(бахши аввал)
Мо, ин номаро бачаҳои Ворух ба Шумо ирсол менамоем. Чуноне мо фаҳмидем, маънои Қонуни танзим ин «ба халқ надиҳеду ба мо диҳед» будааст.
Аз ҳамон рӯзе, ки ин қонун рӯи варақ омад зиндагии халқ ба пастӣ рафтан гирифта истодааст. Яъне чи тавр? Мардум барои онки тӯю хурсандии худро гузаронад, писарашро хатна ва ё тӯйи арӯсӣ баргузор кунад харҷи чандинкарата карда Русия мераванду онҷо ин маросимҳояшонро мегузаронанд. Фақат як туйхона аз 450 то 800.000 рубл нарх дорад. Боз дар даруни ин харҷу масорифи зиёде ҳаст. Агар ин ҳама пул дар дохили худи Тоҷикистон бимонад беҳтар нест? Мо фикр мекунем, ки ин як сабаби кам шудани савдо ва пастравии даромади истеҳсолкунандаҳо, бахусус кишоварзҳо мешавад. Як овардани арӯс ба Русия ва бозгардонидани он, хешу таборонаш, ҳамаи ин хароҷот дорад.
Дуввум чизе, ки мехоҳем дар бораи он гап занем ин масъалаи «облава» аст. Қариб аз тамоми даъватшавандаҳое, ки дар рухсат ҳастанду ҳоло дар кишвар зиндагӣ намекунанд, масалан дар Русия ҳастанд, амниятиҳо падару модарони онҳоро даъват карда забонхат гирифта метарсонанд. Дар ниҳоят ҳар яке аз онҳо 5-6.000 сомонӣ дода як муддат ором мегарданд. Ана ин аст коррупсияи руирост. Инро то раиси шаҳри Исфара Баҳовадин Баҳодурзода ҳам медонад, ки вазъият ҳамин хел аст. Аммо ҳамагӣ дар «доля» шариканд, барои ҳамин сокитанд.
Саввум ҳолате, ки мехоҳем дар борааш гап занем қонун дар бораи ронандаҳо аст. Бинед, агар ронандаро дар ҳолати сархушӣ ва мастӣ қапанд 24.000 ҷарима ва 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум мекунанд. Агар бе ҳуҷҷати ронандагӣ қапанд 13,5-ҳазор ҷарима ва ҳоказо. Акнун бинед, ки коргарони БДА 10-нафарро масту бе ҳуҷҷат қапанд як нафарашро протокол кунанд, нуҳ нафари дигарро ба нисфи ҳамин маблағ ҷавоб медиҳанд. Ана ин аст коррупсияи ошкоро. Мехи хонаи баъзе аз кормандони БДА аз тилло шудагӣ аст. Дар Ворух як коргари БДА бо номи Ҷомӣ дар ҳамин кор машҳураст. На ҳаром на ҳалолро фарқ мекунад.
Чаҳорум чизе, ки мехоҳем гап занам ин дар бораи мактабҳое, ки санади ронандагӣ медиҳанд, мебошад. Мактабҳои ба ном Автосантал бояд пурра барҳам дода шаванд. Пеш аз ин Автосантал нархи «права» 800-900сомонӣ буд аммо ҳозир бошад ба маблағи 6000-7000 ҳазор бачаҳо наметавонанд «права» бигиранд. Ман худам шоҳид ҳастам, ки чандин нафар аз ворухиҳо ин мактабро хонда 5000 сомонӣ ҳам сарф карда аммо ҳуҷҷат- «права» гирифта натавониста ба Русия рафтанд. То ки камтари дигар сум кор карда бурда ба Автосантал супоранду сипас ҳуҷҷаташонро гиранд. Дар ин мактабҳо, ки гуфта мешавад тобеъи ФАРОЗи Шамсулло Соҳибов ва духтари Эмомалӣ Раҳмонов аст, ҳамон духтаре, ки феълан дар Британияи Кабир сафир таъйин шуд Рухшонаи Эмомалӣ, коррупсия аз посбони мактаб, то раиси онро печонида гирифтааст.
