Туркия кишварҳои исломиро ба тарсуӣ ва заифӣ айбдор кард

Ислоҳ нет

Маҳммуд Чавошоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия зимни як суханронияш кишварҳои исломиро ба “тарсуӣ ва заифӣ” айбдор кард.

 

Дар ин бора Оҷонсии иттилоотии Анадолу гузориш додааст.

 

“Як қатор кишварҳои исломӣ дар изҳори норозигии худ оиди муноқишаи Фаластину Исроил хеле эҳтиёткорӣ намуда, аз фишори  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил дар ҳарос афтидаанд. Онҳо тарсуӣ ва заифии худро нишон дода садояшон намебарояд”. -изҳор намудааст  Вазири корҳои хориҷии Туркия, Мевлют Чавушоглу.

 

Ӯ афзуд: “Ҳоло ман на дар бораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, балки дар бораи кишварҳои исломӣ сухан ронда истодаам. Наход ба дӯши ин кишварҳо ҳимояи Исроил гузошта шуда бошад? Ҳоло он ки  ду соли охир дар вохӯрии Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Исломӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ хато будани сиёсати пешгирифтаи ИМА ва Исроилро таъкид мекунанд. Аммо як катор кишварҳои исломӣ бошад, тарсӯӣ ва заифиро пеш гирифтаанд.”

 

Кадом кишварҳои исломиро дар назар дорад, Чавушоглу номбар накард, аммо аз рафти суханҳояш маълу мешуд, ки  эҳтимолан ӯ Арабистони Саудӣ ва Мисрро дар назар дошт, ки бо сабаби мавқеи онҳо оиди вазъияти Исроил бо ин давлатҳо Туркия робитаи хубе надорад.

 

Share This Article