Муҳаммад (ﷺ) паноҳгоҳ мехоҳад!
Дар ин рӯзҳои хело сангин ва душвор,ки бар уммати ислом абрҳои сияҳ ва торик соя афкандааст.Вахимтарин ҳолат ва рӯзгорро ин уммати беш аз милларди сипари мекунанд.Набояд озурда ва ғамгину сарафкандаву таслим шаванд.Мехоҳам ин қиссаеки бар паёмбари мо гузаштааст ҳамчун марҳам ва дору бар захмҳои ин уммат бошад.Бо диққат бихонед,то огоҳ гардем чӣ рӯзҳои сангине дар роҳи даъват он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) кашидаанд.
Дар моҳи шаволи соли даҳуми биъсат, мутобиқ ба охири моҳи май ё аввали июни соли 619 м. Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Тоиф қасди сафар карданд. Фосилаи шаҳри Тоиф аз шаҳри Макка ҳудуди 60 мил тақрибан 100 километр аст. Он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин масофати тӯлониро бо пойи пиёда дар ин моҳҳои хело гармои шадид буд рафтанду баргаштанд.
Дар ин сафар бардаи озодшудаи эшон Зайд ибни Ҳориса (р) ҳамроҳи эшон буд.Зайд ибни Ҳориса (раз)ро ҳатто фарзандхонди он ҳазраташҳам мегуфтанд. Дар тамоми масир, дар миёни роҳ ба ҳар қабилае, ки мегузаштанд онҳоро ба ислом даъват мекарданд, аммо ҳатто яке аз он қабоил ҳам даъвати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро иҷобат накарданд.
Вақте ба шаҳри Тоиф расиданд, назди се бародар, ки ҳамагӣ аз сарони Сақиф буданд, рафтанд: Абдиёлил ибни Амр, Масъуд ва Ҳабиб, писарони Амр ибни Умайри Сақифӣ. Бо онҳо нишастанд ва онҳоро ба сӯи Худо даъват карданд ва ба ёрии ислом фаро хонданд. Яке аз онҳо гуфт: агар Худо туро фиристода бошад пардаи хонаи Каъбаро пора кардааст! Дигаре гуфт: Худо ба ҷуз ту дигар касеро пайдо накард?! Саввумӣ гуфт: Ба Худо ман ҳаргиз бо ту сухан намегӯям. Агар фиристодаи Худо бошӣ Ту бузургтарин хатар ҳастӣ, ки ман бихоҳам бо ту ҳамсухан бишавам ва агар дурӯғ бар Худо баста бошӣ сазовор нест, ки бо ту сухан бигӯям. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз назди онҳо бархостанд ва хитоб бар онҳо гуфтанд: « عنّی فاکتموا فعلتم ما فعلتم إذ »
«Ҳол ки бо ман чунин рафтор кардед, дасти кам ин розро миёни ману худ нигоҳ доред!»
Инро ҳисси амниятии волои Расули акрам(салаллоҳу алайҳи васаллам) мегӯянд намехостанд, то касе аз он огоҳ гардад.Ин равишро мо мусалмонон ҳангомеки эҳсоси хатар менамоем аз тарафе бояд истифода намоем.
Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) даҳ рӯз дар миёни аҳли Тоиф ба сар бурданд. Ҳеҷ як аз ашрофи Тоифро фурӯгузор накарданд. Назди якояки онҳо рафтанд ва бо онҳо суҳбат карданд. Ҳама як сухан гуфтанд: «Аз сарзамини мо хориҷ шав!» Ва авбошонро алайҳи эшон барангехтанд ва ба озораш во доштанд.
Вақте ки хостанд аз Тоиф хориҷ шаванд авбошони Тоиф он Ҳазрат (с)-ро таъқиб карданд ва пайваста эшонро дашном медоданд ва бар сари эшон фарёд мезаданд, то ин ки анбӯҳе аз мардуми Тоиф дар атрофи он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гирд омаданд ва дар ду сӯи эшон саф кашиданд ва паёпай ба сӯи эшон санг меафканданд ва бо суханони аблаҳона эшонро озор медоданд. Он қадар бар соқи пойҳои он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) санг заданд, ки наълайни(кафшҳояшон) он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моломоли хун гардид. Зайд ибни Ҳориса (р) хештанро сипари болои он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) карда буд ва заработи сангҳоро ба ҷон мехарид, то ин ки чанд ҷои сари ӯ шикоф бардошт.
