САҲА шаҳри бедарвоза аст ё ҳукумати Тоҷикистон?

Ислоҳ нет

Чанд нукта дар бораи САҲА

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, бузургтарин созмони байналмилалӣ буда, 57 кишвари ҷаҳон – кишварҳои Амирикои шимолӣ, Аврупо ва Осиё узви ин созмон мебошанд. Фаъолияти САҲА шомили мусоидат  барои субот, сулҳ ва демократия, ҳуқуқи башар, озодии матбуот, интихоботи шаффоф ва озод, назорати аслиҳа ва ғайра мебошад. Ҷуғрофияи САҲА беш аз як миллиард аҳолии рӯи заминро дарбар мегирад. Ин созмон гуфтугӯҳои сиёсӣ ташкил намуда, арзишҳои муштарак барқарор мекунад ва корҳои амалиро бо ҳадафи эҷоди дунёи беҳтар анҷом медиҳад.

 

 Шаклгирии Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо бо баргузории конфронс дар соли 1973 таҳти унвони «Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо», барои баҳси миёни шарқу ғарб оғоз шуд. Ин конфронс дар соли 1994 мелодӣ дар нишасти Будапешт ба «Созмони амният ва ҳамкории Аврупо» тағйири ном кардааст.


 

Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон

Тоҷикистон аз моҳи январи соли 1992 узви баробарҳуқуқи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) мебошад.

Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997) намояндагии САҲА дар Тоҷикистон муколамаи байни нерӯҳои минтақавӣ ва сиёсиро ташкил мекард, бо масоили риояи ҳуқуқи инсон машғул буд, риояи меъёру принсипҳои ташкилотро дастгирӣ мекард ва амалишавии риояи онро назорат менамуд. Он ҳамчунин ба рушди институтҳои  демократӣ ва ҳуқуқии миллӣ кӯмак мерасонид. САҲА дар ҳамкорӣ бо намояндагони нозирони СММ дар Тоҷикистон барои пойдоршавии сулҳ мусоидат карда, ба ҳайси кафили риояи шартҳои Созишномаи сулҳ, ки моҳи июни соли 1997 ба имзо расидааст, баромад кардааст. Нақши махсуси намояндагӣ аз мусоидат ба иҷроиши протоколҳои Созишнома оиди масъалаҳои сиёсӣ ҷиҳати шартҳои баргардонидани гурезагон ва ҷанбаҳои ҳарбӣ иборат буд.

 

Бо мурури вақт дар минтақаҳои Ғарм, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Шаҳритуз САҲА дафтарҳои минтақавии худро таъсис дод. Фаъолияти намояндагӣ аз нав баррасӣ гардида, ба барқарорсозии баъди низоъ ва рушди сохторҳои демократӣ иваз шуд.

 

Дар солҳои минбаъда тағйиротҳои нав ба вуҷуд омаданд. Барои таҳкими муваффақиятҳои пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ноилшуда, соли 2002 давлатҳои иштирокчии Созмон тасмим гирифтанд, ки ваколатҳои Дафтарро васеъ гардонанд. Аз ҷумла тасмим гирифтанд, ба ваколати намояндагӣ фаъолияти ба ҳалли мушкилтарин масоили иқтисодӣ ва экологии Тоҷикистон равонашударо ворид намоянд. Намояндагӣ номашро ба “Маркази САҲА дар Душанбе” тағйир дод.

 

Соли 2008 ваколати Созмон боз ҳам васеътар гардид ва номи намояндагӣ ба “Дафтари САҲА дар Тоҷикистон” тағйир дода шуд.

 

Аммо баъди соли 2009 то соли 2015 рағбати сиёсати Тоҷикистон ба авторитаризм ва диктотура бештар шуд. Хусусан баъди мамнӯъ эълон шудани ҳизби парлумонии ҲНИТ ва аз майдони сиёсӣ дур шудани он дар соли 2015, фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон тира шуд. Режим рӯ ба яккаҳокимиятӣ оварда, сиёсати саркӯбгароёнаро рӯи кор гирифт. Садҳо фаолони сиёсӣ ҳабс ва ҳазорони дигар ба кишварҳои ғайр паноҳанда шуданд. Илова бар ин, садҳо зиёиёну шоирону нависандагон ва рӯзноманигорон ба хотири таъқибу фишор Тоҷикистонро тарк гуфтанд. Иддае аз ин фаолони дигарандеши аз Тоҷикистон беруншуда, ҷиҳати додрасӣ ба созмонҳои ҳуқуқии байналмилалӣ муроҷиат намуданд. Аз ҷумла, ду соли гузаштаи 2016 ва 2017 фаолони сиёсии мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти САҲА дар Варшава фаолона ширкат намуда, сиёсати саркӯбгароёнаи роҳбарияти Тоҷикистонро бо далелҳои раднашаванда арз намуданд. Дар натиҷа, роҳ ёфтани мухолифон ба нишасти солонаи САҲА,  бонуфузтарин созмони байналмилалӣ, хашми мақомоти Тоҷикистонро овард.

