Ҳар шумораи «Семейка news» монанди пардаканӣ аз саҳнаи фосидтарин хонадон аст. Агар мардум дар қаторҳои нон ва орд сарсон бошанд, қаҳрамонони мо қудоҳо, духтарон ва домодҳои Раҳмон бо кайҳон, Антарктида, бонкҳо, хонаҳои баландошёна ва тиҷорати гӯшт машғуланд.
Шарифбек қудои оила парчамро ба Антарктида мебарад, вале дар Душанбе гӯштро бо нархҳои осмонӣ мефурӯшад. Исмати «бинӣ» миллиардҳоро аз Роғун ба зарфи зарфу табақ табдил медиҳад, Зайнулло Шарифзода хонаҳои мардумро чаппа карда ба домсозҳо мефурӯшад.
Фарзона Раҳмон бо «Ролтон»-и худ ҳанӯз аз айёми мактаб ишқбозиву тӯҳфаҳои долларӣ дорад, Тахмина бошад бо «културний отдых»-аш Тоҷиддин Пировро аз ҳабс наҷот медиҳад. Ва боз писарони дӯстдошта мисли Дилшод Саидзода аз ҳоло ба курсиҳои вазорат омода карда мешаванд.
Ҳамаи ин бозӣ танҳо як маънӣ дорад: миллат дар зери зулм, вале «семейка» аз пирях то қаср, аз кайҳон то қассобхона ҳар ҷо изи худро мегузорад.
Барномаро тибқи маъмул аз хабарҳои семейка шурӯъ мекунем:
Ахбори Семейканюс
Шарифбеки қудои Раҳмон боз чиро гирифт?
Шарифбек Давлатов, хусури Тахминаи Клеопатра, падари Зарифбек чанде пеш эълон кард, ки қасд дорад аксҳои Эмомалӣ Раҳмонови қудояшро то ба космос бароварда часпонад.
Тобистони имсол як нашрияи чопи Душанбе навишт, ки Шарифбек Давлатов, ҷаҳонгарди тоҷик то қитъаи Антарктида расида, парчами Тоҷикистонро дар нуқтаи баландтарини ин минтақаи яхбаста парафшон кардааст.
Ӯ дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (яъне ин пешниҳоди Раҳмонов асту дар дастгирӣ ва ҳамовозӣ барои ин пешниҳод) Шарифбек Давлатов ба ин қитъа сафар карда, бо таъкиди идеяи ваҳдати минтақавӣ дар баробари парчами Тоҷикистон ҳамзамон парчамҳои кишвраҳои ҳамсоя — Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистону Туркманистонро низ парафшон кард.
Намояндаи ин ҷаҳонгард ( бубинед, ки акнун ин Шарифбеки мошенники гузаро «намоянда» ҳам доштааст) дар сӯҳбат бо «Азия—Плюс» аз номи ӯ гуфт, роҳ ба сӯйи Антарктида осону содда набуд:
«Барои расидан ба қитъаи сардтарин маро лозим омад, ки якчанд кишварҳои қитъаи Амрикои Лотиниро гузарам. Пас аз ин ман ба Антарктида расида, тариқи киштӣ чор рӯз дар уқёнус саёҳат кардам», — гуфтааст ӯ.
Ҳангоми саёҳат ӯ шахсан бо оқибатҳои тағйироти иқлим аз наздик ошно гардида, тасмим гирифтааст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи босуръат обшавии пиряхҳо ҷалб кунад.
«Дар Соли байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо ин иқдом бахусус муҳим аст. Ин иқдом аҳамияти хосса дорад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ парчами мо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, ҳатто қариб 7 моҳ дар кайҳон парафшон шуд. Ҳамаи ин манбаъи ифтихори миллӣ, рамзи ваҳдат ва ифтихору сарбаландии мост», — гуфтааст ӯ.
Худи ин «ҷаҳонгард» ба ин нашрия гуфтааст, ки
«Где бы я ни был, я всегда держал в руках флаг Таджикистана, показывал неповторимые пейзажи нашей страны и фотографии Лидера нации, представляя землю наших предков».
