Чаро Эмомалӣ Раҳмонов намехоҳад аз қудрат биравад?
Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1999, ки Эмомалӣ Раҳмоновро бар намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ- Давлати Усмон чира ва дастболо кард, дар ӯ ин андеша ва ормонеро тавлид кард, ки метавонад курсиро ба касе дигар надиҳад. Дуруст аст ки қабл аз ин ҳам дағдаҳое дошт, ки «бо хун омадаему бо хун меравем» ва «мо сварка» кардагием. Аммо вақте дид, ки он оппозитсиюни ду соли пеш дар баробараш коре карда наметавонад, қудрати низомӣ надорад, тазоҳуроту гирдиҳамоӣ ҳам коре нест, ки дар шароити баъдиҷангӣ созмон дод, худро «барои солҳои тӯлонӣ» омода кард. Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмонов замоне хиёлу нақшаи насупоридани қудрати сиёсиро дар сар парваронд ,ки ҲНИТ аз хориҷа дохил ва нерӯҳои низомиашро бо қувваҳои мусаллаҳи Эмомалӣ Раҳмонов якҷо кард, мунҳал намуд.
Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири давлатии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз аъзои ҳайати музокиротии ҳукумат дар гуфтшунидҳои тоҷикӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз қавли Герд Дитрих Меррим, намояндаи вижжаи Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон навиштааст, ки ин дипломати коркуштаи ғарбӣ бор-бор ба Раҳмонов гӯшрас ва илқо мекард, ки «мухолифини дар дохил камхавфтар аз мухолифини дар хориҷа ҳастанд».
Солҳо баъд Абдумаҷид Достиев, ноиби аввали раиси Комиссияи оштии миллӣ ва муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба яке аз афроди баландпоя аз ИНОТ мегӯяд:
«вақте шуморо гуфтам,ки ба Қонуни асосӣ нарасед, шумо ба моҳияти гуфтаҳои ман нарасидед. Ва, ҳоло, ки девро аз кӯза берун кардед, азобашро таҳаммул кунед».
Достиев ишора ба баҳсҳое мекард, ки дар Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон масъалаи ислоҳоти Қонуни асосӣ ҳам сахт ҷангҷолӣ буд ва бахусус моддае, ки мӯҳлати раёсати ҷумҳуриро муқаррар мекард.
Ин нуктаро ҳам бояд тазаккур дод, ки Маҳмадсайид Убайдуллоев, ки он замон аз чеҳраҳои бонуфузи кишвар ба ҳисоб мерафт, низ зидди ислоҳоти ин модда дар Қонуни асосӣ буд. Ин ду нафар ва бавижа Убайдуллоев ҳамакнун дар ҳасрати курсии Раҳмонов шабҳо хоби хуш надоранд ва то ҳамин ҳоло мутааҷҷибанд, ки чи гуна як раиси совхоз тавонист ин ҳама муддат давлат биронад ва то ба як дараҷаи Диктотурӣ бирасад.
Вале дигар ин ҳарфҳо моли таъриханд ва ҳоло агар мо бигӯем роҳбарони мухолифин танҳо ба хотири ҳифзи сулҳ у оштӣ ба Раҳмонов боз ду соли дигарро ба хотири оромона ва ҷавонмардона аз қудрат рафтан доданд ва инки муҳлати як «ҳафтсола» баъди рафтани вай боиси рушду ривоҷи демократия дар кишвар мешавад, чизеро тағйир нахоҳад дод. Аммо воқеият ҳамин буд.
“Аммо Раҳмонов бо онки дар июни соли 2003 дар Қонун ислоҳот даровард ва як ҳафтсоларо ба ду ҳафтсола иваз кард ва маҳдудияти синни болои номзад аз 65-ро ҳам аз матни он дур андохт, дигар майдонро аз рақиби худ холӣ дарёфт.”
Рақибе, ки ба хотири дидору мулоқот ва касби ризои вай 5 сол музокира кард, барои сӯҳбат бо вай Афғонистон рафт, чун ҷонаш дар каду баста буд ва ҳаёту мамоташ дар дастони ӯ қарор дошт, дигар ҳама чизро танҳо ва танҳо ба хотири онки дигар хун нарезад, ақиб нишаст. Коре карданӣ нест.