 

Шӯрои доимии САҲА  рӯзи 1-уми июни соли 2017 қарор қабул кард, ки сар аз моҳи июли соли 2017 мақоми дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тағйир дода шавад ва минбаъд ба ҳайси “Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе” фаъолиятҳояшро идома бидиҳад.

 

Тағйири мақоми намояндагӣ ба маънии маҳдуд шудани фаъолиятҳои созмон дар Тоҷикистон буд. Пофишории Тоҷикистон ба маҳдуд кардани фаъолияти дафтар сабаб шуд, ки Шӯрои доимии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо чунин қароре қабул кунад. Дар натиҷа, ба ҷуз дафтари марказӣ дар Душанбе, тамоми намояндагиҳои минтақавии ин созмон дар шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон баста шуданд. Сабаби асосии маҳдуд шудани фаолияти САҲА дар Тоҷикистон ба хотири роҳ додани тарафдорони ҲНИТ ба ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дониста шудааст.

 

Айни ҳол, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, сафир Туула Юрёля мебошад. Ҳайати кормандони Дафтари барномаҳо аз 24 шаҳрванди хориҷӣ ва 193 шаҳрванди Тоҷикистон иборат мебошад. Буҷети Дафтари барномаҳо барои соли 2017 ба 7,554,800 евро баробар буд.

 

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар татбиқ ва тарвиҷи принсипҳо ва ӯҳдадориҳои САҲА мусоидат мекунад. Бо таваҷҷӯҳи махсус ба шароит дар минтақа, Дафтари барномаҳо талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бо душвориҳо ва таҳдидҳо ба амният, дар пешгирии низоъҳо ва танзими бӯҳронҳо дастгирӣ мекунад. Дар ин робита, Дафтари барномаҳо дар соҳаи идоракунии сарҳадҳо, ислоҳоти милитсия, мубориза бар зидди терроризм, амният ва идоракунии захираҳои силоҳҳои сабуки оташфишон фаъолият мебарад. Дафтари барномаҳо ба кишвари Тоҷикистон  дар ҳалли масъалаҳои рушди тиҷорати озод, идоракунии самарабахш, муҳофизати муҳити зист, идоракунии захираҳои об ва амнияти энергетикӣ кӯмак мерасонад. Дафтари барномаҳо инкишофи волоияти қонун, ниҳодҳо ва равандҳои демократӣ ва сиёсӣ, аз он ҷумла ҳимоят аз ҳуқуқи башарро дастгирӣ менамояд.

 

Дифоъи САҲА  аз ҳуқуқи башар

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе тибқи маълумот дар сомонаи расмиаш, дар татбиқи барномаи давлатии таълимӣ оид ба ҳуқуқи инсон тавассути такмили ихтисос ва таълими кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти сарҳад ва дигар мақомоти марбута ва инчунин хизматчиёни давлатӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, кӯмаки машваратӣ мерасонад. Ба ғайр аз баргузор намудани миқдори зиёди чорабиниҳои иттилоотӣ ва омӯзишӣ дар саросари кишвар, Дафтари барномаҳо байни хизматчиёни воломақоми давлатӣ ва мутахассисон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи баланд оид ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқи инсон вохӯриҳо баргузор менамояд. Ин муколама ба тарҳрезии стратегия ва чорабиниҳои амалӣ роҷеъ ба масъалаҳои пешгирии шиканҷа, озодии дин ва эътиқод, ҳуқуқ ба молу мулк, ҳуқуқ ба манзил ва ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ, имконият фароҳам меоварад.

