Раҳмон:озодии матбуотро аз рӯзи таъсисаш буғӣ кардабуд

Ислоҳ нет

 

 

Рӯзи 3-уми май дар олам рӯзи озодии матбуот ҷашн гирифта мешавад.Инмавзӯъ аз қатъномаи мусаввабаи ҳамоиши умумии Юнеско дар соли 1991 таҳти унвони «Иртиқои озодии матбуот дар дунё», ки ҷароиди озод, фарогир, ва мустақилро дар бар мегирифт ва зери мусаввабаи  A/DEC/48/432 аз 20 декабри 1993 пазируфта шудааст.

 

Инчунин 3-уми май дар Лаҳистон рӯзи сарқонуни ин кишвар аст,ки онро соли 1791 ба тасвибрасонида буданд,ки дар 228 сол камтар аз сарқонуни кишвари 28 солаи мо тағйироту иловаҳо вориднамудаанд.

 

Ин чунин дар ин рӯз  аз соли 1978 ,то ба имрӯз рӯзи “спам”ро ҳам ҷашн мегиранд.Метавон гуфт рӯзи “Фейкҳо” ҳам ҳаст.Фейкҳоро ба 41 солагияшон табрик менамоем ва таманно менамоем аз ин ҳолати сахти маҷҳулуласслу маҷҳулул ҳувият ва маҷҳулул ҷинс хориҷгарданд.

 

Аммо муҳим барои мо 26-умин солгарди озодии матбуот аст.Он “озодии матбуот”еки мо онро аз таърихи ба тасвибрасиданаш дар кишвар надоштем,аз ин сабаб барои мо як чизи хаёлӣ ва ноошно аст ва чунон боқӣ мондааст.Ду санаи ҳамсонро,ки зикр намудам таъдибан буд,то пандпазир бошанд.

 

Озодии матбуот аз равзанаи мудофеъон

 

Бисёре аз созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар ҳамвора аз Тоҷикистон ба унвони кишваре ном мебаранд, ки дар он озодии баён ба сурати комил муроъот намешавад ва дар миёни хабарнигорон худсонсурӣ ба амри маъмулие табдил ёфтааст.Вазъияти озодии баён дар кишвар дар поёнтарин сатҳ ва ё радабандиҳои шохиси муассисаҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва поёнтар аз 150 дар миёни 180 кишвар қарор дорад.Метавон гуфт аз мо поёнтар дар ин радабандиҳо кишварҳое мебошанд,ки ….

 

Масалан созмони RWB тоҷикистонро бо ибораи кутоҳ чунин унвон кардааст.”Матбуот дар тоҷикистон зиндонӣ аст”

 

Як қатрае аз баҳри пурталотуми “озодии матбуот”

 

    Чаҳор сол мешавад, ки Зубайдуллоҳи Розиқ, Абдуқаҳҳори Давлат, Ҳикматулло Сайфуллозода се нафар аз сардабирони пешини  нашрияи “Наҷот”-органи чопии Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон  рӯзи ҷаҳонии озодии матбуотро дар зиндон сипарӣ мекунанд. Яке дигар аз рӯзноманигорони қавӣ ва машҳури тоҷик, ки ӯ низ дар паси милаҳои маҳбаси режими Раҳмон ба сар мебарад, Муҳаммадалӣ Ҳайит-муовини раиси ҲНИТ мебошад.

 

