Пойгоҳи хабарии Спутник хабаре нашр кард, ки тими мунтахаби Карате до-и Тоҷикистон ба хотири наёфтани маблағ барои масрафи роҳ, натавонистааст ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Осиё оид ба каратэ – до WKF, ки дар Япония баргузор шуд, сафар кунад.
Тибқи омодагии Федератсияи “Каратэ-до”- Тоҷикистон мебоист дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон 5 нафар иштирок мекарданд, аммо ба хотири наёфтани маблағ танҳо як нафар иштирок карда, ноком шудааст.
Мураббии тим Вадим Джо Чун-Си гуфтааст, аз ин пеш ҳам бо вуҷуди доштани беҳтарин варзишкорон ба сабаби набудани маблағ дар чандин мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ натавонистааст тими мунтахаби Тоҷикистон иштирок намуда, ҳунарнамоӣ кунад.
Джо Чун-Си бо камоли таассуф гуфтааст, ки бо адами иштирок дар ин мусобиқа, як имкони бузурги гирифтани роҳхат ба бозиҳои олимпии ҷаҳонӣ, ки соли 2020 дар Токио шуда мегузарад, варзишкорони тоҷик аз даст доданд.
Бояд гуфт, ки бо сабаби наёфтани маблағ аз иштирок дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ маҳрум шудани варзишкорони тоҷик бори аввал нест.
Хушқадам Хусравов ҷудокори шинохтаи тоҷик соли гузашта, аз иштирок дар чемпионати ҷаҳонии ҷудо, ки аз 28 август то 3 сентябри соли 2017 дар пойтахти Маҷористон, шаҳри Будапешт шуда гузашта буд, ба хотири наёфтани маблағ, маҳрум гашта буд.
Хушқадам Хусравов далели иштирок накарданашро дар ин мусобиқа набудани маблағ арзёбӣ карда буд. Ӯ ба расонаҳо гуфта буд, ки муддати се моҳи тобистон барои ширкат дар ин чемпионат омодагӣ дида буд.
“Пул наёфтем, маблағ набуд, ки равем, мо се моҳи тобистон хоб нарафта, саҳару бегоҳ омодагӣ медидем, рӯзи рафтан пул нест, худатон маблағ ёбед, равед гуфтанд. Аз куҷо меёбем худамон? Дар Душанбе омодагӣ дидем, лекин мо бояд пеш аз Чемпионати ҷаҳон дар берун аз кишвар омодагӣ медидем, лекин аз сабаби он, ки маблағ нест берун аз кишвар омодагӣ дида натавонистем”.- бо таассуф арз карда буд Хушқадам Хусравов.
Набимуҳаммад Хоркашев варзишгари дигари тоҷик низ соли гузашта, ба хотири наёфтани маблағ натавониста буд ҳайати мунтахаби самбои Тоҷикистонро дар сафар барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии шаҳри Сочи ҳамроҳӣ кунад. Сабаби дертар ва худаш танҳо сафар карданаш ба ин мусобиқаро ӯ шарҳ дода гуфта буд, ки Носир Бозоров, сардори раёсати рушди варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҳамзамон сармураббии дастаи мунтахаби кишвар ба варзишгарон гуфтааст, ки ҳар касе хоҳиши ширкат дар ин мусобиқаро дорад, бо маблағи худаш ба Сочи сафар кунад.
Набимуҳаммад Хоркашев гуфта буд, беш аз даҳ сол аст, ки дар вазни сангинтарин барандаи мақоми аввали мусобиқоти самбо дар кишвар мебошад ва ҳамчунин борҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё пирӯз шудааст. “Наход барои ман, ки барои ҳимояти шарафи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон талош мекунам, маблағ ёфт нашавад”, – афсус хурда буд Набимуҳаммад Хоркашев. Ҳол он ки ба гуфтаи ӯ, ин мусобиқоти бонуфузи ҷаҳонӣ ба тақвими кумита ва федератсияи самбои кишвар ворид шудааст.
Ҳамчунин маврид ба зикр аст, ки чанде пеш расонаӣ шуда буд, ки ба сабаби муддати се сол инҷониб Федератсияи самбои Тоҷикистон ҳаққулузвият ба FIAS-ро пардохт карда натавонистанаш, Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) қарори барканории дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистонро аз иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ содир карда буд.
Даҳҳо ингуна мисолҳоро танҳо дар ду соли охир овардан мумкин аст, ки ба сабаби хунукназарии ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи варзиш, бо вуҷуди омодагиҳо варзишгарони тоҷик натавонистаанд, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, Тоҷикистонро муаррифӣ ва бо ғалабаи худ парчами кишварро баланд бардошта, обрӯи кишварро боло бубаранд.
Шабакаҳои телевизионии давлатӣ ҳамарӯза аз сиёсати хирадмандонаи пешво ҷор мезананд.