 

Бояд гуфт, ки бо вуҷуди он, ки дифои ҳуқуқи башар яке аз самтҳои асосии фаъолияти кории ин созмон мебошад, дар ин росто барномаи САҲА дар Тоҷикистон ноком будааст. Ин созмон ҳадди ақал 5 соли охир натавонистааст, дар дохили Тоҷикистон аз ҳуқуқи касе дифоъ кунад. Ҳатто солҳои охир барои намояндагони ин созмон дар Тоҷикистон муаяссар нашудааст, ки аз ҳоли зиндониёни сиёсӣ хабар гирад ва ё ба мурофиаи судии онҳо роҳ ёбад.

Озодӣ ва рушди воситаҳои ахбори омма

Дар сомонаи расмии САҲА омадааст, ки бээ÷арои мусоидат ба Тоҷикистон дар рушди фазои ВАО тибқи меъёрҳои ҷомеаи муосири демократӣ, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо сохторҳои давлатӣ ва ВАО дар такмили базаи меъёриву ҳуқуқии ВАО ҳамкорӣ менамояд. Бо мақсади бартараф намудани низоъҳо ва тавсеаи ахлоқи касбии рӯзноманигорон ва таҳиякунандагони маводи ВАО, Дафтари барномаҳо истифодаи механизмҳои худтанзимкунандаро дастгирӣ менамояд.

 

Тарҳи мусоидат ба рушди воситаҳои ахбори омма аз ҷониби САҲА як муддат то соли 2009 назаррас буд, аммо пиёдашавии ин тарҳ то  интихоботи президентӣ соли 2013 дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш оварда, баъди соли 2013 беранг гардид ва новобаста аз кӯмаку дастгириҳо ва вокунишҳои САҲА ва дигар Созмонҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, хусусан ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон буғӣ шуд.

 

Демократикунонии ҷомеъа

Барои мусоидат ба иштироки фаъоли сокинони кишвар, аз ҷумла ҷавонон дар кору фаъолияти ҷамоатҳои маҳаллӣ, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барномаи маърифати шаҳрвандиро барои хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёна ва ҷавонон дар ноҳияҳои дурдасти кишвар татбиқ менамояд. Дафтари барномаҳои САҲА ба Тоҷикистон дар инкишофи минбаъдаи равандҳои интихоботӣ ва сиёсӣ бо мақсади мутобиқ намудани онҳо бо меъёрҳо ва ӯҳдадориҳои кишвар марбут ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, кӯмак мерасонад. Дафтари барномаҳо инчунин барои баргузории муҳокимаҳои озоди сиёсӣ байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ имконият фароҳам меорад. Чунин чорабиниҳо дар саросари кишвар гузаронида мешаванд. Дар ин гуна чорабиниҳо номгӯи васеи масоили марбут ба ҳуқуқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ муҳокима мешаванд.

 

Ин ҷо як нуқта бояд зикр шавад, ки аксарияти кӯмакҳову грантҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои иқтисодӣ ба Тоҷикистон ғайримақсаднок истифода мешаванд. Кӯмакҳо барои демократикунонии ҷомеъа дар Тоҷикистон бо роҳҳои гуногун ба ҷайби як гурӯҳи алоҳида рафтааст ва ба сабаби назорати нокифояи сармоядиҳандагон, барномаи демократикунонии ҷомеъа дар Тоҷикистон рӯ ба таназзул ниҳодааст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳеҷ асаре аз демократия дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

 

Мусоидати САҲА  ба амалишавии волоияти қонун дар Тоҷикистон

Дафтари барномаҳо ислоҳоти мудовими системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии кишварро тавассути баргузор намудани чорабиниҳое, ки ба баланд бардоштани зарфият ва мубодилаи таҷриба оид ба татбиқи системаи миллии кӯмаки ҳуқуқӣ ва тақвият додани нақши адвокатҳо равона шудаанд, дастгирӣ менамояд. Дафтари барномаҳо барои прокурорҳо, судяҳо, кормандони маҳбасҳо, ҳуқуқшиносҳо ва инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба пешгирии шиканҷа ва ҳифзи ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумгашта тренингҳо баргузор менамояд. Аммо ин барномаи САҲА низ ба хотири рӯ ба авторитаризм ва диктотура овардани роҳбарияти Тоҷикистон амалӣ нашудааст. Кӯшишҳои САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалии марбута, дар ин ҷода низ бо вуҷуди масрафҳои ҳангуфт дар Тоҷикистон ноком мондааст. Баръакс, сухани як роҳбар аз тамоми қонунҳо ва ҳатто аз Конститутсия дар Тоҷикистон боло меистад.