Авбошон бар сари он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рехтанд ва ҳамчунон эшонро мезаданд ва таъқиб мекарданд, то он дуро ба боғе, ки аз они Утба ва Шайба писарони Рабеъа буд ва се мил панҷ километр бо Тоиф фосила дошт, расониданд ва бозгаштанд.
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба сӯи дарахти ангур дар канори боғ омаданд ва зери сояи он нишастанд ва ба девор такя доданд. Вақте ором нишастанд ва қадре осӯда шуданд ин дуои машҳурро хонданд, ки нишони таҳоҷуми ғаму андӯҳ бар қалби мубораки он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва баёни шиддати таъсиру таассуф ва афсурдагии он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, аз он бобат, ки ҳатто як тан ба эшон имон наёварда буд:
«Парвардигоро, ба Ту шикоят мебарам аз кам шудани тобу тавонам ва баста шудани роҳи чораам дар баробарам ва хиффату хориям назди мардумон, эй Меҳрубонтарини меҳрубонон.» Ту Худои мустазаъифонӣ ва Ту Худои манӣ, маро ба кӣ меспорӣ? Ба бегонае, ки бо ман пархош кунад? Ё ба душмане, ки зимоми корро дар дасти ӯ қарор додаӣ? Агар бар ман хашм нагирифта бошӣ боке надорам, зеро осоишу оромише, ки Ту бароям медиҳӣ бароям гуворову созгор аст! Паноҳ мебарам ба нӯри ҷамоли Ту, ки ҳар торикӣ ва зулумоте дар баробари он рахт мебандад ва ҳама кори дунёву охират салоҳ меёбад. Аз ин ки хашми Ту бар ман фурӯд ояд ё нохушнудии Ту шомили ҳоли ман гардад, ҳар чи хоҳӣ маро итоб кун, то саранҷом аз ман хушнуд гардӣ! Ҳеҷ касро ҷуз Ту тавону нерӯе нест ба ҷуз ҷониби Ту! »
Фарзандони Рабеъа Утба ва Шайба дар ҳоле сарсахтарин душманони Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи васаллам) буданд ин вазъ онҳоро ором нагузошт. Вазъу ҳоли Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) –ро диданд, ҳисси хешовандии онҳо таҳрик шуд ва ғуломи насронии хешро бо номи Аддос фаро хонданд ва гуфтанд: қадре аз ин ангурҳо бичин ва барои ин мард бибар! Вақте зарфи ангурро пеши рӯи он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ниҳод он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дастонашро ба сӯи зарфи ангур дароз карданд ва гуфтанд: «بسم الله» ба номи Худо ва сипас тановул карданд. Аддос гуфт: ин суханро ҳеҷ як аз аҳолии ин сарзамин намегуфтанд. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ гуфтанд: ту аз кадом сарзаминӣ? Дину оини ту чист? Гуфт: ман насронӣ ҳастам, аҳли Найнаво. Фармуданд: аз шаҳри он марди солеҳ, Юнус ибни Матто? Аддос гуфт: ту Юнус ибни Матторо аз куҷо мешносӣ? Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: ӯ бародари ман аст, ӯ Паёмбар буд, ман низ Паёмбарам! Аддос худро бар сару рӯй ва дасту пои Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) афканд ва шуруъ ба бӯсидан кард.
Фарзандони Рабеъа бо якдигар гуфтанд: ғуломатонро ҳам, ки ин мард аз дастатон гирифт. вой бар ту ин чӣ коре буд, ки кардӣ?! Чаро дасту пойҳои ин мардро мебусиди? Гуфт: эй сарвари ман, дар тамоми рӯи замин ҳеҷ чиз беҳтар аз ин мард нест! Барои ман матлаберо бозгуфт, ки ба ҷуз паёмбар онро каси дигар намедонад. Он ду ба ӯ гуфтанд: вой бар ту Аддос! Мабодо ин мард туро аз дину оин баргардонад! Дини ту беҳтар аз дини ӯст! (1)
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пас аз он ки аз боғи фарзандони Рабеъа берун омаданд афсурдаву андӯҳгин ва дилшикаста роҳи Маккаро пеш гирифтанд. Вақте ба Қарнулманозил расиданд Худованд Ҷабраилро ба сӯи эшон фиристод. Фариштаи кӯҳҳо низ ҳамроҳи Ҷабраил омада буд, то аз он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) касби таклиф кунад, агар салоҳ медонанд ду кӯҳи баланд, ду сӯи Маккаро бар сари аҳли Макка фурӯд орад!
