Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №363

Ислоҳ нет

Ин бор аз Нуробод, Душанбе, Кулоб ва ноҳияи Панҷ навиштҳои мардумро дар ин барнома ҷой додем.

Муаллифи нома аз Нуробод мегӯяд, ки раиси ноҳия ба аъмоли кормандони муассисаҳои давлатӣ, бемористону ҷамоату дигар ҷоҳо назорат намекунад. Бузҳо зиёд шудаанд.Порахӯрӣ афзуда истодааст.

 Аз Душанбе дар бораи фурудгоҳи пойтахт ва бадрафтории милисаҳои он шикоят шудааст. Муаллиф мегӯяд,ки бо омадани Зайнулло Соҳибов ба раёсати фурудгоҳ як сол  сипарӣ шуд,аммо вазъияти фурудгоҳ бадтар шуду беҳтар не.

Падари як корманди Прокуратураи нақлиёт аз шаҳри Кулоб номае навишта дар бораи генерал Музаффар Юсуфӣ, Прокурори нақлиёти Тоҷикистон навишааст.

Нависандаи номаи Панҷ аз порагирӣ дар ЗАГС, идораи ҷамоат ва низ дар бораи сукути мақомот дар баробари ин ҳама қонуншиканиҳо изҳори нигаронӣ кардааст.

Муаллиф мегӯяд,ки раиси ЗАГС вақте аснодат дурусту комил аст 400 сомонӣ мегирад вале агар нокомил аст ва хатое дорад нарх ками камаш 1000 ва вобаста аз проблемаи документҳоят то 5000 сомонӣ боло меравад.

                Нуробод  

   Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман ин маълумотҳоро аз деҳаи Тегирмии ноҳияи Нуробод мефиристам.

Маълумот дар бораи раиси ҷамоат Эшонов Туйчӣ,раиси маҳаллаи деҳаи Тегирми Беҳруз (Бузи маҳала),бародарони раиси ноҳияи Нуробод Солиҳов Фаррух (бузича ) ва Солиҳов Қамар, Давлатова Моҳрухсор ва Садриддинов Баҳриддин.
 Эшонов Туйчӣ ин раиси ҷамоат аз Тегирми аст. Аммо ба мардуми ин деҳа тамоман муросо намекунад. Дар масҷид маҷлис ташкил кард барои облава гуфта чор нафаро номашро гирифт. Яке аз инҳо ҷиянаш буд, ки ба хизмат нарафт вале дигаронаш рафтанд.
 Падараш аз соли 90 ум инҷониб барқро истифода мебарад вале пули барқро намедиҳад. Ними замини Тегирмиро гирифта зиндагӣ дорад. Тӯйчӣ  боша ба амният дигар шахсонро бузӣ мекунад, аммо аз худаш бехабар. Амният ҳар куҷо як  шахси камбағал аст, ҳамонро мекобад. Ин раиси ҷамоат кадоме аз Тегирми пешаш равад, барои ягон кор, масалан барои справка ҳамроҳаш гап намезанад.

 Як шахс ба мо нақл кард, ки замистон пешаш рафтам барои иҷозати тӯйи бародарам.1000сомонӣ барои иҷозати туй бародарам гирифт.

Як шахси дигар мехост гирди заминашро забор гирад. Ӯро ба идораи ҷамоат бурда 200ҳазор рубли русиашро гирифта баъд иҷозаташ додааст. Бовар кунед, ки ин кормандони ҷамоат мисли як гадо шудагианд.


Эшонов Туйчӣ, дониста бош, ки ин вазифа абадӣ нест. Бо мардум муомилаи хуб кун. Пагоҳ ин амният меравад, баъд мардум чи мегӯянат? Ин Туйчӣ хабаркашаки ҳамон Сиёвушу Ҳайдари амнияти пешина аст.


Раиси Нуробод бошад ҳама корро канор задаву аз думби картошкакорӣ аст. Аз куҷо медонад дар ин идораҳо чи гап аст? Дар ҳоле, ки бе гуфти вай ҳам мардум худаш картошкаашро мекорад.Раиси маҳаллаи Тегирми Беҳрузи бузича аст.
Аз дасти ин бузи маҳалла дигар дар ин деҳа ҳеҷ кас аз хона берун намебарояд. Касеро дар қади кӯча бинад, рафтем картошкашинонӣ гуфта сари роҳашро мегирад.
Касе, ки бо ин шахс соз гап назанад, пагоҳ амният фарёдаш мекунад.

