Куштори ваҳшиёнаи Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини шаҳри Кулоб аз тарафи кормандони минтақаии Раёсати дохилаи вилояти Хатлон кам монда буд, як тазоҳуроти эътирозиеро дар ин шаҳр ба бор оварад. Тазоҳуроти мазкур қатъ шуд ва ё инки аз нав сар мезанад?
Капитан Комил Назарзода, корманди ОБНОН (отдел по борьбе с незаконным оборотом наркотиков)-и Раёсати минтақаии милисаи шаҳри Кулоб, омили асосии марги Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола боздошт нашудааст ва дар озодӣ ба сар мебарад. Шоҳидони ҳодиса ба «Ислоҳ.нет» гуфтанд, ки маҳз ҳамин
“Комил Назарзода шаби 2 ба 3 юми январи соли ҷорӣ, ҳамроҳ бо се милисаи дигар ба хонаи Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кулоб шабехун зада дастони вайро бо завлона баста ва бо зурӣ савори мошин мекунад. Чуноне ба “Ислоҳ” маълумот расид ин занги телефони аз Ҳисор ба Комил Назарзода будааст, ки шумо рафта Абдуқаҳҳорро боздошт кунед ва мо омада истодаем ва ӯро бо худамон ба Ҳисор меорем. Танҳо бояд боздошт мекардаанду тамом. Нахуст хонаро ҷустуҷӯй мекунанд ва чизе пайдо намекунанд аз хонаи ӯ. Абдуқаҳҳор Розиқовро дар роҳ ба самти милисахона Комил Назарзода ва ҳамроҳонаш зада –зада мекушанд. Табибони беморхонаи Кулоб, вақте ҷасади аллакай беҷони Абдуқаҳҳор Розиқовро Комил ва се милисаи дигар мебаранд, қабул намекунанд, чун,чуноне гуфтем, Абдуқаҳҳор бар асари зарби мушту шиканҷаи ҷонкоҳи Комил Назарзода ва ҳамроҳонаш зиёд давом наёварда дар даруни мошин дар роҳ ба самти «горотдел» ҷон додааст.”
Нақли шоҳидони дуввум дар қазияи боздошти Абдуқаҳҳор Розиқов аз мақомоти Кулоб ба “Ислоҳ” ин аст: Абдуқаҳҳор Розиқовро вақте ба шуъба оварданд ӯро дар роҳ зада буданд вале зинда буд ва роҳҳам мегашт. Аммо Комил Назарзода ӯро дар барқ гузошт ,то аз ӯ эътирофоте бигирад.Комил Назарзода сахт сархуш буд ва ҳарчи мегуфт. Чун занги телефони аз Ҳисор сурат гирифта хело шахси калон ва бачаҳои худи Шоҳурх Саидзода буд. Пас аз боз ҳам задан ва шиканҷаву дар барқ гузоштан дили Абдуқаҳҳор Розиқов бардошт накард ва дар шуъба ҳалок гашт.
Ин ҳодиса, дурусттараш, ин фоҷеаи ваҳшатнок боис шуд, ки садҳо нафар аз мардуми Кулоб дар назди сардхона-морги ин шаҳр даст ба таҷаммуъ зада боздошту муҷозоти омилини қатли Абдуқаҳҳор тақозо кунанд. Мақомот ба издиҳоми башуромада, ки шумораашон лаҳза ба лаҳза дар ҳоли афзоиш буд, ваъдаи боздошт ва муҷозоти милисаҳои қотили Абдуқаҳҳорро медиҳанд. Ва, ҳамин тавр ҳам мекунанд. Дар дасти се милисаи ҳамроҳи Комил Назарзода завлона зада аз назди эътирозгарони бағазабомада мегузаронанд. Аммо дар байни ин се нафар худи Комил Назарзода, омили асосии қатли Абдуқаҳҳор Розиқов пайдо набуд.
