ТАМАДДУНҲОИ ҲОКИМ ВА ДИНҲОИ ҚАБЛ АЗ БИЪСАТ
1.) Императории Рум.
Империяи Руми шарқӣ, ки ҳамчун империяи Византия шинохта мешуд, Юнон, Осиё, Сурия, Фаластин ва ҳама шаҳрҳои атрофи Баҳри Миёназамин, Миср ва Африқои шимолиро зери султаи худ қарор дода, шаҳри Қустантиния (Истанбул)-ро маркази худ муққар сохт. Империяи Рум як давлати золимпешае буд, ки ҳама кишварҳои зери тасаллуташро аз ҳар гуна баҳрабардориҳо маҳрум сохта, зери зулму таадӣ ва ҷабру ситам қарор дода буд ва танҳо худ ба таври орому осоишта ба сар мебурд. Дар ҳамин асно, Миср арсаи зулми мазҳабӣ ва бадтарин навъи истибдоди сиёсӣ шуда буд ва Румиён онро барои худ ба манзалаи гусфанде, ки аз шираш истифода мешавад, аммо ба андозаи кофӣ алафу ғизои муносиб дода намешавад, қарор дода буданд.
Дар Сурия низ зулму ситами ғуломдорӣ ривоҷ ёфта буд ва барои раҳбарии онҳо, Румиён фақат аз зури қудрат истифода мебурданд. Бо вуҷуди он ки дар таҳти тасарруфашон қарор доштанд, барои Суриягиҳо ҳеҷ нармише нишон намедоданд ва гӯё, ки бегона бошанд, барояшон арзише қоил набуданд, то ҷое ки онҳо маҷбур буданд барои пардохт намудани қарзҳояшон, фарзандонашонро ба фурӯш монанд.
Зиндагии Румиён пур аз зиддияту ихтилофот ва бесарусомониҳо буд, ки дар китоби «Ал-ҳазорату мозийюҳо ва ҳозируҳо» чунин тавсиф шудааст: «Зиндагӣ ва иҷтимои Румиён ғарқи бесарусомониҳои ваҳшатнок гашта буд, майл ва рағбати динӣ дар зеҳни мардум ҷойгир шуда, раҳбоният ҳама ҷоро фаро гирифта буд ва марди одии аз улуми динӣ ноогоҳ ҳам дар баҳсу мунозираҳои амиқи динӣ мудохила менамуду худро машғули он месохт. Гӯё ки ҳаёти мардуми оддӣ ба пайравии мазҳаби ботиния табдил буд, чунки аз як тараф худро сахт ба дин алоқаманд нишон дода, аз ҷониби дигар побанди ҳавасрониҳову дилхушиҳо буданд, то он ҷо, ки майдонҳои бозие мавҷуд буд, ки ҳудудан гунҷоиши ҳаштод ҳазор нафар мардумро дошт ва он ҷо мусобиқаҳои гуштингирӣ байни мардҳо ва гоҳо байни мардону ҳайвонҳои ваҳшӣ баргузор мешуд. Ҷамъияти мардум дар майдон ба ду гурӯҳ, як гурӯҳ бо либосу ҷомаҳои кабудранг ва гурӯҳи дигар бо либосу ҷомаҳои сабзранг тақсим мешуданд. Зебоиву зинатро дӯст медоштанд ва низ ошиқи дуруштию ваҳшигарӣ буданд. Бозиҳои онҳо бештар ба хунрезӣ ва зарари ҳамдигар ба поён мерасид. Зиндагии бузургон ва пешвоҳояшон бошад танҳо аз ҳавову ҳавас, мастию шухӣ ва урфу одатҳои пучу бемаънӣ иборат буд».
2.) Императории Форс.