Пешниҳоди панҷумамон дар бораи пиллапарварӣ дар Исфара мебошад. Корхонаи пиллаи ш. Исфара ҳам дигар мисли корхонаи кимиёвӣ ва тавлиди спирти Исфара дар дасти аъзои оилаи Раҳмонов гузаштааст. Бубинед, ки чаҳор-панҷ соли ахир чи кор мекунанд? Ба мардуми Ворух 45-қуттӣ кирмак медиҳанд, аммо дар асл ҳамон чиз –пилла худаш нест. Раиса бошад ҳамроҳи Тураев Зинур ва собиқ бригадири шумораи 16-Баён Набиев қариб ҳафтод қуттӣ тақсим мекунанд. Аз ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ бо сардории Раҳматова Меҳринисо 1500-сомонӣ мегиранд, худи кирмакро ягон кас намебинад. Мегуянд, ки ҳақи шуморо бо ин маблағ мо ба дигар ноҳия медиҳем. Қасам ба номи Худо дуруғи маҳз аст. Ин пул байни аъзои оила, Раҳматова Меҳринисо, Набиев Баён ва Тураев Зинур тақсим мешавад. Гап дар сари он меравад, ки ин қутти кирмак танҳо ба Ворух тақсим намешавад. Ба мардуми деҳаҳои дигар ҳам маҷбурӣ ба номашон кирмак навишта аз онҳо пул меситонанд. Инҷо маблағи шашсифра мешавад.
Бояд бигуем, ки мо якчанд нафар оиди ҷиноятҳои заминсози Ворух Тураев Зинур ва раиси ҷамоат Раҳматова Меҳринисо ба прокуратура муроҷиат карда будем. Тураев Зинурро пурсиш гузаронда бар ивази гирифтани маблағи калон ҷавоб доданд Раҳматова Меҳринисоро бошад аз Душанбе фармон омада буд, ки ҳоло нарасед. Мо боз барои ин ду нафар ба ҷои дигар муроҷиат кардем, ҳамин шабу рӯзҳо тафтиш рафта истодааст. Чанд ҳафта мешавад, ки Тураев Зинур дар назди прокуратура аз ҷиноятҳои худ ва раиси ҷамоат ҷавоб медиҳад. Дар Ворух бошад органҳои амният ва дохила шахсоне, ки ариза навишта буданд маҷбур карда истодаанд, ки аризаашонро гиранд ё тарфдорӣ аз Тураев Зинур намоянд ё нависанд, ки ин гапҳо ҳамааш дуруғ аст.
Бародар Муҳамадиқбол дар бораи Тураев Зинур мо ҳоло кам гуфта истодаем. Вай айни корҳое, ки Сахиюлло Саидаминов, раиси кумитаи замини ноҳия мекард, ҳамон корҳоро карда истодааст.
Тураев Зинур солҳои охир ба ҷиноятҳои бениҳоят вазнин даст зада истодааст. Тасаввур кунед вай чи хел одами ҳалол аст, ки давоми 10-соли охир бе маош кор мекунад. Гуё дигар ҳеҷ кас нест, ки ба ҷои ӯ кор кунад. Дар як ҳавлӣ 5-6 оила зиндагӣ мекунанд, муҳтоҷи замини наздиҳавлигӣ ҳастанд, ба додашон ба ҳар баҳона ҳеҷ кас намерасад. Тураев Зинур бошад барои муҳофизати худаш қариб ба ҳамаи коргарони амнияту милиса замини наздиҳавлигӣ ҷудо мекунад. Онҳо бошанд замини гирифтаашонро ба худи мардуми Ворух фурӯхта ҳамаашон аз Ворух рафтанд. Аз бари болои бозори Чоршанбеи нав қариб 15-участкаи наздиҳавлиги фурӯхтааст, аз чанд нафари дигар маблағи зиёд ҷамъовари намудааст. Коргарони ҳифзи ҳуқуқ ба мардуме, ки ариза барои участка пешниҳод кардаанд фишор оварда истодаанд, то ки аз аризаашон даст кашанд. Дар мавзеи туйхонаи Ҳафтдодарон ва посёлка чандин нафарро бо фиреб участкаи наздиҳавлигӣ пешниҳод карда пулашонро гирифтааст. Аз ҳама аҷибаш он ки ба бузҳои амниятӣ ба мисли Раҳматов Раҳмат ду участкаи наздиҳавлигӣ додааст, ки вай фурухта қарзҳояшро соф карда истодааст. Дар минтақаи Тушқалиқ бошад як селроҳаро участка медиҳем гуфта аз 80-нафар 5000-сомонӣ ҷамъ вале ягон тинашро сарфа накардааст. Ба механизаторҳое, ки бояд бо ҳамин маблағ селроҳаро ҳамвор месохтанд дутоӣ участка ваъда кардааст. Пас, он маблағи ҷамъшуда куҷо рафт худо медонаду Тураев Зинуру Раҳматов Раҳмату Раиси ҷамоат Раҳматова Меҳринисо. Оё ин ҷиноят нест?
