ТАХТАРИШУ БУЗРИШУ КӮСАРИШ ТАҲҚИРИ ДИНУ СУННАТ АСТ

Ислоҳ нет

“Ба худ оед, мо наберагони он бузургонем, ки бо онҳо на танҳо худи миллат, балки ҷаҳони ислом фахр мекунанд. Ин миллат беш аз бисту ду ҳазор олимон чун: муҳаддисин, муфассирин, муаррихин, фақеҳон, имомони соҳибмазҳаб, нобиғагони оламшумул ба ин дин дар умум тақдим намудааст.”

 

Муҳаммадиқболи Садриддин ба матлаби хабарнигори тоҷик Абдуқодири Абдуқаҳҳор,ки дар сомонаи “Ахбор” бо номи“НИЁИШҲОИ АВАСТОӢ ВА “АМРИ МАЪРУФ” БА ФАНАТИКҲОИ ФЕЙСБУКнашр шуда буд, посух навиштааст. Ин посухро ба хотири риояи чандандешӣ нашр мекунем.

 

Тахтаришу бузришу кӯсариш(таҳқир ба дин ва суннати Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васалам))

(нақд ба чанде аз навиштаҳои Абдуқодири Абдуқаҳҳор директори китобхонаи Лоҳутӣ)

 

Ман Абдуқодири Абдуқаҳҳор (рӯзноманигори шинохтаи тоҷик)-ро беш аз дувоздаҳ сол аст, ки мешиносам. Бо ӯ ҳамсуҳбат низ шудаам. Он вақт директори радиои Тоҷикистонро ба ӯҳда доштанд. Ӯ ҳатто барои бурдани чанд барномаи динӣ дар радио маро даъват карда буд. Чунин даъват то солҳое буд, ки ҳукумати кишвар бар зидди дин муборизаи беамонашро намебурд. Метавон гуфт солҳое, ки дар кишвар озодӣ ва имзои созишномаи сулҳ нисбӣ татбиқ мегаштанд. Он солҳо Абдуқодири Абдуқаҳҳор барномае дар телевизиони Тоҷикистон бо номи “Ҳамадон” доштанд ва барномаи ҷолиб ҳам буд. Дар суҳбатҳое, ки бо Абдуқаҳор доштам ӯро ҷавони боимон ва исломдӯст медидам. Аз хонаводаи худ суҳбат карданд, аз бобояш гуфтанд, ки олими дин буданд ва омӯзаҳое аз ислом доранд, агарчи сатҳӣ, буд. Ман ӯро ҳамчун шахси мутадайин (диндор, диндӯст) мешинохтам. Дар радио барномаҳои ҷолиби динӣ доштанд, ки бо садои зебои худи ӯ садо медоданд.

Аз миён чанд сол гузашт ва ӯ директори шабакаи телевизиони Пойтахт шуданд ва ҳар ки ин шабакро тамошо мекард дар симои ӯ як нафари исломдӯстро медид. Барои ман низ нафаре буд, ки сифоташро дар боло зикр кардам. Аммо аз 16 марти соли ҷорӣ Абдуқодири Абдуқаҳҳор барои ман акнун шахси дигар буд. Вориди шабакаи иҷтимоии фейсбук шудам ва акси махуфи Ленинро дидам. Дуруст таваҷҷӯҳ кардам постро Абдуқодири Абдуқаҳҳор бо ин ном “ЗИНДА БОД ИНҚИЛОБ”! гузоштааст. Инчунин дар оғоз аз устод Айнӣ нақли қавл барои ғуломон оварда. Айнӣ ончӣ гуфт маҷбур буд, зеро аз тарси ҳукумати золим ва мустабиди сталинӣ суханони ботилу бемоҳият мегуфт. Ман маҷбураш медонам ва намехоҳам чизе гӯям. Дар фарҷом сухани худи Абдуқодир аст, ки чунин навишта буд. ”Рӯҳат шоду охиратат обод бод бобои ЛЕНИН”!

