Решаи зиндонҳоро бояд хӯшконид, ин миллат дигар «тюремшик»-у З/К нахоҳад дошт

Ислоҳ нет

Миллате, ки зиндааш қадр надорад, мурдааш кай қадр дошт?!

На осон аст нигоштан дар баъзе мавзӯҳое, ки дардоваранд. Андешафарсоянд ин гуна мавзӯҳо ва ҳатто муҷарради тафаккур оидашон инсонро рӯҳафтода мекунад. Инки оид ба мавзуъоте чун: ҷаллодон, садистҳо, қотилон, одамхорон, бераҳмон, бевиҷдонҳои беимон, ки ҷуз ба супориши худовандгори супоришҳои олияшон ба Худову инсонияту қудсияти ҳаёту қонуне боварманду пойбанд нестанд,  андеша кардан натанҳо шуморо ба чашмони пурхуну бераҳму дарандасифатоне чун Зоро, Мансур Умаров, Раҳимзода, Раҳмонов, Рустами Эмомалӣ, СС Ятимов ва амсолашон муваҷҷаҳ месозад, балки гӯиё вориди куноми шағолон шудаеду аз уллосашон дилгиред…

Агар боз ҳам девонатар шудан хоҳед ба дарунтари торих фуруд рафта, чашматон ба ду чашмони хунбори  Ежову Берия,  Сталин, Фрунзе ва як қадам пештар ба ду чашми бадмуру ду абрӯи камонии сарҷаллоди Бухоро Олимхони манғиту як галла ҷаллодони таги Арку зиндонҳои Каннахонаву Обхонаву дигар заҳхонаҳои аз бобокалонаш ба меросмонда, хоҳад бархӯрд. Ҷаллодоне чун Пӯлод Ҷаллоду Қорӣ Холу Низомиддин Ҷаллоду дигаронашон, ки аслан як мушт дузду арозилу қотилу шӯрапушту беаслу таборе будаанд, ки мешавад ононро саромади ҷаллодону зиндонбонону судяву пулису прокуророну кормандони вазорати адлияи кунуниямон, номид. Ҳамон гуна ки СС.Ятимов ҷаллоди навин дар яке аз мақолоташ гуфта аст: «Минталитети як миллат лоақал ҳамон минталитетест, ки 100 сол қабл дошта аст».

Оре, системаи имрӯзаи зиндонҳои кишвари мо ҳамоно идомаи ҳамон «Каннахона»-ву «обхонаву» зиндонҳои таги Арки амиру бар илова зиндонҳоеанд, ки аз хонадони зуъми Романовҳои таззорӣ ба Болшевикҳо мерос мондаву аз Шӯравӣ ба дасти фронтавикҳои халқию Сангаку Файзали ва Зорову Нуриддин Раҳмон афтода, тармиму азнавсозӣ  ва сахтнизомтар шуданд.

Вақте оид ба зиндону ҷаллодонаш, маҳрумияту азобу гирифториҳояш, қатлу кушторгоҳҳояш, тагхонаву шиканҷагоҳҳояш, дар умум, пайдоишу инкишофу «рушд»-аш мефикрем, боз ҳам моро ба дарунтари торих як нерӯи ноаёне фурӯ мебарад.

Қабл аз оғози ин нигошта, ба дину Қуронамон як назар кунем, ки дар хусуси муомила бо асирону зиндониёну дармондаҳо чӣ супоришамон дода аст.

وَيُطْعِمُونَ الطَّعَامَ عَلَىٰ حُبِّهِ مِسْكِينًا وَيَتِيمًا وَأَسِيرًا

سورة الإنسان: 8

       «Ва таъомеро дар ҳоле худ дӯсташ доранду ва ба он мӯҳтоҷ ҳастанд, ба камбағалу ятим ва асир мехӯронанд»

(Сураи Инсон,ояти 8)

قال النبي ﷺ في الحديث

لا تعذبوا عباد الله “ (رواه البخاري)”

Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд: «Шиканҷа накунед бандагони Худоро»

Агарки «мусулмон» нестанд пайравони содиқи шайтони олӣ, лоақал инсон мебуданд, ки асиру зиндониву сайёҳу мардуми осоиштаро намекуштанд!