Бухорӣ тафсили ин достонро ба санади худ аз Урва ибни Зубайр (р) чунин ривоят кардааст, ки Уммулмуъминин Оишаи Сиддиқа (р) барои ӯ гуфта, ки рӯзе ба Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: оё бар шумо рӯзе душвортар аз рӯзи ҷанги Уҳуд гузаштааст? Фармуданд: аз қавму қабилаи ту чиҳо дидам, бимонд. Душвортарин озоре, ки аз онҳо дидам рӯзи Ақаба буд. Оину даъвати худро бо Ибни Абдиёлила ибни Абдкулоли матраҳ кардам, муроди маро ҳосил накард ва даъвати маро напазируфт. Ғамгину ғуссадор ба роҳ афтодам. Сарамро баланд кардам дидам, ки қитъаи абре бар сарам соя афкандааст. Нек нигаристам, дидам Ҷабраил аз миёни он қитъаи абр маро нидо медиҳад ва мегӯяд: Худованд суханони қавму қабилаи туро, ки ба ту гуфтанд шунид ва посухи онро дарёфт ва ин ки фариштаи кӯҳҳоро назди ту фиристодааст, то ҳар дастуре, ки роҷеъ ба онҳо мехоҳӣ ба ӯ бидиҳӣ. Он гоҳ фариштаи кӯҳҳо маро нидо дод ва бар ман салом кард, сипас гуфт: “Эй Муҳаммад чунин аст ҳар чи ту хоҳӣ. Агар хоҳӣ, то ду кӯҳи баланди ду сӯи Макка бар сарашон фуруд оварам”! Манзури вай кӯҳи Абуқабис дар як сӯй ва кӯҳи Қуълиқон дар сӯи дигари Макка буд. Набии Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: ман, ки умедворам Худованди Азза ва Ҷалларо ба танҳоӣ бипарастанд ва барои ӯ ҳеҷ шарике қоил нашаванд. (2)
Аз ин ҷавобе, ки Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ироа фармуданд шахсияти мумтози он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) намоён мешавад ва маълум мегардад, ки жарфои хулқи азими Ҳазрати Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) қобили дастёбӣ нест. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба худ омаданд ва қалби муборакашон ором гирифт, зеро медиданд, ки Худованд аз фарози ҳафт осмон ин имдоди ғайбиро барои эшон фиристодааст. Аз он ҷо бори дигар роҳи Маккаро пеш гирифтанд, то ба водии Нахла расиданд ва чанд рӯз дар он ҷо монданд. Дар водии Нахла ду ободии қобили иқомат вуҷуд дорад. Яке Сайлулкабир ва дигар Заима, ки ҳар ду ободу пурмаҳсуланд. Дар ҳеҷ манбаъе наёфтам, ки маҳали иқомати он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар водии Нахла бо таваҷҷӯҳ тайин карда бошанд. Дар аснои иқомати он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар водии Нахла Худованд гурӯҳе аз ҷиниёнро назди эшон фиристод, (3) ки васфи ин достон дар ду мавзеъ аз Қуръон омадааст. Як ҷо дар сураи Аҳқоф ва ҷои дигар дар сураи Ҷин.
«Ва он гоҳ, ки гурӯҳе аз ҷиниёнро назди ту гусел доштем, то Қуръонро истемоъ кунанд». Ҳамин гуна дар маҳзари Қуръон ҳозир шуданд, бо якдигар гуфтанд: сокит бошед! Ва ҳамин гуна тиловати оёти Қуръон поён пазируфт, ҷиҳати анзор ба сӯи қавмашон бозгаштанд, гуфтанд: эй қавми мо, ахиран мо хабар аз китобе шунидаем, ки пас аз Мусо нозил шуда ва тасдиқкунандаи китобҳои пешин аст, ба ҳақ ва ба сироти мустақим ҳидоят мекунад. Эй қавми мо, пайки Худоро иҷобат кунед, ба ӯ имон биёваред, то бахше аз гуноҳонатонро барои шумо биёмурзад ва шуморо аз азоби алим дар паноҳи хеш қарор диҳад.
