Нақши маҳал дар баргузории Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ дар соли 1992
(бахши бисту шашум)
«Гурӯҳи ғолиб» дар Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд иборат аз 60 нафар депутатҳои халқи Тоҷикистон аз вилояти собиқи Кӯлоб буданд, ки ҳокимияти нав дарТоҷикистонро ташкил доданд. Барои аввалин бор ҳукумати Тоҷикистон бо аксарияти зодагони як маҳалли муайян рӯи кор омад. Яъне гурӯҳи ғолиб –фиристодаҳои Фронти халқӣ ҳокимияти давлатиро тавре ташкил дод, ки тавозуни маҳал сарфи назар шуд, агарчи яке аз иддаоҳое, ки ин гурӯҳро барои муқовимат ва муборизаи мусаллаҳона бар зидди Ҳукумати мусолаҳаи Миллӣ таҳрик дод, ҳамин ташкили кобина аз шумори намояндагони як маҳал буд. Акнун имрӯз суханони Эмомалӣ Раҳмоновро каме андеша кунед,ки барои ҳукумати Толибон тавсия медиҳад,ки ҳукумати “ҳама шумул” ташкил намоянд. Дар ҳоле худаш дар оғози ба қудрат расиданаш дақиқан мисли ҳукумати онҳо ба қудрат расида буд. Инро ба он хотир мегӯем,ки ба ёдаш ояд чӣ гӯна худаш ҳукумати “ҳама шумул”е ташкил карда буд.
Онҳое, ки аввал бо эътирозу тазоҳурот ва сипас бо яроқ барои «ҳукумати то 7 майи соли 1992» ва барқарории Сафаралӣ Кенҷаев дар мақоми раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ҷанг карданд, Ҳукумати Мусолиҳаи Миллиро ба он муттаҳам мекарданд, ки дар вазифаҳои калидӣ зодагони Ғарму Бадахшон бартарият дод. Бо баёни дигар, гӯё қудрат дар дасти Ғарму Бадахшон ҷамъ омад ва куҳистониҳо давлатро гирифтанд.
Иброҳими Усмон, доктори илми таърих ва собиқ мушовири давлатии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки иллати ба минтақа ва маҳал тақсим шудани Тоҷикистон дар он солҳо ҳамин буд, ки манфиатҳои маҳаллӣ ба эътибор гирифта нашуд:
«Ин соле гардид, ки амалан Тоҷикистон ба ҳиссаҳо тақсим шуд: Ленинободу Кӯлоб Набиевро эътироф менамуданд, аммо ҳукумати мусолиҳаи миллиро, ки чор моҳи охир сари қудрат буд, не. Дар Ленинобод ва ҷузъе аз водии Ҳисор ва дар навоҳии водии Қаротегин ва Бадахшон мардум ба кор машғул буданду аммо дар Кӯлобу Қурғонтеппа ҷанг то рафт авҷ мегирифт. Мардуми Душанбе намедонистанд, ки дар чӣ ҳол қарор доранд, ҷанг, сулҳ, корӣ, ғайрикорӣ, зиндаанд ё мурда.» И.Усмонов. «Соли Набиев».Душанбе-1995
Дар қисмате дигари ҳамин китоб ин донишманди тоҷик таъкид мекунад, ки Ҳукумати Мусолаҳаи Миллӣ умдатан аз зодагони маҳалҳои алоҳида ташкил ёфт ва барои ҳамин натавонист қобили пазируфтани ҳамагон бошад:
«Соли ҳукмронии Набиев нишон дод, ошкоро исбот намуд, ки дар Тоҷикистон амалан ҳеҷ ҳизбе мавҷуд нест, балки ду қувва ҳаст-тарафдорони сохти давлатдории Эрони муосир ва мухолифини он, ҳамчунин ҳеҷ манфиате нест, илло манфиати маҳал. На танҳо талқини аксарияти аҳзоби сиёсӣ, балки ҳатто созмонҳои замбӯруғсон рӯидаи «Ҳамдилон», «Ҳисори Шодмон», «Ватан», «Меҳри Хатлон» низ далеле ба ин чиз буданд.