Аммо Раҳмонов баракс боз ҳам сахттару тундтар пеш мерафт. Яке, яке тамоми рақибони эҳтимолиашро аз Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки эълон кард, барои курсии раёсати ҷумҳурӣ мубориза хоҳад кард, сар карда то Ёқуб Салиму Ғаффор Седою Султон Қувватов, Муҳаммадназар Солеҳову Зайд Сайид, Мирзо Зиёев ва ахиран Ҳизби наҳзату Муҳиддин Кабирӣ аз арсаи сиёсат канор зад: зиндонӣ кард, кушт ва водор ба ҷилои ватан намуд.
“Раҳмонов дигар наистод. Ҳама мавонеъро аз сари роҳаш дур бурд ва ба тадриҷ дар ҷалби насби хешу табору ҳаммаҳалҳояш ба ҳукумат сар кард. Кореро, ки диктотурҳои қабл аз вай, масалан Чаушеску, Муаммар Қаззофӣ ва дигару дигарҳояш анҷом дода буданд. Вай яқин кард, ки роҳбарии давлат тафовуте аз роҳбарии совхоз надорад, фақат инки калонтар даромадноктар ва муҳташамтар аст.”
Дигар мардуми Тоҷикистон ба ғанимати ҷангии Раҳмонов табдил шуд. Ҳамаро аз онки ӯ сулҳ кардааст ва мардум мадюни сулҳи ӯянд, қарздор кардааасту метарсонад. Эмомалӣ Раҳмонов акнун халқи Тоҷикистонро ба ҳайси як рама ва ё пода ва ё гала меҳисобад. Вай ба вузӯҳ дарк кард,ки халқи тарс дар дилу руҳаш лона мондаро мешавад даҳсолаҳо идора кард. Мисли як чупон ва ё даҳмарда, ки бо як карамалтук ва дуто саг мешавад рамаро ба чапу рост ҳай карду мардумро бо ваъдаҳои дурӯғинаш ва ба “пеш” гуфтанҳои дастонаш ба зур боло шавандаш ва гардани балони газинаш мешавад роҳбарӣ кард. Муҳим ӯ ва оилаи яъҷуҷу маъҷуҷаш серу пур тороҷ карда гарданд.
Раҳмонов аъзои хонаводаашро ба ҳокимият оварда заминаро барои як давлати монархистӣ фароҳам кард. Писараш ҳоло амалан нафари дуввум ва духтараш амалан дар нақши сарвазир ва шахси саввуми мамлакат фаъолият дорад.
“Султаи хонаводаи ҳокими худкома ва диктотур акнун ба ҳама бахшҳои муҳими ҳаёти хоҷагии халқ тасаллут ва назорат дорад.”
Де-факто ва де-юре ба низоми худкома ва тоталитарии даврони шӯравӣ бозгашт. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳокимияти худкомае дар сари кор аст ки сӯҳбат аз демократия ва озодиҳои инсонӣ ғайриимкон аст. Тамоми идораи кишвар, ҳама умури сиёсиву давлатии Тоҷикистон, бо шумули низоми додгоҳӣ дар дасти як нафар ва оилаи вай аст.
“Раҳмонов ва аъзои оилаи вай бо онки ҳокимияти хонаводаӣ ва султаи худ болои миллат ва давлатро бор карданд, бо тамоми иқтидори давлат дар фикри андӯхтани сарват ва дуздии моликияти мардум ҳастанд.”
Дуздӣ, сарватандӯзӣ тиҷорати дороиҳои миллат ба хориҷиҳо ба кории доимии Раҳмонов, оила, домод ва духтарҳои вай табдил шудааст.
Аз охирин амалкарде, ки Раҳмонов барои тақвияти низоми худкомаи худ анҷом дод ва ба як супердиктотур табдил шуд, тағйироти Қонуни асосӣ дар соли 2016 буд. Бар асоси он Раҳмонов то абад ҳуқуқ дорад,ки раиси ҷумҳурӣ бимонад.
“Ҳамакнун ба истилоҳ зиёиҳое мисли Абдулло Раҳнамо ӯро то ба сатҳҳои як фавқулбашар ва нимахудо наъузубиллоҳ таърифу тавсиф карда истодаанд. Як диктотуреро, ки ин ҳама солҳо дуздид, кушт, ғорат кард, номусу шарафи миллатро фурӯхт барои афроде мисли Раҳнамо, Пешвову соҳиби мактабу соҳиби курси сиёсиву ҳоказоҳои дигар шудааст.”
Аксҳои Раҳмонов дар тамоми утоқҳои корӣ овезон аст, дар роҳҳо, ҳатто дар сари замини шалғаму карам ҳам.
