Тарси диктатор аз кисту чист?

Ислоҳ нет

Дар назари аввал гӯё Диктаторон аз касеву чизе наметарсанд. Вале ҳаргиз ин гуна набуду нест. Баръакс, сабаби асосии рӯ ба истибдод овардани ҳокимони инқилобгар айнан дар тарсу тараддудашон реша дорад. Инсонҳои қавишахсият дар дарозои торих ниёзе ба истибдод надоштаанд. Ҳама гуна истибдод реша дар истибдоди фикрӣ дорад, ки бадбахтона диктаторон ҳамеша дар афкору ҷаҳонбиниву раъяшон мустабид, ё худ каҷандешу якраву ҷаҳолатмаобу «ҳамадон» будаанд.

Аз ин рӯ буда, ки паёмбар (с) Абулҳакамро «Абуҷаҳл» мехонд.

Диктатор агар фикри худро аз ҳама афкор волотар намедонист, пас, чӣ зарурат буд, ки ҳамеша фикри худро , чи хатову чи савоб, ба маҷрои амал ворид созад? Аз онҷо, ки диктаторон тарсӯянд (ва тарсуҳо тоқати шунидану дидани фикру мавҷудияти дигаронро надоранд) ҳамеша, дар баробари афкори дигарон, на бо далелу бӯрҳон, балки бо теғу тиру шамшер ҷабҳа мегиранд. Аввалин коре, ки ҳаряк диктатор мекунад ин куштани дигарандешон аст. Ҳол он ки инсони қавишахсияту оқилу боирода, ки аслан тарсе (тарси фикрӣ, ва ё худ заъфи фикрӣ) надорад, дар майдони муборизаи андеша, бидуни тарсу талвоса ворид, ва чи басо ғолиб ҳам мешавад. Вале, аз онҷо ки инсонакҳои заъифиродаву заифҷоне, ки бо тасодуфи маҳзи ҳодисоти торих, дигарон рӯи миллате таҳмилашон мекунанд, нотавонтар аз ононад, ки вориди рақобати интихоботӣ шаванд, балки бо ин ақли гунҷишкиии модарзоде, ки дар косахонаи зангидаашон доранд, ҳамеша аз мусоҳибаҳои телевизионӣ, суҳбатҳои ошкоро, далеловарӣ барои қонеъсозии шаҳрвандон фирор мекунанд. Ва барои худ унвонҳои пуртумтароқи дурӯғини болохонадор ва қонунҳои «Пешвоӣ» метарошанд! Чӣ зарурат аст, чун ту марди «маҳбуб» бошӣ пушти ин ҳама «қонун»-у «дахлнопазирӣ» пинҳон шуда, дар интихоботҳо умре тақаллуб  роҳ андозӣ?!

Ягона услуби диктаторони тарсӯ дар мусоҳиба (дискуссия) ё гуфтугӯ (диалог) ин – «ту хап кун, ман гап мезанам» аст, ки аз соле, ки Эмомалӣ бо роҳи қатлу куштору тазвирҳои интихоботӣ ва фанду фиреби кулли тоҷикон сари давлат оварда шуд, аз ин усули «гуфтугӯ» кор мегирад; гуфтугӯ бо забони зӯр, бо забони мили силоҳ, бо забони ғадру куштору тороҷ!

Мардуми дилхоҳашро дар чорабиниҳо, ҷамъомадҳо, ҷашну сӯру хурсандиҳову маросимҳои давлатию ғайридавлатӣ, бо ғалбери амниятӣ бехта, чанд тане аз ҳизалаку гунҷишкмағзу гуспандсифату харкаллаву чоплусу чилимбардоронро гирд овардаву худ чун тамоми диктаторони тарсӯи торих рӯи трибуна баромадаву сар мекунад: ончи парту палое ки як-ду гандапили хармағзу шағолмушовири духоне чун худаш доранд, ки дар ҷумланигорӣ каме ҳам бошад аз ин барзангии говбон мактабдидатаранду ду -се ҷумларо сару нӯк карда метавонандро тӯтивор қироат мекунад.

