Саъид ибни Мусайяб (раҳ) имоми тобеъин

Ислоҳ нет

Саъид ибни Мусайяб (раҳ) имоми тобеъин

Аз хилофати Умар ибни Хаттоб (р) ду сол мегузашт, ки яке аз бузургтарини тобеин Саъид ибни Мусайяб, дар Мадинаи Мунаввара чашм ба дунё кушод.

 

Саъид ибни Мусайяб ибни Ҳазн ибни Абуваҳаб аз қабилаи Махзум буд. Падараш Мусайяб (раз) ва бобояш Ҳазн (раз) саҳобаи Паёмбар (с) буданд. Падараш Мусайяб (раз) аз ононе буд, ки дар байъати зери дарахт бо Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) ширкат дошт. Шомили розибудагон аз Аллоҳ аст. Бобояш Ҳазн(раз) дар Ямома ба шаҳодат расидааст. Модараш Умми Саъид бинти Ҳаким аз қабилаи Суламия буданд.

 

Ӯ дар овони кудакӣ Умар (р)-ро дида, аз ду халифаи пас аз ӯ, яъне аз Усмон ибни Аффон (р) ва Алӣ (р) ва саҳобагони дигаре, чун Абуҳурайра, Зайд ибни Собит ва Абумӯсои Ашъарӣ ва Уммаҳотул муъминин (ҳадис) шунида, ривоят намудааст. Илми насаб ва таъбири хобро дар назди Асмоа бинти Абубакри Сиддиқ (раз) фаро гирифтааст. Саъид бештар дар овони хурдсолияш бо Умар ибни Хаттоб (раз) буд. Ҳатто ӯро “Ровияти Умар” ривояткунанда аз Умар (раз) мегӯфтанд. Абдуллоҳ ибни Умар (раз) агар аз ҳолати падараш чизеро мехост фаҳмад, аз Саъид мепурсид ва эҳтироми хоссае ба ӯ дошт. Пас аз ҳазрати Умар (раз) Саъид бештар бо Абуҳурайра (р) ҳамнишинин  будааст. Абуҳурайра (раз) аз дӯстдорияш духтарашро ба ҳамсарии ӯ додааст.

Ҳануз дар овони кудакӣ Худованд ба Саъид тезҳушӣ ва зеҳни қавӣ ато фармуда буд. Ӯ дар замони худ сарвари фақеҳони Мадина буд, то онҷо, ки ӯро фақеҳул-фуқаҳо ном мебурданд.

 

Санои Асҳоб ва уламо аз Саъид ибни Мусайяб

Қаттода(раҳ) мегӯяд: Касеро донотар ба ҳалолу ҳаром аз Саъид ибни Мусайяб надидаам.

Макҳул (раҳ) мегӯяд: Ҳама сарзаминҳоро гаштам ва аз Ибни Мусайяб олимтаре надидаам.

Уламо дар васфаш мегуфтанд, ки Ибни Мусайяб олими олимон буд.

Ибни Мусайяб фатво медод, дар ҳоле, ки баъзан аз асҳоби Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) зинда буданд.

Умар ибни Хаттоб (раз) гуфтааст: Савганд ба Аллоҳ ин писар яке аз фатводиҳандагон аст.

Алӣ ибни Ҳусайн (раҳ) гуфтааст: Ибни Мусайяб донишмандтарини мардумонест, ки осоре аз худ баҷой монда. Инчунин фақеҳтарини мардумон дар ривоят аст.

 

Аз Саъид бипурсед!

Абдуллоҳ ибни Умар, ки яке аз сарварони аҳли фатво дар Мадинаи Мунаввара дар он замон буд, чун аз масъалаи душвори фиқҳие пурсида мешуд, мегуфт: аз Саъид бипурсед, ки ӯ бо некон нишастухез кардааст.  

Саъид бар Ҳаҷҷоҷ хок мепошад.

Боре Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ, қабл аз он ки дар давлати умавиён ба иморат бирасад, намоз мегузошт, аммо намозаш он қадар саросемавор буд, ки рукуъ ва суҷудро, он гуна ки бояд ба ҷо овард, намегузошт. Саъид як каф хокро гирифта, ба сӯи Ҳаҷҷоҷ партоб кард ва Ҳаҷҷоҷ хатояшро дарк намуда, намозашро бо оромӣ дубора ба ҷо овард.

 

Шогирди Саъид дар курсии Хилофат

Ибни Мусайябро ҳамин басандааст, ки яке аз халифаҳои Одил, Умар ибни Абдулазиз аз шогирдони ӯ буд. Вақте Умар ибни Абдулазиз волии Мадина таъйин гардид, ҳеҷ амреро бидуни машварат бо устодаш Саъид ба анҷом намерасонид.