Хонанда ва тамошобини Ислоҳ хуб медонед, ки мо дар бораи Шарифбеки қудои Раҳмонов борҳо навишта будем, ки ин як инсони даюс аст ки зани худаш, модари фарзандонашро куштааст ва ҳатто тиҷоратҳои дӯстони наздикашро баъд аз онки Тахминаро, ки писари Ёрмаҳмад Гулов, собиқ вазири пишепром талоқ карду овозаи бодпойиаш Тоҷикистонро фаро гирифт ба Зарифбеки писараш дод, ана пас аз он шурӯъ ба тасарруф кард ва фикру зикраш фақат андӯхтани сарват аст. Вай ҳозир аст ба ҷойи коғази ташноб бо забонаш маъқади Раҳмоновро тоза кунад. Муҳим барояш шароит диҳад, ки пул ҷамъ кунад.
Ахиран барои вай, албатта, ба ивази хушомаду кунлесиҳояш воридоти гӯшт аз хориҷро ба ӯ доданд. Манбаъи «Ислоҳ» гуфт, ки воридоту фурӯши гушти Белорусияро дар дасти Шарифбеки отаи Зарифбеки шавҳари Тахмина доданд. Аввал дар дасти дигар кас буд, ки нархи килои гӯшт то ба 75 сомонӣ поин омад. Аммо Шарифбек ҷуқид гирифт ва ба 90-100 сомонӣ «туғриш» кард.
Ҳозир гӯштро аз Қазоқистон оварда истодааст. Бачаҳо меоранд арзонтар онҳоро намемонад. Инҳисор-монополия кардааст:
«Шарифбеки Давлатбек, дар бади ҳама задагӣ. Любой бизнесда биниашро тиқондагӣ аст. Тоҷирҳоро сахт ғам медиҳад»
Исмати бинӣ, хусури Исмоили пингвин
Исмати бинӣ, хусури Исмоили пингвин аст. Исмати бинӣ ҳоло раиси Тоҷикстандарти Вилояти Хатлон аст. Як вақтҳо Исмат дар бахши ГСМи сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун раиси маҳсулоти нафтии он буд. Овозаи дуздиҳои Исмати бинӣ аз Роғун ҳамаҷоро фаро мегирад, аз ҷумла ба гӯши Рустам ҳам мерасад.
Рустами Эмомалӣ-тағои Исмоили пингвин меҳмони Исмат мешавад. Рустам мебинад, ки рӯи дастурхон ҳама косаву пиёлаву табақу чойнику чумчаҳои гаронбаҳо ва аз дигар давлатҳо. Рустам ба Исмати бинӣ мегуяд «пули Роғунро дар ҷояш мон, вазифаро холӣ кун».
Исмати бинӣ молу ҳол ва заминҳояшро фурӯхта пулро медиҳад. Баъдан бо мусоидати Соҳибовҳо чанд вақт дар Госстандарти вилояти Хатлон раис шуд ва ҳоло ҳам кор мекунад. Инро низ бояд зикр намоем, ки Исмати бинӣ нахуст дар нефтабазаи Ваҳдат кор кард ҳамаро хароб карду ба хок яксон кард. Барои ин корношоямиаш ӯро ба Роғун ҷой равғанитар гузарониданд. Пас аз сиёҳ кардани Хайрулло Саидов раиси Роғун ӯро чуноне дар боло гуфтем Рустам ӯро аз кор сабукдӯш ва ба Тоҷикстандарти Хатлон фиристод. Ин аст қудошудан бо ин Семейкаи аждаҳор нулат дар равған мешавад.
Зайнулло Шарифзода, посредники Рустам
Зайнулло Шарифзода, раиси фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, яке аз нафарони наздик ба Рустами Эмомалӣ аст. Зайнулло, ки ҷойи Исмати Дулик, Исматулло Абдуллозодаро хеле осону роҳат гирифт,аз «посредник»-ҳои асосӣ ва мавриди эътимоди Рустам мебошад. Вай пачка- пачка иҷозати қарорҳо барои сохтмони домҳои баландошёнаро дар Душанбе ва атрофи он аз Рустам гирифта ба домсозҳо бо нархи хеле ҳам болотар фурӯхта истодааст.
Домсозҳо пушташон ба кӯҳи Қоф задагӣ Мардум ба дод омадааст. Се- чор доми 4 ё 5 ошёнаро чапа мекунанд, мардумро квартирапулии ночиз медиҳанд, то ки то сохтмон тамом шудан иҷора шинанд. Мардум хонаи иҷора намеёбанд то хонаҳояшон тайёр шудан. Домҳоро чапа доранд, секцияхои 3, 4, 5 ва дигарро чаппа карда истодаанд. Барои ҳамин ҳоло корди Зайнулло аз ин ҳисоб ҳам болои равған шудааст.