 

“НИЁИШҲОИ АВАСТОӢ ВА “АМРИ МАЪРУФ” БА ФАНАТИКҲОИ ФЕЙСБУК

 

 

 

Дигар ҳарчӣ хостам худро ором кунам ва узре барои муаллиф тарошам натавонистам. Аз он рӯз бароям шахсияти аслиаш ошкор гашт ва фаҳмидам маълумоташ аз ислом хеле сатҳӣ ва метавон онро сифр гуфт. Ҳар нафаре, ки каме аз ислом огоҳӣ дошта бошад ҳаргиз барои ин кофари бехудои Ленин чунин наменависад.

Биноан мехоҳам ин ҷо барои Абдуқодири Абдуқаҳҳор фаҳмонам, ки ҳукми ислом он чи барои бобоятон Ленин хостед, чӣ аст?

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:

مَا كَانَ لِلنَّبِيِّ وَالَّذِينَ آمَنُوا أَن يَسْتَغْفِرُوا لِلْمُشْرِكِينَ وَلَوْ كَانُوا أُولِي قُرْبَىٰ مِن بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُمْ أَصْحَابُ الْجَحِيمِ(113 التوبة)

Тарҷума: Набоядпаёмбарвакасоне, киимоновардаанд, бароимушрикон, ҳарчанд аз хешовандонбошанд, пас аз он кидонистанд, ки ба ҷаҳаннаммераванд, талабиомурзишкунанд. (Сураи Тавба,ояти 113)

Ҷаноби Абдуқаҳор! Ба ояти боло хуб таваҷҷӯҳ кунед ва агар худро мусалмон донед барои ҳеҷ мушрик талаби омӯрзиш накунед! Мо медонем Ленин чи қадар мусалмонони бегуноҳро кушта, динро афюн дониста ва бо дину диндорон муборизаи беамон бурд. Бо кадом дониш ба ин ҳолики малъун талаби охирати обод мекунед?

Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) дар ҳадисе чунин фармудаанд: “Савганд ба он Аллоҳе, ки ҷони ман дар дастони Ӯст, агар касе аз ин уммат нашунавад на яҳудӣ ва на насронӣ дар он ҳолат аз дунё гузаранд ва имон наоранд ба он ки ман фиристода шудаам, (яъне ба паёмбарии ман ва китобе, ки ба ман нозил гаштааст) дар ин ҳол аз аҳли ҷаҳаннам аст”. (Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим ва дигар асҳоби ҳадис).

Ислом иҷозат медиҳад барои кофирони зинда дуо кунем, то Аллоҳ онҳоро ҳидоят кунад. Чунонеки Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) барои қабилаи Давс, ки кофир буданд, дуо карданд.

Ин буд ҳукми ислом ва фармудаҳои ду сарчашмаи он.

Ҳамзамон аз қавли аллома Иқболи Лоҳурӣ низ ёдовар мешавам, зеро инқилоби лениние, ки шумо онро сутудед ва гиромӣ доштед, бингардед, ки ӯ чӣ мегӯяд.

Ҳамчунон бинӣ, ки дар даври фаранг,

Русро қалбу ҷигар гардида хун.

Он низоми кӯҳнаро барҳам задаст,

Кардаам андар мукофоташ нигаҳ.

Фикри ӯ дар тундбоди “Ло” бимонд,

Дар мақоми “Ло” наёсояд ҳаёт.

“Ло ва Илло” созу барги умматон,

Бандагӣ бо хоҷагӣ омад ба чанг.

Аз замираш ҳарфи “Ло” омад бурун,

Тезнеше бар раги олам задаст.

“Ло” салотин “Ло” калисо “Ло” Илоҳ,

Маркаби худро сӯйи Илло наронд.

Сӯйи Илло мехиромад коинот,

Нафйи беисбот марги умматон.

Аллома Иқбол, бобоятон Ленинро ҳушдор медиҳад, ки “Ло” бидуни “Илло” ва нафйи бидуни исбот саранҷомест, ки аз ҳампошидагӣ ва аз байнравии инқилоби болшевикон наздик аст. Ин ҳушдор барои он буд, ки Ленин инкори Аллоҳ кард, инкори султонаш кард, инчунин инкори калисои худро ҳам кард.То ин ҷо нақд бар мақолаи аввалатон буд.

Посух ба чанд нақди дигар, ки Абдуқодири Абдуқаҳҳор пас аз ин мақола навиштанд.