Ҳукумат низ аз ин касалӣ табобат наёфт, балки ба дарди маҳалгароӣ жарфтар фурӯ рафт. Инҳо буданд қувваи аслии ҳукумати демократӣ: А. Искандаров, Д.Усмон,Акбаров, Ҳ. Х.Холиқназаров, З. Вазиров, дертар бо онҳо А.Соҳибназаров ва Д. Худоназаров пайвастанд..И.Усмонов.«Соли Набиев».Душанбе-1995
Бояд қайд кард, ки баҳси риояти таносуб ё тавозуни маҳал дар ҳокимияти сиёсӣ дар Тоҷикистон дар давраи ташкили Ҳукумати Мусолаҳаи Миллӣ ва ё ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов дар Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ ба вуҷуд наомадааст. Дуруст аст ки дар оғози равандҳои худшиносӣ ва бедории тоҷикон дар авохири солҳои 80 ва оғози солҳои 90 ин маризи иҷтимоӣ аз худ бештар дарак медод ва бавижа дар айёми интихоботҳо, аз ҷумла нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1991, ки Тоҷикистон тоза ба истиқлол расид, доғтар шуда буд.
Тайи чил-панҷоҳ соли ахири Иттиҳоди Шӯравӣ, нафари аввал дар Тоҷикистон намояндаи шимоли кишвар, асосан аз Хуҷанд буд. Он замон ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳокимият дар онро Маскав идора ва таъйин мекард. Вале мақоми раиси Президиуми Шӯрои Олӣ ба намояндаи водии Қаротегин ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мансуб буд ва ҳамин тавр дар мақоми раиси Шӯрои Вазирон зодагони вилояти пешини Кулоб фаъолият мекарданд. Азбаски нафари аввал аз шимол буд, (Бобоҷон Ғафуров, Турсун Улҷабоев, Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев ва Қаҳҳор Маҳкамов) котибони аввали ҳизби коммунист дар навоҳии аз ҷумла ҷануб ва куҳистонии кишвар бештар шимолиҳо таъйин мешуданд. Котибони аввали он солҳо раҳбари амалии ҳокимият буданд. Аз ҳамин сабаб намояндагони ҷануб ва куҳистони кишвар шимолиҳо, яъне хуҷандиҳоро дар суистифода аз мақому мансаб ва маҳалгироӣ муттаҳам мекарданд. Таъбири «сулолаи хуҷандӣ» дар он солҳои оғози таҳаввулоти сиёсӣ ба ҳайси иттиҳоми асосӣ ба намояндаҳои шимол зада мешуд. Он вақт ҳамин гуна як афоризми киноядоре дар байни омма машҳур шуда буд: «Ленинабад правит, Куляб пахает, Памир тансует.»
Шарофиддини Имом, муовини созмони Растохез ва сафири асбақи ҳукумати Раҳмонов дар Кобул менависад, ки дар он солҳо шимолиҳо сиёсати бехирадонаи ҷобаҷосозии кадрҳоро дар ҳама сатҳҳои давлатдорӣ ба роҳ монда буданд. Ин пажӯҳишгари тоҷик мегӯяд новобаста аз ҳаводиси хунини феврали соли 1990 ҳамоно квазиэлитаи шимол бар мабнои маҳалгироӣ давлат меронд:
«Фоҷиаи феврал сабақи зарурӣ нашуд. Ва номенклатура ҳатто дар ҷустуҷӯи роҳҳои дастёбӣ ба ризоияти гурӯҳҳои асосии худ нагардид. Баръакс, гурӯҳи ғолиб дар фикри бештар заиф сохтани мавқеи рақибонии онрӯзии худ шуд: на фақат Бӯрӣ Каримов ва Нурмуҳаммад Табаров, ҳамчунин Абдулло Ҳабибов бо ҳаёҳую табли шодмонӣ сабукдуш шуданд, балки Ғойибназар Паллаев, ки бонуфузтарин намояндаи гурӯҳҳои ба ҳам наздики номенклатураи қаротегинию бадахшонӣ маҳсуб мешуд дағалона ва намоишкорона берун карда шуд. Мақомоти асоситарин ва муҳимтарин дар ихтиёри гурӯҳҳои асосии квазиэлитаи шимол қарор гирифтанд. Каме дертар дар миёнаи соли1990 яке аз кормандони масъули КМ ҲКТ ба КМ ҲКИШ ёддошти ҷолиб дар мавриди таркиби мақомоти олии ҳизбӣ ва давлатӣ ирсол намуд, ки баъзе арқоми он хеле омӯзанда аст ва гувоҳи сиёсати бехирадонаи ин марҳалаи баъди февралӣ мебошанд ва баҷост, ки ин ҷо сабт гардад. Дар ин ёддошт таъкид гардидааст, ки нуфуси вилояти Ленинобод ҳудуди 25% нуфуси умумии кишвар аст, дар ҳоле, ки намояндагони он (саҳеҳтараш) намояндагони гурӯҳҳои асосии номенкултаураи он –Ш.