 

Саъид ибни Мусайяб мухолифи сиёсӣ ҳам буд

Саъид ибни Мусайяб ҳаргиз дар муқобили зулми ҳоким хомуш набуд ва ҳақро бетаваққуф мегуфт. Сухани маъруфашон дар мавриди золимон ва кумаккунандагони золимон ин аст: “Чашмонатонро пур насозанд ин кумаккунандагони золимон(яъне бо молу сарват чашмони шуморо пур насозанд, то дар муқобилашон сокит бошед) Бо қалбҳоятон инкор кунед (аъмоли бади онҳоро) то ин ки амалҳои солеҳатон (бо хомушӣ дар баробарашон барои лаззатҳои ин дунёни фонӣ) нобуд нагарданд”

 

Вақте ба Саъид ибни Мусайяб аз Бани Умайя, ки ҳокимони он замон буданд, ҳадя ва аз байтулмол барояш маблағ медоданд, намепазируфт. Он маблағҳое, ки махсуси ӯ буданд, дар чанд сол ба сивучанд ҳазор расида буд, вале онҳоро намепазируфт. Чунин мегуфт: “Маро ҳеҷ ҳоҷате нест ба он пулҳо, то ин ки Аллоҳ миёни ман ва Бани Марвон ҳукм ва файсала накунад” (сияри аъломи нубало)

 

Саъид ибни Мусайяб зиндагии боиззат ва сарбаландона дошт. Ҳаргиз пеши касе сар хам накардааст, агар чанде ӯро барои ҷудо кардани сар аз танаш ҳам таҳдид карда бошанд. Волии Мадина дар замони хилофати Абдулмалик ибни Марвон ӯро таҳдид намуд, то ба Валид ибни Абдулмалик байъат намояд, чун ӯ напазируфт ӯро таҳдид намуд, ки сарашро аз танаш ҷудо мекунад. Аммо Саъид бо ин ки ӯро шиканҷа ва озорҳо дар пеш буд, намепазируфт ва гузашта аз он мухолафаташро бо онҳо эълом дошт. Ӯро боздошт намуда, панҷоҳ дурра заданд, сипас дар бозорҳои Мадина гардишаш медоданд ва мегуфтанд: ин ҳолати хорӣ аст.

Саъид бо дили пур аз имон мегуфт: Балки аз хорӣ ба он чи, ки мехоҳем гурехтаем.

 

Чун Абдулмалик ибни Марвон аз кардаҳои волияш дар Мадина огаҳ гардид, ба ӯ навишт: Саъидро беҳтар он буд, ки ба ӯ некӣ кунӣ, на ин ки ӯро мавриди шиканҷа қарор диҳӣ, мо медонем, ӯ ҳамеша мухолифат меварзад.

 

Пас аз ҳама чунин озору шиканҷа марде ба назди Саъид омад ва ӯро барои дуо бар онҳо ташвиқ намуд, аммо Саъид гуфт: «Худоё динатро иззат бубахш, дӯстонатро ёрӣ фармо ва душманонатро барои беҳбудии уммати Муҳаммад, хор бигардон».

 

Духтарамро ба фақир медиҳам, на ба амир

Халифаи амавиён Абдулмалик ибни Марвон хост духтари Саъид ибни Мусайябро ба писар ва валиюлаҳдаш Валид ибни Абдулмалик хостгорӣ намояд. Саъид сахт аз ин хешовандӣ дӯрӣ ҷуст ва нахост духтараш дар оянда ҳамсари халифа гашта сайдаи дарбори амир бошад.

Саъидро ҳамнишине буд, ки ӯро Абдуллоҳ ибни Вадоъа мегуфтанд. Абдуллоҳ чанд рӯзе нопадид гашт. Саъид аз ӯ ҷӯё шуд ва хост то ӯ ба наздаш биёяд. Ибни Вадоъа ба наздаш ҳозир шуда аз ӯ узрхоҳӣ намуд ва сабаби чанд рӯз набудан ва дер омаданашро чунин гуфт: Сабаби наомаданам бемории ҳамсарам ва сипас марги ӯ буд.

Саъид гуфт: чаро моро хабар накардӣ то ба аёдаташ биравем, ё ин ки пас аз маргаш ба ҷанозааш ҳозир шавем? Сипас гуфт: эй Абдуллоҳ! Боз издивоҷ кун.

Абдуллоҳ гуфт: Худо шуморо раҳмат фармояд,  ба мани фақиру нодор чи касе духтар медиҳад?

Саъид гуфт: Ман духтарамро ба ту медиҳам.

Абдуллоҳ аз шарм хомӯш шуд. Саъид гуфт: Чаро хомӯш шудӣ? Инро қабул надорӣ?

Абдуллоҳ гуфт: Ман куҷову духтари шумо куҷо?

Саъид гуфт: Як касро аз ансор бихоҳ! Ӯ ҳозир шуд то шоҳиди издивоҷашон гардад. Чун намози хуфтанро хонданд, Саъид аз худ ходим, чанд дирҳам ва таом омода карда, ба назди духтараш рафт ва ӯро ба издивоҷи Абдуллоҳ даровард. Дар ҳоле, ки Абдуллоҳро ҳеҷ боваре набуд бо чунин духтаре издивоҷ менамояд.

