«Шоҳкана» бо «Канаҳои давлатӣ» дар бадани миллат ва давлат

Ислоҳ нет

Хонандаи закӣ ва ҳушманди «Ислоҳ». Ин чандумин матлаби як бародари рушанфикру бедордили мост, ки дар Пойгоҳи «Ислоҳ.нет» мунташир мешаваду дар канали ютубии мо . Мутаассифона, бо далоили ба ҳама маълум аз ифшои исму насаби эшон иҷтиноб меварзем. Ин бародар, ки бо исму насабаш ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруфу машҳур аст табиат, хӯ, хислат ва хосияти ин режими диктотурӣ ва ин тоғути бадмурро хеле ҳам хуб мешиносад. Навиштаи зерини вай ба ин даъвои мо далели муҳкам аст. Воқиан ҳам хеле ташбеҳи дуруст ва мувофиқро ба кор бурдааст. Кана, ин ҳашаре, ки аз макидани хун сер намешавад. Як носераме аст ки аслан ба сайду шикори худ тараҳҳум намекунад. Бахусус вақте «шоҳкана»-ро тасвир кардааст, ки ба хулқу рафтори прототип 100% «туғрӣ» мегирад. Хуб, дигар ҳашарот аст. Нисбат додани Раҳмонову олу авлодаш ба кана аз ҷониби ин бародари хушбаёну хушкалом ҳақиқати бебаҳс аст:

Дар ин диёр чи басо вожаву жаргонҳое бо навдавлатон ҳамроҳ омада, ки далолати сареҳ ба кистии ин оилаҳокимон дорад. Яке Дулику дигаре жулику  саввумӣ шулик ва ҷулики обҷуш ҳам аз инҳост.  Вақте шулику дулику жулик хуни ин миллату давлатро макиданду макиданд, дар фарҷом мисли ҷулик фаввора мезананд. Мисли додари Раиси КДАМ, Ҷамшед олоташро дар малаи омм бароварда ба намоиш мегузорад, ки ҳой, миллат бубинед, ки ба ҷуз ин исқотӣ мо дар кӯлбори фақри маънавиямон чизе барои ин миллат надорему наёвардаем!

Ҳамин аст ягона ҳунари мо- жулидан!

 Ҳарчанде ҷулики қарабоӣ аз боло ҳавр сар диҳад, инҳо як ҷулик доранд, ки дар тагашон асту фссаст карда ҳарчи бадбӯисту ахлот сар медиҳад, ки ин тудаи авбошу арозил ҷуз истеҳсоли боди бадбӯй ва ахлот дигар ҳунаре надоранд. Ғалат кардам, он даровардгоҳ- даҳонҳошон ҳам ҳам пур мехурад ва ҳам пур ахлотҳои лафзӣ бурун мекунад, ки базаи луғавии ҷавонони ояндаи миллат аз ин шоҳкориҳои лафзӣ пуру пуртар мегардад.

Чаро канашоҳӣ?

Чунки ҳашароте ба номи кана мазмуни истеъфоро намедонад. Оилаи канаҳо дар кудомин кишваре бошанд, ақл надоранд. Як роҳро медонанд, он ҳам бошад роҳи даҳон аст. Ва як гавдол доранд, он ҳам бошад пур кардани шикамҳошон то дараҷае, ки ё бояд худ ба худ бикафанд ё канда гирифта шуда дур партофта ё леҳ шаванд.

 Кана худ аз вожаи «кандан» аст ки роҳе ҷуз канданаш аз баданаи ҳар ҷонваре нест. Ҳарчи зудтар агар канда нашаванд, ҳамон қадар  вазъияти гусоларо, ки инҷо давлат ном дорад, ваҳшатнок месозанд. Дар Тоҷикистон дигар на меъёрҳои ҳуқуқӣ, на риояи номусу ҳақиқат, на адолату мардумсолорӣ на ҳеч институти давлатӣ боқӣ намонда. Ҳамагӣ фурӯ рехтаву ба ҷояш канашоҳӣ барпо гашта аст.

Канаҳои обсофкунаку хунсофкунаке ҳам баҳри қатраи хуне гирду барашон тӯп шудаву фузалоту хунҳои шоридаву намоёнгаштаи шоҳканаҳоро мелесанду пок мекунанд, то асаре аз ҷинояту хунхорӣ ба дид нарасад, мабодо соҳиби гусола чашмаш ба хун расаду пайи чора гашта, он ҳама канаҳоро қалъу қамъ кунаду ин ҳама канаҳо бе қути лоямут монанд! 