И) дар Раёсати Шӯрои Олӣ-55.5%,дар Шӯрои Вазирон-55%,дар бюрои КМ ҲКТ-50%,дар КМ ҲКТ-46%,дар Шӯрои Олии Тоҷикистон- 44% ва муассисоти дигар ҳамин таносубро ташкил медиҳанд. Ин арифметкаи ҳиллаварона ва айёрона барои квазиэлитаи шимол пирӯзии бузург талаққӣ мешуд, дар ҳоле, ки ин амал сабабгори аслии шиддати муборизаи гурӯҳҳои гуногуни номенклатура гардид ва натиҷаи он амиқтар шудани буҳрони сиёсии кишвар буд.» Шарофиддини Имом.«Таърихи бедории миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон».Душанбе-2003
Аммо бино бар навиштаи Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон мубориза миёни роҳбарони давлат барои дастёбӣ ба курсии аввал дар заминаи маҳал, ва албатта бо ҷалби таваҷҷӯҳи Маскав ҳамеша ошкору ниҳон, вале бениҳоят ҷиддӣ идома доштааст. Кенҷаев, ки дар ҳукумати президент Раҳмон Набиев дар даврони истиқлол дар мақоми раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон омада ҷой ё мақоми намояндаи Қаротегин ва Бадахшон дар ҳокимиятро гирифт ва тавозуни маҳал дар қудрати сиёсиро ба ҳам зад Ғойибназар Паллаевро ба ҳайси як роҳбари маҳалгаро ва мансабталош тасвир мекунад:
«Аз ҷониби дигар, идеологҳои асосии мухолифин коммунистони сурх, ба монанди Ғоибназар Паллаев, Отахон Латифӣ буданд, ки ба онҳо маслиҳатҳои зарурӣ медоданд. Мутаассифона Ғоибназар Паллаев аз рӯи нақшаи тарҳрезӣ гардида солҳои дароз дар давуғеҷи ҳарчи тезтар аз сари қудрат дур сохтани ленинободиҳо буд. Ба воситаи ким-кадом қувваҳо ӯ битавонист, ки бо котиби КМ ҲК Тоҷикистон оиди идеология Бобосодиқова Гулҷаҳон наздик гардад. Эпопеяи «ғармӣ»-и Паллаеву Бобосодиқова оғоз гардид, ки камари номуборак оиди аз сари қудрат дур гардонидани собиқ котиби аввали КМ ҲК Тоҷикистон Раҳмон Набиев бастанд. Бо истифода бурдани алоқаҳои марказ тавонистанд, ки Набиевро аз сари қудрат дур созанд.
Ба ҷои ӯ Маҳкамов меояд. Ба назар чунин менамояд, ки Шимол мавқеашро нигоҳ медорад. Дар асл бошад, бо макру ҳиллаи Ғоибназар Паллаев ба Шимол зарбаи сахт зада шуд. Ба ивази дар ихтиёри Маҳкамов мондани мансаби якуми давлат, ӯро маҷбур гардониданд, ки ба ҷонибдорони Паллаев мансаби вазири корҳои дохилии ҷумҳуриро низ диҳанд. Маҳкамов соддалавҳона, ояндаи халқи ҷумҳуриро дурбинона надида, ба вазифаи вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ М.Навҷувоновро таъин намуд. Акнун дар як даст (Ғойбназар Паллаев) ҳам пули савдо («Тоҷикматлубот») ва ҳам ба ном гурӯҳи рӯпӯшкунанда (ВКД) ҷамъ гардид.» С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон».ҷ. 2.Тошканд, нашриёти «Узбекистон»-1994
Дар ҷойи дигар ҳамин китоб Сафаралӣ Кенҷаев марҳум Ғойибназар Паллаевро коргардони тазоҳурот ва гирдиҳамоиҳои сиёсӣ солҳои навад ва бахусус ҳодисаи феврали 1990 ба қалам медиҳад:
« Ба ном бунёдгарони исломӣ, ҷавонони «демократ» ва олами ҷиноӣ ҳамин се қуввае буданд, ки12-уми феврали соли 1990 исёни Душанберо ташкил карданд. Ба исён Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғоибназар Паллаев аз паси парда роҳбарӣ мекард ва ин далел тасдиқ гардидааст. Аз бе масъулиятии кормандони ургонҳои тафтишотӣ ниқоб аз рӯи Ғоибназар Паллаев бардошта нашуд, каждум зери бурё монд ва нафраташ ба мардуми вилояти Ленинобод (шимол) беканор гардид. Илова бар ин, дар сессияи якуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паллаев тайёрии ҷиддӣ дид. Ҳама роҳҳоро истифода бурд, то он ки бо роҳи интихобот давлатро аз дасти шимол бигирад. Вале боз бахташ омад накард. Ҳамагӣ аз 230 депутати халқи Тоҷикистон ба 62 овоз сазовор гардид.»