Хобида ва бо паҳлу аз Паёмбар сухан намегӯяд.

Боре марде ба назди Саъид омад, дар ҳоле, ки ӯ бемор рӯи бистараш хобида буд. Мард аз ӯ аҳволпурсӣ намуд ва хост дар мавриди ҳадисе бипурсад. Саъид дарҳол сарашро бардошт ва рӯи бистараш нишаст.

Мард гуфт: Намехостам худро ташвиш диҳӣ.

Саъид гуфт: Ман дӯст намедорам дар ҳоле, ки аз Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо ту сухан мегӯям, бо паҳлу бошам.

 

Ибодати Саъид ибни Мусайяб (раҳ)

Саъид бештар аз чил сол ҳаргиз намози ҷамоатро тарк накарда буд. Ӯ сӣ сол ҳангоме, ки азон гуфта мешуд, алакай дар масҷид буд. Беш аз чил маротиба ҳаҷ карда буд. Ҳатто дар воқеъаи хунини Ҳурра дар Мадина, Саъид масҷидро тарк накарда буд. Дар Мадина ҷанг буд, вале Саъид масҷидро тарк накард ва бар алайҳи муҳоҷимон дуъо мекард.

Бакр ибни Хунайс аз Саъид ибни Мусайб дар мавриди ибодат мепурсад.

Саъид чунин ҷавоб мегӯяд: Ибодат ин фикр намудан дар фармудаҳои Аллоҳ ва парҳезгор будан дар ҳаромкардаҳои Аллоҳ ва ба ҷой овардани фарзҳои Аллоҳ аст.

 

Боз фармӯдааст:

Хеле каромат ва шарофатеро банда бар нафси худ қоил шудааст, ҳангоме, ки Аллоҳашро итоат мекунад. Хеле шахс худро паст ва бе шараф кардааст, ҳангоме, ки Аллоҳашро итоат намекунад ва аз фармудаҳояш дӯрӣ мекунад. Барои шахси муъмин ҳамин пирӯзӣ басанда аст, ҳангоме, ки мебинад, душманаш гуноҳкорӣ ва ба Аллоҳ нофармонӣ мекунад.

 

Дар мавриди дунё чунин мегӯяд: Ин дунё хело пасту ночиз аст, дунёро онҳое орзӯ мекунанд, ки онҳо худ пастфитратанд. Аммо пасттарини ин инсонҳо он иддае мебошанд, ки аз дунё он чизеро мегиранд, ки он ҳаққи онҳо нест ва талаб мекунанд дунёро барои комилан самти дигаре. Пас аз ба даст овардани он ғайримақсаднок истифода мекунанд.

 

Вафоти Саъид

Охири умр ӯ бистарӣ мешавад.  Беморияш рӯз ба рӯз авҷ мегирифт. Нофеъ ибни Ҷубайр ба аёдаташ омада буд, ки он гоҳ ӯ беҳуш шуд. Нофеъ гуфт: Бистарашро рӯй ба Қибла гардонед. Саъид пас аз чанд лаҳза ба ҳуш омад ва гуфт: Кӣ шуморо дастур дод то бистарамро ҷиҳати қибла бигардонед, оё Нофеъ дастуратон дод?

Нофеъ гуфт: Бале.

Саъид гуфт: Агар ман худ аз аҳли Қибла ва дар миллати Ислом набошам, савганд ба Худо аз гардонидани бистарам ба сӯи Қибла ҳеҷ суде нест.

Диққат кунед, хонандагон гиромӣ! Чӣ касе ин суханро мегӯяд? Вой ба ҳоли мо ва шумо ғофилон ва мағрурон бар амалҳои ночизамон.

Имоми тобеъин Саъид ибни Мусайяб соли  94 ҳиҷрӣ, ки умраш ба 80 расида буд, ба раҳмати Худояш пайваст. Пас аз худ се писар, чор духтар гузошт. Чор ҳамсар дошт. Писараш дар мавриди падараш чунин мегӯяд: Падарам аз чизе дар дунё наметарсид, магар аз фитнаи занҳо. Ҳамеша бо ҳамсаронаш муомилаи нек дошт.

Ба такрор мегуфт: Ҳамеша ман бар шайтон ғолиб будам ва бар ман фитнае натавонист анҷом бидиҳад, магар тавассути занҳо ин фитнаҳоро медидам, ки падид меоянд ва аз онҳо дурӣ мекардам. Писаронаш Муҳаммад, Саъид ва Илёс буданд. Ҳангоми вафоташ дар хилофати Валид ибни Абдулмалик буд. Дар Мадинаи мунаввара ба хок супурда шуд. Аллоҳ аз ин имом розӣ ва хушнӯд бошад. Омин.

Таҳияи Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article