Суқути режими истибдодгари Эмомалӣ Абдураҳмон чӣ гуна сурат мегирад? (Видео)

Ислоҳ нет

(Муҳтавои суханронии онлайнии 29 –уми май ва 13 рамазон дар гурӯҳи Паёми мардум, шабакаи иҷтимоъии Фейсбук)

 

Ин сахтгириҳое, ки барои бақои султаи худ Эмомалӣ Абдураҳмон пиёда кардааст, оё умри ҳукуматашро тулонӣ мекунад?

Агарчӣ чархи фалак дар як мадор бо як низом давр мезанад, таърих на ҳамеша бо як услуб ва як равиш такрор мешавад. Чун инсон ҳамеша он чӣ мебинаду мушоҳида мекунад, хубиҳояшро таҷриба ва аз бадиҳояш ҳазар мекунад ва то ҷое тадбирҳоеро меандешад. Тавре, ки медонем, инсон тадбиру пешгириҳоеро, ки дар мавриди он омодагӣ мебинад, мудаббири асосӣ Худованд аст. Аммо аз рӯи суханрониҳо ва сиёсатҳои пиёдакардаи Эмомалӣ Абдураҳмон мушоҳида мекунем, ки ӯ худро шоҳи мутлақ ва ҳокими ивазнашаванда мепиндорад.

 

Ин мард дувуним даҳа аст, ки бо қабзаи оҳанини хеш қудратро дар даст дорад ва барои бақои худ ҳар ҷиноятеро, ки хоҳад анҷом медиҳад.

Ба ҳама бадбахтиҳо даст зада ва боз ношармида, ҳама амалҳои бефаросатона ва дур аз иродаи мардумро ҷомаи қонуният пушонида аст. Ба худ номҳои нест андар ҷаҳонро, ки аслан ҳеҷ реша дар фарҳанги ин миллат надошта, барчасп кардааст ва боз шарм накарда, ба он дурӯғҳо худаш бовар мекунад, ки гӯё ӯ чунин аст.

 

Ман аз баёни ҳама ҷиноёти раисҷумҳур Эмомалӣ воқеан оҷизам.  Тавре аз таърихи начандон дури кишвари Тунис огоҳем, Зайналобиддин Бин Алӣ, яке аз диктотурони Тунис дақиқан 24 сол ҳукмронӣ намуда буд ва бо инқилоби мардумие сарнагун шуд. Пас аз он маҳкамаи ҷиноётии ин кишвар парвандаи ӯро баррасӣ карданд. 2000 ҳазор ҷилд парвандаи ҷиноятӣ барояш омода намуда, ҷиноятҳояшро барҳисобиданд. Барояш 202 сол ҳукми зиндон дар ғиёби ин диктотур содир шуд.  Бин Алӣ дар қиёс бо Эмомалӣ мисли тифли бегуноҳеро мемонад, зеро ҳаргиз Бин Алӣ ҷиноёте, ки ин саффоки Тоҷикистон анҷом додааст, содир нанамуда буд.

 

Аммо, Ҳабиб Бурқебае, ки Бин Алӣ бо инқилобе ӯро сарнагун намуд ва 13 сол дар зиндон, то ҳоли марг қарораш дод, бо Эмомалӣ ҳамсон ва якнаво мебошад. Дақиқан, мисле, ки Эмомалӣ бародари ӯ бошад ва ҳама низоми ҳукуматронияшро аз ӯ нусхабардорӣ карда татбиқ намуда истодааст. Вале сарнавишти талхе ӯро интизор шуд ва бо хортарин ҳолат ҳалок гардид. Мақолаи муфассал дар ин маврид дорам ва онро метавонед аз сомонаи Ислоҳ дарёфт ва мутолеъа намоед. Имрӯз Эмомалӣ – саффоки асри навин барои тарсонидани мардум, ҳар муносиботе, ки дар кишвар сурат мегирад, мардумро аз ҳаводиси солҳои 1992-1997 метарсонад ва ҳушдор медиҳад.

