Хавориҷ
Чаҳорум: Ҳаракати Амирулмӯъминин, разияллоҳу анҳу, барои мунозира бо бақияи хавориҷ ва сиёсати ӯ дар бархӯрд бо онҳо баъд аз бозгашти онон ва сипас ҳаракат ва хуруҷи дубораи онҳо
Силсила мақолаҳои хавориҷ № 4
Баъд аз мунозираи Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, бо хавориҷ ва қабули ду ҳазор нафар аз онон аз даъвати ӯ, Амирулмӯъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, худаш ба назди онҳо рафт ва бо онон сӯҳбат кард ва онҳо бозгаштанд ва вориди Куфа шуданд, аммо ин тавофуқ зиёд тӯл накашид, зеро хавориҷ ин гуна аз суханони Алӣ, разияллоҳу анҳу, фаҳмиданд, ки ӯ аз назари худ дар бораи ҳакамият бозгаштааст ва аз хатои худ ба гумони онон тавба кардааст ва ин хиёл ва гумони худро дар миёни мардум паҳн карданд ва Ашъас ибни Қайси Киндӣ назди Амирулмӯъминин омад ва ба ӯ гуфт: «Мардум мегӯянд, ки ту аз куфр бозгаштаӣ». Алӣ, разияллоҳу анҳу, рӯзи ҷумъа суханронӣ кард ва баъд аз ҳамду ситоиши Худованд аз хавориҷ ва мухолифати онон ба мардум ва масъалае, ки сабаб шуд онҳо ба хотири он дучори тафриқа шаванд сухан гуфт. Дар ривояти дигаре омадааст, ки: «Марде омаду гуфт: «Ло ҳукма илло лиллоҳ», сипас як нафари дигар гуфт: «Ло ҳукма илло лиллоҳ», сипас аз гӯшаҳои масҷид афроде бархостанд ва нидои «Ло ҳукма илло лиллоҳ» бароварданд. Алӣ, разияллоҳу анҳу, бо даст ба онон ишора кард, ки бинишинед ва гуфт: «Бале, ло ҳукма илло лиллоҳ. Ин калимаи ҳаққе аст, ки бо он амри ботил талаб мешавад, ман мунтазири ҳукми Худо дар бораи шумо ҳастам» ва аз болои минбар онҳоро бо ишора ором мекард ва як нафар, ки ду ангӯшташро дар гӯшҳояш гузошта буд, бархост ва ин оятро тиловат кард:
«Агар ширк биёваред, аъмолатон ночиз гардад ва худ аз зиёнкунандагон хоҳед буд.»
(Сураи Зумар, 65)
Амирулмӯъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, низ бо тиловати оят ба ӯ ҷавоб гардонид, он ҷо ки Худованд мефармояд:
«Пас, сабр кун, ки албатта, ваъдаи Худо ҳақ аст. Мабодо онон, ки бар марҳалаи яқин нарасидаанд, туро бесуботу безобита гардонанд!»
(Сураи Рум, 60)
Амирулмӯъминин сиёсати одилона ва равшангари худро дар баробари ин ҷамоати ифроти эълон кард ва ба онон гуфт: «Шумо дар назди мо дар се маврид ҳақ доред:
1- Монеъи намоз хондани шумо дар ин масҷид намешавем.
2- Шуморо аз саҳматон аз њиссае, ки дар он даст доштед, маҳрум намекунем.
3- Бо шумо намеҷангем модоме, ки бо мо ҷанг накунед».
Амирулмӯъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, ин ҳуқуқро барои онон дар назар мегирад то замоне, ки бо халифа ҷанг накунанд ва зидди ҷамоати мусалмонон хуруҷ накунанд ва ҳамзамон тасаввуроти хосси худро дар чорчӯбаи ақидаи исломӣ дошта бошанд ва он оғоз онҳоро аз ислом хориҷ намекунад. Ҳаққи ихтилофи назар барои онон маҳфуз аст, магар ин, ки сабаби фирқагароӣ ва ҷудоӣ ва ба кор бурдани силоҳ шаванд. Амирулмӯъминин, разияллоҳу анҳу, хавориҷро пушти панҷараи зиндон наандохт ва бар онон ҷосус нагузошт ва озодиҳои онҳоро аз байн набурд, балки ӯ алоқаманд буд, ки барои онҳо ва дигар касоне, ки фирефтаи раъйҳо ва зоҳири кори онон шуда буданд, ҳуҷҷат ва истидлолро равшан намояд ва ҳақро намоён кунад. Ӯ ба нидодиҳандаи худ дастур дод, ки фаќат қориёни Қуръон назди ӯ бираванд на ѓайр, бинобар ин хонаи ӯ пур аз қориёни Қуръон шуд. Ӯ мусҳафи бузурги худро дархост кард ва оғоз ба задан бо даст бар рӯи он кард ва мегуфт: «Эй мусҳаф! Барои мардум сухан бигӯ». Мардум ӯро садо карданд ва гуфтанд: «Ё Амирулмӯъминин чӣ чизеро аз он мепурсӣ, он фақат ҷавҳар ва коғаз аст ва мо дар бораи ончӣ, ки аз он огоҳ ва хабардор шудаем сухан мегӯем. Ту чӣ мехоҳӣ?» гуфт: «Ин дӯстони шумо, ки дар мавриди ончӣ миёни ман ва онон аст, китоби Худоро қарор медиҳанд ва хуруҷ кардаанд. Худованди мутаъол дар китоби худ дар мавриди робитаи зан ва шавҳар мефармояд:
«Агар аз ихтилофи миёни зану шўй огоњ шудед, доваре аз касони мард ва доваре аз касони зан баргузинед.»
(Сураи Нисо, 35)
Бинобар ин хун ва ҳурмати уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бузургтар ва муҳимтар аз робитаи зан ва шавҳар аст. Ба ин далел бар ман хашм гирифтаанд, ки ман бо Муовия мукотиба карда ва (бе истифодаи лақаби Амирулмӯъминин) нома навиштаам. Мо дар Ҳудайбия ҳамроҳи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам будем ва замоне, ки бо қавми худ Қурайш сулҳ кард ва Суҳайл ибни Умар назди мо омад, Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ӯ гуфт, ки «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим», бинавис. Суҳайл гуфт: «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим, наменависам» Расули Худо фармуд: «Чӣ менависӣ?» Суҳайл гуфт: «Бисмика-л-Лоҳумма». Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Бинавис» ва ман ҳам навиштам. Сипас фармуд: «Бинавис: ин паймоне аст, ки Муҳаммад Расули Худо бар асоси он сулҳ кардааст». Ӯ гуфт: «Агар ман Туро Расули Худо медонистам бо Ту мухолифат намекардам». Сипас навишт: «Ин паймоне аст, ки Муҳаммад ибни Абдуллоҳ бар асоси он бо Қурайш сулҳ кардааст». Худованд дар китоби худ мефармояд:
«Барои шумо, агар ба Худо ва рӯзи қиёмат умед доред ва Худоро фаровон ёд мекунед, ба таҳқиқ, шахсияти расулуллоҳ муқтадои (пешвои) писандидаест.»
(Сураи Аҳзоб, 21)
Вақте хавориҷ яқин пайдо карданд, ки Амирулмӯъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, тасмим гирифтааст, ки Абӯмусои Ашъарӣ, разияллоҳу анҳуро ба унвони ҳакам бифиристад аз ӯ хостанд, ки аз ин кор худдорӣ кунад. Алӣ, разияллоҳу анҳу, инро қабул накард ва барояшон баён кард, ки ин як бевафоӣ ва шикастани аҳду паймон аст, мо байни худ ва онон аҳду паймонҳое бастаем ва Худованди мутаъол мефармояд:
«Чун бо Худо паймон бастед, ба он вафо кунед ва чун савганд хӯрдед, онро машканед, ки Худоро зомини хеш кардаед ва Ӯ медонад, ки чӣ мекунед!»