Печати «Тоҷикстандарт» дар дасти какан ва домод?
Дар шумораи гузашта ваъда карда будем, ки дар бораи Какани Исломиддин-амакбачаи Рустам-маълумоти бештар медиҳем. Ӯ ҳамсари дуввуми ғайри расмӣ гирифтааст, ки зани конибодомист. Ин зан писаре бо номи Меҳрӯбон дорад, ки ба варзиши бокс машғул аст.
Меҳрӯбон бошад, домоди худи Шарифбеки Зарифбек баромадааст: духтари ҳамсари дуввуми Шарифбекро ба занӣ гирифтааст. Яъне бо Зарифбеки шавҳари Таҳмина аз як модар нестанд, аммо боз ҳам қудоӣ кардаанд.
Аз маълумотҳое, ки ба мо аз дохили Тоҷикстандарт расид, бармеояд, ки имзо ва муҳри ин ниҳод дар дасти худи ҳамин Меҳрӯбон қарор дорад. Вай писари ҳамсари дуввуми Исломиддин аст, вале ба хотири робитаҳои дуҷонибааш бо «Семейка» касеро ҳисоб намекунад.
Ӯро «ду дар як» ҳам мегӯянд:
- аз як тараф -писари акаи Эмомалӣ яъне какан,
- аз ҷониби дигар-домоди қудои Раҳмон.
Ба қавли манбаъ, Меҳрӯбон, ки худро боксёр меҳисобад, дар дохили Тоҷикстандарт бо ҳар касе созиш накарда, бо дашном ӯро аз кор пеш мекард. Пас аз чанд моҳ бошад, ба Амрико барои тамрин ва машқҳои варзишӣ сафар мекардааст.
Дилшод Саидзода, вазири оянда
Чанд рӯзи пеш расонаҳо навиштанд, ки Дилшод Саидзода раиси «Федератсияи куҳнавардии варзишӣ ва шахпаймоӣ»-и Тоҷикистон интихоб гардид. Дар хабарҳо омадааст, ки ин таъинот дар Маҷлиси умумии ғайринавбатии интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи куҳнавардии варзишӣ ва шахпаймоӣ»-и Тоҷикистон баргузор гардидааст. Саидзода аз ҷониби аъзоёни федератсия якдилона интихоб гардидааст, гузориш додааст Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Дилшод Саидзода, писари Мурод Саид, сардори дастаи муҳофизони Эмомалӣ Раҳмонов ва аз дӯстони наздиқ ва бачагии Рустами Эмомалӣ мебошад. Вай дар соли 2020 вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе интихоб гардида буд ва то соли гузашта дар мақомоти мухталифи вазорати молия ё дороиҳои Тоҷикистон кор карда ва моҳи майи соли 2024 бо як қарори Эмомалӣ Раҳмонов муовини вазири молия таъин гардид.
Маълум аст ки ба ихтиёри Дилшод вогузории ин навъи варзиш беҷиҳат нест. Тамоми намудҳои варзиши Тоҷикистонро аъзои Семейка ва наздикони он тасоҳуб кардаанд. Ду сабаб дорад. Яке аз вазорату кумитаҳо ба онҳо сармоягузорӣ карда мешавад ва яки дигар ин аст соҳибкорон-бизнесменҳоро маҷбур мекунанд, ки сарпарастӣ кунанд ва низ аз ҳисоби мақомоти байналмилалии ин навъи варзиш ҳам кумакҳои калон ба даст меоваранд.
Гуфта мешавад, ки Дилшодро барои ҳукумати Рустами Эмомалӣ омода карда истодаанд ва шояд раиси яке аз бонкҳо ва ё вазири молия бишавад.
Анвари текстил, Рустам ва Азизмо
Анвари текстил ё Анвари кала (Қурбонов Анвар Бозорович ) як вақт сахт зери фишори Рустам ва Азизмо монд. Худи Анвар нақл кардааст, ки бисёр ҳам сахт тарсидааст ва намедонистааст, ки чи кор кунад. «Агар проверкам мекан, очаҳакома ме@дан. Дар складои дарунум наркотикои Тоҷиддин Пиров буд кати яроқҳои Тоҷиддину додарш Ғулом, ки ай вақти части 3502 –и Суҳроб Қосим монда будан. Як ҳафта дар обу арақ гум бдм. Ай қафом контрол буд, ҷумбида намешид. Додарма (мақсад додараш домоди Нуриддини акаи Президент Зафар Қурбонов занг задм гуфтм срочно хе биё хона. Додарм омад, гуфтмш, ки вақтышда хотири обу руи маву сумои ма тра акаи Ҷаноб дыхтарша дод. Имрӯз ма да и положенияйм а бача накнен номардӣ. Бра занта гир брен ягон илоҷ кунен.