Дар 3 Апрели соли ҷорӣ мақолаи “Ниёишҳои қуръонӣ” чанд оятҳое аз Қуръонро бо тарҷума гузоштанд ва чунин навиштаанд:

“Асрҳост атрофи мавзӯи бо забони тоҷикӣ хондани Қуръон, дуоҳо ва намоз миёни уламо баҳс идома дорад. Гурӯҳи аввалӣ қатъиян муқобили ғайри арабӣ хондани Қуръон буда, гурӯҳи дуввум мухолифат надоранд. Воқеъан барои нафароне, ки забони арабиро намедонанд (98 фоизи мусалмонони кишварамон) барояшон муассиртару фаҳмотару равшантар аст, агар “Каломи Худо”-ро ба забони модарӣ бихонанд”.

Инчунин даврони ҳукуматдории Сомониёнро сутудаанд, ки тарҷумаи китобҳои диниро бо забони тоҷикӣ анҷом доданд. Ҳатто хондани намозро бо забони тоҷикӣ фатво ё муҷоз донистаанд.

Нақд ва посух ба ин масъалае, ки овардед.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:

سورة يوسف اية 2{إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ قُرْءَاناً عَرَبِيّاً لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ}

Тарҷума: «Мо Қуръонро (ба забони) арабӣ нозил кардем, то ин ки шумо (онро) бифаҳмед (ва он чиро, ки дар он аст ба дигарон бирасонед)!»(Сураи Юсуф,ояти 2)

Дар сураи муборакаи Шуъаро оятҳои 192-195 бошад чунин фармудааст:

وَإِنَّهُ لَتَنزيلُ رَبِّ الْعَالَمِينَ *

نَزَلَ بِهِ الرُّوحُ الأمِين*

* عَلَى قَلْبِكَ لِتَكُونَ مِنَ الْمُنْذِرِينَ

* بِلِسَانٍ عَرَبِيٍّ مُبِينٍ

Тарҷума :Ва ҳаройна, ин китоб нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст. Онро Рӯҳуламиннозил кардааст бар дили ту, то аз бимдиҳандагон бошӣ, ба забони арабии равшан.

Уламои ислом иттифоқ намудаанд, ки Қуръони карим исм бар назм ва маънӣ аст.

Исфаҳонӣ (раҳ) мегӯяд: Дар назди мазҳаби Имом Абуҳанифа (раҳ) Қуръони карим назм ва маънӣ аст ҳамааш бидуни шак ва ихтилоф. Мурод аз назм ибораҳо бо маъонӣ ва мадлулоташ аст.

Чунин қавле аз Имом Абуҳанифа (раҳ) аст дар мавриди хондани намоз бо забони ғайри арабӣ, дар ҳоле, ки тамоман бо забони арабӣ талафуз карда натавонанд. Вале аз он қавлашон гаштаанд ва онро рухсат надодаанд.

Аммо дар се китоби дигар роҷеъ ба ин қавл чунин омадааст: ”Он чӣ ба Имом Абуҳанифа (раҳ) нисбат медиҳанд, ки эшон хондани Қуръонро иҷозат додааст ба ғайр аз арабӣ. Чунин овардаанд, ки гӯё имом Абуҳанифа (раҳ) эътиқод дошта бошад, ки Қуръон исм барои маъно аст ва назм рукни изофӣ аст. Ин қавлро мавриде, ки таҳқиқ намудаанд уламои усулӣ аз имом пайдо накарданд, ки чунин қавл дошта бошанд” (Кашфуласрор ало усулил Баздавӣ. 1\25. Тақрирут таҳбир 2\213,214. Фавотиҳу раҳамот. 2\8,9)

Ҷаноби Абдуқодир! Барои онки ҳеҷ ихтилоф дар ин масъала боқӣ намонад ва нагӯед ихтилоф асту уламо бар ду дастаанд аз кутуби муътабари мазҳаб меорам.

