Нолаву лобаи хонуми Абдулло Ғурбатиро Эмомалӣ Раҳмонов нашунид, намешунавид ва нахоҳад ҳам шунид. Ба мисли ин хонум, ки тоза нахустин фарзандашро ба дунё овардаасту модар шудааст, даҳҳово садҳо модарону ҳамсарони ҳамқисмат бо вай бо умеди додхоҳӣ, ҳақталабӣ ба Раҳмонов рӯйи ниёз оварданд аммо садои онҳо дар гулӯяшон буғӣ ва баста шуданд, шевану шикояти онҳоро нашунид, ки нашунид.
Танҳо Ғурбатӣ нест, ки айнан ва бо ҳисобҳои пешакӣ дар шабурӯзҳои ҷашни таваллуди Раҳмонов қурбонӣ мешаванд. Мисли онки аз ин ҳама Раҳмонов хушаш меояд, хурсанд мешавад. Ва, судяву раиси Суду дигар ниҳодҳои татбиқи ҷазо ҳам ӯро хуб омӯхтаанд, ки бо чи коре мешавад ӯро хурсанд кард. Бо ҷазо, ва он ҳам чи ҷазое, Раҳмонов сахт хушҳол мешавад ва бахусус дар рӯзи таваллудаш- «сюрприз»! Ёдатон бошад Муҳаммадрӯзи Искандаров, раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистонро ҳам айнан дар ҳамин рӯзи таваллуди Раҳмонов ҳукм содир карда буданд. Метавон боз чандин ҳолату лаҳзаҳои монандро инҷо зикр кард. Аммо ҳоло ин қурбониҳои ҷашни таваллуди Раҳмонов аз Муҳаммадрӯзӣ Искандаров-як сиёсатмадор шурӯъ шуда ва то ба Ғурбатии блогер ҳам расид. Дар ҳоле, ки Искандаров як сиёсатмадор як шахсияти миллӣ буд, ки даъвои курсии раёсати ҷумҳурӣ кард, аммо Ғурбатӣ ҳамааш шуда як рӯзноманигор ва як блогере буд, ки танҳо барои касби маош ва пешбурди зиндагӣ кору амал мекард.
“Озода Раҳмону Рустаму Таҳминаву Рухшонаву Фирӯзаву Сомону Анушервону Парвинаву (бовар кунед, ба гуфтан тамом намешаванд, мухтасар мегӯем, ки қавми яъҷуҷу маъҷуҷ) ҳамон рӯз, ба гуфтаи худи Озода дар пушти дастурхони пур аз файзу сипос нишастанду хурданду нӯшиданду рақсиданд, аммо хонаводаи Ғурбатӣ шоми заҳрогин, ҷомаи кулфат ба бар карданду косаи оби сард ба пеш кашиданд”
7уним сол!!!! Худоё, худовандо ҳарчи зудтар бигирад шуморо, ки шурашро даровардед, валлоҳ, ки гузаронидед!!! Охир, барои чӣ? Барои кадом гуноҳ? Фаридуни Озодаву Ҷамолиддинро, ки одамро заду кушт, гурезонидед, Амриддин Нахшови ҷияни Азизмоҳро, ки одамро корд зад, ҷарима кардеду раҳо намудед, аммо Ғурбатиро ба 7уним сол шинонидед! Валлоҳ, ки дар бисот ва бутаи шумо аз одамият ва инсонигарӣ заррае боқӣ намондааст.
“Аммо аз тарафи дигар ҳукми Ғурбатӣ шаҳодат ва далелу гувоҳи он аст ки чи қадар ин Раҳмонов касал, залил, забун, оҷиз, заъиф, осебпазир ва дар ҳақиқат ларзону шикананда ва тарсу аст. Ҳар қадар, ки аз замони раёсати Раҳмонов бештар мегузарад, ҳар қадар, ки гӯиё ҳукумати Раҳмонов «ниҳодинатар», мустаҳкамтар ва муҳкамтар мешавад, аммо дар дарундаруни он ба ҳамон андоза тарсу ваҳшат бештар ҷо мегирад. Ва, аз инҷост ки аз камтарин, хурдтарин, кучактарин, ночизтарин муқовимат ба ларза медарояд. Ҳол агар он муқовимат камтарин асаре ҳам надошта бошад, ба назари Раҳмонов хеле ҳам калону хеле ҳам бузург менамояд.”