Анвар гуфт додарм рафт ду рӯз занша зора кард, ба беваи ҳаром рафт хонаи амакиш-Президент. Ду, се руз ҳамуҷа монду чизе гуфт, ки ба и кудаки риху (яъне Рустам) у беваи баднафс (Азизмои газетхонак) дамшона гирифтан. Паатои гышна ҳамутарам 20 гектари Текстили мара гирифта бо грузитм кадан, ки ду гостиница месозӣ, меспорӣ шаҳрда.
И кудаки рих. Яъне Рустам, куни оташа бо дронд да талбындагӣ. Вақтышда мара гуфта будан, ки и авлод оли куни ҳамата медронан, биён як шавему якнима кнем Эмомалира. Маи далбаёб, э неее, и данғарагиҳай,и мужикай. И мужик фалон кад ҳамамона. Суҳроб Қосима дору қати кышт, дига данғарагиҳора соф мырғ кад.
Исмати Дулик фурӯхту раҳо шуд
«Агар хоҳӣ ҷонта харӣ, чанқа метонӣ мардума фуруш».
Ин тавсияи яке аз муфаттишони парвандаи Исмати Дулик ба ӯ буд, ки дар панҷумин рӯзи маҳкам карданаш ба Исмат додааст. Ҳам он номаи Исмат, ки дар Ислоҳ чоп шуду аз Комил Мирзоалиев талаб кард 11 миллион долларашро баргардонад то ба ҳисоби давлат (хонда шавад ҳисобҳои Эмомалӣ Раҳмонов) гузаронад ва сабаби раҳоияш гардад ва боз се номаи дигар дар бораи чанд нафари наздики худи Раҳмоновро маҳз тафтишот ба Исмати Дулик тавсия додааст. Исмати Дулик ҳам ин номаҳоро тавонистааст аз СИЗО ба воситаи дубакҳо (дубакҳо бо забони маскунини СИЗО гурӯҳи кормандони одианд, ки дар долони прадол меистанду камерахоро назорат мебаранд, ба маҳкумшавандаҳо ғизо, сарулибос мебаранд) ба нафарони наздикаш равон кардааст.
Албатта, муфаттишон ин тавсияҳоро ба ҳама нафарони муттаҳам мекунанд, то ки баъдан мактубҳои онҳоро дастгир карда, боз гапу кор-маълумотҳо навро ба даст оваранд. Яъне ин як методи маъмулии кори тафтишот аст. Аммо дар баъзе ҳолатҳо дубакҳо мардӣ мекунанд ва мактубҳоро ба адреси даркорӣ бурда мерасонанд. Ба тафтишот ё оперативникҳо оиди мактуб чизе намегуянд. Бидуни шак бар ивази подош ва маблағи калон! Исмати Дулик дар мактуби аввалааш ба чанд нафар аз ҷумла Азизмои газетхонак, Шералӣ Кабир ва бародараш, ки муовини Ҳасани Ориёнбонк аст, Шерзоди ҳевари Тахминаи Клеопатра, Юсуф Раҳмон, Бек Сабур, Нусрати бетурсук ва чанде дигар ҳушдор дода буд, ки дигар хомуш намеистад ва запсу наворҳои онҳоро бо шурӣ-муриҳо ба калонашон мегуяд.
Ёрдамчии Ҳасани Ориёнбонк Холмирзо гуфтааст, ки «фалони Раиса гардм, тонист акаи Исмата бровардан. Раис бо я бори дига нишон дод, ки пири корай. Раис сари вақт қати апаи Озода қуда шид, агане авҳоли Раиса гаренӣ мекардан».