Аз ин рӯ ин хунпоккунакҳои дарборӣ огоҳона паси инҳоро шабонарӯз мелесанду худро бо ифтихор  патриот-лесак унвон медиҳанд. Дар ҳоле ки худ каначае беш нестанд. Лесак, ки хун намемакад. Инҳоро бар ғалат лесак номидаед, инҳо канае аз табори шоҳканаҳоянд…

Масалан, ҳамон канаи помирӣ, ки Ато Мирхоҷааш хонанд, вақте Шарипкана хуни рӯшониёнро дар замин рехт, пеш аз ҳама шуруъ ба лесидан кард. Он қадар хунҳои фаровони фавворазадаро макиду балъид, ки имрӯз нишонае аз он ҳама хунҳои рехтаи шоҳкана ба дид намеояд!  Гӯё ҳодисае, аслан, рух надода аст. Медонем, ки ҳар зилла (шулук)-ву канаву ғундаву ҳатто дигар ҳашароти хунмаке чун хомӯшаку бингак вақте касеро ё ҷонвареро бигазанд, дарҳол дар он минтақаи газиш моддаи таскинбахше аз бадани хеш ифроғ мекунанд, ки дарду таъсири он эҳсос нашавад. Аз ин рӯст, ки ин «моддаи таскинбахш»-ро имрӯз ҳамин Абдулло Роҳнамову Рустам Азизиву мулло Мирзову Бохтарию Балогарону балогардонон (Блогерон)-у Атоҳо дар мағзу андешаи ҷавонони канагазида ифроғу тазриқ  мекунанд, то пайи интиқом нагарданду онаи зори ин ҳама канаву хомӯшаку зиллаҳоро дар чашмашон нишон надиҳанд.

Инҳо хуб медонанд, ки бо рафтани шоҳкана, ҳатман аз ин ҳама нӯшу неъмати марҳаматкарда, маҳрум хоҳанд шуд. Ин каначаҳоро ҳам дафъ бояд кард!

Ин навъи давлатдории канаӣ басо хатарзост. Агар шоҳкана дар шоҳраги асосии гусоладавлат бичасбаду солҳои мадид хунхорӣ кунад, худ танҳо вампирӣ намекунад, балки ҳатман ҳамсару духтару писару духтаршуву писарҳамсару наберу абераву тамоми канаоилаашро ҳам барои макиши хуни бедарди миён фаро мехонад.

Намуна аз канаҳокимият.

 Дар Тоҷикистон давлат ба шакли секунҷаи гусолаӣ сохта шуда аст. Ин навъи давлатдории оиласолор, авлолӣ, канаӣ, кланӣ, маҳалию минтақаӣ буда, ба чунин тартиб сохтусоз мешавад:

1. Президент- Ҷаноби Олӣ- шоҳкана дар шоҳраги давлат, дар тораки он қарор дорад.

Тамоми будҷет, сармояҳои давлатӣ, парлумон, артиш, додгоҳу додгустарӣ, замин, сарватҳои табиӣ ва ҳама дигар фишангҳову “рагҳо” зери сайтарааш ё агар ба масали кана тасвир намоем- дар даҳони хунбораш қарор дорад.

2. Зани шоҳкана:

Ин канаи модина вақте даҳон ба шоҳраги давлат мезанаду дастбакор мешавад, ки бинад соҳиби гусола замони тулоние гусолаашро беназорат мегузорад. Аз ин рӯ, зан-кана ҳам аз ин бемасъулиятии соҳибгусола густоху далер гашта, бо иштиҳои канаӣ ба хунхорӣ оғоз мекунад. Дар натиҷа аз ин ду шоҳкана духтаре ба олам меояд, ки аз хуни гусоладавлат падид омада бошад.

Ин модакана ба тарзи автоматикӣ медонад, ки ин гусолаи «ата»-ву «ъая»-аш аст. Аз ин рӯ ҳарҷое аз баданаи ин гусола, ки барош писанд бошад, ба он даҳон мезанаду мемакад, он қадар тезу бо иштиҳо мемакад, ки дар 1 солагӣ ҷуссааш ба монанди 4 солагии дигар канаҳои «храфта»-и рӯи дигар ҷонварони лоғар мешавад. Ин каназода бармаҳал ба воя мерасад. Бармаҳал шаҳвонӣ мешавад. Ва бармаҳал яке аз шоҳрагҳоро зери дандон мегирад. Ин духтаркана метавонад ҳар рагу шоҳрагро монополияи худ кунад, чунки ҳоло ин канаавлод ҳамагӣ чанд донаанду шоҳрагҳои гусоладавлат бошад зиёд. Ҳатто ин канаи тулус метавонад, ки ба раги поёни ин гусола ҳам чашм ало кунаду аз он баҳра гирад. Аммо, аз ҳама раги таранги ин гусоладавлат ҳоло апараташ аст. Канадухтар апаратрагро дӯст дорад. Дар он ҳама гуна хун ёфт мешавад. Яъне наздиктарин раге, ки ба шоҳраги шоҳкана – Президент мепайвандад, ин апаратраги Президентӣ аст.

Хуб, то инҷо дидем, ки шоҳкана шоҳраги гарданро мемакад, маликакана раги чапи онро мемакаду духтаркана раги апаратро. Ҳарки дар алоҳидагӣ як рагро зери дасту чанголу дандон қарор додаанд. Чаро?

Шояд суол падид ояд, ки чаро, масалан дигар ҷонварон дар табиат метавонанд аз як рӯд, аз як ҷӯй, аз як кӯл якҷоя саф кашида об нӯшанду ҳар кадоме барои худ рагае аз дарёро монополияи худ насозад? Чунки дигар ҷонварон кана нестанд. Онҳо обро барои эҳтиёҷоти муваққатии худ, ба миқдори лозима масраф карда, аз лаби об мераванд. Вале канаҳо байни худ ҳатто муросо кардан намехоҳанд; ҳар яке бояд раги алоҳидаеро зери тасарруф дошта бошад! Вале дигар ҷонварон зарурати доимӣ ба ин гурусначашмӣ ба обнӯширо надоранд, ба он ҳаде, ки авлоди канаҳо  ба хунхорагӣ дилбаста ҳастанд.