  Дар мактаб соати дарсӣ, дар ҷамоат як штати корӣ дорад. Аммо дар мактб дарс намедиҳад. Талабаҳо ҳаминхел соли хонишро тамом карданд вай ҳарруз бо раиса дар картошкакорӣ аст бо директори мактаб.

 Ин директори бечора аз тарси раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин барои картошкакорӣ аз банк 22 ҳазор сомонӣ кредит мегирад. Раис зангаш мезанад мегуяд 100литр солярка мегирӣ барои ман. Дар ин мактаб бародарони раиси ноҳия аз директор калонанд. Чи хел форадашон ҳамон хел амалу рафтор мекунанд. Ҳар руз талабаҳоро мебаранд картошкашинонӣ амният данний мегирад, ки Қамар додари раиси ноҳияи Нуробод талабаҳоро бо сару формаи мактаби дарахтканӣ мебараду картошкашинонӣ. Инҳо аз кисаи худашон дар мактаб ҳатто як дирам истифода намебаранд. Вале дар мактаб празник шавад ҳамаи чизҳои овардаи талабаҳоро ба хонаашон гирифта мебаранд бо ҳамроҳи раиси ноҳияи Нуробод бо падару модар шишта як ҷоя мехуранд, магар ин ҳалол аст?


   Солиҳов Фарухи бузича дар мактаб дар вақти дар дар болои столаш ҳамаи нушу неъмат мондаги телефон дар даст ҳамаи мардуми маҳалларо дар амният ва дар Зокири обалава медиҳад. Дар вақти облава бо ҳамроҳи Зокир дар мошин мегардад ва ҳама бачаҳоро мефурушад, додари худашро бошад, не Солиҳов Беҳруз агар вазифаро бас накунӣ чизои менавиштагӣ дар бораат хеле бисёр аст. Фаррухи додари раиси ноҳия ту ҳам ҳушёр шав.


  Давлатова Моҳрухсор (панда) дар мактаб муаллима аст ин кадом маҳалле, ки хоҳад ҳамон маҳал ба дарс меравад, аз ягон кас наметарсад дар ҷояш бачааш синфи 5 мехонад синфҳои 1- ро дарс медиҳад.


Садриддинов Баҳриддин ин шахс одами дасти рости раиси ноҳияи Нуробод аст. Ҳаррӯза даний мактабро мебарад. Аммо раис аз бародарони худаш бехабар аст. Мо, барои фарзандонамонро дарс хондан сару либос мехарем, барои картошка шинонӣ не, ё барои замин ҷуфткунӣ не.

                Душанбе  

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Умедворем, ки хубу хуш бошед ва садои дар гулуҳо зиндони мардуми тоҷикро ба гӯши ҷаҳониён мерасонед. Ман намедонам, ки чаро Раҳмонов ва мақомоти вай ин қадар бо риш душманӣ меварзанд ва аз мардуми ришдор дар тарсу ҳаросанд ва ришдорро бинанд, мисле, ки ҳайз медида бошанд. То онҷо, ки аз аксу суратҳояш мебинем падари Раҳмонов Шарифи даҳмарда риш дошт. Ва ҳоло, ки ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷоизаи байналмилалӣ таъсис додааст, ин донишманди бузург ҳам риш дошт. Нусратулло Махсум аввалин раиси ҳукумати Тоҷикистон ва аввалин қаҳрамони Тоҷикистон риш дошт, домулло Садриддин Айнӣ поягузори адабиёти навини Тоҷикистон риш дошт. Пешвоҳои ин комунисти супсурх-Марксу Энгелсу Ленин риш доштанд. Ҳатто Сангак, ки Раҳмоновро сари қудрат овард, риш дошт.

Дируз дар бозорҳои шаҳри Душанбе милисаҳо рейди зиди риш гузрониданд. Мегӯӣ, ки ягон ҷинояткорро пайдо карда бошанд, ба мардону ҷавонҳои ришдор ҳуҷум кард истодаанд. Охир, кори ту чи ки ман риш мемонам ё намемонам? Риши ман дар сару гардани Азизмову духтарони бузбалаву келинҳову набераҳои ғафсаки ту намехаладу намеғӯтад, ку?

