Дар ин мақола, банда бештар ба муносибати зиддибашаронаи ҳукумати коммунистии Чин нисбати мусалмонони ин кишвар дахл кардаам. Аммо чаро дар сарлавҳа номи Тоҷикистон ҳамчун “чинӣ” унвон шудааст, дар охир хоҳед фаҳмид.
Имрӯзҳо мусалмонони Чинро аз даст додани дин ва муқаддасотҳои миллиашон таҳдид мекунад. Ҳизби ҳокими коммунистии Чин ба мардуми мусалмони ин кишвар пешниҳоди бидуни ҷойгузине карда истодааст, ки барои таъмин шудан ба ҷои кор, манфиъатҳои моддӣ, баҳраманд шудан аз кӯмакҳои иҷтимоъӣ, бояд аз имону эътиқоди худ даст кашанд. Дар ҳолати даст накашидан аз эътиқоди динии худ, аз ҳама ин имтиёзҳо маҳрум хоҳанд шуд ва ҳам дучори саркӯбшавӣ мегарданд. Барои татбиқи ин иқдом Чин бо истифода аз равишҳои гуногуни фарсахҳо дур аз ҳуқуқу озодиҳои башар истифода мекунад.
Мусулмонони Чин чӣ касоне ҳастанд?
Ислом дар Чин ҳанӯз асри VII – мелодӣ зуҳур карда буд. Дар замонҳои мухталиф мусулмонон мақому мавқеиятҳои муҳимеро дар даргоҳҳои имперотурҳои Чин ишғол кардаанд. Васфи Худованд дар эҷодиёти адабии он замонаи мусалмонони ин кишвар хеле зиёд ба чашм мехурад.
Байни мардуми гуногунқавми Чин, даҳҳо миллатҳо дар ин кишвар муътақид ба дини ислом буда, бо пойбандӣ ба муқаддасотҳои ин дин умр ба сар мебаранд. Метавон аз байни ин миллатҳо уйғурҳо, тоҷикон, ӯзбекҳо, қазоқҳо ва қирғизонро мисол овард, ки дар устони худмухтори уйғурии Синтзян, хонигарии Хуей ва бештар аз ҳама дар ноҳияи худмухтори Нинся-Хуэй зиндагӣ мекунанд.
Чин бо гуногунқавмии кишвараш ифтихор мекунад ва ҳаматарафа фарҳанги қавму миллатҳоро дастгирӣ менамояд. Ба унвони мисол, дар устони худмухтори уйғурии Синтзян мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии уйғурӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ ва қирғизӣ фаъолият мебаранд. Дар мактабҳо фанҳои дарсӣ бо забони модарии ин миллатҳо ба роҳ монда шудааст. Ҳафтаномаву маҷалаҳо бо ин забонҳо нашр мешаванд. Чин дар таъйиноти кадрҳо аз таҷрибаи идоракунии давлатии собиқ Иттиҳоди шуравӣ истифода мекунад. Раис аз мардум намояндагӣ мекунад ва муовини раис “хон” номида мешавад.
Матбуоти Чин доим ба шаҳрвандон маълумотҳое ба нашр мерасонад, ки чигуна намояндагони мардуми мухталифи ин кишвар дар якҷоягӣ ояндаи равшанро эҷод мекунанд. Дар роҳи ободиву эҷодкорӣ ба чӣ натиҷаҳо ноил шудаанд, натоиҷе, ки аз қабл дар ин масир ба даст омадааст ва он барномаҳое, ки раҳбарияти ҳизби коммунисти чинӣ барои солҳои оянда рӯи даст дорад, нашрияҳо мардумро огоҳ месозанд, то дар пиёдасозии барномаҳо ва бурду бохти кишвар мардум ба ҳукумат шарик бошанд.
Аммо дар ин принсипҳое, ки ҳукумати коммунистии Чин ба роҳ мондааст, тарзу усули зиндагии мусалмононе, ки бо пойбандӣ ба амрҳои шаръӣ зиндагӣ мекунанд, сарфи назар шудааст. Ҳукумат нисбати пайравон ба дини мубини Ислом дигаргуна рафтор мекунад. Мусалмонон дар ин кишвар аз ҳама имконияту имтиёзҳое, ки давлат ба мардум додааст, бебаҳраанд.
Ҳизби коммунисти Чин сатрпӯшии занон, дар як рӯз аз ҳисоби кор ҷудо кардани вақт барои намози панҷвақтӣ ва мондани риш барин амалҳои зоҳирии мусалмононро чашми дид надорад. Хусусан сатрпӯшии занонро ҳукумат инҳисори эҳсоси мардон унвон мекунад.