Империяи Форс, ки бо номи давлати Форс ё Кисро ёд мешуд, аз империяи Руми шарқӣ бузургтар буд. Дар давлати Форс динҳои мунҳариф (ба каҷӣ майлкунанда) монанди Зардуштӣ ва Монавӣ, ки дар ибтидои садаи сеюми мелодӣ аз тарафи Монӣ таъсис шуда буд, ҳукмфармоӣ мекард. Баъдтар, дар ибтидои садаи панҷуми мелодӣ, дини Маздакия ба вуҷуд омад, ки моликияти шахсиро барҳам зада, молу дороии шахсро мансуби ҳама эълон кард, истифода ва соҳиб шудани онро барои ҳар кас раво донист, ки ин сабаби ҳамла ба кишоварзон, бештар гаштани ғорати қасрҳо аз тарафи ошӯбгарон, ба асорат гирифтани занон ва соҳиб шудани замину моликияти мардумон гашт. Дар натиҷа бештари замину киштзорҳо ба хароба табдил гаштанд, ки гӯё қаблан он ҷо касе зиндагӣ намекард. Ҳукми подшоҳӣ ба мерос бурда шуд ва фарзандон аз падарон подшоҳиро мерос гирифта, худро болотар аз дигар мардумон мепиндоштанд, зеро худро аз насли худоён мешумурданд. Ҳама дороӣ ва сарвати мардумро моли худ ҳисобида, онро ҳамон тавре, ки мехостанд, тасарруф менамуданд. Бисёри кишоварзон аз сабаби вазнинии андозу молиёт, хидмати маҷбурии аскарӣ ва иштирок дар ҷангҳои солҳо давомдошта байни Форс ва Рум, ки дар он ба мисли ҳезуми беарзиш нест мешуданду ҳеҷ нафъе барояшон надошт, заминҳоро тарк намуда, ба дайрҳову маъбадҳо паноҳ мебурданд.
3.) Ҳинд.
Ҳамаи таърихнигорон бар ин назаранд, ки пасттарин ва ториктарин замон барои Ҳиндустон аз ҷиҳати диндорию ахлоқ, иҷтимоу сиёсат, аз ибтидои қарни шашуми мелодӣ шурӯъ шуда буд, чунки дар ин давра бадахлоқию беорӣ ҳама ҷоро фаро гирифта, то ба ибодатгоҳҳо паҳн гашта, мазҳаб ин бебандуборӣ ва пастахлоқиро муқаддас меҳисобид. Занро ҳеҷ шаъну шарафе боқӣ намонда, ҳатто одати оташ задани зани шавҳармурда ривоҷ ёфта буд ва Ҳинд байни дигар давлатҳо дар фаҳш ва бадахлоқӣ ҷои намоёнеро ишғол менамуд, зеро худи ин амалҳо тобеи қонуни сиёсӣ ва диние буданд, ки онро соҳибон ва ҳокимони шаръии Ҳинд асос гузошта, ҳамчун қонуни ом байни муҷтамаъ маҳсуб ёфта буд, дастури ҳаётии ин қавм гашта буд. Ҳинд дар ҳолати беназмӣ ва порашавӣ қарор дошту ба чанд аморат ва ҳокимият тақсим шуда буд, ки машғули тохтутозҳо ва набардоҳо байни худ буданд. Аз дигар тамаддунҳои дунё дур монда, сахтгирӣ дар дин, одобу одот, табақабандӣ байни мардум, таассуби хунӣ ва қавмӣ онҳоро фаро гирифта буд.
Муаррихи Ҳинд (устоди яке аз донишгоҳҳои Ҳиндустон) дар мавриди Ҳиндустони пеш аз ислом чунин мегӯяд: «Мардуми Ҳинд аз дунёи воқеӣ дур монда, танҳо ба худашон машғул буданд ва камтарин огоҳӣ аз вазъи дунё надоштанд, ин ноогоҳӣву бехабарӣ мавқеи онҳоро дар дунё заиф сохта буд. Онҳоро сустӣву карахтӣ фаро гирифта, нишонаҳои азбайнравӣ ва пастравии адабу фарҳанг зоҳир гашта, ҳунари меъморӣ, тасвир ва дигар фанҳои зебои ин мардум рӯ ба нестӣ гузошта буд.»
