Раиси суди Конибодом: Маро Ҷанобат ҳам озод карда наметавонад, ӯ назди ман забон кӯтоҳ аст.

Ислоҳ нет

 

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 Ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент Озода Раҳмон

 

 Ба Ёрдамчии Президент оид  ба сиёсати кадрӣ Асадулло Раҳмон

 

Ба Раиси КДАМ Ятимов Саймумин.                

 

Ба Прокурори Генералӣ Юсуф Раҳмон.

 

Ба Вазири корхои дохилӣ Рахимзода Рамазон.

 

Ба Директори Агентии зидди фасод Султонзода Сулаймон

 

А Р И ЗА

Мо адвокатҳои шаҳри Конибодом аз сиёсати пешгирифтаи Шумо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорем.

Муҳтарам Президент, ноадолатиҳои ба вуқуъомада дар низоми судии кишвар имрӯз мо як гурӯҳ кормандони Маслиҳатгоҳи ҳуқуқии шаҳри Конибодом водор намуд, ки унвонии Шумо муҳтарам Пешвои миллат бо мактуби кушод муроҷиат намоем. Танҳо Шумо метавонед ба ин мушкилии пешомада ҳусни хотима бахшед.

Мо адвокатҳои шаҳри Конибодом дар як моҳ як маротиба ҷамъ шуда ба чойхона меравем. Дар он ҷо як ҳамкори мо Зокиров Умед  камтар нӯшида, дар бораи Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И.Ҳ ки ўро дар корҳои ғайриқонуниаш пуштибонӣ  мекунад, гуфта дод. Ин ҳамкори мо Зокиров Умед, бо Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И.Ҳ. дўсти наздик аст, ба мо гуфт ки Саидзода боз 10 соли дигар Раиси суди шаҳри Конибодом мемондаст ва ба ў худи Раиси Суди Олӣ ваъда додааст. Пурсем, ки аз куҷо ин маълумот, гуфт, ки суҳбати байни Раиси Суди Олӣ Ш.Шоҳиён ва Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И.Ҳ. шударо худи Раиси суди Шаҳри Конибодом  ба ў ҳикоя кардааст. Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ба Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И.Ҳ гуфтааст, ки ман дар мансаб ҳастам ту кори худро пеш мебарӣ ва моро аз ёд намебарорӣ, туро ягон кас  аз мансабат барканор карда наметавонад ва Ҷаноби Олӣ ҳам, зеро забони Ҷаноб дар назди ман кӯтоҳ аст. Ман киро ба мансаби Раиси суд таъин кунед гӯям ҳамон одамро Ҷаноб таъин менамояд ва ёрдамчии Президент Асадулло Раҳмон ҳам дар назди ман забонкутоҳ аст, зеро ӯ ба бисёр Раисони судҳо пуштибонӣ мекунад ва хаққи худро мегирад ва онҳоро ман ҷамъ намуда ба Асадулло Раҳмон медиҳам. Ту ҳам додагӣ 50 ҳазор долларро!  Маблағи додаи туро ба ронандаи Асадулло Раҳмон додам гуфтааст Ш.Шоҳиён.

Ш.Шоҳиён ба Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И.Ҳ. гуфтааст, ки ман баПрезидент Эмомалӣ Раҳмон хизмати сахт кардагиям  ва Ҷаноб маро ба мансаби Раиси Суди Олӣ таъин намуд ва дар ин мансаб ман ба нафақа мебароям. Ман соли 2013, ки Раиси Комиссиюни Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон будам, дар интихоботи президентии он сол Ҷаноби Олӣ 30 %  овози интихобкунандагонро гирифта буд. Ҷаноби Олӣ дар назди мардум шарманда нашавад гуфта ман блюттенҳои интихоботиро сохта 78 % овози интихобкунандаҳоро бо ёрии кормандони Кумитаи давлати амнияти миллӣ бо раиси ин кумита Ятимов С. бо роҳи сохтакорӣ Ҷаноби Олиро Президент интихоб кардаем.

