Аз Душанбе, Рӯдакӣ, Дӯстӣ, Қубодиён ва Ваҳдат номаҳо вориди суроғаи электронии «Ислоҳ» шудаанд,ки онҳоро барои нашру пахш омода ва инак пешниҳодатон намудем.
Бинобар навиштаи муаллифи нома аз Душанбе дар ҲХДТ омодагӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2027 шуруъ шудааст ва барои ин кор аз ҳоло ситоди интихоботӣ ташкил кардаанд.
Номаи омада аз Рӯдакӣ дар бораи раиси ин ноҳия Нусратулло Салимзода суҳбат мекунад. Салимзода навиштааст муаллиф барои пул шуда ҳатто домҳои баландошёнаи садамавиро қабул карда истодааст ва гуфтааст, ки ӯро шахсан худи Ҷаноб фармудааст, ки Рудакиро хушру кунад.
Номаи Дустӣ кутоҳ аст. Муаллиф аз як мансабдоре, ки заминҳоро чапу рост фурухта истодааст, шикоят кардааст.
Муаллиф номаи Қубодиён барои нашри номаи қаблиаш дар«Ислоҳ» изҳори сипос карда гуфтааст, ки таҳти таъсири он нома раиси ноҳияро аз кор гирифтанд. Вале ҳамоно мушкилот бартараф нашудааст.
Хабарнигори ҷамоатии мо ин бор низ аз Ромит маълумотҳои ҷолиб ва охирин хабарҳоро фиристодааст. Номаи Ромит ин анҷомбахши ин шумораи барномаамон аст.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз шаҳри Душанбе бароятон менависам. Аз ин нома хоҳед пай бурд, ки муаллифи он чи касе аст, агарчи қаблан ҳам номаҳои навиштаи маро чоп кардаед, вале на шумо ва на ман, киву чи кора будани маро напурсидаеду нагуфтаам.
Вақтҳои ахир чораву корҳо барои таблиғу ташвиқи Рустами Эмомалӣ ҳам дар шабакаҳои телевизионӣ ва ҳам дар расонаҳо хеле авҷ гирифта истодааст. Ташкили сафарҳои вай ба хориҷа ва махсусан ба Узбекистону Қазоқистон ва дидору гуфтугӯҳояш ба президентҳои ин кишварҳо беҷиҳат нест. Шояд дар ояндаи наздик аз ин гуна кору амалҳо боз бештар шавад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки ба интихоботи навбатии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз як сол ҳам камтар вақт мондааст. Интихоби гузаштаи президентӣ дар Тоҷикитон моҳи октябри соли 2020 баргузор шуда буд.
Як рафиқи наздикам дар ҲХДТ масъулияти муҳимеро иҷро мекунад. Гоҳ-гоҳе бо вай мешинам. Аз ин тарафу он тараф суҳбат мекунем. Вай гуфт, ки барои интихоботи оянда аллакай ситод-штаб ташкил кардаанд. Штаби ҳизбӣ. Вазифа чунин будааст, ки интихоботи оянд бояд чунон баргузор карда шавад, ки ҳамааш росту табиӣ ба назар намояд. Ин ҳамсоя гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд ин бор Рустами Эмомалӣ номзади ҲХДТ барои курсии президентӣ мешавад. Аз ҳамин ҳоло ба корхонаҳои давлатӣ, вазорату идораҳо ва ба соҳибкорону тоҷирон барои маъракаи интихоботи президентӣ маблағ таъин карда истодаанд. Яке аз масъалаҳои асосӣ ин аст ки барои Рустам ҳарифони интихоботӣ пайдо кунанд. Ин ҳарифҳо ҳам бояд ҷавон бошанд ва албатта аз ҳизбҳои дигар.
Ба гуфтаи ин рафиқам Раҳмонов шахсан дастур додааст, ки ин ҳарифони Рустам бояд то охирин лаҳзаҳои интихобот тавре пеш раванд, ки ба назар номзадиашон сохта ва ҷаълӣ набошад.
Ҳаракатҳои ба ном сиёсии нав, ки пешбарандаи онҳо ҷавононанд ҳама барои интихобот сохта ва ташкил шуда истоданд. Дар қариби интихобот ҳамааш гуё нафари ҷавон, мутахассиси ҷавон, ояндаи миллат ва давомдиҳандаи кори Пешвои миллат Рустами Эмомалиро номзад пешниҳод мекунанд.
