“Ваҳдати Миллӣ”-ро неъмате бихонем ё ниқмате? (ВИДЕО)

Ислоҳ нет

 

Матни суханронии мустақими устод Муҳаммадиқболи Садриддин

дар шабакаи иҷтимоъии Фейсбук

26.06.2018

 

Дақиқан 21 сол қабл дар чунин рӯзе яъне 27-уми моҳи июн аввалин моҳи тобистонии гарме, ки ба колбуди ин миллат ва давлати дар ҳолати тангно ва нобудӣ қарор дошта ин созишнома нафаси тозае бахшид. Имзои созишномаи истиқрори сулҳ дар пойтахти Русия, яъне Кремлине, ки наздик ба як аср Тоҷикистони азизамон дар истеъмораш қарор дошт, сурат гирифт.

 

Нимнигоҳе ба таърихи ин ҳодисаҳои хунин

Кремлин нақшаҳо ва пайи пой ё изи дасти худро дар оғози ин ҷанги дохилии кишвари мо дошт ва ба ҳеҷ ваҷҳ суботи давлати моро пас аз пош хӯрдани имперяи шуравӣ намехост. Тоҷикон яке аз аввалин кишварҳои пасошуравӣ ба шумор мерафтанд, ки кохи истеъморгарони русро дар пойтахташ бо ҳайкали доҳияшон ба партовгоҳи таърих барчида ва барандохтанд, эътирози воқеъии худро ба истеъморгарони рус аз қалби кишвар эълон намуданд ва давлати муросои миллиро бо аҳзоби миллӣ роҳандозӣ ва рӯйи кор оварданд. Чунин эътирозоти густурдаи матину устувор дар ҳеҷ кишвари пасошуравӣ ба вуқуъ напайваста буд. Ин амр боис гашт, то истеъморгарон қасди худро тавассути қувваҳои ҷонибдори худ, ки аз як туда зиндониён ва қувваҳои ҷиноӣ иборат буданд, бар алайҳи ҳукумати муросои миллӣ ба саҳна даъват кунанд ва бар алайҳи ин миллат ва давлати миллӣ бишӯронанд. Ончӣ мехостанд ва дар сар мепарварониданд ноил гаштанд ва ҳукумати муросои миллиро бо аҷирони худ суқут кунониданд.

 

Аммо афсус, ки даҳҳо ҳазор миллати тоҷикро ба қатл расониданду ин кишвари зебои моро ба хоку хун кашиданд ва барои садсолаҳо иқтисоди заъифи онро заъифтар ва валангор намуданд. Барои он ҷинояткорони силоҳбадаст куштани тоҷик як амали оддие буд.Ҷануби кишвар ба мақталгоҳе табдил ёфт, ки чингиз ба чунин фаҷоеъ шарм медошт, ки онҳо анҷом доданд. Ҳукуматеро ин силоҳбадастони тоҷиккуш бо сардории як раиси савхозе, ки аз кучаи илму дониш ва сиёсату давлатдорӣ нагузашта буд, ташкил намуданд. Дар оғоз фикр карданд ин шахс як фарди тасодуфӣ ва ноогоҳ аст, ҳар вақте хостанд ӯро иваз менамоянд. Аммо ин шахси тасодуфие, ки ӯро муваққатан бар раъси ҳукумат гумоштанд, зирактар аз оне баромад, ки мепиндоштанд. Дар аввалин фурсат ҳама саркардагони силоҳбадастоне, ки ӯро ба ин вазифа гумошта буданд кушт ва аз сари роҳаш дур намуд. Ончунон шахси қотил ва бераҳму шафқат баромад, ки ба ҳеҷ касе раҳм накард. Ҳар касе, ки дар ӯ оддитарин намоди роҳбарӣ медид, бе раҳмона мекушту аз сари роҳаш дур менамуд.

 

Ҳамин тавр дохилашро то ҷое тоза намуд, вале мухолифонаш боқувват буданд ва бар алайҳи онҳо тавоне надошт ва ҳеҷ роҳе ҷуз сулҳро намедид зеро ӯро ба зону нишонда ба таслимшавӣ водор карда буданд. Мухолифони ҳукумат то атрофи пойтахтро дар ихтиёри худ доштанд ва ниме аз идораи дохили пойтахт дар ихтиёрашон буд. Ҷануби кишвар қумандонҳое дошт, ки онҳо аслан ҳукумати марказиро итоат намекарданд. Лозим ба ёдоварии номҳои онҳо нест зеро онҳоро ҳама медонанд. Шарқи кшвар ва Бадахшон аслан зери контрол ва идораи мухолифон буд. Шимоли кишвар ҳатто хоҳони тафкик ва ҷудо шудан аз ҳукумати марказиро дар сар мепарварониданд. Барои тақвияти ҳукумати марказӣ ва субот дар кишвар имзои созишномаи сулҳ лозим буд, дигар ҳама роҳҳо ба бунбаст рӯбарӯ буд.

