(бахши панҷум)
Як мушкилие,ки дар шаҳру деҳоти Исфара ҷой дорад ин вобаста ба мактаб аст. Мактабҳоро дар Исфара ба маркази тиҷоратӣ табдил додаанд. Мо, хуб медонем, ки ин мушкил дар тамоми Тоҷикистон аст. Дар ҳақиқат об аз саргаҳаш лой. Падару модарҳо аз пулпурсиву пулталабии мактабҳо сахт нороҳат ҳастанд. Масалан талаба ва муаллимҳоро маҷбур месозанд, ки ба нашрияву маҷаллаҳои нолозим обуна шаванд. Тасаввур кунед як муаллим, ки ҳамагӣ 700–800 сомонӣ маош мегирад маҷбур мекунанд, ки ба 100 сомонӣ зиёд обуна шавад. Аммо аз директори мактаб ҳам вобастагӣ дорад. Баъзе аз директорони мактабҳо дар ҳақи муаллимҳо ва талабаҳо бисёр бераҳмӣ мекунанд ва бо ҳар баҳона пул меситонанд. Аммо, мо муаллимҳо ин пулҳоро барои худамон намегирем. Ин кори шӯъбаи маориф ва директори мактаб ва ду-се нафари наздики онҳо мебошад. Агар дар Исфара ягон меҳмон ояд аз муаллимҳо сар карда то талабаҳо пул талаб мекунанд.
Маълум нест, ки ин сарулибос ва пойафзол аз кӣ бошад, аммо маҷбур мекунанд, ки формаи мактабиро маҳз аз ҳамонҷо бихаред. Мисле, ки баъзе аз духтурҳо маҳз аз фалон аптека рафта гир гуфта ретсептро дар дастат медиҳанд. Чунки он аптека ё аз они ҳамон духтур аст ва ё аз нафари шиносаш. Ман 100% бовар дорам, ки ҳамин формаи мактабӣ ҳам айнан ҳамин тавр аст. Директори мактаб дар “доля” шарик аст. Агар он сарулибос як мавсимро ҳам ба охир нарасонад, аз матоъи пастсифат дӯхта бошанд ҳам. Вале аксари ин газетаҳо газетаҳои ҲХДТанд. Барои ҳамин мактабу мактаббачаҳоро маҷбур мекунанд, ки обуна шаванд. Мо, муаллимҳо на танҳо барои хариди формаи якмасрафа ва обунаи маҷбурӣ ба назари мардум шумрӯ шудаем, моро барои интихоботҳо ҳам мардум бад мебинанд. Муаллимҳоро водор мекунанд, ки тамоми корҳои ғайриқонунии ба манфиати ҲХДТ ва Эмомалӣ Раҳмонро ҳуҷҷат карда ва боз зери он имзо ҳам гузорем. Ин ҳама корҳои ғайриқонуниро чандин сол аст мушоҳида карда аз қонунҳои давлат ва ҳукумат сахт дилхунук шудаам.
Пеш аз интихобот ҳар як муаллимро вобаста мекунанд, ки рӯихати аъзои оилаи ҳамсояҳо ва нафарони дар муҳоҷират будаи онҳоро номнавис карда оварда супоранд. Дар рӯзи интихобот бюллетенҳои онҳоеро, ки дар Русия мебошанд, ба дасти мо, муаллимҳо медиҳанд, ки бурда аз тани онҳо ба қуттӣ андозем ва ҳатман ба тарафдории ҲХДТ овоз диҳем. Ин бюлетенҳоро намояндаҳои кумитаи амният назорат мекунанд. Дар интихоботи солҳои 2010 ва 2015 дар Исфара ҲНИТ зиёда 80% овози мардумро гирифта буд. Дар интихоботи имсол бошад дар Исфара ҲСДТ зиёда аз 60% овози мардумро гирифт. Дар интихоботи президентӣ тамоман қонуншиканӣ сурат гирифт. Барои онки мардумро битарсонанд ҳатто серияи паспортҳоро ҳам рӯихат карданд, ки ин тамоман нодуруст буд. Бо вуҷуди ин аз номи тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ бюлетенҳоро ба дастгирии Раҳмонов навишта ба қуттиҳо андохтем. Дар ҳақиқат ин интихобот як масхарабозӣ буд. Мо худамон ба Раҳмонов аз тани аҳолӣ овоз додем ва боз ҳамон варақаҳоро шуморидем. Ман ҳамчун муаллими аъзои комиссияи интихоботӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон гуфтаниям, ки дар интихоботҳои гузашта овозҳои шумоҳоро дуздиданд ва дар оянда ҳам медузданд. Барои ҳамин беҳтар аст ки ҳар кас омада худаш овоз диҳад. Агар набиёед инҳо бештар хурсанд мешаванд.