Баҳси шимолу ҷануб дар ҳокимият дар Тоҷикистон, агар дар солҳои шӯравӣ бисёр ҳам мастур ва махфиёна ҷараён мегирифт, аммо баъдҳо дар даврони сиёсатҳои бозсозӣ ва ошкорбаёнии горбачевӣ, интихоботҳо ва дар толори Шӯрои Олӣ ошкоротар буруз мекард.
Қаҳҳор Маҳкамов, ки акнун аз курсии котиби аввали ҲКТ ба мақоми раёсаи Шӯрои Олӣ омада боз ҳам ҳокимияти шимолиҳоро ҳифз карда буд, дар нахустин ҷаласаи ин Шӯро ба ҳангоми интихоби раисони Кумитаҳои Шӯрои Олӣ, вақте вакилони ҷиноҳи демократӣ номзадии Сафаралӣ Кенҷаевро ба риёсати яке аз кумитаҳо пешниҳод карданд, гуфт «ду нафар Даврон Ашӯров ва Ҷурабек Муродов аз Айнӣ раиси Кумита интихоб шуданд, бас аст.» Яъне ин ба он маъно буд, ки масъалаи маҳал дар сутуҳи давлат хеле ҳам ҳассос аст ва ба он таваҷҷӯҳи хос дода мешавад.
Аммо танҳо масоили кадру ҷосозии кадр набуд, ки мушкили маҳал боиси баҳсу талошҳо дар маҳфил ва ҷаласаҳои расмӣ шуда бошад. Дар Шӯрои Олӣ бар фарзи мисол Ҳикматулло Насриддинов, раиси Кумитаи аграрӣ на як бору ду бор дар тақсимоти ноодилонаи маблағҳои буҷҷа ва ҳамин тавр дороиву захоири кишвар аз нодида гирифтан ва костани ҳуқуқи мардуми ҷануб ибрози нигаронӣ карда буд. Ба ин маъно, ки шимолиҳо-хуҷандиҳо аз онки қудратро дар қабза доранд, бештар масраф мекунанд ва маблағҳои давлатӣ барои ободонии навоҳии онҳо дар қиёс бо ҷануб бештар равона мешавад.
Ба ин тартиб акнун масъалаи маҳал дар давлатдорӣ ба як мушкили калон мубаддал шуд. Ҳамин Эмомалӣ Раҳмонов, ки он замон як депутати одии Шӯрои Олӣ буд, дар яке аз ҷаласаҳо аз он шикоят мекунад, ки Қобилов, раиси ширкати «Пахтаи тоҷик» бо айшу ишрат машғул аст ва Тойота саворӣ мекунаду кишоварзони одӣ нони дурусту ҳисобӣ надоранд ва бо машаққат зиндагӣ мекунанд. Манзури Раҳмонов ин буд, ки кишоварзон дар ҷануби кишвар ранҷу заҳмат мекашанд вале Усмон Қобилов, намояндаи шимоли кишвар, ки пахтаи чидаи онҳоро обу лой мекунад, аз ҳисоби онҳо дар кайфу сафо ғарқ аст.
Дар интихоботи аввалини раёсати ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар моҳи ноябри соли 1991, ки мубориза байни Раҳмон Набиев –намояндаи шимол ва Давлати Худоназар намояндаи ҷануб доир шуд, қартаи маҳал ба тавре ба бозӣ кашида шуд, ки мунтаҳо кишварро ба хоку хун нишонд. Ситоди интихоботии Раҳмон Набиев барои моил кардани раъйдиҳандаҳои ҷануб шаҳри Хуҷанд ва Кулобро бародаршаҳр эълон кард.
