Вой дод аз дасти домод, хусурбача ва муҳофизу қудодипломат

Ислоҳ нет

ЗАРИФБЕК Давлатов “Келин”

Хоҳиш мекунам, ки напурсед. Бовар накунед ҳам майлаш. Аммо бояд бигӯям. Ин нақл аз нафаре аст ки бо болонишинҳо хешу табор аст. Вай мегӯяд, ки барномаҳои Муҳаммадиқболро «пропускат» намекунад, доимо тамошо мекунад. Гуфт як бор бо амаки вазираш Муҳаммадиқболро тамошо карданд. Амакаш гуфтааст «паат, ин ҳама маълумотҳоро ай гиҷо мегирифта бошад, рӯзмон наметия. Бо пага Ятимова худо метия. Давида меравад пеши ҷанобу мегуяд фалонӣ ин қадар дуздӣ карда аст. Ҳатто террористҳо дар борааш барнома кадиян».

Як вақт гап дар бораи Зарифбеки шавҳари Таҳминаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов рафт. Як бародар бо ин Зарифбеки Шарифбек ҷура будааст. Меравад пеши Зарифбек ва мегуяд, ки як хизмат баромад, ёрдами худат даркор. Зарифбек Давлатов мепурсад, ки чи гап?

-Бародари хурдиам дар гумрук кор мекунад. Ӯро дар ягон ҷойи рӯғанӣ мондан даркор.

Дере нагузашта бародари ҷураашро дар як ҷои нимкола фармон мегирад. Пас аз се чор рӯз ба Зарифбек ҷурааш занг зада изҳори сипос мекунад, ки «корро буд» кард-ака раҳмат. Ва мегуяд, ки: – ака чи хизмат кунем? Зарифбек Давлатов  мегӯяд, ки дар фалонҷо як кудакистон ҳаст медонед? Посух медиҳанд, ки бале. Мегӯяд, ки ба ҳамонҷо 20 қоп орд бигиру биё. Ростӣ гап, мегӯяд ҷураи Зарифбек хеле хурсанд шудам ,ки Зарифбек ин қадар боинсоф будааст. Рафта аз база 20 қоп орд гирифта ба як мошин бор карда ман пеш-пеш мошини  бордор аз қафо ба кудакистон  расидаму занг задам: ака ман дар пеши дари  ҳамон  кудакистон. Дарвозаро кушоданд, ман ба кудакистон даромадам. Зарифбек Давлатов омаду салом кард. Ин кудакистон азони худам- шахсӣ мебошад, гуфт. Мо хеле суҳбат кардем. Сипас гуфтам, ки 20 қоп орди гуфтаатонро овардам. Гуфт ман дар телефон ҳамин хел гуфтам. мабодо моро запис накунанд, ба мо  орд  лозим  нест:«20.000 ҳазор  доллар  биёр, и чияй, ки ту овардай?» Ман рафта қарзу қавола  карда  овардам. Суми  гуфтагиашро  намеовардам бар  сари  бародари  хурдиам  ягон  бало  меовард. Аз кори   кардаам пушаймонам. Пеши началники кадри гумрук мерафтам 5000 доллар  медодам   корамро буд мекард ва хеле  дашном кард  Зарифбек Давлатовро.

АМИРУЛЛОИ ХУСУРБАЧАИ “ПЕШВО”

Ман, корманди яке аз мақомотҳои қудратии Тоҷикистон ҳастам. Аз шумо, домулло Муҳаммадиқбол хоҳиш менамоям ин номаи манро то охир бихонед  ва чизе, ки ҳаст ба мардум расонед то миллат аз ин гуна ҷиноятҳои аъзои оилаи Раҳмонов манзурам Амируллоҳи хусурбачаи Эмомалӣ огоҳӣ пайдо кунад ва бидонад, ки онҳо чи гуна зиндагонӣ доранд. Ман  чанд мудат дар шӯъбаи амнияти шаҳри Турсунзода кор кардам. Дар назди ҳукумати шаҳри Турсунзода артели дӯзандагии Лола -бинои ду ошёнаи бузург мавҷуд аст. Соҳиби он як марди узбектабори маҳаллӣ буд. Амирулло онро бо зӯрӣ  аз ин мард кашида гирифт ва санадҳои сохта карда ба як ҷавоне   аз шаҳри Хисор фурӯхт.  Ин ҷавон Ҳоҷиев Қадриддин Розиқович ном дошт. Худо раҳматаш кунад, ман пештар фаҳмидам, ки ин  ҷавон 5 сол шуд дар қайди ҳаёт нест. Маро дигар номусам нагузошт ва нангам омад, ки роҷеъ ба ин ҷинояти Амирулло нисбати ин чавони бо ғайрату бо шараф бе тараф ва хомӯш бошам.

