Ин навбат барномаи моро номаҳо аз Сангвор, Исфара, Душанбе ва Волгоград ташкил додаанд.
Аз Сангвор дар бораи раиси ноҳия, порахӯрӣ ва фишору истибдоди сохторҳои қудратӣ, ки аксарият аз бачаҳакои болоанд навиштаанд.
Аҷиб ин аст ки номаи омада аз Исфара низ дар бораи рӯиростшавии порахӯриву порагирӣ ҳикоят мекунад.Барои мисол нависандаи ин нома менависад: «Ва шикояти ман аз он аст ки дар шаҳри Исфара рӯирост пора талаб мекунанд ва талаби пора як намуд мӯд шудааст. Масалан ман порадиҳиро кори бад ҳисоб мекунам. Чунки порадиҳанда ва порагиранда ҳарду дар оташи дӯзах месӯзанд. Кормандони давлатӣ-аз муаллиму муаллимаҳои мактаб сар карда, то духтурҳову медсестраҳои болнитсаҳо, махсусан роддом, ГАИшникҳо ва бузҳои удостоворениядор- штатникҳои 6-ой отдел, ки бениҳоят бисёр шудагианд, пора мегиранд».
Ва дар қисмати дигари нома мехонем, ки « Масалан дар роддоми шаҳри Исфара кормандонаш руирост пул металабанд ё беморхонаи марказӣ. Пул барои ҳар чиз, барои зоёндан, барои причатка-дастпӯш, барои бумага, барои уборщица, барои кроват-ҷойи хоб, барои лампочка, барои духтур, барои парастор, барои ҳамшираи шафқат, ки кудакро то дами дар дар дасташ меовард-тифли навзодро пул мекананд».
Муаллифи номаи Душанбе таҳти унвони «Гурӯҳи нав» аз ҳолатҳои дуздиву қатл дар кони тиллои Шугнови Ховалинг навиштааст. Раёсати ин конро Амриддин Нахшов, писархолаи Рустами Эмомалӣ дар ихтиёр дорад. Дар бораи Амриддин мо матолиби кам чоп накардаем ва ҳоло боз бо як, ду маълумоти дигар аз бадкориҳои ин нафар, ки дар ин нома ошкор карда шудааст, бохабар мешавед, аз ҷумла дар бораи куштори 6 шаҳрванди Афғонистон
Муаллифи ҳамешагии мо аз Волгоград бо интихоби як матлаб аз сомонаи нашрияи «СССР» бо муаллифи он вориди баҳс шудааст. Баҳс дар бораи чи масъала астро дар номаи ӯ хоҳед фаҳмид.
Сангвор
Ассалому алайкум Муҳаммадиқболи Садриддин, бародари муборизи рҳи ҳақ. Аз Сангвор рӯ ба шумо овардам.Ман як корманди яке аз мақомот,органи қудратии Тоҷикистон ҳастам.
Мехоҳам дар бораи ҷиноятҳои мақомоти Сангвор бароятон бинависам.
Дар бораи нафаре бо ному насаби Саймуддин Гадоев,раиси Хадамоти иҷрои ҷазои ҷиноятии ноҳияи Сангвор.Аз шумо хоҳиш мекунам,ки навиштаи маро
дар барномаи «Номаҳо» ҷой кунед.
Саймуддин Гадоев зиёда аз 25 сол мешавад,ки дар мақомот кор ва фаъолият мекунад.Номбурда як шахси порахур ва зинокори ҳаромхиштак аст.Барои вай вазифаи давлат ягон эътибор надорад.Саймуддин Гадоев чандин духтаронеро,ки аз шавҳаронашон ба ҷиҳати носозгории оилавӣ талоқ мегиранд ба доми фиреб андохта,ваъдаҳои бардурӯғ дода бо онҳо робитаи ҷинсӣ барқарор мекунад.