Кароматуллои бачаи Исмати Дулик гуфтааст, ки «отам чор флешкаи 64 гигабайта ва боз чанд диски дигар дорад, ки ҳамааш запсҳои одамони Калонанд: «мондагияй, ки ма копия када да дастм мондагийм. Онашона … ҳами ягон кор отама кнан, бад бинан чи гав мешава. Ма ранги бачаи кали Раҷаб (Раҷабалӣ Одиназода-Умед 88) нестм, ки хап кнм, ҳамаша рост Муҳаммадиқболи Садриддинда рои мекнм, як моҳ фақат дум ба дум барнома мекна. Ана ба Рустами шкоф кати авлодш мебина тую тамошора. Акаи Ҳасан хдшам хит кад, ки иё рост тагша кофтестан. Аввал муовинша бурдан кштан, ҳози отаи мара. Неки ку Умед 88 ҳам кати акаи Ҳасан буд. Неки акаи Ҳасан тонист кунчаи Рустама кати кругш капа. Ина отаи мара полни ҷавоб метан. Рустам фикр кад, ки тамом гап зан ҳамуҳай. Не гашти сарша. Оли апаи Азизмо, акаи Ҳасану Озода зиндаҳан, гап ба ту намераса».
Бинобар хабарҳои расида Кароматуллои бачаи Исмати Дулик Музаффар Юсуфиро я тилтондай, ки вақте ки отаи ма буд, фақат да руған будӣ. Ҳози рангу нишонт нест.
Музаффар Юсуфӣ як бор 27000 доллар, як бори дигар 25000 доллар барои кадом камбуди Исмати Дуликро бартараф кардан ба Кароматулло роҳӣ кардааст. Кароматулло гуфтааст, ки кали ҳароми Музаффар Юсуфиро ҳам запсҳояш ҳаст. Ва боз гуфтааст, ки ҳоло Муҳаммадиқбол камаш гуфтааст. Музаффар Юсуфӣ тар кардаст.
Ва, вобаста ба қазияи озодшавии Исмати Дулик як маълумоти дигар ҳам ба дастамон расидааст. Тибқи ин маълумот барои раҳоии Исмати Дулик аз Маскав ҳам миёнаравҳо талош кардаанд. Яке аз ин миёнаравҳо Умар Кремлёв будааст.
Инҷо бояд як масъаларо хотиррасон намоям. Дар замоне, ки муносибати Кремл (Путин) бо Раҳмонов хуб набуд, нафаре, чандин бор ба Тоҷикистон омад. Боре барои роҳкушоиву боре барои шаби бокс, боре барои кушодани мактабеву боре барои кудакистоневу боре просто барои ужин ё обед. Ин нафар- Умар Назарович Кремлёв. Ҳамон нафарест, ки мегуем. Барои вай аз ҷониби Раҳмонов ва Рустам, раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон Комилхӯҷа Мирзоалиев вобаста буду ҳаст. Ҳатто дар сафарҳои дигари хориҷии Умар як шогирд ё шояд хеши Комил ҳамеша бо Умар аст. Дар назари аввал ин ягон ҳолати аҷиб наметобад. Аммо, агар хуб аҳамият диҳед, дигаргуниҳо шояд шавад.
Умар Назарович Кремлёв дар Русия эҳтирому нуфузи калон дорад. Баъзе аз бародарони муқими тоҷики мо дар Русия мегуянд, ки ҳатто дар таъин кардани роҳбарони шаҳрҳо ва ноҳияҳо Умар тавсия медиҳад ва бо Путин бениҳоят хуб аст. Хусусан дар Москва ва Подмосковье, ки Умар дар Серпухово зиндагонӣ мекунад.
Мегӯянд, ки Умар дар ҳақиқат инсони хоксору хуб аст. Дасти хайр дорад. Муҳоҷиронеро, ки дар таги дасташанду дар ин ё он объекташ кор мекунанд бисёр хуб таъмину пуштибонӣ мекунад. Узбек, тоҷик ё қирғиз, барояш ҳамчун бародаранд.
То онҷо ки шунидем Умар дар Рустам даркор на ин, ки инҳо барои Умар. Комилхӯҷа Мирзоалиев бо номи Умар вале ба коми худаш карда истодааст. Комилхӯҷа аз номи Умар бисёр тов медиҳад.
Комил як шогирд дорад бо номи Одинаев Раҷабмурод. Ин гапҳо аз номи Комилро ҳамон гуфтааст. Одинаев Раҷабмурод гуфтааст,ки «Комил конкретно Раиси шаҳрро фиреб дода истодааст».
Аммо Исмати дулик ба ғайр аз он мактуб, ки аз Комил 11 миллион долларашро талаб кардааст, боз чи таҳдидҳое ҳам ба Комил кардааст. Манбаъ мегӯяд, ки Комил Умарро барои Рустам дар масъалаи раҳоии Исмати дулик миёндаро кардааст.