Ин рафиқам гуфт, ки Маликшо Нематов, муовини аввали раиси ҲХДТ ва дигарон шабу руз дар таблиғотанд. Мелесанду мемоланд. Тамом, дунё ба охир мерасад, агар Пешво набошад. Агар Пешво набошад, бояд ҳатман «нишона»-и Пешво Рустам бошад. Бо таййи вақт тавонистанд нафарони пешинаро, ки ҳақиқатҳоро медонистанд, нест ё дур кунанд ва дар гушҳои ҷавонон қиссаҳои бофтаву сохтаро оиди незаменимый будани Раҳмонов ҷогир кунанд. Тавре бояд агитатсия ва пропаганда карда шавад, ки касе беҳтар аз Рустам давомдиҳандаи сазовори кори Пешво нест. Ба гуфтаи ин рафиқам ҳизби халқии демократӣ дар тули фаъолияташ ин хел фаъол набуд.
Вале, гуфт ин рафиқам боз аз ҳолат ва вазъияти оянда дақиқ мешавад, ки Рустам номзад мешавад ё боз ҳам худи Раҳмонов.
Ҳозир гуфт, ин рафиқам таҷрибаи Озарбойҷон ва Туркманистонро омухта истодаанд.
Вале ҳама чиз ба Русия ва Путин вобаста аст. Барои ҳамин ҳоло яке аз масъалаҳои асосӣ, ки дар назди ҲХДТ истодааст, ташкили сафари Рустам ба Маскав ва мулоқоти вай бо Путин аст.Инчунин баргузории интихобот ба моҳи марти соли 2027 ҳам гап гап аст. Хело вазъият тезу танд ва пешгӯйи ношаванда ба назар мерасад.
Хуб, ҳоло бубинем, ки чи хоҳад шуд?
Рӯдакӣ
Пас аз нашри барномаҳои «Ислоҳ» оид дуздиҳову порахӯриҳояш Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Рудакӣ сахт талош кард, ки коре кунаду Президентро бинад. Мурд аз даводавро, ки Раҳмонов ба ноҳияаш ояд. Ба мақсадаш расид.
Тибқи гуфтаҳои Мунира-котибаи Нусратулло Салимзода, «Раис хееела сум ба зани Ҷаноба ройӣ кард, ки Ҷаноб биёя».
Нусратулло Салимзода куни соҳибкорҳоро даронд, ба баҳонаи омадани Президент.
Тамоми иншооти ба фаъолият пардохта дар ноҳияи Рудакӣ садамавию хатарноканд.
Нусратулло Салимзода Рудакиро ба шаҳр табдил доданист. Аммо замини Рудакӣ барои сохтмони баландошёнаҳо мувофиқат намекунад. Ҳамаи домҳое, ки сохта истодаанд, фундаментҳояшон аллакай кафидаанд, дарз хурдаанд, шиштаанд. Ва аз руи меъёрҳои техникаи бехатарӣ садамавианду хатарноканд. Салимзода Нусратулло ҳамаи ин ҳолатро медонад. Хуб медонад. Гуфтаст, ки «ма Ҷаноба гуфтм, ки ҳами хел проблема. Ҷаноб гуфт, ки сохтан бгӣ, хушру шава.Ту да иҷа то мурданта нести ку». Аҷаб.
Бачаи Нусратулло Салимзода мардумеро, ки аз у хона харидаанду аз сифати он норозианд метарсонад, ки «мара крышам Рустами Эмомалиҳай, хап гарден, ки агане ай хоноҳотон мемонен».
Домҳое, ки дар 102-юм микрорайони Душанбе сохтааст, аварийный буда тамоман сифат надоранд. Як даҳшат.
Ҳозир Нусратулло Салимзода бо муовинаш любоф қапидагӣ, Мунираро аҳамият надода истодааст.