Дар Исфара бошад дар мавзеи Сомониён Тураев Зинури «бемаош» як хонаи ба мисли қаср бунёд карда истодааст. Дар як ташкилиашон ба рафиқонаш гуфтааст, ки 10-миллион маблағ сарф шуд, ҳамин қадари дигар то охир лозим. Мутаассифона имрӯзҳо амният, милиса, комиссариати ҳарбӣ, қисмҳои ҳарбӣ, боз ҳоло ОМОН ҳама як мафия ҳастанд. Ҳар замине,ки Тураев Зинур ,то имрӯз дар Ворух фурӯхт маблағи он заминҳоро ба харидорон мегуфтааст, ки ба ҳисоби писарам Тураев Мурод Зинурович, ки дар Русия дар шаҳри Самара қарор дорад гузаронед. Хело бо роҳи осон ва бе хатар тавассути писараш маблағҳоро мегирифту замин фурӯшӣ мекард. Ба назар мерасад тамоми мардуми Ворухро ахта карданд, хурусҳо ҳама ҷои мокиёнҳоро гирифтаанд, мокиёнҳо бошанд бо амнияту милисаҳо зино мекунанд, мардҳояшон дар роли даюсанд. Бовар кунед, дуруғ намегуям. (ин ҳама комилан навиштаи Ворухиён аст, чизе мо илова накардаем)
Ин Меҳринисо Раҳматова гуё омода аст дар ҳар лаҳза марзу буми ватанро муҳофизат кунад. Аммо дар асл ин тавр нест. Ба қарибӣ чарогоҳи Чорчаликро маҳз бо имзои ҳамин бонуи ватандӯст ба қирғизҳо фурӯхтанд. Ҳар боре тирпаронӣ мешавад як-ду ҷавон ҷон ба ҷонофарин месупорад, аммо Меҳринисо Раҳматова хомӯш. Бачаҳое, ки орият мекунанду зидди қирғиз мехезанд ҳамоно Меҳринисо Раҳматова ба амниятиҳо занг мезанад. Тасавур кунед шаш моҳ кор накарда бо дастгирии Сиҷоиддин Саломзода (раиси пешини Исфара) аз дасти Ҷаноб ордени сари синагӣ гирифт. Ҳама ҳайрон шуданд, ки барои кадом хизмат. Меҳринисо Раҳматова як муаллимаи оддӣ буд, ки бо маоши ночиз зиндагиашро пеш мебурд. Як палточаи ранги кабудча дошт. Аз давраҳои арусӣ ё аз очакалонаш мерос монда буд. Хулоса ҳар зимистон ана ҳамонро ба бар карда ба мактаб меомад. Шоирӣ ҳам мекард, шеър менавишт. Аз ин ҷиҳат мардум каме бошад ҳам эҳтиром мекарданд. Ҳоло бошад қариб ҳар моҳ ба раиси ҷамоат аз мағозаҳои шаҳр сару либос харидорӣ мешавад. Ба хонааш равед диванҳои чармин гирди хонаро гирифта аст. Беруни ҳавлӣ бошад бо кафелҳои қиматбаҳо роҳравҳояш сохта шудаанд. Аҷоиби кор дар чист? Вақти омадани Ҷаноб як корхонаи дузандаги ба номи духтараш кушода дар телевизион намоиш доданд. Гуё духтари Меҳринисо сехи дузандагӣ кушода 20-нафарро ба ҷои корӣ таъмин кардааст. «Муҳтарам Ҷаноби олӣ, мо бо дастгирии хирадмандонаи шумо, бе восита бо дастгирии шумо сехи дузандагӣ кушода 20-нафарро бо кор таъмин намудем. Аммо баъди рафтани Эмомалӣ ва Қофлонбой аз сехи дузандагӣ на номаш монду на духтари Меҳринисо Раҳматова . Сехи қаннодӣ ҳам ҳамин тавр шуд. Номи духтари Меҳринисо Дилнавоз Юсуфӣ. Вақте ин сехро кушоданду чанд занро болои дастгоҳҳои дузандагӣ нишон доданд, бовар кунед, ки ягонтои онҳо ворухӣ набуданд. Аммо барои таърифу тавсифи духтари Меҳринисо Раҳматова ин корро карда Ҷанобашонро сахт аҳмақ карданд. Ҳозир, чи хеле гуфтам, аз ин корхона ному нишоне боқӣ намондааст. Охир то ба кай инхел ҳела мекунед ва худатонро ширин мекунед? Мо дигар ин ҳама но адолатиҳоро дида хомӯш буда наметавонем.