«Ҷомеаи мардуми Ҳинд ончунон хушку бе рӯҳ гашта буд, ки тафовут ва табақабандии бузурге миёни мардум ба вуҷуд омада, ҳатто тафовут миёни як хонавода аз хонаводаи дигаре мушоҳида карда мешуд. Занҳои бевамондаро иҷозати шавҳар кардан намедоданд ва дар хӯрдану ошомидан ба худ сахтгирӣ ва парҳез эҷод менамуданд. Қисмате аз мардум, ки табақаи паст ва нопок шинохта мешуд, маҷбур буданд, ки дар беруни шаҳр ва минтақаи худ зиндагӣ намоянд.»
Мардумони Ҳинд миёни худ ба чаҳор табақа тақсим мешуданд:
1. Браҳманҳо: Ин табақаро коҳинон ва мардони дин ташкил менамуданд.
2. Кшатрийҳо: Ин табақа иборат аз мардони ҷангӣ ва сарбозон буд.
3. Вайшиҳо: Ин табақаро кишоварзон ва косибон ташкил медоданд.
4. Шудраҳо: Ин табақа аз мардони хидматкор иборат буд ва поинтарин табақаи мардум маҳсуб меёфт.
Мардум бар ин бовар буданд, ки Худо «Шудраҳо»-ро фақат барои хидмати ин се табақаи дигар офаридааст.
Чунин тақсимбандӣ ва қонунгузорӣ табақаи Браҳманҳоро манзалат ва маконати воло бахшида буд, ки касе имкони дар баробари ин табақа қарор гирифтанро надошт. Браҳман маъсум ҳисобида шуда, аз ҳама навъи гуноҳон бахшидашуда буд ва ӯ барои ҳеҷ як гуноҳ масъулият надошт, агарчӣ касеро қатл ҳам мекард, бар ӯ ҳеҷ ҳукме ҷорӣ намегардид. Аммо табақаи Шудраҳо бошад ҳаққи соҳиби мол шудан, захира кардани ашё, инчунин ҳамроҳ нишастан бо марди браҳманӣ ё даст задан ба тани браҳманро надошт ва аз таълиму хондани китоби муқаддас маҳрум буд.
4.) Аҳволи динии олам қабл аз биъсати Муҳаммад (с)
Ҳаёти сиёсӣ, динӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии башар, қабл аз равшан гаштани нури ислом поинтарин марҳалаҳои таърихро тай менамуд. Гумроҳию ҷаҳолат тамоми ҷонибҳои ҳаёти инсониро фаро гирифта буд. Торикии ақида, фикр тасаввури инсонро рӯйпӯш сохта, дунёи мардумро гумроҳӣ, ҳавову ҳавас, ҷабр ва худпарастӣ зери сояи худ қарор дода буд.
Динҳои осмонӣ ба сабаби табдилу таҳриф таъсири худро дар зиндагии мардум аз даст дода, наздик ба гум шудани эътибори паёми Илоҳӣ барои мардум гашта буд. Низоҳо, кашмакашҳои ақидатӣ ва тасаввурҳои фосиди пайравони ин адён, таъсири манфии худро гузошта, сабаби ҷангҳои хонумонсӯз миёни онҳо гашта буд. Фасод ва табаҳкорӣ тамоми мардумро фаро гирифта, баъзе аз дин баргашта ва бархе динро тарк менамуданд ва ё аслан майле ба дин надоштанд. Онҳое, ки аз дин мунҳариф нашуда буданд, адади камеро ташкил мекарданд, ки худро барои ислоҳи ҷомеа заиф ва нотавон медиданд ва аз ҳаёти воқеӣ дурӣ ҷуста, баҳри наҷоти худ хилват ва гӯшанишиниро ихтиёр менамуданд. Баъзе мардумон ба таҳрифу табдили динҳои осмонӣ даст зада, шариати Худоро пушти сар мегузоштанд ва аз худ қонун ва шариате месохтанд, ки Худо нафармуда ва бар ақлу фитрат мухолиф буд.
Роҳбарони миллат, ки пешвоёни мазҳабӣ, саркардагон, роҳибон ва подшоҳон буданд, раҳбарии ин фасодро ба зимма доштанд. Дунё дар як шаби торики зулмонии бепоён ва инҳирофи бузург аз дини поки осмонӣ қарор дошт.