Мунира сахт дар хашму ғазаб омадааст, баъзе гапакҳошон баромадаистодааст…
Дӯстӣ
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз ноҳияи Дӯстӣ менависам. Илтимос нашр кунед ва дар видеоятон бигуед. Дар ноҳияи Дустӣ ҳаромхуриву коррупсия дар авҷи аълои худ расидааст. Бекмурод Султон
мардуми мактаби 7 ва 8-ро ранги барда қапидааст. Кадоме дар инҷо хона дорад, бояд дар колхоз барои вай дар заминаш кор кунад, бар ивази як пули ночиз. Як пирсоли камақл аст ин Бекмурод Султон. Заминҳоро через шестёркаҳояш дар номи дигарҳо мефурушад. Дар номаи дигар номи бузҳояшро ҳам менависам.
Ин Бекмурод Султон беҳад аз имону инсоф дур аст. Як мардро, ки мутаассифона,номаш аз ёдам баромад, муллои зӯр буд, заставит кард, ки «хонаҳота фуруш бра на**йша ай иҷа, ҷой т нест гуфтш». Бечора фурухт рафт. Дар ҳамин минтақаи Первоймай аз ҷабри зулми ин нафар на тоҷик ва на туркмен эмин мондааст.
Аммо он мулло донишманд буд, ки бечораро рӯз надод.
Қубодиён
Салом устод Муҳаммадиқбол! Ман яке аз сокинони ноҳияи Қубодиён ҳастам. Мехоҳам чанд шикояти дигари худро ба шумо бирасонам. Ташаккур, ки номаи шикоятии ман дар барномаи «Нома маро алоҳида нашр кунед,№70» дарҷ гардид. Баъди нашри номаи шикоятии ман раиси ноҳияро аз кор гирифтанд. Аммо камбудиҳо ҳамоно бартараф нашудаанд. Он колодеце дар миёнаи роҳ буд, ҳамоно таъмир нашудааст. Балки дар дохилаш як чуб мондагӣ буд, дар нуги ҳамон чуб як салафани сурхро гузоштанду тамом. Охир чаро масъулон ба ин колодец тамоман аҳамият намедиҳанд? Тамоми таксиҳову мошинҳои роҳгузар мегузаранду дашном медиҳанд. Мегуянд, ки охир ҳамин роҳро соз кунед. Ин қадар мошинҳову дучархаҳо дар ин колодец авария мекунанд. Мардум зарар мебинанд, дасту пошикан мешаванд. На танҳо ин колодетс, балки тамоми роҳҳои Қубодиён то Шаҳритус ҷазиранд. Бовар кунед пеши беморхонае, ки Узбекистон сохтагӣ аст, чуноне ки дар навор мебинед, роҳ кандагӣ, пури об. Пешеход гузашта намешавад. Борон боридаву ҳавзи об ҷамъ шудааст. Таксиҳо ба як азоб мегузаранд-лой.
Лаънат кунад Раҳмоновро ба ин давлатдориаш. Мардуми тоҷикро ба бадтарин ҳолат оварда расондааст.
Бекорӣ як тараф, фишор болои мардум як тараф. Боз аз мардум талаб мекунад, ки инҷоро «ихел кунед, ухел кунед».
Акнун аз коргарҳои давлатӣ пули газет- обуна боз ба болои мардуми одӣ омад. Ҳозир аз мардуми одӣ пули газета-обуна гирифта истодааст- 20 сомонӣ ҳар моҳ. Аз аҳолӣ куча ба куча пул ҷамъ доранд.
Маршировка то тамом шуданаш ҷамъ мекарданд. Акнун маршировка буд шуд, боз ба баҳонаи обунаи газета пул ҷамъ карда истодаанд. Мардум чи кор мекунанд ин газетаро? Газетаҳояшонро фақат барои бумагаи туалет истифода баред мешавад. Ягон чизи хуб надорад. Ҳамааш таърифи пеш**би миллат аст.
Дар вақти студентиам як муаллима доштем, антропология дарсамон медод, аз Ҳисор буд. Вақте газета тақсим мекарданд дар аудитория- синфхона, баъди дарс муаллима ба ман мегуфт ҳамон газетаҳоятонро серавно намехонед, ҳамаашро ҷамъ кунеду диҳед. Баъд ман пурсидам, ки муаллима ин қадар газетаро чи кор мекунӣ?
