Ш. Шоҳиён, раиси Суди Олӣ саисхонаи нав месозад.Судяҳо даҳҳазорӣ бояд диҳанд…

Ислоҳ нет

Ба номи Худованди бахшанда ва бениҳоят меҳрубон.

Бародари азиз ва бисëр гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз онки аз бемории ҳамагир шифо ёфтаву сари кор омадед, хеле хушҳол шудем.

Мо  як гурӯҳ  аз судяҳои навоҳии тобеъи марказ барои он ба Шумо менависем,ки  зулм ва беадолатии роҳбарон моро маҷбур кард то ин номаро барои шумо ирсол намоем.

Номаро метавонем аз кору амали раиси Суди олии Тоҷикистон  Шермуҳаммад Шоҳиëн оғоз намоем. Шоҳиён як шахси бесавод, илми ҳуқуқ бехабар ва аз ҳокимияти судӣ фарсахҳо дур аст. Ӯ соли 2015 раиси Суди олӣ таъин шуд. Дар замони роҳбарии вай  37 судя зиндон ва 70 судяи дигар барои рехтани обрӯ ва шаъну шарафи судягӣ аз кор озод карда шуд.

 “Ҳар сол тариқи озмун судя- коромӯз то 75 нафар ба кор қабул мекунанд. Сари ҳар як судя кор- омуз 15.000$ ҳақи Шоҳиён 5000 ҳақи Асадуло Раҳмон (Субулоғо чуноне,ки шумо мегуед) дода мешавад. Раиси суди ноҳияи Сино Рушанзода Сӯҳробро ҳамчун арӯсакаш барои истифодабарии корҳояш ҳамчун кошелёк истифодааш мебарад.”

Судяҳои вилояти Хатлон барои табобати духтари Шоҳиён, ки чанд сол фарзандор нашуд,  25000доллар ҷамъ карданд то хориҷа барои табобат фиристода шавад. Ҳатто Шоҳиëни баднафс аз судяҳои вилояти Бадахшон, ки танҳо бо маош зиндагӣ мекунанд, «доля» талаб карда истодааст. Судяҳои вилояти Суғд аз тариқи раиси Суди вилоят ҳар моҳ сари ҳар як судя 200$ ҳақи Шоҳиён 50 $ ҳақи раисони коллегияҳо оварда ба Суди олии кишвар месупоранд.

Раиси суди шаҳри Душанбе  Ғиёсзода Исмон  барои Шоҳиён аз 4 ноҳияи шаҳр «ҳақи раиси калон» гуфта сум ҷамъ мекунад. Судя дар даврони раисии ин золим дар Тоҷикистон ба шахси беҳуқуқи дасткӯтоҳ ва аз рӯи арзиш ба сифр баробар шудааст.

“Шоҳиён имрӯзҳо дар пайи сохтани як фермаи нав барои аспҳои худ дар шаҳри Ҳисор аст. Аз ин рӯ аз мо тамоми судяҳои кишвар ба таври қотеъ талаб дорад, ки барои сохтмони ин аспхонааш даҳҳазорӣ ҷамъ намоем.”

Дар миëни мо судяҳо кайҳо боз ин сухан паҳн шудааст, ки Шоҳиëн раиси Суди Олӣ не, балки як нафар човандоз аст. Системаи судиро дар кишвар тавре хароб ва беарзиш намудааст, ки дар  гузашта дар даврони ҳеҷ раиси Суди олӣ чунин ҳолату вазъият набудааст. Раисони судҳо шаб то рӯз дар шаҳри Ҳисор дар пайи сохтани саисхонаи  Шоҳиëн аст. Ба кор ҳам намеояд. Мӯҳр ë печати суди ноҳияро дар дохили сейф  маҳкам карда меравад. Бечора судяҳо чанд рӯз интизор мешаванд то ӯ ними шаб омада қарорҳои онҳоро печат монад.

“Дар Тоҷикистон 400 судя фаъолият дорад. Ҳамаи онҳо бояд дар наздиктарин мӯҳлат барои сохтмони саисхонаи Шоҳиён даҳҳазори маблағ бисупоранд.”

