Саҷда, рукуъ,қиём дар намоз кадом афзал аст?

Ислоҳ нет

Саҷда, рукуъ,қиём дар намоз кадом афзал аст?

Дар мақолаи қабли тафсири ояти 19 Сураи Алақро баён намудам “Саҷда куну ба Худо наздик шав!”. Дар он моҳияти саҷда ва фазли онро баён доштам.Дар ин мақола мехоҳам дар мавриди саҷда афзал аст ё рукуъ ва ё қиём?.Оё саҷдаҳое дар намозҳоямон мекунем дуруст ва мисли саҷдаҳои Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) ва асҳоби Ӯянд.Қудва ва пешвои мо мусалмонон паёмбарамон Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) аст.Чунонеки он ҳазрат (с) намоз гузоштааст бояд намози мо мисли Ӯ (с) бошад.Зеро ҳолати намоз гузоштани умуми мардумро мебинам хело риққатовар аст.Муҳимтарин ҳолати намоз,ки қиём,рукуъ ва саҷда аст онро на ба шакли бояду шояд анҷом медиҳанд.Ин ҳолати намоз гузорӣ воқеъан мақбул ва хушоянд нест. Албатта дар ин мақола танҳо ҳолати саҷдаро мехоҳам баён кунам.

Ҳеҷ шакке нест дар намоз қиём, рукуъ ва саҷда ҳар се аз аркони намоз мебошанд.Бидуни яке аз ин се намоз дуруст нест, мехоҳам дар ин се кадомин афзалтар аст ва чӣ ривоятҳое омада аст.

Аз Ҳузайфа ибни Ямон (раз) соҳиби сирри он ҳазрат (салаллоҳу алайҳи васаллам)чунин ривоят аст,ки чунин мегӯяд: “Намоз гузоридам як шаб ҳамроҳи Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам).Шурӯъ намуд намозро бо Сураи Бақара бо худ гуфтам мумкин аст дар ояти сад рукуъ мекунад.Вале идома доданд хонданро,бо худ гуфтам мумкин аст дар як ракаъат (Бақара)ро мехонад.Вале идома доданд хонданро то инки (Бақара ба охир расид дувуним пора) сипас шурӯъ намуд Сураи Нисоро онро то охир тиловат намуданд.Пас аз он Сураи Олӣ Имронро шурӯъ намуданд онро низ то охир тиловат намуданд.Ҳангомеки мерасиданд ба оятеки дар он тасбиҳ буд тасбиҳ мегӯфтанд.Мерасиданд ба ояте,ки дар он савол буд савол мекарданд(аз Аллоҳ).Ҳангомеки мерасиданд ба оятеки он ҳолати таъвиз буд (яъне ҳоли аҳли оташу кофирон дар оят буд) талаби панҳ металабиданд.Пас аз он рукуъ карданд ва гуфтанд: “Субҳона рабиял Азим”.Рукуъашон мисли қиёмашон дар намоз буд.(яъне мислеки дар қиём Сураҳои Бақара, Нисо, Олӣ Имрон хонданд ба он андоза рукуъ карданд) Пас аз он аз рукуъ бархостанд ва гуфтанд: “Самиъаллоҳу лиман ҳамида” пас аз рукуъ истоданд таваққуф карданд ба он андозаеки рукуъи(тӯлонӣ доштанд).Пас аз он ба саҷда рафтанд гуфтанд: “Субҳона Рабиял Аъло” саҷдаашон ба андозаи қиёмашон дар намоз буд(ин ҳама дар як ракаъат буд).”(ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим)

Аз ин ҳадис чунин фаҳмида мешавад Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) ҳар серо як намуд дар тӯл ва бо тумаънина ё ороми анҷом дода аст.

Муҳаддисин ин ҳолат ва шевои намози Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам)ро қариб яксон дар намозҳои фарзи ва нафлӣ медонанд. Агарчӣ дар намозҳои ҷамоъат афроди солманд ва занҳо ва шахсони узрдор ҳастанд дар ҳадиси дигаре ба кӯтоҳ хонданҳам омадааст.Кутоҳ хондан на тез рукуъу саҷдаро анҷом додан албатта инро хуб диққат диҳед.