(Сураи Наҳл, 91)
Бинобар ин хавориҷ тасмим гирифтанд, ки аз Амирулмӯъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, ҷудо шаванд ва як амир барои худ таъйин кунанд. Аз ин рӯ дар манзили Абдуллоҳ ибни Ваҳаби Росибӣ ҷамъ шуданд ва ӯ барои онҳо суханронии расое анҷом дод ва онҳоро ба дурӣ аз дунё ва рағбат ба охират ва биҳишт фаро хонд ва онҳоро ба амри маъруф ва наҳӣ аз мункар тарғиб намуд ва сипас гуфт: «Эй бародарон! Бояд мо аз ин минтақае, ки аҳли он золим ҳастанд ба самти канора ва атрофи он ва қаторакӯҳҳо ва баъзе аз мадоин, ки бо ин аҳкоми золимона ноошно ҳастанд биравем». Сипас Ҳирқус ибни Заҳир бархост ва баъд аз ҳамду ситоиши Худованд гуфт: «Матоъ ва баҳраи ин дунё ночиз ва андак аст ва замони дур шудан аз он наздик аст, бинобар ин зинат ва дурахшиши он шуморо аз ҳақталабӣ ва инкори зулм боз надорад, чунки Худо мефармояд:
«Ҳаройина, Худо бо касонест, ки мепарҳезанд ва некӣ мекунанд!»
(Сураи Наҳл, 128)
Ҳамза ибни Синони Асадӣ гуфт: «Эй мардум! Раъй ҳамон аст, ки шумо доред ва ҳақ он аст, ки шумо мегӯед, пас касеро масъул ва амири худ гардонед, шумо бояд бузургон ва сарнайзаҳо ва байрақе барои бардоштану баргаштан ба самти он дошта бошед». Онҳо касеро аз пайи Зайд ибни Ҳисни Тойи, ки аз сарваронашон буд фиристоданд ва фармондеҳиро ба ӯ пешниҳод карданд, аммо ӯ қабул накард. Сипас ба Ҳирқус ибни Заҳир пешниҳод карданд, ӯ ҳам қабул накард ва онро ба Ҳамза ибни Синон пешниҳод карданд, ӯ қабул накард. Бар Шурайҳ ибни Абӯавфои Абасӣ пешниҳод карданд ӯ низ қабул накард ва бар Абдуллоҳ ибни Ваҳаби Росибӣ пешниҳод карданд, ки ӯ қабул кард ва гуфт: «Ба Худо қасам, ман инро барои расидан ба дунё қабул накардаам ва ба хотири гурез аз марг ҳам онро раҳо намекунам».
Онҳо ҳамчунин дар хонаи Зайд ибни Ҳисни Тойии Санбисӣ ҷамъ шуданд ва ӯ барояшон суханронӣ кард ва онҳоро амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар намуд ва оятеро аз Қуръон барои онон тиловат кард, ки Худо мефармояд:
«Эй Довуд, ҳаройина, Мо туро халифаи рӯйи замин гардонидем. Дар миёни мардум ба дурустӣ доварӣ кун ва аз пайи ҳавои нафс марав, ки туро аз роҳи Худо гумроҳ месозад. Ҳаройина, онон ки аз роҳи Худо каҷрав шаванд…»
(Сураи Сод, 26)
Ва боз дар оятҳои дигар Худованд мефармояд:
«Мо Тавротро, ки дар он ҳидоят ва рӯшноист, нозил кардем. Паёмбароне, ки таслими фармон буданд, бинобар он барои яҳуд ҳукм карданд ва низ худошиносону донишмандон, ки ба ҳифзи китоби Худо маъмур буданд ва бар он гувоҳӣ доданд, пас аз мардум матарсед, аз Ман битарсед ва оёти маро ба баҳои андак мафурӯшед. Ва ҳар ки мувофиқи оёте, ки Худо нозил кардааст, ҳукм накунад, кофир аст. Ва дар Таврот бар онон муқаррар доштем, ки шахс дар баробари шахс ва чашм дар баробари чашм ва бинӣ дар баробари бинӣ ва гӯш дар баробари гӯш ва дандон дар баробари дандон ва ҳар захмеро қасосе аст. Ва ҳар ки аз қасос даргузарад, гуноҳашро каффорае (товоне) хоҳад буд. Ва ҳар ки ба он чи Худо нозил кардааст, ҳукм накунад, аз ситамкорон аст. Ва аз паи онҳо Исо писари Марямро фиристодем, ки тасдиқкунандаи Тавроте буд, ки пеш аз ӯ фиристода будем
ва Инҷилро, ба ӯ додем, ки дар он ҳидоят ва нур аст ва тасдиқкунандаи Тавротест, ки пеш аз он нозил карда шудааст ва барои парҳезгорон, ҳидоят ва пандест. Ва бояд, ки аҳли Инҷил мувофиқи ончи Худо дар он китоб нозил кардааст, ҳукм кунанд. Зеро ҳар кас ба ончи Худо нозил кардааст, ҳукм накунад, аз нофармонон аст.»