  Ҳабсу зиндонсозии журналистони тоҷик ва ҳатто қатлу куштори онҳо ва таҳти пайгард ва мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтани онҳо аз тарафи режими Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали сари қудрат омадани ӯ шурӯъ шудааст. Замоне, ки ӯ бо ёрии танку тӯп ва асокиру афсарони Русия ва Ӯзбакистон  дар моҳи декбари соли 1992 вориди Душанбе шуд, яке аз аввалин ҷиноёте, ки содир кард, алайҳи тамоми хабарнигорони расонаҳои мустақили кишвар ва табақаи рӯшанфикр ва озодандешони миллат делои ҷиноятӣ боз кард.Аз оғози вурудаш ба поитахти кишвар беш аз 74 хабарнигоронро дар панҷ сол аз дами теғ гузаронид,то барои ҳамеша хомуш бошанду чизе нанависанду нагуянд. Ҳатто шоирони бузурги миллат устодон Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор ва садҳои дигар аз тарс ва бими ҷон тарки кишвар карданд. Бозор Собир ба зиндон андохта шуд. Нашрияҳои “Чароғи рӯз”, “Адолат”, “Ҳафтганҷ”, “Наҷот” баста шуда алайҳи кормандони он парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд.  Ҳам ин нашрияҳо ва ҳам хабарнигорони онҳо бо иттиҳомоти “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ”, “барангехтани низоъи байни халқу миллатҳо”, “даъват ба сарнагунии ҳокимият” ва амсоли инҳо муттаҳам хонда шуданд.Ҳатто аз гузашти 27 солҳам ин айбномаҳоро ин режим бар алайҳи озодандешони миллат ба кор мебарад ва зиндонӣ менамояд. Хабарнигорони радио ва телевизион Аҳмадшои Комил, Хайриддини Қосим, Хуршеди Назар ва раиси пешини Кумитаи радио ва телевизон Мирбобои Мирраҳим ҳам дар ҳамон соли аввали даст ба фаъолият задани Раҳмон дастгир ва ба зиндон кашонида шуданд.

 

  Ёдоварӣ аз он солҳо ва ҳаводиси онҳо бад-ин маъност, ки Раҳмон бо гузашти ин ҳама солҳо бархӯрд ва муносибаташ бо матбуот ва журналистонро дигар накардааст. Ҳанӯзам, ки ҳанӯз аст  дар симои журналистони тоҷик ва умуман матбуоти тоҷикӣ  душманони худро мебинад.27 сол мешавад, ки ӯ боре ҳам бо хабарнигорони тоҷик сӯҳбати рӯбарӯе надоштааст. Аммо, бо хабарнигорони хитоӣ чанде пеш сӯҳбат дошт.Мулоқот бо хабарнигорони хитоӣ барои он бошад,ки ҳарчӣ гуяд онҳо намефаҳманду тарҷумон онро тарҷума мекунад,ин барояш мушкил нест.Рустами Эмомалӣ, писари Раҳмон ҳам, ки раиси Хадамоти гумрук, раиси Оҷонсии назорати амволи давлатӣ ва мубориза бо коррупсия буд ва ҳоло ду сол аст, шаҳрдори Душанбе аст, боре ҳам бо хабарнигорон сӯҳбат накардааст. Отаву писар мисле, ки аз журналистиони тоҷик “алергия” доранд, дар ҳоле, ки ҳоло дар кишвар кадом нашрияе, ки дар ҳақиқат мустақил бошад, амал намекунад. “Озодагон” аз охирин ҳафтаномаҳои чопи Душанбе низ ба фишор ва мудохилаи мудаввоми ниҳодҳои қудратӣ ва идеоложии Раҳмон тоб наёвард ва саҳнаи матбуотро тарк гуфт.

 

Анъанаи бастан ва аз чоп маҳрум кардани нашрияҳои мустақилро Раҳмон ва тими аз озодии баён ва сухану матбуот безори ӯ баъди имзои Созишномаи умуми сулҳ ҳам идома доданд.Нашрияҳои машҳури “Нерӯи сухан”, “Рӯзи нав”, “Оламу одам”-ро ҳам яке пайи дигаре бо ҳар сабабу баҳона манъ карданд. Дар пайи ин нашрияҳо дертар нашрияи “Миллат” ҳам аз фаъолият бозмонд. Ҳамчунин яке аз нашрияҳои дигар, ки аз дасти чоп афтод “Нигоҳ” буд, ки онро ҳам имкони нашру табъ надоданд.Дар мавриди масдудкардани сомонаҳои интернтӣ дар кишвар аз тарафи мақомот чизе намегуем.