Шумо борҳо дидаед, ки ҳатто бисёре аз канаҳо аз макиши барзиёди хун метарканду хунҳои тули моҳҳо макидаашон насибашон намешавад. Он қадар дар макиши хуни ҳаром валаъ доранд, ки лаҳзае аз аз хунхорагӣ даҳон намебардоранд, чунки ҳар лаҳза гумон мебаранд, ки соҳиби гусола онҳоро аз рӯи ин рагҳо серхун канда ба дур парт мекунад!

Ана, дар ҳаминҷост ин мафкураи дағалу ғалати хуни миллату давлатмакӣ!

Магар ҷое дидаед, ки гове харе, саге, аспе, бузе аз барзиёд нӯшидани об кафида  мурда бошад? На. Чунки ин ҷонварон, ки шартан метавон ононро «мардуми оддӣ» номид тафаккури канаӣ надоранд. Ба муфтхӯрӣ одат накардаанд. Ҳамчун канаҳо пинҳонӣ, аз ҳисоби хуни гусолаи мардум тағзия карданро намедонанд. Ҳарчиро бо меъёри муайян масраф мекунанд.

4. Писаркана

Вақте ду шоҳкана ба таври тулонӣ хунхорагӣ карданд, боз зоидан мегиранд. Ҳарчӣ бештар-беҳтар.  Гусола қобилияти бардошти даҳҳо канаи дигарро дорад.

Ин дафъа канае ба олам меояд, ки онро шартан метавон генералкана номид. Ин кана, асолатан, худро на мадюни гусола ва на мадюни соҳибгусола медонад. Ҳатто намедонаду дарк ҳам намекунад, ки ин гусоларо чандин соле қабл падару модараш савор гашта буданду бо тарсу ҳарос аз он кам-кам мемакиданд, вале ҳоло ин гусола бесоҳиб монда аст, ки генерал кана аз дарки ин маънӣ оҷиз аст. Аз бозе ки ба олам омада худро рӯи гусола дида. Гоҳворааш рӯи пашму пӯсти нарму гарми гусола гузошта бо аллаҳои моъастии ҷонгудози гусола хобаш бурда. Аз ҳар раге хоста макида. Ҳар гоҳе хоста, коре хоста рӯи ин гусола амалӣ карда. Фарохнои баданаи гусола чарогоҳаш буда, ҳар канаи бесоҳибу бехунеро ёфта, аз заминҳову хоки сиёҳ оварда, ҳар раге аз ин гусоларо тақдимаш кардаву хуни ин гусоларо ба серӣ, якҷо макидаанду мемаканд. Аммо, бо як шарт, ки он канаҳои бегонаи бо ягон роҳе ба ин доираи авлодӣ роҳёфта, набояд ба шоҳрагҳо, ки ҳаққи шоҳканаҳост дасту дандон зананд. Ин канаҳое, ки бо иҷозати шоҳканаву маликаканаву генерал-канаву шоҳдухтар-кана вориди баданаи ин гусолаи давлат гаштаанд, бояд дар рӯи рагҳои дуюмдараҷа бичасбанду хунмакӣ кунанд. Охир, шоҳкана-ку дар оғоз занашро овард, духтару писар, ки зойд, вале духтару писараш ҳам ниёзи дигаре ҷуз хунхорагӣ доштагистанд?

Бале, ин каназодаҳо ҳам шаҳвониянду ҷуфтканаҳо лозим доранд. Одати канаҳои монополист ин аст, ки на нару на модааш, ки хуни бедарди миён мехӯранд, аз ин шоҳрагҳо абадан даҳон намебардоранд. Чи зан гиранд, чи шӯй аз ин гусолаи падарӣ дилканданӣ нестанд. Бо худ шавҳарону занону боҷаҳову хоҳарарусону додаршӯҳову тамоми дигар канаву канагаларо фаро мехонанду барояшон рагу пайванди ин гусоларо тақдим мекунанду дар навбати худ ин ҳама канаҳои омада, он чунон бо майлу рағабат гусоламакӣ мекунанд, ки гусола рӯз ба рӯз харобу лоғар мешавад. Дод мезанад. Моъаст мекунад.  Бетоқатӣ мекунад. Гӯшакҳояшро чапу росту пешу қафо алвонҷ медиҳад. Бо думаш ба бадани худ сахт- сахт мекӯбад! Ҷуфтак мезанад. Сумб ба замину хокрӯбаҳо мезанад. Аммо, бенатиҷа. Гусола асири канаҳост. Гусоларо канаҳо на, балки соҳибаш,  шартан, шаҳрвандонаш ба ин рӯзи табоҳу сиёҳ оварданд. Гусоларо бо номи қонун, дар сутуне бо банд гулӯбанд кардаанд, ба умеде, ки рӯзе бузург мешавад, қавипайкар мешавад, буқа мешавад, вале рӯз ба рӯз ин гусола харобу хазон мешавад. Ва умедҳои соҳибонашро барбод медиҳад. Эй, шаҳрвандон, эй соҳибони гусола! Бархезед, гусолаатон ҳалок мешавад. Гусолае, ки аз падаронатон бароятон мерос монда буд. Охирин гусолае, ки пас аз он дигар гусолае нахоҳед дошт! Ягона гусолачае, ки Қаҳрамонони Тоҷикистон (на ин Раҳмонкана), онро бо сад ҳазор ҷонбозӣ аз чанголи гургу шағолҳои пантуркизму афғону русу татор, аз байни галлаи буфалоҳои азимҷуса, барои мо нигоҳ доштаву ҳифз карда, ба мерос гузоштаанд! Мо имрӯз барои ин майдаяк чӣ кардем?! Ҳама тамошобин! Як галла шағолҳои даштӣ аз роҳ расиданду думу ёлашро буриданду ба қирқизу чиноиҳо фурӯхтанд. Агар ҳамин буздилию слишком дунёдӯстдорию бешарафиятон, чун мурдагони сокити берӯҳ идома кунад, наздик аст, ки аз ин гусолаи дар ҳоли мурдан чизе барои наслоҳои баъдини мо боқӣ намонад!