Ҳукумат бар ин назар аст, ки калиди тамоми мувафақиятҳо дар буғӣ намудани мардуми пойбанд ба дин ва бо ҳар роҳе даст кашидани мардум аз пойбандӣ ба дин аст. Ин аст, ки усулҳои иҷборан дасткашӣ аз амалҳои диниро бо ҳар василае, ҳатто бо роҳи истифодаи зуриву шиканҷа ба роҳ мондааст.
Усулҳои саркӯби мусулмонон дар Чин
Ҷуғрофияи Осиёи Марказӣ, ки сокинонаш асосан мусалмонон буданд, қариб то дусад сол қабл атрофи Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, қисме аз Афғонистон ҳамчунин қисми ғарбии Хитой ва қисми ҷанубии Сибирро дар бар мегирифт, ба ду қисми асосӣ тақсим шуда, як қисми ғарбии он дар ихтиёри Русияи подшоҳӣ ва қисми асосии дигари он ба ихтиёри Чин гузашта буд.
Айни ҳол ҳамон ҳудуде, ки ба ихтиёри Чин гузаштааст, атрофи устони худмухтори уйғурии Синтзян мебошад. Имрӯзҳо дар ин устон зиёда аз нисфи аҳолиро уйғурҳо ташкил медиҳанд.
Бештар аз ҳама, уйғурҳо аз соли 1759 ба баъд, баъди тасарруф шуданашон аз ҷониби ҳарбиёни Чин, тахмин 400 маротиба муқобилият нишон дода, барои озодиву истиқлолияти худ талош кардаанд.
Ҳукумати имрӯзаи коммунистии Чин роҳу василаҳои наверо барои саркӯби ингуна истиқлолхоҳиҳо ба роҳ мондааст. Ҳарчанд аслан амалҳои саркубгароёнаи ҳукумати Чин зидди миллати мусалмон нигаронида шудааст, аммо Чин муборизаи худро бо мусалмонон, мубориза алайҳи экстремизм ва тероризми динӣ унвон кардааст. Бо ин баҳона, Чин ҳама амалҳои зиддибашарӣ ва зулму шиканҷаеро, ки нисбати мусалмонони ин кишвар истифода мебарад, зери пардаи мубориза бо ифротгароӣ пӯшиш медиҳад.
Илова бар ин, барои бероҳа намудан ва аз дин дур кардани мардуми минтақаи Синтзян барномаҳоеро ҳизби ҳокими коммунистии Чин рӯи даст гирифтааст.
Ҳукумат махсуси устони Синтзян аз буҷа маблағ ҷудо намуда, дар мавзеъҳои зебоманзар ҷойҳои истироҳат ва сайёҳӣ сохтааст. Илова бар ин, дискоклубҳо, меҳмонхонаҳо бо хидматрасониҳои дараҷаи аълоро бо нархи дастрас ба роҳ монда, мақомот кӯшиш мекунад, то мардуми диндор қобилияти таҳаммул ва ҳамзистӣ бо фаҳшу амалҳои зиддидиниро пайдо кунанд.
Ҳарчанд амалҳои фаҳш ва сабуксарӣ тибқи қонуни ҷиноии Чин яке аз ҷиноятҳои бузург дониста мешавад, вале муҷримони амалҳои фаҳш дар ин устон истисноан ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Ин аст, ки аксари ҷиноятҳои хислатҳои фаҳшдошта, дар ин устон ба амал меоянд. Ҳатто таҷовузи сайёҳону меҳмонон ба номуси духтарони таҳҷоӣ дар ин минтақа, қариб ҳамарӯза ба қайд гирифта мешавад, вале касе парвое надорад. Ҳол он ки агар ингуна ҷиноятҳо дар минтақаҳои дигари Чин сар занад, муҷрими ин ҷиноятҳо солиёни дароз ҳабс хоҳад шуд.
Мардуми ин минтақаро маҷбур мекунанд, ба “истироҳати” меҳмонон халал нарасонанд, то ҳавсалаи сайёҳон барои омадан ба ин минтақа накоҳад. Ҳар кӣ ба чунин амалҳо зиддият нишон медиҳад, ҳамчун шахси тундгаро ва зиёновар ба иқтисодиёти мамлакат ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Дар расонаҳо аксари таҷовузҳои меҳмонон ба номӯси духтарони таҳҷоӣ “бо хоҳиши шахсӣ” унвон мешаванд. Тибқи низоми шаҳрдорӣ бояд ҳеҷ кас бо риш ва ё ҳиҷоб дар хиёбонҳо нагардад. Ҳар марде риш дошта бошад ва ё ҳар зане ҳиҷоб дошта бошад, ҳаққи кор дар муассисаи давлатӣ ва ҳатто коргоҳҳои шахсиро аз даст медиҳад.