Ровиҳо ва хабарнигорони телевизионҳо дастур аст бояд,ки ҳатман Асосгузори… Пешвои … гуянд. Дар доираи Қонуни асогузор қабул то фарзандону набераҳояш дахлнопазир эълон шуданд, молу моликияташон низ. Раҳмонов барои ҷиноятҳои содиркардааш посух намедиҳад.
Аммо дар давраи ин Диктотур тамоми иқтисодиёт фалаҷ шуд. Як мисоли одӣ:
Корхонаи нассоҷии Душанбе 16 ҳазор коргар дошт. Агар ҳар яки онҳо 4 нафарӣ хуранда дошт қариб 65 ҳазор нафарро таъмин мекарданд. Ҳам ба буҷа даромад мешуд. Ҳамин тавр садҳо ҳазор нафар бе ҷои кор ва дар кӯча монданд. Даромадҳои буҷаи давлат ҳам аз байн рафт.
Як мисоли дигар: Корхонаи алюминий 13.000 коргар дошт. Солона то 450.000 тонна истеҳсол мекард. Беш аз 1 миллирау 100 миллион доллар гардиши мол дошт. Ҳоло ин корхона ақалан 1000 коргар надорад. Боз охири моҳи август ба ноҳияи Турсунзода сафар карду чанд алюминро дар наздаш гузоштанду ӯ бошад бо ними чашмони варамидааш нигоҳ мекарду ҳайрон буд, ки ҳоло ҳам инҷо кор мекунад?
“Раҳмонов зоҳиран ҳамроҳи мардум зиндагӣ мекунад, аммо аз онҳо ҷудо аст. Вай ноҳияҳо меравад, бо гулу гулдаста пешвоз мегиранду пойандоз паҳн мекунанд дар пеши пояш. Аммо дар асл мардум аз вай танаффур дорад, чун нону наволаи халқро аз дасту даҳонаш кашида мегирад ва ,то имрӯз кашида гирифтааст. Мардум дар шахси ӯ як қотил ва одамкушеро мебинанд,ки ба ҳеҷ инсоне раҳм намекунад. Дар асл аз ӯ пешвоз ва истиқбол намекунанд,аз ӯ ҳарос доранд.”
Ҳанӯз замоне, ки Муродалӣ Алимардон раиси Бонки миллӣ буд, барои як ҷуфт шиму костюми ӯ 30.000 доллар аз ҳисоби бюҷет ҷудо карда буд. Инчунин инсонҳо, замоне, ки миллионҳо ҳамватанашон дар дори ғурбат барои як бурида нон ранҷи муҳоҷират мекашанд, ҳеҷ гоҳ раҳму инсоф нахоҳанд дошт ва абадан бо мардум нахоҳанд буд.
“Диктотурҳо сахт ҳарис ва носераму гушна мешаванд. Онҳо, ки солиёни зиёд дар дохили айшу нӯш ғарқ шудаанд, ҳеҷ гоҳ ба ёди мардум намебошанд ва ҳеҷ гоҳ ҳам аз чунин зиндагии муфтхӯрона даст намебардоранд. Дар ҳақиқат то вақте ки Раҳмонов ҳаст, вай мушкили №1-и Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дуруст қайд кардаанд, ки аз қудрат дур кардани Раҳмонов бояд стратегияи миллӣ бошад.”
Аммо мардум боз ҳам фикр кунанд,ки ӯ ба онҳо ҳаёти хубу осоиштае бунёд мекунад,сахт иштибоҳ кардаанд. Ман бо тамоми сароҳат ва итминон мегуям,ки Раҳмонов азоби Аллоҳ болои ин мардум аст. Агар зиндагонии осуда дар дохили кишвар ва хориҷ аз онро хоҳанд набояд ӯ дигар дар қудрат бошад. Наҷоти ҳама миллат ва мардуми кишвар набудани ӯст. Бақои ӯ ҳалокат, фалокат,қаҳтӣ, нобасомониҳои гуногӯн аст.
Ҳеҷ як диктотур ҳокимиятро надодааст…ӯро ба зер мекашанду вожгун кард: Чаушеску, Бин Алӣ, Ҳусни Муборак,Қаззофӣ, Бутафлиқа ва тамомии онҳо масирашон яксон буд ва Ин шо Аллоҳ Раҳмонов ҳам истисно нест…..
Поёни бахши чорум, давом дорад бо “Ислоҳ” бошед, то мо бигуему шумо хонеду бубинед ва хулосаи ниҳоии худро намоед!