Намояндаи ВКД Тоҷикистон ё бузи ФСБ-и Русия

Ислоҳ нет

Номаи маро алоҳида нашр кунед № 73

Ин нома дар бораи яке аз намояндаҳои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Маскави Федератсиони Русия маълумот медиҳад. Маълумотҳо дар ин нома, мутаассифона хушҳолкунанда нестанд. Балки нишон медиҳад, ки як нафари масъул ба ҷои ҳифзу ҳимояти ҳуқуқҳои шаҳрвандони тоҷик дар Русия, онҳоро таҳти фишору тазъиқ қарор дода то ба зиндонҳои Русия кашонидааст. Сухан дар бораи ваколатдори вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Полковник Маҳмудов Муҳиддинҷон Мубинович меравад. Номаи мазкур ба шакли зайл аст:

МАҲМУДОВ МУҲИДДИНҶОН МУБИНОВИЧ — НАМОЯНДАИ ВКД ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ

 Намояндаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Маҳмудов Муҳиддинҷон Мубинович 25.08.1982 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст.

  Дар солҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси намояндаи вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия вай дар амал намояндаи гурӯҳи қочоқчиҳо буд. Кори асосиаш переводи пул ва ташкили перегони мошинҳо аз Русия ба Тоҷикистон буд. Бо он гурӯҳ ҳамкорӣ мекард ва аз онҳо барои кӯмаки худ «доля»- маблағи муайян мегирифт. Бо ду гурӯҳ кор мекард ва аз онҳо доля мегирифт. Аммо пас аз он ки кори онҳо суст шуд онҳоро ба ФСБ (КГБ-и собиқ) Русия фурӯхт. Қисми зиёди одамони ин гурӯҳ ба муҳлатҳои гуногӯн аз озодӣ маҳрум шуданд, то ҳатто яке аз онҳо якумра аз озодӣ маҳрум гаштааст.

Маҳмудов Муҳиддинҷон Мубинович, намояндаи ВКДи Тоҷикистон мақоми ду шаҳрвандӣ дорад.

Мувофиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди хизмати давлатӣ»,  ки ҳолатҳое, ки қабули шаҳрвандро ба хизмати давлатӣ ва ҳузури хизматчии давлатиро дар хизмати давлатӣ истисно мекунанд- доштани шаҳрвандии ду ё зиёда давлатҳо, мебошад. Яъне нафре, ки статус-мақоми ду шаҳрвандӣ дорад ҳақ надорад, ки дар мақомоти давлатӣ кор кунад.

Аммо Маҳмудов Муҳиддинҷон Мубинович намояндаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия соҳиби ду шаҳрвандӣ мебошад. Якум шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дуюм шаҳрвандии Федератсияи Россия.

Ҳарчанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди хизмати давлатӣ» иҷозат намедиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соҳиби ду шаҳрвандӣ мебошанд дар вазифаҳои давлатӣ кор кунанд, аммо Маҳмудов Муҳиддин дар вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифае кор мекунад, ки бо сирри давлатӣ сару кор дорад, дастрасӣ ба сирри давлатӣ дорад.

Маҳмудов Муҳиддин 16 июня соли 2005 шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст. Шаҳрвандии Федератсияи Русияро аз консулгарии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи содакардашуда дар асоси банди А, қисми 1 моддаи 14 Қонуни федералии Русия «Дар бораи шаҳрвандӣ» ба даст овардааст.

Дар вақти суҳбат бо рафиқон ва дигар шахсон мегӯяд, ки ӯ аз шаҳрвандии Русия даст кашидааст, аммо аз рӯи ҳуҷҷатҳое, ки ба мо дастрас шудааст, дида мешавад, ки то ҳол Маҳмудов Муҳиддин соҳиби шаҳрвандии Русия мебошад.

Дупогона ё хизматгори ду хоҷа

Намояндаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Маҳмудов Муҳиддин Мубинович гумоштаи (агент)- Хадамоти бехатарии федералии Россия (ФСБ) Русия мебошад.