“Аҷибаш боз дар он аст ки дар баъзе участкаҳои интихоботӣ шумораи овоздиҳанда 6000 нафар вале баъди интихобот бюллетенҳоро мешуморем,ки 1000 адад зиёд аст:-7000. Эй,мардум худатон хулоса бароред, ки ин чи гуна интихобот аст. Вале, ман гуфтанӣ ҳастам, ки мо муаллимҳо ин корҳоро на бо хоҳиши худ, балки маҷбуран анҷом медиҳем ва сахт пушаймон ҳастем.”
Домулло Муҳаммадиқбол! Шумо дар яке аз барномаҳоятон дар бораи Наҷотхон ва мошинҳои мусофирбарии ӯ, Спринтерҳояш навишта будед, ки чи тавр ронандаҳоро азобу фиреб медиҳад. Дар воқеъ Наҷотхола як зани найрангбози пулдустдор мебошад. Вай аз рӯи мақоли “обро дида мӯза каш ва ҳаворо дида ғӯза каш” амал мекунад. Наҷотхон баъди имзои Созишномаи умуми сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 якбора ба ҲНИТ аъзо шуд. Аммо дар соли 2005 барои мансаб ва пул шуда аз ин ҳизб даст кашида фирмаи мусофиркашониро ташкил кард. Гап дар он аст ки баъди барномаи шумо дар “Ислоҳ.нет” Наҷотхола собиқ аъзои ҲНИТ -ро айбдор карда истодааст. Гӯё онҳо ин ҳама факту рақамҳоро барои шумо навишта роҳӣ карда бошанд. “Ин кори террористҳои ҲНИТ аст, ман онҳоро пайдо мекунам” гуфта воҳима карда гаштааст. Чанд нафар ба ёдаш оварданд, ки худаш дар гузашта узви ин ҳизб буд. Ҳабибуллои писараш то чанд вақти пеш роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр буд. Аммо ҳамин узвияти собиқи модараш ба ҲНИТ буд, ки барои тасдиқи дуборааш ба мақоми кориаш амният муқобилият кардааст. Ронандаҳо Спринтерҳои мусифиракаши фирмааш аз пулпурсиҳои Наҷотхола бо писараш Ҳабибулло аз ҷон сер шудаанд. Барои плакатҳои интихоботи президентӣ ва барои футболбозони Исфара ва барои зодрӯзҳои тамоми ёру авлодаш пул мепурсад. Дар ин кори ӯ бригадирҳои маршрут ва чекгиракҳои автоҷокзал ёрдам мекунанд. Ҳафтае ду ва ё се бор ҳатман пул талаб мекунад. Баъди нашри матлаб дар барномаи “Ислоҳ.нет” чанде аз “криша”-ҳои Наҷотхола тавсияааш додаанд, ки дар аввали соли 2021 номи фирмаашро дигар кунад. Ҳоло Наҷотхола дар талоши тағйири қароргоҳи офис ва номи фирмааш мебошад. Ҳозир Наҷотхола бо баҳонаи бинои офис 6 га замини ин қароргоҳро ба одамҳо ҳамчун замини наздиҳавлигӣ фурӯхта истодааст. Ин 6 га замин дар роҳи Шуроб- Исфара ҷойгир мебошад.