Ва ҳаминки каллаи ғафс аз рӯи коғаз бардошта шуд, «войдоду дӯғу пуписаву таҳқиру вай-вай» сар мешавад!

Уштурро гуфтам: ғамза кун

Полезро вайрон карду рафт!

Аслан, дар дарбори диктаторон «шӯро», «машвара», «табодули раъй» гуфтанӣ низоми идорӣ вуҷуд надорад. Агар чунин мебуд, ки режими ин гунаҳо диктатура маҳсуб намеёфт, вале ки ин падидаҳои давлатсоз кайҳост аз ҷониби ин каркадан куштаву лаҳ шудаанд, онро диктаторӣ меноманд.

Диктатура дар ҷомеаҳо худ ба худ, бо роҳи стихиявӣ падид намеояд, балки барои пайдоиши тухми наҳси диктатура як чанд омилу заминаву боду ҳавое лозим мешавад, то ин тухмаи наҳсу палиди торих дар кишваре борояду бузург гашта мардумро ба табоҳиву сияҳрӯзӣ кашад.

Сараввал мехоҳам оид ба  омилони диктатура суҳбат намуда, пасон оид ба ёрдамчиёнӣ он хотирнишон намуда, дар охир ба падофандҳои диктатура суханро ба анҷом расонам.

Истибдод натиҷааш истиъбод ё худ бардасозии як миллат, ё, лоақал қишре аз ин гуна ҷомеаҳост. Барои тавлиди истибдоди низомӣ якчанд падидаҳо даст ба дасти ҳамдигар медиҳанд:

  1. Таҳкими истибдод ба василаи дин
  2. Тақcими истибдод ба василаи илм
  3. Таҳкими истибдод бо роҳи тарбияи ғуломхӯӣ
  4. Таҳкими истибдод аз роҳи фасоди ахлоқ (чоплӯсӣ, дурӯғгӯӣ, фанду фиреб, нифоқ, сиёҳро сапед гуфтану вожгунанамоии воқеият, пуштибонӣ аз зулму ситам барои манфиат ва ғ.)
  5.  Таҳкими истибдод аз роҳи «шахсиятсозӣ»-и дурӯғин ва обрӯрезии мухолифон.
  6. Таҳкими истибдод бо фишангҳои пулӣ ва сарватғундории ашхоси мустабид.

Ҳеч диктатурае дар рӯи ин курраи хокӣ зуҳур накарда, магар ин ки ҳамрадифаш дин буда. Фарқе надорад он чи дине буда, муҳим инки барои қонунманд кардани султаи диктатор муҳимтарин фишанг ҳамоно дин будаву дин ҳаст. Аз Фиръавнҳои Мисри Бостон то ба мустабиддони Ошӯриву Бобулӣ гирифта, то ба диктаторону тиранҳои Юнони Бостон, аз шоҳаншоҳони Эрони Бостон гирифта то диктаторчаҳои асри пору кунун, ҳамагӣ худро бо василаи дин худову нимахудову намояндаи худо ё худоён гуморидаву таҳмили мардум кардаанд; ҳам худу ҳам ҳавову ҳавасашонро дар либоси дин тазйин дода, худро намояндаи қувваҳои фарозаминӣ ё худ, баъзан, Худо ҳам унвон додаанд, ки барои донандагони торих ин ашхос маълуманд.

Баромадан бар зидди ифлоскории ин гунаҳо «хуруҷ бар алайҳи дину имону худову алъаёзу биллоҳ фарзанди худо» маҳсуб, ва ҳукмаш марг мебуд.

Дар ин доираи маҳдуди дин муллову попу эшону коҳину ҳахому шаману бараҳману попу падари рӯҳониву ҳазору як «ситамгарпарастон»-и дунҳиммату дурӯяи торих камари зиллат (ё ба гуфти эшон камари ҳиммат) мебастаанд. Ба ҷуз чанд тане аз ростгӯёну диндорони ростин, ки дар фарҷом ин кохи истибдоди муташаккил аз диктатору аъвонашро ба хоки сияҳи тира баробар карда, дар оворҳову харобазори он парчами ҳақиқатро бармеафроштаанд! Вале то он лаҳза, чи басо якрӯҳову содиқони «солеҳу муслиҳ» тӯъмаи теғҳои охта шудаву чи сарҳои буланде рӯи чӯбаҳои дорҳо мерафтаву чи сиддиқоне туъмаи гургону шеру палангони тиранҳо, дар малаи омм, мегаштаанд! Имрӯз бо роҳи «демократӣ» ҳам режими Раҳмонов ва раҳмоновсифатон доранд бедод мекунанд, ки на сӯистифода аз дин ва на аз демократия асли онро хадшадор намекунад!