Яҳудият.
Яҳудият ба як маҷмӯаи оин ва тақлидҳои кӯр-кӯронае табдил шуда буд, ки онро ҳеҷ рӯҳ ва ҳаёте боқӣ намонда, аз сабаби он ки зери ҳокимияти миллатҳои ҳамсоя қарор дошт ва байнашон иртибот барқарор буд, мутаассир ба расм ва тақолиди онҳо гашта, бештари одатҳои бутпарастиро барои худ пазируфта буд. Чунончӣ дар “Доиратулмаориф”-и яҳудият омада, ки таърихнависони яҳудӣ худ чунин эътироф намудаанд: «Хашм ва нохушнудии паёмбарон бар бутпарастӣ, далолат бар он мекунад, ки бутпарастӣ ва бисёрхудоӣ дар дили исроилиҳо роҳ ёфта, то рӯзи баргашт аз табъиди Бобул ҳамчунон боқӣ буд. Онҳо таҳти таъсири эътиқодоти хурофӣ ва ширкӣ гашта, ба он дил баста буданд ва Талмуд низ худ гувоҳ аст, ки бутпарастӣ яҳудиёнро ҷазб намуда буд.»
Ҷомеаи яҳуд, қабл аз биъсати Муҳаммад (с) ба поинтарин дараҷаи нуқтаи ақлӣ ва фасоди завқи динӣ расида буд, ки агар ба Талмуди Бобул, ки яҳудиён онро беш аз ҳад муқаддас медонанд ва дар қарни шашуми мелодӣ дастраси ом ва мавриди эътибор буд, нигоҳ шавад, баъзе намунаҳои аҷиб аз камақлӣ ва ҷуръати ба Худо ва бозӣ ба ҳақоиқи илмӣ ва дин мушоҳида мегардад, ки хоси яҳудиёни он замон буд.
Масеҳият.
Дар ҷомеаи масеҳӣ нури тавҳид бинобар боло рафтани таъвилоти ҷоҳилон зери пардаи ҷаҳл монда, ихлоси дар ибодати Худо пушти абрҳои сиёҳ қарор гирифта буд. Ҷангҳои хонумонсӯз миёни масеҳиёни Шом, Ироқ ва Миср атрофи ҳақиқат ва моҳияти Масеҳ даргир буд. Хонаҳо, мадрасаҳо ва калисои насоро мубаддал ба қароргоҳҳои ҷангӣ гашта, бутпарастӣ дар ҷомеаи масеҳият бо рангҳо ва шаклҳои гуногун реша давонда буд. Чунончӣ дар китоби «Таърихи масеҳият дар партави илми кунунӣ» омадааст: «Бутпарастӣ рӯ ба нестӣ оварда буд, аммо на ба таври куллӣ, балки то ҳанӯз дар дилҳо ҷӯш мезаду бо номи масеҳият ва зери пардаи он амал менамуд. Ва онон, ки аз маъбадҳои мазҳабии худ ҷудо гашта буданд, шаҳиде аз шаҳидони худро бо лақабе аз сифатҳои илоҳӣ ном ниҳода, барояш ҳайкал месохтанд. Ҳамин тавр ширку бутпарастӣ ба он шаҳидони маҳаллӣ интиқол ёфт ва ҳанӯз ин сада поён наёфта буд, ки шаҳид ва авлиёпарастӣ ба шакли оммавӣ даромад ва бо ин даъво, ки авлиё сифоти Худоро бо худ доранд ва онон восита ва миёнарав байни Худо ва бандагонанд, ба ақидаи наве мубаддал гашт. Ва ҳамон ақидаи ҷадид он аст, ки авлиё сифати улуҳиятро бар асоси ақидаҳои Ирисиён (асли пок) ҳамл намудаанд, ки дар садаҳои миёна, ҳамчун рамзи покию парҳезгорӣ маълум гашта буданд. Идҳои васанӣ ва бутпарастӣ бо номҳои дигар ҷомаи нав пӯшида буд. Тағйирёбии иди Хуршеди қадим ба иди мелоди Масеҳ дар қарни чаҳоруми масеҳӣ шоҳиди он аст.»