Дар пеши дукончаи ман чор нафар аз мардони самарқандӣ истода шими ҷинс хариднӣ буданд. Яке аз онҳо дар сар тоқии чустӣ ва дар манаҳаш риш дошт. Ин милисаҳо омаданду ба вай даруфтоданд, ки чаро риш мондаӣ? Ҳозир отдел мебаремат ва аз кашталаш гирифтанд. Вай аввал ба мулоиматӣ фаҳмонд, ки меҳмон аст, аз Самарқанд. Тамошои Душанбе ва аёдати наздиконаш омадааст. Аммо ин милисаҳо, не “адел мерай” ҷаримаат мекунем гуфта маҷбур карда истодаанд. Ин вақт буд, ки садои ин меҳмон баланд шуд. Дар ҳамин ҳолат командирашон аз куҷое омаду асли қазияро фаҳмид ва милисаҳоро ҷанг карду аз он меҳмони самарқандӣ узрхоҳӣ кард.

Бародар Муҳаммадиқбол ин милисаҳои Душанбе ҳар ҳолатро сабабу баҳона пеш оварда, мардумро гулу гаранг ёфта пул канда истодаанд. Инҳо милиса нестанд, инҳо ҷугиҳои погондоранд.

Ҳозир дар саҳнаи фурудгоҳи Душанбе вазъияти мардуро аз бозорҳо ҳам бадтар карда истодаанд. Ин Зайчик Зайнулло Шарифзода (Соҳибов), ки як сол мешавад дар ҷои Исмати дулик раиси аэропорт шудааст, шумори милисаҳоро дар аэропорт зиёд кардааст. Акнун, ки инҳоро зиёд кардааст, барои худ ҷои даромад сохта истодаанд. Мусофирон, ки умдатан муҳоҷирони корианду аз дигар навоҳӣ омада ба Русия парвоз мекунанд, онҳоро ғам дода истодаанд. Медонед чи хел ғам медиҳанд? Вақте мебинанд, ки камтар сумкаат калон бошад мепурсанд, ки чи дорад сумкаат. Агар гап зада натавонистӣ қабратро мекананд. Ин корро онҳо аз таможний берун мекунанд. Мусофирҳо аз нуқтаи гумрукӣ, аз толор берун ба саҳни фурудгоҳ мебароянд анҷом медиҳанд.  Дар гумрук бепроблема мебароӣ вале ба чанги инҳо меафтӣ. Мақсадашон пул канданд аст, дигар ҳиҷчӣ. Аз дари аэропорт мебароӣ, даҳ қадам инсутар меоянду сумкаатро мепурсанд, баҳона мекунанд, ки ягон чизи хатарнок дорӣ, мебарем мековем. Одамҳо маҷбуранд 100-150 сомонӣ диҳанд.

Аз фурудгоҳ 10-20 қадам дуртар сигареткашиатро бинанд меоянду дар инҷо мумкин нест, ҷарима гуфта боз пул мекананд.

Як нафар нос кашид. Ҳоло нос дар даҳонаш буд, ки омаданду мумкин нест гуфтанду сад смониашро гирифтанд.

Аммо дар худи ҳамонҷо урусҳо сигарет кашиданд, чизе нагуфтанд.

Мо тоҷҷикҳоро милисаҳои худамон, ки баъди ин қадар азияту озор, ки дар Русия кашидему ба ватан омадем ғам медиҳанд. Ман худам дидам, ки русҳоро, ки сигарет кашиданд, чизе нагуфтанд. Мабодо агар ҳамроҳашон баҳс кардӣ тамом: «Пешво ин тавр кард, пешво он тавр кард, ин қадар ободӣ, ношукрӣ мекунед».

 Охир ба нос, сигарет ё сумкаи ман кори пешво чи аст? Боз таҳдид мекунанд, ки ба коргари орган дағал гап задӣ, ҳозир мебарем отделу 15 сутка арестат мекунем.

 Ин Зайнулло чаро ин ҳама корҳоро намебинад?

                      Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз Кулоби бостон менависам. Ин тирҳои искандарии худат Музаффар Юсуфии Прокурори нақлиётро оқибат дарёб кард. Писарам дар Прокуратураи нақлиёт кор мекунад.

Баъзе аз зердастони Музаффар Юсуфӣ конкретно шукрона доранд, ки «и ҳарома руи асосиша нишон додестан».

  Як нафари онҳоро, ки хуб мешиносам, чанд рӯз пеш хона омада буд, гуфт,ки “Паати ҳаромӣ дар ҳақиқат ай ваколатҳои мансабиш хела шид бромадагияй. Касе сумдорай, номша да Прокуратураи Генералӣ ё нақлиет туғрӣ мекна, удостоверенияш мета, мехра мегарда. На ГАИ маънуш мекнаншон на ҳиҷка. Неки чоплусакои хизматии Музаффар Юсуфӣ дар воҳим задаанд, ки «и навбат тамом.Чунки ҷаноб масъалаи света сахт гирифтагияй. Вақте фаҳмид, ки Музаффар светдузии Умар Алиматовро кришават мекуна дар пуштуш чув мезана».