 

Имзои созишномаи сулҳ як дасисае буд барои бақои Эмомалӣ дар ҳукм

Албатта, худи Эмомалӣ Абдурраҳмон тавони кашидани ин нақшаи фиребро надошт. Зеро ӯ як деҳқоне буд, ки сиёсат ва нақшакаширо аслан ёд надошт. Ашхосе буданд барояш ин нақшаҳоро мекашиданд, то ӯ онҳоро амалӣ намояд. Мушовирони таҳсилкарда ва фаҳмидае аз бақоёи низоми собиқи иттиҳоди шуравӣ дошт, ки пас аз амалӣ гаштани ин нақша онҳороҳам сарнагун намуд, то мабодо худро дар ҳукм ва ҳукумат бо ӯ шарик донанд ва ё ӯро таъна намоянд, ки мо туро дар ин тарҳ кумак намудем. Онҳоро нахуст ба вазоифи дигар ва ё сафирӣ фиристод ва ҳамин хел комилан аз сиёсат дӯр намуд. Муҳим  тақрибан 80%-и қарорҳои имзои созишномаи сулҳ пас аз ворид гаштани мухолифон ба кишвар амалӣ нагашт.

 

Мухолифоне, ки ба ин иблиси инсонсурат бовар карданда ба ватан баргаштанд ва силоҳи худро ба замин гузоштанд, фиреб хурданд ва тақрибан ба куллӣ ҳамаашонро бо роҳҳои гуногӯн маҳв намуд. Аз сари роҳаш дур сохт. Метавон гуфт, пас аз масмум кардани Устодон Сайидабдуллоҳи Нурӣ ва Устод Ҳимматзода ва дигар афроди  сиёсиву низомии бо нуфузи саршиноси мухолифон, комилан дигар ҳеҷ хавферо эҳсос намекард. Метавон гуфт, то соли 2010 дар кишвар мухолифони бонуфӯзе, ки ҳукумати Эмомалиро биист бигӯянд ва ӯ ба ин калима таваққуф мекард дигар вуҷуд надошт. Албатта дар ин миён, дар шарқи кишвар мухолифонеро ҳам бо баҳонаи кукнор 2009 маҳв намуд ва комилан оғози ҳукумати диктотурӣ ва мустабиду золимонаи худро оғоз намуд. Дигар ҳаркоре мехост анҷом медод ва ҳар қонунеро мехост ба тасвиб мерасонид ва касеро гуш намекард.

 

Охирон интихоботи 2010 ду курсӣ дар парлумон барои ҲНИТ дод вале аз он ду курсӣ надоданаш хубтар буд. Танҳо ном вуҷуд дошт вале дар асл ҳеҷ таъсире аз он ду намоянда дар порлумони кишвар дар тасвиби қонӯнҳои зидди миллӣ ва зидди озодиҳои шаҳрвандон,ки аз тарафи ҳизби ҳоким ва Эмомалӣ иттихоз ва қабул мегашт бар алайҳи ин тудаи бе мағзи калуш депутатон вуҷуд надошт.Ҳатто намехостанд ба пешниҳодҳо ва интиқодҳои он ду намояндаи ҲНИТ гӯш диҳанд.Зеро дигар он пилони маҳве,ки дар сар доштанд тақрибан ба марҳалаҳои ниҳоии худ наздик мешуд.

 

Билохира, барои маҳви комили мухолифони сиёсии бе силоҳаш протоколи 32/20- ро имзо намуд ва амр ба оғози маҳви комили мухолифони сиёсиро аз кишвар ба иҷро даровард. Дигар то интихоботи соли 2015 комилан ҳама он чӣ мехост барои барчидани мухолифони сиёсияш ба анҷом расонида буд. Дар интихоботи ин сол, ки беш аз 60% овозҳоро ҲНИТ ба даст оварда буд, барояшон дар порлумони кишвар як курсиро ҳам ихтисос надод Зеро дигар ниёзе надошт ва бо ҷой додани чанд ҳизби кисагӣ дар парлумон  барои хок пошидан ба чашми олам иктифо намуд. Ин оғози ҷанги аланӣ ва комилан нақз ва поймол намудани имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буд.

