامَةِ، لَا يَدْخُلُ مَعَهُمْ أَحَدٌ غَيْرُهُمْ، يُقَالُ أَيْنَ الصَّائِمُونَ فَيَدْخُلُونَ مِنْهُ، فَإِذَا دَخَلَ آخِرُهُمْ أُغْلِقَ فَلَمْ يَدْخُلْ مِنْهُ أَحَدٌ» متفق عليه .
Тарҷума: Аз Саҳл ибни Саъд аз Расули акрам (с) чунин ривоят аст, ки он ҳазрат (с) чунин фармуданд: «Дар ҷаннат дарвозае ҳаст, ки онро Райён меноманд. Танҳо Рӯза дорон аз он дарвоза дар рӯзи қиёмат дохил мегарданд .Дохил намешавад ҳамроҳи онҳо каси дигаре ба ҷуз онҳо. Мегуянд куҷоанд рӯзадорон то дохил гарданд аз он. Ва чун охирин шахси рўзадорон дохил гардад дарвоза баста мешавад ва шахси дигаре аз он дохил намегардад.» ( мутафақуналайҳ)
Умед аст дар ин рӯзҳои кутоҳи зимистони аз ин аҷру подоши бузург мањрум нахоҳем шуд. Ҳангоми ифтор моро аз дуъоҳои хайратон фаромӯш насозед.

Share This Article