Зиндониёнро ҳар сари сол, дар моҳҳои январу феврал террор мекунанд. Сайёҳони бегуноҳро заданду куштанд дар «соли сайёҳӣ», асирон, ҳамонҳоеро, ки дар қатли сайёҳон тела дода буданд, пас аз зинда дастгир шуданашон, бо баҳонаи «ҳуҷум бо силоҳи сард – табар» ба мисли тӯҳмате, ки ҳар бор бар зиндониён мезананд, ки бо «ашёи нӯгтези буррандаву халанда» мусаллаҳ будаанд, тирборон карда куштанд. Алии Бедакиро зинда асир гирифта, бо азобҳои ҷонкоҳ муғулкуш карданд.  Писарони Ҳоҷиҳалимро зинда дастгир карда, бо таҳқир куштанд. Мирзо Зиёевро зинда ба дом афтонда, бо азоби алим куштанду рӯи лошааш шошиданд! Тазоҳургарони бадахширо ҳам зинда дастгир карда, зада – зада куштанд!

Имрӯз ин кафторҳои чингизии беимон омаданду кӯдакони ширхору ноболиғро аз модар ҷудо карданд!

Ба нигарам, аз ҳама ҷониб «ҷиҳод», мубориза, хезиш, инқилоб  ва ҳар роҳи дигаре, ки мунҷар ба сарнагунии ин кофаркешон гардад, иҷозат шуда аст. Инҳо ахиран ва тӯли 33 соли ахир нишон додаанд, ки ислоҳшаванда нестанд. Берун аз доираи қонун одам – асир, зиндонӣ, тифл, пирамарду кӯдаку тифл мекушанд! Аз аскарону афсарони бедини Бпшшори саг ҳеч тафовуте дар бераҳмӣ, беимонӣ, одамхорӣ, хуношомӣ надоранд!

Имрӯз ноилоҷ мондаем, ки дар бораи «ҷаҳаннам»-и индунёӣ фикр кунем. Кӣ дӯст медорад, ки оид ба хӯшиҳои зиндагӣ наандешаду оид ба дӯзахи аҳриманҳое биандешад, ки барои миллатҳояшон ҳанӯз дар ҳамин дунёи зебо ҷаҳаннаме аз азобу уқубату маҳрумияту ваҳшату даҳшат офаридаанд?! Ҳеч кас. Ман ҳам маҷбурам, чун Алигйери Данте «ворид»-и дузахкада шуда, аз аъмоқи он баротон хабару гузориши «дузахиён»-ро ироа кунам. Шояд,  Данте, Маъаррӣ, Мустафо Маҳмуд,  Окутогово Рйунускэ  ва дигар «ҷаҳаннамнигорон» мағзи фӯлодине доштаанд, ки солҳои мадид вориди дӯзаху биҳишти хаёлии худ шуда, аз аҳволи гувору ногувори ондунёиҳо – биҳиштиёну дӯзахиён китобу ривоёти сутурге ба номҳои «Мазҳакаи илоҳӣ», «Ҳамоиши аҳриманҳо дар қаъри ҷаҳаннам»,  «Пӯзишнома», «Азобҳои ҷаҳаннам» шоҳкорӣ ба мерос гузоштаанд. Вале ман воқеънигарам, мехоҳам баротон аз дӯзахи реалии ҳаминдунёие ҳарф бизанам, ки имрӯз «Хозин»-аш аҳримани малъуне чун Раҳмонову шайтону девбаччаҳои гирдовардааш гаштаанду калиди ин дӯзахистонро дар банди изори худу занонашон кӯргиреҳ кардаанд, ки ҷуз ба маҳву нобудияшон ин калидҳои озодӣ ба дасти миллати асируфтодаву «дӯзахигашта» ё дар дузахи ин дунёии ин малъунон қарор гирифта нахоҳад афтод.

Вожаи зиндон аз форсӣ гирифта шуда, он аз «занд»-у «зинд» ба маънои «банд»-у баст ё «зинда»  гирифта шуда аст.  Ҷое ки бояд муҷримон, қотилон, гунаҳкорон, дар умум,  инсонҳои ҷинояткорро барои ислоҳ ва пешгирӣ аз хабосату ҷинояту шурурашон то замони ислоҳ гаштанашон, нигоҳдорӣ кунанд. Зинда нигаҳ доранд, на чун Раҳмонҳитлер барошон «Ҳолокост» барпо созад. Зинда зиндонашон карда, мурда, шабошаб чун шабғарҳо, пинҳонӣ бурда бигӯронадашон!  Ҳамин қадар монда, ки чун қурайшиёни асри паёмбар (с) мусулмононро пас аз қатл «мусла» кунанд (агар то кунун накардаанд) ва чун аҳди Ҳусайн Воизи Кошифӣ сари куштаҳоро бурида, сари сарнайзаҳо бардошта, дар кӯчаҳо режа раванд! (Ниг: Бадоеъул вақоеъ).