(Сураи Моида, 44-47)
Сипас гуфт: «Ман бар аҳли даъватамон ва аҳли қиблаамон шаҳодат медиҳам, ки онон аз ҳавас пайравӣ карда ва ҳукми китобро канор ниҳода ва дар гуфтор ва амал зулм кардаанд ва ҷиҳод зидди онҳо бар мӯъминон воҷиб аст». Марде аз онон, ки Абдуллоҳ ибни Шаҷараи Суламӣ номида мешуд гиря кард ва сипас ононро бар хуруҷ зидди мардум тарғиб кард ва дар миёни суханонаш гуфт: «Рӯй ва пешониашонро бо шамшерҳо бизанед то ин, ки шумо дар итоати Худованди Раҳмону Раҳим бошед, агар шумо пирӯз шавед ва дар итоати Худованд бошед, савоби итоаткунандагон ба амри Ӯ таъоло ба шумо мерасад ва агар шикаст бихӯред, пас чӣ чизе беҳтар аз сарнавишти расидан ба ризоят ва хушнудии Худо ва биҳишти ӯ вуҷуд дорад?!».
Ибни Касир баъд аз ин, ки ончиро, ки шайтон бар онон талқин кардааст ва баён шуд, зикр мекунад мегӯяд: «Ин навъ аз мардум аз ғарибтарин навъи фарзандони Одам ҳастанд. Пок ва мунназаҳ аст Худое, ки махлуқоти худро ҳамон гуна, ки хост офарид ва аз пеш муқаддари азими худро фиристод ва яке аз гузаштагон дар бораи хавориҷ чӣ зебо мегӯяд: «Онон дар ин қавли Худованд зикр шудаанд, ки мефармояд:
«Бигӯ: «Оё шуморо огоҳ кунем, ки кирдори чӣ касоне беш аз ҳама ба зиёнашон буд? Онҳое, ки кӯшишҳояшон дар зиндагии дунё табоҳ шуд ва
мепиндоштанд, коре некӯ мекунанд. Онон ба оёти Парвардигорашон ва ба мулоқот бо Ӯ имон наёварданд, пас аъмолашон ночиз шуд ва Мо дар рӯзи қиёмат барояшон ҳеҷ вазне қоил нестем.»
(Сураи Каҳф, 103-105)
Мақсуд ин аст, ки онҳо ҳамон ҷоҳилони гумроҳ ва дар суханон ва амалҳои худашон бадбахт ҳастанд ва онҳо хуруҷ аз миёни ҷамоъати мусалмонон карданд ва аз онҷо аз пайи ҳамандешон ва ҳаммаслакон ва ҳаммазҳабони худ дар Басра ва дигар ноҳияҳо нафаронеро бифиристоданд то ба онҷо биёянд ва дар онҷо ҷамъ шаванд ва якҷоя ҳамагӣ ба сӯи Мадоин ҳамлавар шуда онро тасарруф кунанд ва пойгоҳи худро онҷо ташкил диҳанд. Зайд ибни Ҳисни Тойи ба онон гуфт: «Наметавонед ба Мадоин биравед дар онҷо лашкаре аст, ки наметавонед дар муқобили онон қарор гиред ва шуморо аз даромадан ба он манъ мекунанд. Аммо бо бародаронатон дар канори пули рӯдхонаи Ҷухӣ қарор бигузоред ва ба таври дастаҷамъӣ аз Куфа хориҷ нашавед, балки яке – яке биравед то зидди шумо макру ҳилае нашавад».