Ҳоҷиев Қадриддин Розиқович аз деҳаи Содиқии ҷамоати Деҳқонободи мебошад. Ба маълумоти ман соли 2010 аз Амирулло бо маблағи 120 ҳазор $ ин биноро харида ва барои навсозиву ободии он боз зиёда аз 100 ҳазор $дигар дар он сарф кардааст. Дар пушти он бино як  ҳамоми  дигар (сауна ) сохт. Худи артели  «Лола»-ро низ обод ва ҷойҳои кории нав ташкил кард.Чандин нафар аз онҷо нони худро меёфтанд. Вақте ҳамомро сохту тамом кард, Амируллоро даьват кард, ки биёяд ва лентаашро бурад.

Дар хотир дорам, ки он вақт ба мо фармон шуда буд, ки имрӯз меҳмони боломақом ба шаҳр меояд ва бояд як танзиму тартиботро ба роҳ монем. Вақте  мо пурсидем, ки кӣ меояд, роҳбарият гуфт хусурбачаи Ҷаноб. Хулоса ӯ омад, лентаро буриду назар кард, ки инҷо хело обод шудаст. Аз инҷо меравад ва ҳамон узбектаборро пайдо карда ба вай машварат ва маслиҳат медиҳад, ки рафта корхонаашро пас бигирад. Ин мард бо санадҳои аслиаш рафт ва Ҳоҷиев Қадриддинро ба суд дод. Гуфт ман соҳиб мулкҳастам ва ҳуҷҷатҳояшро пешниход кард. Қарори суд баромад, ки дар ҳақиқат ӯ соҳиб мулк аст на Амирулло.

Соли 2016 буд, агар хато накунам, боз ба мо фармон шуд, ки биравед  пеши артели Лола, чунки дар онҷо нооромӣ шудааст. Аз як тараф Ҳоҷиев  Қадриддин бо чанд дусташ  ва ин мард ҳам дар иҳотаи чанд нафар омадаанд. Ҳарду даъво доранд, ки соҳибмулк ҳастанд. Албатта вақте ҳар як мусалмон, ки азоб мекашаду ин қадар маблағ харҷ мекунад  ва фиребаш медиҳанд хело сахт мерасад. Ҳоҷиев  Қадриддин ҷавони хело ҷасур ва зебо буд. Ӯ фаҳмид, ки ин оилаи Эмомалӣ Раҳмонов ӯро фиреб додааст. Асабонӣ шуду гуфт «биравед Эмомалиро биёред, ин кори ӯ ҳаст». Мо бо роҳбариятамон онҷо ҳузур доштем

Роҳбари мо ба ӯ дод зада гуфт: « эй сағера причем ича Эмомалӣ? Номи ӯро нагир, ки мебарем маҳкамат мекунем.  Рости гап ман чун як ҷавони тоҷики мусалмон дилам реш- реш шуд ба ҳоли Ҳоҷиев  Қадриддин,Чунки вай наздики 300.ҳазор доллар харҷ кард, ин ҳамаро оварду обод кард, вале аз дасташ заданду гирифтанд.

Вақте ман суол кардам,ки чаро Амирулло худаш намеояд,то ин масъаларо ҳал кунад? Ба ман чунин ҷавоб доданд, ки Амирулло ҳатто телефонҳояшро хомӯш кардааст.

Ҳоҷиев  Қадриддин ночор мешаваду ба хонаи Амирулло меравад. «Охрана»-и хона мегӯяд ӯ дар хона нест.

Ҳамин хел ин биноро аз дасти ӯ боз кашида гирифтанд. Танҳо ҳамомро ба ӯ гузоштанду халос. Бубинед, ки ин оила ба кадом корхо машғул аст.Чи хел мардумро фиреб карда пулҳои онҳоро аз худ мекунанд ва камари ҷавонони ҷасурру пулдори ин миллатро  мешикананд ва нест месозанд, ё дар зиндон мепартоянд. Ин узбактабор дубора ба Амирулло пул дода он биноро гирифтааст. Марҳамат ҳаркуҷо хоҳи рав арз кун, шикоят кун вақте номи хусурбачаи “пешво” ро мешунаванд ҳама мақомот мегурезанд. Марҳамат санҷанд , агар гӯянд ин туҳмат аст.