Шодравон Аслиддини Соҳибназар, муовини раиси ҳизби демократ ва муовини раиси Девони вазирон дар Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ бо овардани арқому омори нуфуси кишвар намояндагони шимоли кишварро дар андохтани ҷудоӣ миёни ҷануб муқассир мешуморад:
«Таносуби аҳолӣ дар Тоҷикистон аз соли 1914 то соли 1990 чордаҳ маротиба афзудааст. Дар Тоҷикистон то имрӯз як миллиону чорсад ҳазор зодагони Ғарм, як миллиону дусад нафар зодагони Кӯлоб, як миллион тоҷикони зодагони дигар ноҳияҳо умр ба сар мебаранд. Пас, ҷанубиён, ки ду миллиону шашсадҳазор нафаранд, метавонанд, ки дар интихоботи президентӣ ғалаба кунанд. Ин ғалаба барои ҳизби коммунист ва вазифадорони Ленинобод бисёр хавф дошт. Барои ҳамин Р.Набиев бо маслиҳати хадамоти махсуси ду кишвари ба мо ошно, муборизаи идеологиро пеш гузошт. Дар натиҷа тоҷикон ба ду алянс-алянси коммунистӣ ва исломӣ ҷудо шуданд. Мардуми Ғарм ба алянси исломиҳо, мардуми Кӯлоб ба алянси коммунистон.» Аслиддин Соҳибназар. «Субҳи ситоракуш».Китоби 2.Душанбе-2000
Вале дертар, вақте авзоъи сиёсии кишвар дар пайи тазоҳуротҳои давомдор муташанниҷ шуд низоми ҳоким-яъне шимолиҳо ва неруҳои нави сиёсии милливу демократӣ -умдатан зодагони водии Қаротегин ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз қартаи маҳал ба ҳайси абзор ва олоти асосии мубориза ошкоро истифода карданд. Бӯрӣ Карим, муовини раиси Шӯрои вазирон ва раиси Кумитаи ба нақшагирии ҳукумати Тоҷикистон ва нахустин қурбонии бозиҳои сиёсӣ дар заминаи маҳал дар ин бора чунин изҳори назар мекунад:
«…акнун маълум гардид, нируҳои мардумӣ метавонанд ҳукумати мавҷударо аз роҳи зӯрӣ барандозанд. Он гоҳ ҳукумат дар ташвиш афтод. Чун он ҳукумат сирф ҳукумати як қавм буд, табиист, ки онҳоро ба таҳрик овард. Ва муборизаеро, ки ба хотири эҳёи суннатҳои фарҳанги миллӣ ва мазҳабӣ шурӯъ шуда буд, ба муборизаи минтақаҳо табдил доданд. Азбаски сари қудрат аслан хуҷандиҳо буданд, ин ҷунбишҳоро ҳаракати зидди хуҷандӣ, яъне минтақавӣ ва ё ҷануб зидди шимол муаррифӣ карданд ва равандеро, ки метавонист ҷомеаи тоҷикро аз роҳи сиёсӣ парвариш диҳад ва ба камол расонад, ранги қабеҳи маҳаллӣ доданд ва арзиши муборизаву талошҳои гурӯҳҳои пешгомро кам карданд, беқадр карданд ва дар ҳамин замина он қисмати аҳолиро, ки гароиш ё тамоили танги минтақавӣ ва маҳалию авлодӣ доштанд, сӯи худ кашиданд, нагузоштанд ба ҷараёни созанда ва сарнавиштсози халқи худ ҳамроҳ шаванд ва барои бунёди ҷомеаи навини тоҷик саҳм бигиранд. Ва азбаски идеологияи ин ҳокимигарии авлодӣ коммунистӣ буд-коммунистон, ҳокимони авлодӣ дар як ҷабҳа гирд омаданд, ҷонибдорони худро аз саросари ҷумҳурӣ ҷалб карданд. Ба моҷаро ҷалб кардани Кӯлоб аз ҳамин роҳ сурат гирифт.»Бӯри Карим. «Фарёди солҳо».Москва «Трансдорнаука»-1997
Дар навиштаҳои қаблии ин силсиламатолибамон гуфта будем, ки дар мақоми намояндаи куҳистон овардани Сафаралӣ Кенҷаев-яъне раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон аз иштибоҳоти фоҳиши Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳурии мунтахаб буд, ки боиси эътирозоту тазоҳуроти давомдор ва ниҳоят ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Чун Набиев баланси маҳал дар ҳокимияти сиёсиро хароб карда ҳисса ва саҳми як минтақаи бузурги кишварро барояшон надод.