Ҳарчанд, ки Маҳмудов М.М. корманди ВКД ҶТ мебошад ва дар доираи фаъолияти худ ба маълумотҳои сирри давлатӣ сару кор дорад ва ба ин маълумотҳо дастрасӣ дорад боз гумоштаи ФСБ Россия мебошад. Ҳама маълумотҳое, ки аз ВКД ҶТ маълум ва дастрас мешавад аввал ба ФСБ Русия мерасонад баъд ба шахсони дахлдор аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва дигар мақомотҳо мерасонад.

Ҳама маълумотҳое ки нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати кормандони Ҳукумати Тоҷикистон, вазирон ва дигар мансабдорони баландпоя хусусан он маълумотҳое,ки аз ВКД Тоҷикистон ба Русия Маҳмудов Муҳиддин Мубинович дастрас мешавад аввал ба кураторони худ аз ФСБ Русия мерасонад.

Ба сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия, ки дар шаҳри Москва ҷойгир мебошад ва ба консулгарии Тоҷикистон дар Русия, ки низ дар шаҳри Москва ҳам ҳаст озод медарояд ва мебарояд. Ҳама маълумотҳоро нисбати сафир, консул ва кормандони сафорат ва консулгарӣ ба кураторони худ аз ФСБ ва ВКД Русия пешниҳод менамояд. Маълумотҳоро оиди онки дар ҳудуди Русия чанд хона дорад, бо кадом навъу самти соҳибкорӣ машғул мебошанд, оиди мошинҳояшон ҳатто маълумотро оиди чанд фарзанд доранд ва фарзандони сафир, консул ва дигар кормандони сафорат ва консулгарӣ дар кадом мактаб ё донишгоҳҳо таҳсил мекунанд, пешниҳод менамояд.

Ба кормандони ФСБ Русия, ки бо онҳо кор мекунад ҳамчунин маълумотҳоро нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия ба соҳибкорӣ машғул мебошанд ва шахсони доро медиҳад. Бо ҳар баҳона бо парвандаҳои сохтаву бофта аз тарафи кормандони ФСБ Русия аз ин шаҳрвандони Тоҷикистон пора барои ҳал кардани мушкилотҳои онҳо мегирад.Аввал мушкилотро барои он афрод месозад ва сипас аз онҳо пул мегираду гӯё онро ҳал мекунад. Дар асл мушкилотро худаш сохтааст.

Дар даст маълумотҳое дорем, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар назди ФСБ –и Русия ва ВКД Русия подстава кардааст. Ҳоло зиёд шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия аз дасти Русия Маҳмудов Муҳиддин Мубинович адои ҷазо карда истодаанд.

Яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия байни мардуми тоҷик ҷойгоҳ ва нуфузи баланд дошт ва ба муҳоҷирони тоҷик кумак мекард ва дар байни авторитетҳои рус каме ҳам бошад эътибор дошт бо подставаи Муҳиддин аз тарафи кормандони ФСБ Русия дастгир карда шуд ва баъдтар аз тарафи суди Русия якумра аз озодӣ маҳрум гардид ва феълан дар зиндони Русия адои ҷазо менамояд.

Маҳмудов Муҳиддин Мубинович дар ҳудуди Федератсияи Русия, хусусан дар шаҳри Москва аз ҳама соҳибкорони тоҷик, ки зодагони Исфара, Конибодом, Истаравшан ва дигар ноҳияҳои вилояти Суғд ҳастанд, аз онҳо ҳар моҳ «доля» мегирад. Гуё, ки онҳоро зери назорати худ гирифтаву ба онҳо кришагӣ мекунад.

Он соҳибкороне, ки аз додани доля даст мекашанд ва ё ин ки розӣ намешаванд ба тариқи шиносои худ аз ФСБ ё ин ки ВКД Русия болои онҳо фишор оварда аввал барои ҳал кардани мушкилоти онҳо доляро мегирад ва пас аз он ҳар моҳа дар доля ӯро мешинонад.

