Шуруъ аз соли 2016, яъне 2017-18-19 ва то имсол соли 2024 ҲНИТ-тарафи дигари сулҳи тоҷикон дар маросим ва маҳофили сулҳ ширкат карда наметавонад. Қисмате аз бузургони он дар зиндонҳо ва қисмате ҳам овораву паноҳанда дар гушаҳои мухталифи оламанд. Аммо Раҳмон ҷашн мегирад.
Аллоҳи бузург ва кулли халқи Тоҷикистон шоҳид аст ки Раҳмонов аслан ва абадан сулҳ кардан намехост. Ин разму масофи муҷоҳидони ҷонбаркаф ва тасаллути то Душанбеи онҳо буд, ки Раҳмонов чору ночор шишту чору ночор курсиҳоро ба ҲНИТ дод.
Аммо акнун имрӯз Раҳмонов қоқ мункир аст, ки бо ҲНИТ сулҳ кардааст.
Вай мехоҳад дар ҳама ҷо ва ҳама кор ва ҳама чиз вай Якум бошад. Вайро гуянд, вайро хонанд, вайро хоҳанд. Вай шабеҳи, монанди, мисли, биъайниҳӣ соири диктаторҳои олам худро дар қатори одамҳо намеҳисобаду мовафқалбашар аст.
Бор, худоё. Раҳмонов кӣ аст ки китоб менависад? Ва боз конкурси беҳтарин хонандаи китобҳои Раҳмоновро ташкил кардаанд. Ва боз марказ, балки Пажуҳишгоҳи тадқиқотии осори Раҳмоноро ташкил кардаанд. Ва боз кадом як муассисаву осорхонаву чи чизҳои дигаре, ки аз ҳисоби бюҷети мамлакат таъмин мешаванд. Ин Раҳмонов барои халқи тоҷик чанд сум меафтад? Як моҳа масрафи нигаҳдории вай, ҳоло ҷудо аз хонаводааш, чи қадар ба бюҷети кишвар гаронӣ мекунад?
Вай худро Қаҳрамони Тоҷикистон эълон кард. Вай худро Аоссгузори сулҳу ваҳдат эълон кард.
Аммо аз сабаб ва иллати гирифтани унвони қаҳрамонӣ ва асосгузорӣ намегуянд. Медонед барои чӣ? Барои онки вай қаҳрамониро барои рафтан ба назди устоди шаҳид Асосгузори воқеии сулҳи тоҷикон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Хусдеҳи Афғонистон гирифтааст. Вай рафт бо устоди марҳум вохурду омаду худро қаҳрамон эълон кард. Аммо аз устод фаромуш кард, балки мункири сулҳи бо устод Нурӣ шуд.
-вай барои он Асосгузори сулҳ шуд, ки бо ҲНИТ оштӣ кард. Аммо имрӯз аз ҲНИТ бадаш меояд ва коре кард, ки ҲНИТ дар кишвар амал накунад.
-вай дигар фақат ва фақат дар фикри қудрату ҳукумат, дуздӣ ва ташкили шайкаи дуздон аст.
-ҳодисаҳои ахирро бубинед, ки чи корҳо карда истодааст. Одамони як замон наздикашро зиндонӣ карда истодааст.
Шуруъ аз қабули қонуни Асосгузори сулҳ, ки дар поёни соли 2015, дуруст ду моҳ пас аз қатъи фаъолияти ҲНИТ ба ҳукми иҷро даромад аз тарафи дигари сулҳ комилан ҳарф задан мамнуъ шуд. Бадтар аз ин Раҳмонов бо як пурруӣ ва беҳаёӣ гуфт, ки вай бо ҲНИТ сулҳ накардааст. Комилан мункир шуд.
Имрӯз аз он санаи таърихӣ 27 сол сипарӣ мешавад. 27 июн ва 27 соли баъди тасвиби санади Созишномаи умуми сулҳ.
Бахшида ба ин сана як бори дигар мутаваҷҷеҳ бишавем ва ба корномаи Раҳмонов бингарем. Дар воқеъ Раҳмонов кист ва чи гуна президент аст?
