Солҳои наваду ду-наваду сеюми асри гузашта, муаллимон қариб, ки маош намегирифтанд. Бештари омӯзгорон ин касби бомашаққатро ҳарчанд пурифтихор ҳам бошад, тарк карданд. Зеро он солҳо номи баланд нон намедод, бо ифтихори муаллимӣ шикам сер карда намешуд. Мардумро таҳлукаи рӯзгор ба комаш даркашида буд.
Нозим муаллими фанни физика ва математика шуда, бо мадраки сурхи аъло ва чандин ифтихорномаҳо аз пойтахт баргашта омад. Вақти оиладоршавиаш ҳам буд, аммо духтардорон, ки қаблан номи муаллим, духтур, инженерро мешуниданд, чашмонашон барқ зада, духтарашонро медоданд, дар ин замона комилан тағйир ёфтанд. Бозорчӣ, савдогар, хитойравак, ё усто гӯед, гапи дигар буд. Ҳатто дар аскарӣ хизмат карда омад гуфта монед, фавран не мегуфтанд, чунки хизматкардахои он давра аз нимсериву шаттахурӣ нимодам шуда меомаданд.
Барои Нозим ҳам, ана ҳамин хел занёбӣ душвор шуд.
Ниҳоят тақдиркардааш Санавбар ном духтари кушодачеҳраи ширинзабоне баромад. Худашон барин аз оилаи миёнаҳоли меҳнаткаш. Тӯйи бодабдаба набошад ҳам, бо иштироки донишҷӯён хеле пурмӯҳтаво гузашт. Санавбар хушкалому, меҳмондӯст ва оромтабиат, ки буд, дидадаро шуду зуд ба дидаҳо ҷо шуд. Баъди расо як сол писарчае ба дунё овард, Назирҷон номаш гузоштанд.
Як барфи дигар зер кард, келин нағз буд, аммо шароити зиндагӣ нағз набуд, маҷбур шуд, ки келин ҳам ба кор барояд, дигар илоҷ нест. Барои як оила аз мағоза ду нони русӣ (хлеб) медиҳанд ва ба даст овардани ҳамон ҳам пас аз муддати зиёд дар навбат истодан муяссар мешуд. Як рӯз нон мерасад, як рӯз не.
Келину хушдоман баромаданду барои Санавбар кор ёфтанд. Санавбар акнун кӯдакро ба хушдоман гузошта, субҳ то шом дар беморхона фаррош шуда кор мекард. Аммо рӯз аз рӯз рафтораш тағйир меёфт, хаёлӣ шуда буд, худ ба худ механдид, мегирист, кӯдакашро ба озор нигоҳубин мекард. Тағйирёбии келин ба аҳли оила намефорид. Хоҳари шавҳараш духтари кадрас буд, ки ҳамрози якдигар буданд. Бо ӯ низ мавзӯъи сӯҳбаташ дигаргун шуду ҳар замон оҳ кашида мегуфт: “Барно, ишқ аҷоиб будааст – дия. Гипноз мешудаӣ гӯё”
Барно духтари хона буд ва шарм медошт, ки ин сухани янгаашро ба касе гӯяд. Ҳайрон – ҳайрон гӯш мекарду дам намезад. Як рӯз ҳатто худ ба худ Валиҷон гуфта монд. Якбора ба худ омада, ҳаросон ба ҳар сӯ нигоҳ кард.
Як рӯз кӯдак бемор шуду ба беморхона бурданд. Духтурон ҳама як хел ташхис гузошта, рости гапро аз модараш мепурсиданд, сараш хам меистод. Кӯдак ё сахт афтодааст, ё касе сахт озурда задааст, – гуфт духтур ва амр кард, ки бистарӣ кунанд. Як шаб бистар диду шаби дигар хок шуд. Боз ҳомила буд Санавбар, аммо ин кӯдакашро ҳам гӯё намехост. Ишқи бемаҳали марди оиладору зани муаллимро ҳама медонистааст, ғайр аз аҳли оила. Аҷиб, ки касе ҳам ба муаллим намегуфт. Тирамоҳ боз писар ба дунё омад, ки на ба падар, на ба модараш монанд буд. Санавбар хурсанд шуд. Акнун аз шавҳараш ҷудо шуда ба дӯстдоштааш мерасад. Номашро ба хотири расидан ба муроди дилаш Умед гузошт. Ҳамагӣ се моҳ дар хона нишасту боз ба кор баромад. Хушдомани қобил тан гирифт, ки кудакбон мешавад. Аввалҳои баҳор буду кампир бемор шуд. Барно ба мактаб давид, то бародарашро хабар диҳад. Муаллим духтур оварду барои нигоҳубини кӯдак пайи занаш рафт. Дар ҷойи кораш Санавбар набуд. Аз сардухтур пурсид, сардухтур одами шинос баромад.