Фарзона Раҳмон ва «Ролтон»
Ин нафар, ки маълумоти мазкурро дастраси мо кард гуфт, ки Р. Роллтон ва Фарзона ҳанӯз аз солҳое, ки Фарзона толибаи мактаб буд бо ҳам буданд ва имрӯз ва то ба ҳол любовники Фарзона ҳамон аст ва мо аз ин кор хабар дорем.
Соли 2012 ман 17 сол доштам. Як ҷӯра доштам бо номи Р,ки ӯро ролтон мегуфтем. Вай аз Душанбе аз наздикиҳои минтақаи машҳур ба Глазной буд. Бачаи бой ва сумдор набуд, лекин кадом ҳамсояашон бой буд. Он солҳо духтари ин ҳамсояашон, ки майда буд ӯро барои дарс ба литсейи президентӣ бурда меовард. Барои ин кор ҳамсояашон ба Роллтон маош медод. Ман худам дар территорияи кинотеатри Орлёнок зиндагӣ мекардам. Роллтон аз ман 3 сол калон буд.
Ин қиссаро ӯ дар пеши бачаҳои Глазной ва Орлёнок ҳикоят карда буд. Ин бачаҳоро метавонам номҳояшонро нависам, аммо хуб мешавад, ки шумо дар сайт ва барномаатон зикр накунед. Роллтон дар ҳамин вақтҳо ба Фарзона шинос мешавад. Шиносоӣ ва робитаашон дар он вақтҳо фақат дар лицей президентӣ буд.
Рӯзе аз рӯзҳо Роллтон омад ба мо гуфт, ки Фарзона 2000 доллараш падарка додааст. Аз хурсандӣ қариб, ки мемурд.
Роллтон ба Фарзона мегӯяд, ки «ма сағераи камбағалам» ва Фарзона аз кошелокаш 2000 доллар бароварда медиҳад. Баъдтар ба вай мошини Тойота харид. Як рӯзе Ролтон ба бачаҳо гуфт, ки «ҳоли мебинен ман чхели одами болоӣ мешам, бад дигахел дастгиритон мекунм».
Соли 2013 ман ба Русия омадам. То ҳол бачаҳо мегуянд, ки Роллтон аз пушти Фарзона хурда гаштаст, ҳеҷ касро писанд намекунад.
Аз минтақаи Глазной кучиданд, ба куҷо рафтанд бачҳо намедонанд. Лекин Роллтон худаш зуд -зуд ба Орлёнок ва Глазной меояд бо мошинҳои гаронарзиш
Лек агар тамоми авлоди онҳоро фурушӣ инхели мошинҳоро харида наметавонӣ.
Роллтон як бачаи ҷингиламуй, қадаш тақрибан 170-175, сафед пуст, шароби ва нашъаманд аст.
Роллтон ба Фарзона гуфта буд, ки «ин хоҳари манай,на ҳамсоямон»
Азбаски ба автобусу такси кудаки ҳамсояашонро ба лицей прездентӣ мебурд, барои ҳамин Фарзона мошини Тойота харид. Подробно чи гуна ин мошинро харида буд Роллтон дод, намедонам. Вале ин гапҳоро аз худи Ролтон шунидам.
Муйҳои ҷингила дошт. Барои ҳамин Рустами ролтон лақабаш монда буданд. Бачаҳо мегӯянд Фарзона ҳоло ҳам бо Ролтон робита дорад.
Тахминаи Клеопатра ва Тоҷиддин Пиров
Як мақоли мардумӣ ҳаст, ки мегӯяд, «К@и хуб қанот аст». Як рафиқ доштам дар Маскав. Донишгоҳи кишоварзии Душанберо хатм кард. Рафт Маскав. Онҷо аспирантура дохил шуд. Аз давраи аспирантӣ то ҳоло, ки онҷост доктори илм шуд роҳбаронаш фақат занҳо буданд. Бисёр вақт мазоҳу масхарааш мекардам, ки ҳамаи дониши ту дар калаат неву дар фалонат аст. Бисёриҳо аз пушти олоти мардиашон ба хеле аз муваффақиятҳо ноил шудаанд. Барои мисол ҳамин имрӯз ҳам кадоме духтарҳои Пешворо хубу хушру масҳ кунад « мехра мегарда».