Домодаш бо маводи мухадир яъне бо героин ҳабс шуда буд. То онҷое маълумот дорем ин домоди Раҳматова Меҳринисоро Сиҷоуддин Саломзода ӯро кришоват карда аз зиндони Хуҷанд озод намуд. Шавҳари ана ҳамин директори сехи дузандагию кондитерӣ Дилнавоз Юсуфӣ. Шахсе беш аз даҳ сол ҳукм гирифта бо маводи мухаддир дастгир шударо озод менамоянд. Аммо афроди бе гуноҳро беш аз 15 сол ҳукм медиҳанд.Аммо домоди Раҳматова Меҳринисоро пеш аз муҳлат аз ҳабс озод карданд. Бовар дорам, ки чунин кор дар ягон ҷои Тоҷикистон нашудааст. Хулосааш ин аст ки бо «мафия» зич пайвастааст.Боз аз беҳбудӣ сухан мекунад. Маҳз ана ҳамин раиси ҷамоат бо Тураев Зинур бисёр заминҳоро фурухтанд. Ҳозир дар Исфара замин ва квартира ва дар Душанбе ҳам квартира харидааст. Ин ҳама дову дастгаҳ аз кадом ҳисоб?
Камтар дар бораи бузҳои амниятӣ дар Исфара:
1.Умед Фахриддинов
Ин шахс аз авлоди герчикҳо мебошад. Манзур ин аст,ки тақрибан оилаи ин Умед Фахриддинов махсус бо маводи мухаддир дар Русия дастгир шудаанд. Тағои Фахриддин Шарипов Боисиддин, ҳамроҳ бо Шарипов Рукниддин бо миқдори 30 кг маводи мухаддир дар Екатеренбург дастгир шуда буданд ва 15 соли маҳкум ба зиндон шуданд. Тамоми авлодаш аз тағоҳояш то додараш бо маводи мухадир яъне героин ба даст афтода ҳабс шудаанд. Чандин нафаронашон дар шаҳрҳои Русия дар зиндонанд. Инҳо хешҳои наздики раиси ҷамоат Раҳматова Меҳринисо мебошанд. Ҳоло бо автобус ба Русия одам мебарад. Пеш аз сафар ҳама бачаҳо паспорташонро ба ӯ месупоранд.Вай бошад кабл аз баромадан ба сафар ба милисаҳо ва амниятиҳо занг мезанад ва чанд нафар призивник ин дафъа сафар мекунадро хабар медиҳад. Чандин бор бачаҳои камбағалро бо ҳамин роҳ ба дом афтондааст.
2.Насриддинов Изҳориддин:
Ин шахс бошад якум ташвиқоте,ки мебарад ин аст гуё Ҳисейн Ашуров ва Муҳаммадиқболи Садриддин одами ҳукуматианд. Касе бо онҳо алоқа кунад ҳамаи хабар аз тарафи онҳо ба амният омада мерасад. Ҳамин тавр тамоми мардумро метарсонад, то бо шумоҳо иртибот пайдо накунанд.
Як анбори чубу тахтафурушӣ дорад. Мардум аз он дар ҳайрат аст ки агар ягон маводи сохтумони ба Ворух воридот шавад ҳамоно шахсони мутасаддӣ бо баҳонаи онки аз қирғиз харидӣ «конфискават» мекунанд. Борҳои Изҳориддин бошад бо фура бо номерҳои қирғизӣ ба анбор меоянд, бе малол борашонро холӣ мекунанду оҳиста баромада мераванд. Аҷибаш он аст, ки анбор 200м аз амният ва милисахона дур асту халос. Ҳеҷ кас гуё надидаасту нашунидааст. Сарҳадбонҳои тоҷик бо сарҳадбонҳои қирғиз забон як карда ҳар якашон доляи худро мегиранд, милисаҳо бошанд низ ҳамин тавр амният ҳам бе насиб нест. Дар охир ҳамаи ин «расход» ба болои чубу тахта ҷамъ мешавад ва бо нархи миёншикан ворухиҳо бе чуну чаро мехаранд. Изҳориддин дар бари болои бозори Чоршанбе як дачаи ғайриқонунӣ дорад. Қариб ҳар ҳафта ин лошахурон он ҷо ҷамъ мешаванд ё буз ё гусфанд мекушанд. Айни ҳол «криша»-и асосии Изҳориддин Насриддинов коргари прокуратура Зайниддинов Амириддин,ки ӯ ҳам аз Ворух аст ном шахс мебошад. Амириддин бародари Зайниддинов Муртазо дар донишгоҳи миллӣ декан аст.