 

   Баъди ҳаводиси тирамоҳи соли 2015 даҳҳо нафар аз журналистони боистеъдоди тоҷик зулму фишор ва зӯргӯиҳои Раҳмон ва режими ӯро натавонистанд, ки таҳаммул бикунанд ва ночор рӯ ба ҳиҷрат оварданд ва ҳоло дар кишварҳои мухталифи Аврупо ба ҳайси паноҳандаи ба сар мебаранд.Чанде қабл онҳо аз таъсиси як созмони хабарнигорони бо номи Кунгураи хабарнигорон ва блогнависон дар Аврупо хабар доданд. Яъне, дар Тоҷикистон на танҳо ҲНИТ ва аъзою пайрав ва журналистони он, балки журналистони мустақили тоҷик, ки ба ҳеҷ ҳизбу созмоне вобаста нестанд ҳам таҳти фишору тааддӣ қарор гирифта ва ба ночор тарки ватан кардаанд.Зеро Раҳмон ва режими ӯ ҳамчунон, ки бум аз  нӯри офтоб метарсад, дақиқан аз рузноманигор ва умуман матбуоти озод тарсу ҳарос доранд. Талош мекунанд бо ҳар роҳу васила матбуотро даҳан бибанданд ва ё имкон фаъолият надиҳанд. Аммо имрӯз матбуот ба шакли дигар, ба шакли сайт, ба шакли  шабакаҳои иҷтимоӣ  арзиҳастӣ карда ва фазо ва муҳити ҷомеаро  таҳти контрол қарор додааст. Тамоми марокзи ва бунгоҳҳои расонаҳои олам тавассути интернет ахборро то ба дуртарин нуқоти Тоҷикистон мерасонад.Мизони огоҳиҳои мардум ба маротиб боло рафтааст. Зеро расонаҳои байналмилалӣ кори худро ба ваҷҳи аҳсан ба анҷом мерасонанд.

 

Раҳмон ва режими ӯ ба ҳадде аз худ рафтаанд, ки гумон мекунанд расонаҳо ва рӯзноманигорон танҳо дар васфи онҳо бигӯянд.Аслан онҳо ё намефаҳманд, ё амдан худро ба нофаҳмӣ мезананд, ки барои хабарнигори “Ройтерз”,”Франс-пресс”, “РТР”, “Озодӣ” ва ё BBC ва “Алҷазира” ва ё ҳар расонае дигар аҳамият надорад, ки Раҳмон ва ё Путин ва ё Трамп ё шоҳи Саъудӣ кӣ аст. Барои матбуот онҳо  ҳамчун раиси ҷумҳур ва ё шоҳи як кишваре қобили таваҷҷӯҳанд. Раиси ҷумҳуре, ки то чӣ ҳад дар доираи қонун амал кардааст ва ба унвони раҳбар масъулияти худро тавонистааст ба иҷро бирасонад. Вақте дар BBC ва ё “Озодӣ” матлабе чоп мешавад, ки боиси хиҷолат ва шармсории Раҳмон мешавад, дору дастааш ва ба хусус “фабрикаи ҷавоб” шӯру мағал мебардорад, ки ҳой онҳо наҳзатӣ, ҳой онҳо бо пули хориҷӣ ва хоҷаи хориҷидорасту кор мекунанд ва ҳой онҳо  душмани миллат ва давлати тоҷиконанд. Ва, аз ин расонаҳо талаб мекунад, ки паҳлуҳои мусбати фаъолияти Раҳмонро тасвир ва инъикос кунанд. Хеле хандаовар аст. Озодии матбуот  ва озодии суханро онҳо дар тавсиф ва таърифи Раҳмон мебинанд.

 

Расонаҳои байналмилалӣ, ки зикрашон рафт, ҳодиса ва иттифоқоти рӯзро мунъакис мекунанд, бидуни онки тарафи касеро бигиранд.