 

Муносибати шар дар ивази мусоидати хайр

Чуноне, ки дар боло зикр кардем, САҲА дар тамоми ғаму шоди Тоҷикистон шарик буд. Дар вазнинтарин рӯзҳо ҳамин созмон буд, ки ҳукумати Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, барои наҷот аз ғарқшавӣ ба ботлоқи бӯҳрони давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ёрии худро расонид. Хусусан барои расидан то ба имзои Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон ва баргардонидани гурезагон ба ватан, ин созмони бонуфуз саҳми арзанда гузоштааст. Илова бар ин, барои демократикунонии ҷомеъа, ҳамасола САҲА маблағҳои ҳангуфтро ба Тоҷикистон ҷудо мекард.

 

Аз замони эълони истиқлолияти Тоҷикистон, САҲА дар тамоми интихоботҳои парлумонӣ ва президентӣ ҳамчун нозир ширкат карда, хулосаҳои худро аз натиҷаи интихобот гузориш нашр кардааст. Аммо, қобили зикр аст, ки  САҲА тамоми интихоботҳои дар таърихи истиқлолияти Тоҷкистон баргузоршударо ноодилона, ғайридемократӣ, ношаффоф ва пур аз тақаллуб эълом кардааст. САҲА раванди ҳар як интихобот дар Тоҷикистонро таҳлилу баррасӣ намуда, ба ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, тавсияҳо пешниҳод мекард, ҳатто ба қонуни Тоҷикистон дар бораи интихобот пешниҳод намуда буд, ки тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Аммо, тибқи маълумотҳо ҳукумати Тоҷикистон аксарияти тавсияҳои ин созмонро сарфи назар карда, ба инобат нагирифтааст.

 

Илова бар ин бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон яке аз хурандаҳои кӯмак ва грантҳои САҲА мебошад, аз пиёда намудани аксари тарҳҳои ин созмон саркашӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон узви ин созмон буда, муваззаф аст, ки барои амалигардонии тарҳҳо корҳоеро анҷом диҳад. Чун САҲА барои он таъсис дода шудааст, ки ҳукуматҳои узв худро ба меъёрҳои ин созмон мувофиқ кунанд ва ба низоми демократӣ наздик шаванд, на баръакс.

 

Аз вокунишҳои охири мақомот ва расонаҳои тоҷикӣ фаҳмида мешавад, ки бо вуҷуди низоми демократӣ дар Тоҷикистон решаи конститутсионӣ доштан, ниҳоят бешармона (дерзко-бесстыдно) ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, аз муносибат бо созмон ва институтҳои демократӣ даст кашад.

 

Нанофеодализми нест андар ҷаҳон дар Тоҷикистон

Чун дар бораи муносибатҳои булаҷаби ҳукумати Тоҷикистон бо САҲА чанд нуктаро гуфта гузаштем, инҷо мехоҳам, як чизи дигарро қайд кунам. Агар вокунишҳои ҳукумати Тоҷикистон ба САҲА ва дигар созмонҳое, ки мехоҳанд таъсири густарда ба сиёсати ин кишвар дошта бошанд, ба хотири ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ мебуд, ин амал ниҳоят сутуданӣ аст. Аммо афсус, ки чунин нест. Бояд гуфт, ки сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Тоҷикистон созгор ба принсипҳои демократӣ ва ҳуқуқбунёдӣ намебошад. Бинобар, имрӯзҳо ҳукумати Тоҷикистон рӯй аз институтҳои демократӣ гардонида, бештар  яккаҳокимиятӣ ва феодализми асримиёнагиро пиёда мекунад.

 

Агар ба муносибатҳои хориҷӣ ва дипломатияш аҳамият диҳем, дарҳол пай хоҳем бурд, ки бештар равобити ҳасанаи Тоҷикистон бо давлатҳои яккаҳокимиятӣ, шоҳигарӣ ва коммунистӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, баръакс равобит бо кишварҳои демократӣ рӯ ба коҳиш аст. Метавон гуфт, ки бо истифодаи таҷрибаи кишварҳои авторитариву диктатории имрӯза ва нигоҳ ба таърихи асрҳои миёна, ҳукумати Тоҷикистон системаи нанофеодалии нест андар ҷаҳонро дорад, пиёда мекунад.

 

Шаҳри бедарвоза САҲА аст ё ҳукумати Тоҷикистон?