 

Ҷаноби электрик! Намедонам бо кадом номи дигари муносиби воқеъии бешуморат туро ном барам. Агар туи ҷинояткор бо хоҷаҳои хориҷиат, ки бароят хуб ошноянд,  бо тонкҳо ва қушунҳои он кишварҳо ба пойтахт ворид шуда, ҳукумати муросои миллиро торумор намекардӣ, ҳама хуб буд. Маҳз ту бо қумандонҳои тоҷиккушат садҳо ҳазор тоҷикро куштед, ҷануб ва шарқи кишварро ба мотамхона табдил додед. Чанд садҳазор тоҷикро иҷборан водор намудед то ба Афғонистон ва дигар кишварҳои дуру наздик фирор кунанд. Ман ҳам ҷузъи он қофила ва муҳоҷироне будам, ки ҳиҷрати аввалро шарафёб шудам. Хуб дар ёд дорам, ки 17 декабри 1992, дар он ҳавои хело сард мо паноҳанда ба кишвари Афғонистон шудем. Ин суханҳо бофта ва сохта нестанду ман ва оилаи мо шоҳиди ин ҳодисот будем. Ин ҳама, маҳз бо роҳбарии шумо ҷаноби асосгузори ҷангу хунрезӣ сурат гирифта буд. Чуноне, ки имрӯз мехоҳед паноҳандагони сиёсии имрӯзро иҷборан ба ватан баргардонед ва онҳоро аз дами теғи аз хун хушк ношудаатон гузаронед. Он солҳо ҳам чунин ҳолатро хоста будед ва нақша доштед, то роҳбарияти ИНОТ ва ҳазорҳо зиёиёни мухолифандешро аз дами теғ гузаронед.

 

Рӯзи 22 январи соли 1993 чанд афғон дар минтақаи Хоҳони Афғонистон атрофи хонаеро, ки мо зиндагонӣ доштем, муҳосира намуда буданд ва хостанд моро ба он тарафи дарё, ки ноҳияи Московскии он вақтаи Тоҷикистон буд таслим намоянд. Алҳамдулиллоҳ  муҳофизон чолокона, он афродро водор ба таслим намуданд ва онҳо иқрор шуда буданд, ки маҳз бо амри шумо мебоист падарамро ба Тоҷикистон месупориданд. Муҳим он ҷо ҳам муваффақ нашудед ва мо бо чархбол, бо ҳамроҳии Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Толиқон   интиқол ёфтем. Чӣ қадар дасисаҳое дар он солҳо ва ҳиҷрати аввали мо анҷом додед вале ночор ба сулҳ шудед, чун дигар тобу тоқати муқовиматро надоштеду то ҳумаҳои атрофи Душанбе дар ихтиёри мухолифонатон қарор доштанд. Бо хулуси ният ва ҳусни гумон роҳбарияти Наҳзат, шодравон Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ дасти шумои хоинро фишурд ва сулҳ кард,  аммо афсус, ки мухолифон то охир дар сулҳи худ содиқ буданду шумо онро хиёнат кардед.

 

Чаро ҳангоме, ки мухолифон дар дохил қарор доштанд ва як тарафи сулҳ буданд худро Асосгузори Сулҳ ва оштии миллӣ ном нагузошта будед? Маҳз пас аз ин ки хиёнат ба сулҳ кардед, ба худ ин титули номувофиқ ва ғалатро часп додед? Барои ин ки мардум нафаҳманд, ки шумо хоинед! Мо зиндаем ва ман ҳатто шоҳиди бе воситаи рафтани шумо ба Ҳусдеҳи Фархори Афғонистон ҳам будам. Аллоҳ шоҳид аст, вақте бо Устод Нурӣ салом кардӣ,  аз тарсу ҳаросе туро фаро гирифта буд ду дастонат меларзиду лабонат ором намегирифт. Аммо инро бояд ҳама донанд, ки Устод Нурӣ хоин набуд ва хоину номард ин шумоед, ки ҳама дастовардҳои бузурге, ки ин миллат соҳиб шуд, ба хотири бақои курсӣ барбод додиву хиёнат кардӣ. Дар фурсатҳои муносиб ҳолатҳои зиёдеро аз он солҳо ба ҳама миллат ва онҳое, ки ноогоҳанд бозгӯ менамоям.