Қаблан ҳам дар бораи Саймуддин Гадоев дар. барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и № 136 навишта буданд. Аммо ягон ислоҳ нашудааст. Баракс боз гуфтааст, ки ман як коре бикунам кардан мегирам, даркор шавад мекушам, даркор шавад таҷовуз мекунам, ман гапзанша задагиам. Дар Калон сума додагиам. Ба духтари Калон-Озодамоҳ ҳамин чанд рӯзи пеш 14 ҳазор доллар ва як фляг асали тоза бурда расонидам»
Ончи дар борааш дар барномаи 136-уми «Номаҳо» гуфтед сад фоиз рост аст.Вай беш аз 560 занро хонавайрон кардааст. Аз он ҷумла дар Нуробод. Аммо боз ҳам кор карда истодааст.
Духтароне,ки вай ба номусашон даст расондааст, ҳаст навору видеоҳояшон, ки дар беморхонаи ноҳияи Сангвор яке аз ин ҳодисаҳо руй додагӣ. Номи он духтар Р.(Номи пураашро зикр нанамоед)
Саймуддин Гадоев як порахур аст.Мансаби давлатиро ба назар нагирифта ба воситаи нозири минтақавии Сангвор –участковий ҷавононро маҷбур карда пул меситонад.масалан ба баҳонаи лайк.
Як духтар аз Саймуддин хело шикоят кард.Саймуддин гуфтааст, ки биё корат буд мешавад,буд мекунам,аммо аввал биё бо ман ҳамхоба шав,як бор….
Бо ин духтар мн вохӯрдам ва ончиро, ки гуфт навишта истодаам. Вай ба ман нақл кард.
Бародар Муҳаммадиқбол.Дар бораи Тавилдара кам менависанд,вале ман инро гуфтаниам,ки ин палиди номард аз кору кирдораш боз ифтихор ҳам мекунад.Вай мегӯяд,ки «фалон духтарака фалон хел кардам». Ин Саймуддин Гадоев ислоҳ намешавад. Раисҳои гузашта ҳам пора мегирифтанд. Аммо тавре, ки мардум нафаҳмад.Аммо ин рӯи рост пора талаб мекунад. Дар порагириаш Ғиёс,помпрокурори ноҳия ҳамроҳаш буд. Аниқтараш собиқ ёрдамчии прокурор.Феълан Ғиёс дар шаҳри Ҳисор кору фаъолият мекунад.
Ҳама мақому мансабдоре,киТавилдара меоянд,бо забони худ мегуянд,ки «аҷаб райони зурай барои пулкоркунӣ».
Дар ҳама сохтори ноҳия-ШВКД, амният, прокуратура, комиссариати ҳарбӣ,суд порахӯри дар авҷи аъло мебошад. Аксарият дар ин ниҳодҳоро бачаҳакои боо ишғол кардаанд.
Афсус, ки Мирзо Ҷага нест, ки инҳоро дар ҷояшон шинонад. Ҳамон Мирзоҷагае,ки Ятимовро як шапотӣ зад ва Убайдуллоро ҳам зад. Ман худам шоҳид будам,ки прокурори ноҳияи Сангворро, ки як лақай буд Мирзо ҷага дар як мусобиқаи волейбол аз гарданаш гирифта фишор дод,раиси ноҳия Ҳиматшо Ғайратовро қушқор гуфта фарёд мекард.
Инҷо бароятон як маълумоти ошкорнагардидаро мегӯям. Қотили Мирзоҷага дар ҷанги Раҳмонов ва Помир дар соли 2012 кушта шуд.
Худо Мирзо -ҷагаро раҳмату мағфират кунад.
Ин Зуҳуров ва Ғайратов ноҳияро ба як фасодхона мубаддал кардаанд. Ва ҳамин Муҳаммади Ғайрат супориш додааст,ки барои ман духтари синфи 10 биёред.Ман шапидаагиям ин ноҳияро.То кайе, ки Ятимов сари кор ва зинда бошад ман ҳарчи мехоҳам кардан мегирам.