Оҳист гуфт, ки ба туалет мебарам ва хандид. Ман гуфтам, ки газета намехонӣ? Гуфт дар ин газета ҳеҷ чи нест, фақат пеш**би миллатро таъриф мекунанд, тамом,ягон чизи хуб нест. Ин газетаҳоро дар туалет истифода мебараму халос гуфту хандид муаллима.
Ана ҳамин аст давлатдории лаънаткардаи Раҳмонов.
Бовар мекунӣ, дар роҳи Қубодиёну Шаҳритус меравӣ дар роҳ таксиҳо Азизмои газетхонак ва пеш*би гарданбалонигазиро ҳақорат мекунанд. Роҳҳо дар бадтарин ҳолатанд.
Боз як чизи дигарро қариб фаромуш мекардам. Бовар кунед, ки ин амниятиҳои ноҳияи Қубодиён беҳад кофир ва беҳад беимонанд. Зидди дин мубориза бурда истодаанд. Омузгоре, ки ба ҳаҷ сафар кунад, аз ҳаҷ баргашт дар мактаб кор намегиранд. Мегуянд, ки ту ҳаҷ рафтӣ, омадӣ ба кудакҳо таълими динӣ медиҳӣ. Ва бо ҳамин гапҳо муаллимаву муаллимҳоро аз кор пеш карда истодаанд. Охир, ин лаънатиҳо девона шудаанд. Охир 99% мардуми тоҷик мусалмон аст. Касе меравад ба ҳаҷ биравад. Одамҳо эътиқод доранд ранги шумо кофир нестанд.
Бовар кунед, ки Тоҷикистон аз Кореяи шимолӣ ҳам бадтар шудааст, на озодии либос, на озодии мазҳабӣ, на озодии сухан, на ҷойи кор ҳаст. Охир, дигар дар Тоҷикистон мардум чи ҳуқуқ ва озодӣ доранд?
Ин саволро мехоҳам ба пеш**би миллат диҳам. Ин чи давлату давлатдорӣ аст? Сонӣ мегуянд, ки ҷавонҳо бероҳа ва бадахлоқ шудаанд. Вақте мардум аз қуръонхонӣ, аз рафтан ба масҷид, аз амри маъруф дур шуд,чи мешавад? Як бор 10 сол пешро бубин. Эшони Нуриддин амри маъруф мекард, ҳоҷӣ Мирзо амри маъруф мекард, мардум камтар гуноҳу ҷиноят содир мекард. Ҳозир зино открито шудааст. Барои ин ҳама вазъу ҳол пеш**би миллат гунаҳгор аст. Ҷавонони то 18 соларо аз рафтан ба масҷид манъ кард. Ҷавон аз 18-сола боло шуд аз куҷо дигар намоз мехонад? Масҷид наравад, насиҳат нашунавад, аз худову расул воқиф нагардад, аз куҷо падару модарашро ҳурмату эҳтиром мекунад?
Ман, бовар кунед, намедонм аз кадом камбудиҳои ноҳия бигуям?
Дар Қубодиён ба беморхонаи сохтаи Узбекистон меравӣ, духтуроне ҳастанд, ки тоҷикӣ тамоман гап зада наметавонанд. Онҳо чи хел кор мекунанд, куҷоро хондагианд, ман намедонам. Я в шоке проста. Барои ҳамин мо аз худи Қубодиён ба Душанбе меоем.
Мо медонем Раҳмонов ба доди мо- мардуми Қубодиён намерасад. Вале худоро шукр, ки шумо ҳастеду дарду шикоятҳои моро нашр мекунед ва ба доди мо мерасед.
Аз мардуми Қубодиён хоҳиш мекунам нигоҳ накунед ва чи камбудиву чи ноадолатиеро, ки мебинед ба «Ислоҳ» нависед, аксу навор фиристед.
«Ислоҳ» ягона расона ва шабакае аст, ки ба доди мо -мардум мерасад. Ман шахсан ҳарчи камбудии ноҳияро дидам аксу навор мегирам, мефиристам, менависам. Шуморо ҳам мардуми Қубодиён барои иҷрои ин кор даъвать мекунам.
Боқӣ дар паноҳ Аллох бошед. Худованд ҳамаи моро аз шарри ин ҳукумати диктатори золим раҳо кунад.