Олимон ва диктатор

Шуҷоату корномаҳои ин гунаҳо ҳам дар торих моломоланд, ки дар байни инҳо натанҳо рӯҳониён, балки олимону ситорашиносону табибону аҳли илмҳои ақлию фалсафию иҷтимоӣ кам нестанд!

Шарт нест барои дар баробари кохи зулму истибдод нидои «ё ҳақ» задани Мансури Ҳаллоҷ ё Аттори Нишопӯрӣ бошӣ, балки метавон Рӯзбеҳ ибни Додвейҳ буд, метавон Ҷон Браун буд, метавон Галилей ё Копперник буд ва Метавон Че Гевара ё Мартен Лутер ё ҳатто Тӯробию яке дигар «Ту» буд! Оре, ҳамин туе, ки имрӯз чашмат кушода гаштаву кохи зулм ва дажманиши кохнишини кохи Заҳҳокро дар маркази пойтахти тоҷикон – Душанбе, ҳамчун тирану тоғуту мустабиду диктатори хуношом шинохтаӣ!

Инҷо, агар 5 падидаи дигар ё усули тақвияти истибдодро барот шарҳ диҳам, сухан тӯлонӣ хоҳад шуд. Муҷарради зикри он бароят кифоя аст,  то бидонӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 30-у анд сол ин Заҳҳоку моялесону муллоҳову олимони диссернетиву назарияпардозону  имиҷсозону «насли ҷавон тарбиятгаронаш» бо ин роҳҳои 6-гона миллати огоҳу фарҳехтаву пешқадамеро, пас аз қатли садҳо ҳазор соҳибхирадонаш, ба ин тирарӯзӣ ва сарафкандагӣ оварда расониданд!

Мулло бо мавъизаҳои дурӯғинаш золимеро «сояи худо» хонду барояш «шаръияти диннӣ» доду ситамгар реша дар мафкураи диннӣ давонд. Ва барои «исботи иддао»-и золимпарасти тоқию салладор ин золим борҳо гирди Каъба даводав кард – оилавӣ ҳаҷдавак карда аст – дар ҳоле ки ба Рабби ҳазал байт имоне надорад! Чун диктаторон худро фаротар аз имон ба Худое, дар дарозои торих медонистаанд! Балки ба дигарон талқин ҳам мекардаанд, ки худ айни худоянд!

Аз ҳамин рӯст, ки дору дастгаҳи истибдоди имрӯзаи Э. Раҳмонов аз ин роҳҳои 6-гона миллатро «тарбия» ва каллаи хар намуда аст.

Пас, фарди диктатор на инки аз дину мазоҳири диннӣ, илму пайомади ихтироъоти илмӣ, ахлоқи «ҳамидаи дастҳо пеши бар», тарбияи «тоҷиконаи ҳалимӣ», обрӯи обрумандони тамаллуқкор ва сарватмандони дарборӣ ҳаросе надорад, балки ин ҳамаро дар раванди тақвияти режими истибдодияш бо маҳорат истифода, ва дар ниҳоят чун барраи қурбонӣ қурбони худшефтагии хеш месозад, ки сазояшон ҳамин.

Аммо, ончи ки диктаторон дар тӯли торих аз он тарсидаанду кунун ҳам метарсанд ин ашхоси амалӣ, огаҳон, сиддиқон, солеҳон, ислоҳгарон, зулмбадбинон ва олимони воқеӣ ҳастанд, ки барои раҳонидани ҷомеаҳову миллатҳо, дар тӯли торих дар баробари бедодиву ситами диктаторон меистодаанд. Ва чи басо қурбон ҳам мешудаанд.