Система судии Тоҷикистон имрӯзҳо дар дараҷаи сифр ва поинтар аз он қарор дорад. Ин система ба андозае фалаҷ шудааст, ки то замоне мисли Шоҳиён раис дошта бошад имкони солим шуданаш муҳол аст. Худи Шоҳиён сабабгори асосии ин фоҷиа аст.

“Судя дар Тоҷикистон танҳо як ҷисми беҷон аст. Руҳи ӯ кайҳо боз онро тарк гуфтааст. Аз раиси ноуҳдабарои кишвар сар карда то ба раиси Суди олии имруза дар нобуд кардан ва беобрӯ шудани ин мақомот даст доранд. Ришваситонӣ  дар ин низоми судӣ ба ҳадде расидааст, ки  танҳо роҳи ҳалли он дигаргун кардани саркардагони он ва дар ҷойи  онҳо  овардани кадрҳои поквиҷдон ва боинсоф  аст. Шоҳиён барои содир кардани ҷиноятҳои бешумораш бояд равонаи оғили аспҳояш шавад.”

Раиси Суди олии кишвар, ки танҳо орзуяш доштани аспи беҳтарин ва сохтани аспсарои беҳтарин аст, арзиши ин посту мансабро надорад. Ҳазорон мардуми бегуноҳ имрӯзҳо  ҷудо аз зану фарзанд ва падару модар дар паси зиндон гирифтори ранҷу беморӣ  ҳастанд. Аммо раиси Суди олии Тоҷикистон дар пайи сохтани аспсарои беҳтарин аст ва дигар судяҳо бояд барои ин сохтмон 10.000 ҷамъ оварда диҳанд. Худи  судя бошад 1500сомонӣ маош мегирад. Пас,судяҳо ин пул ва ҳаққи раису раисони коллегияҳоро аз куҷо ба даст оварад? Магар Шоҳиён инро намедонад? Магар худи Шоҳиён бо ин амалҳои худ судяҳоро  ба гирифтани пораву ришва тела намедиҳад? Адолат куҷост? Миллати азизи кишвар ин ҳама дороиҳои ин мақомдорон аз ҷайби ману ту ва мардуми дар банд буда аст. Ин ҳолатро ману ту то ба кай таҳаммул намоем? Чаро мо бояд тамоми зиндагиамонро сарфи айшу ишрати ин табақа мардуми бевиҷдон созем?

Ps: Ин нома аз як гурӯҳ  аз судяҳои навоҳии тобеъи марказ ба “Ислоҳ” расида аст. Агарчи хело кутоҳ аст вале дарди ин соҳаи хело муҳим ва ҳаётии кишварро хело олӣ дар худ дарҷ намудааст. Аҳсан бар шараф ва номуси шумо судияҳои поквиҷдон,ки аз ноадолатии ин система норозиед ва эътирози худро намудед.  Кормандони Пойгоҳи “Ислоҳ” ба шумо қавл медиҳем,ки дар мавриди ҳаёти паси пардагӣ, ҷиноятҳои Шермуҳаммад Шоҳиён таҳқиқоти бештаре анҷом диҳему тақдими миллат ва мардуми кишвари азизамон намоем. Ҳар маълумоте аз човандоз Шермуҳаммади Шоҳиён раиси суди олии кишвар доред ба “Ислоҳ” фиристед, то рӯйи он кор намоем. Дигар хомӯшӣ бас аст, вақти амал ва гуфтани ҷиноятҳои мақомдорони бетавфиқи ин системаи фалаҷгашта омадааст.

  “Ислоҳ” дар хидмати шумо ва барои шумо миллат ва мардуми азизи кишвар таъсис ёфта аст ва то охир бар алайҳи ҳар бедодгариҳои мақомдорони радаи аввали кишвар мубориза ва муқовимат хоҳад кард. Фошкориҳои ҷиноятҳои ин ҷинояткорон барои мо шараф ва аз ҳисси баланди ватандӯстии мост!

Share This Article