 

   Имрӯзҳо, ки интернет ва нашароти гуногуни интернетӣ ва василаҳои мухталифи хабарпароканӣ ба вуҷуд омадааст, дар воқеъ вазъу ҳоли диктотуроне мисли Раҳмон бад хоҳад шуд ва онҳо беш аз пеш рӯзноманигоронро бад хоҳанд дид. Зеро онҳо маҳал ва минбари хеле осонтар ва васеътарро пайдо карда, паҳлуҳои пинҳони зиндагии ӯ ва хонаводаи дар идороти ҳукуматӣ ҷосохтаашро фошофош мегӯянд, Аз он мегӯянд, ки Раҳмон ва хонаводааш чи тавр тамоми боигарии мансуби миллатро кашида мегиранд, онҳо то чи ҳад фосиданд ва онҳо барои пӯшонидани фасоду фисқи худ чи корҳоеро карда истодаанд, ки бидуни шак ин шаклу тарзи баён ва кори матбуоти озод барои Раҳмон ва дору дастааш сахт хуш намеояд.

 

Новобаста аз онки “фабрикаи ҷавоб” бидуни танаффус ва бидуни вақфа аз “иқдомоти бузург”-и “Асосгузори сулҳу ваҳдат” мегӯянд, ҷомеаи тоҷик  хуб ҳам фаҳмидааст, ки кадом сулҳе боқӣ намондааст ва ҳар ҳарфе аз сулҳ аст дуруғ аст. Ва аз дигар тараф ҷомеаи кишвар  рӯз ба рӯз огоҳии зиёдтареро дар бораи кору фаъолияти паси пардагии Раҳмон аз шабакаҳои иҷтимоӣ дармеёбад. Шабакаҳои иҷтимоӣ барои Раҳмон бисёр ҳам нофораманд. Дар симои онҳо гуркови худро мебинад. Ба ҳамин хотир “фабрикаи ҷавоб” ҳар вақте дид, ки ин расонаҳои байнулмилалӣ аз воқеияти рӯз менависанд ва инки боре ҳам Пешворо тавсиф накардааст, гизала шуда ба посухнависӣ оғоз кардаанд. Посухҳои онҳо дар баробари сайту сомонаҳои наҳзатӣ ва рӯ ба наҳзатӣ ва хабарнигоронро метавон талошҳои нокоме барои  шустани ҷомаи сиёҳ гуфт, ки ба шустан сафед намешавад.

 

 Дар шароити феълӣ ҳеҷ диктотуре, аз ҷумла Раҳмон наметавонад, ки озодии матбуотро салб намоянд, чун шабакаҳои иҷтимоӣ кори бештар ва муфидтар аз нашрияҳоро ифо карда истодааст.Дар сарнагунии хеле аз диктотурҳои олам  нашри ва сомонаҳои интернетӣ нақши калидӣ бозидаанд.Вале чуноне ишораҳо кардем Раҳмон аз ҳамон оғози омадан як тардомани олуда бо ҷиноятҳои сангине беш набуд ва аз ҳамин ҷиҳат матбоути озодро хуш надошт.Ҳамин ки дар ин чандгоҳи ахир Фейсбук ҳам аз проблемма халос намешавад, бад-ин маъност, Раҳмон ҳеҷ гоҳ бо матбуот созиш карданӣ нест. Ба хусус , ки ҳамин чанд рӯзи қабл Раҳмон маҷбур шуд ба ҳарфи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар иртибот ба боло бурдани нархи интернет,ки  сару садоҳои ҷиддиро дар пай дошт, гӯш бидиҳад ва таслим бишавад.

 

 Ва,аммо Раҳмон аз пешниҳоди озодсозии Муҳаммадалӣ Ҳайит, ки СММ тақозо кард, сарфи назар намуд. Ӯ мехоҳад шумори хабарнигороне, ки ҳарфи ҳақро мегӯянд, то ҳадди сифр коҳиш биёбад.

 

Аммо сарнавишти талхи Зубайдуллоҳи Розиқ, Абдуқаҳҳори Давлат ва Ҳикматулло Сайфуллозода, се тан аз сардабирони пешини  нашрияи “Наҷот”-органи чопии Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон намегузорад, ки озоди матбуот ва озодии сухан як ҳарфи хушку холӣ бошад.  Онҳо ҳам ин шо Аллоҳ ба озодӣ хоҳанд расид ва дигарбора аз сарнавишти худ хоҳанд гуфт. Сарнавиште, ки бар сафаҳоти ҷароими Раҳмон навиштаҳои тозаеро зам хоҳад кард.

 

 

 

Share This Article