Ва аммо улуме, ки диктаторон аз рушду нумӯи он метарсанду аз он ҷилавгирӣ менамоянд инҳоянд:

  1. Ҳикмати назариявӣ
  2. Фалсафаи ақлгароӣ
  3. Ҳуқуқи инсон
  4. Табиати иҷтимоӣ ё худ ҳамоиши ҷомеаи шаҳрвандӣ
  5. Рушди сиёсати ҳамгироии фарҳангӣ
  6. Омӯзиши торихи ростин
  7. Баромаду хитобаҳои адабӣ

Дар кул, диктатор аз рушди равшангароӣ метарсад ва то метавонад миллатро дар торикии ҷаҳлу зулмоти бехирадӣ нигоҳ медорад!!

Пас, миллати огоҳу озода ҳамонест, ки ба ҳамин самти 7-гона меравад, на аз думболи аҳримани 6-гонае, ки диктаторро диктатор месозад!

Сахттарин навъи тарси як диктатор аз ана ҳамин шахсонеанд, ки дар ин роҳи 7-гона ба жарфо расидаанд!

Муллоҳои дарборӣ, олимакони хасакӣ, ва ҳатто табибону варзишкорону чемпионҳо ҳам дар ин росто коргар нестанд. Чун, табибон аз ҷисми инсон болотар андеша накунанду варзишкор аз маҳдудаи тамрин берун наандешаду муллои дарборӣ ба ҷуз «ирзои хотири муборак»-и мустабиду валинеъматаш наандешаду олимони маддоҳ ҷуз «роман»-и Ҳазрати Заҳҳоку «торихномаҳои ҳумоюнӣ» чизе аз хомаашон натаровад!

Агар инҳо равшангаро буданд, ки дар ин маҳдудаҳову ботлоқҳо дарнамемондаанд!

Аз онҷо ки диктаторон аксар вақт ҷоҳилу бесавод мешаванд, аз ин рӯ,  дар гирду барашон ҳамеша ашхоси тамаллуқкору ҷоҳилтар аз худро гирд меоранд. Аз ин ҷост ки олиму огоҳу равшанзамиронро то ҷон доранд бад мебинанд. Ва дар дарбор барошон ҷойгоҳе нест.

Сухани машҳури Ибни Халдун – падари илми ҷомеашиносӣ аст, ки : «Тамаллуқкорон дастболо гаштаанд». Оре даргоҳи диктатор ҷои илму фарҳангу ҳунару озодагиву мардонагӣ нест, онҷо макони хиффату тамаллуқу мадҳу санову чоплусиву устухонлесиҳост!

Ба таъбири Саъдӣ:

Ба даст оҳаки тафта кардан хамир,

Беҳ аз  даст бар сина пеши амир.!

Вале диктаторон тамаллуқпарасти ростизудоянд! Аз тамаллуқи дурӯғин хушнуд, вале аз ҳақиқати ғамангез бадашон меояд. Чун худ осудаанд, тавони дидани ноободии дигаронро надоранд!

Аз онҷо ки шахсияти боризе надоранд, ба дурӯғҳои тамаллуқкорон меболанд. Ва дӯст доранд, чун Раҳмонов,  дар ҳама маҷолис дар васфи худ суханони «пуртумтароқи кӯдакона» шунида, биболанд! Вале ку оқиле, ки дар суги ин аблаҳон бинолад?!

Ин ҳукумат ҳукумати тамаллуқкорон аст. Аз сарвазир гирифта то ба раиси КДАМ, вазири ВКД, ҳокимони вилоятҳову шаҳрҳо ва ҳатто тамоми генералҳои худхондаи ҷангнадида, ва дар умум, кулли шаҳрвандони ин кишвар ба навъе ба ҳамдигар тамаллуқкорӣ доранд, ба ҷуз огаҳон, ки сазои тамаллуқ накарданашон ононро ё дар зиндон, ё дар ҳиҷрат, ё дар инзивову ҳошияи ин ҷомеаи мутамаллиқ қарор дода!

Ва ин ҷамоаи хармағз шиор ҳам дорад: «Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат бош»!