. ويجب أن يُعلم أن ما نسب إلى أبي حنيفة من جواز قراءة القرآن بالفارسية لغير القادر على العربية صحّ رجوع أبي حنيفة عنه، والفتوى عند الحنفية على منع قراءة القرآن بغير العربية. قال صاحب الهداية الحنفي بعد ذكر المسألة: “ويروى رجوعه في أصل المسألة وعليه الاعتماد(الهداية مع شرح فتح القدير 1/249). وقال الشيخ علاء الدين الحصكفي من الحنفية بعد ذكر المسألة: “لأن الأصح رجوعه -أبو حنيفة- إلى قولهما أبو يوسف ومحمد- وعليه الفتوى” (الدر المختار شرح تنوير الأبصار 1/484). وأكد العلامة ابن عابدين الحنفي صحة رجوع أبي حنفية عن قوله في هذه المسألة (حاشية ابن عابدين 1/484)

Лозим аст, ки он чӣ ба Имом Абуҳанифа (раҳ) нисбат додаанд барои ҷоиз донистани қироати Қуръон бо забони форсӣ дониста шавад. Барои онҳое, ки қодир нестанд (талафузи калимотро) бо забони арабии он дуруст аст, вале аз ин қавлашон баргаштанд. Ҳоло назди мазҳаби Имом Абуҳанифа (раҳ) фатво аст, ки қироъати Қуръон (дар намоз) ба забони ғайри арабӣ мамнуъ аст.

Соҳиби китоби Ҳидоя пас аз онки ин масъаларо меорад, баргаштани имомро аз ин қавлашон низ баён мекунад. Дигар ҳеҷ лузуме барои тарҷумаи ҳамаи матн нест, зеро хондани Қуръон дар намоз бо забони форсӣ иҷозат нест.

Инчунин ҳама мазоҳиби аҳли суннат ба ин ақидаанд ва ҳеҷ лузум намебинам ҳамаи онҳоро бароятон ин ҷо бикорам. Мо ҳанафимазҳабем ва ин қавл ва фатвои мазҳаб буд, ки бароятон гӯшзад кардам.

Хуб мешуд дигар дар масоили шаръӣ ончӣ донишашро надоред наменавиштед ва мардумро ба муғолата рӯ ба рӯ намекардед.

Нақди дигар дар мавриди «Ниёишҳои авастоӣ» аст.

Аслан намехоҳам вориди ин баҳс шавам, зеро ин оини маҷусӣ (оташпарастӣ)-ро намехоҳам ва қаламам, зеҳнам, вақти қиматамро дар мавриди аз ҳеҷ зи баҳри ҳеҷ бар ҳеҷ зоеъ кунам. Вале вақте ин мақоларо хондам авҳом ва зиёдравиҳоеро дидам. Дигар бародарони бедор возеҳ нақдҳои сарсарӣ гуфтанд, фикр мекунам барои шахсе худро мусалмон донад кофӣ аст. Як комент дар зери ин мақола вуҷуд дорад, ки он маро ба фикр фурӯ бурд.

Корбаре дар зери он мақола чунин навиштааст:

Обидҷон Саидзода, як гуфтори силсилавии «Ниёишҳои авастоӣ» низ бо садои устод А. Талбаков дар хазинаи Радиои Точикистон маҳфуз аст. Олист!

Ин комент далолат бар он мекунад, ки шумо солҳост ба ҷои ниёишҳои қуръонӣ, ки охирин китоби осмонист мубаллиғи ин оини ботили маҷусӣ ҳам будаед, вале мо огоҳ набудаем? Ҷаноби Абдуқодир! Хоҳиш мекунам ҳақро бо ботил махлут накунед. Ин миллат беш аз ҳазор сол аст яктопараст ва муваҳҳиданд. Беҳӯда заҳмат накашед, зеро ҳаргиз наметавонед ин миллатро ба оини маҷусӣ даъват намоед. То аз дини ҳақ ба ин дин бубаред ва ҳарчӣ мехоҳед бо номи ин оине, ки чизе надорад аз худ бо онҳо бо номи асламон бозӣ кунед. Асли мо ислом аст ва ҳеҷ дине ҷуз ин динро миллат намепазирад.