Ҷаноби Олӣ бо ёрии ман ба мансаби Президент  интихоб шуд. Ҷаноб ин кори ман кардагиро ҳуб медонад, ба ман ягон сухани ноҷоя ҳам гуфта наметавонад ва ба ёрии ман эҳтиёҷ дорад. Дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ман ҳама корро кардам, раиси КМИР Б.Худоёрзода ягон чиро намедонад ва ман ба  Маркази интихоботӣ рафта ба кормандони Марказ фаҳмонидам чи хел карда ҲҲДТ – 80% овози интихобкунандагонро гиранд. Боз бо ёрии ман  намояндаҳои ҲҲДТ ба Маҷлиси намояндагон интихоб кардем. Аз ин кори ман Ҷаноби Олӣ бохабар аст ва ман айни ҳол ба интихоботи Президентӣ тайёрӣ дида истодаам ва писари Ҷаноб Рустами Эмомалиро мо бояд Президент интихоб намоем ва 90% овози интихобкунандаҳоро гирем. Ин супоришро худи Ҷаноб ба ман додагӣ аст ва онро ман ҳатман иҷро намуданам даркор аст. Вақте Ҷаноб ба ман ин супоришро дод, ба ман гуфт, ки ту дар мансаби худ мемонӣ, писарам Рустам Президент шавад ҳам, ту дар мансаби худат мемони. Ман умедворам, ки ту чун пештара аз   ўҳдаи ин кор ҳам мебароӣ ва Рустамро президент мекунӣ. Ман пир шудам ва Рустам кори маро давом донанаш даркор аст. Рустам ба мансаби президентӣ тайёр аст. Рустамро мо дастгирӣ карданамон даркор аст ва ту дар ин кор ба ман ёрӣ медиҳӣ. Ман ба духтарам Озода ва домодхояму хешу ақрабоям бовар  надорам, зеро онҳо фақат дар бораи пул фикр мекунанду халос. Барои давлат ягонтаи онҳо ранги ман ҷон фидо карда наметавонад ва фақат ин корро Рустам метавонад. Байни домодҳоям ва Ҳасан барои гирифтани заводи алюминӣ ҷанг шуда истодааст. Ман аз ин корҳои фарзандонаму домодҳоям ва хешу таборам монда шудаам. Дар вақте ки ман зиндаам. Рустамро Президент карданам даркор аст зеро ў дар ҷанги байни хешовандам барои заводи алюминӣ хотима мебахшад ва хамаи онҳоро сарҷамъ мекунад.

Ба гуфтаи Зокиров Умед, раиси Суди Олӣ Ш.Шоҳиён ба Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И. ин гапҳоро аввали баҳор дар вақте ки Саидзода И. ба Душанбе, барои Раиси Суди Олӣ тӯҳфа, асп бурда буд, гуфта будааст. Ин ҳамаи гуфторҳои Зокиров Умед дар бораи Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И. моро дар ҳайрат гузошт. Ҳол он  ки мутобиқи талаботи сархати 3, қисми 2, моддаи 12 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” шахсе, ки барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад, наметавонад ҳатто соҳиби мақоми адвокатӣ гардад. Дар қисми 1, моддаи 6 ҳамин Қонун омадааст, ки адвокатура ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, ба низоми мақомоти давлатӣ дохил намешавад. Ин ҳамкори мо бо моддаҳои 247 қисми 2, 247 қисми 3 банди «а,в,г» ва моддаи 319-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба суд шуда,  парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ў дар суд қатъ карда шуда буд. Парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати Зокиров Умедро Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И.Ҳ. баррасӣ карда буд. Ин ҳамкори мо бо дастгирии Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода И.Ҳ. боз ваколати адвокатиашро барқарор намуда, айни ҳол ба фаъолияти адвокатӣ машғул аст.

Мо ба Шумо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  кафили хуқукҳои конститутсионии шаҳрвандон мебошед, такя мекунем.  Мувофиқи моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти судӣ яке аз шохаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар мансабҳои судягӣ, алалхусус дар сатҳи Раиси суд ин шохаи ҳокимияти давлатӣ кору фаъолият доштани чунин нафарон ба монанди Саидзода И.Х. ба обрӯ ва нуфузи ин мақомот иснод оварда, боварии мардумро ба давлату ҳукумат коста мегардонад.

Мӯҳтарам Пешвои Муаззами Миллат Эмомалӣ Раҳмон мо адвокатҳои шаҳри Конибодом аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки  ин ҳел шахси нолоиқу тасодуфиро мисли  Раиси суди шаҳри Конибодом Саидзода Илҳом Ҳамид, ки обрӯи мақомоти судӣ ва давлатро паст мезанад аз мақомоти судӣ дур намоед.

Бо эҳтиром адвокатҳои Маслиҳатгоҳи ҳуқуқии шаҳри Конибодом:

 Тўхтаев Ш.          

Ахмедов М.

Тоҳирзода З.

Иброҳимов Х.

 Холматов З.

 Ҷўраев Д.

Тўразода А.

 Нозирова Н.

 Дониёров Ю.

 Шукуров А.

Тўйчиев Д.

 Икромбоев.Ҳ.

 Мавлонова. М

 

Ps: Дар нома тасарруф сурат гирифтааст, танҳо қабл аз овардани номи президент унвонҳои сохтаи ӯ ва қабл аз исми мақомдорон тамаллуқҳои ноҷо бардошта шудаанд. Инчунин як сафҳа дар оғози ин номаи саркушода тавсиф аз “Пешво” ва сиёсати хирадмандонаи ӯ бардошта шудааст. Чун, ки агар сиёсати пешгирифтаи “Пешво” хирадмандона мебуд ин нома ҳаргиз  ба “Ислоҳ” ирсол намегашт, балке дар дастгоҳи президент расида баробар ҳалли худро пайдо мекард. Инчунин Пойгоҳи “ Ислоҳ” сиёсати худро дорад ва ҳаргиз дар худ номаҳои тамаллуқкорона ва маддоҳгӯнаро дар худ ҷой намедиҳад. Аз ҳама он ниҳодҳое аз ин ба баъд ба “Ислоҳ” номае, матлабе, шикояте менависед дар аснои навиштан аз он маддоҳиҳое, ки  дар дохили кишвар анҷом медиҳед барои хушнудии мақомдорон, лутфан аз он ҳама сарфи назар намоед.

Share This Article