Дар ҳолатҳое, ки кормандони ФСБ, ВКД Русия аз ин амалҳои ғайриқонунӣ даст мекашанд, он гоҳ Русия Маҳмудов Муҳиддин Мубинович ба тариқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хешу табори ин соҳибкорон (падар, модар бародарон, фарзандон, ҳамсар) дар Тоҷикистон фишор меорад ё ба ҳар баҳонаи сохта парванда оғоз мекунанд ва пас аз он боз Русия Маҳмудов Муҳиддин Мубинович ҳамчун шахси наҷотдиҳанда ба онҳо кумаки худро пешниҳод намуда бо гирифтани доля проблемаҳои онҳоро дар Тоҷикистон ҳал мекунад ва ҳамин тариқ ҳар моҳа доля мегирад.

Якчанд сол пеш нисбати яке аз соҳибкорони тоҷик дар Россия Ҳоҷӣ Ҷаббор чунин амалро Муҳиддин амалӣ кардааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Русия Маҳмудов Муҳиддин Мубинович дар Тоҷикистон нисбати бародари Ҳоҷӣ Ҷаббор парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд ва пас аз ин Муҳиддин дар ин парванда миёнаравӣ карда “доля”-ро аз Ҳоҷӣ Ҷаббор гирифта ба Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон медиҳад.

Аз ҳамон вақт Муҳиддин байни вазири ВКД Тоҷикистон ва Ҳоҷӣ Ҷаббор миёнарав мебошад ва ҳар моҳа “доля”-ро аз ҳоҷӣ Ҷаббор гирифта ба вазир Раҳимзода Рамазон мерасонад. Дар ҳолатҳои зарурӣ додугирифт ба тариқи Муҳиддин сурат мегирифтааст. (боз ҳам ин масала таҳқиқ мешавад)

Хона ва мошинҳои Маҳмудов М. М. Дар Русия

Дар вақти фаъолияти худ Русия Маҳмудов Муҳиддин Мубинович ҳамчун намояндаи ВКД дар Федератсияи Русия соҳиби якчанд манзили истиқоматӣ ва мошинҳои гаронбаҳо шудааст.

Фақат дар шаҳри Москва, вн. тер. г. городской округ Троицк дар кӯчаҳои 1-я Нововатутинская дом 3, ҳуҷраи 424 манзили истиқоматӣ ва дар ҳамин бино ҳуҷраи 270П манзили ғайриистиқоматӣ дорад.

Тақрибан 2 моҳ пеш дар шаҳри Москва маҳаллаи Москваи нав як манзили истиқоматии 3-ошёна харидорӣ намуда кормандони сафорат ва консулгарии Тоҷикистон ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистонро дар Русия ба манзили нави худ даъват карда гуфти русҳо «Новоселия» гузарондааст.

Боз дар ҳудуди Москва ва дигар вилоятҳои Русия якчанд манзили истиқоматӣ дорад, ки ба номи ҳамсараш сабт кардааст.

Аммо худаш дар шаҳри Москва дар маҳаллаи Коммунарка манзили якҳуҷрагиро ба иҷора гирифта дар он бо аҳли оилааш зиндагонӣ мекунад. Боз дар ҳудуди Москва ва Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд манзили истиқоматӣ дорад, ки ба ному насаби хешу табори наздикаш ба қайд гирифтааст.

Дар шаҳри Москва ба вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода як хонаи ду ҳуҷраӣ харида туҳфа кардааст. Яке аз одамони бовариноки вазир Раҳимзода Рамазон дар Русия мебошад. Ҳама супоришҳои вазирро дар Русия иҷро менамояд.

Дар ғайб задани чандин фаъолони сиёсии тоҷик, ки дар ҳудуди Русия фаъолият мекарданд ва пас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо мешаванд, даст дорад. Яке аз пурсадотарин ҳодиса ғайриқонунӣ аз Русия дуздида ба Тоҷикистон бурдани фаъоли шаҳрвандӣ, пуштибони шуҷоъи муҳоҷирон Иззат Амон мебошад. Русия Маҳмудов Муҳиддин Мубинович аз аввал ва то охир дар дуздида бурдани Иззат Амон аз Россия ба Тоҷикистон фаъолона иштирок мекард.