Чанд сол пеш акояш Зайниддинов Зайниддинхуҷаро Амириддин Зайниддинови прокурор бо табар ба пои росташ чунон мезанад, ки пояш қариб ду тақсим мешавад. Дар натиҷа акояш ҷон ба ҷонофарин месупорад. Ягон идора ин қотилро напурсид. Боз як ҷинояти Изҳориддин Зайниддинов аз ин иборат аст,ки дар мавсими даъват ба тамоми маҳалла як нафари «призивник» гурзит мекунад. Ва ё 200.ҳазор рубли Русия меоред ба ҷои маҳаллаи шумо мо худамон даъватшаванда меёбем. Бечора муҳочирон ба он хотир, ки маҳалла ва домуллои маҳалларо хавотир накунанд ҳар мавсим ин маблағро ҷамъоварӣ намуда ба картаи Эсхтаи Изҳориддин Насриддинов интиқол медиҳанд. Охир шахс гаранг мешавад. Вай коргари давлатӣ набошад ё дар ягон мақомот кор накунад, пас пулҳои даъватшавандаҳо баро чи ба дасти ӯ меравад? хулоса ҳаромхурию коррупсия дар Ворух ба нуқтаи охирини худ расидааст.
3.Бузи дигар Абузуҳури таксист аст:
Ин одам ба аэропорт одам мебарад. Кӣ меравад, кӣ аз Русия омад, ҳамаашро ба амният хабар медиҳаду корди амнияту милисаҳоро болои равғани думба мегардонад.
Айни замон раиси танзим Тоҷибоев Абдумусалим бо маслиҳати Раҳматова Меҳринисо аз шахсоне, ки оши никоҳ медиҳанд 3000 сомонӣ мегирифтааст. Агар арусшаванда ба Русия меомадагӣ шавад бо воситаи ана ҳамон таксисту шахси вобаста ба автобусҳо рӯзи сафар аниқ карда мешавад ва дар роҳ онҳоро дақиқан ҳамон рӯзи сафар милисаҳо ва коргарони амният манъ мекунанд ва мегуянд: «ҳа, арусаки беномус,ки аз хизмат гурехта рафта ба шавҳари бе номуси гурехта рафтагиба шавҳар мебароӣ? Аввал забонхат навис, ки баъди туй дар Русия шавҳарат омада хизмат мекунад». Ҳамин тавр бо тарсондану фишор оварданҳо миёнадароҳо пайдо мешаванд, ки ҳам аз авлоди арусу ҳам аз бузҳои амниятӣ хулоса дар охир бо миёнаравии бузҳо масъала ҳал мешавад. 3-4 ҳазор сомонӣ месупоред, то ки онҳо ба началникашон нафаҳмонанд. Ҳамин тавр арусак ба Русия меояд.
Як духтар ҳаст бо номи Ҷонона Ҷалолова,ки қариб бо тамоми милисаҳо ҳамхоба шуддааст. Касбаш оро додани арусакҳо аст. Кошонаи ҳусн дорад бо номи “ҶОНОНА” Агар соати 12-шаб ба ӯ ягон чиз ё кор нафорад даррав началники милиса ба хизмати ӯ омодааст ҳар чизе гуяд анҷом диҳад.Бовар кунед,хеле аз ҷавонҳоро бо ҳамроҳии милисаҳо подстава кардагӣ аст. Агар дар мавриди ин Ҷонона Ҷалилова нависем даҳҳо сафҳа ҷиноят мебошанд. Ҳатман ба ӯ ҳам муфассал бар мегардем.
Ps: Ҳангоми омода намудани матлаб ба “Ислоҳ” аз Ворух чунин маълумот расид, ки қариб ҳафтод нафар сокинони Ворух ариза навиштанд ба Прокуратураи шаҳри Исфара бар алайҳи Тураев Зинур. Тураев Зинур дар баёноташ чунин навиштааст: “ман ҳеҷ кореро бе иҷозати раисаи ҷамоъат Раҳматова Меҳринисо накардаам.”
Аммо пас аз хориҷ шудан аз прокуратура ӯро раиса Раҳматова Меҳринисо кумак мекунад, то аз Тоҷикистон ба Русия фирор кунад. Феълан дар шаҳри Новосибирск қарор дорад ва дар ҷойи махфӣ сукунат дорад ва ҳеҷ касро аз макони буду бошаш намедонад. Танҳо Раҳматова Меҳринсо гуфта будааст ба Зинур, ки корат тенҷ шуд ман хабарат мекунам ҳоло истироҳат кунед онҷо.
Поёни бахши аввал, идома дорад баррасии шикоятҳо аз Ворух…. Шумо ҳам метавонед ҳар шикояти худро нависед,то дар бахшҳои дигари он нашр гарданд.