Соли 2024 бародарзодаи ҳамин раиси ноҳия Убайд Ғайратов,ки муовини милитсия дар ноҳияи Нуробод кор мекард бо иттиҳоми фурӯхтани сарбоз аз ҷониби мақомоти баландпоя дастгир шуда аз вазифа озод карда шуд.Аммо имрӯз дар Тавилдара.
Тавилдара як ноҳияе буд, ки бештари муҷоҳидҳо аз онҷо буданд ва мрдумаш ҳалол буд. Аммо ҳоло як ноҳияи саропо фсодзада ва коррупсионӣ шудааст. Ҳоло мардум ба якдигрфурӯшӣ ва бузӣ машғуланд.
Бузҳои бисёри мақомот, яъне нештатникҳо аз ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Сангворанд. Аз Вахё,Чилдар ва худи Тавилдара мебошанд. Яке аз бузҳои нештатний Исматча аст,ки аз қишлоқи Лочур мебошад.
Бародар Муҳаммадиқбол, мутаассифона шумораашон хеле зиёд шудааст. Ман интернетро камкам мефаҳмам.
Ҳамин Саймуддин Гадоев, ки алҳол дар вазифа кор мекунад порахури ҳирфаӣ мебошад. Рӯирост пора талаб мекунад. Бародаронаш бошанд ба посредникӣ машғуланд. Хело зиёд ҷавонҳоро фиреб кардаанд. Аз онҳо ҳатто дар Русия пул гирифтанд барои раҳоӣ аз аскарӣ,аммо фиребашон карданд.
Дар Сангвор порагирӣ дар любой мақомоташ ошкоро ва бисёр аст. Барои сертификати замин дар Кумитаи замин,барои як лайк ё риш дар кумитаи амният ва шӯъбаи милиса,қариб 8 000 доллари як нафарро гирифтанд. Далел дорам барои ин гуфтаҳоям. Бародар, илтимос, ман то як моҳ Интернет даромада наметавонам, вале шумо номаро нашр кунед. Ягон кас намефаҳмад.Ман бо шумоям.Инҷо мо чанд нафарем,ки бо шумо ҳастем.Аммо маҷбурем,ки ҳамаи ин ҳолатҳои зулму бедод болои мардумро дида таҳаммул кунем.
Як чизи дигарро гуфтанӣ будам.Мебоист,ки дар мақомоти ноҳияи Сангвор тағйирот ба амал меомад.Дар ШВКД бояд дар моҳи апрел ба ҷои сардори милитса,ки шахсе ба номи Сайнаби истодааст,нафари дигар меомад.Ва ҳамин хел дар моҳи июли соли 2025 ба ҷои раиси ноҳия муовинаш меомад.
Яъне Муҳаммадсолеҳ меомад. Ин Муҳаммадсолеҳ қариб як миллион сомонӣ тайёр карда будааст. Вале «кор»-ро бародари Ғайратов Убайд ташкил кардааст,ки фарзанди Муҳаммадсолеҳ Муҳаммадсиддиқро дар як мактаби шаҳри Душанбе тавонстанд бо як духтари синфи панҷхон подстава кунанд. Гӯё фарзанди Муҳаммадсолеҳ ин духтарро таҷовуз кардааст.
Фарзанди Муҳаммадсолеҳро дастгир ва 7 моҳ дар СИЗОи Душанбе маҳкам карданд.Баъди гирифтани 75 ҳазор доллар Муҳаммадсиддиқи бачаи Муҳаммадсолеҳро озод мекунанд. Ин бача айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад,ба фикрам дар Русия. Бо ҳамин кори Муҳаммадсолеҳ қафо монд. Барои курсии раисии ноҳияи Сангвор се кондидат пешбарӣ шудааст. Яке аз кандидатҳо Олимзода Абдулло будааст, ки хешу табори кали Шукурҷон Зухуров мебошад, ки дар Агентии захираҳои маводи озуқворӣ кор мекунад. Лекин ман бовар надорам, ки ин Ғайратовҳо ба осонӣ вазифаро супоранд.