 

Моҳи марти соли 2015 сакароти комили ин созишнома ва ба болини марг қарор гирифтани мухолифони сиёсии кишвар буд. Моҳи сентябри он сол бо баҳонаи дурӯғини Инқилоби Ҳоҷи Ҳалим Назарзода намози ҷанозаи мухолифони сиёсияшро дар кишвар бо имоматии бе вузуи ҷаноби Эмомалӣ Абдурраҳмон дар додгоҳи олии кишвар хонд.Чиқадар афроди бегуноҳро кушт ва барои солҳои тулонӣ боқимондаро равонаи зиндонҳояш намуд.Бори дигар марҳалаи фирор аз кишвар оғоз ёфт мавҷи боздоштҳои мақомоти интизомӣ алайҳи афроди озодандешу фаҳмида пурзур гардид. Бо ҳар роҳу васила шаҳрвандонеки дар дохил қарор доштанд аз кишвар хориҷ гаштанд.Мутмаинам онҳоеки ба ин хирасар ин пилони шумро машварат додаанд бузургтарин иштибоҳро кардаанд.Мумкин аст ин пилон дар хориҷ аз кишвар иттихоз шуда бошад ва дар кишвар татбиқ гашта бошад.

Бархе коршиносон инро кори дасти мақомоти кишвари Миср медонанд,ки дар мубориза алайҳи исломиҳо таҷрибаи бой дорад.Мебоист ин тарҳро дар ҳангоми пленюми ҲНИТ амалӣ мекарданд ва ҳамаро дар онҷо боздошт мекарданд ва ба ин корро хотима ёфта мепиндоштанд.Аммо чун тасмими гузаронидани ин пленюм ва ҳузури ҳама онҳоеки мехостанд боздошт намоянд вуҷуд надошт.Дарҳол ин марҳаларо тезониданд ва боздошту зиндонкуниҳоро қабл аз манъи фаолияти ҲНИТ оғоз намуданд ва сипас онро бо як қароре мамнуъ ва иттиҳоми тероризму экстримистиро тамға заданд,ки воқеан хело амали аҳмақона ва аз диду дарки сиёсат дӯр метавон номид.

 

Муҳим оғози хиёнат ва поймол намудани аҳду паймон аз тарафи Эмомалӣ шурӯъ гашт ва ҳоло дигар пушаймон шуданаш суде надорад.Рӯз ба рӯз номи кишвар дар радаи даҳгонаи поёнтарин кишварҳои олам ба шомил гашта истодааст.Ҳатто аз охир чорум кишвар ба шумор меравад ва кишвари Афғонистонеки аз он ҳамеша ҳарос дорем кишвари мо чандин зина поёнтар қарор дорад ин аст пешрафту сиёсати хирадмандонаеки гуши шаҳрвандони кишварро кар кардаед?Шумо ҳеҷ роҳе ҷуз истеъфо ва ончӣ дуздидаед бигиред ва ин кишвару миллатро аз чанголи оҳанини худ раҳо кардан дигар роҳе надоред.Ин кишварро ба соҳибони аслияш супореду аз ин бештар ба ҷонҳои худ ҷабру ситам накунед.Ҳеҷ собуне шуморо пок намекунад,ҳеҷ баромаду ҳангомасозиҳои зебое,ҳеҷ титулу мақомҳои сохтае,ҳеҷ авангарду митингҳои назди сафоратҳое,ҳеҷ таҳдидҳову миллатро хоин хонданҳое,ҳеҷ фондҳои барои дуздиҳои навбатие,ҳеҷ идҳои ваҳдату,зардолу,каду,картошка ва асалу чапотие шуморо дар назди ин миллат сафед ва поку муназзаҳ нахоҳад кард. Шумо фикр накунед ин миллати асири дохил дар панҷаҳои оҳанини шумо қарор гирифта хомӯшанд ин аломати ризояти онҳост! Ин хомӯшиест қабл аз туфон ва мавҷи норозиҳост,ки анқариб бо чашмҳои сар хоҳед дид.Аллоҳ муҳлат медиҳад вале бе парво нест ончӣ ба ин бандагони мазлуму бе дифоъаш кардед ва мекунеду карда истодаед.Албатта бо ҳолати ғайри чашмдоште,ки доред онро ҳатман хоҳед дид,онгоҳ фарзандони ин миллат ҳам дар артиш ва ҳам дар мақомоти амнияти ифои вазифа доранду ба падару модарҳои худ муқобила нахоҳанд кард барои дифоъи як оилаи ҷаноби шумо. Он рӯз бидуни ҳеҷ шакке фаро мерасад ва рӯзи хело сангин хоҳад буд барои шумо.Дигар бо шумо  аслан пас аз ин хиёнатҳои сангину нобахшудани сулҳу музокира ва гуфтугӯе вуҷуд надорад. Чаро ба даъват кардани мухолифонатон шурӯъ кардаед намедонам.