 

***

Мавзӯъи мо суқути режими Эмомалӣ аст. Вале чигуна? Оё мешавад тавассути гирдиҳамоӣ ва тазоҳурот ӯро барканор кард? Оё ҷангҷӯёне, ки гуё аз ҷониби Афғонистон  то сарҳади Тоҷикистон омадаанд, метавонанд режими Эмомалиро сарнагун кунанд? Ё роҳи дигаре ҳам вуҷуд дорад?

 

Бидуни шак суқути режими оилавии Эмомалӣ тавассути гирдиҳамоӣ ва тазоҳурот сурат намегирад. Омодагиҳоеро режим дар ин самт дида истодааст,  аммо ба андешаи ман ин омодагиҳо беҳудаанд. Чун ин замина дар кишвар на он қадар реалӣ, назаррас ва имконпазир мебошад. Зеро миллат қотил будани режим ва роҳбарияташро хуб медонанд ва он қатлу кушторҳои ӯро миллат фаромӯш накардааст. Ба ин ҳақ ҳам доранд, ки аз оне ки аз Худо наметарсад бояд тарсид. Воқеъан Эмомалӣ  Худонотарсу саффок ва хунхор аст.

 

Аз ин лиҳоз Эмомалиро месазад хотирҷамъ кард, ки зарурат надорад то  обпошҳою ҷавшанҳои куҳнаи чанд кишварҳоро, ки ҳатто ба иваз кардани навиштаҷоти онҳо зураш намерасад, ҷамъоварӣ кунад. Омодагиҳо дар ин самт беҳуда аст ва касе ба худкушӣ даст намезанад. Ин миллат таҷриба дорад ва кӣ будани Эмомалиро медонад. Дигар ин миллатро бо дасисаю ҳангома, режим наметавонад қатли ом кунад.

 

Дар мавриди ҷангҷӯёни хориҷие, ки гуё дар сарҳади Афғонистон қарор доранд, бояд инро бигуям, ки албатта ин сухан бо иттилоъи мақомоти интизомӣ ва амниятии режим расонаӣ шудааст. Иддае аз таҳлилгарони низомии наздик ба ҳукумати Русия ҳам дар ин бора тахмин задаанд. Аммо ҳамагон медонем, ки ин бонги хатарзаниҳо асосан аҳамияти сиёсӣ доранд ва аз воқеъият дур мебошанд. Чун худи ҳукумати Афғонистон инро рад кард ва гуфт, ки ҳеҷ ҳаракати низомие, ки теъдодаш панҷ ҳазору ҳафт ҳазор бошад, дар наздикии сарҳади Тоҷикистон вуҷуд надорад.

 

Аслан як парранда ба қаламрави кишвар аз он сӯйи марз ворид намешавад ва ин як афсонаи ботил ва дурӯғи худи режим аст. Режим мехоҳад, бо ин воҳима пул кор кунад, вале бояд ба Эмомалӣ бигуям, ки дигар ҳама кишварҳои узви ОДКБ ва дигар кишварҳо бо иқрори худатон боваратон намекунанду онро масалаи дохилии шумо гуфта қаламдод кардаанд. Пас, на гирдиҳамоӣ ва на ҳуҷум ё ҳамлаи ҷангҷӯён режими хуношоми шуморо таҳдид намекунад. Аз ин ду ноҳия ором бошед ва метавонед шабҳо осуда хоб кунед.

 

Суқути шуморо ман аз дигар тараф ва омилҳои дигаре мебинам.

 

Аввалин хатаре, ки суқути режими шуморо тезтар мекунад, ҳамин оилаи худи шумост. Аз писар ва духтарон ва домодҳо ва хусурбачаҳоятон, ки барои манофеъи шахсӣ алакай дар такопӯянду барои қудратро ба дасти худ гирифтан чандин тарҳҳоеро омода намудаанд ва дар садади таҳаққуқ намудани онанд.

 

Дуввумин хатаре, ки суқути низоми шуморо фароҳам мекунад, ин мақомоти амниятӣ аст, ки низоми оҳанинеро ташкил намудаанд. Низоми амниятии кишвар дар садади беобурӯй кардани шумоянд.  Чун рӯз равшан аст, ки шумо обурӯй надоред, вале ҳамон обурӯйи надоштаатонро ҳам резониданианд. Имкони сенаряи Африқо – Роберт Мугобе бештар аст. Инро сад дар сад мақомдороне чун Ятимов ва дигар мақомоти баландпоя бо якҷоягӣ метавонанд ташкил кунанд.