Мо шоҳиди он будем, ки дар вақти пандемия дар ҳолате,ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба Тоҷикистон сафар карда наметавонистанд ва дар сафорати Тоҷикистон билети самолётро 100 ҳазор рубл мефурӯхтанд ва муҳоҷирон норозигӣ баён мекарданд ҳамин Русия Маҳмудов Муҳиддин Мубинович назди Иззат Амон омада мисли ғулом дар назди Иззат Амон сар хам мекард. Барои онки муҳоҷирон Иззатро дӯст медоштанд ва ҳурмат мекарданд, то рафта онҳоро ором кунад. Иззат Амон ҳам рафта бо муҳоҷирон суҳбат карда онҳоро ором мекард. Аммо баъд ин кӯрнамаки номард боз Иззатро фурӯхта ба Тоҷикистон бурд. Дар рабудани Иззат Амон аз Русия ба Тоҷикистон чанд нафари дигар даст дорад,ки ҳатман номҳо ва мушаххасоти онҳоро дар номаи муфассали дигар ошкор менамоем.

Тақрибан як сол пеш Муҳиддин як мошини Мерседес харид, ки нархаш 5 млн рубли русӣ мебошад. Аз рӯи маълумоте, ки ба мо дастрас шудааст, барои харидани ин мошин ба вай Ҳоҷӣ Ҷаббор кумак кардааст ва ними пули ин мошинро додааст.

Аз руи маълумотҳои ба дасти мо расида Русия Маҳмудов Муҳиддин Мубинович дар Маскав чанд адад аптека ҳам дорад ва бинобар хабарҳои расида вай ба гуруҳҳои қочоқбари маводди мухаддир ҳамкорӣ ва тавассути шиносҳояш дар ФСБ ва ВКД кришаватӣ мекардааст.

Хулоса, Русия Маҳмудов Муҳиддин Мубинович мақому мансаби хидматиро барои пур кардани ҷайби худ истифода карда истодааст.

Ин нуктаро ҳам дар охир зикр менамоем,ки Русия Маҳмудов Муҳиддин Мубинович ҷавонмардони тоҷикро, ки бо моддаи 307 таҳти пайгарданду дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд, махсусан зодагони вилояти Суғдро пайдо карда ва аз онҳо дар аввал пули калон мегирад, то 10-15 000 доллар, аммо баъди муддате онҳоро ба УБОП-Раёсати мубориза бо гуруҳҳои муташаккили ҷиноии Вазорати дохили дар вилояти Суғд мефурушад. Боз тавассути хешу таборҳои онҳо барои озодсозии онҳо миёнарав шуда ба онҳо қонуни авф ё изофаи «Эзоҳ»-и модди 307-ро зада озод менамояд ва боз аз худаш миннатдор ҳам мекунад.

Баъди нашри ин матлаб номаи дигареро дар бораи ин намоянди ВКД Тоҷикистон дар Маскав барои «Ислоҳ» мефиристем.

Айни замон, бахусус баъд аз қабули қонуни авфи ахир Муҳиддин 307-иҳоро таблиғу ташвиқ карда истодааст, ки ба ватан бозгарданд: «равед ватан авф мешавед, ман ёрдаматон мекунам. Чандин нафарро бар ивази пули калон ёрдам ҳам кард, ки шомили қонуни авф шаванд». Вай бо милисаҳои вилояти Суғд ҳамкории танготанг дорад барои моддаи 307.

Аммо, аз руи шуниди мо бо Шорух Саидзода, сардори Раёсати дохилии Душанбе робитаи хуб надорад. Ин оғози парвандаи ҷиноятии Русия Маҳмудов Муҳиддин Мубинович намояндаи ВКД ТҶ дар русия аст. Дар таҳқиқоти баъди афроде подстава кардаашро, истирдод кардаашро бо киҳо нишасту бархост дорад ва инчунин дороиҳое дорад мавриди таҳқиқи мо қарор хоҳад гирифт. Мақсади мо ин аст,ки Русия Маҳмудов Муҳиддин Мубиновичро шиносанд ва фиребашро нахуранд!

Таҳқиқоти «Ислоҳ» идома дорад….

Пасгуфтори «Ислоҳ»

Дар анҷоми ин нома мехоҳем пеш аз ҳама ба ҳамватанони худ, бахусус сокинони вилояти Суғд, соҳибкорон ва муҳоҷирони тоҷики муқими Русия муроҷиат кунем.