Вале Музаффар Юсуфӣ фикраш дигар аст. Дар бораи Прокурори Генералӣ чен кардааст. Дар чанд ҷо гуфтааст, ки «И я тупойи тупояй. Воҳидзодара кӣ мондай да вазифа я тупойи дигар».

То онҷо, ки баъзе манбаъҳо мегӯянд он ҳаҷми наркотикеро, ки ҳозирҳо Музаффар Юсуфӣ зада истодааст Зоири мундуқча он қадар намезанад.

Вале, бинобар хабарҳои дигари расида Музаффар Юсуфӣ дар ин охирҳо сахт нигарон аст, чунки ҳис кардааст, ки бояд «гиранша қаврша канан».

 Да куҷое мешинад фақат зани Президентро менавозхтааст, ки «и  паати алтыр намурд ба барвақтӣ».  

   Ҳозир Музаффар Юсуфӣ Темури шогирдшашро, ки дар аэропорт намояндаи Прокуратураи нақлиет аст, дастур додаст, ки фақат куни Зайнуллоро кову камбудиҳои ҷиддиашро ёб.

 Музаффар Юсуфӣ дар тамоми корҳо нул мезанад. Ҳозир через шогирдони пештараш дар КДАМ оиди Шаҳбозу Озода маълумот ҷамъоварӣ карда истодааст: Шаҳбоз ҳоло ҳам меравад пеши Озода ё не? Озода ҳозир кати кияй? «Одамои» наваш киҳоанд? Хуллас, Музаффар Юсуфӣ, баъди нашри мақола дар бораи барқдуздии Алиматов хеле  тарсидааст.

                              Панҷ

Ассалому алайкум шери Аллоҳ. Умедворам,ки ҳама аҳли байт сиҳату саломат   ҳастед. Аз ноҳияи Панҷ менависам.

Аввал дар бораи идораи ЗАГС-Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ. Ин идораи ЗАГС дар ноҳияи Панҷ ҳаррӯз аз муштариҳо, аз любойтоаш ғайриқонунӣ аз 300 то 400 сомонӣ мегирад. Мо мегӯем шароит ва имконияти пардохти ин қадар пулро надорем. Аммо вай мегӯяд надорӣ, барову бирав. Пул ёфтӣ, баъд даро пеши ман. Открито –рӯи рӯшод пул мегирад, наметарсад.

Кормандони идораи ЗАГС-и ноҳияи Панҷ аждаҳор гаштаанд. Особенно раиси идораи ЗАГС-и ноҳияи Панҷ, ки номаш Гулрухсор аст. Бигзор ягон мақомот сари роҳи инро гирад. Бовар кунед, як хелаш гирён мешавад аз рӯи бепулӣ.

  Документҳоро специально хато пур мекунанд. Барои онки боз биравӣ пешаш. Ин хонум мегӯяд, ки «ма любойташа задагиюм, ма зиндагӣ дорум, ман и вазифара ба суми кам харидагӣ нестум, бра любойҷо жалоб кун фойдат намена». Ин раиси идораи ЗАГС-сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ худаш пулро мегирад аз 300 то 400 сомон. Ин ҳам дар ҳолате, ки ҳуҷҷатҳоят сад фоиз бошанд. Вале агар камбуд дошта бошанд, аз 1000у 5000 гап мезанад.

 Ба худо ин зан неву ин дар ҳақиқат як аждаҳор шудааст Нафсаш беҳад бад.

Дар военкомати ноҳияи Панҷ ҳаррӯз маҷлис мешавад. Маҷлис барои пулгирӣ аз шаҳрвандон. Раиси ноҳияи Панҷ, раиси ҷамоат, сардори милитсия, военкомати ноҳия Кадоме фарзандаш дар Русия боша аз 3 то 6 ҳазор сомонӣ мегиранд, як илоҷ карда ва боз метарсонанд. Мегӯянд, ки «занг бзан биёя ёки 5 ё 6 ҳазор бте». Агар набарӣ, тамом бар сарат милисаву амният роҳӣ мекунанд. Ва маҷбур ариза мегиранд, ки «бачаам дар сезони дигар меояд ва хизмат меравад, албатта аввл он 5000 сомониро медиҳӣ.