Аммо фуқаҳо ин ҳадисро,ки хело тӯлонӣ буд намози нофила ва ё намози шаби он ҳазрат (салаллоҳу алайҳи васаллам) мегӯянд. Вале он намозҳои ҷамоъатеки дар масҷидҳои мо мехонанд ба ҳеҷ кадом намози он ҳазрат (с) мутобиқат намекунад.На дар рукуъ ва на дар саҷда на пас аз рукуъ ва миёни ду саҷда аз панҷ сония бештар намеистанд.Ин комилан мухолифи равиши намози Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) аст.Бояд имомони масоҷид ва онҳоеки имоми ҷамоъае ҳастанд ба ин аҳамияти ҷидди диҳанд.Мумкин аст шахсе аз ин ҳадис гӯяд чаро пас аз Сураи Бақара Сураи Нисоро шуруъ карданд? Зеро тибқи тартиби мусҳаф пас аз Сураи Бақара Сураи Олӣ Имрон аст ва сипас Сураи Нисо.Дар ҳаёти Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) Қуръон дар як мусҳаф ё миёни ду муқова ҷамъовари нашуда буд.Аз ин хотир аз ҳар ҷое мехостанд мехонданд.Инчунин танҳо бо тартиб хондан дар назди мазҳаби мо Аҳноф аст назди мазоҳиби дигар ҷоиз аст бе тартиб хондани Қуръон дар намоз.

Оё дар намоз тӯлони будани қиём фазилат дорад ё саҷда?
Уламо дар ин масала ихтилоф доранд.
Имом Нававӣ (раҳ) мегӯяд: Тӯлонӣ будани қиём афзалтар аст аз тӯлонӣ будани рукуъ ва саҷда.Вале тӯлонӣ будани саҷда афзал аст аз тӯлонӣ будани дигар аркони намоз.Фазлашро дар он медонад,ки дар қиём Қуръон хонда мешавад ва каломи Аллоҳ фазли бе шумореро дорад.

Аммо ҷамъи дигари уламо ва фуқаҳо дарозу тӯлони будани саҷда ва рукуъро афзал аз дарозу тӯлони будани қиём дар намоз медонанд.

Исҳоқ Ибни Роҳвия(раҳ),ки устоди Имом Бухорӣ аст мегӯяд: Дар рӯз тӯлонӣ будани рукуъ ва суҷуд афзалтар аст.Вале дар шаб дарозу тӯлонӣ будани қиём афзал ва беҳтар аст.Магар инки марде бошад,ки рукуъ ва суҷуди тӯлониро бо қиёми тулонӣ якҷо кунад.Масалан рукуъ ва суҷуди тулониро ҳамчун истироҳат пас аз қироъати тӯлониаш анҷом диҳад.

Имом Тирмизӣ(раҳ) ин қавли Исҳоқ Ибни Роҳвияро чунин тавҷеҳ мекунад,ки манзурашон ин аст.Намоз гузории Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам)дар шабҳо мебошад,ки ҳамеша тулонӣ дар қиём будаанд.Аммо дар рӯзҳо тӯлонӣ мисли шабҳо набудаанд.

Онҳоеки фазли қиёми тӯлониро афзал аз саҷдаи тӯлони ва дароз медонанд,далелашон ин ҳадис аст.

Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) фармуда аст: “Афзалтарини намоз дарозу тӯлони будани “Қунут” аст”(манзур қиём аст)
(ҳадиси саҳеҳ ривояти Имом Муслим)

Аллома Муҳаммад Хилватӣ дар фазли саҷда чунин гуфта аст.

Ин дунё аз поён дар ҳолати саҷда хело болост.
Дар болоҳо пастманишону сифлагонанд,
Фақеҳон наздашон ахбори саҳеҳ аст.
Фазлу ҷойгоҳи саҷда бар қиём,

Аммо дар фазли саҷда аз ояҳои Қуръонӣ шурӯъ инчунин Аҳодиси бешуморе дорем.Бо зикри чанд ҳадис дар фазли саҷда иктифо менамоем.