Аз ёдам рафт, ки барои ширкати мобилли Вавилон бигуям. Бовар кунед,устод, ки баъди навиштани номаи шикоятӣ связи симкортҳои Вавилон аз пешина бадтар шудааст. Охир, зани директорашро мушҳову каламушҳо ғозғоз кунанд бо связаш, бигир чораашро бубин, ки дар ҳар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар бораат менависам. Бигир дуруст кун. Мо пул медиҳем, чаро кор намекунад. Гоҳо, рӯзҳое мешавад, ки рӯзи дароз кор намекунад.
Боз, ҳатман менависам.
Ваҳдат (Ромит)
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Дар бораи хабарҳои охир ва қиссаҳои дигари Ромит бароятон мегуям.
Дар барномаи ахир, ки дар бораи бачаҳои мо дар группаи Ромит гап задед, ҳамон группаи пулҷамъкунӣ, ҳоло ана ҳамон хел группаро ковучов карда истодаанд. Ин қасамдиҳиро бин, ин кӣ аст, чи аст, кӣ бошад дар даруни 280 -290 одам? Дар группа боз инхелин ҳам доштаем.
Ин группа ҳануз дар солҳои карантини коронавирус ташкил шуда буд. Он солҳо ба воситаи ин группа аз ҳар сари одами дар муҳоҷират буда аз Маскав, аз Санкт-Петербург, аз Красноярску Тюмен ва аз ҳамаи шаҳрҳои Русия, аз Алма-атову аз Остонаи Қазоқистон пул ҷамъ мекарданд. 10-11 миллион рубл ҷамъ шуда буд. Вале аз он пул мумкин ду-се миллионашро дар вақти карантин расход карда бошанд, дигари он пул номаълум куҷо шуд?
Ин гурупи вотсапӣ дар картаи Наврӯзи Хайрулбашар,ки картаҳои Амонатбонк, Душанбе Сити, Ориёнбонк, Спитаменбанк пулҳое ворид мешуданд дар дасти ин гург мехурданд пулҳо. Агар 10 ҳазор сомонӣ масраф мекард дар беморони коронавирӯс ё маргу мири касе ҳисобот медод 20 ҳазор сомонӣ масраф шуд. Касе намегуфт чаро инқадар? Агар пурсад касе ту хоинӣ мегуфтанду бо ҳамин тамом. Акнун хулоса бароред чи гуна мардумро ғорат карданд.
Қорӣ Шоҳасан Мирзокаримов боз ҳамон гапҳои пешинаашро такрор карда истодааст. Гуфтааст, ки бояд телефонҳои бачаҳои группаро тафтиш кунем. Аммо наметавонад. Чунки як қисми ин бачаҳо дар Русияанд, барнагаштаанд.
Ин Қорӣ Шоҳасан Мирзокаримов ҳама медонад, ки барои онки ҷиянҳояш ба хизмат нараванд ҳатто бачаи дигарҳоро бо фиреб ба хизмат бурд. Вай тоб дода аз Убара (Навободи имрӯза) як ҷавонро маҷбурӣ, бо роҳи фиреб, бо овардани ҳадис, ки дар ватан хизмат кардан аз гушаи имондорист, ба хизмат роҳӣ кард. Ӯро фиреб дод, ки замин барои участкаи наздиҳавлигӣ ё як квартираи 2 комната аз Ваҳдат пешвои миллат медиҳадат. Аммо чизеаш надоданд. Ҳодисаи дигар ин аст ки Маъруф Ҷайлобови бачаи Гурез, ки муаллим аст дар моҳи рамазон дар мактаб бо Мунира 18 + карда буд. Як муаллим мебинад, мегуяд ин хел накунед, талабаҳо чи ёд мегиранд? Маъруф Ҷайлобов Ҷовид Каримовро занг мезанад ва ин муаллимро таҳдид карда мегуянд, ки даҳанатро пуш, вагарна бо моддаи 307 меравӣ.
Бинобар маълумоте, ки ба дасти мо расиду ман ҳамчун хабарнигори тими «Ислоҳ» дар Ромит онро ба шумо ва бинандагони сершуморамон расонам.