Сипос ба Шириншову Нусратуллову Абдураҳиму Айниву Чинору ҳазорони дигар, ки ҷони азизи хешро барои бақои ин миллату давлат қурбон карданд: ҳамагӣ кушта шуданд! Барои мо! Барои ману туи мурғи  беъурзаи тарсуи тамошобин!

Ҷони ҳақири ману ту чӣ арзиш дорад, ки ин қадар аз рафтанаш дар ин роҳи давлатбонӣ (гусолапарварӣ) ҳазар дорем?!

Огоҳ бошед, ин охирин гусолаяки бемораки харобу хазонгаштаи тоҷикон аз галлаи сершумори барзаговони аздастдодаашон дар тӯли торих аст!

Онро бояд соҳибӣ кард!

Эмомалию атрофиёнаш онро доранд бӯғӣ мекунанду мемаканд. Шабонарӯз мемаканд! Аз хунаш сер намешаванд! Қасди нобудияшро доранд, на ҳимояву бардамию солимияшро!

Баданаашро ҳазорон канаву шоҳканаву генерал канаҳо тала доранд, хунашро  он қадар макиданду мемаканд, ки дар ҳолати наздик ба мурдан қарор дорад! Наҷоташ диҳед!

Агар ба Тоҷикистон назар афканем. Аниқтараш ба давлат ё ҳукумати он, айнан мисли ҳамон гусола гашта аст. Ҳама кону сарвату дороиву дахлу харҷаш монополияи оилаи Раҳмонов аст.

Аз вазифаи президентӣ гирифта то ба апарати президентиву мактабу маъорифу донишгоҳу вазоратхонаҳову ҳокимиятҳои  шаҳриву вилоятиву маҳаллӣ, ҳавопаймоҳо, фурӯдгоҳҳо, бемористонҳо, бозорҳо, чарогоҳҳо, ҷодаҳои мошингард, ҷангалҳо, дарёҳо, обанборҳо, ГЭС-ҳо, куҳҳо, ипподрому гипподромҳо, кумитаҳо, тиҷорат, саноат, саёҳат, ҳуҷҷатнигорӣ, шиносномаҳо, марказҳои дилхӯшӣ, истироҳтагоҳҳо, марказҳои маълумотномадиҳӣ, фурӯши асъори хориҷӣ, оидоти гумрукӣ, каргоҳо, системаҳои алоқаву технологияҳо, фурӯши тамоми маҳсулоти ниёзи мардум, варзишгоҳҳо, қарзҳои хориҷие, ки ба номи давлат гирифта мешавад, оидот аз ҷашну сури мардум ва ҳама – ҳама даромадҳои ҳангуфти молӣ, ки моликияти ин миллат аст, дар сайтараи ин оила қарор дорад.

Сабаби асосии фақр, бекорӣ, беморӣ, талоқу хонавайронӣ, бадахлоқӣ, аъзои баданфурӯшӣ, ҷиноят, маргу мир, камхунӣ ва бемориҳои ношӣ аз гуруснагӣ,  террористшавӣ, ба гуруҳҳои мамнуъа пайвастшавии ҷавонон, худкушӣ, навмедӣ, кандашавии риштаҳои суннатии оилавию авлодӣ, ҷаҳолат, мактабгурезӣ, уфти илму донишу хирадмандӣ, беномусӣ,  хушунати оилавӣ, рӯҳафтодагӣ ва бемориҳои аъсоб, танфурӯшӣ, хиёнат ба ҳамдигар, мардумфиребию мардумозорӣ, ғайбату кинаву адовату бадбинию нобоварӣ ба ҳаму азияту озори ҳамдигар, озори лафзию ҷинсӣ, шаробнӯшӣ, истеъмоли маводи мухаддир, …. ва ғ, маҳсули ҳамин канадавлатдорист! Ҳар ҷое корат уфтад, ҳатман онҷо канае ҳақбар аст. Канае аз табори шоҳкана!