Раҳмонов ҳамон президенте аст ки: дар интихоботи президентии соли 1994 танҳо22% овоз гирифта, онро ба Абдумалик Абдуллоҷонови 78% овозгирифта бохта буд;
-се бор(1999,2003 ва 2016) Конститутсияро дигар кард, то ки ғайриқонунӣ ба муддати тулонӣ Президент боқӣ монад ва шароит барои овардани писараш ба ҷойи худашро бисозад;
-баъди ба сари қудрат омаданаш дар моҳи ноябри соли 1992 зиёда аз 100 000 одам аз руи маҳал( қаротегиниву помирӣ),аз руи диндорӣ (исломӣ) ва ақида (демокративу озодихоҳӣ) бераҳмона кушта шуданд ва садҳо ҳазор гурезаю муҳоҷир гардиданд;
-ғайриқонунӣ, берозигии мардуми Бадахшон як қисми замини ватанро(1158км.кв) ба Чин фурухт (ғайриқонунӣ пеш аз ҳама барои онки дар Конститутсия омадааст, ки Тоҷикистон якпорча ва тақсимнашаванда аст);
-28 сол боз мардумро ҳар сол шаш –ҳафт моҳ аз барқ маҳрум кард; руирост дуруғ гуфт ва ваъда дода буд, ки соли 2013 аввалин агрегатҳои НОБ-и Роғун ба кор медарояд, аммо лафзаш ҳаром будааст ва ваъдааш иҷро нашуд;
-бо баҳонаи сохтмони НОБ-и Роғун зиёда аз 900 миллион сомонии мардум, аз ҷумла кафанпуливу ҳаҷпулии мусафедону охирин сомонии нафақахурону муҳтоҷон ва ҳатто донишҷуёнро тавассути саҳмия ва садақа гирифта, ба ҳисоби бонкҳо, аз ҷумла ба бонкҳои духтаронаш ва додарарусаш Ҳасан Асадуллозода ва дигар наздиконаш гузаронид;
-лоиҳаҳои қонунҳои дар ҷаҳон аз ҳама ашадитарин зидди Қуръону зидди Ислому зидди Конститутсияро ба Парламент фиристода, баъд онҳоро имзо кард, ки мувофиқи он бачаҳои то 18-сола ба масҷид рафта наметавонанд, дар сари роҳ, дар ҷойи кор ва дигар маконҳо ба ғайр аз масҷид, қабристон ва хона намоз хондан ва дар хонаву масоҷиди панҷвақта таълими қуръонӣ гирифта наметавонанд, ва ниҳоят дар имсол қонуни зидди ҳиҷобу сатрро ҳам баровард;
-то имрӯз ягон соат ва ягон бор мардуми одиро қабул накардааст ва бо онҳо бекоғаз ва бе муҳофизонаш суҳбат накардааст;
-то имрӯз ба мардуми дигар минтақаҳо бовар надорад, зеро соли 32юм аст, ки тамоми идораҳо (раёсат)-ҳо вазоратҳои мудофиа, амният, дохила, молия ва хориҷа, гумрук, андоз танҳо ба намояндагони маҳалли худ бовар кардаасту мекунад;
-танҳо як акаи тракторчӣ дошту имрӯз гурӯҳи бешумори писару духтаронаш қудоҳо, тағоҳо, хусурбурдаҳову ҷияну ҷиянчаҳо ва домодҳо вазорату мансабҳои пулдорро аз они худ кардаанд;
-заводи алюминий, ТАЛКО-ро ба ихтиёри худ гирифта, ҳар сол аз он 300 то 400 миллион доллар фоида мегирифт, вале ниҳоятан онро корношоям ва муфлис кард;
-авввалин ва дар ҷаҳон гаронбаҳотарин роҳи пулакиро ғайриқонунӣ бар зарари мардум ва ба манфиати духтараш ташкил кардааст;
-яке аз гаронтарин сомолётҳои дунёро барои истифодаи шахсиаш аз пули бюҷети давлат харидорӣ кард;
-то имрӯз ягон бор бо журналистони тоҷик рубару саволу ҷавоб накардааст, зеро ба саволҳои онҳо ҷавоб дода наметавонад ва метарсад, ки онҳо сирҳояшро фош мекунанд;
-моҳонаи аз ҳама зиёд миёни президентҳои собиқ шӯравиро мегирад, ки он ба ҳисоби камтарин 28 ҳазор доллар буд, ба замми он солона камаш ҳашт моҳона (боз 224 ҳазор доллар) рухсатпулӣ ҳам мегирад;