Исфара
Ассалому алейкум бародари роҳт ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз Исфара менависам. Аз Исфара, ки мардумонаш мусалмони мутадаййин ва ҳолохӯру покдаст буданд,аммо имрӯз ба касофати ин ҳукумати Раҳмонов вазъият тамоман дигар шудааст. Ва шикояти ман аз он аст ки дар шаҳри Исфара рӯирост пора талаб мекунанд ва талаби пора як намуд мӯд шудааст. Масалан ман порадиҳиро кори бад ҳисоб мекунам.Чунки порадиҳанда ва порагиранда ҳарду дар оташи дӯзах месӯзанд. Кормандони давлатӣ-аз муаллиму муаллимаҳои мактаб сар карда,то духтурҳову медсестраҳои болнитсаҳо,махсусан роддом, ГАИшникҳо ва бузҳохои удостоворениядор- штатникҳои 6-ой отдел,ки бениҳоят бисёр шудагианд,пора мегиранд.
Масалан дар роддоми шаҳри Исфара кормандонаш руирост пул металабанд ё беморхонаи марказӣ. Пул барои ҳар чиз, барои зоёндан,барои причатка-дастпӯш,барои бумага,барои уборщица, барои кроват-ҷойи хоб, барои лампочка, барои духтур, барои парастор, барои ҳамшираи шафқат, ки кудакро то дами дар дар дасташ меовард-тифли навзодро пул мекананд.
Мақсади гап инки дар таваллудхона аз ҳар як қадмат,аз ҳар як нафаскашиат пул металабанд. Масалан тефалу чойнаку ҳама чиз аз они худат аммо барои онки обро ҷӯшондиву чой кардӣ,пул задааст счетчик, пул талаб мекунанд. Аз старший врач сар карда то уборщица. Барои справка, ки медиҳанд, барои картаи тиббӣ,ки мекушоянд,пул мегиранд. Вале агар дар онҷо духтари ягон каме пулдор ё бузҳои удостворениядор бистарӣ шуда бошанд чунон ба зану духтарои онҳо кормандони тиб чоплусию хушомадгӯӣ мекунанд,ки ба отаи худашон дар умрашон кардагӣ нестанд.
Масалан ман барои загранпаспорт супорӣ рафтам. Дар он ҷо кормандони отдел ҳар яктоаш ба худаш ставкаи худро дорад. Бовар кунед, ки бениҳоят беинсофанд. Агар нархи загранро пурсӣ онҳо,ки дар варақча нархи худашонро навистагӣ ҳамонро нишон медиҳанд: 3 руза, 7 руза, 10 руза,ки ҳар кадоме ставкаи гуногун дорад.Пули давлатӣ,ки онро дар Амонатбонк месупорӣ дигар, пули ставкаи онҳо дигар. Агар коргари коррупция корупцияро капиданӣ шавад,бояд дар назди паспортний стол,больница,мактаб, наздикиҳои ГАИ,ки дар роҳ меистан дар онҷоҳо истанду ҷустуҷӯ кунанд, ана он вақт результатҳо 100% мешавад.
Ва як чизи дигар.Дар ООН Раҳмонов ранги чорпо ҳангас мезанд:- об, об гуфта ва воҳима мекунад, ки Тоҷикистон пури об аст. Аммо дар худи шаҳри Исфара чандин шаҳраку деҳаҳояш аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Обро бо мошин харида мехуранд. Дар шаҳраки Сомониёни шаҳри Исфара мардумаш аз об сахт танқисӣ мекашанд ва азоб доранд. Зиёда аз 4000 хоҷагӣ ва зиёда аз 3000- 3200 оила зиндагӣ мекунад. Масалан Аҳмад Қаландаров, ки дар он вақт домком буд, ҳоло ҳам домком бошад, аниқ намедонам, тақрибан 1.5 -2 сол пеш аз ҳар як хона аз 300 сомонӣ аз баъзеҳо то 500 -1000 ва бисёртар ҳам доданд,ҷамъ кард,ки об аз зери замин мебарорем.Бо компьютер аниқ кардем,ки об ҳаст гуфта мардумро фиреб дод.Ягон хел ва ягон чакра аз онҷо об набаромад.Агар касе аз обу пул пурсад Қаландаров Аҳмад дар ҳол ба таҳдид мегузарад.Аз он пули халқ чарида гаштааст, ранги чорпо. Любой мақомотро задагӣ, ман гап занашро …. мегуяд.