Ҳасосияти маҳал ва минтақагароӣ дар Тоҷикистонро ҳарду кишвари зинуфузи он замон Русия ва Узбакистон ба хубӣ медонистанд ва вақте миёни неруҳои нави сиёсӣ, ки такягоҳи иҷтимоиашон водии Қаротегин ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва низоми ҳоким, ки аз шимолиҳои коммунисти куҳнагаро иборат буд, аз ин ҳасосият хеле ҳам моҳирона истифода карданд. Бӯрӣ Карим ҳам ин нуктаи муҳимро ба ин шакл ба қалам медиҳад:
«Маълум мешавад, қувваҳои берунае, ки ин моҷарои байни тоҷиконро идора мекарданд, ба бозгашти Набиеву командааш ба боқӣ мондани намоянагони оппозитсия дар ҳайати ҳукумат манфиатдор набуданд. Намояндагони минтақи дигарро сари қудрат оварда, дар Тоҷикистон барои ихтилофоти минбаъдаи маҳаллӣ манбаъи нав эҷод карданд. Ба намояндагони вилояти Кулоб додани зимоми давлат пеш аз ҳама сабаби муқовимат дар дохили иттифоқчиён мегардид. Мантиқи рӯйдодҳои сиёсӣ ва давлатдориро ба ёд оварда ба ин нозукӣ сарфаҳм рафтан осон буд.» Бӯри Карим. «Фарёди солҳо».Москва «Трансдорнаука»-1997
Раҳмон Набиев, ба унвони як роҳбари дар даврони шӯравӣ аз ҳасосияти масъалаи маҳал дар ҳокимият ба хубӣ огоҳ буд. Медонист, ки ҳама манотиқ бояд дар ҳокимияти марказӣ намояндаи худро дошта бошад. Вақте ҳам ки ба ночор ҳукуматшро бо намояндаҳои неруҳои нави сиёсӣ қисмат кард, ингор саъй кард ин тавозунро риоят кунад. Аслиддини Соҳибназар аз як мавриди гуфтугӯяш бо Набиев ёдовар мешавад, ки ин гуфтаи моро таъйид мекунад:
«-Мебашед раис. Ман дар ҳақиқат мехоҳам, ки ин мансабро (сухан аз мансаби раси Бонки Миллии Тоҷикистон меравад, ки бо вуҷуди судури фармони Набиев ба номи Соҳибназаров, шодравон Соҳибназаров онро нагирифт) ишғол кунам, аммо ин вазифа бо ин тарз ба зарари миллат аст!
-Чаро?-гуфт раис.
-Раис, наход шумо дарк накунед, ки бар ивази ман Давлат Усмонро муовини сарвазир таъин кардан нодуруст аст.
Раис асабӣ шуда бо ғазаб гуфт:
-Чӣ, ту мехоҳӣ, ки ҳамаи куҳистониён муовин шаванд? Ту, Давлат Усмон, С.Хайруллоев. Ҳатто гурӯҳе талаб карданд, ки Давлат Худоназарро ноиби раиси ҷумҳурӣ гирам. Ин чӣ бало худаш. Ба ғайри шумо каси дигар нест?» Аслиддини Соҳибназар.«Субҳи ситоракуш».Душанбе-2000
Вале дар Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд дар ноябри соли 1992, вақте ҳокимият ташкил мешуд саҳму ҳиссаи маҳал, таносубу тавозуни он комилан сарфи назар шуд ва барои бори аввал буд, ки нафари якум ва дуввуми мамлакат аз як минтақа интихоб шуд. Маълум буд, ки дигар гурӯҳи ғолиб, ки пушташ ба ҳимояти Русия ва Узбакистон гарм буд, ҳар ончизеро, ки барои худаш қобили қабул медонист, ҳамонро татбиқ мекард.
Барои мисол вақте Раҳмон Набиевро водор карданд, ки дар ин иҷлосия расман ба истеъфо биравад, ӯро низ бо ҳамин масъалаи маҳал забонкутоҳ ва мазлум карданд.
Ҳабибулло Табаров, депутати халқии Тоҷикистон ёдовар мешавад, ки ба Набиев гуфтанд, барои он дигар раёсати Шумо қабул нахоҳад буд, ки ба мардуми Кулоб ҳамроҳ нашудед. Яъне боз ҳам ин маҳал буд, ки сарнавишти давлат ва давлтдориро ҳаллу фасл мекард:
«Ман гуфтам, мо ин тавр ваколат надорем, ки дар вазифаатон Шуморо барқарор намоем. Вале мо дастур гирифтем ба Шумо бирасонем, ки дар сурати ба пешниҳоди мо розӣ шудан Шумо аз ҳамаи имтиёзҳои президентӣ бархӯрдор ва баҳраманд хоҳед шуд. Бо мошин, муҳофизон ва хона Шуморо таъмин хоҳем кард. Аммо не, қабул накард. Худаш яке қабул мекунад, аммо хонумаш комилан рад мекунад. Мегӯяд, Шумо кӯлобиҳо ӯро президент интихоб кардед, акнун то охир ӯро нигоҳ доред. Ман гуфтам, ки кӯлобиҳо мегӯянд, ҳозир мо ҷанг карда истодаем аз Ленинобод, аз хешу таборҳои Набиев ягон кас наомад, ки дар бари мо биистад. Хуб хешу табораш наомад, лоақал ҳамин писараш наомад, ки дар бари мо биистад, то ки мо барои Набиев биҷангем. Ин тавр, ки бошад мо худамон сару ҳисобамонро меравем. Гуфтам, ҳоло кӯлобиҳо чунин мегӯянд.»
