Рамазон муборак

Ислоҳ нет

 

Соя афканд маҳи рӯзаву рӯзи таҳвил, 
Рӯзи масъуд муборак, маҳи маймун ҷалил!
Ҳар ду фархундаву маймуну муборак боданд, 
Чӣ маҳи рӯзаву дигар чиву рӯзи таҳвил!

 

Қудуми моҳи бузург ва истиқомат дар баробари нафси саркаш бар ҳама мусалмонон гиромӣ бод!

 

Моҳе,ки инсони мусалмонро дар баробари нафсҳои амораи ба бадӣ, истиқомат меомӯзонад.

 

-моҳе,ки бузургони гузаштаи солеҳи мо 6 моҳ дуъо мекарданд, ки Аллоҳ субҳонаҳу таоло ононро ба ин моҳ бирасонад ва дар он ибодат ва бандагии худро бо накӯтарин ваҷҳ анҷом диҳанд. Пас аз он  6 моҳи дигар дуъо мекарданд, ки Худои азза ва ҷалла ибодатҳои анҷомдодаи ононро бипазирад;

 

-моҳе, ки сарватмандони уммати ислом барфуқарои уммат бештар аз дигар моҳҳо садақа медиҳанду закоти мол. Закоти фитрро низ ба хотири наздик шудан ба Аллоҳ, ба мустамандон медиҳанд;

 

-моҳе, ки дар он шайтонҳо бо занҷирҳо баста мешаванду мардуми рӯзадор ба корҳои хайр мешитобанд;

 

-моҳе, ки дар он шабҳояш шабзиндадорӣ варӯзҳояш анҷоми аъмоли хайр аст;

 

-моҳе, ки дар он рӯзадорон аз ҳоли гуруснагоногаҳии комил пайдо мекунанд;

 

-моҳе,ки дар он намози таровеҳ асту иттиҳоди ҷисмии мусалмонон назар ба дигар моҳҳо бештар ба назар мерасад;

 

-моҳе, ки дар он тибқи омори аксар кишварҳо ҷинояткорӣ ба сифр мерасад ва идораҳои пулисашон хостори онанд, ки рамазон ҳаргиз ба поён нарасад;

 

-моҳе, ки дар он баракати хонаводаҳо назар ба дигар моҳҳо зиёд мегардад;

 

-моҳе, ки дар он Қуръон нозил гардид;

 

-моҳе, ки дар он бузургтарин набарди ислом, Бадр бо пирӯзии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва ёрони бовафои ӯ алайҳи Абӯҷаҳл ва пайравони ӯ ба поён расидааст;

 

-моҳе, ки дар он шабест бо номи Қадр, ки якшаба ибодати ин шаб баробар бар 82 сол ибодат аст;

 

-моҳе, ки дар он суханони бад ва тавҳину хархаша ба нудрат дида мешавад ва агар касе хоҳад бо касе даъво кунад, шахси рӯзадор мегӯяд: Ман рӯзадорам;

 

-моҳе, ки рӯзадорони ин моҳро Аллоҳ фазилате-барояшон махсус дарвозае дар ҷаннат ихтисосдодааст;

 

-моҳе, ки бӯйи даҳони шахси рӯзадор дар назди Аллоҳ аз мушку анбар хушбӯтар ва маҳбубтар аст;

-моҳе, ки рӯза доштани он рукне аз рукнҳои панҷгонаи мусалмонон аст ва мункири рӯза ва аз Ислом надонистани он инсонро аз дин хориҷ мегардонад;

 

-моҳе, ки умра кардан дар ин моҳ баробари аҷр ва савоби ҳаҷ ва дар ривояти дигаре ҳаҷ бо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) баробар аст;

 

– моҳе, ки подоши рӯзаи ин моҳ танҳо назди Аллоҳ аст, чун рӯза ба хотири Аллоҳ аст ва аҷрашҳам назди Аллоҳ аст;

 

– моҳе, ки дар он ҳама дарвозаҳои ҷаннат кушода мешаванд, ки дар дигар моҳҳо чунин нест;

 

-моҳе, ки дар он мусалмон аз ончӣ баду мазмум аст худро дур нигоҳ медорад, то рӯзааш мақбули даргоҳи Ҳақ Таоло гардад;

 

-моҳе, ки бо рӯза доштан аз бадан гозҳои заҳрогини дар ҷисми инсон ҷамъшуда ва колестролҳое, ки вуҷуд доранд дур мешаванд ва аҷсом солим мегардад;

 

-моҳе, ки Аллоҳ онро дар ихтиёри мо қарордодааст ва намедонем, ки то охир бо ин моҳ мемонем ва ё амонаташро аз мо мегираду аз бақияи он маҳрум мегардем. Нафарони зиёде соли гузашта бо мо буданд, вале имсол ба Рамазон нарасиданду аз ин моҳ маҳрум гаштанд. Мо низ аз соли оянда огаҳӣ надорем, ки чи бар сари мову шумо меояд,пас ин моҳро бо меҳри саршор ва шавқу муҳаббат бипазирему аз комёбшудагони ин моҳ бошем. На мисли онҳое, ки ин моҳро доранду хок бар даҳону бинияшон мегардаду аз бахшудашудагони ин моҳ ба шумор намеоянд. Ин мавсимро ғанимат бишморем, агар насибамон бошад соли оянда «фабиҳо ва неъма», вале насибамон набошад ин фурсатро ҳоло дорем.

 

Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) рӯзе ба минбар боло мешуд ва омин мегуфт. Асҳоб аз он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) сабаби омин гуфтанашро пурсиданд.

 

من أدرك شهر رمضان ، فلم يغفر له ، فدخل النار ؛ فأبعده الله ، قل : آمين ، فقلت  آمين 


Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуфтанд: “Ҷибрил омад ва чунин гуфт: Шахсе моҳи рамазонро дарёбад вале бахшуда нашавад дохили ҷаҳаннам шавад ва Аллоҳ ӯро дур кунад, бигӯ: Омин. Ман ҳам гуфтам: Омин.

(Ҳадиси ҳасан саҳеҳ, саҳеҳ-ут-тарғиб № 1679)

 

Манзур аз гуфтани ҳадис ин аст, ки моҳи Рамазон моҳест, ки шахси мусалмон аз фурсати хубе, ки дар ихтиёр дорад онро истифода накунад (бо вуҷуди занҷирбандбудани шаётин, кушода будани дарвозаҳои биҳишт,нузули мутарокими малоик бар замин, таваҷҷӯҳи Аллоҳ бар бандагони рӯзадор, авқоти қабули дуъо дар вақтиифтор, шаби қадр), яъне аз ин ҳама ғофил шавад ва боз ҳам талаби бахшиш ва омурзиш накунад воқеан чунин банда аз маҳрумтарини маҳрумон аст. Пас, ин мавсими пурхайру баракотро аз даст набояд дод ва аз ҳама дақоиқи ин моҳ хуб истифода кард.

Аллоҳ моро аз ҷумлаи бахшудашудагони ин моҳи бузург бигардонад, омин.

 

Share This Article