Агар прокуратура, амният, коррупция ба савганди худашон содиқ бошан тафтиш кунанд, на инки ба кабинетҳо фарёд карда тарсондаю статяат мезанем гуфта пул (пора)нагираду бинанд.
Масалан дар шаҳри Исфара кормандони УР-уголовний розиск,6-ой отдел ва дигарҳояш дар назди мағозаҳо, бозорҳо ва маршруткаҳо мегарданд. Агар ришат монанди як каме дароз шуда бошад дарҳол ба сумканӣ шурӯъ мекунад.Сумро,ки гирифт боз туро таъкид мекунад: Ққасам хур,ки ба ҳеҷ кас намегуям,занталоқ қасам хур» мегуяд.Дар шаҳри Исфара кормандони 6 –ой отделу амният ва УР-кофтукоби ҷиноӣ чунон бисёр шудаанд, ки хиёл мекунӣ тамоми ҷиноят кор дар ҳамин шаҳр ҷойгиранд.Боз талаб мекунанд,ки телефонатро деҳ, проверка мекунем.Охир телефонро бе иҷозати суд чаро талаб мекунед? Ва он бояд дар ҳузури соҳиби он тафтиш карда швад, на ин ки бо тарсонидан.
Эй бузҳои удостворениядор, бе ҳамон вазифаат ту ба як пашми хояйи хар намеарзӣ.
Бародар, азбаски ман аз зулму шиканчаҳои бузҳои удостоверениядор хаста шудам ба Русия хиҷрат кардам.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.Ин номаро як тан аз «Гурӯҳи нав» аз шаҳри Душанбе бароятон ирсол медорад.Бигзор ҳоло дар бораи «Гурӯҳи нав» чизе напурсед.Ва ҳоло ин маълумотҳоро аз мо қабул фармоед.
Охири соли 2024 Собири шогирди Амриддин Нақшов,раиси кони тиллои Шугнов аз кони тиллои мазкур ба маблағи 1миллиону 600 ҳазор доллар тилло баровардааст. Чи тавре, ки Суҳроб Раҳмонов шогирди дигари Амриддин Нақшов дар як сӯҳбати байни дӯстон гуфтааст «и Собир Амриддина ранги қил тов додестай.Ҳамаи маълумотора нодуруст ба Амриддина мета».
Ба гуфтаи Суҳроб дар соли 2022 дар Шугнов бо фармони Амриддин Нақшов 6 нафар афғонр,ки Амриддин Нақшовро фиреб дода ба ҷои 200 килло героин 100 килло оварда буданд, ба қатл расониданд.Ба гуфтаи Суҳроб Раҳмонов 3 нафар аз ин афғонҳоро Собир гарданашонро мезанад. 3 нафари дигариашро паронида ҷасадҳоро бурда дар кони тиллои Шугнов гӯронида дар болояшон бетон мерезанд.
Як ҳамқишлоқии Собир, ки аз ин корҳо хабар дорад ба Собир он вақт гуфта буд,ки наметарсӣ,ки кадом рӯзе Амриддин туро ҳам убрат мекунад,чун ту информацияи бисёр медонӣ? Собир дар ҷавоб гуфтааст,ки «Амриддин ай мын ме..на. Мын ҳамиқа записову видеоҳоеша дорм, ки пожизненниш метан. Амриддин мара да барш барои ягон вақт Рустами Эмомалира убрат кадан мондагияй. Медуна, ки ай дсти ман ҳама кор миёя».