-дар тамоми кишварҳои собиқ Шуравӣ андози аз ҳама зиёдро ҷорӣ кардааст;
-ҳамасола даҳҳо маротиба ба манотиқи кишвар сафарҳои беҳудаву пурхарҷ ташкил мекунад;
-бизнес, кишоварзӣ ва саноатро аз тагу бехаш нобуд карда истодааст;
тоҷирон, соҳибкорон ва бозаргонони бақуввате, ки аз дигар минтақаҳои кишваранд шикаст дода, моликияташонро забт, худашонро ҳабс ва ё аз ҷумҳурӣ берун кардааст (ОРИМА-Маъруф Орифов, «Мовароуннаҳр»,-Ҷурабек Охунов, Низомхон Ҷураев, Нур Усмонов, Раҷабалӣ Одинаев ва ҳазорҳои дигар);
-тамоми бонкҳои кишварро бидуни кадом сабабе банкрот карда ва дар ҷойи онҳо барои домодҳо ва духтарҳои худ бонкҳои нав кушод;
-тахмин дуюним миллион тоҷикро муҳоҷир, фурушандаи маводди мухаддир, муҳтоҷ ва дарбадари миллатҳои дигар кард; ва ҳамчунин даҳҳо ҳазор занро фоҳиша;
-дар даврони ӯ ғурури миллии тоҷик шикаста шуд, масхараи халқҳои дигар гардид ва дар аввал номи таҳқиромези «Ҷамшуд»-у «Равшан»-ро гирифта ҳоло дар сартосари олам баъди ҳодисаи Крокус-ситии Маскав ҳамчун террорист муаррифӣ шуд;
-агар дар аввал қонунро барои вақти муайяни курсии президентӣ мувофиқ кард, аммо нафси бадаш ба тавре кушода гардид, ки дар тағйироти ахир ҳама маҳдудиятҳои -сину солӣ барои худро бардошт ва раёсати худро барои якумрӣ мувофиқ кард;
-оҳиста –оҳиста тамоми аъзои оилаашро овард, ҳукуматро аз қудоҳояш таркиб ва ташкил дод. Аз як хонаи худаш,аз фарзандонаш Озода, Рустам, Рухшона, Парвина ва Заринаву Сомон дар постҳои давлат кор мекунанд ва аз ҳисоби бюҷети кишвр мехуранду мепушанду медузданд;
-мавсими даъвати сарбозиро дар кишвар дар чанд соли охир чунон сангин ва иҷборӣ кардааст,ки дигар дар донишгоҳҳои кишвар донишҷӯ намондааст.
-дар як сол ду мавсими сарбозшикор ба дараҷае болои ҷавонони сини аскарӣ меоварад,ки ҷавонон аз кишвар бо ҳар қимате мехоҳанд кишварро тарк кунанду бигурезанд.
-ҳар сол дар ду мавсим аз 600 ҳазор даъватшаванда ба сафи қувваҳои мусаллаҳ мақомоташ бо иҷбор пул мегиранд ва он ҳам миллиардҳо сомонӣ,ки назираш дар ҳеҷ кишвари дунё дида намешавад.
-донишҷӯёне донишгоҳҳои кишварро фориғ мегарданд аслан барои онҳо бе пора ва шиносбозӣ коре пайдо намешаванд ва фориғшудагони донишгоҳҳои кишвар рӯ меоранд ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар.
-қонуни танзимро гӯйё ба хотири некуаҳволии мардум вазъ намудааст. Дар ҳоле сокинон ба кормандони кумитаи дин миллионҳо сомонӣ медиҳанд яъне ҷарима вале пули он аслан ба хазина не ба кисаи мақомдорон меравад. Аслан ин қонун ҳеҷ беҳбудие барои мардум ба бор наоварда ҷуз бадбини ва нафрат нисбати ӯ ва харҷашон бештар аз он маъракаҳое буд мекарданд. Агар пеш камбағалон аз туйҳо ва маъракаҳо чизе метавонистанд хуранд , ҳоло онҳоро низ маҳрум кардааст.
-вай тули ин солҳои баъди ҷанг ҳам на як бор ду бор хунрези кард ва ба манотиқи Бадахшону Қаротегину Кулоб танку тупу сарбоз фиристоду ҳазорҳо нафарро кушт.
ҳоло бошад бо худо ба ҷанг баромадаасту эълони расмӣ кардааст. Уламои олами ислом ҷиҳод алайҳи вайро раво ва фарз эълон карданд, хуб масалаест,ки ҳама аз ин огоҳӣ доред.
Оё назари шумо дар мавриди Эмомалӣ Раҳмонов чизи дигар аст?