Ман дидам, ки мо дар амнияти кишвар нею амнияти як оиларо ба душ дорем. Барои дар амнияти имрӯзаи Тоҷикистон  кор кардан хело бояд инсони бе дину бе имону фосиқ бошӣ ки барои як оилаи золим  хизмат намоӣ.

Амирулло Асадулло яке аз бародарони ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, ки чанд вақт дар мақоми раиси шаҳри Қӯрғонтеппа кор кардааст. То омадан ба Қурғонтеппа дар  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ(Колхозободи собиқ)  раис буд. Вай дустдори шеъру шоирӣ ҳам ҳаст. 6 июни соли 1969 ба дунё омада, то расиданаш ба мақоми раиси ноҳияи Румӣ раҳбарии корпоратсияи тиҷории “Рушди Хатлон”, яке аз ширкатҳои бузурги фаъол дар майдони тиҷорати ҷануби Тоҷикистонро, ба дӯш дошт. Вай яке аз онҳоест, ки миллионҳо сомонии бюҷети мамлакат барои неругоҳи Роғунро обу лой кардааст. Барои ин неругоҳ, ки дар ихтиёри «РоғунГЭСстрой»-Ҳасан Асадуллозодаи бародараш мебошад арматура ва семент  дастрас мекунад.

Ҳоҷӣ Амирулло  ва бародарони дигари Азизмоҳи ҳамсари Эмомалӣ Раҳмонов, ки шуморашон аз шумори бачаҳои Раҳмон камтар нестанд, бо талаву тороҷи моликияти давлат, ғасбҳои рейдерии бизнесҳои мардум ва ғасби ҳазорон гектар замин машҳуранд.

МУРОДИ МУҲОФИЗИ “ПЕШВО”

Баъзе маълумоти дигар дар бораи мурод телех. Ҳарчанд қонунҳои тоҷикистон бисёрзаниро манъ мекунад, мурод телех камаш ду зан дорад. дар назди қасри пешво дар маркази душанбе қасри боҳашамате сохтааст, ки дар он ҷо пештар 4 ҳавлӣ меғунҷид. Мурод телех ба ғайр аз корҳои бади дигараш дузди гузарои буҷети давлат аст. Ӯ дар ҳамаи сафарҳои хориҷӣ пешворо ҳамроҳӣ мекунад. Чун одат давлати қабулкунанда хароҷоти президент ва чанд вазири ҳамроҳро ба уҳда мегирад. Вале Мурод- телех квитансияҳои қалбакӣ сохта пули сарфнашударо ба кисаи худ мезанад. Ҳамин тавр аз ҳар сафари хориҷӣ ба ғайр аз команидировочнии худаш боз чандин ҳазор долларро аз кисаи давлат медуздад. Бисёр баднафс ва хуро аст, ҳеҷ сер намешавад. Дар ҳар сафари хориҷӣ ба утоқаш фоҳиша даъват мекунад ба пули давлат. Хулоса шахси фосиқ аст. Одами бисёр маҳдуд ва камсавод аст, дар зиндагӣ ба ғайр аз шикаму зери шикам ба ҳеҷ чиз алоқае надорад. Эмомалӣ дар вақти субҳонааш танҳо бо ҳамин Мурод субҳона мехӯрдааст. Факат ӯро фарёд мекардааст, ки биё дукаса завтрак кунем. Мурод аз номи Эмомалӣ меравад дилхоҳ пулдорҳоро угрожат мекунад. Пулҳояшонро мегирад.

  ҚУДОПИСАРИ ДИПЛОМАТ

Ибодзода Анвар Ҳабибулло 20.06.1983 дар н.Восеъ деҳаи Ангурбоғ таваллуд шудааст.   Русӣ ва тоториро медонад, чунки модараш татар аст.  Анвар Ибодзода писари Ибодов Ибодулло ҷияни Ибодов Маҳмадуллои чулоқ,ки бо Мурод Саидов 300 гк заминҳои Ангурбоғи Восеъро аз худ карда буданд. Инчунин хоҳари Ибод Анварзода ҳамсари Дилшод Саидов писари Мурод Саидов аст. Ин қудоӣ ба ин оила хело қудрат ва нуфӯз барояшон додааст.

Чанд сол консули Тоҷикистон дар Москва буд. Сафирро писанд намекард. Мутакаббир, худхоҳ ва мағрур. Чунки пуштибоне ба монанди Мурод дошт. Дар чанд ҷо гуфтааст, ки «ман туйи духтари муаллимада яъне Озода 3 миллион рублда хизмат кардаам, аз ин хотир на сафир, на вазир ба ман коре карда наметавонад!» 