Маълумоти дигар
Ҳасани Ориёнбонк чанд вақт аст ки аз ташхисҳо гузашта истодааст.Мегуянд, ки ӯро барқасд через арус гирифтори касалии сироятӣ кардаанд. Чи тавре,ки Воҳиди шогирди Ҳасани Ориёнбонк нақл кардааст «Раиса ба я аруси ёши тенҷ кадоме шинос карда буд. Қариб шаш моҳ Раис қатиш буд. Баъд яке мазаш грехт Раиса. Ба фикрм Раис СПИД шидагияй» гуфтааст Воҳиди шогирди Ҳасани Ориёнбонк. Охирон вақтҳо раис сахт асабиву бенастроений аст.
И,айби худшай, ҳаромгариву ҳаромгардӣ зиёд мекунад,ҳар хел касалира меқапад, гуфтааст. Воҳиди шогирди Ҳасани Ориёнбонк.
Волгоград
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин бор ман як матлаберо аз сати СССР гирифтам. Ин матлабро Омиронаи Сайёф тасниф кардааст. Рости гап нафаҳмидааст, ки мусанниф онро аз нақли кӣ тасниф кардааст ва ё инки фикур ақидаи худи ӯст. Матлаб «Ман зидди ислом на,зидди хурофотам» ном дорад, ки дар таърихи 02.06.2026 чоп шудааст ва дар руҳияи зиддиисломии муаллиф, агарчи мехоҳад худро мусалмон ҷилва диҳад, ошкоро ҳувйдост.
Ман ин матлабро пурра намеоварам ва аз он чанд иқтибос пешниҳод менамоям,то муроди муаллиф маълум гардад.
Барои мисол муаллиф менависад,ки «1 Худо, 1 Қуръон ва 1 Пайғамбар ва 114- сура. Тамом, дигар ҳоҷат ба қисматкунӣ несту набояд бошад. Бинед, вақте ислом дар 50 соли охир инсон кушт, албатта мутаассибонро дар назар дорам, Ислом дар инҷо гунаҳкор нест, халқҳо аз Ислом қимобӣ шуданд. Ислом ба зоти худ надорад айбе. Аммо коре фанатҳо мекунанд, магар обрӯрези ислом нест? Дар Тоҷикистони мо инҳо 150 ҳазор нафарро куштандеее. Ҳамзабонони худро!»
Ман пурсиданиам,ки пас пуштибонони Фронти халқӣ, тайёраҳои ҷангии Узбекистон, аскарҳои артиши Русия ва худи Фаронти халқӣ чанд ҳазорро куштанд? Шумо аз куҷо исбот мекунед,ки 150 ҳазорро «инҳо»-яъне исломиҳо куштаанд. Дар ҳоле,ки ҳамагон хуб медонанд, ки ин шумораи ҳамватанонро Раҳмонов ва пуштибононаш,ки зиди истиқлолу зиди озодии ватан буданд, куштаанд. Шумо ҳазор бор талош кунед ҳам аммо воқеиятҳоро дигар карда наметавонед.
Дар ҷои дигар ин муаллиф,ки навиштааш мақоли мардумии «дарро задам девор кафид»-ро ба хотири кас меоварад, чунин менависад:
«Бубинед, ки дар 10 -15 соли бесоҳибӣ, 15 -16 равияи Ислом зуҳур кард ва ҷавонон рафта, дар донишгоҳҳо хонда, омаданду нооромиҳо ба вуҷуд оварданд. Ҳатто сокинони 2 деҳаро ба ҳам шӯронданд. Айнан ҳамин чизе, ки мо соли 1990 дида будем, боз такрор мешавад. Аз ҳамин хотир Ҷаноби Олӣ акнун муқобили мутаассибон, боз ҳам тамаддуни ориёиро эълон кард, ки Конуни тамаддуни ориёӣ бояд бунёд шавад».
Ҳиҷ ҷавони дар донишгоҳҳо хонда нооромӣ дар кишвари моро ба вуҷуд наовардаанд.Нооромӣ дар кишвари моро урусу уруспарастон-ҳамин Фронти халқӣ ва онҳое,ки зиди давлати мустақили Тоҷикистон буданд,оварданд. Шумо ба суҳбатҳои В.Квачков,афсари собиқи ГРУ,ки навори он дар Ютуб ҳоло ҳам ҳаст таваҷҷуҳ кунед. Хоҳед фаҳмид, ки ҷангро кӣ ва ба хотири чӣ ташкил карданд.