Сухани худо: « Ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Пас, мо ба он имон овардем ва ҳаргиз касеро шарики Парвардигорамон намесозем.»
(Сураи Ҷин, ояти 2)
Аз Сиёқ ин оёт, ҳамзамон аз мазомини ривоёте, ки дар шарҳи тафсири ин рӯйдод расидааст, бармеояд, ки Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) он ҳангоме, ки ҷиниён ҳузур пайдо карданд ва Қуръонро гуш карданд аз ин ҷараён муталеъ намуданд ва вақте, ки Худованд он Ҳазрат (с)-ро огоҳ гардонид ин ҳузури ҷиниён дар маҳзари Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои нахустин бор набудааст. Аз мазмуни ривоёт чунин бармеояд, ки аз он пас борҳо назди он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои шунидани Қуръон омаданд.
Ҳаққо ин рӯйдод имдоди ғайбии дигаре буд, ки Худованд аз ганҷинаҳои ғайби макнуни хеш тавассути лашкариёни Худ, ки ҷуз Худи Ӯ ҳеҷ касро аз он хабар нест барои он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) расиданд ва он гаҳ оёте, ки дар иртибот ба ин рӯйдод нозил гардид, муштамил бар башоратҳо ва муждаҳои гуногӯне доир бар пирӯзӣ ва мавқеъияти даъвати Расули 1ёй1 Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буд ва ишоротеро дар бар дошт ба ин матлаб, ки ҳеҷ нерӯе аз нерӯҳои офариниш наметавонад монеи пирӯзӣ ва муваффақияти даъвати Паёмбари ислом (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гардад.
Сухани Худо: «То онҳоро биёзмоем дар он (неъмати фаровон). Ва ҳар ки аз зикри Парвардигораш рӯй гардонад, ӯро ба азобе сахт дарандозанд!» (Сураи Ҷин, ояти 17)
«Мо медонем, ки Худоро дар замин ҳаргиз оҷиз натавонем кард ва ҳаргиз, бо гурехтан низ нотавонаш насозем.!»
(Сураи Ҷин, ояти 12)
Дар партави ин имдоди ғайбӣ ва дар партави ин башоратҳо он абрҳои дилсардӣ ва андӯҳу навмедӣ, ки ҳангоми берун омадан аз Тоиф ва ихроҷ шудан аз он шаҳр фазои қалби он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро пур карда буданд, ба каноре рафтанд ва пароканда шуданд. Он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тасмим гирифт, ки ба Макка бозгардад ва ҳамон шеваи нахустини хешро дар ростои даъвати ислом ва иблоғи рисолати худовандӣ бо шуру нишоти ҷадид ва бо ҷиддияту шавқе бесобиқа аз сар бигиранд.
Ин ҷо буд, ки Зайд ибни Ҳориса (р) ба он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: чӣ тавр мехоҳӣ ба он ворид шавӣ, яъне бар Қурайш, дар ҳоле, ки туро ихроҷ кардаанд. Гуфтанд: эй Зайд, Худованд барои ин вазъияте, ки ту менигарӣ роҳҳои раҳоӣ ва шеваҳои халос низ қарор додааст. Худованд пирӯзгардонандаи дини Худ ва чирагардонандаи паёмбари Худ аст!
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) масири хешро идома доданд, то ба наздикии Макка расиданд, дар канори ғори Ҳиро истоданд ва марде аз Хузоъаро ба сӯи Ахнас ибни Шурайқ фиристоданд, то биёяд ва ба он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амон диҳад. Ахнас гуфт: ман ҳампаймон ҳастам ва ҳампаймон наметавонад ба касе амон диҳад! Он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) назди Суҳайл ибни Амр дигареро фиристоданд. Суҳайл гуфт: Бани Омир наметавонад Бани Каъбро амон диҳад!