Ҳамватанони азиз! То кай бояд сарнавишти худ, амнияти худ ва ҳатто озодии худро ба дасти як намояндаи мақомоти давлатӣ супоред? Чаро барои ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ, масъалаҳои муҳоҷират ва бозгашт ба Ватан бояд ба шахсоне вобаста шавед, ки ба ҷойи роҳи қонунӣ аз шумо маблағ талаб мекунанд?

Ба шаҳрвандони Исфара, Конибодом, Истаравшан, Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд махсус муроҷиат мекунем: худро ин қадар ба Муҳиддин Маҳмудов ва афроди вобаста ба ӯ бастагӣ надиҳед. Ҳеҷ намояндаи давлатӣ ҳақ надорад, ки аз мушкилоти шумо манбаи даромади шахсии худ бисозад. Ҳеҷ корманди ВКД ҳақ надорад, ки сарнавишти муҳоҷирро ба воситаи муомилаҳои пуштипардагӣ ҳал кунад.

Дар номаи мазкур масъалаҳои бисёр ҷиддӣ матраҳ шудаанд: аз муносибати намояндаи ВКД Тоҷикистон бо мақомоти амниятии Русия то гирифтани маблағ аз соҳибкорон, истифодаи парвандаҳои ҷиноятӣ барои фишор ва нақши эҳтимолии ӯ дар боздошту интиқоли шаҳрвандони тоҷик.

Ин масъалаҳо наметавонанд танҳо бо хомӯшии мақомоти масъул ба фаромӯшӣ супурда шаванд.

Мо ба ҳамаи онҳое муроҷиат мекунем, ки аз фаъолияти Муҳиддин Маҳмудов зарар дидаанд, аз онҳо пул талаб шудааст, ба онҳо фишор оварда шудааст ё аз муносибати ӯ бо мақомоти Русия ва Тоҷикистон маълумоти мустақим доранд.

Ба «Ислоҳ» нависед. Тафсилоти воқеаҳо, санаҳо, маблағҳо, мукотибаҳо, санадҳо ва ҳар маълумотеро, ки барои рӯшан кардани фаъолияти хизматии ин шахс аҳамият дорад, пешниҳод намоед.

Агар дар бораи фаъолияташ дар Русия, муносибатҳои хизматӣ, амалиёти молиявӣ, дахолат ба парвандаҳои шаҳрвандон ё истифодаи мақоми давлатӣ ба манфиати шахсӣ маълумоти дигаре доред, онро низ ба мо расонед.

Мо мехоҳем фаъолияти ин намояндаи ВКД-ро бо далелу санад бештар таҳқиқ кунем. Барои ҳифзи шахсияти хабардиҳандагон ва шаҳрвандони осебдида тамоми чораҳои имконпазирро меандешем. Амнияти шумо барои мо дар мадди аввал меистад.

Ва акнун хитоби мустақими мо ба Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

Ҷаноби Раҳимзода!

Шумо кормандони худро мешиносед? Медонед, ки намояндаи вазорати таҳти роҳбарии шумо дар Русия бо чӣ кор машғул аст, бо киҳо муносибат дорад, манбаи даромадҳояш чист ва аз номи кадом мақомот бо соҳибкорону муҳоҷирони тоҷик муомила мекунад?

Маҳмудов Муҳиддинҷон Мубинович бо кадом меъёрҳо ба намояндагии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Русия таъин шудааст? Дар давоми фаъолияти ӯ чанд маротиба санҷиши хизматӣ гузаронидаед?

Дар номаи расида ба «Ислоҳ» номи шахсии шумо низ дар робита ба интиқоли маблағҳо ва муносибатҳои молиявӣ зикр шудааст.

Аз шумо посухи мушаххас мехоҳем: оё байни шумо ва Муҳиддин Маҳмудов ягон муносибати молиявии берун аз фаъолияти расмии хизматӣ вуҷуд дорад? Оё аз соҳибкорони тоҷик дар Русия бо номи шумо маблағ ҷамъоварӣ шудааст? Агар чунин амалҳо аз номи шумо сурат гирифта бошанд, барои ошкор кардани онҳо чӣ чора андешидаед?

