Ҳарсол дар кишвар қозиюл қуззоти кишвар ҷаноби “Пешво” як қонуни нонавиштае,ки ба ислом иртибот дорад содир менамояд. Агарчӣ давлати мо як давлати “дунявӣ” ва аз дин ҷудост.Номи динро ҳатто шунидан намехоҳад ва нафрати хело зиёдҳам ба ислом дорад.Ҳангомеки мулло,ислом,масҷид,муносиботи исломӣ,идҳои исломӣ,маносики ҳаҷ,ҳиҷоб,риш,азон,намози ҷумъа ва… ро, ҷаноби қозиюл қуззот”Пешво” мехоҳад ибрози ақида намояд бо як ҷинҷ кардани бинӣ ва чеҳраи бе нӯраш боз онро туруштар карда сухан мегӯяд. Вақте то ин андоза аз ин дин нафрат доред, ҳукумат ба пули “садақаи фитр”ӣ мусалмонони кишвар аслан аз рӯйи ҳама қонунҳои мавҷудаи кишвар ҳаққи дахолат надорад.Динро аз давлат ҷудо медонед вале пули диндоронро чаро дӯст медоред?Қонуни андози ихтиёр намудаи ҳукумати оилавӣ, яке аз сангинтарин ситонандагони андоз дар миёни ҳукуматҳои олам маҳсуб меёбад ва ҳатто дар радаи даҳгона шомил аст.Шаҳрванд аз ҳама чиз андоз месупорад ва боз мехоҳед ба фитри рӯза ва закоти молаш,ки шариъати ислом барояш фарз гардонидааст онроҳам соҳиб гардед.Савганд ба Аллоҳ воқеан шумо роҳзаноне ҳастед дар сари қудрат,ки аз пиратҳои дарёӣ ё Алибобо ва чил роҳзан ҳеҷ фарқияте намекунед.Танҳо галстук ва кастюм брюк пушидаеду тамом.
Дар мавриди “Маркази Исломӣ” ҳаминро мегӯям ин марказ дар тӯли фаолияташ аз ягон мусалмони кишвар,аз ҳеҷ мухолифоту фишори ҳукумат дар қиболи мусалмонони кишвар дифоъ накардааст.Ҳатто масоҷидеки тобеъи ин марказанд аз хароб кардану ба дигар муасисаҳо табдилдоданашон ягон вокунише ё аксуламале нишон надодааст.Вазифаи асосияш он ғалату дурӯғҳои ҳукуматро ҷомаи тазвир пушонида ба мардум аз минбарҳои масоҷид аз Аллоҳ ношармида ҳимоят менамояд.Барои ин марказ ва ин низоми мустабид як дирам додани мусалмонони кишвар ҳаром аст Валлоҳи Биллоҳи Таллоҳи ҳаром аст.Шахсе барои ин марказ пул медиҳад,хуб донад,ки пулашро бар алайҳи динаш додааст ва ин пули додааш бар зарари ислом истифода мегардад ва ба ҷойи савоб гуноҳ мегирад.Агар то имрӯз як ҳимояти ин марказро аз ягон мусалмони кишвар шунида бошед,дида бошед лутф кунед бароям бигӯед,то манҳам онро бидонаму аз он истиқбол намоям.То имрӯз ҷуз маддоҳӣ,кафкӯбӣ, таҳрифи аҳкоми шариъат ва маҳкум кардани мусалмонони мазлуми кишвардар таъйиди низоми мустабид ва пулисии оила чизи дигаре надидааму нашунидаам.
Аллоҳ дар Сураи муборакаи Бақара, ояти 188 мефармояд:
“Амволи якдигарро ба ношоиста махӯред (ҳамчун ришва, рибо, ғасб ва дуздӣ) ва ба ҳокимон амволи худро марасонед, то ба он сабаб амволи гурӯҳе дигарро ба ноҳақ (ба ситам) бихӯред. Ва шумо худ медонед”(Сураи Бақара,ояти 188)
Хитоб ба мардуми мусалмони кишвар!
Эй мардуми мусалмони рӯзадору бо имони кишварам,эй миллати мазлуму ҷафокашидае,ки асири як оила ва як низоми фосиду мустабид ҳастеду озорҳои ҷасадӣ ва равонӣ мекашеду ҳолоҳам дар динатон устувор ҳастед.Ба кормандони масоҷид,намояндагони “маркази исломӣ”,кумитаи зидди динӣ,мақомоти дигар як дирам фитри рӯзаи худро надиҳед.Садақаҳои фитри худро ба камбағалон ва нодоронеки ин режим онҳоро ба ин ҳол овардааст бидиҳед.Имкон надорад бародар,хоҳар,ҷиян,хола,амма,амак,тағое ё фарзандони ин зикршудаҳоятон ҳамаашон доро бошанд.Дар кишвар ҳеҷ оилаеро намебинед,ки ӯ комилан бе ниёз ва мустағнӣ бошад.Бо шаҳодати худи Раиси оила”пешво” беш аз 60% аҳолии кишвар камбағалу бемору мустаманд мебошанд.Агар фармӯш накарда бошед қабл аз оғози ин моҳи муборак, барои рӯза надоштани мардум амр намуд,ки рӯза надореду ба корҳои саҳро ва зардолӯ чинӣ ва сохтани Роғунеки на сараш маълум аст ва на охираш амр ё ба гуфти мақомот ҳидоётатон намуд.Ба Аллоҳ паноҳ мебарам аз ин залолот ва ба гумроҳӣ даъват намудуни мардуми мусалмони тоҷик аз тарафи як шахсе,ки дасти росташро аз дасти чапаш намешиносад дар мавриди аҳкоми шариъат сухан мегӯяд,бадбахти инҷост,ки ин хирасар сухани одди намегӯяд. Ӯ инкори рукни чаҳоруми исломро менамояд агарчӣ наметавонист пурра инкор кунад ва гӯяд рӯза нагиред балке барои инсони оқил кофист ончӣ гуфт.
Боз як Муллонамои дигар Ҳусайн Мусозода афсари хидматнишондодаи кгб-и шуравӣ амняти феълӣ муовини муфтии кишвар, дар назди микрафон куфри бавоҳи “пешво”-ро аз фатвои Оламгирӣ тадлис менамояд ва мехоҳад бигӯяд бале рӯза нагиред ва суханашро тавҷеҳ мекунад. Марг бар олими дине,ки рукни динат дар наздат инкор мегардад вале шумо дастҳо пеши бар ӯро гуш карда ва барои ин суханаш кафкӯбӣ намоед.Аллоҳ он дастҳоеки барои таъйидӣ суханони ин тоғӣ каф кӯбӣ намудаанд бишкананд ва ё шоҳидони вахимтарин лағжишашон дар охират бошанд.
Имрӯз ин инкор кунандагони рӯза ва онҳоеки мардумро ба хурдан амр менамуданд мехоҳанд аз шумо маблағи фитри рӯзаҳоятонро бигиранд.Оё шумо розӣ ҳастед ба ин афроди муҷрим фитри рӯзаҳоятонро диҳед? Ҳаргиз ин корро накунед!
Ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин афрод фитри рӯза надиҳед ва рӯзаҳои ба заҳмат гирифтаи худро фидоӣ ин муҷримон накунед.Рӯзаҳои шумо сабаби наҷоти шумо аз оташи ҷаҳаннаманд,аммо инҳо даъватгарони ба сӯйи ҷаҳаннами пур аз мағоки оташ.
Муҳаммадиқболи Садриддин