Ба хари кӯр ҳам маълум аст, ки ҳукми Абдулло Ғурбатӣ ҳукме нест, ки як судя бароварда бошад. Ин ҳукме аст ки худи Раҳмонов содир кардааст. Бо ин гумону бо ин хиёлу бо ин нияту бо ин бовару бо ин умед, ки «ҳамаро бояд шиканад: «ба сиёсати давлат қуш шудӣ,тамом»». Ҳамаро бояд шиканад! Касеро изну амон надиҳад. «Хоҳ вай як сиёсатмадор аст, хоҳ вай як имомхатиб аст, хоҳ вай як журналист ё блогер аст, хоҳ вай пир асту хоҳ ҷавон» Дар ин кишвар ва дар ин мамлакат ин танҳо Раҳмонов аст ки бояд сиёсат кунад. Ҳар касе дар муқобили сиёсатҳои вай сухан кард, рост меравад зиндон. Ва, агар дар зиндонҳо ҷо намонд, зиндони нав месозаду мебараду ҷо мекунад. Ҳадафи зиндонӣ кардани Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Завқибек Сайидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳамин аст. Гӯё онҳо муқобили сиёсатҳои Раҳмонов гап заданду навор мунташир карданд ва бо…..мухолифин алоқа ва ҳамкорӣ доштаанд. Ҳоло дигар «мухолифин» ба як уъҷуба, ба як устура, ба як душмани китобӣ ва сарсахти Раҳмонов бадал шудааст, ки агарчи чандин сол аст дар кишвар вуҷуд надорад, фаъолият намекунад аммо ҳамоно аз он барои тарс додани мардум истифода мешавад. Бо ин ҳисобу бо ин сиёсат бояд ҳадди ақал 70% аҳолии Тоҷикистон зиндонӣ бишавад.
“Ман бо сароҳат ва қотеъият мегуям ва агар бихоҳед ба азамати Аллоҳи бузург қасам мехурам, ки Ғурбатиро намешиносам, суҳбат накардаам, чи расад ба ҳамкорӣ. Аз дигарҳо ҳам ки пурсидам, айни ҳамин гапи маро такрор карданд. Ҳатто ба яке аз бародарони Наҳзатӣ,ки саломаш навишта будааст носазо ҳам гуфта будааст Абдулло,ки нанависед ба ман ва ман шуморо намешиносаму шинохтан ҳам намехоҳам. Пас, чаро шумо он бечораро туҳмат ба ҳамкорӣ бо мо мезанед? Ба хотири онки бо бачаи вазири адлия ва домоди Суди Олӣ баҳс кард? “
Шумо, воқиан ҳам гузаронидед. Ҷони мардумро ба ҳулқумаш расонида истодаед! Наход барои ҳиҷчӣ 7 уним сол диҳед? Ва,он ҳам дар зиндони «строгий». Мехоҳед чи кор кунед? Боз ҳам ба азамат ва бузурги Аллоҳи бузург қасам, Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва ҳар касе дигарро ҳам, ки бо ин гуна методҳои ғайриинсонӣ мебареду мешинонед, ҳеҷ муродатон ҳосил намешавад. Мо, корамонро, ҳарфамонро, хабару гузоришу наворамонро мекунем, мегӯем, пахшу нашр мекунем.
Агар Ғурбатӣ ва ё Пирмуҳаммадзода зиндонӣ бишавад, зиндагӣ хотима намеёбад. Шумо медуздед, мебалъед, зулм мекунед, ҳукм мебароред, мо мегӯем ва мардумро ва ҷаҳонро аз кору кирдори шумо огоҳ месозем. Огоҳ месозем, ки чи гуна як тоифаи бешарафи беномуси азхудобаргаштаи ҷиноятпеша ҳукумат ва қудратро идора карда истодааст.