Вале бубояд гуфт, ки онки аз охуру обишхӯри тамаллуқкорон бурун шуд, дунё агар сари як ботил гирди ҳам оянд, ӯ ба роҳи худ – танҳо, хоҳад рафт.

Ва ин шиораш ҳаст:

Тарсам аз туркони тирандоз нест

Ишваи тироваронам мекушад!

Ва сифати аслии модарзодии як чоплуси тамаллуқкор ин аст, ки ҳамеша назди хоҷааш «дум ликонад»-у чун сагон забон аз даҳон берун «ҳак-ҳак» кунад!

Ва Қурон сифаташон карда:

فَمَثَلُهُ كَمَثَلِ الْكَلْبِ إِن تَحْمِلْ عَلَيْهِ يَلْهَثْ أَوْ تَتْرُكْهُ يَلْهَث

الأعراف ١٧٦

Чӣ масали бадест, ки инсонияти худро фурӯхтаанд бар ивази чанд устухони нимхоидаи хоҷаашон, ки дар ду олам рӯсиёҳанду омили асосии таҳкими истибдод дар як кишваранд!

Иқболи Лоҳурӣ мегуфташон:

Одам аз бебасарӣ бандагии одам кард,

Гавҳаре дошт, вале назри Қубоду Ҷам кард.

Яъне аз хӯйи ғуломӣ зи сагон хортар аст,

Ман надидам, ки саге пеши саге сар хам кард.

Ва аммо, инҷо танҳо соҳибмансабони манфиатхоҳ омили рушди бемайлони диктатура нестанд, балки миллате, ки худро бетараф гирифтаву дар ислоҳи ҷемеаву кишвару раҳбарон ва вазъияти феълияш дастбакор намешавад, албатта зери юғи истибдод гирифтор шуда, умре дар истиъбод – ғуломӣ худу фарзандону ояндагонаш ба сар хоҳанд бурд!

Ва Худо ҳам бо нидои малакутӣ гӯшзад карда, ки :

 إِنَّ اللّهَ لاَ يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنْفُسِهِمْ 

الرعد:11

Ва он чист дар дохили нафсу ҷисму равони ҳаряки мо, ки онро бояд тағйир диҳем то ҳоламон тағйир ёбад?!

Он тамаллуқ аст, ки бо бериёӣ ивазаш бояд кард!

Он дурӯягист, ки ба сидқ бояд ивазаш кард!

Он тарс аст, ки ба ҷуръати гуфтору рафтор бояд ивазаш кард!

Он бетарафист, ки ба тарафгирӣ аз ҳақиқату адолату садобаландсозӣ ивазаш бояд кард!

Он табиату фитрати инсонии мост, ки аз табиати тамаллуқкорию сагсифатӣ покаш бояд кард!

Хуру хобу хашму шаҳват, шағаб асту ҷаҳлу зулмат

Ҳаявон хабар надорад зӣ ҷаҳони одамият!

Бубахшед, шумо ҳайвонед, ё инсон? Ҳатто ҳайвонот ба сарнавишти насли хеш то ин ҳад бетарафию бешарафӣ намекунад!!

Ё кай инсон мешавед, қабл аз онки даъвии имону ислому родмардӣ кунед?

Кормандони ҳукуматӣ, ки аз ҳоли табоҳи ин кишвару миллат огаҳанд интизори хезиши миллатанду миллат интизори амалкарди сардамдорон – мурдагон ба умеданд, ки Аҳмад ба руған рафта аст!

Ана ҳамин аст сифати олии буздилию тамаллуқкорию бешарафии ҳарякамон – аз олим то ҷоҳил! Аз корманд то зорманд…!

Мо ҳамин вазъияти асафборро ба вуҷуд овардаем:  баъзеҳомон бо тамаллуқкорӣ, баъзеҳомон бо бетарафию тарсу сукут! Баъзеҳомон бо шайтанату фатвову рақсу суруд – ҳаркӣ бо усули хеш дорем истибдодпарварӣ мекунем, ки агар харпарварӣ мекардем, аз ин дида беҳтарамон мебуд.