Чи билети ҳавопаймо бихарӣ, чи аз ҷангал дарахт бибурӣ, чи аз дарё моҳӣ дорӣ, чи аз бозор чизе харӣ, чи аз хориҷи кишвар мошине биёварӣ, чи ба дабистону дабиристону додгоҳу додгустарӣ корафтода шавӣ, чи дар бемористон бистарӣ шавӣ, чи ба мошинат бензину солярка резӣ, чи маҳсулоти сохтмонӣ харӣ, чи хонае аз баландошёнае харӣ, чи ҷашне барпо кунӣ, чи обу барқе масраф карда бошӣ, чи ҳатто садақае дода бошию чи ба ҳаҷ равӣ, ҳатман қисмате аз маблағатро дар ҳисоби яке аз намояндагони ин канаавлод хоҳӣ супурд!

Агар дар ин кишвар корат ба бонкдоре ба мушкил печад, ҳатман бо Ҳасан Асадуллозода – додарзани Эмомалии Раҳмон рӯ ба рӯ хоҳӣ зад. Агар даъвоят буланд рафт, Эмомалӣ аз он огоҳ гашта, ба василаву фишангҳои лозима шуморо бозандаи даъво мекунад!

Агар корат дар соҳаи варзиш уфтод, ҳатман бо Исмоили пингвин рӯ ба рӯӣ. Агар Исмоилро баду бадроҳа гуфтию ҳақталабӣ кардӣ, Эмомалии Раҳмон бо чеҳраи хунукаш ба сӯят бад- бад нигоҳ карда, супориши пинҳонӣ медиҳад, ки ин спортсменро “вай” кунетон… ва ваят мекунанд. Карйераат мурд. Мардикор мешавӣ. Ё мисли он помирӣ зиндонӣ мешавӣ! Барои онки ин оилаи муғулро муғул гӯӣ, ё худро чун “муғултоҷикшудагон” “тоҷик” нагӯӣ! Бо номи миллати тоҷик мешиканандат. Тоҷикияти инҳо ҷуз ниқобе нест. Ҳамон ниқобе, ки асрҳои аср ҳар муғулнотоҷике, барои ҳокимият бар мо- тоҷикон, бар чурда  мекашида, ки ахиран Шириншоҳ Шоҳтемур онро дар номааш ба Истолин ифшо карда буду онро Амир Олимхон, вақте аз Бухоро ба Афғонистон дум хода кард, тасдиқ кард, ки “ман-  Амир Олимхон – муғул“. (На тоҷик)

Чуноне мебинем, фишангҳои шикасти шумо дар ин кишвар метавонад гуногун бошад.

Агар мушкиле дар соҳаи маориф дошта бошед, ҳатман бо Раҳмонзода Ҷаббори Каблук рӯ ба рӯ мешавед! Боз ҳам бо аъзои оилаи Раҳмонов.

Худам шахсан, ҳангоми донишҷӯӣ 2 бор бо ин кавлукақл рӯ ба рӯ шуда будам, ки ҳатто бо забони адабӣ сухан гуфта наметавонад! Ҳоло шуда сафири Тоҷикистон дар Узбекистон!

Фирдавсӣ мегуфт:

Фиристода бояд, ки доно бувад.

Раҳмонов мегӯяд:

Фиристода бояд, ки авлод бувад!

Аз ин рӯст, ки тамоми сафоратхонаҳоро пур аз авлолаш карда аст. Инҳо сафоратхонаҳои Тоҷикистонанд ё сафоратхонаҳои оилаи Шарипи Чақур?

Дар тамоми мактабу донишкадаву донишгоҳҳо, боз ҳам, дар бораи пайдоиши оилаи Шарипчақур, ҷангҳову қаҳрамониҳои писари Шарипчақур, унвонҳои ҷаноби Шарипзода, корнамоиҳои Шаропзод, дар хусуси 40 китоби набиштаи Майрамзода Эмомалӣ, оид ба бунёдкориҳою созандагиҳои Шарипович, оид ба осорхонаи ҷаноби назркардаи Раҳмони Шарипчақур, оид ба хастагинопазирию пайкори 32 солаи «ватанпарасти рақами 1»-и кишвар двоишнки петеушники кончний бесаводи мактабгурез- писари Майрам Эмомалихон ва амсоли ин «торихнома» хоҳед аз бар карду дар тесту имтиҳонот ҳатман ягон иқтибосе аз китобҳои пури Шарипчақур, номгӯи осори мунтахаби пешвои муъаззамро, ки мунтахаботаш аз мунтахаботи В. И. Ленин ҳам гузашта аст, хоҳед гуфту таъриф карду васф намуд, пасон баҳои қаноъатбахш ё олӣ гирифта, далше дар пилаҳои донишгоҳӣ, зина ба зина ба самти дибилизм роҳ ба самти кариераи тупаризм пеш хоҳед гирифт!

Агар ин роҳро нахостеду мунавварфикр шудан хостед, исклучит шуда ё ба сафи аскарҳои гушна мепайвандед ё ба сафи муҳоҷирон ё агар сахт гизала шуда бошед, ба сафи ДОИШ-у Алқоидаву Толибон!

Баъд, хокшапакҳои Шарипи чақур омада, соли дароз конфронсу нишасту мизи мудаввару мураббаъу мусаллас ташкил карда, аз буджети кишвар садҳо ҳазор долларро обулой карда, аз Рустам Азизию Абдуллои Роҳнамову дигар огаҳони оинаҳои ворунанамо пурсиш мекунанд: сабаби асосии ба сафи гуруҳҳои тӯндраву сустрав пайвастани ҷавонои тоҷик дар чист?