Тахмина Раҳмон чандин нафарҳоро, ки кадом вақте бо вай «културний отдих» карда буданду маззаи он то ҳол дар Тахмина ҳаст, кумакҳои зиёд намуда ҳатто аз ҳабси садфоиза раҳо кардааст.
Тоҷиддин Пиров, раиси Бонки рушди Тоҷикистон яке аз любимчикҳои Тахмина аст. Замоне, ки Тоҷиддин Пиров номдор-бонкири №1ва баъдани Тахмина ҳам серобу серталаб буд, аз муошақати онҳо дар доираҳои муайян огоҳии комил доштанд.
Тоҷиддин Пиров бар ивази 5 миллион доллар солҳо пеш Бонки Рушди Тоҷикистони Тахминаро, ки дарунаш як қирон ҳам надошт, харида буд. Мешавад гуфт, ки фақат асноди бонкро харид. Аммо имрӯз маҳз ҳамин бонк сабаб шуда, ки Пировро дар канори Ҷамшед Зиёеви «Тоҷпромбонк» ба зиндон накашанд ва ё мисли Муродалӣ Алимардони «Агроинвестбонк» таҳи трусӣ насозанд. Чунки «Тоҷиксодиротбонк»-и Пиров низ мисли ҳамин бонкҳо аз мардум садҳо миллион қарздор аст.
Чи тавре худи Тоҷиддин Пиров дар як маҳфили унс (узкий круг) нақл кардааст, Тахмина ҳар руз зангаш мезадаасту «биё равем ягон ҷо дамгирӣ» мегуфтааст. Дубай ва Туркия ранги хонамон шуда буд, гуфтаст Тоҷиддин.
«Екатерина дар пеши ин чизе набуд. Оҳ, чандқа …., безор мешудам. Як хел вақт ҳушамро ба дигар чи ва дигар самт мегирифтам, ки афти хунуки Тахминаро дар ин вақт набинам. Паат я девонаҳай. Бо ҳаму вақто ёш буд, пит- пит мекад. Да лифт, да парковка, да даруни мошин, э да любой ҷо биҷиқ мегуфт. Марам ҳаму шаву рузо кором пеш рава гуфта, забона таи дандон мекадму …… Яке агар мефаҳмид, ки ма да Дубай ё Турциядаам мепарид мерафт.
Чанд бор пурсидумша, ки ранги ма чанта дорӣ Тахмин? Мегуфт Тахмина, ки ту корта кн пеши тудам ку, увошда чи кор дорӣ».
Тоҷиддин гуфтааст, «бисёр вақто Тахмина кати да квартирам, ки да доми 9-ошёнаи рӯ ба рӯ и ЦУМ аст, ки ҳози да тагаш кафе Сегафредо аст, кайф мекардем».
Вақте ба душняк кардани Тоҷиддин ва чизу чораҳояшро гирифтан сар карданд, Тоҷиддин мегӯяд занг задам Тахминарову гуфтам «срочно бинмта. Рафтм шинондм мошинда, рост Варзоб дача. Ду сутка фақат хидмат кадм. Баъд гуфтам хотири мара ку намебинӣ хотири ира чи?»
Баъд Тахмина телефонро гирифту ба касе занг заду пурсид, ки «кҷодаӣ, миём ҳози. Рост пеши Озода рафт. Баъди ҳаму иқа ғамым додан, я ду чизома гирифтану неки махкамым накадан», қисса кардааст Тоҷиддин Пиров. Тахмина гуфтааст, ки «то вақте ма ҳастм,Тоҷ быхыр быгард».
Аз руи баъзе хабарҳои расида Тоҷиддин Пиров гуфтааст,ки «паат я вақт бади қати Тахмина хов кадан чи вирусе қапидм 6 моҳ табобат кам, ба гум шид». (Дар дасти Ислоҳ сабти ин суханҳо маҳфӯз аст)
Ps: Қиссаҳои «Семейка news» шӯхӣ нестанд миллати азизам ҳар хабару овоза, ҳар ишорату бозии қаҳрамонҳои он, рӯйдоди зинда ва воқеъии кишвар аст. То даме ки қудрат дар дасти ҳамин авлод аст, мардум бо чунин «ахбори семейка» зиндагӣ хоҳанд кард. Ҳоло мо аксари қисматҳои фаҳши ошкорои онро пардапӯш бароятон овардаем. Дар асл бовар кунед просто кошмар аст.