Чандест саргарми навиштан ва хондани мақолаҳои гуногӯне ҳастем,ин қиссаро хондам хело писандам омад.Хостам шумоҳам хонандаи азиз онро хонед ва мардонагӣ ва таслим шудани бузургеро, назди бузурги дигаре бидонед.Албатта ҳамеша фазлро аҳли фазл медонанд,на ҳар сифлае аҳли фазлро медонанду қадр мекунанд.
Мавлоно Котибӣ дар вақте ки аз Нишопур ба Ҳирот омад, боргоҳи шоҳзода Бойсунғур Мирзо дар Боғи Сафед буда, ў дар он ҷо зиндагонӣ мекард. Рўзе Котибӣ дар он боғ даромад ва дид, ки дар он ҳуҷраест ва дар дарунаш одамон менамоянд, ба он тараф рў оварда, рафтан гирифт. Бойсунғур Мирзо бо ҳамдамон ва ҳамсўҳбатони худ дар он ҳуҷра менишаст, чун ў дид, ки як шахси қавиҳайкал ва баландқомат, ки дар сар дастори пора – пора ва дар бар ҷомаи кўҳна дорад, ба тарафи ў меояд, аз вай пурсид:
– Ту кистӣ, аз куҷо меойӣ ва барои чӣ кор меойӣ?
Котибӣ ҷавоб дод: – Ман марде шоирпешаам ва аз ҷойи дур, ки вилояти Нишопур аст, меоям:
Подшоҳ гуфт: – Ту шоир бошӣ, муносиби дастор ва қомати худ байте бигўй!
Котибӣ дар бадеҳа ин байтро гуфт:
Қадди баланд дорам, дастори пора – пора,
Чун ошёни лаклак бар қуллаи манора.
Бойсунғур Мирзо хандон шуд, ўро ба ҳузур даровард ва дар қатори шоирони дарбораш ҷой дод.
Бобосавдоӣ, ки яке аз махсусон ва надимони шоҳзода буда, шоири паҳлавон ва маликушшуарои замон буд, бо шунидани ин байти Мавлоно Котибӣ ба ғоят дигаргунҳол ва парешонаҳвол гардид, ба ҳадде ки Босунғурмирзо дигар шудани ўро пай бурд. Дар он вақт яке аз аҳли маҷлис девони Шайх Сўзаниро кушода, ин матлаъро хонд:
То кай зи гардиши фалаки обгинаранг,
Бар обгинаҳои тоъат занем санг.
Мирзо фармуд: – Ёрон мебояд ин ин қасидаро ҷавоб гўянд! – ва фармон дод, ки дар ҳамсоягии девонхона ҳуҷраеро барои Котибӣ тахсис намоянд, то ки ў он хилватхона он қасидаро хотирҷамъона ҷавоб гўяд.
Бобосавдоӣ дар сиёҳчоҳи ғам, гирифтори андўҳу алам гардид ва дар дили худ гуфт: «Котибӣ аз ҷумлаи машҳурони олам аст ва маро қуввати сарпанҷаи ў нест, акнун кори ман ба куҷо анҷом меёфта бошад?»
Бобосавдоӣ дар ин андеша буд, ки ҷамъе аз ҷавонони дарбор, ки ба Бобо муҳаббат доштанд, пеши ў даромаданд ва ўро дар ғояти парешонӣ ва ошуфтагӣ дида, аз вай сабаби он ҳолро пурсиданд.
Бобосавдоӣ ба онҳо гуфт: -Эй дўстони ман! Банда то ҳол, бағоят обрўманд ва бономус зистаам, дар умри худ малул нашудаам ва малули ҳеҷ кас нагардидаам ва то ин вақт касе бар ман зафар наёфта ва сарпанҷаи маро натофта. Ҳоло ғаними ғолибе пайдо шуд ва ўро подшоҳ дар муқобили ман гузошт. Инак, ман аз оқибати ҳамин кор метарсам.