Ва ин бандаҳои тарсуи Худо ҳам парту палову чаранду газанде аз хобу руъёву китобҳои фантазии даврони мактабӣ хондаашон, наху калобае бофта, пеш аз ҳама,  ҷавонону падару модару муллову Наҳзату мухолифини Раҳмоновро гунаҳкор мекунанд, ки ана ҳаминҳо буданд, ки ҷавононро «тӯндраву сустрав» кардаанд!

Он яке ҳоҷӣ Мирзо бо берӯии тамом омада мегӯяд: ИНОТ кӯдакони тоҷикро бурда дар Покистон 50.000$ мефурӯхтанд, дар ҳоле, ки наздиктарин дӯстам касест, ки дар Покистон айёми гурезагияш таҳсил кардаву хушхаттарин инсон асту ҳофизи кули Қуръон, на инки мисли муллонимколасавод Ҳоҷимирзо, ки арабиро чалла-палла мехонаду имрӯзҳо насоси ҳукумати канашоҳӣ гашта аст….

Ва меринанд бигӯянд, ки решаи ин ҳама тездавию тундравии ҷавононамон дар кудомин обишхӯри канадавлати Раҳмон, замоне дакка хӯрдаву буруз карда аст.

Агар сокини пойтахтиву бо  мушкиле рӯ ба рӯ шудӣ, ҳатман бо писари Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва агар гузарат ба Парлумон афтод, боз ҳам бо Рустами Эмомалӣ рӯ ба рӯӣ.

Хатари ин гуна канадавлатдорӣ дар он аст, ки дар ҳама соҳаҳо бо оилаи як инсон рӯ ба рӯ мешавед. Мушкилоте, ки бо шаҳрдорӣ доред, айнан мушкилотест, ки бо Президент доред. Чунки мушкилот бо писару духтару домоду қудои Президент, мушкилот бо худи Президенӣ маҳсуб мешавад!

Агар ин ҳама вазифаҳо дар дасти авлоду бастагони президент набуд, мушкиле бо худи президент, мустақиман надоштаед, балки бо кормандонаш медоштаед!

Ва коратон то ба хонаи Президенту нафрат ба ӯ хатм намегашт. Ин ҳам хуб асту ҳам бад. Хуб барои авлоди Раҳмонов ва бад барои миллат. Ва хуб барои миллат, ки рӯзе маҷбур мешавад бо тамоми ин оила ба пайкор бархезад!

Ва агар шумо мушкиле дар Прокуратура дошта бошед. Боз ҳам бо оилаи Раҳмонов Чақурович рӯ ба рӯ мезанед. Бале, Раҳмонов рӯз ба рӯз фишангҳову аҳромҳои ҳукумату канадавлатдорияшро ба ҳар василае густариш медиҳад. Прокурори Генералӣ имрӯз падаршӯи духтари беваи Эмомалӣ аст. Лишний гап задӣ, генпрокурор рост ба бачаш занг мезанад, бачааш, ки чун келини хонадони Раҳмонов дар хонаи занаш ҳаст, рост ба ачаш занг мезанад, ачаш, ки зани Раҳмонов асту рӯи диванҳои садҳазордоллара отдих дорад, рост аз гӯши Шарипович дошта, як шаппотӣ

рӯи бадмураш зада, бо ҳамин, бо як занги шоҳкана, масъалаи гапзанш ҳалл шуд!

Пас, вақте бо Генпрокурор сану ман карданиед, пеш аз ҳама бо Эмомалӣ тарафед!

Агар рафту дар ҷангале, чарогоҳе, кони кумуру тиллову дарёву сурмаву кони намаке бо касе баҳсатон сахт рафт, боз бо Эмомалӣ рӯ ба рӯед!Чунки тамоми сарватҳои ин кишварро ин канаавлод солҳост аз они худ кардаву ҳеч аҳаде аз шаҳрвандони ин кишвар ҳаққи кандану бурдану фурӯхтану ҳатто истифодаи шахсии маҳдуд аз ин ҳама моликияти ҷамъиятиро надорад! Конҳоро танҳо аъзои ин оила бояд истихроҷ кунанд.Тиллоҳоро бояд Эмомалӣ канда фурӯшаду маблағашро дар суратҳисобҳои офф-шорияш ворез кунад.Моҳиҳоро бояд духтари Президент қапида дар бозорҳо фурӯшаду барои кайфу сафои худу зуррияи шоҳзодаи канатабораш масраф кунад.Ва-гар рафту Бобои Қанди обсофкунак дар ким-кадом дарёчае ҳаваси моҳипарварӣ кунад, духтари моҳидӯстдори Ҷаноби Пешвои гурусначашм супориши бевосита медиҳад, ки оби дарёчаро ба дигар самт гардонед то Бобои Қанд «гуҳи худаша хӯрад». Блогера чиву моҳипарварӣ чӣ?!Баъд бобои Қанди лесак видеогузориш мекунад, ки ҷаноби Пешвои Муаззами Миллат, эй соҳиби дарёҳову ҷангалҳову талу теппаву адир, лутфу марҳамат карда, ба ҳоли моҳиёни зори ман раҳм кунед. Оби дарёчаро ба ҷараёни қаблияш боз гардонед!