Пас аз онки ин мақоларо навиштед ва мухолифатро аз ҷавонони бедор рӯ ба рӯ гаштед чеҳраи аслиатонро ошкор намудед. Дар ин навиштаи охиратон “АМРИ МАЪРУФ” БА ФАНАТИКҲОИ ФЕЙСБУК” тавре навиштед, ки ҳар ки мехонад дар тааҷҷуб мемонад. Агар исматонро нахонад бовар намекунад, ки ин Абдуқодири Абдуқаҳор аст барои онки ҷавонони ғаюри мусалмони тоҷик барои ҳимояти динашон ин қадар таҳқир шудаанд.Аввалан ин ҷо фейсбук, як шабакаи озод аст на “ҳукумати демократӣ ва ҳуқуқбунёду озод”. Ҳарчӣ ҳукуматдор гуфт ҳамон шавад, агар рӯзро шаб гӯяд бояд қабул дорӣ ва шарҳ ҳам диҳи, ки -бале, чанд ситораро мебинам. Ин миллат аз бархурди динситезонаи ҳукумат ба ҷон расидаанд. Мусибате, ки ин миллат дар дохил дорад кофӣ нест, ки шумо барои як оини ботил тавҳин мекунед?

“Дирӯз дар бораи Авастову Зардушт, ки таъриху фарҳанги пурифтихорамон аст маълумоте додаму аз ҷонибашон “борон”-и таҳқиру маломат ба сарам рехт”.

Ман наметавонам фаҳмам шумо аз кадом таърихи пурифтихори зардушт мегӯед? Аз ҳамон издивоҷи писар бо хоҳару модараш? Аз ҳамон, ки инсон набояд бо об худро шӯяд ва бояд чунон касиф ва бадбӯй ва афин гардад? Аз ҳамон таърихи дине, ки Аллоҳро не, балки ба оташ ва офтоб саҷда кунад? Ё шумо худ намедонед, ки чӣ мегӯед ва ё ба даъвати ин оини ботил ва касифу хурофӣ маъмуру муваззафед? Абдуқодир, ба худ оед, мо наберагони он бузургонем, ки бо онҳо на танҳо худи миллат, балки ҷаҳони ислом фахр мекунанд. Ин миллат беш аз бисту ду ҳазор олимон чун: муҳаддисин, муфассирин, муаррихин, фақеҳон, имомони соҳибмазҳаб, нобиғагони оламшумул ба ин дин дар умум тақдим намудааст. Оё онҳо ба андозаи шумо намефаҳмиданд?. Онҳо ба ин оини ботили маҷусият дар асру замон наздиктар буданд, пас чаро онҳо маҳз исломро пазируфтанд ва ин оинро манфур ва касифу ботилаш донистанд ва ба он аслан ифтихор накарданд? Оё ақлу дониши шумо аз он ҳама болотар аст? Ба худ оед! Савганд медиҳам шуморо ҳамон бобое, ки донишманди улуми исломиаш гуфтед, боре ҳам аз ин фарҳанги пурифтихори зардушт ва маҷусият бароятон нақл карда буд? Ман мутмаинам, агар Зардушт ва зардуштӣ будан мояи ифтихор мебуд ҳатман бароятон чизе аз ӯ мегуфт. Вақте нагуфт, пас донед ин таърихи шум, гумроҳу ботил ва нанги миллат буд. Миллати тоҷик худро пас аз ислом маъруф кард ва ин миллатро пас аз ислом мешиносанд на қабл аз он. Агар оини зардуштӣ мояи ифтихор мебуд ҳатман яке аз афрод ва пайрави он оламшумул буд.

Ҷойи дигар дар ин мақола поятонро фаротар гузоштед ва навиштед:

“Бетарафии мо буд, ки аз дасти ин чалласаводони тахтаришу бузришу кӯсариш империяи Сосониёну бузургдавлати Сомониёнро аз даст додем”.

Шумо аз як олими дин пурсед, маҳз ана ҳамин мақтаъе, ки навиштед ва тарзе пурсед, ки туро нашносад. Нафаре чунин гӯяд ҳукмаш дар шариъати ислом чист?. Агар он олими дин воқеъан олим бошад ва олими дарборӣ ва чоплус набошад ҳукми гӯяндаашро аз нигоҳи шариъати ислом мегӯяд ва худ мешунавед.

Ман кӯтоҳ бароятон мегӯям,то тавба кунед!