Бинобар ин Хавориҷ номаи куллӣ ва ом ба ҳамаи ҳаммазҳабон ва ҳаммаслакони худ дар миёни аҳли Басра ва дигар ҷойҳо навишта фиристоданд, ки дар канори он рӯдхона ҷамъ шаванд то ҳамчун як даст зидди мардум бошанд. Сипас пинҳонӣ ва яке – яке рафтанд то касе онҳоро набинад ва ононро аз рафтан боз надоранд. Бинобар ин онҳо аз назди падару модар ва тағоҳову холаҳо рафтанд ва аз дигар хешовандон ҷудо шуданд, зеро муътақид буданд, ки ин наздикону хешовандонашон нодон ҳастанд ва нисбат ба ин амр, ки сабаби ризояти Парвардигори осмонҳо ва замин аст аз илму хиради каме бархурдоранд, дар ҳоле, ки худашон надонистанд, ки ин амалкарди онҳо аз бузургтарин гуноҳони ҳалоккунанда ва хатои бузурге аст ва чизе аст, ки иблиси шайтон ва рондашуда ва дур шуда аз осмонҳо барояшон зинат додааст, он касе, ки дар муқобили падаромон Одам (а) ва баъд аз ӯ фарзандонаш то замоне, ки рӯҳ дар баданашон дар ҳаракат бошад адоват ва душманиро қарор додааст.
Гурӯҳе аз мардум ба баъзе аз фарзандон ва бародаронашон расиданд ва ононро боз гардониданд ва онҳоро сарзаниш ва адаб карданд ва баъзе аз онон ҳамчунон истодагӣ карданд ва баъзе ҳам аз дасти хонаводаи худ гурехтанд ва дубора ба хавориҷ пайвастанд ва то ба рӯзи қиёмат аз ҷумлай зиёнкорон шуданд ва бақия ба он макон рафтанд ва он даста аз аҳли Басра ва дигар ҷойҳо, ки барояшон нома навишта буданд ба онҳо расиданд ва ҳама дар Наҳравон ҷамъ шуданд ва дорои қудрату азамат ва нерӯи қавӣ гардиданд.
Вақте ду ҳакам (Абӯмусо ва Амр ибни Ос) бо норизоятӣ аз ҳам ҷудо шуданд, Амирулмӯъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу, ба хавориҷ, ки дар Наҳравон ҷамъ шуда буданд нома навишт, ки шумо ба ҳолати аввалияи худ бозгардед ва бо мо ба ҷанг бо аҳли Шом биёед, аммо онҳо қабул накарданд ва гуфтанд: «Магар ин, ки бар куфри худ шаҳодат бидиҳӣ ва тавба кунӣ». Алӣ, разияллоҳу анҳу, инро қабул накард.
Дар ривояте омадааст, ки онҳо ба Алӣ, разияллоҳу анҳу, навиштанд: «Аммо баъд, ту ба хотири Парвардигорат хашмгин нашудаӣ, балки фақат ба хотири худат хашмгин шудаӣ, пас агар бар куфри худат шаҳодат бидиҳӣ ва тавбаро қабул кунӣ дар мавриди ончӣ, ки байни мо ва байни ту буда фикр ва баррасӣ мекунем. Дар ғайри ин сурат аз ту комилан ҷудо мешавем. Худованд хоинонро дӯст надорад». Вақте Алӣ, разияллоҳу анҳу, номаи онҳоро хонд аз онҳо ноумед шуд ва тасмим гирифт, ки онҳоро раҳо кунад ва мардумро барои муқобила бо аҳли Шом бибарад то бо онҳо биҷангад.
Он масъалае, ки хавориҷ эълон карданд, ки Алӣ, разияллоҳу анҳу, кофир шудааст ва аз ӯ хостанд, ки тавба кунад, бо ин ривоятҳо собит намешавад, аммо ба назари хавориҷ дар бораи такфири Алӣ, разияллоҳу анҳу, Усмон, разияллоҳу анҳу ва имтиҳони мардум ба воситаи он созгорӣ доранд.
Давом дорад бо мо бошед