Ҳар касе ба ингуна бархурдҳо зиддият нишон медиҳад ва изҳори норизоиятӣ мекунад, ҳатман ҳамчун террорист ва ё экстремист ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Таи чанд соли охир дар устони худмухтори уйғурии Синтзян усулҳои мубориза бо диндорон шадидтар шудааст. Сараввал ба тамом барои занон бо рӯсарӣ гаштан манъ шуд. Баъдан намозҳои дастаҷамъӣ, хондани намоз дар масҷид, таълимоти диннӣ барои кудакон ба таври қатъӣ мамануъ эълон гардид.
Аз авоили соли 2017 сар карда, мақомоти ҳарбии Чин барои тарсонидани мардум ва пешгирии шӯришҳои эҳтимолӣ, ба такрор дар навоҳии мусалмоннишин машқҳои ҳарбӣ гузаронида, қудратнамоӣ мекунад.
Аввалин як чунин машқи намоишӣ дар шаҳри Хотан, моҳи феврали соли гузашта барпо шуда буд.
«Бо ба кор бурдани ҳушёриву зиракӣ, фишори доимии террористонро ба роҳ мондаем, мо онҳоро ба як гӯшаи дур ба инзиво бурдаем ва ҳоло онҳо бо ноумедӣ муборизаи худро на барои мустақилият, балки танҳо барои наҷоти ҷони худ бурда истодаанд», -гуфта буд ба расонаҳо Чжу Хоун, муовини раиси кумитаи минтақавии ҳизбии ҳизби коммунисти Чин.
Моҳи октябри соли 2017 мақомоти Чин тамоми мардуми Ӯйғурро маҷбур мекунанд, ки адабиёти динӣ, китоби Қуръон ва ҷойнамозҳои худро ба таври ҳатмӣ ба давлат супоранд. Ҳизби ҳокими коммунист ҷурми бо худ нигоҳ доштани китоби Қуръони карим ва ҷойнамозро баробар бо нигаҳдории маводҳои таркандаву силоҳҳои оташфишон унвон кард. Моҳи январи соли 2018 ба банди қонуне, ки барои хонандагон ва кӯдакон таҳсилоти диниро манъ мекард, тағйиру иловаҳо ворид шуда, дар Чин номгузории мусалмонӣ ба кӯдакон мамнӯъ эълон шуд. Илова бар ин ҳар касе, ки ба кӯдакони навзоди худ номи мусалмонӣ мегузорад, шаҳодатномаи таваллуд гирифта наметавонад, аз ҳуқуқ ба таҳсил, кумаки тиббӣ ва гирифтани ёриҳои иҷтимоъии давлатӣ маҳрум мешавад. Ҳамчунин мардоне, ки риш доранд ва ё заноне, ки рӯсарӣ доранд, ба онҳо шиноснома дода намешавад.
Омӯзишҳои иҷбории бехудоӣ
Чанде пеш ҳизби ҳокими Коммунисти Чин наздик ба 120 ҳазор нафар мусалмононро аз минтақаи худмухтори Синтзян бо таври иҷборӣ дар як урдугоҳи таълимӣ ҷамъ намуда, онҳоро ба дарси ҳизбӣ ҷалб карда буд. Илова бар ин дар ин урдугоҳ мусалмонон вазифадор шуда буданд, ки аз субҳ то шом лексияҳои нақши ҳизби коммунист дар бунёди сотсиализм ва сурудҳои инқилобиро гуш карда, аз худ намоянд. Илова бар ин далелҳои “адами мавҷудияти Худо” дар ин урдугоҳ дарс гуфта мешуд.
Дар ин урдугоҳ пеш аз хӯрок хурдан бояд ҳама рост истода бигӯянд: “Шукрона ба ҳизби коммунист!, Шукрона ба ватан!, Шукрона ба ҷаноби олӣ, Сӣ!
Ҳар касе, ки аз ин амр саркашӣ мекунад, дарҳол ӯро ба боздоштгоҳи муваққатӣ мебаранд ва бояд ӯ як шабонарӯз рост рӯ ба девор биистад.