Боз ҳам мегӯям, ки ҳукми Ғурбатӣ ҳукми суд ва судя нест
Ҳукми Абдулло Ғурбатӣ ҳукми Раҳмонов аст. Раҳмонов Ғурбатӣ ва ғурбатиҳоро «турма» карда истодааст ки Сомону Исмоилу Анӯшервон «проблема» надошта бошанд, чун худаш бо маҳкум кардани Муҳаммадрӯзӣ Искандарову Ғаффор Мирзоеву Ёқуб Салимову Зайд Сайидов ва даҳҳову садҳои дигар гӯё «проблема»-и худро ҳал кард.
Аммо, бубинед, ки сатҳу дараҷааш то чи ҳад уфтод, поин омад? Агар ин шахсиятҳо, чуноне гуфтам, сиёсатмадору пулдор буданду тарафдор доштанду кадом даъвое ва ё нияте дошта буданд, ҳоло Абдулло Ғурбативу Пирмуҳаммадзодаву Сайидаминиву Далери Имомалӣ, ки чизе нагуфтаанд, на ҳизбе доранду на даъвои курсӣ кардаанд. Барои ҳамин ҳам мегӯям, ки дигар тарсу ваҳшат ҷисму ҷони Раҳмоновро фаро гирифтааст, ки аз ҳамин журналисту блогер эҳсоси хатар ва тарсу ваҳшат мекунад. Дигар аз вазиши бод, лаппиши мавҷи ҷуйбор, хишхиши шохи дарахт, рашъа дар андомаш меафтад. Мабодо аз пеши Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин наомада бошанд, бо онҳо ҳамкорӣ надошта бошанд, дигарҳоро вайрон накунанд, бояд зуд пеши роҳашро бигирифт ва филҳол ба Рамазон Раҳимзода ва СС.Ятимов фармони «фас» медиҳад. Юсуф Раҳмон ку дигар қудаанда шуд. Шермуҳаммади Шоҳиён, ки барвақт саис аст, як нуки қамчинро нишон деҳ, тамом, чорхез мезанад.
Агар ин афрод, ки номашон зикр шуд, як майда хуни инсонӣ дошта буданд, ба Раҳмонов мебоист мегуфтанд, ки дуои ин мазлумон оқибат мегирад, набоядам то ин ҳад бошад. Аммо ин вазири милиса, вазири кгб, раиси суд ва прокурор ҳам миҷозу Раҳмоновро хуб омухтаанд, ки бо айни ана ҳамин гуна ҳукуму ҷазоҳо вай шод мешавад, ҳукуматашро устувортар ва боқувваттар ҳис мекунад. Яъне то ман ҳастам ва то ман зидди ҲНИТ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионӣ ҳастам, ҳар касе ки бо онҳо аст ва ё ҳавои онҳоро дорад ва ё мисли онҳо интиқод мекунад, дарди сар меофарад, бояд зиндонӣ ва кушта бишавад. Вале, вақту соате расид, ки назари ман дигар шуд, боз ҳам фикру назари манро дуруст ҳисобад ва талқин кунад. Масалан ман чандин сол ба Узбакистон душман будам, шумо ҳам ба дунболи ман будед, ҳоло ки дӯстам шумо ҳам дӯст ҳастед ва ё инки Эронро бигирем, ки чанд сол ман «кишвари дар нохунак дӯст» гуфтам шумо ҳам такрор кардед, ҳоло ки аз Эрон абобил мегирам шумо ҳам бо Эрон дӯст бишавед.
Акнун имрӯз ҳамин Узбакистону ҳамин Эрону ҳамин Муҳиддин Кабириву ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддину дигару дигарҳо Абдулло Ғурбатӣ аст. Барои ҳамин Ғурбатӣ бояд сахт шинад.