Раҳмонови малъун ва мақомотиёни сагаш, хуб диққат кунед!!

Мерасад рӯзе, ки тамоми қабрҳои дастаҷамъии солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ташкилкардаатон, тамоми мурдаҳои саросемавор, бидуни ташхису иҷозаи экспертиза ва бидуни иҷозати дидори наздиконашон  куштаву гӯрондаатон набш гашта, тамоми асрори пинҳонкардаатон дар ҷусаҳои онон кашфу ошкор хоҳад шуд! Ва ҳар як муҷриму ҳар як тирандозу ҳар як таъзибгаратон ба қабзаи адолати ин миллату бастагони он марҳумҳо хоҳад уфтод! Он қадар парвандаҳои зиёди ҷиноӣ дар бойгонии ин миллат доред, ки ҳар кадоматонро агар аз болгардҳо партоянд, дар замин ҳашаркуш кунанд, ҳамагиятонро бо динамит тарконанд, зинда ба зинда оташ зананд, дар маркази шаҳр дор зананду аз саратон 24  соат дар сардии замистон оби сард резанду ҳатто иҷозати гиряву сухан гуфтан надиҳанд, ҳоло ҳам 1 %-и ҷурму ҷиноёти 33-солаатонро ҷавобашро нагардондаед!!

Ҳитлер – пири Раҳмонҳитлер!

 Раҳмону Ҳитлер ду сифати ҳамгун доштаанд: якум, бар асоси идеяи «нажодсозӣ» ба номи «ориёимеҳварӣ» сари қудрат омада, дуюм, аз рӯзи сари кор оамадан ҳамеша зиндонҳояшон пур аз дигарандешон, мухолифон буда, конслагерҳои зиёду даҳшатнок барпо карда, бо бераҳмии гӯшношунид инсонҳоро ба ҳама гуна азобу озор гирифтор карда, кушта, паронда, мурдаҳошонро ё оташ мезада, ё чун имрӯз бидуни ҷанозаву расму оини диннӣ, шабҳангом гӯронда, пинҳон мекардаанд. Инсонҳо нопадид мегаштаанд.  Имрӯз дар конслагерҳои Фюрер Раҳмонҳитлер зиндонбонону силоҳбадастон корҳои нерӯҳои мусаллаҳи Фюрер Ҳитлерро мекунанд, вале миллати бепарвои тоҷик ва мухолифини сардаргумаш  то кунун натавонистаанд, ба монанди яҳудитаборон  оид ба ин ҳама «Ҳолокостҳои тоҷикӣ» ба ҷаҳониён чизе бирасонанд, то ин Ҳитлер ҳам аз пайи ҳамтои олмонияш ба дарак фиристода шавад!

Аз таърихчаи зиндон

Зиндон камаш торихи чор-панҷҳазорсола дорад. Падидае наве нест. Офаридаи ҷаллодони кӯчгарди Данғара ҳам нест.

Мисриён, бобулиён, эрониён, юнониён ва дигар халқиятҳое, ки то сатҳи тамаддунмандӣ расида будаанд, ҳатман дорои зиндонҳо будаанд. Ба ҷуз «тамаддунҳои даштнавард»;  аз онҷо ки ҷуз хаймаву интиқоли бардавом ҳатто хонае рӯи сар надоштаанд, ниёзманди бандиву зиндону зиндонбоне набудаанд.  Турктаборон то кунун истилоҳе барои ин дӯзахи рӯи замин надоштаанд:

1. Туркӣ (Türkçe): zindan (зиндан) – Ин вожа дар туркӣ қариб бо ҳамон талаффузи форсӣ истифода мешавад.

2. ӯзбекӣ (Oʻzbekcha): zindon – Ба тоҷикӣ ва форсӣ шабоҳат дорад.

3. қазоқӣ (Қазақша): зындан (zından) – Бо талаффузи каме дигар.

4. қирғизӣ (Кыргызча): зындан (zından) – Ба қазоқӣ наздик аст.