Чанд рӯз пеш дар расонаи давлатии АМИТ “Ховар” як матлабе бо номи  “Тоҷикистон:Ҷомеаи ҷаҳонӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кардааст. Аммо …”  бо қалами Юрий Макеев нашр шуд. Дар ин матлаб ба САҲА таҳдид мешавад, ки дар ҳолати фаолони ҲНИТ-ро ба ҳамоиши Варшава роҳ доданаш, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баста мешавад. Нависандаи ин матлаб аз он нигаронӣ мекунад, ки чаро САҲА дар ҳолате, ки  13 кишвари узви ин созмон ҲНИТ-ро ҳизби террористиву экстремистӣ шинохтаанд, инро ба инобат намегирад. Ҳамчунин қайд мекунад, ки Созмони Шанхай ҲНИТ-ро таҳти рақами 79 ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ (Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон), манъ аст, шомил карда, роҳбараш Муҳиддин Кабириро дар рӯйхатти 3 ҳазор “террорист”-и таҳти кофтуков даровардааст. ОДКБ ҲНИТ-ро ба Феҳристи ягонаи ташкилотҳои дар қаламрави кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда ворид кардааст.

 

Ин ҳам дар ҳолест, ки Мақомоти Маркази минтақавии зиддитеррори Созмони Шанхай қаблан дар посух ба пурсиши сомонаи “Ахбор” гуфтанд, ки ягон феҳрасти ягонаи созмонҳои дар тамоми кишварҳои узви ин созмон мамнӯъ вуҷуд надорад ва ҳар кишвари узв дар бораи манъи фаъолияти ин ё он созмон мустақилона тасмим мегирад.

 

Илова бар ин муаллифи ин матлаб бонуфузтарин созмони байналмилалие, ки Тоҷикистон узви он мебошад, САҲА -ро “шаҳри бедарвоза” номидааст ва нигаронӣ аз он кардааст, ки “имконияти иштирок ва ҳатто суханронӣ карданро аз ин минбари баланди байналмилалӣ дилхоҳ хоҳишманд новобаста аз обрӯю эътибор, вазъи иҷтимоӣ, қонуншиканӣ ва даст доштанаш дар терроризм ё ҷиноят ба даст меорад.”

 

Дар ин нигаронияш муаллиф фаромӯш кардааст, ки дилхоҳ айбдоршаванда, эҳтимолияти бегуноҳияш вуҷуд дорад.  Дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд шахси бонуфузу бенуфуз, оддию фавқулодда дар назди қонун ҳама баробаранд ва ҳаққи дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳо ва собит кардани бегуноҳияшонро  бенуфуз будан ё обрӯю эътибор надоштанашон салб намекунад. Тибқи фаҳмиши Юрий Макеев (албатта ин фаҳмиши феодалии ҳукумати Тоҷикистон аст) як шахс агар нуфуз, обрӯю эътибор ва мансаб надошта бошад, ҳаққи дифоъи ҳуқуқу озодиҳои худро аз минбарҳои байналмилалӣ надорад. Магар ин сафсатагӯӣ нест?

 

Инҷо як суоли дигар  ба миён меояд. Нависандаи ин матлаб Юрий Макеев худаш кӣ аст? Президенти Тоҷикистон ё вазири корҳои хориҷии ин кишвар? Ё сухангӯи яке аз ин ҳарду? Ин шахс кӣ будааст, ки бемалол аз номи ҳукумати Тоҷикистон тавассути сомонаи расмии давлатии ин кишвар эълон мекунад, ки дар фалон ҳолат, фалон созмон аз Тоҷикистон ронда мешавад?  Юрий Макеев чӣ касе будааст, ки бемалол аз номи Тоҷикистон ҳарф зада, чанд даъвоҳои пучу бемағз ва бедалелро аз номи ҳукумати Тоҷикистон дар бораи се созмони бонуфуз САҲА, СҲШ ва СААД менависад ва инро расонаи расмии ин кишвар ба нашр мерасонад ё худ бо чанд забон тарҷума намуда, бознашр мекунад?

 

Бидуни шак Юрий Макеев номи мустаор аст. Аммо, чигуна расонаи давлатии як кишвар сафсатаҳои фейкиро, ки рабт ба муносибати байналмилалии давлат дорад, маҳз ба хотири мазаммати як ҳизби мухолифаш ба нашр мерасонад? Магар бо ин далелҳо худи ҳукумати Тоҷикистон шаҳри бедарвоза нест?