Дар як маҷлис ронандаҳо пешниҳод карданд, ки дар айни авҷи бемори Ковид -19 ба сабукӣ диҳад, то мардумро камтар савор кунанд. Наҷотхола ва писараш Ҳабибулло мегӯянд, ки мо сабукӣ додан наметавонем. Инҳо ба саломати мардум парво надоранд, барояшон фақат пул бошаду бас. Ронандаҳои фирмаи Наҷот бо навбат як шабонарузӣ дар милисахонаи шаҳри Исфара бо мошинҳои шахсии худамон ва бо сӯзишворие, ки аз пули худ мехарем, навбатдор меистем. Милисахона мошини хидматӣ дорад. Аммо чаро мо бояд навбатдор истем номаълум аст. Гӯр бар сари навбатдорӣ. Боз мо маҷбур ҳастем, ки милисаҳоро ҳам дар субҳу ҳам дар нисфирӯзиву ҳам дар шом бо хурок таъмин намоем. Нафақат ба идораи милиса барои прокуратура ва Суд ҳам ронандаҳоро навбатдор мемонад. Рӯзҳое, ки Президент ба вилояти Суғд меояд боз ронанадаҳои фирмаи Наҷотхонро мушкили дигар пеш меояд. Аз кисаи худамон бензин харида барои ин тарафу он тараф кашонидани нафарҳое, ки бо президент омадаанд, вазифадор мешавем. Ҳабибулло- писари Наҷотхола ронандаҳоро маҷбур, кард ки бе телефони сенсерни ба кор набароем. Ронандаҳо вазифадоранд, ки чунин телефон харида ба интернет пайваст карда сипас ба кор бароянд. Ба гумони мо шояд ин Ҳабибулло бо телефонфурӯшҳо забон як карда бошад ва ё бо марказҳои диллерӣ. Агарне барои мо чи даркор аст телефони сенсерни? Баъди нашри мақола ва пахши навор дар шабакаи “Ислоҳ.нет” Ҳабибулло ба модараш тавсия медиҳад,ки нафари миёнравашро иваз кунад.
“Ҳозир миёнрави ӯ бо ронандаҳо ронандаи спиринтери сафед дар рейси Исфара- Конибодом кор мекунад. Номери мошин 7733 тт 02 Тҷ,номи ронанда Болтабой мебошад.Ҳозир “доля”-ро Ҳабибулло бо миёнаравии ҳамин Болтабой мегирад. Аз ин рӯ гапи Болтабой ба Ҳабибулло монанди лезва мегузарад. “Криша”-и Наҷотхола қудои данғарагиаш мебошад. Зани Ҳадиятулло, писари дуввуми Наҷотхон аз Данғара аст.”
Вақте айни авҷи КОВИД-19 буд ронандаҳои фирмаи Наҷотхон дари пеши маршрутҳоро маҳкам карда мардумро болои ҳам савор мекарданд аммо фароюбаро танҳо аз дари қафои мошин. Ин кор асосан дар хатсайрҳои дохили шаҳри Исфара дар линияҳои 1, 2,ва 9 бисёр дида мешавад. Ронандаҳои ин хатсайрҳо аксаран ҷавонҳо мебошанд ва бо мардум муомилаи дурушт мекунанд. Ин ҷавонҳо худашон шоҳу табъашон вазир аст. Ҳар гоҳе хостанд корро қатъ мекунанд. Махсусан ба тарафи шабҳо ягон маршрутка пайдо намешавад. Кормандони БДА ҳаққи худро мегиранд, дигар аҳамият намедиҳанд. Дар хатсайри Исфара- Хуҷанд ҳар рӯз 30 ронанда мусофиркашонӣ мекунанд,ки 15 нафари онҳо ронандаҳои фирмаи Наҷотхон ва 15 ронандаи дигар аз фирмаи автобазаи 34 Хуҷанд мебошанд. Ронандаҳои автобазаи Хуҷанд одамро болои ҳам бор карда ранги сангпушт роҳ мераванд. 100 км.роҳро дар 2,30 соат тай мекунанд. Вақте даъво мекунед, ки чаро чунин муносибат мекунед, ронандаҳо ҳазору як баҳона пеш меоваранд,ки хулосааш ин аст 70% даромади онҳо ба ҷайби дигарҳо меравад.