“Ба назар мерасад, ки мақомоти Раёсати минтақаии умури дохилаи вилояти Хатлон дар шаҳри Кулоб талош дорад, муттаҳами асосӣ дар қатли Абдуқаҳҳори 37-соларо аз ин қазия ба дур нигоҳ доранд ва бегуноҳ ҷилва диҳад. Бар пояи маълумоти расида ба мо ба он се милисаи дастгиршуда ҳам таъкид кардаанд, ки дар баёноту суҳбатҳои худ дар мавриди иштироки Комил Назарзода дар ин фоҷеаи ваҳшатнок чизе нагуянд ва ҳамаро ба калаи худ гиранд.”
Мақомот бо нишон додани се милисаи дастбандзада ба издиҳоми мардум аз идомаи як тазоҳуроти эътирозии шадид дар шаҳри Кулоб гуиё ҷилавгирӣ карданд. Аммо «баҷо» кардани Комил Назарзода, капитани милиса ва омили аслии куштори Абдуқаҳҳори ҷавонмарг ва низ ин туҳмати милисаҳо, ки Абдуқаҳҳор дар натиҷаи истеъмоли маводди мухаддир (амфетамин) вафот кардааст, сокинони Кулобро башиддат нигарон кардааст ва онҳо қасд доранд, ки дигарбора дар назди бинои милиса ё «горотдел» даст ба тазоҳурот зананд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки мақомоти милисаи Кулоб баъди маросими хоксупории марҳум Абдуқаҳҳор Розиқов, ки бо ишттроки ҳазорон-ҳазор аз аҳолии Кулоб ва навоҳии атрофи он ва таҳти контроли сахти шуъбаи дохила, кумитаи амният доир гардид, чанде аз сокинони ин шаҳрро барои таҷаммуъи эътирозӣ дастгир кардаанд.
Сардори Раёсати минтақавии умури дохилаи вилояти Хатлон дар шаҳри Кулоб Раҳмон Давлатзода мебошад, ки соли гузашта рутбаи генерал-майёрро гирифт. Ҳамин Раҳмон Давлатзода талош дорад, ки сабабгори қатли Абдуқаҳҳор Розиқов, яъне капитан Комил Назарзодаро аз об хушк барорад. Комил Назаров, корманди бахши мубориза бо гардиши маводди мухаддир-ОБНОН-и милисаи шаҳри Кулоб, зердасти Давлатзода аст. Раҳмон Давлатзода, амаки зани Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аст. Давлатзода соли 2020 ба ин мақом таъин шуда буд. Он вақт вай рутбаи полковникӣ дошт. Вай дар Кулоб прокурору кегебеву дигару дигарашро ба як пули пучак намегирад. Мегуянд ҳатто ба Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ ҳам итоат намекунад. Мегуфтааст, ки «ма, ҳамата задагиюм, хусури Рустамум». Аз руи баъзе аз маълумоти расида Қобили падари Раҳмон Давлатзода, аз рафиқони наздики Эмомалӣ Раҳмон будааст, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нест. Хонуми ин генерали амаки зани Рустами Эмомалӣ Сумангул Тағоева, собиқ раиси Кумитаи кор бо занон, собиқ вазири меҳнат ва ҳоло вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мебошад. Раҳмон Давлатзода, ки чор сол мешавад дар Кулоб бедодгарӣ мекунад ҳар рӯзи ҷумъа ва маҳз ҳар рӯзи ҷумъа, ки мардум ба намоз мераванд дар саҳни «горотдел» ош ташкил мекунад, албатта, аз ҳисоби дастгиршудаҳо ва ҳатман бо арақу коняк.