وَعَنْ حُذَيْفَةَ رَضِيَ اللهُ عَنْهُ قَالَ : قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيهِ وَسَلَّمَ : « مَا مِنْ حَالَةٍ يَكُونُ الْعَبْدُ عَلَيْهَا أَحَبَّ إِلى اللهِ مِنْ أَنْ يَرَاهُ سَاجِدَاً يُعَفِّرُ (1) وَجْهِهُ فِي التُّرَابِ أخرجه الطبراني في الأوسط » .

1.) Аз Ҳузайфа (раз) ривоят аст,ки Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Нест ҳолате,ки банда дар он назди Аллоҳ дӯстдошта шуда бошад магар он ҳангомеки мебинад (Аллоҳ бандаашро) дар ҳолати саҷда ва пешонияш дар хок гузошта шудааст.”(Ин ҳадисро Табаронӣ дар Авсаташ оварда аст вале Албонӣ заъифаш гуфта аст)

” إن العبد إذا قام للصلاة أتي بذنوبه كلها فوضعت على عاتقيه، فكلما ركع أو سجد تساقطت عنه . 
أخرجه محمد بن نصر في ” الصلاة ” (64 / 2) وفي ” قيام الليل ” (ص 52) وأبو نعيم في ” الحلية ” (6 / 99 – 100

2.) “Ҳангомеки банда барои адо кардани намоз мехезад.Бар гарданаш ҳама гуноҳонаш гузошта шуда аст.Ҳангомеки рукуъ ё саҷда мекунад (он гуноҳонаш) аз (гарданаш) мерезанд”
(Абунаъим дар Ҳиляаш овардааст ин ҳадисро Албониҳам таҳти ин рақам 1398 саҳеҳаш гуфтааст)
Муҳаддисон дар шарҳи ин ҳадис мегӯянд: Тӯлонӣ будани рукуъ ва саҷда сабаби пок шудани гуноҳон ё рехтани онҳо аз банда мегардад. Аммо агар рукуъ ва суҷуд шакле дар ду сония бошанд, худатон фикр кунед оё гуноҳони инсон мерезанд ё на?

«أقرب ما يكون العبد من ربه وهو ساجد. فأكثروا الدعاء»

3.) “Наздиктарин ҳолатеки банда ба Аллоҳ аст ин дар ҳоле ҳаст,ки ӯ саҷда карда аст,пас зиёд намоед дуъоро(ҳангомеки дар саҷда мебошед)
(ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим)
Муҳаддисон мегӯянд: Ҳангомеки банда дар ҳолати саҷда аст ба Аллоҳ наздиктар аст аз дигар ҳолатҳои ибодат.Дар ин ҳолат Аллоҳ ризояташ он аст,ки ҳарчизе бипурсад Аллоҳ чун розӣ аст аз банда барояш медиҳад.
Ибни Малик мегӯяд: Манзур аз “зиёд дуъо намоед” Ин ҳолатест банда худро дар волотарин ҳолати бандаги ва фурутани дар назди Аллоҳ қарор медиҳад.Аллоҳро бар Маъбуд будану Холиқ буданаш эътироф мекунад.Пас дар ин ҳолат ҳар дуъое банда намояд он иҷобат ва пазируфта мешавад аз ҷониби Аллоҳ.Инҷост,ки фазилати саҷда бар қиёмроҳам далолат мекунад.
– 
عن أبي هريرة رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلَّى الله عليه وسلَّم:
قالوا: وكيف يسرقُ صلاتَهُ؟ قالَ: «وأسوأُ السَّرقَةِ الذِي يسرِقُ صلاتَهُ»
الزواجر:140/1 بإسناد جيد) ( لا يُتِمُّ رُكُوعَهَا ولا سُجُودَهَا 
رواه أحمد والطبراني وصححه ابن خزيمة والألباني في الترغيب 524

4.) Аз Абуҳурайра (раз) ривоят аст,ки Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) фармуданд: “Бадтарин дузди оне мебошад,ки намозашро медуздад.Гуфтанд: Чигуна медуздад намозашро? Фармуданд: Рукуъу саҷдаашро ба шакли дуруст анҷом намедиҳад”(Алзавоҷир ҷ1\140 санадаш ҷайд аст)
Хуб ин ҳадис шарҳе лозим надорад ва шахсонеки рукуъу саҷдаҳояшон се сонияги аст бояд фаҳмида бошанд,ки шомили ин ҳадис гаштаанд.