Мо, мардуми Исфара омодаем дар идомаи номаи муфассали исфарагиҳо ба “Ислоҳ.нет” аз баромадҳои Шумо роҷеъ ба вазъияти шаҳрамон розӣ ҳастем. Ончи ки дар ҳақи раиси ҷамоати Навгилем Болтаев Аҳмадхон гуфтед ҳамааш рост аст. Ин Аҳмадхон дар ҳақиқат заминҳои ин ҷамоатро нотарсида фурӯхта истодааст. Тамоми заминҳои обиро бо ҳар баҳона ба номи ёру ошноҳояш ҳуҷҷат карда фурухт. Шумо дар барномаатон гуфтед, ки як миқдори ин заминҳоро то 75000 доллар фурӯхт ва баъзеҳо ба ин бовар накарданд. Барои ҳамин мо номи ӯро инҷо меоварем, ки он шахс номаш Зафар мебошад. Ин одам дар маҳаллаи Устомуллои ҷамоати Навгилем, дар шоҳроҳи Навгилем -Кулканд ва дар баробар мазори Муйи Мўборак як магазини дуошёна дорад. Нафаре,ки ба Аҳмадхон 75.000 доллар дода заминро харид ҳамин кас аст. Пулаш нарасид як мошини портер ва як мошини Киаашро ҳам изофа карда дод. Вале то ҳоло Аҳмадхон барои ҳамин 6 сотих ба Зафар ҳуҷҷат карда дода наметавонад. Агар дар оянда ҳам ҳуҷҷат кард, он ҳуҷҷат қалбакӣ аст. Зеро онро дар вақташ падараш ба номи халқ гирифта буданд.
“Ҳоло гӯё раиси кумитаи замини шаҳри Исфара Саидаминзода Сахиюлло ба раиси ҷамоати Навгилем Болтаев Аҳмадхон ваъда додааст, ки бар ивази 20000 доллар метавонад через Душанбе корро ҳал намояд. Гуфтааст, ки ту пулро деҳу қарори участкаи наздиҳавлигиро аз ман гир, хавотир нашав ва чиқадаре мардум дар интернет нависад бефоида. Дар Тоҷикистон пул ҳама корро ҳал мекунад. Аҳмадхон ба Зафар гуфтааст, ки хавотир набош Сахиалло ваъда кард, ҳал мекунад. Вай “прямой” ба Озода доступ дорад.”
Чанде пеш Болтаев Аҳмадхон ду систернаи калонро, ки аз союз монда буд бо кадом ҳиллае фурӯхтааст. Ҳар кадоме аз онҳо аз 100.000 сомонӣ бештар нарх дорад. Прокуратураи Исфара дар бораи нопадидшавии ин бушкаҳои калон дело кушодааст. Вале ҳама медонанд, ки ин корро Аҳмадхон кардааст. Ҳоло Болтаев Аҳмадхон қайниашро гапзанон кардааст, ки ту ба гардан гир ман туро халос мекунам. Ба прокурор пул медиҳам гуфтааст. Дар ҳақиқат Аҳмадхон пули калонро дода кори ҷиноиро ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ табдил дода ҷарима супорида аз маҳкама 100% халос шуд. Аммо прокурор ҳуқуқ надошт, ки маблағи зарари расонидаро, ки аз 200.000 сомонӣ зиёд аст бо иттиҳоми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ банду баст намояд. Шояд ҳаҷми маблағи ришваи додаи Аҳмадхон ба прокурор ду баробар аз ин 200 ҳазор буд. Зеро Аҳмадхон ин корро кард, то вазифаи раиси ҷамоат аз дасташ наравад. Як ноинсофӣ ва бераҳмие, ки Болтаев Аҳмадхон дар ин авохир кард тамоми мактабҳои ҷамоатро маҷбур сохт, ки роҳрав ва саҳнашонро бо бручатка сангфарш кунанд. Ин бручатка- сангҳои ороиширо худи ӯ ба мактабҳо тақсим кард. Нархи гузоштаи ӯ аз бозор ду баробар гарон аст. Чунки ин бручаткаҳо аз корхонаи хусусии худаш аст.