Хоҷагон барои сари ақл овардани бандагонашон чӯбдасте доранд, ки гаҳу ногаҳ бар фарқашон мекӯбанд. Вале Худо тиёқ надорад то бар фарқамон бикӯбад – задани Худо садо надорад, вақте ки зад, даво надорад.

Он «асо»-и Худо ҳамин Мустабиддинанд, ки барои баргашти миллати мустабидду ҳамдигарозор ба ҷодаи савоб, сари қудрат меоянд, ки ононро аз биҳишти озодӣ ба дузахи ғуломӣ хоҳанд кашонд!  Ва дар хабар омада: «Мустабид шамшери Худост, ки бо он интиқом хоҳад гирифту дар фарҷом ӯро ҳам ба сазои аъмолаш хоҳад расонид».

Дар дигар ривоят омада: «Касе, ки золимеро тарафгирию дастгирӣ кунад, Худованд дар фарҷом он золимро бар ӯ мусаллат хоҳад кард». Ё масали тоҷикист: Чоҳкан –  зери чоҳ!

Инҳо сухани хӯшку холӣ нестанд, балки айни ҳақиқати рӯзгоранд! Магар ҳаминҳое, ки солҳои мадид барои бақои режими истибдодии Раҳмонов ҷон мекоҳониданд, саранҷом кушта, бадарға ё акнун вориди зиндони ҳамин золимашон нагаштаанд?!

وَكَذَلِكَ نُوَلِّي بَعْضَ الظَّالِمِينَ بَعْضًا بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ 

[ 129 سورة الأنعام]

Гуноҳ гуноҳи золим аст, зеро золим аст,ки нахуст бар худаш зарар ворид намудааст. Фаромӯш набояд кард,ки ҳарвақтоки бандагон зулмашон ва фасодашон бештар шуд. Ҳуқуқҳои воҷибро анҷом надоданд. Дар ин ҳолат як золимеро бар онҳо ҳоким қарор медиҳад Аллоҳ,ки ба бадтарин азоб онҳоро он золим озору шиканҷа менамояд. Даҳҳо маротиба бештар бо зулмаш он золим аз он мардум меситонад барои онки ҳаққи Аллоҳашонро надоданду ба ҷой наовардаанд. Боз бадбахтона ин мардумон дар ин зулме болояшон сурат мегирад ҳеҷ аҷре аз ҷониби Аллоҳ барояшон нест , ҳатто агар сабр ҳам кунанд дар он шиканҷа ва озор.Хело ҳолати бадест,ки мо феълан дақиқан дар ин ҳолат қарор дорем Аллоҳул мустаъон…

Суол инҷо матраҳ мешавад, ки чаро миллати «ситамкор»-ро мустабид зери по мекунаду ситамкорро ситамкортари дигар, дар фарҷом, лаҳ мекунад?

Ҷавоб ҳам яктост, ки Худо гуфта: بما كانوا يكسبون!

Барои он корҳое, ки якҷо, ё якмаром, ҳамтироз, умре мекардаанд!

Падари золим диктатор аст.

Модари хоин диктатор аст

Раиси колхози дузд диктатор аст.

Мулоии мунофиқ диктатор аст

Муаллими талабаозор диктатор аст

Тоҷири фоҷири фиребкор диктатор аст.

Ва…,…,….,….,…

Ва ҳамин силсиламаротиб аз поён то ба сарвари ситамкорон – диктатор Раҳмонов рафта мерасаду аз боло то ба поён яке бар дигаре ситам хоҳанд кард!!

Аз боло ба поён фишори зулм сарозер ва аз поён ба боло тамаллуқу ғуломию чокарӣ рафтан мегирад!