وَإِمَّا تَخَافَنَّ مِن قَوْمٍ خِيَانَةً فَانبِذْ إِلَيْهِمْ عَلَىٰ سَوَاءٍ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْخَائِنِينَ (58)

“Агар медонӣ, ки гурӯҳе дар паймон хиёнат меварзанд, ба онон эълон кун, ки (байни ману шумо паймоне боқӣ намондааст, яъне ҳар ду гурӯҳ донанд, ки байнашон паймоне намондааст) монанди худашон амал хоҳӣ кард. Зеро Худо хоинонро дӯст надорад!”(Сураи Анфол,ояти 58)

 

Чаро пас аз ин ҳама хиёнат ва ҷиноят ношармида  иди“ваҳдати милли”-ро ҷашн мегирад?

Ман ҷашн гирифтани “Ваҳдати милли”-ро як ҷинояти нобахшиданӣ медонам ва таҷлили ин санаро тавҳин ба ин миллат меҳисобам.

-Як шахсе нест аз ҷаноби хоини Эмомалӣ бипурсад шумо бо кӣ ваҳдат ва сулҳ кардед?

Онҳое, ки ҳамроҳашон сулҳ кардед, чаро тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар хоин ва нафринашон мехонед, агар онҳо хоин буданд, пас чаро ин санаро ҷашн мегиред ?

Ончунонеки шумо дар шабакаҳо ба намоиш мегузоред,ки гӯё ҳама оғози ҷанги шаҳрвандиро мухолифони исломӣ оғоз карданд.Магар дар он созишномаи сулҳе имзо кардед як бандаш авфи ҳама мухолифони то ин сана яъне 27 уми июн аз ҳарду тараф сурат гирифта мавриди бахшиш бояд қарор мегирифтанд.Пас чаро ношармида ончӣ кардеду кардандро пас аз он боз ба намоиш мегузореду ин сулҳро зери хатар қарор медиҳед?

Аз ин амалкардаҳои шумо маълум ва ҳувайдост,ки аз оғози сулҳ нияти хиёнатро доштед ва соли 2015 он фикри хиёнатро амалӣ намудед?

– Охир, шумо вақте ваҳдати миллӣ ном гузоштаед ҳатман ин ваҳдат бо тарафе ё гурӯҳе сурат гирифта аст?

– Пас он тараф куҷоянд чун мо танҳо шуморо мебинем ва аз дидани ҳамешагии шумо ҷаноби хоин хаста шудем ?

-Чаро имрӯз дар ин ҷашни “Ваҳдати Миллӣ” тарафи дигари сулҳ бо шумо ин идро ҷашн намегиранду дар як маҳфил бо шумо қарор надоранд?

-Магар онҳо аз саёраи дигаре буданду бо онҳо сулҳ кардед ва дубора ба он сайёраи дар ин олам вуҷуд надоштаи худ баргаштанд?

-Чаро унвони “Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ”-ки маҳз аз ин санаи 27-уми июн гирифта шудааст,то соли 2015 чунин унвонро надоштед ва маҳз пас аз ин сол ин унвонатон пайдо гашт?

– Аз имзои ин созишнома 21 сол гузашт, пас аз он ба ёдатон омад, ки шумо “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиед” ё барои рӯпӯш кардани хиёнататон бо онҳое, ки ин созишномаро имзо кардед, ин унвонро ба худатон ихтисос додаед?

 

Ингуна саволҳо зуд аст, ки барои шахсе чун шумо хоини миллат, аз садо ва симои кишвар садо медиҳанд ва аз ҳама ҷиноятҳо пурсида хоҳед шуд. Омодагии худро бубинед. Унвонҳои дурӯғине, ки ҳеҷ часпишу рабте ба шумо на аз наздик ва на аз паҳлу ва на аз дур надоранд,  салб хоҳад шуд ва бо маҳкамаи одилона, бидуни зулм ҳукми шумо содир хоҳад шуд ва он рӯз дур нест. Он рӯз  шуморо дигар касе на пешво ва на асосгузори сулҳу ваҳдат ва на ҷаноби олӣ мегӯяд. Балки шумо ҷинояткор ва ба хоку хункашандаи ин миллат ва қотили барумандатарин фарзандони ин мардум ва хоин хитоб хоҳед шуд. Ҳар як фарди ин миллат он рӯзи таърихиро бесаброна интизоранд ва лаҳзашуморӣ менамоянд. Агар мо куштам шавем миллат ба куллӣ кушта намешавад ва он рӯзро ҳатман мебинанд. Олам ва давлатҳо ва миллатҳо дар худ чунин афроди хашину хуношомро доштааст ва пас аз истодагарӣ ва муқовимат суқуташонро ҳам дидаанд. Миллати тоҷик ҳам он лазҳаҳои накӯро солҳост дар интизоранд ва барои дидани он ҳаққи комил ҳам доранд.

 

Муҳаммадиқболи Садриддин

Шакли пурраи баромадро бо ангушт задан БА ИН ҶО  тамошо кунед!

 

Share This Article