Он чанд нафареро ҳам, ки баъди ҷанозаи Абдуқаҳҳори ҷавонмарг боздошт намуд бар асоси хабари бузҳояш маҳкам карда бархе аз онҳоро хеле зиёд задаву шиканҷа карда ва таҳдид намудааст: “ма шуморо «статя»-и террорист мезанам, шумо бар муқобили Ҷаноби олӣ ва ҳукумат хестагиен». Аммо ин гап комилан буҳтон ва туҳмат аст. Мақсади Давлатзода ин аст ки куштори ин ҷавони 37-сола тавассути милисаҳоро як навъе карда хомӯш созад ва махсусан Комил Назарзодаро аз ин «бозӣ» берун барорад. Қабл аз онки бигуем Комил Назарзода кӣ аст ва ба Раҳмон Давлатзода чи қаробат дорад, аз як ҳодисаи дигар ёдовар мешавем. Дар соли 2011 вақте Давлатзода сардори милисаи ноҳияи Сино-1-и Душанбе буд, он вақт низ як сокини 37 солаи пойтахт бо номи Сафаралӣ Санговро милиссаҳои зердасти Давлатзода дар дохили бинои милиса зада куштанд. Моҷарои ин ҳодиса он солҳо дар матбуот ба таври густарда мунташир шуда буд. Аммо азбаски дар пушти Раҳмон Давлатов Рустами Эмомалӣ қарор дошт, ӯро на танҳо аз кор нагирифтанду муҷозот накарданд, балки ба вазифаи баландтар, ба вазорати дохила ва сипас ба ноҳияи Панҷакент сардори милиса таъин карданд. Мо, наметавонем, ки бар дурустии ин хабари расида итминон диҳем. Аммо мегуянд, ки Раҳмон Давлатзода низ бо аъмоли қаввми Лут машғул буда ва яке аз шарикони ин кораш нафаре бо номи Зуршо будааст.
” Раҳмон Давлатзода барои он талош дорад капитан Комил Назарзодаро аз шумори қотилони Абдуқаҳҳор Розиқов берун барорад, ки Комил бародари Ҷумъа Назаров, муовини сардори УУР-и Тоҷикистон, яъне муовини Шоҳрух Саидов, дӯсти наздиктарин ва ба эҳтимоли зиёд вазири дохила дар ҳукумати Рустами Эмомалӣ аст. Комили бародари Ҷумъа Назаров ягон маълумоти олӣ он тараф истад, ҳатто омузишгоҳӣ надорад. Дар гузашта як мошини куҳна дошт, ки таксӣ мезад. Баъдтар дар «пажарка»-и Кулоб кор даромад, дежурний буд. Сержант доданд ва аз онҷо омад дар фурудгоҳи Кулоб кор кард. Яку якбора рутбаи лейтенант гирифт ва ҳоло мебинем, ки капитан ва корманди ОБНОН-и Кулоб шудааст.”
Чаро ин милисаҳо Абдуқаҳҳор Розиқовро зада куштанд, иллаташ чӣ аст ҳоло маълум нест. Аммо инки Абдуқаҳҳор аз амфетамин мурда бошад, ин дуруғи маҳз аст. Агар Абдуқаҳҳор аз амфетамин мемурд, ҳануз дар хонааш вафот мекард. Абдуқаҳҳор ва аъзои хонаводаи вай аз инсонҳои «духдор»-и Кулобанд. Заррае зарарашон ба ҳеҷ бандаи худо нарасидааст. Падаршонро дар солҳои ҷанг,вақте дар як пости боевикҳо мошинро манъ намекунад,бо автомат тирборон мекунанд. Тир миёнашро мешиканад ва бо ҳамин вай баъди чанде даргузашт.
“Мо, намедонем, ки дар пинҳон кардани шахсияти Комил Назарзода то чи ҳад Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Саид даст доранд ва ё ин кори шахси Раҳмон Давлатзода ба манзури худширинкунӣ ба Шоҳрух ва Рустам бошад, аммо як чиз яқин шуд, ки ба ҳангоми амалиёти боздошти марҳум Абдуқаҳҳор Розиқзода милисаҳои зердасти Давлатзода ба қонуншикании ошкоро даст задаанд.”