Дар Доиратулмаорифи нави католикӣ омадааст: «Дар охири садаи чоруми асри мелодӣ дар тамоми олами масеҳӣ чунин эътиқод зоҳир гашт, ки Худои ягона мураккаб аз се тани муқаддас аст ва ба шакли ақидаи расмӣ, ки тамоми олами масеҳият бар он амал менамуд, мубаддал гашт. Роз ва пардаи ин ақидаи сегона то нимаи садаи нуздаҳи мелодӣ равшан нагашта буд.»
Миёни ҷомеаи насоро ҷангҳое шӯълавар гашт, ки яке дигареро ба куфр ҳукм менамуд, баъзе баъзеи дигарро ба қатл мерасонид. Саргармии насоро ба ҷангу кашмакашҳои дохилӣ, онҳоро аз мубориза бар зидди фасод ва ислоҳи худ ва даъвати омма ба сӯи он чӣ, ки дар он салоҳи башарият аст, боздошта буд.
Маҷусиён.
Маҷусиён аз замонҳои қадим, бо парастиши унсурҳои табиӣ, ки бузургтаринашон оташ аст, шинохта мешаванд. Тамоми гӯшаву канори шаҳрҳоро оташкадаҳое фаро гирифта буд, ки маҷусиён дар он оташкадаҳо машғули парастиши оташ буданд. Дар дохили ибодатгоҳҳо одоб ва шариати хосе вуҷуд дошт, ки маҷусиён аз он пайравӣ менамуданд, аммо берун аз он озод буда, ҳар кас аз ҳаво ва ҳаваси худ пайравӣ менамуд ва ҳеҷ фарқе байни онҳо ва бединон вуҷуд надошт.
Муаррих Донморкӣ дар китоби худ «Эрон дар аҳди Сосониён» табақаи роҳбарон ва мансабдорони маҷусиро васф карда мегӯяд: «Мансабдорони маҷусиро воҷиб ва лозим буд то офтобро рӯзе чор маротиба парастиш намоянд ва изофа бар он бояд моҳтоб, оташ ва обро низ парастанд. Инчунин худро барои хондани дуоҳои махсуси вақти хоб, ҳангоми қазои ҳоҷат, вақти хӯрдану ошомидан ва ҳангоми ғусл кардану мӯй тарошидан ва буридани нохун ва ҳангоми либос ба тан кардану шӯълавар сохтани чароғ, мукаллаф медонистанд. Ва ин ки оташ ҳаргиз хомӯш нагардад ва обу оташ ба ҳам нарасанд ва нагузоранд то маъдани оҳанро занг расад, зеро маъданҳо назди онҳо муқаддас мебошанд».
Пайнавишт:Маъхазҳо.
«Ас-сирату-н-набавия»-и Имом Надавӣ, саҳ. 31.
Ас-сирату-н-набавия»-и Имом Надавӣ, саҳ. 31.
Ас-сирату-н-набавия»-и Имом Надавӣ, саҳ. 38.
Ас-сирату-н-набавия»-и Имом Надавӣ, саҳ. 39.
Дар қонуни маданӣ ва иҷтимоӣ, ки ба номи «Манушосунз» аст, дар бобҳои 1,2,8,9,10 аз рӯи «Сирати Набавӣ»-и Имом Надавӣ, саҳ 38 омада аст.
«Ал-ғурабоу-л-аввалун»-и Салмон Авда, саҳ. 57.
Сирати Набавӣ»-и имом Надавӣ, саҳ. 20.
Ас-сирату-н-набавия»-и Имом Надавӣ, саҳ 21.
Ас-сирату-н-набавия»-и Имом Надавӣ, саҳ. 23.
«Доиратул маъорифи нави католикӣ, мақоли таслис» (14\395).
«Фатҳул араби ли Миср», таъриби Муҳаммад Абуҳадид, саҳ. 37,38,48.
Поёни қисмати аввал идома дорад