Ин ҳарфи шумо,ки «ман идеяи ориё-мусалмон пешниҳод кардам» як ҳарфи ҳавои ва муфту бепоя аст. Шумо мегӯед, ки
«Ман зардуштияму дӯстам Сайёф мусалмон аст, вораста аст, эшонзода аст. Бубинед, ки мо нишон дода истодаем, ки дин пеши роҳи 2 ҳамватанро набояд гирад. Санг набояд зада шавад, ба дини ҳамдигар, мо бояд дур нашавем, худро душман натарошем, гузаштаро бояд арҷ бигзорем. Масалан Сайёф беҳтарин таблиғгари арзишҳои миллӣ ҳаст, аммо мусалмони комил. Яъне ки ориё-мусалмон аст.
Ҳамин идеяи ориё-мусалмон ин идея ва пешниҳоди ман аст. Яъне ки ман намегӯям, ки аз дин бираведу ба дини дигар дароед. Чаро масалан туркҳо 900 сол хилофати мусалмонӣ дар дасти онҳо буданд, мегӯянд ман аввал туркам баъд мусалмон? Манфиатҳои миллии нажодии онҳо дар мақоми аввал аст»
Шумо ба ҳарду гӯшатон бишнавед,ки мусалмону тоҷиҷк як чиз аст.Тоҷикро аз мусалмонӣ ва мусалмониро аз тоҷик ҷудо кардан иштибоҳи бузурги шумост.Бигзор шумо зардуштӣ,бигзор насоро ошед.Аммо ин ҳарфҳои барғалатро,ки ман аввал тоҷикам баъд мусулмон беҳуда нагӯед.Тоҷик мусалмон аст,тамом.Бо онки яке ду нафар,бигзор ҳазору се ҳазор зардуштӣ ва ё исваӣ дошта бошад,аммо тоҷик мусалмон аст.
Ва,охирин иқтибос аз ин навишта:
«Эмомалӣ Раҳмон Сипаҳсолори тамаддуни ориёист. Дар кишвари ҷангзадаи ҳамсояи Афғонистон шабонарӯз аз Худованд зора мекунанд, ки кош мисли Сарвари мо сарваре дошта бошанд. Имрӯз дар сартосари олам вориси ягонаи тамаддуни ориёӣ Ҷаноби Олӣ аст. Ман фақат сиёсати фарҳангӣ, таърихӣ, маънавии Ҷаноби Олиро дастгир, ҳифз ва таблиғ мекунам. Ва дар охир бори дигар мегӯям:
-Мо имони касеро дуздиданӣ нестем, касеро аз дин бароварданӣ нестем. Зардуштия ин Ҳизби Наҳзати Ислом нест, ки аъзо шавем. Китоб хондан даркору бас. Ва он гаҳ Мо Метавонем!!!»
Э,хок бар сари ин гуна мо метавонами шумо!Бигзори ҷаноби олиятон сипаҳсолру ягона бошад,набера ва бачахонди Зардушт бошад.Аммо шумо ҳазорон бор номаъқул кардед,ки афғонҳо орзуи Раҳмоновро дошта бошанд.
Орзуи Раҳмоновро ба ҷуз аз шумову чанд чоплуси хушомадгӯи лаганбардор касе надорад.
Мо,мардуми тоҷик аз ин гуна роҳбар кайҳо сер шудаем, безорем. Ин сипаҳсолори ориётаборро ба шумо бахшидем.
Шумо,аз ошкоро интиқод кардани ислом, душманӣ бо мусалмонҳо метарсед,ва аз ин роҳ мехоҳед,ки заҳр чаконед. Аммо дониста бошед,ки ин айбу иттиҳомоти шумо ба ислому муслимин мисли ҳубоби рӯи об аст,кафк аст,ки бетаъсиру беманфиат аст.