Эҳ муаллимҷон, ҳамкорамон зани Шумо будаанд-дия?! Ҳозир ҳамин ҷо буданд. Духтур кӯшиш кард худро дур гирад. Аз як ҳуҷра беморе дар кушода гапи духтуру муаллимро шунид.
– Нозим!
Муаллим номашро шуниду ҳам садои шиносро. Ба қафо нигоҳ карду муаллимашро дид.
– Эъ, устод, тобатон нашуд-чӣ?! Худо шифо диҳад, хабарам набуд.
– Ман нағз шудам писарам. Санавбар зани ту буданашро намедонистам. Ҳозир нест, бегоҳ меояд. Ман гапа бисёр намекунам, хишт аз қолаб берун шудааст Хулласи калом остонаатро нав кун. Ин зан лоиқи ту нест.
Нозим дар ҷояш шах шуда монд. Ҳуҷраҳои дигари беморхона ҳам як-як кушодаву пӯшида мешуданд, гӯё шавҳари дунёбехабари Санавбарро тамошо карда, муҳокима мекарданд. Интизор шуда истаду масъаларо дар гармиаш ҳал кунад, дар хона модар бемор аст. Намедонист чи кор кунад.
Бо ҷаҳл аз беморхона баромада, ба роҳрави ду тарафаш дарахтзор тез-тез қадам мезад, ки хандаи Санавбарро шунид. Ҳамроҳаш марди тахминан чилсолае чизеро нақл мекард. Муаллим наздиктар рафту занаш ӯро дидан замон дасту по гум кард. Мард пеш баромаду маъшуқаашро гӯё ҳимоя мекард, ба Нозим гуфт: “Бо бачаи мардум овора шуда, ба ҳамсарат эътибор надодӣ, ман эътибор додам. Ина аз мактабхониаш дӯст медоштам, зандор гуфта, очааш надод. Акнун мегирам.
Ҳоҷати мушт бардоштану хархаша ҳам набуд. Нозим ба рӯйи занаш дигар нигоҳ ҳам накард. Аммо мард бошад ҳам, гиряаш омад, зеро сахт дӯсташ медошт…
Мошини боркаш пушти дари муаллим қарор гирифт. Ҳамсояҳо ҷамъ шуда, чизу чораи зани раҳгумзадаро тамошо доштанд. Касе ақалан кӯмак накард, бо хешу табори худаш бор кард. Нохост як додари Санавбар аз алам шӯрид.
– Келини хизматгоратон буд, нағз буд, ҳалол буд, акнун сари тӯҳмат меронеду ҷиҳозаш ҳаром шуд?
Аз хонаи дарун Нозим баромад. Дар дасташ як даста мактуби ошиқона, ки аз зери қолинҳо баромадааст.
– Ана ин мактубҳои почои нават.
Додар ба Санавбар суоломез нигарист, ки ӯ сар хам кард. Ҷаҳиду рафту як шаппотӣ ба рӯйи апааш зада, дигар баромада рафт.
Санавбар ба қафои мошин назди ҷиҳозаш баромадан хост, аммо хусураш роҳашро дошт. Аз дасташ гирифту гуфт: “Келини нағзам будӣ, надониста хато карда мондӣ. Ҳоло дер нашудааст. Мебахшед гӯй, ман мебахшам, аз шавҳарат узр пурсу даро ба хона”
Ҳама аз рафтори мӯйсафед ҳайрон шуданд. Аммо келин ба мошин савор шуд. Мӯйсафед даст бардошта дуо кард: “Роҳат сафед духтарам, ба хизматат розӣ шав! “
Дигар касе ӯро дар он наздикиҳо надид. Кӯдак бо падараш монд, зеро натиҷаи ташхиси ДНК аз Тошканд омада буд ва мувофиқи ташхис падари кӯдак муаллим маҳсуб меёфт. Як баҳор охир нашуда, мӯйсафед ба писари муаллимаш, келини нав фаровард. Қобилтару лоиқтар омад. Пайи ҳам чор фарзанди дустрӯй дид.
Санавбар аз шавҳари дуюм ҷудо шуд. Зери зарбу лати ӯ тоб наовард. Фарзанд ҳам наёфт. Савум бор ба деҳаи дурдасте издивоҷ карду як духтарча ба дунё овард, аммо умраш вафо накард. Гурдаҳояш аз кор баромадаанд. Модару кӯдакро пайи ҳам ҷаноза хонданд. Нафасҳои охиринаш якчанд бор Умедҷон гуфт. Баъд умедашро аз дунё канд. Пушаймонии бепоёнашро ҳам бо худ бурд.