Ман моҳиёнамро сахт нағз мебинам…

Оҳуҳоро танҳо аъзои оила ҳақи куштану хӯрдан бо меҳмонони олиқадру хориҷиву бойфренду ёбру арусҳои фоҳишаи чилкераашон доранду бас. Кабкҳоро ҷаноби олӣ бояд хӯраду зану писару духтараш. Барои сайёди камбағал, ҳатто дар доманакӯҳҳои аҷдодияш, бидуни иҷозат Эмомали валади Чақури замоне гадои бо фонарик кафтаршикоргар, шикори кабку бедонаву кабутарҳо манъ аст. Чунки, Тоҷикистон-гусолаи  бесоҳибмонда, имрӯз канаистон гашта аст.

Ту,  агар, аз рӯзе зан гирифтаву дарду заҷри бехонагӣ мекашӣ, набояд замини аҷдодиятро, ҳатто дар кӯҳу адиру дашту доманакӯҳе худсарона ғасб кунӣ! Бояд рафта аз Эмомалию намояндагони маҳаллияш бо нархҳои ҳангуфт порчаи замине хариду бо ҳазору як мушкилот кӯлбачае, бараке сохту саратро паноҳ кард.

Агар бепул замин гирифтанӣ бошӣ, духтару писарат ба балоғат мерасанду ҳоло ҳам дар навбат меистӣ. Чунки Эмомалӣ моли “шахсӣ”-яш – замини Тоҷикистонро ба туи шаҳрванди Тоҷикистон мефурӯшад. Бепул ҳеч розӣ намешвад, ки як ваҷаб замин ба касе диҳад. Ин одатро надошту надорад! Танҳо ба кана-клани худовардааш ин марҳамати олиро дошту дорад.

Ба зан, духтарон, писарон, наберагон, чаберагон, қудоҳо, домодҳо, келинҳо, тағову холаву амаку амакбачаҳояш ҳазорон ҳазор ҳектор замин, токистонҳо, боғҳо, кӯлҳо,  кулмакҳо, адиру чарогоҳҳо, дачаву  истироҳатгоҳҳо, заминҳои корами лалмию обӣ,

заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, заминҳо барои сохтумон, барои бозорҳо, барои складҳо, анборҳо, барои базаҳои каргоҳо, автобусҳо, таксиҳо, таваққуфгоҳҳои пулакӣ ва ғ, доду медиҳад! Роҳҳоро ҳам пулакӣ намуда ба духтари азҷон беҳтараш мебахшад! Бо пули ману ту месозад ва боз аз ману ту пул гирифта ба духтараш медиҳад! Ана, падарии пешво дар ҳаққи миллат. Миллат гуфтанӣ гап баробар ё эквиваленти  фарзандон аст!

Маънои миллатро Раҳмонов дарк намекунад!

Ҳатто барои набераи 5-солааш дар Варзоб, ба мисли дачаи миллионҳодолларае, ки аз ҳисоби буҷети Тоҷикистон барои худаш сохта аст,  сохта туҳфа карда асту ҳанӯз  аз он замон он кӯдаки 5 сола, ки акнун ба балоғат расида аст, суратҳисоби бонкӣ дошта, тамоми оидоти он истироҳатгоҳ ба ҳисобаш ворез мегардад.Аз ҳисоби будҷети давлат- аз ҳисоби ману ту, аз ҳаққи ҳалоли ману ту истироҳатгоҳ сохта, ба наберааш аз номи бобош туҳфа мекунад!

Аз ҳисоби будҷети кишвар барои худ истироҳатгоҳҳои хусусӣ сохтан дар ягон кишваре, ки миллаташ худро ҳурмат кунад, вуҷуд надорад!Аз ҳисоби ману ту Автодром сохта ба домодаш дар 7-ум километрии Душанбе туҳфа мекунад. Рафта лентаашро аз номи сарвари давлат мебурад. Вале фоидааш на ба давлат, балки ба кисаи домодаш – ҷайра меравад!

Як суолак

Чаро Эмомалӣ ҳама имороту сохтумону истироҳатгоҳҳои хусусию авлодияшро аз ҳисоби «соҳибкорони ватанӣ»-яш нею, именно аз ҳисоби будҷети давлати тоҷикон месозад, вале ба авлодаш туҳфа мекунад. Намешавад, ки он ҳамаро бо пули шахсии дуздидаи оффшорияш созад?

Ҷавоб

Чунки Эмомалӣ он қадар туппой нест, вақте дар зери тасарруфаш пули бедардимиёни будҷет асту боз ҳам як проекти 10 миллионаро имкони 20 миллион доллар списат кардану лоиҳакашию пулшӯӣ дорад, рафта «беақлона» пулҳои аз ҷон ширинтарашро, ки тули умр дуздидаву  аз хориҷу дохил гадои карда, дар оффшорҳо тал чида аст, оварда биносозӣ кунад.

