Сомонаи Ислоҳ дар тоҷикистон масдуд шуд

Ислоҳ нет

Сомонаи Ислоҳ дар тоҷикистон масдуд шуд

 

Хонандагони зиёде ба ман менависанд,ки аз дохили кишвар вориди Сомонаи Ислоҳ шуда наметавонанд.Ин иқдомро қабл аз кушодани сомона эҳсос мекардам. Зеро шевои кори ин сомона аз сомонаи қабли ба кулли фарқ мекунад.Ҳар мухолифати нописанде аз ҳар шахсе фарқ намекунад ӯ ки аст ва чӣ мақоме дорад, дар кишвар дидем,шунидем,хондем дар фурсати муносиб посухашро хоҳем дод.Агар аҳамият дода бошед номаш ислоҳ аст,пас ислоҳот мехоҳад.

Хитоб ба масдудкунандагон!

Хуб намешуд агар дар ивази банд кардани сомонае,ки ҷуз ҳақ чизе намегӯяд.Ончӣ дар кишвар бар алайҳи озодии баён,озодии дин,озодии виҷдон,озодии либоспуши ва сурати зоҳирии мардум ҳукумат муборизаи беамон мебарад.Ҳукуматдоронро фаҳмонед ин кори онҳо иштибоҳ аст.Онҳоҳам инсонанд бояд фикри мутахассисони ин ватанро шунаванд ва ба инобат гиранд. Машаварату пешниҳодҳои дигаронро агар напазиранд,ақалан аз шуморо бояд пазиранд.Агар шумо ҳамчун мутахассис ва мушовир набошед ва ҳамчун аҷир истихдом шуда бошед.Пас ман аз онҳо карда ба шумо дилам месӯзад,ки дар чунин ҳолате қарор доред.Ҳайфи он умре,ки дар хидмати шахсоне қарор доред,ки аслан қадратон намекунанд.

Хитоб ба хонандагон!

Ҳамеша ҳақгӯён ва ислоҳталабон дар ҳар ҷомеъаи рӯ ба рукуд ва истибдодӣ дар чунин ҳолате қарор доранд.Ин як амри табиъиест ва ҳаргиз ман аз ин иқдомҳои саркубгароёна хаста намешавам.Баракс андриналинам бештар ва шавқам бештар ба даъват мешавад.Ҳамеша Аллоҳ бандагони лойқашро зери сахттарин имтиҳонҳояш қарор медиҳад,то онҳоро бисанҷад,тобу тоқат меоранд ва истиқомат ва пойдор мемонанд.Алҳамдулиллоҳ,то охирон нафасе,ки Аллоҳ бароям муқаддар намудааст.Ҳаргиз аз ин роҳи даъвати пуршарафам дастбардор нестам.Ҳаргиз маро таҳдиде,доре,силоҳу,зиндоне, аз адои вазифаи даъватам боз намедорад.Муҳимтарин шараф дар ҳаётам ин ризояти Аллоҳ ва хушнудсозии Ӯст.Инро аз ёд набаред агар ҳар миллате донишмандонаш худфидо,самимӣ дар анҷоми вазоифеки Аллоҳ ва паёмбараш онҳоро амр намудааст набошанд. Он миллат ҳаргиз миллати мондгор ва пирӯзу оламшумулу мутадайн нахоҳанд шуд. То он лаҳзае як ҳамватанам аз кишвар берун аст,то лаҳзае ончӣ дар кишвар алайҳи дини азизам сурат мегирад,то он лаҳзае миллати азияткашидаам сарсону саргардон дар дуроҳаи номуъайян қарор дошта бошад, намегузорам  қаламам биистад.

Хонандаи гиромӣ ҳоло аз дохили кишвар метавонед бо барномаи филтршикан (vpn)ё барноми ( Hotspot shield) вориди Сомонаи Ислоҳ шавед. Инчунин дар фейсбук гурӯҳе дорем бо номи Ислох : https://www.facebook.com/groups/160750644136038/ вориди он гардед.Ҳама мақолаҳои моро инҷо метавонед пайдо намоед.

 

Share This Article