Аз ҳисоби справкаҳои коронавирус барои бозгашт ба ватан дар декабри 2020 як ландкрузер нав  ба маблағи 100 000 доллар харидорӣ кард. Моҳҳои июн -ноябри соли 2020 барои муҳоҷирон бениҳоят замони вазнин буд. Бо баста шудани ҳарими ҳавоӣ  ҳукумат рейсҳои чартериро роҳандозӣ кард -барои баргардонидани шаҳрвандон. Тибқи талаботи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус шаҳрвандон бояд бо худ справка оид ба надоштани коронавирус дошта бошанд. Аз ин талаботи ситод Ибодзодаи бизнесмен хело хурсанд шуд. Зуд дар фикри чи тавр аз муҳоҷирон пул кор кардан шуда буд . Рафта бо як клиникаи пастсифати беэътибор забон як кард, ки мо ба шумо одам равон мекунем шумо ба ман маблағи муайян медиҳед. Ин нишонии ҳамон клиника:

М. Зябликово и м. Домодедовская

8 925 266 20 00

Ул. Ясеневая 26 (3 этаж)

Клиника Медстар

Ин клиникаҳам розӣ шуд,чун аслан муштарӣ надошт.Кор сар шуд. Ибодзода дид, ки пули аз клиника меомада хел хуб ҷамъ мешавад ба кормандони сафорат супориши қатъӣ дод, ки муҳоҷирон танҳо аз ҳамин клиника справка биёранд. Баъдан номнавис карда фурӯшед. Агар шаҳрвандон аз дигар клиника справка меоварданд бо супориши Ибодзода Анвар справкаи онҳо қабул намешуд ва ба онҳо билет фурӯхта намешуд. Муҳочирони хокбарсар маҷбур мешуданд саргардон шуда бо хавфу хатар аз полис тарсу ларзида рафта аз клиникае ки Ибодзода Анвар манфиат дошт справка биёранд. Аз ин кор сафир огоҳ шуд ба Ибодзода Анвар огоҳӣ дод аммо Ибодзодаи қайсару саркаш гапи сафирро гуш накард чунки дар пушташ Озодаи Раҳмон ва Мурод Саидов меистанд. Амният дар ин хусус,ки Ибодзода Анвар справкаи ковидро бо як клиника монополия кардана ва барои муҳоҷирон ба таври сунъӣ моне эҷод мекунад ба роҳбари давлат гузориш дод. Аз сабабе, ки Озода ва Муроди телех пуштибони Ибодзодаанд кор «тихо» ҳал шуд.

Паспорти 70 доллараро ба маблағи 200-300 доллар, ҳатто то 600 доллар ҳам мефурӯхт, шаҳодатномаи ронандагӣ 100 доллар аст 200-400 доллар мефурӯхт.

Барои мисол справка барои ивази шаҳодатномаи ронандагӣ лозим мешуд. Ибодзода Анвар ин справкаҳора ба маблағи 4000-5000 рубл мефурурӯхт. Ҳол онки чунин справкаҳо дар 500 максимум 1000 рубл нарх доштанд.

Справка о возвращение на родина 10 доллар аст ба маблаги 2000-3000 ва ҳатто то 5000 ҳазор рубл фурӯхтааст.

Рости сафир аз корҳои ин аждаҳои хонасухта ба дод омада буд, аммо гапаш намегузашт.

Аз ҳамон клиникаи “Медстар зиёда аз 20.000 муҳоҷир справка барои ковид гирифтаанд. Фикр кунед спрака 500-1000рублӣ буд аммо барои муҳоҷирҳо 2800р медоданд. Муҳим Анвар Ибодзода пас аз ғорату тороҷи муҳоҷирон дар Маскав бо сари баланд ба Вазорати корҳои хориҷӣ ба Душанбе баргашт. Коледжи тиббӣ ва мағозаҳо ,хонаҳои бо ҳашамат ва даҳҳо объектҳо дар Тоҷикистон дорад. Ин ҳама аз пули муҳоҷири хору зори Тоҷик аст. Ҳоло боз ҳатман ба мақомҳои болотаре дар ягон корпуси дипломатии давлатҳои хориҷӣ гузошта мешавад. Агар алакай ӯро нагузошта бошанд. Сироҷиддини Муҳриддин вазири хориҷӣ куҷоро нигоҳ мекарда бошад? Ногузирем як таҳқиқоти муфассал дар мавриди дипломатҳо ва корпусҳои дипломатии кишвар дар хориҷ анҷом диҳем ва ин соҳаро ба мардум муаррифӣ намоем.

Share This Article