Ҳар субҳ бояд пиронсолони уйғур ба машқи иҷборӣ ҷалб карда шаванд ва ақалан як ҳафта як маротиба бояд театр раванд. Ба мусалмонон тамошои филмҳо ва намоишҳои ҳунарии фаҳш иҷборӣ мебошад. Ҳар касе аз тамошои ингуна филмҳо сарпечӣ мекунад, ба тадбири мақомоти Чин тундгаро маҳсуб меёбад.
Мақомоти низомии Чин намунаи хуни (ДНК) мардони мусалмони аз 15 сола то 69 соларо ба қайд гирифта, ба воситаҳои нақлиёташон дастгоҳи нишондиҳандаи ҷои буду бош (GPS-датчики) насб кардааст. Дар тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳру деҳот дурбинҳои наззорагар мавуҷданд.
Тамоми кормандони мақомот ва муаллимони мактаб вазифадор карда шудаанд, ки дар ду моҳ як маротиба хонаҳои мусалмонони деҳотро рафта тафтиш намоянд. Рейдҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Назари онҳоро бисанҷад. То чӣ андоза тағйир ёфтани андешаҳои диниашонро ба қайд гиранд ва барои даст кашидан аз муқаддасот ва риояи талаботҳои динӣ мусоидат намоянд.
Касоне, ки барои ҳаҷ рафтан аз давлат иҷоза мегиранд, бояд қасами вафодорӣ ба ҳизби коммунисти давлати Чин ёд кунанд.
Раёсати ҳизби ҳокими коммунистии Чин ба ин ҳама қаноат накарда, моҳи майи соли 2018 бо тасвиби як фармон, наздик ба миллион нафар аъзои ҳизби коммунисти ин кишварро вазифадор мекунад, ки ба хонаи мусалмонон рафта, тули чанд рӯз узви ҳамаи як оиларо ба як ҷо ҷамъ намуда, дарсҳои сиёсӣ ва фаҳмондадиҳӣ ташкил намоянд. Ҳар касе аз ин дарсҳо сарпечӣ мекунад, ҳукми қатл ва ё ҳабси абад ӯро таҳдид мекунад.
Хулоса, метавон гуфт, ки оддитарин риояи талаботи динӣ дар Чин ҷиноят ва ифротгароӣ дониста мешавад. Пойбандӣ ба дин тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро дар Чин салб мекунад ва ягона роҳи ба даст овардани баробарҳуқуқӣ, даст кашидан аз эътиқод ба дин ва риояи талаботҳои шаръӣ мебошад. Аммо қароре ҳам вуҷуд дорад, ки ҳар касе аз риояи талаботҳои диннӣ даст мекашад ва ба ҳизби коммунист мепайвандад, мақомот уро авф мекунад ва ӯ ҳамчун шаҳрванди баробарҳуқуқ аз имтиёзҳои ҳуқуқ ба таҳсил, кумаки тиббӣ ва ёриҳои иҷтимоъӣ баҳраманд мешавад.
Муқоисаи сиёсати зиддидини ҳизби коммунисти Чин бо Тоҷикистони “демократӣ”
Ҷумҳурии мардумии Чинро ҳизби ҳокими коммунистӣ идора мекунад. Идеологияи ин ҳизб мавҷудияти Худо ва тамоми адёнро рад мекунад. Ин ҳизб бовар ва пайравӣ ба динро қотеъона саркӯб мекунад ва шахсони пойбанд ба динро бо ҳар роҳу васила, маҷбур мекунад, ки аз диндорӣ даст бикашанд.
Касоне, ҳам ки дар замони Иттиҳоди шуравӣ зиндагӣ кардаанд, ин сиёсат барояшон шинос аст.
Ҳамагон медонем, ки Тоҷикистони имрӯз, ҳукумати коммунистӣ нест. Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Идораи давлат дар дасти ҳизби ҳокими Халқӣ-Демократӣ аст. Мувофиқи Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи фитрӣ ва озодии эътиқод ба дин кафолат дода шудааст.
Хонандаи муҳтарам! Худ қазоват кунед, ки кадоме аз сиёсати имрӯзаи кишвар, ки болои шаҳрвандони диндор пиёда шудааст, ба талаботи Конститутсияи кишвар мувофиқ меояд?
Метавонед, худ сиёсати имрӯзаи Тоҷикистонро бо сиёсати Ҷумҳурии коммунистии Чин муқоиса намоед, ки оё мақомот ва роҳбарияти Тоҷикистон пойбанд ба Конститутсияи Тоҷикистон ҳастанд ва ё пайрави қарору қонунҳои зиддидинии ҳукумати коммунистии Чин?