Он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) назди Мутъам ибни Адӣ (لمطعم بن عديّ،) шахси дигареро фиристоданд. Мутъам гуфт: ба чашм. Он гоҳ аслиҳа баргирифт ва фарзандону мардони қабилаашро фаро хонд ва ба онҳо гуфт: силоҳ баргиред ва дар чаҳор гӯшаи хонаи Каъба камин гиред, ки ман Муҳаммадро амон додаам! Он гоҳ назди Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шахсеро фиристод, ки дохил шавед! Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вориди шаҳри Макка шуданд, Зайд ибни Ҳориса (р) низ ҳамроҳи эшон буд. Ба Масҷид-ул-ҳаром расиданд. Мутъам ибни Адӣ ба пушти маркаби эшон истод ва нидое бардошт. Эй ҷамъоати Қурайш ман Муҳаммадро амон додаам, ҳеҷ як аз шумо набояд монеи ӯ гардед! Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) назди рукни Ҳаҷар-ул-асвад рафтанд ва онро истилом ва хонаи Каъбаро тавоф карданд ва ду ракъат намоз гузориданд ва ба хонаи худ бозгаштанд. Дар роҳи бозгашт ба манзил Мутъам ибни Адӣ ба иттифоқи писараш бо аслиҳа ба он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) муроқибат мекарданд, то ба хонаи хеш даромаданд.
Гуфтаанд: Абуҷаҳл аз Мутъам савол кард: ту амон додаӣ ё пайрави мусалмонон шудаӣ? Гуфт: -на, амон додаам! Абуҷаҳл гуфт: мо низ касеро, ки ту амон додаӣ амон медиҳем! Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин рафтори Мутъамро ҳеҷ гоҳ аз ёд набурданд, чунонки дар иртибот бо асирони ҷанги Бадр фармуданд: «Агар Муътам ибни Адӣ зинда буд ва дар бораи ин ҷасадҳои бадбӯ (дар шарҳи ҳадис асирони Бадрҳам омада аст) бо ман сухан мегуфт, онҳоро ба ӯ вомегузоштам!»
Хулоса:
Хонандаи гиромӣ агар бо диққат ин қиссаи талхи Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам)ро хонда бошед.Агарчӣ он ҳазрат (с) чиқадар аз қавму қабила ва ҳам шаҳриёни худ озору азият дидаанд.Ҳаргиз дилшикаста нашуданду бо ҳикмати аҷиби худ даъваташонро идома доданд.Мушаққатҳое мекашиданд дар ин роҳ сабр мекарданду дуъо мекарданд.Фикр кунед имрӯз 1397 сол бо солшумории мелоди ва 1441 сол ба солшумории ҳиҷри қамари аз он ҳодиса гузаштааст.Имрӯзҳо айнан ҳамон рӯзгоре,ки бар сари Паёмбари мо Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) омада буд бар мо умматону дӯстонаш такрор шуда истодааст.Паёмбаре,ки бо як дуъо ду куҳро бар болои он минтақа метавонист бичаспонад.Паёмбаре,ки ҷуз хайри дунё ва охират бар қавмаш,ки дар атрофаш буданд чизи дигаре намехост.Ӯро бо чунин ҳол оварданд акнун мо ва ту чӣ? Ҳаргиз набояд ноумед аз раҳмати Аллоҳ бошему аз ин дин ва аз даъват даст бикашем.Вақте озоратон доданд,терористу,экстримист ва ҳазорҳо тамғаи дигаре бароятон часпониданду равонаи зиндонатон карданд.Ҳаргиз ғамгин набошед,балке фахр кунед,ки шумо бандагони ихтиёр кардаи Аллоҳед.Аллоҳ ҳама бандаҳояшро ихтиёр намекунад ва ба ин озмоиш гирифтор намекунад. Танҳо бигӯ:Алҳамдулиллоҳ,ки ман аз бандагони муваҳҳиди Аллоҳам ва маро барои иблоғи рисолат ихтиёр кардааст.Ашк гулӯгирам намудааст дигар калимоте наметавонам пайдо кунаму бинависам.Ҳасбуналлоҳ ва ниъмал вакил,ниъмал мавло ва ниъманнасир
Муҳаммадиқболи Садриддин
Манобеъ:
1.Сирати Ибни Ҳошим. Ҷ.1. с. 419-421. Бо талхис.
2. Саҳеҳи Бухорӣ. Китоби Бад-ул-халқ. 3231-7389., Фатҳ-ул-борӣ. Ҷ.6. С.360., Саҳеҳи Муслим. Ҷ.2. С.109.
3. Саҳеҳи Бухорӣ. Китоби салот. Боби ҷаҳр бақра.. салоти фаҷр. Ҷ.1. С. 195.
Сураи Аҳқоф, оёти 29-31.
5. Сураи Ҷин, оёти 1-15.
6. Сураи Аҳқоф, ояти 32.
7. Сураи Ҷин, ояти 12.