Ин як омил

Омили дуввум ин аст, ки Эмомалӣ ва канаавлодаш хуб медонанд, ки вақте аз ин давлат суқуташон доданд, ҳамагӣ он дача, вилло, истироҳатгоҳҳо, автодрому ипподрому  роҳҳои пулакию базаҳову мошинҳои давлатӣ-хусусияшону дигар ҳавопаймоҳои шахсию фурӯдгоҳҳоро миллат, пеш аз ҳама, миллӣ  мекунанд. Аз ин рӯ, ҳатто ҳамон самолёти 92 миллиондолараро ҳам аз будҷети Давлати Тоҷикистон харид! На аз пули оилавияш, ки ҳазорон як чунин ҳавопаймоҳоро қудрати харид дорад! Инро дигар наметавон давлат номид. Як бекигарист. Ҳатто бекигарӣ ҳам намешавда онро хонд. Бек ҳам як саре итоат ба Амир дошту чӣ басо масъулиятҳое ҳам ба дӯш дошт. Вале инро метавон ба ҷазирачаҳое ташбеҳ дод, ки миллиардерҳо харидорӣ намуда, дар он ҳарчӣ дилашон хост мекунанд. Ҳарчӣ дар он ҷазирачаҳо ҳаст моликияти хоссаи он миллиардерон аст.

Дар он на қонун асту на назорати иҷроиши он. На давлат асту на ҳокимияту на адолатхоҳию на касе ҳақи таарруз ба онро дорад. Зеро он ҷазирачаҳо моли шахсии соҳибонашонанд.

Дуруст фаҳмидед. Тоҷикистон ҳам имрӯз ҳукми ҳамин гуна як «айленд»-и харидашударо касб карда аст. Онро, гӯё Эмомалӣ бо ҳамкосаҳову ҳамяроқону авлоди бешумораш бо нархи ҷони ҳақири думравони Фронти Халқияш «харида»  будаанд! Ҳарчӣ дигар бихоҳанд, дар ин ҷазираи беқонунӣ мекунанд; аз бадахлоқӣ гирифта ба беқонунии дикий пляж, аз зино гирифта то ба ҳамҷинсгароӣ, аз дуздӣ гирифта то ба қатлу куштор, аз зиндонсозӣ гирфта то ба бадрақаи аҳолии он, аз туҳмат гирифта то ба шантажу беобрӯсозӣ, аз таъзиб гирифта то ба истинсоқҳои тоқатфарсо, аз маъюб сохтан гирфта, то ба барқ гузоштани мухолифину кандани нохуну дандону кандани ришу мӯйи сару шикастани устухонҳои зиндониён!

Ҳама чиз дар ин айлэнд иҷозат аст. Ҳама дар назди қонун «баробаранд», ба ҷуз Оилаи Раҳмон, ки тибқи моддаи «Пешвои миллат» умуман дар назди қонун уҳдадору ҷавобгӯ барои амалҳои содиркардааш, дар тули ҳокимияташ нест. Дар зимн,  оилааш низ ин масунияти дипломатиро касб кардаанд. Қонунан! Тибқи қонуну Сарқонуне, ки худ назди он масъулият надоранд!

Ин статусро бо жаргони ҷинояткорон «вор в законе» мехонанд. Пас, ин статуси оилаи раҳмонов бештар аз вор в законе ё худ дузди зур соҳиби говро баста аст, беш нест!

Хулоса ин давлату давлатдорӣ аз бунмоя ғайриқонунӣ, берун аз қонун, зидди қонун буда, амалкардҳои онон зиддиқонунӣ ва зиддимардумӣ маҳсуб меёбад.

На инки аз ҷавобгарӣ озод бошанд, балки, айнан,  баракс ҳангоме ки амалкардҳои онон болотараз қонун бошад, худ айни анархия буда, ҳарчӣ зудтар бояд, инҳо ба доираи қонун ва уҳдадорӣ дар назди қонун ва ҷавобгарӣ дар баробари қонун баргардонида шаванд. Ё дасташон аз ин беқонунӣ кӯтоҳ карда шавад.

Баъд аз он мешавад дар Тоҷикистон аз волоияти қонун ҳарф зад. Аз ин рӯ, ин навъи давлатдорӣ аз низоми фашистии Ҳитлер низ хатарзотар аст. Агарчи Ҳитлер мустабид буд, вале мустабиде набуд, ки бо яко яки олмониҳо мушкилӣ дар заминаи пулию молию ҳуқуқӣ дошта бошад, балки як мушкил бо рақибонаш дошт, он ҳам : Сиёсӣ!

Вале режимаш технократӣ буд на чун режими Раҳмонов оилавиӣ феодалии қафомондаи ҷаҳолатпаноҳ! Ҳитлерро бо он ҳама пешрафтҳои ҳайратзои низомию истеҳсолию идеологӣ нашояд бо ин шоҳканаи аз оғилбаромада, ҳатто, қиёс кард! Уқобро бо калламуши анбор куҷо дидаед қиёс карда бошанд?! Ҷуз анборсозию анбоштани ашёи дуздида чун кӯрмушон чӣ ҳунаре тули ин 32 сол доштаанд?

Биёед, ин кишвари асирро аз чанголи ин ҳама канаҳо ману ту наҷот диҳем!

Ҷуз мову шумо касе онро раҳоӣ нахоҳад бахшид.

Агар ин гуна бетарафӣ аз ҷониби мову шумо бардавом бошад, рӯзе он ба вартаи нестӣ воруно хоҳад рафт.

Хело ба он партгоҳ бо холабеғамию бетарафию бешарафию буздилии аз ҳад зиёдамон наздикаш кардем. Огоҳ бошед, канаҳо ақли истеъфо надоранду нахоҳанд даҳон аз хуни ин миллату давлат бардошт. Ононро барбояд канд!

Дигар чора нест!

Share This Article