Волии Хуросон ва марди хардор
Мегўянд Осафуддавла рўзе ба иттифоқи ғуломони худ аз яке аз кўчаҳои танги хуросон мегузашт. Дар ин мавқеъ марде чанд сар хари худро пеш андохта буд ва бидуни таваҷҷўҳ ба Осафуддавла пеш меронд ва роҳро барои гузаштани волӣ боз намекард.
Ғуломони волии Хуросон, ки вазъро диданд, пеш давиданд, ки харҳоро бизананд ва роҳро борои Осафудддавла боз кунанд. хардор асабонӣ шуд ва ба навкарони волӣ дарафтод. Осафуддавла нораҳат шуд ва бо асабният ба марди хардор гуфт: – «Мардака, чаро роҳро банд кардаӣ? Ту як хардоре беш нестӣ».
Он шахс ҷасурона посух дод: – «Ман ҳамчун шумо ҳақ дорам, ки аз ин роҳ убур кунам, мунтаҳо, ман одаме ҳастам, ки хар меронам ва ту харе ҳастӣ, ки одам меронӣ!».
Волии Хуросон бо ҳамаи асабонияте, ки дошт, натавонист аз ҳозирҷавобии хардор аз ханда худдорӣ кунад ва дастур дод ғуломонаш мазоҳими ў нашаванд ва ҳамчунон то интиҳои кўча мард ва харҳояш пешопеш ва Осафуддавлаву навкаронаш ба дунболи онҳо роҳро тай намуданд.
Агар чунин ҳодисае дар кишварҳои мо рухдиҳад, раиси давлат ҷойи худаш, бо шаҳрдоре ё раиси ноҳияе.Он бечораро барои суйи қасд солиёни дароз равонаи зиндон мекунанд.