Танҳо инҳоро Худо аз шарри миллати ситамгору ҳокимони дижманиш наҷот хоҳад доду бас:

وَيُنَجِّي اللَّهُ الَّذِينَ اتَّقَوا بِمَفَازَتِهِمْ لا يَمَسُّهُمُ السُّوءُ وَلا هُمْ يَحْزَنُونَ (الزمر ٦١)

Дигарон дар зумраи

فَٱلۡتَقَطَهُۥٓ ءَالُ فِرۡعَوۡنَ لِيَكُونَ لَهُمۡ عَدُوّٗا وَحَزَنًاۗ إِنَّ فِرۡعَوۡنَ وَهَٰمَٰنَ وَجُنُودَهُمَا كَانُواْ خَٰطِـِٔينَ 

[8 القصص:]

Яъне сипоҳи золим, мақомоти золим ҳамроҳ бо золимон хатокоранд. Мақомоти золим сахт бояд диққат кунанд дар ин ояти 8 и Сураи Қасас!

Дохиланд дар ҷурм, ки гумон меравад ҳамшарики ғарқи Фиръавн буда бошанд!

Худо ҳам ду оташи интиқом офарида: яке истибдод аст, ки дузахи дунёсту дудигар оташи дузах аст, ки падидаи ондунёист!

Касоне, ки парвои озодагию озода зистану истиқлоли фикрию амалию давлатиро надоранд, ҳатман чун имрӯзи мо дар дузахи истибдод боқӣ мондаву умре бечоранолӣ мекунанд, ки Худо ҳам, то вақте ба «ҳатта юғайиру мо бианфусиҳим» напардозанд, ба ҳолашон расидагӣ нахоҳад кард, агарчи садҳо сол ҳам гузарад!

Ва то рӯзе диктатура побарҷост ҳеч соҳае аз соҳаҳои зиндагӣ рушд нахоҳад кард, агарчи ҳазорон сол ҳам сипарӣ шавад!

Худо таклифашро кайҳо нисбат ба диктатор ва миллати «ситамкор» ошкор карда, ту ҳам мусогарӣ кун, на қорунию ҳомонӣ, ки ҳамғариқи Фиръавн хоҳӣ буд!

Инро ҳам бояд гуфт, ки Худованд Малики Одил асту ба касе зулм раво нахоҳад дид. Вале диктаторро рӯи миллати ситамгор, рӯи миллати тамаллуқкор, рӯи миллати диктаторпарасту шахсиятпарасту дурӯя, ҳатман мусаллат хоҳад кард, ки гуфта шуда: كما تكونوا يولي عليكم.

Пас, раҳбари ситамкоронро ситамкоре роҳбар мешаваду озодагонро озодае!

Ҷангал аз худаш дастаи табар медиҳад!

Эмомзолими мо ҳам аз худи мост. Мо будаем, ки як колхозники нотавонеро ба арикаи қудрат баровардаему бо мадҳу санову дурӯғу чоплусӣ то ба ин сатҳе овардаемаш, ки расида асту балои сари худамон гашта аст!

Аз мост, ки бар мост!

Сари нокасон барафроштан

В-аз эшон умеди беҳӣ доштан.

Сари риштаи хеш гум кардан аст,

Ба ҷайб андарун мор парвардан аст!

Ва то рӯзе мустабид бедод мекунад ин падидаҳои 6-гонаи ҳаётан муҳими зиндагии мардум рушд нахоҳад кард, балки рӯз то рӯз уфул хоҳад кард, ки гуфта шуд инҳоянд:

  1. Дин бозичаи дасти диктатор мешавад (моддаи 307)
  2. Илм аз рушду истеҳсолоту тараққӣ бозмемонад (қатлу террори олимони саршиноси тоҷик ва зандонисозияшон)
  3. Тарбияи фарзанд аз дасти волидон ба дасти мустабидон интиқол меёбад (қонуни масъулияти волидайн)
  4. Ахлоқи «насли истиқлол»и Раҳмонов ба ҳама маълум аст, ки айни бадахлоқист
  5. Обрӯе касе ба ҷуз обрӯи Пешвои муъаззам дар ин кишвар надорад! Ҳамагиро рӯйрост, дар назди дурбинҳову чашмҳо, ҳарчӣ хоҳад гуфта, сархаму мулзаму муттаҳам месозад
  6. Сарват аз дасти дигарон бо роҳи ғасби рейдерию зулму фишору ҳатто қатлу куштор дар зери қабзаи Раҳмонов ва наздиконаш қарор гирифта аст