“Боз ҳам мегуям, ки «ма да поф…й», ки кӣ чи мегуяд: ОБСЕ чӣ мегӯяд, ООН чи мегуяд, Амрико чи мегуяд…пофик. Барои ман муҳим Путин аст. Ин Путин аст ки ман имрӯз боз поҳоям дар дастҳоям бо сару калаам давида-давида Санкт –Петербург рафта истодаам.»
Барои Раҳмонов аслан фарқе намекунад ва аз кучаи сиёсати берӯна ва радабандиҳое кишварҳо ва муассисаҳои хориҷӣ,ки чӣ мегӯянд. Аммо барои сиёсатмадорони давру бараш ва дипломату стратегҳояш чӣ ? Наход то ин андоза кавдан бошанд ва ё ин ҳама ҳолату вазъро ба ин бе хирад нагӯянд,ки ин кор оқибати бад ва шуме дорад. Ҷойгоҳи давлатро дар арсаи шохиси индексҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқӣ пойн мебарад. Охир чанд бор сарашро аз қоғаз бардошта гуфт: “мо ҳам мисли дигар кишварҳо дар созмонҳои бонуфӯз як садо дорем” Охир бо ин амалҳо аз он як садо маҳрум мешавад давлат. Агар ҳаминхел фаҳмонед мефаҳмидагист.
Ҳузури намояндаи САҲА, хонум Тереза Рибейро ки дақиқан дар мавриди озодии матбуот феълан дар Тоҷикистон қарор дорад. То куҷо бо ӯ ин масаларо мақомот дар миён мегузоранд муаммо боқӣ мемонад. Чун,ки Раҳмонов танҳо аз муассисаҳои хориҷӣ ва кишварҳо пул мехоҳад, на амалкардан ба муқаррароти байналмилалӣ. Ӯ ҳамон як овоз дорам мегӯяду тамом. Аслан барояш дигар муқаррароте таъсиргузор нест. Феълан дар побусии Путин қарор дорад ва “не до этого” барои ӯ.
Аммо нуктаи дигаре, ки дар анҷоми ин навишта мехоҳам тазаккур бидиҳам ин аст ки вазъу ҳоли Раҳмонову Путин дар ин авохир хеле баҳам шабоҳат дорад. Аз дасти Путин русҳо доранд аз ватанашон фиро мекунанд, ҳатто ҷонибдоронаш аз канораш канда мешаванд, ҳамчуноне имрӯз дар Тоҷикистон ҳам баъди ҳукми Ғурбатӣ хелеҳо, ки ҳатто сахт ҷонибдори Раҳмонов буданд аз вай дилсардии худро буруз медиҳанд. Номашро намеоварам, ҷинсашро ҳам зикр намекунам, вале як нафар журналист, ки ҳар аз гоҳе булфузулӣ мекунад, гоҳе ба наълу гоҳе ба пошна мезанад, он қадар оҳу воҳ кардааст, ки «акнун забонҳои бастаи журналистика ….андеша изҳор кунанд,….имсол барои ҳамкасбони ман соли пурмоҷаро буд…» ва аз ин қабил гилояву шикваҳо, ки чаро 7уним сол? Яъне, оқибат таркидаст, ки ҷабру зулм шуд истодааст, мисле, ки ин ҷабру зулм имсол буд, ҷабру зулми ниҳодина шударо акнун мебинад, ҷабру зулми беш аз сисоларо. Вале, маъаласаф аз асп фуруд омадаву рикобро раҳо намекунад ва менависад,ки «Дар бораи онки ҷуръат сархӯр аст ё сархӯрони бурунмарзӣ ҷавонҳо моро ба дом кашида тавониста бошанд»?
«Сархӯрони бурунмарзӣ»-яъне мо?
Намедонам ба ин муаллиф чи бигӯям. На, валлоҳӣ медонам, ки чи бигӯям. Аммо ин бор сукут мекунам, чун дар ҳар ҳол кам ҳам бошад, чизоеро гуфта истодааст. Фақат хоҳишам ин аст як бор барои ҳадди ақал биандешад, сахт биандешад, ки дар асл сархӯрҳо дар беруни марзанд ё дар дохил?