Ҷаноби вазир, вазифаи шумо танҳо идора кардани кормандон аз дохили бинои вазорат нест. Шумо барои фаъолияти намояндагони вазорат дар хориҷи кишвар низ масъулияти роҳбарӣ доред.

Чӣ гуна мумкин аст намояндаи як вазорати қудратӣ солҳо дар хориҷ фаъолият намояд, аммо саволҳо дар бораи шаҳрвандӣ, муносибат бо хадамоти махсуси кишвари дигар, дороиҳо ва муносибатҳои молиявии ӯ бе посух бимонанд?

Агар корманди вазорати шумо ба маълумоти ҳассоси давлатӣ дастрасӣ дошта бошад, назорати амниятии чунин корманд ба уҳдаи кист? Агар нисбат ба ӯ масъалаи ҳамкорӣ бо хадамоти махсуси хориҷӣ матраҳ шавад, кадом ниҳод вазифадор аст онро тафтиш кунад?

Шумо ҳамчун вазири корҳои дохилӣ вазифадоред ба ин саволҳо ҷавоб диҳед, на ин ки масъала бо сукут ё нодида гирифтан аз мадди назар дур карда шавад.

Мо аз шумо талаб мекунем, ки мақоми хизматӣ, масъалаи шаҳрвандӣ, дороиҳои марбут ба фаъолияти давлатӣ, робитаҳои хизматӣ ва шикоятҳои шаҳрвандон нисбат ба Муҳиддин Маҳмудов ба таври мустақил ва шаффоф санҷида шаванд.

Ба вижа, нақши эҳтимолии ӯ дар қазияи Иззат Амон, масъалаҳои марбут ба моддаи 307 ва шикоятҳои соҳибкорону муҳоҷирон бояд мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор гиранд.

Муҳимтар аз ҳама, бояд муайян шавад, ки оё шаҳрвандони тоҷик дар хориҷ аз ҳимояти давлат бархӯрдоранд ё баъзе намояндагони давлатӣ аз мушкилоти онҳо барои ба даст овардани маблағ истифода мекунанд.

Вазири корҳои дохилӣ набояд мунтазир бимонад, ки расонаҳо ҳар як мушкили дохили вазорати ӯро ошкор кунанд. Вазорат бояд худ низоми назорат, тафтиш ва ҷавобгариро таъмин намояд.

Ҷаноби Раҳимзода, масъала танҳо як Муҳиддин Маҳмудов нест. Масъала низоми назорат дар вазорати шумост. Чаро бояд шаҳрвандони Тоҷикистон аз намояндагони расмии давлати худ битарсанд? Чаро бояд соҳибкор барои ҳифзи ҳуқуқаш ба ҷойи қонун ба воситачӣ ва маблағ такя кунад?

Хитоби мустақими «Ислоҳ» ба генерал-майор Абдусатор Фатозода, роҳбари нави намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Русия

Ҷаноби Фатозода Абдусатор Абдуқаҳор!

Шумо аз 11 августи соли 2026 роҳбарии намояндагии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Федератсияи Русияро ба уҳда гирифтаед. Акнун масъулияти назорати фаъолияти кормандони ин намояндагӣ бевосита ба роҳбарияти нави он низ дахл дорад. Агарчи собиқ ҳам дар Русия дар ин ниҳод кор карда будед ва Муҳиддин Маҳмудовро хуб мешинохтед.

Мо мехоҳем аз шумо бипурсем: Муҳиддин Маҳмудов имрӯз дар намояндагии шумо чӣ мақом дорад? Оё ӯ ҳанӯз ҳамчун ваколатдори ВКД дар Русия фаъолият мекунад? Агар чунин аст, доираи ваколатҳо, уҳдадориҳои хизматӣ ва фаъолияти ӯро кӣ назорат мекунад?

Ҷаноби Фатозода, шумо ба ин мақом ду моҳ пеш таъин шудаед. Аз ин рӯ, масъалаҳои солҳои гузаштаро бе далел ба зиммаи шумо намегузорем. Аммо аз рӯзи ба уҳда гирифтани роҳбарии намояндагӣ, масъалаи назорати фаъолияти кормандони он низ ба масъулияти хизматии шумо табдил ёфтааст.