Кадоме фарзандаш студент бошад, фиребу найранг мекунанд, ки замин ва пул медиҳем, писаратро хизмат роҳӣ кун. Лекин пул ва заминро дар хоби шабат ҳам намебинӣ, фиреб мекунанд. Барои чи инҳоро ягон кас, ягон мақомот намебинад? Халқ безор шудааст. Ин чи аҳвол бошад? Ин ҳаррӯз такрор шуда истодааст.

 Раиси ҷамоати Панҷ Ҷовиди бачаи Ҷоми дузд мебошад. Ин Ҷомӣ продуктаҳои мактабро дуздида буд -продуктаҳои синфҳои аз як то серо. Инро қапиданд, боз пул дода баромад. Писараш Ҷовид, раиси ҷамоати Панҷ имсол ҳамаи заминҳои коридагиро ҷуфт кард. Сари замин меравад:- «мара раиси ноҳия фармон додаст»

Агар ягон маърака дошта бошӣ, форад- нафорад 500 сомонӣ раиси ҷамоати Озодагон мегирад.

 Безори ин хелин раисҳо шудаем. Наход ягон мақомот корҳои инҳоро набинад.

Боз арақфурӯши дар ноҳияи Панҷ авҷ гирифтагӣ аст. Яке аз онҳо арақҳои фалшивий мефурушад. Худаш дар склади магазинаш тайоёр мекунад. Этикеткаҳои арақҳои нағзро гирифта дар арақҳои фалшивий клей мекунаду мефурӯшад. Мақомот инро медонад лекин гап намезанад. Бигзор аз Қурғонтеппа ва ё аз Душанбе ягон кас биёяду инро проверка кунад.

Охир ин чи рӯзи сиёҳ омадаст?Аз арақҳои самапали  фалшивий мардум  чантоаш мурд. Чандин нафар алкаголик шуданд, ин арақро мехӯранд, чи кор кардаашонро намедонанд. Дар хонаҳояшон ҷангу ҷанҷол сар мешавад ва аз занҳояшон ҷудо шуда истодаанд.

 Номи ин арақ фурӯш Балаҷон аст пеши светофори Панҷ мебошад. Ин Балаҷон мардуми райони Панҷро алкаголик кардааст бо арақҳои фалшивий. Даже рӯзҳои иди Рамазону иди Қурбон арақ мефурушад. 30 сол шуд арақҳои Балаҷон чанд касро куштанд, чанд касро бе хона карданд.

Илтимос, сари роҳи ин хел одамҳоро гиранд. Охир ҳама бачаҳо арақи фалшивий хурдагӣ, бас карда наметавонанд. Дар дарун арақ чизе меандозад, ки илоҷи бас кардан надорӣ. Якум дуюм рюмкаро арақи тоза мерезад, дигар ҳамаашро аз арақи фалшивий мерезад. Ин Балаҷон афташ ба монанди ҷӯгӣ шудагӣ. Лекин дар ноҳияи Панҷ ягон мақомот инро намеқапад. Мақомотҳои ноҳияи Панҷ доля мегиранд, барои ҳамин проверка намекунад Балаҷони сархур шудагӣ.

Илтимос, мақомотҳои Қурғонтеппа ва Душанбе омада идораи ЗАГС ва военкомат ва арақҳои пеши светофоро пеши роҳашонро гиранд.

Раиси экологияи Панҷ бо  баҳона омада ҷарима мекунад. Агар ҳавлии пеши хонаатро порядка кун, масалан шохи ба сими барқ наздикшудаи дарахт ва ё ба беруни кӯча баромадаро занӣ ва бурӣ омада штраф мекунад. Мегӯяд, ки ин дарахтро беиҷозат буридӣ, илоҷ надорӣ, меравӣ фалон сомонӣ штраф месупорӣ.  Вале вақте нисфашро нақд бадасташ додӣ фикри ҷарима аз байн меравад. Дарахти пир шудагиро, дарахти қоқи хушкро буридед бузҳои ноҳияи Панҷ ҳамин хел бисёр шудаанд, ки зуд хабар медиҳанд. Мо онҳоро мешиносем, албатта на  ҳамаашонро. Лекин агар гап занем тез рафта ба милитсия хабар медиҳанд ва милитсия бурда аз 5 то 10 ҳазор сомониатро мегирад. Мегӯянд,ки худатон ҳам бо мо ҳамкорӣ кунед, мисли фалониҳо, дар доля шарикатон мекунем.

Устоди азиз,дар охир гуфтаниам,ки шуморо Худо ҳифз кунад. Ин шо Аллоҳ  боз хабарҳои тозаро интизор бошед.

Share This Article