Аксарияти сиёсатҳои зиддидинии ҳизби коммунисти Чин дар Тоҷикистон доранд, таҷриба мешаванд. Пас худатон қазоват кунед, ки мақомот ва роҳбарияти Тоҷикистон зери навои кадом сиёсат ва кадом кишвар мерақсанд?
Дар ивази кӯмакҳо ва қарзу грантҳои Чин муқаддасоти миллӣ ва динии мардум дар Тоҷикистон поймол мешаванд. Ҷойгузини озодии эътиқод ба дин ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар Тоҷикистони демократӣ, пиёдасозии сиёсати зиддидинии ҳизби коммунисти Чин шудааст. Ин нишонгари он аст, ки ҷумҳурии Тоҷикистон ба тадриҷ на фақат аз ҷиҳати иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати маънавӣ низ истиқлолияти худро аз даст дода истодааст ва ҳама сиёсатҳои бегонаи мухолиф ба талаботи Конститутсия, дар ивази маблағ бо таври иҷборӣ ба роҳ монда шудаанд. Оё ин хиёнат нест?
Вусъати сиёсати зиддидинии ҳизби коммунисти Чин
Дар охир як масъала бояд ногуфта намонад. Дар баробари ин ҳама маҳрумиятҳо ва шиканҷаву зулмҳо болои мардуми мусалмони Чин сару садое нест. Дар натиҷаи сиёсати саркубгароёна ва золимонаи ҳизби ҳокими комунистии Чин, чанд миллион нафар мардуми мусалмони устони худмухтори уйғурии Синтзян айни ҳол ба кишварҳои дуру наздик муҳоҷиру паноҳанда шудаанд.
Кишварҳое, ки худро модар ва офаринандаи ҷомеъаи демокративу ҳуқуқбунёдӣ меноманд, ба ҳама ин мардумдариву ваҳшигарӣ мӯҳри хомушӣ бар лаб задаанд. Илова бар ин созмонҳои дифоъи ҳуқуқи башар ва аҳзоби сиёсии иломӣ низ ҳарфе дар ин бора намегӯянд. Ҳама дар фикри он аст, ки бо як кишвари муқтадири Чин муносибати худро барҳам назананд. Аммо Чин бошад, оҳиста- оҳиста аз ин хомӯшиҳо истифода мекунад ва пойи сиёсати ваҳшиёнаи зиддидиниаш фаротар аз ин кишвар меравад.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистони мо низ барои пиёда сохтани ин сиёсати ваҳшиёна, таблиғгароне ҳам ёфт мешаванд, ки ҳама муқаддасоту талаботҳои диниро ба чолиш кашида, мардуми дур аз саводи исломиро мехоҳанд ба шакку тардид дучор намоянд. Аз ин бештар кӯшиш мекунанд, ба мардум бифаҳмонанд, ки дин ҳеҷ хайре дар ҳаёти мардум надорад.
Боиси таассуф инаст, ки ин таблиғгарони сиёсати чинӣ дар ҷомеъаи тоҷикӣ, бо ҷонибдорӣ аз ин ваҳшигариҳо, имрӯзҳо доранд “барномаву паймонҳои миллӣ” меофаранд ва ҳеҷ ҷойгоҳеро барои муқаддасоти динии мардуми кишваре, ки 97 дар сади аҳолияшро мусалмонон ташкил медиҳанд қоил нестанд. Мақсадашон ҳам ин аст, ки мардуми диндор ҳатман бо низоми лодинӣ зиндагӣ кунанд ва дин дар ҳаёти мардум ҳеҷ ҷойгоҳе надошта бошад. Ингуна паймонҳо нишонаи қадамҳои боз ҳам фаротари чинӣ ба Тоҷикистон мебошад. Шигифтовараш ҳам инаст, ки ин ҳама ваҳшонияту ҳидоят ба сӯи бединӣ, ҳидоят ба сӯи тарақиёт номида мешаванд. Аммо ҳидояти дини мубини ислом ба сӯи покизагиву назофат, поктинативу ахлоқи ҳамида ва сиёсати бо адолат, аз сӯи ин таблиғгарон ифротгароиву ваҳшатафканӣ унвон мешавад.
Ниҳоят, қазоват ба дасти шумост!
Эзоҳ: Дар матлаб аз маълумотҳои сомонаҳои русии rambler.ru, islam-today, golosislama.com, news.ru, uyghurtoday.com, википедия, шабакаи иҷтимоъии Фейсбук ва ғайра истифода шудааст.
Таҳияи Шавкати Муҳаммад