5. туркманӣ (Türkmençe): zindan

6. тоторӣ (Tatarça): зиндан (zindan)

Чуноне гуфтем чодаргардон зиндон надоштанд. Вале чодаргардони имрӯзи мо ин «тюрма» ва зиндонро аз давлати сохтаи болшевикони рус бо ғӯлу занҷираш гирифтаанд, ки ҳукумати Шӯравӣ дар асоси ситаму истибдоду тӯҳмату «тройка» – ву  «ҳукми парон» баровардану  «аристон» кардани миллатҳои дигар ва бидуни таҳқиқи парвандаву маҳкамаи одилонаву дигар принсипҳои маданӣ ва демократие, ки имрӯз дар Аврупову дигар кишварҳои мутамаддину пешрафтаву адолатбунёд маъмул аст, бунёд ёфта буд. Барои «дайн» кардани гуноҳи нокардаи як мухолиф, дигарандеш, ГУЛАГ (Государственное управление лагерей),  буржуаз, мулло, унсури бегона, агенти хориҷӣ, шоири феодал танҳо «шаҳодат»-и бардурӯғи 3 тан –  *(тройка аз инҷо пайдо шуд), ва дар ҳолатҳои изтирорие чун солҳои 1937 ҳатто як тан, он ҳам шоҳиди «давлатӣ», кифоя буд то ҳаёти шахс ба дӯзахи амалӣ мубаддал гардад. Чӣ миқдор бегуноҳонро онҳое, ки «пирони маънавӣ»-и Раҳмонову Ятмову Рамазону Умарову Бузмакову Юсуфи «гумгашта»ву  дигар ҷаллодони Раҳмоновию шогирдони шайтоннасақашон ҳастанд, бо ин роҳ куштану аз ҳаёт маҳрӯм карданд, ҷуз Худо касе намедонад. Ҳоло бошад ГУЛАГ-и СС.Ятимов дорад ҳар зану мардро пушти дарҳои баста, бидуни ҳеч далел равонаи зиндон мекунад, ё дар рӯйхати сиёҳ дохил карда, пулашро меситонад, ё радди марзаш мекунад!

Дар ҳайратам, ки тақвими имсоли мо 2025 бошад, ё 1937! Инҷо Николай Иванович Ежов сари кор аст ё муғули атеисте ба номи Ятимов С.С.-и малъун?! Ҳоло ҳам ҷанги болшевикҳои атеист алайҳи «муллову эшон»-у тоҷикони боиродаву андеша идома дорад? Сталин дар чурдаи малъуни касофати Шарипович дубора растохез гашта аст?!

Вале агар ба таъсири зиндон дар ташаккули шахсиятҳои таърихӣ ва равандҳову ҳодисоти торихӣ тааммул намоем, хоҳем дид, ки он «муассисаҳои ислоҳотӣ»-е, ки имрӯз номгузорияшон кардаанд, чӣ басо ба ҷои ислоҳ кардани инсонҳо ононро аз пештара вайрону ҷазиртар кардаву баъзеҳоро он қадар қасосхоҳ карда, ки пас аз гурез аз зиндон, ё адои ҷазо дар ҷомеаву кишварҳо ошӯбу балову балвоҳо барпо карда, раванди таърихро чапу рост кардаанд. Хусусан,  ононе, ки ба ноҳақ чун зиндониёни имрӯзи мо гирифтори асорату бардагию таҳқиру тӯҳмату зиндон гашта будаанд. Ё яке аз бастагонашон ба ин сарнавишти талх рӯ ба рӯ гатша буда аст.

Юсуфи набӣ бо тӯҳмати «қасди таҷовуз ба номус»  бо ҳамсари азизи Миср ба зиндон рафт.

Гӯё  парвандаи Юсуфи набиро бо моддаи 138-и кодекси ҷиноятии имрӯзӣ мо, қисми 2, яъне «таҷовуз ба номуси ноболиғ» ҷамъбаст ва парвандасозӣ кардаанд, чун ин модда аз 7 то 12 соли ҷазоро талаб дорад. Ана, ёву гир! Эй Зулайхо даст аз домони Юсуф боздор! Ва 9 сол «срок» гирифт! Бо супориши Шавҳари Азизмои «Тоҷикистон»- ё дурусташ ҷаноби Фиръавни замон! Гуноҳро зани Сарвазир карду ба ҷояш як «бесоҳиб»ро «постава» карда, «шинонданд»!

«Адолат»и додгоҳии фиръавнмаобон реша дар аъмоқи торихи башарият дорад!