Ба хотири он ки гуфтаи мо муътамад садо бидиҳад мо қазияи ба сари марҳум Абдуқаҳҳор Розиқзодаро аз ҳуқушинос дархост кардем ки тавзеҳ бидиҳад. Ва, ҳоло ба шарҳи ҳуқуқшинос шуморо ошно менамоем:
“Фақат дар ҳолате ба ШВКД шаҳрванд оварда намешавад агар дар ҷои ҳуқуқвайронкунии маъмури корманди милиса протокол тартиб дода натавонад.
Дар ҳолати боздошти Абдуқаҳҳор Розиқов дида мешавад,ки ягон асос барои боздошти ӯ ва ба ШВКД овардан ва дастгир кардани Абдуқаҳҳор дида намешавад.
Дар амалҳои кормандони милисаи ш.Кулоб таркиби ҷинояти 4 моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мешавад.
Кормандони милиса УБОП-и ш. Кулоб бо ин амалҳои худ ҷиноятҳои зеринро содир кардаанд:
Моддаи 110 Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Моддаи 143(1) Шиканҷа
Моддаи 314 Суиистифода аз ваколатҳои расмӣ
Моддаи 316 Берун бромадан аз ваколатҳои расмии худ
Моддаи 358 Боздошти ғайриқонунӣ ё ҳабс
Дар мадди аввал бояд нисбати кормандони милиса бо номҳои Шамшод, Зафар ва Ҷамшед Кароматов 1986 ( писари раиси алоқаи кулоб, Кароматов Саъдулло) бо моддаи 358 КҶ ҶТ Боздошти ғайриқонунӣ ё ҳабс парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шавад, чунки аз тарафи онҳо Абдуқаҳҳор бе асос дастгир ва ба ШВКД ш. Кулоб оварда шуд.
Чи тавре ки маълум шуд Абдуқаҳҳор шиканҷа (моддаи 143 (1) ҚҶ ҶТ дода шудааст, ки боиси қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии моддаи 110 (КҶ ҶТ) ӯ мебошад.
Нисбати кормандони милиса бояд бо банди “а” ва “в” қисми 3 моддаи 110 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард, чунки онҳо гуруҳӣ амал карданд ва ин боиси марги Абдуқаҳҳор шудааст.
Фақат ҳамин модда ба мӯҳлати аз 12 то 15 сол аз озодӣ маҳрум карданро пешбинӣ мекунад.
Бо ин амалҳои худ кормандони милисаи Кулоб аз ваколатҳои худ суистифода бурдаанд ва аз воколатҳои худ берун баромадаанд(моддаи 316).
Сардори УБОП-и Кулоб ва ОБНОН ва сардори ШВКД ва РВКДи Кулоб барои хунукназарии худ бояд дар мадди аввал аз вазифаҳои ишғолкардаашон фавран озод карда шаванд.Нисбати онҳо тафтишот гузаронида шавад ва дар ҳолати тасдиқи аъмоли ғайриқонунии онҳо парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ карда шавад.
Ин гап ки Абдуқаҳҳор амфетамин истеъмол кардаву бар асари он дар роҳ фавтидааст дуруғи маҳз аст. Тибқи таъйиди табибон амфетамин, агар аз меъёр зиёд истеъмол шуд, фурсати зиёд намедиҳад, филҳол мекушад. Ӯро милисаҳо ва махсусан ҳамин Комил Назарзода зада куштанд…..
Ҳангоми омода намудани ин матлаб маълумот дар мавриди боздошти амаки Абуқаҳҳор ва ду нафари дигар низ аз Кулоб ба мо расид ва ҷузъиёти онро таҳқиқ менамоем ва ба шумо тақдим менамоем…
Ps: Албатта хонандаи гиромӣ мо дар ин қазия ҳатман таҳқиқоти бештаре анҷом медиҳем ва ҳар ҷузъиёти бештару қобили таваҷҷӯҳе пайдо намудем ва дахолатҳои ошкор ва ғайри ошкори дигареро пайдо намудем, ҳатман онро дар ихтиёри шумо азизони хонанда қарор медиҳем.