Бетарафии мо милати тоҷик буд, ки дар муқобили халифаи Расули Акрам (салалллоҳу алайҳи васаллам) Умари ибни Хаттоб (раз) ва асҳоби кироми он Ҳазрат (салалллоҳу алайҳи васаллам), ки дар дохили он сипоҳ бузургони саҳоба ва мужда додашудагони ба ҷаннат қарор доштанд. Бар алайҳи Сосониёни маҷус ҷангиданд ва бо кӯмаки Аллоҳ бо адади андак ин имперяи маҷусии оташпарастро шикаст доданд ва мусалмон карданд. Шумо гуфтаниед, ки бояд аҷдоди мо дар қиболи онҳо меистоданд ва меҷангиданд, то ислом ин имперяи маҷусиро шикаст намедод?

Сухани дигаратон бобоҳои мо, ки дар Бухоро тахтаришу бузришу кӯсариш таҳқир бар риш, ки суннати муаккадаи Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) аст, дар муқобили Маҳмуди Ғазнавӣ (раҳ) меистоданд дар ҳоле, ки наводагони Исмоили Сомонӣ Нȳҳ II ибни Мансур II (-976-997) ва Мансур II ибни Нӯҳ II (997-999) мехостанд расман мазҳаби ҳанафии Бухороро бар мазҳаби шиъа иваз кунанд. Ҳангоме ки инро уламои дин дар Бухоро фаҳмиданд аз Маҳмуд кӯмак хостанд ва ӯ ҳам ҳамла кард. Вақте шоҳ амр ба ҷиҳод кард уламои дин фатвои ҷиҳодро бар алайҳи Маҳмуди Ғазнавӣ (раҳ) содир накарданд. Сабаб ин буд, ки нахостанд мардуми Бухоро аз мазҳаби ҳанафӣ ба мазҳаби шиъаи ҷаъфарӣ гараванд. Ин амр буд, касе муқобилият нишон надод ва мо то имрӯз Аҳли Суннат ва Ҷамоъат боқӣ мондем. Аллоҳ раҳмат кунад бобоҳои тахтаришамонро, ки бо амри шоҳи сомонӣ қиём накарданд ва мо то ба имрӯз ҳанафӣ ҳастем.

Акнун фаҳмидед то чи ҳад иштибоҳ кардед ҷаноби Абдуқодири Абдуқаҳҳор? Дар як мақтаъе навиштед чӣ иштибоҳи вазнини ақидавӣ кардед? Агар бароям вақт фурсат медод ҳар калимаатонро нақд мекардам. Фикр мекунам бароятон кофӣ бошад, то ба худ оед ва дигар бо дину эътиқоди ин миллат бозӣ накунед. Агар зардуштӣ шудаед озодед, аммо ба ин оини ботил миллатро ҳаргиз даъват накунед.

Ҷаноби Абдуқодир! Китоб хонед, мутолеа кунед ба як ҷоизаи сафорати Озарбойҷон дар мавриди тавсифи Ҳайдар Алиев чанд китобҳое, ки баргардону ҷамъоварӣ кардед, садои маъруфатон дар радио, директори китобхонаи Лоҳутӣ будан мағрурат накунад. Бештар китоб хонед, аммо мутаассифона китобҳои нобу дуруст дар китобхонаи шумо вуҷуд надорад, зеро исломро аз кутуби форсие, ки дар китобхонаи шумост наметавон омӯхт. Инчунин бо забони русӣ низ исломро наметавон омӯхт ва ба моҳияти аслии ин дини ҳаниф расид. Аз ин ба баъд ҳар вақт мехоҳед номи исломро бар забон оред ва дар мавриди он чизе нависед аввалан таваҷҷӯҳ кунед ва хуб ҳам таваҷҷӯҳ кунед!!!! Намехостам чунин нақд нависам, аммо ҳарчӣ хостам худро ором кунам имонам оромам нагузошт, ки то ин ҳад тавҳинро таҳаммул кунам. Дуруст аст, ки фазои иттилоотии дохил ба дасти шумост ва миллат нахоҳад ҳам роҳе ба ҷуз гӯш кардан ва хомӯш нишастан надорад, аммо фазои иттилооти умумро наметавон аз худ кард. Ҷавонони бедору ғаюри ин миллат ҳамеша барои дифоъ аз ин дин ва имону ақидаи ҳанифамон омодаи нақду посуханд.

Share This Article