Юсуф бояд бо моддаи 32-и КҶҶТ парвандасозӣ мешуд, вале моддаи 138-ро «грузит»аш карданд. Ва Парвардигори ҷаҳониён ин ҷои қиссаро айнан дар ояи 32(!)-и сураи Юсуф зикр карда аст! Аҷиб нест? Ин Сарқонуну Кодексҳои имрӯзаи мо ким-чӣ хел рамзу розҳои рақамие дорад..

قَالَتْ فَذَٰلِكُنَّ الَّذِي لُمْتُنَّنِي فِيهِ ۖ وَلَقَدْ رَاوَدتُّهُ عَن نَّفْسِهِ فَاسْتَعْصَمَ ۖ وَلَئِن لَّمْ يَفْعَلْ مَا آمُرُهُ لَيُسْجَنَنَّ وَلَيَكُونًا مِّنَ الصَّاغِرِينَ

(Зани Азиз) гуфт: «Ин ҳамон аст, ки маро дар боби дӯст доштани ӯ маломат мекардед. Ва ҳамоно, ман ӯро ба худ хондаам ва ӯ хештанро нигоҳ дошт. Агар он чи фармонаш медиҳам, накунад, ба зиндон хоҳад афтод ва хор хоҳад шуд». Пас, Юсуф бар худ зиндонро ихтиёр кард. (Сураи Юсуф,ояти 32)

Гуфтанист, ё зино мекунад, ё ман ӯро зиндон мекунам! Магар аз ин вақоҳате бештар мешавад? Путифор медонад, ки занаш бадкора аст. Қозиҳо медонанд. Пулис медонад. Прокурор медонад. Вале ҳамагӣ як шарт гузоштаанд: агар хоҳӣ зиндонӣ нашавӣ, бо «Клеопатра»-и Раҳмонов ҳамхобагӣ кун, на моддаи 32 ва на 138-ат мезанем!

Имрӯз ҳам Раҳмонфиръавн огоҳ аст, ки домодаш Ҷамолиддинро айнан бо чунин рӯз духтари ғараш оварда гирифтор карда аст ва чун Путифор тарафи духтари ғарашро мегирад!

Зайд Саид ҳам айнан чун Юсуфи набӣ бо моддаи «таҷовуз ба номуси ноболиғ» тӯҳмат зада шуда аст!

Аз ҳамон бомдоди торихи башарият зиндонро диктаторон бароии адолат таъсис надодаанд. Онро барои ҷазо додану куштани мухолифин таъсис додаанд. Болшевикон ҳам аз ҳамин роҳ пеш мерафтанд.  Лаънат бар он шахсе ки барои бори аввал андешаи зиндонсозӣ ба хотираш хутур кард ва лаънати пойдор ба касе, ки ҳукми «умрбод»-ро баровард.  Дар байни миллатҳои ғайримутамаддин ҳар шахсро барои ҳар ҷурму гуноҳи муайян ё ҷаримабандӣ мекунанд, ё бадарғаи умрбод мекунанд,  ё заҷри муайян дода,  раҳо мекунанд, ё ба қатл мерасонанд.

Вале баъзеҳоро ҳамин зиндонҳои дар асри мо ва аз ҳама пештар ҳукмҳои ноодилона, ва ришвахории ҳокимону қозиён ва бо пул раҳо шудан аз ҷавобгарӣ, ба ҷинояткорӣ шавқманд мекунад.

Арабҳои замони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳам аз зиндон чизе надоштанд. Аҳкоми қуронӣ ҳам касеро ба муддати муайяне ҳукм ба зиндон накарда аст.

Танҳо як ҷо оид ба «дар хона нигоҳ доштани зани хатокор» то вақти тавба кардану аз амали зишт даст кашиданаш ишора карда, вале он ҳам пасон мардуд гашта аст.

وَاللَّاتِي يَأْتِينَ الْفَاحِشَةَ مِن نِّسَائِكُمْ فَاسْتَشْهِدُوا عَلَيْهِنَّ أَرْبَعَةً مِّنكُمْ ۖ فَإِن شَهِدُوا فَأَمْسِكُوهُنَّ فِي الْبُيُوتِ حَتَّىٰ يَتَوَفَّاهُنَّ الْمَوْتُ أَوْ يَجْعَلَ اللَّهُ لَهُنَّ سَبِيلًا

«Ва касоне аз занонатон, ки муртакиби зино мешаванд, чор нафар аз худатон (аз мусалмонон) бар онҳо гувоҳ бигиред, пас агар гувоҳӣ доданд, онҳоро дар хонаҳо нигоҳ доред, то ин ки марг онҳоро дарёбад ва ё Аллоҳ барои онҳо роҳе қарор диҳад».