Пас, вазифаи равшанфикрон аст, ки дар набард бо мустабидд қоим шаванду «авомуннос»-ро дар саргардонӣ раҳо накунанд, чунки агар мардуми оддӣ дар сардаргумӣ раҳо шаванд, тӯъмаи ҷаҳолат мегарданд. Ва чун дар ҷаҳл ғуттавар шуданд, тарсу мегарданд ва чун тарсу шуданд, таслими истибдод хоҳанд гашт. Ана, ҳамин оммаи мардуманд, ки чун ба огаҳӣ расиданд, ба сухан гуфтан оғоз карда, чун чизеро оғоз карданд, дар фарҷом коре хоҳанд кард!

Ҷавлонгаҳи қудратнамоии диктатор ҳамин мардуми оддист; ҳаргоҳе хост тарсашон медиҳад, ҳар гоҳе хост қатлашон мекунад, ҳар гоҳе хост дороиҳошонро салб мекунад, ва инҳо ҳам ҳар боре мадҳу санояш мехонанду наздаш рақсу курниш карда, азаш кимчиҳое «метарошанд».

Ва рӯзе чун мардуми оддӣ аз шабакаи ҷаҳлу нодонӣ раҳиданд, ба огаҳӣ хоҳанд расид, ва чун огаҳ шуданд, қабри диктаторро бо дастонашон хоҳанд канд!

Пас, ҳамин мардуми оддӣ ҳам чарогоҳи диктатор ва ҳам кушторгоҳаш метавонанд бошанд.

Тарси диктатор аз интиқоми миллат бадтар аз тарси миллат аз ӯст. Чунки мардум аз рӯи ҷаҳлу нодонӣ аз ӯ метрсанд, дар ҳоле, диктаторе, ки миллати озодаеро ба ғуломон мубаддал сохта аст, огоҳона аз ин интиқоми бадфарҷом, умре дар тарсу изтироб аст!  Ҳамин аст сазои сазовори диктаторон, ки умре дар пушти бораҳо на рӯзи хуш доранду на хотири ҷамъу на табъи болида! Умре дар тарси сарнавишти норӯшани хешанд; чун ситам бешумор ба ҳаркӣ кардаанд!

Диктаторон,  ба гуфти Луқмон Бойматов «Хабисони торих»-анду ба гуфти Абдураҳмон Алкавокибӣ: «мардони девонаавзоъи аҳмақ», ки агар хабису аҳмақу ҷоҳил набуданд, ба ҷои душманию душмантарошию истибдод дар кишвари хеш нури маърифатро густурда, миллатро аз бардагӣ ба озодагӣ роҳнамоӣ мекардаанд! Меомаданду хидмат карда, мерафтанд. На инки чун анкабут тори абадии бедодӣ танида, миллатеро бӯғӣ карда, ба бадрӯзӣ гирифтор мекарданд!

Истибдод душмани ҳама ҷанбаҳои зиндагист, ки ҳарчи зудтар барандохтанаш амри зарурист! Ба забони қуронӣ гӯем: «Фарзи ъайн» аст!

Хулоса, диктатор душмани ҳарчи озодагиву огаҳист! То рӯзе метарсад, метарсонад. Ва ҳеч гоҳ, то рӯзе сари қудрат қарор дорад, ин тарси малъун гиребонашро раҳо нахоҳад кард. Барандохтани ӯ раҳматест ҳам ба ҷони ӯ, ки аз ин тарси абадӣ раҳо хоҳад ёфту ҳам мояи умеду озодагии миллате, ки ҳоли иҷтимоию ахлоқию равонию илмияш дар бадтарин ҳолати табоҳ қарор дорад!

Аз олимону равшанфикрон вобаста аст, ки инҳоро (тӯдаҳои мардумро)  бо сукуту бетарафии хеш дар зулмоти ҷаҳлу нодонию ситами бепоёни диктатор вомегузоранд, ё ба соҳили огаҳию равшангарӣ хоҳанд баровард!

Ман душманам ба ҳарчи ки ғуломию бардагист!

Ту бигӯ, ки барои ин миллат чӣ кардан мехоҳӣ?!

Ту бикун ончи метавон кардан.

Share This Article