Ба донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар Лаҳистон таҳсил мекунанд, амр шуда будааст, то имрӯз 10.09.2018 дар назди биное, ки Нишасти САҲА шуда мегузарад, таҷаммӯъ намуда, алайҳи ҲНИТ шиорпартоӣ кунанд.
Дар ин бора, ба мо як донишҷӯ, ки нахост номаш ифшо шавад, хабар дода гуфт, ки аз ин амр ҳамагӣ ду рӯз пеш ӯро огоҳ кардаанд ва гуфтаанд, ки имрӯз соати 10:00 ба маконе, ки нишасти САҲА мегузарад, ҳозир шавад.
“Мо ду нафар омадем. Ба мо аз сафорати Тоҷикистон дар Олмон ду рӯз пеш хабар дода буданд. Гуфтанд, ки агар наҳзатиҳо митинг кунанд, бояд шумо аз номи ҳукумат дар бораи пешравиҳои Тоҷикистон гап занед. Инҷо омадем, ки ба мо ду-се нафари дигар ҳамроҳ шуданд. Фаҳмидем, ки аксари бачаҳо наомадаанд ва САҲА митинг карданро манъ кардааст” – хабар дод манбаъи мо.
Ин манбаъи мо чанд акси пинҳонии аз дур аккосӣшударо ба мо ирсол намуд, ки дар он дида мешавад, чанд иддаи ба шуморе, дар як ҷо ҷамъ омада, бо ҳам сӯҳбат мекунанд. Аммо ҳеҷ нишоне аз даст задани онҳо ба эътироз дида намешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА, ки масъули ташкили ин конфронс ҳастанд, дар муқаррароти баргузории ҷаласа тағйирот ҷорӣ карданд, ки тибқи ин тағйирот дар ҷараёни ҷаласаҳо ташкили намоишҳои эътирозӣ ва ҳам шиорпароканӣ манъ шудааст.
Дар ин бора Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабар дода гуфтааст, ки “барои ҳама ширкатдорони ҷаласаҳои САҲА ба истилоҳ кодекси рафтор қабул шуд, ки ташкили намоишҳои эътирозӣ, пикет ва раҳпаймоиҳоро маҳдуд мекунад”.