 

Севвумин хатарро ман дар вазъияти нобасомони Русия ҳам мебинам, ки ба шумо рӯйи хуш надоранд ва фишанги бузурге ҳам дар даст дорад, ки он муҳоҷирон мебошанд. Чун шумо дар иттиҳоди гумрукӣ намехоҳед ворид шавед ва тиҷорати оиларо касод кунед, ин барои Русия итоат накардан ба ҳисоб меравад.

 

Дидед, муносибати Арманистон бо Русия чӣ гуна буд, вале дар чанд рӯз ба куллӣ тағйир кард ва имкони  пайдо кардани Пашиняни тоҷикро ҳам Русия дорад ва онҳоро мешиносем ва худатон ҳам онҳоро мешиносед. Бо ин қазия суқути режими шумо фароҳам меояд ва агар ин масала ҷунбад, дарҳол дар фикри кишваре бошед, ки бароятон паноҳгоҳ диҳад. Ба Чин такя накунед, якумин шуда шуморо “кидат” ва қабулатон намекунад. Зеро ӯ манофеъ мехоҳад ва шумо баъди суқут дигар барои Чин ошғол мешавед.

 

Чорумин ҳолати суқути режими шумо ин марбут аст ба сафари кории Малакулмавт ба хонаатон ва он болини бо ноз омода намудаатон аст. Бо омадани ӯ дигар ҳеҷ обпошак, ОДКБ, Чину Русия ба дардатон намехурад. Пас аз ин зиёрати Малакулмавт аз шумо, оилаи шумо аслан дар сари ин ҳукумат намемонад, зеро 95% шаҳрвандон дар интизории ҳамин фурсатанд. Ман шахсеро, ки ин қадар ҳолати ногувор дошта бошад, дар ин дунё суроғ надорам. Воқеан дилам ба ҳоли шумо месузад, чун режими шумо дар ҳолати сакарот қарор дорад, ки дар раъси он худи шумоед ҷаноби Абулҳул Эмомалӣ Абдурраҳмон.

 

Як нуқтаи дигарро бароят ҳушдор медиҳам, ки дар расонаҳо фиристонидани деверсантҳоро барои ба қатл расонидани роҳбарони мухолифин хондам.

 

Аввалан, баъди қасди заҳролудкунии Сергей Скрипал, як корманди собиқи ГРУ ва духтараш дар Инглистон ба сари Русия чӣ балоҳое омад ҳамагон огоҳем. Беш аз 40 кишвар Русияро таҳрим карданд. Ин дар ҳолест, ки Скрипалу духтараш ҳалок нашудаанд ва зинда ҳастанд. Бояд бидонед, ки баъди расонаӣ шудани кӯшиши қатли мухолифони тоҷики паноҳандашуда ба Аврупо, агар як мухолиф дар Аврупо бо сардард аз дунё гузарад, бидуни шак дар марги ӯ аввалин гумонбар ин шумо ва режими шумо дониста хоҳад шуд. Аврупо Туркия нест, ки бо зиндонкунии як шахс қазияро дунбол накунанд ва пушти қазия нашаванд. Ба ҷаноби Ятимов фаҳмонед деверсантҳояшро дубора фаро хонад ва бо ин ҳамоқат суқути режиматонро фароҳам накунад.

 

Умед дорам, агар фурсат даст диҳад, дар рӯзҳои наздик, як сӯҳбати дигаре ҳам дар ин моҳи муборак дошта бошам ва онро дар 17 уми ин моҳи муборак бо инояти Парвардигор анҷом хоҳам дод. То пирӯзии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ро бар алайҳи режими террористии Абуҷаҳл ва Утбаву Рабиъа баён намоям.

Субҳонакаллоҳума ва биҳамдика  ашҳаду ан ло илоҳа илло анта, астағфирука ва атубу илайк.


Барои тамошои видео дар фейсбук ин ҷоро  ангушт занед.

 

Share This Article