Сураи Нисо,ояти 15

Ва чун дида шуд ки ин «ҳукми сабук» занони хоинаву сабӯкпоро аз роҳашон барнаградонд, ҳукми эъдоми зинокорону фоҳишагон, ба таъбири қонунҳои имрӯза «далла»-ву «танфурӯшон» марг шуд. Асирони ҷангӣ ҳам ё бояд кушта ё бо хунбаҳо раҳо мегаштанд. Умрбод шахсеро зиндонӣ карда, чун зиндониёни сиёсии мо зинда ба гӯр кардан, бадтар аз ҳукми парон аст!

Аҷабо, инҳо, ки барлосиянду аз насли Манғетиёни махуф аз амалкарди бединонаву чингизонаи ӯ пайравӣ мекунанд. Темурланг ҳар подшоҳеро зинда асир мекард, дохили қафаси оҳанине карда, умре ҳамроҳи худ аз диёре ба диёре, дар зери гармову сармову боду борон, чун бӯзинаи қафасӣ мегардониду чун саг наздашон луқмае партофта, аз азобаш «кайф» мекард! Ҳамин тақдири талх сари Султон Боязиди I омада буд, ки ба сахтию азоб дар қафас – зиндони сайёри Темури ланг ҷон дод!

  Ҳолати зиндониён, хусусан зиндониёни сиёсии тоҷики мо имрӯз монои ҳоли Боязиди Йилдрм аст!! Ба додашон бирасед! Ин Шарипчақури малъунро ҳам метавон «ланг» номид, чун дар пои чингизияш «осколка» зада, умре димоғашро «ланг» кардаанд! Аз ин рӯ аз тоҷик фобия дорад!  Амалкардаш бошад аз Темури ланг хашинтар аст. Аз ин рӯ ин лаънатӣ боре, бо вуҷуди ин ҳама сол дағдағаи «ориёӣ» заданаш сари мазори Исмоили Сомонӣ нарафту рафта сари гӯри Темури ланг ба зону заду бар рӯҳи ӯ , ин атеисти бехудо, гӯё «дуъо» кард?!

Имрӯз агар зиндонҳо мушкил доранд, ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҳоли рушданду ҳатто қонунҳои «сахт» ҳам пеши роҳи интишори қатлу фаҳшову дуздию хиёнату ришвагирию ришвапардозию сирқати амволи давлатӣ ва дигар анвоъи ҷиноёти хатарзоро намегирад, решаи  ин ҳама дардисарҳоро дар толорҳои додгоҳҳо, дар долонҳои ҳокимони дузду худ ҷинояткор, пуштибони ҷинояту ҷинояткорон ва ноодилу зулмпеша бояд ҷӯст. Решаи мушкилоти имрӯзи зиндониёни тоҷик, чуноне гуфтем, дар майдонҳои зиндонҳо не, балки дар толорҳои додгоҳҳост, ки ба ҷои ҷурми ҷинояткори воқеӣ  шахси бегуноҳе вориди зиндон мешавад. Адолати додгоҳӣ мурда, зиндонҳо моломол гаштаанд!

Кӣ ба ҳукми қозии мисрӣ бовар мекунад, ки Юсуф «қасди таҷовуз»-и модархондашро дошт? Ва кӣ гуфта метавонад, ки зино дар Мисри Бостон ривоҷ надошт ва ҳукми зино сангин буд?

Аз тамоми тасвирнигораҳо ва папирусҳову осори бозмондаи торихи Миср маълум аст, ки зани мисрӣ аз озодтарин занҳои торихи башарият буда, ки умре пайи ороишу пероиши сару сурати худ буда, либосҳои шаффофу тангу таранг мепушида ва барои ҷалби мардон беҳтарин атру сурмаву пудра зада,  кӯчагардӣ мекарда. Ҳатто Қуръон бо сароҳат ин масъаларо бардошта, ки занҳо барои лаззат бурдан аз ҷамоли Юсуф маҷлиси базму тараб ороста буданду ҳаваси «маъшуқ»-и Зулайхоро дар сар мепарваридаанд. Ва ҳамин худ бешарафону мардхоҳон, дар фарҷом омада худро чун ҳукуматиҳову фоҳишаҳои ҳамкору ҳамкосаи амниятиҳои имрӯзи мо «поку беайб» бароварда, гуноҳи шаҳватпарастии худро бори Юсуф карданд. Ҳукуматҳое, ки дар он мешавад бо қонунҳо бозӣ кард, ҳамеша дер намепоянд ва чун парвандаи сохтаи Зулайхо рӯзе ҳукумати адолатпарвар «дело»-яш бардошта ва гуноҳи тӯҳматзанияш фош хоҳад шуд, ки мегуфт:

قَالَتِ امْرَأَتُ الْعَزِيزِ الْآنَ حَصْحَصَ الْحَقُّ أَنَا رَاوَدتُّهُ عَن نَّفْسِهِ وَإِنَّهُ لَمِنَ الصَّادِقِينَ

«Зани Азиз иқрор шуда гуфт: «Акнун ҳақ ошкор шуд. Ман хостам Юсуфро, вале ӯ худро аз ин амал боз дошт, албатта, ӯ дар зумраи ростгӯён аст дар суханоне, ки мегӯяд!»

Сураи Юсуф, ояти 51

Рӯзе ҳақиқати Зулайхоҳои мо ҳам бармало хоҳад шуд, ки чӣ гуна Юсуфҳои бегуноҳеро аз заъфи додгоҳу қонунмандиҳои имрӯзӣ ва аз ситами Раҳмонпутифор истифода карда, барои солҳои мадид равони зиндонҳо кардаанд! Решаи ин ҳама ситам, бар иловаи зулми судяҳо то ба долонҳои Апарати Президент, ки дар он Зулайхо-Озодаи Раҳмон нишаста аст рафта мерасад.

Бечора Ҷамолидлини шавҳараш ҳоло тақдири Юсуфро дорад. Ин юсуфлиқо воқеан чун Юсуфи Канъон асири ӯст!

Аз Юсуфу Миср бигзарему ба асри Ҳошим ибни Ҳаким (в. 780-83) оему чун Данте аз як табақаи дӯзах ба дигараш руҷуъу уруҷ кунем, хоҳем дид, Ҳошими сӯғдиро, ки дар торих ба номи Муқаннаъ машҳӯр аст, ҳамоно зиндони Бағдоди Аббосиён хунхоҳу шӯҳраи олам карда буд.

Гуфта шуда , ки аввалин зиндон дар байни арабҳои мусулмон аз ҷониби Алӣ ибни Абутолиб(раз) сохта шуда аст. Ва аввалин Зиндони  мукаммал чанд сол баъд аз дастгиршавии Ҳошим ибни Ҳаким ба итмом расида, ӯ аз аввалин воридшудагони он маҳсуб меёфт.

Аввалин зиндони мукаммалу бадномтарини онро Абӯ Джаъфар ал-Мансур (754–775), бародари  Абулаббоси «Саффоҳ» – хунхор (в.755), қотили Абӯмуслими Хуросонӣ (в. 755) бунёд гузошта аст, ки бар иловаи тангиву торӣ дар он ҳар як зиндониро азоби ҷаҳаннамро медоданд, ки яке аз он зиндониён, бар иловаи Муқаннаъи сӯғдӣ, Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа (699–767) буд, ки дар натиҷаи таъзиби бардавом ва заҳролуд шудан, дар синни 68-солагӣ аз олам чашм пӯшид! Ин зиндони «исломӣ» бо номи  المطاطير   машҳӯр буд, ки маънояш «Зиндони зеризаминӣ» мебуда. Ҳамон зиндонҳое, ки дар филмҳои қадима дидаем!

Ин «Матотир» дар Бағдод пасон дар аҳди тозиши НАТО-ву ИМА ба Ироқ бо номи «Абӯлғариб»  ё «Абуғреб» машҳӯр гашт, ки дар ин зиндон он қадар бо ваҳшоният озодихоҳони ироқӣ таъзиб мешуданд, ки аз батни ин зиндони «Амрикоии демократӣ» ваҳшатноктарин гурӯҳи террористии торих – ДОИШ ба олам омад, ки зиндонҳои «бункерии саҳроӣ»-и Саддом Ҳусайн наздаш «истироҳатгоҳ»-ро мемонд! Пасон калиди зиндондорӣ аз Ироқ ба Сурия интиқол ёфта, то соли 2024, то лаҳзаи суқути Димишқу Башшори саг соҳиби ин калид ӯ буд! Номи ин зиндон буд: Сидниё! صیدنایا , ки гуфта мешавад ба маънои «шикоргоҳ» аст!