Баъди бозгашт аз тамошои ҳавзҳои моҳии Азизмо дар Ромит Раҳмонов СС.Ятимови махуфро фарёд карда гуфтааст, ки «бачаҳоят кор накарда истодаанд. Ҳамон номанависро наёфтанд. (Устод, ман дар бораи Саидмуҳриддин Сайфов, ки гуё соҳиби ин ҳавзҳо аст маълумот ҷамъ карда истодаам. Вай шахси подставной аст. Соҳиби ҳавзҳои моҳии Ромит дар асл Азизмои газетхонак аст)
СС.Ятимов дар ҷавоб гуфтааст, ки бачаҳо маошашон кам аст, хона надоранд, ки онҳоро таъмин кунем.
Раҳмонов гуфтааст мепушем ягон хона-дом барои амниятиҳо. СС.Ятимов гуфтааст, то мепушонем, ки 5-6 сол мегузарад. Маошашон намерасад. 3000- 4000 сомонӣ намерасад.
Раҳмонов норозигӣ кардааст, ки ту соз накофта истодаӣ. Гуфтааст роҳаш ҳаст. Роҳи осонаш.
Ҳамон хоинҳо рост мегуянд. Аз раиси Рудакӣ Нусратулло Салимзода аз Музаффар Юсуфии Прокурори нақлиёт,аз онҳо пул гир, хотяби ба ягон 40-50 нафараш хона гирем диҳем. Дилашон гарм шавад. Аз Ҳабибулло Воҳидзода, аз Қофлонбой-Раҷаббой Аҳмадзода бигир. Гуфтааст, ки инҳо барои кормандонат ё хона харанд ё пулашро диҳанд. Гирему ба бачаҳо диҳем, ки дар Ромит кор кунанд.
Ҳамаи территорияи Ваҳдатро полний дар контрол гиранд, ки кӣ чи кор мекунад. Сахт бояд дар Ваҳдат биистанд.
Аммо бачаҳои СС.Ятимови махуф мегуянд, ки «руша сиё мекунад и муаллим, мегирад ишам ба ҷиянҳои худаш ва ба одамҳои худаш медиҳад. Як каса як чи намедиҳад. Ман 8 сол кор кардестам. Ҳичи намедиҳанд вай, ки хона аст».
Раҳмонов Рустамро гуфтааст, ки «агар ту ҳам омадӣ СС-ро аз кор нагир. Ту маро гуфта истодаӣ гир гир. Ҳамин аст ки амниятамонро таъмин карда истодааст. Давраи ҳоҷӣ Ҳалим исправит карда буд. Одамҳои ҳамин карданд. Ӯро аз кор гирем пагаҳ дар Тоҷикистон чи кор мегузарад». Мақсадаш инки бимон кор кардан гирад.
Рамазон Раҳимзодаи—Буқача ба бачаҳои худаш шароитро соз кардааст дар Ромит, хона гирифта додааст. Аз Қофлонбою Музаффар Юсуфию аз Салимзодаи ноҳияи Рудакӣ бигиреду созед, гуфтааст Раҳмонов ба СС ва Рустам.
СС гуфтааст, ки аз ҳама кори вазнинро мо мекунем. Ҳар рӯз мардумро ба идора мо даъват карда метарсонем. Бо 3-4 000 сомонӣ маош. Ин пулро ҳам бо як ҳафта, ду ҳафта задержка медиҳанд. Дар болои номанависҳо сахт кор карда истодаем»
Бинобар маълумотҳое, ки мо гирифтем шакку шубҳаашон аз кормандони кони Покрут ва ҳавзҳои моҳӣ ва чанд нафар даҳмардаҳо аст. Гуё номанависҳо дар байни ҳаминҳоанд.
Боз аз раисони ҷамоатҳо ҳам гумонбар шудаанд. Гуё баъзе чизҳое, ки дар номаҳо чоп мешаванд, фақат раисони ҷамоатҳо медонистаанд. Агар ҳама он кормандони ин Покрут ва ҳавзои газетхонакам маҳкам кунен боз ҳам мебинед номаҳо дар «Ислоҳ» нашр мешаванд Ин шо Аллоҳ. Беҳтараш зулмро кам кунед, дигар чизе наменависем. Мо мардем Ромитиҳо мисли шумо номард нестем!