Ҳукумати Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон на танҳо дар сатҳи мақомҳои аввали раҳбарӣ, дар умум, дар сатҳи вазорату кумитаҳо ҳам асосан якҷониба ва бидуни мурооти тавозуни маҳал ташкил шуд. Акнун, инҷо маҳак ва меъёр фақат зодгоҳ ва қаробат ба раиси нав интихобшуда қарор гирифт.
Сафаралӣ Кенҷаев, ки аз мубтакирони асосии баргузории ин иҷлосия ва аз мутаффиқони масъулони ҳукумати нав буд дар китоби дуввуми «Табаддулоти Тоҷикистон» ба шиддат аз Раҳмонов интиқод мекунад, ки вазифаҳои муҳимми давлатиро ба ҳамшаҳриҳо ва хешу таборонаш медиҳад, вале ба онҳое, ки дар сарнагунии Ҳукумати Мусолаҳаи Миллӣ ва ба сари қудрат овардани Раҳмонов нақши калидӣ бозидаанд, таваҷҷӯҳ зоҳир намекунад. Дар инҷои навишта бо маъзарат аз хонандаи азиз барои бештар рӯшан шудани ҳолат аз китоби Кенҷаев чанд пора иқтибосе меоварем, агарчи як каме тӯлонӣ хоҳад буд:
«Бисёр таассуф, ки имрӯз боз ҳамон аспи бадави маҳалгароӣ, ки ба сари мардуми баргаштабахти тоҷик бадбахтию носозгориҳо оварда буд, шабаҳи сиёҳи худро афканда, дашти васеъе пайдо намуда чуноне, ки дар ҳикмати халқ омада «об овардаву кӯзашикан як» шудааст. Ҳатто мавқеу мартабаи кӯзашикан боло гирифта, ки талхкомие беш нахоҳад буд.
Тағойхон Шукров муборизаи хешро муқобили қувваҳи сияҳкор, ки бар зидди халқ ва давлати қонунии он бархеста буд, аз майдони «Озодӣ оғоз намуд……
Имрӯз, ки ҳукумати қонунӣ амал менамояд ва Тағойхон Шукуров яке аз ҳиссагузорони аз сари қудрат дур сохтани Ҳукумати «муросои миллӣ» ва ба сари тахти султонӣ овардани роҳбарияти нави ҷумҳурӣ мебошад, боз чун пештара бехонаю дар, бе ҷои кор, куртаву костюмаш дар дохили мошин гуреза мебошад.
Вале мардуми ноҳияи Ҷилликӯл хизматҳои ӯро донист, аз миёни се номзад намояндаи худ дар Шӯрои Олӣ интихобаш намуданд, агарчи раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон Салимов ( Абдуҷалол Салимов) бо думравонаш нисбати ӯ номардӣ зоҳир намуда, муқобилият ҳам нишон дода, мардумро таҳқир карданд, ки ба тарафдоириаш овоз надиҳанд. Ҳол он ки дар рӯзҳои бадбахтии халқи вилоят худи онҳо чун рӯбоҳи зери жоламонда думро зери по намуда, халқро ба ҳоли худ гузошта, дар Душанешаҳр, дар ким-кадом хонаи гарме сари худро зери домони завҷаҳои таннозашон пинҳон карда буданд. Вақто ки сессияи шонздаҳуми Шӯрои Олиро дар шаҳри Хуҷанд даъват намуду тақсими мансаб пеш омад, худро аз ҷигари Кӯлоб муаррифӣ намуда, чун каргасе, ки бӯи маслиқ ба димоғаш мезанад, аз чор тараф гардан ёзондаву қанот ҷунбонда, ҳозир гардиданд!…» С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон».ҷ.2. Тошканд.с.1994
«Вале, афсӯс,ки Додситони Кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов, агарчи шогирди банда буд, на аз ҷиҳати назария ва на амалия худо ба ӯ дониши кофии қонуншиносӣ ва назорати додситонӣ надодааст, ки битавонад сарфаҳми ҳама нозукиҳои қонунҳои ҷумҳурӣ рафта, адолатро барқарор намояд. Ба вазифаи Додситони Кулли Ҷумҳурӣ таъин гардиданаш танҳо ба хотири он, ки Эмомалӣ Раҳмонов ва атрофиёнаш ӯро нағз мешинохтанд, сурат гирифт. Вагарна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқшиносон, кормандони соҳаи додситонӣ, ки нозукиҳои қонунро хеле дақиқ медонистанду тайёрии хуби назариявӣ ва амалӣ доштанд, ҳамчунин дар муҳорибаҳо баҳри таъмини амнияти мардуми ҷумҳурӣ ширкат варзидаанду зодаи вилояти Кӯлоб, кам нестанд.