Меравем ба дунболи торих:

 Ҳишом гуноҳе ҷуз ин надошт, ки сарвари некномаш – Абӯмуслими Хуросониро  Мансури Аббосӣ бикушту генералҳои ин силаҳшӯрро танҳо аз сари тарс, ки якеашон ҳамин Муқаннаъ мебуд, солҳои мадиде дар банду зиндон нигоҳ медошт, вале Муқаннаъ пас аз заҷру азиятҳо ва таҳқиру маҳрумиятҳо аз зиндони Бағдод, тақрибан дар солҳои 775-78 гурехта ба ватан баргашт.  Инчунин, гуфта шуда, ки бо марги Мансури Аббосӣ дар соли 775 ӯву ҳамнавъонашро  халифаи ҷадиди Аббосӣ Ал-Маҳдӣ (775–785)   раҳо кард, вале аз инки барои дастгир кардани ӯ дар ҷодаҳо  чопар гузоштаанд, гурехтани ӯ ба эҳтимол наздиктар аст. Чунки хонадони Аббосӣ, ки чун дудмони палиди Раҳмонов аз роҳи хунрезӣ ба қудрат расида буданд, Абӯҳанифаро набахшида, раҳову «афв» накарданд, силаҳшӯри зирраку заранге чун Муқаннаъро афв мекардаанд?!

Аз инки мегӯянд ӯ кӯру бадрӯ буду дар рӯяш хадша (шрам) дошт, магар ҷои аҷобате дорад? Кӯр будани як силаҳшӯре бадин далерӣ магар амри роиҷи торихи низомӣ нест? Ё аз эҳтимол дур ҳаст, ки Аббосиён он қадар ӯро дар зиндон чун Раҳмониёни имрӯза таъзибу истинтоқ карда будаанд, ки дар рӯяш ҷои обод намонда чашмашро чун сагҳои одамхори русӣ, ки чашми тоҷикеро аз ҳадқа баровардаву гӯши дигареашро буриданд, кӯр накарда бошанд? Ба мо оид ба озодихоҳонамон чи Аббосиёни саффоҳ ва чи Раҳмониёни хунхори бераҳм, пас аз ҳар як задухӯрду набардҳо, ки дар фарҷом қаҳрамонони моро мекуштаанд, маълумоти зишткунанда медодаанд, ки Мирзо Ҷага, Ҳоҷӣ Ҳалим, Алии Бедакӣ, Муҳаммадбоқир, зиндониёни Хӯҷанд, зиндониёни Ваҳдат ҳамагӣ «террорист, доишӣ, одамкуш, муҳоҷим, пархошгар, ҷинояткор, хатарнок» ва чун Абӯмуслиму Синбоди Мӯғу Муқаннаъу Бобаки Хуррамӣ ва ғайраҳо «кофиру зиштрӯву якчашму хоин» будаанду ҳатто  чун кушташудагони имрӯза набояд «ҷаноза» шаванд. Ва мурдаи Абӯмуслимро дар шохаи Даҷла, дар Дуҷайла кушта партофтанд!

Муқаннаъ, ки ҳамзиндони Абӯҳанифа буду шоҳиди бевоситаи қатлаш дар соли 767, ва шоҳиди қатли Абӯмуслиму парти ҷусааш ба Дуҷайла (с.755),  ҳангоми худкушӣ ба чунин хулоса омад, ки набояд  чун ҷуссаҳои кушташудагони зиндониёни мо лошааш дар дасти саффоҳони Аббосӣ биуфтад, аз ин рӯ ба навъе худро пурра маҳв кард! Вале ҷуссаҳои имрӯзаи зиндониёни мо бо таҳқир зери хок рафтанд. Агарчи муаррихон ваҳшату даҳшати Аббосиёнро кам мегӯянд, вале торихи навини мо низ ҳар рӯз дарҷ гашта, бойгонӣ мешавад, ки лаънати пойдор ба ҳар як қотилу мухолифи сокиту ҳукумату миллат хоҳад гашт, ҷуз онон, ки Имомиаъзамгуна роҳи мубориза бар алайҳи золимонро пеша карда бошанд!

Share This Article