Ҷавонон гуфтанд: -Бобо, шумо ғамгин нашавед! Мо имшаб Котибиро чунон машғул кунем, ки ў асло ба шеър гуфтан пардохтан натавонад. Шумо имшаб он қасидаро бо хотирҷамъӣ тамом кунед ва фардо ўро, ки дасти тиҳӣ ва бесилоҳ ба маҷлиси шоҳзода хоҳад омад, мағлуб ва шарманда хоҳед кард. Ҳар муборизе ҳар қадар ки пурзўр бошад, агар бесилоҳ ба муқобили душман барояд, дар аввалин задухўрд, албатта, мағлуб мегардад ва ҳар касе, ки мағлуб шавад, дар маъюсӣ ва ноумедӣ меафтад ва дар натиҷа сарпасти хасми ғолиб шуда мемонад…
Ҷавонон барои ба амал овардани ин ваъдаи худ ба ҳуҷраи Котибӣ даромаданд, ў то он вақт чор байти зеринро гуфта буд:
Эй рострав, қазо ба камони ту чун хаданг,
Бар таркиши ту чатри мурассаъ думи паланг.
Ҳам маҳчаи ливои туро осмон ғилоф,
Ҳам лашкари улувви туро ломакон куранг!
Анҷум барои пешкашат атласи сипеҳр
Болои ҳам ниҳода чу туҷҷор танг-танг.
Мурғобиёни ҷавҳари дарёи теғи ту
Ҳар як ба рўзи маърака сайёди сад наҳанг…
Чун ҷавонон ба пеши Мавлоно Котибӣ даромаданд, ўро ҳайрате даст дод, ки «дўшизагони маъонӣ, ки аз дару девори хилватхонаи дил ба масобаи сувари суратхонаи Чин ба ҷилвагарӣ баромада омада буданд, аз хиҷолат дар паси пардаи таворӣ мухтафӣ шуданд».
Хулоса, он ҷавонон ўро то вақти субҳдам машғул доштанд ва барои ба шеър машғул шуданаш нагузоштанд.
Пагоҳӣ подшоҳ шоиронро талаб фармуд. Котибӣ ва Бобосавдоиро ба маҷлис ҳозир намуданд. Ҳукм шуд, ки аввал Мавлоно Котибӣ қасидаи худро хонад.
Котибӣ аз ҷузвдони худ қоғазеро, ки дар вай он чор байтро навишта буд, Баровард ва он қоғазро пеши чашми худ дошта хондан гирифт. Ҷамъе, ки дар паҳлўйи ў буданд ва дар он қоғаз беш аз чор байт набуданро медиданд, тааҷҷубкунон байни худ ҳарф заданд. Чун подшоҳ чизе гуфтани онҳоро пай бурд, пурсид ки:
-Чӣ мегўед?
Онҳо гуфтанд: -Дар ин коғаз беш аз чаҳор байт нест ва ҳол он ки ин шахс беш аз сӣ байт хонд?
Подшоҳ аз Мавлоно Котибӣ пурсид, ки ин чӣ асрор аст?
Котибӣ ҷавоб дод: -Бегоҳӣ чаҳор байт гуфта шуда буд, ки ҷамъе аз ёрон ба тариқи меҳмон ба бандахона омаданд, ба сўҳбат машғул шудем, дигар маҷоли шеър гуфтан намонд. Чун подшоҳ бандаро талаб намуданд, маҷоли узр гуфтан набуд, ночор дар ҳузури олӣ ба ин қасида дар бадеҳа машғул шудам.
Бобосавдоӣ чун инро шунид, даст ба ҷабҳаи инсоф бурда гуфт:
-Инсоф болои тоъат аст гуфтаанд:
Гар зи ту инсофе ояд дар вуҷуд,
Беҳ, ки умре дар рукўъу дар суҷуд.
Ҳар чизе, ки дар ҳаққи Мавлоно Котибӣ мегуфтаанд, ҳазорчандон будааст.
Баъд аз он Бобосавдоӣ ба вай хитоб карда гуфт:
Мешунидам, ки марди майдонӣ,
Чун бидидам ҳазор чандонӣ!
Аз китоби «Бадоеъу-л-вақоеъ»-и Мавлоно Восифӣ