Шумо номаи мазкурро мутолиа кунед. Дар он аз шаҳрвандони тоҷик, соҳибкорон, парвандаҳои ҷиноятӣ, муносибат бо мақомоти амниятии Русия ва масъалаҳои молиявӣ сухан меравад. Инҳо мавзуъҳое нестанд, ки роҳбари намояндагии як вазорати қудратӣ онҳоро нодида бигирад.

Оё шумо фаъолияти гузаштаи Муҳиддин Маҳмудовро омӯхтаед? Оё аз ӯ ҳисоботи хизматӣ талаб кардаед? Оё медонед, ки дар давраи фаъолияти ӯ нисбат ба чанд шаҳрванди Тоҷикистон ба мақомоти Русия маълумот пешниҳод шудааст ва чунин маълумотҳо дар асоси кадом санадҳои ҳуқуқӣ ирсол гардидаанд?

Агар Маҳмудов ҳанӯз дар ҳайати намояндагии ВКД фаъолият дорад, мо мехоҳем бидонем, ки ваколатҳои ӯ то куҷо мерасанд. Оё ӯ метавонад бо соҳибкорони тоҷик аз номи вазорат муомила кунад? Оё ҳақ дорад дар масъалаҳои авф, истирдод ва парвандаҳои ҷиноятӣ ба шаҳрвандон ваъдаи ҳаллу фасл диҳад?

Ва муҳимтар аз ҳама, кадом механизми назорат вуҷуд дорад, ки намояндаи ВКД дар хориҷ аз мақоми хизматии худ барои манфиатҳои шахсӣ истифода накунад?

Ҷаноби Фатозода!

Мо аз шумо ҳамчун роҳбари нави намояндагӣ интизори посух ба саволҳои мушаххас ҳастем. Барои тафтиши шикоятҳои шаҳрвандон чӣ тадбир меандешед? Оё омодаед фаъолияти кормандони намояндагиро аз лиҳози қонуният, интизоми хизматӣ ва муносибат бо муҳоҷирони тоҷик мавриди санҷиш қарор диҳед?

Шумо бояд ба мардум нишон диҳед, ки намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Русия барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият мекунад, на барои вобаста сохтани муҳоҷирон ба шахсони алоҳида.

Мо аз шумо талаб намекунем, ки бе санҷиш касеро гунаҳкор эълон кунед. Мо талаб мекунем, ки масъалаҳоро санҷед, ба саволҳои матраҳшуда посух диҳед ва натиҷаро аз ҷомеа пинҳон надоред.

Масъулияти шумо танҳо ба имрӯз маҳдуд намешавад. Ҳар масъалае, ки аз фаъолияти гузаштаи намояндагӣ боқӣ мондааст ва ба ҳуқуқу амнияти шаҳрвандон дахл дорад, бояд мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти нав қарор гирад.

«Ислоҳ» фаъолияти минбаъдаи шумо ва намояндагии таҳти роҳбариятонро низ пайгирӣ хоҳад кард.

Сухани охир

«Ислоҳ» ба таҳқиқи фаъолияти Муҳиддин Маҳмудов идома медиҳад. Маълумоти нав, шаҳодати осебдидагон, санадҳои марбут ба фаъолияти хизматӣ ва муносибатҳои молиявии ӯро ҷамъоварӣ ва баррасӣ хоҳем кард.

Ҳамзамон аз Вазорати корҳои дохилӣ, шахсан Рамазон Раҳимзода ва роҳбари нави намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Русия Абдусатор Фатозода посухи расмӣ ба масъалаҳои матраҳшуда мехоҳем.

Ҷомеа ҳақ дорад бидонад, ки намояндагони давлат дар хориҷ аз манфиатҳои шаҳрвандон ҳимоят мекунанд ё аз мақоми худ барои манфиатҳои дигар истифода мебаранд.

То замоне ки ин саволҳо посухи мушаххас нагиранд, фаъолияти намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Русия, фаъолияти полковник Муҳиддин Маҳмудов ва масъулияти роҳбарияти вазорат мавзуи таҳқиқи «Ислоҳ» боқӣ хоҳад монд.

Share This Article