Заҳмати ин варзишгароне, ки танҳо бо меҳнату машаққати худ ва бо чандин азобҳо маблағ дарёфт намуда, дар мусобиқаҳо ширкат меварзанд ва ғалаба ба даст меоваранд, “дастгирии бевоситаи ҷаноби олӣ” муаррифӣ мешавад.
Ин ҳама дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон риёкорона, барои таҷлили идҳо ва чорабаниҳои на он қадар муҳим миллионҳо доллар аз буҷаи кишвар сарф мекунад. Чуноне, ки дар расонаҳо мехонем, аз буҷаи кишвар тавассути мансабдорони баландпоя миллиардҳо сомонӣ дуздида мешаванд. Аз ҳисоби будҷа даҳҳо иншоотҳое бо маблағи миллионҳо сомонӣ сохта шуда, ҳамагӣ баъди чанде корношоям мешаванду аз ёди ҳамагон мебарояд.
Ба барномаҳое, ки ба обрӯ ва нуфузи кишвар ҳеҷ таъсири мусбате надораду танҳо ба хотири пулшӯӣ ва аз худ кардани байтулмол аст, миллардҳои будҷа нобуд мешавад.
Ба таҷлили иди харбузаву каду маблағ ёфт мешавад. Аммо ба сафари варзишкороне, ки онҳо метавонанд обрӯи кишварро баланд бардоранд. Туфайли ғалабаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ парчами кишвар барафрохта шуда, суруди миллии Тоҷикистон суруда шавад, маблағ ёфт намешавад.
Ин ҳама нишонгари онаст, ки роҳбарият ва ҳукумати Тоҷикистон мисли ҳамеша, ҳеҷ гоҳ дар андешаи ҳифзи обрӯи кишвар набудааст. Ҳамеша ҳукумати Тоҷикистон бо чунин садҳои сунъияш кӯшиш кардааст, то монеъи боло рафтани обрӯи кишвар шавад.
Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷои ин ки чунин варзишгаронро дастгирӣ намуда, рӯ овардани мардуми тоҷик ба тарзи ҳаёти осоишта ва солимро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад, баръакс ҳамеша кӯшиш мекунад, ки рағбати ҷавонони тоҷик ба илму дониш ва варзишро пӯшида нигоҳ дорад. Ҳамеша кӯшиш мекунад, оламиён мардуми тоҷикро на ҳамчун варзишгар, олим, эҷодкор бишносанд, балки кӯшиши бештараш ба он аст, ки ҳар чи бештар мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ террористу экстремисту тундгаро шинохта шаванд.
Чун аз хашину ваҳшатгаро ва тундрав нишон додани мардуми тоҷик ба оламиён, манфиати роҳбарияти кишвар ва оилаи ӯ бештар аст. Бо террористу экстремист нишон додани мардум, ҳукумати Тоҷикистон аз созмонҳои иқтисодии ҷаҳонӣ барои мубориза бо ин падидаи номатлуб маблағ ба даст меоранд.
Ин таҷрибаи маблағ ба даст оварданро ҳукумати авлодии Тоҷикистон чандин сол бо баҳонаи демократикунонии ҷомеъа доштанд. Аммо бо вуҷуди он ки маблағҳои ҳангуфти институтҳои демократиро як оила аз худ кард, демократия дар Тоҷикистон ба ҷои пеш рафтан ба автократияву тоталитаризм мубаддал шуд. Акнун, ки ҳама доннорҳои рушди демократия аз Тоҷикистон пушт гардониданд, ҳукумати Тоҷикистон аз оромтабиаттарин ва сулҳпарвартарин мардуми ҷаҳон – тоҷикон мехоҳад хашинтарин чеҳра бисозад. Гур сузаду дег ҷушад. Ин ҳама танҳо ба хотири пур кардани ҷайби як авлод аст.
Камоли беинсофиро бинед, ки ҳукумати кишвар ба ҷои ҳавасманд будан ба он ки ҷавононаш бо варзиш ва илму фан обрӯи кишварро баланд бардоранд, бештар аз ҳама дар минбарҳо доду фарёд мезанад, ки дар Тоҷикистон терроризму экстремизм рӯ ба афзоиш аст, мо мубориза бурда истодем, пул диҳеду кумакамон кунед.
Ин аст, ки садҳо варзишгарон, олимон, рӯзгноманигорон, эҷодкорону ихтрогарони тоҷик кишварро тарк намудаанд. Садҳо варзишгарони тоҷик имрӯз кишварҳои дигарро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд. Садҳо ихтирогарону донишмандони тоҷик, ба сабаби фазои номусоиди фаъолият дар Тоҷикистон кишварро тарк намудаанд.
Ин ҳолат моро ба куҷо мебарад?
То кай мо ба ин ҳама қаллобиҳо чашм мепӯшем?
То ба кай мо мардуми тоҷик як авлодро худ нахурда мехуронему худ напӯшида мепӯшонем, нимгурусна мегардему киссаи ин оиларо пур мекунем, то моро ба нобудӣ расонад?
Вақти он расидааст, ки ба ин ҳама нобакориҳо АКНУН БАС АСТ гуфта шавад.