Аз хулосаи ин ривоятҳо ба вузӯҳ фаҳмида мешавад,ки саҷдаро фазли бешуморест.Лаззати саҷдаро намефаҳмад магар шахсонеки бо он ошноӣ доранд.

Яке аз фуқаҳо пас аз баҳси тӯлонӣ чунин гуфтааст: Ман намехоҳам дар фазли Қиём,рукуъ ва саҷда зиёд нависам.Саҷдаро ҳамин фазл кофист,ки масҷид вожаест аз саҷда гирифта шуда аст.Маконеки дар он мусалмонон ба Аллоҳ саҷда мекунанд ва наздикӣ меҷуянд.Аллоҳ масҷидро хонаи хеш хондааст.

Нақши маъкусӣ нигин аз саҷда мегардад дуруст.
Сарнавишти вожгунро рост месозад намоз,

Гоҳо мебинам мардумро сарҳои худро дар саҷда чунон мегузоранд ва онро мебардоранд,ки фикр мекуни инҳо сармоядору бениёзанд.Аз Аллоҳ чизе талабу, хоҳишу, дуъое надоранд,рукуъу саҷдаҳояшон ончунон кӯтоҳ ва саросема аст.Ҳеҷ осори намоз ва шикаста ҳолӣ ва фурӯтани дар онҳо дида намешавад.Бовар кунед бародарону хоҳарони гиромӣ,инсон дар ин дунёи пурталотум ва хоссатан асри мо ва шумо бе гуноҳ наметавонад бошад.Оё каме фикр намекунем,ки мо дар назди як раис ва вазир чигӯна меистем? Ҳатто лозим шавад соатҳо рост меистем,ҳатто моҳҳо машқ мекунем чӣ гӯна ба истиқболаш равему мушарраф гардем ва чӣ бигӯем то аз мо розӣ бошад.

Сабаб чист ? Охир ӯ раис аст ва бояд эҳтиромаш намоем,то аз мо наранҷад. Ончӣ мехоҳем дар ин дунё маҳрумамон накунад ва ё метарсем,ки мабодо ба мусибате гирифторамон накунад.Гоҳо дар қабулгоҳи бархи дигараш соатҳо мунтазир мешинем,то назди раис дохил гардем ва ончӣ мехоҳем ба ӯ бигӯем.Боз намедонем он ҳоҷати доштаи моро бароварда менамоянд ё на? Охир бореҳам фикр мекунем дар пешгоҳи кӣ истодаем? Оё он ҳаракоти чанд сониягии мо,кӣ дар онҳо на ихлос ҳасту на шикастаҳолӣ.Боз мегӯем мо намоз мехонем ва Аллоҳро ибодат менамоем.Аллоҳ ба ибодатҳои ноқиси мо ҳеҷ эҳтиёҷе надорад,ин мо ҳастем ниёзманди раҳмату лутфи Ӯ Таъоло.Каме пас аз хондани ин ҷумлаҳо биандеш ва шеваи гузоридани намозҳоятро ислоҳ кун,хоссатан рукуъу саҷдааҳоро дар намоз,то аз бандагони мухлис ва комёби Аллоҳ бошӣ.

Барои тӯлонӣ нашудани мақола то ин андоза иктифо менамоям
Мақолаи ояндаҳам саҷда аст,дар саҷда чӣ дуъоҳое кардан мумкин аст?Оё дар саҷда дуъо карда мешавад?
Бо мо бошед!

Share This Article