 

Худи нашри ин матлаб дар расонаи давлатӣ аз номи касе ҳам бошад, гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ҳама ин навиштаҳо гӯёи назари ҳукумати Тоҷикистон аст. Пас аз номи фейкӣ нашр шудани ин матлаб ниҳоят шармовар аст.

 

Дар охир як чиз ногуфта намонад. Ин ҳама таҳдидҳои ҳукумати Тоҷикистон ба САҲА, боз ҳам гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ин режим тавони рӯ ба рӯ шудан ва собит намудани ҷурми мухолифони худро надорад.

 

Чизи дигар бо ин муносибат худи ҳукумат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки дар ҳақиқат ҳукумати золим, диктаторӣ ва феодалӣ аст.

 

Худ биандешед, ҳукумате, ки ба як созмони бонуфузтарини ҷаҳон- САҲА таҳдиди рондан аз Тоҷикистон мекунад, ин ҳолат магар гӯёи муносибаташ бо шаҳрвандони дигарандешаш нест? Магар кишварҳои узви САҲА намеандешанд, муносибати ин режим, ки бо созмон чунин аст, бо шаҳрвандони бепушту паноҳу беҳуқуқ дар дохил ва хориҷ чигуна бошад? Магар маҳз ҳамин бархурд аз он шаҳодат намедиҳад, ки воқеан мардуми Тоҷикистон ва хусусан дигарандешону мухолифони сиёсӣ дар зери зулму шиканҷа ва беадолативу беҳуқуқӣ қарор доранд? Магар онҳо намеандешанд, ки муносибат бо САҲА, ки чунин аст, бо мухолифон чигуна бошад?

 

Ин ҳама боз ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ин режим шахсони дорои андешаи солим хеле каманд ва ё ҳеҷ коре аз дасти аҳли солимандеша дар ҳукумати Тоҷикистон сохта нест ва ҳама тибқи фармони ноқисулақлон ба иҷро мерасад.

 

Дарбеҳи ночаспон

Аммо, як масъалаи қобили мулоҳиза ин аст, ки чаро барои ҳукуматҳои баъзе кишварҳои узви САҲА, мисли ҳукумати Тоҷикистон, тавсияву вокунишҳои ин созмон беқадру беаҳамият шудаанд. Ҳол он ки як замон узвияти ин созмон, дорои аҳамиятҳои хос ва мояи ифтихори кишвари узв маҳсуб меёфт. Ҳамин масъала бояд коршиносона таҳлил шавад. Фақат боз ҳам як чизро метавон тахмин зад, ки дигар принсипҳои фаъолияти САҲА, ба сиёсатҳои пешгирифтаи кишварҳои диктотурӣ, бегона шудааст. Фикр мекунам, ҳукумате, ки лаззати диктотураро чашид, аз баррасӣ шудани мафҳумҳои демокративу озодӣ, ҳуқуқбунёдиву адолати иҷтимоӣ дилбеҳузур мешавад.

 

Нуфузи САҲА хусусан дар кишварҳои пасошӯравӣ замоне чашмрас буд, ки тоза ба низоми ошкорбаёниву демократӣ расида буданд. Ва ҳама корҳо бо шиорҳои демократӣ амалӣ мешуд. Аммо имрӯзҳо, мардум сархаму гунгу бесадост, на ба чигуна гузаштани интихоботҳо аҳамият медиҳаду на аз чигуна нони даҳонашро зада гирифтани ҳукуматдорон парвое дорад. Оҳиста-оҳиста низоми авторитарӣ, диктотурӣ ва ҳам феодализми асримиёнагӣ муд шуда истодааст. Дар ин ҳолат созмонҳое, ки принсипи фаолияташон пиёда намудани низоми демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, адолати иҷтимоӣ, гузаронидани интихоботҳои шаффоф ва озодии матбуот аст, табиист, ки нуфузашон коста мегардад ва нолозим ба чунин кишварҳо мешаванд. Дар кишварҳои яккатоз институтҳои демократӣ мисли дарбеҳи ночаспонанд. Тавсияҳои ингуна созмонҳо ва институтҳои демократӣ ба ҳукуматҳои диктотурӣ монанди “чилёсин” ба гӯши бемори атеист аст.

Шавкати Муҳаммад

***

Манбаъ ва маъхазҳо:

1.Пойгоҳи интернетии САҲА

2. Пойгоҳи интернетии Police reform

3. Сомонаи  Ахбор

4. Агентии иттилоотии мустақили Тоҷикистон ASIA-Plus

5. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар

 

Share This Article