“Болтаев Аҳмадхон дар ҷамоати Навгилем дар мазори Муий Муборак бизнеси гурковонро ташкил кард. Вай “тағйироти кадрӣ”-ашро аз гӯрканҳо оғоз кард. Тамоми гурканҳои ин мазорро, ки ба хотири ризои Худо ва барои мардум холисанлиллоҳ хизмат мекарданд аз ин кор берун кард ва наздикони худашро ба ҷои онҳо овард. Ҳоло мардум ин эҳтимолро дур намедонанд, ки дар оянда Болтаев. А ин мазорро пулакӣ мекунад. Ҷойи қабрро мефурӯшад.”
Корро ба ҷое кашонид, ки як қисм аз заминҳои ин мазорро ҳам ҳамчун участкаи наздиҳавлигӣ фурӯхту тақсим кард. Тамоми авлоди ӯ дар ин мазор мадфан доранд, ҳатто эҳтироми арвоҳи онҳоро накард. Ҳоло ӯ ва наздиконаш дигар худро “корол” меҳисобанд.
“Мабодое бо ягон ҷиянаш даъво шуду шаппотие задед, милисаҳо шуморо статяи террорист зада мешинонанд. Имоми масҷиди ҷамоати Навгилемро худи Болтаев иваз кард, на кумитаи оид ба дини ҳукумати Исфара. Болтаев дар ин ҷамоат амниятам худаш, милиса ҳам худаш ҳоким ҳам худаш аст. Аҳмадхон бо як баҳонаи ночиз имомхатиби масҷиди Устомуллоро иваз кард ва одами худашро монд. Ба ин имомхатиби мондагиаш, ки саводи казоӣ надорад гуфтааст, ки аз ҳар худоӣ ё таъзия пуле, ки мегирӣ оварда бо ман тақсим мекунӣ. Болтаев ба раисони маҳалла супориш додааст, ки барои домуллои ҷанозахон ва гӯрковон маоши собит муқаррар кунанд.”
Мо, истиқоматкунандагони маҳаллаи Устомулло бо пули худамон трансформотор харида истифода бурда истодаем. Лекин на ҷамоат ва на электросет ёрдам накард. Аммо имрӯз Болтаев омада ин трансформаторро соҳибӣ кард. Аз одамҳои дигар маҳалла пул гирифта хати интиқоли барқи онҳоро, ки ҷудо буд дар трансформатори маҳаллаи мо пайваст карда истодааст. Мо мардуми маҳалла аз як чиз хавотирем,к и агар ин трансформатор корношоям шавад- сӯзад боз мо- мардуми маҳалла обод мекунем, лекин роҳаташро Болтаев. А мебинад. Як даҳон намепурсанд, ки ин трансформатор аз они мардум мебошад. Аҳолӣ барои кӯчаҳои маҳалларо рушан кардан чароғ-лампочка харид. Болтаев аз ин кор дар ғазаб шуд ва нархи қувваи барқро барои ин гузар 10 дирам боло бурд. Дар ҷое, ки мардумро миннат гузорад пули барқро гарон кард.
“Саволи мо ин аст ки оё дар тамоми Тоҷикистон пули барқи кучаҳоро аз мардум меситонанд? То ҷое, ки медонем пули барқи кучаҳо аз ҳисоби давлат аст. Оё раиси ҷамоат салоҳияти пули барқро қимат кардан ва умуман нарх монданро дорад ё ки не?”
Шумо фикре накунед, ки ба Болтаев ягон хусумат ва зиддият дорем. Ягон зиддият надорем вале ончизеки навистем ҳамааш росту дуруст аст. Баъд аз расонаӣ кардани шумо бовар дорем мардуми ин ҷамоат миннатдорӣ хоҳанд кард.
Поёни бахши панҷум,идома дорад….
Ps: Мо се номаро якҷо намудем, ки ҳама аз як маҳал ва ҷамоат мебошанд. Ончи дар ин матлаб омада комилан навиштаи мардуми ҷабр дидаи Исфара мебошад. Мақомоте дар Исфара буда пас аз нашри ин матлаб даст аз коррупсия, зулму фишори мардум бояд бардоред. Номаҳо аз Исфара хело зиёданд ва рӯй онҳо кор дорем ва тақдими мардум хоҳем кард.