Аз ҷониби дигар, ҳоло корро наомӯхта ба ӯ рутбаи генералӣ доданд, бе алтернатив депутати халқи ҷумҳурӣ интихоб гардид. Боз аз ноҳияи Файзобод, ки дар онҷо касе ӯро намешинохт. Ин ҳама шӯҳрату роҳати бе меҳнат намегузорад, ки ӯ вазифаи Додситони Кулли ҷумҳуриро самаранок иҷро намояд.» С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон».ҷ. 3.Тошканд, нашриёти «Узбекистон»-1994
Солҳо баъд файласуфи тоҷик Акбари Турсон, бо таваҷҷӯҳ бар онки Эмомалӣ Раҳмонов қасди тарки курсиро надорад ва арикаи қудратро барои абад ба худ кафшер карда ва сиёсати кадрии комилан маҳалгароёнаро дар сатҳи давлат пеш мебарад, як пешниҳоде кард, ки он замон вокунишҳои умдатан манфиро ба миён овард. Аммо, ҳоло ба назар мерасад, бо истинод ба ниҳодина ва мустаҳкам шудани маҳалгироӣ ин пешниҳод шояд дигарбора мавриди баҳсу баррасиҳо қарор бигирад. Ин донишманди маъруф гуфта буд:
«Лекин модоме, ки дар ҷумҳуриамон низоми президентӣ барқарор шудаст, минбаъд ба хотири мустаҳкам кардани бунёди демократии давлату ҷомеа ба Қонуни Асосӣ ҷиҳати интихоби Раиси Ҷумҳур ислоҳи ҷиддӣ даровардан лозим аст. Бигузор ӯро парламон интихоб кунад. Гузашта аз ин, барои пешгирӣ кардани ифроту тафрити маҳалгароёна салоҳи кор мебуд, агар сари ҳар панҷ сол (на ҳафт сол!) Маҷлиси Олӣ Президентро ба навбат аз ҷумлаи намояндагони вилоятҳои гуногун интихоб мекард. (Дар ин раванди ислоҳот бо мурури замон вилояти собиқи Ғарм ё Раштро ҳам аз нав барқарор кардан шояд.)
Мақсади ин тадбир баробарии сиёсии вилоятҳоро воқеан таъмин кардан аст. Бигузор намояндагони қитъаҳои гуногуни ҷумҳуриамон дар Душанбе ба навбат давлатдорӣ карда ва зимнан донишу малакаи сиёсӣ ва лаёқати созмондиҳиашонро ба мардум нишон дода, ба ҳурмату эҳтироми ҳақиқию ҳамагонӣ сазовор шаванд. Ва агар собиқ Раиси Ҷумҳур дар воқеъ ҳам арбоби донову кордон бошад, бигузор пас аз 15 сол, яъне вақте ки навбати вилояташ расид, аз нав интихоб шавад.»
Аз замони ироаи ин пешниҳод хеле солҳо мегузарад. Феълан дар ташкили ҳокимият масъалаи тавозун ва таносуби қудрат аз байн бурда шуд. Ҳукумат беш аз ҳафтод% аз намояндаҳои як маҳал, як авлод ташкил шудааст. Бадтар аз ин ҳоло мо бо як ҳукумате сарукор дорем, ки он оилавӣ аст.
Аз инҷост ки хеле аз таҳлилгарон муътақиданд, ки Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ дар қасри Арбоби Хуҷанд на сарнавиштсоз, балки сарнавиштсӯз буд.
Поёни қисмати бисту шашуми ин силсила матолиби мо ва қисмати бисту ҳафтуми мо “Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ва суқути он дар Иҷлосияи 16” мебошад. Мумкин аст гӯед Раҳмонов қудратро гирифт, дигар маълум аст, ки ҳукумати “мусолиҳаи миллӣ” тамом шуд. Дар ин қисмат ба нукоти ҷолиби таваҷҷӯҳ дар ин қисмат хоҳем пардохт.