Силаи Раҳм ва ҳукми он дар шариъати ислом

Ислоҳ нет

                                                                               Силаи Раҳм ва ҳукми он дар шариъати ислом

                                                                                                           (Ҳукм,қавлҳо,қисса)

 

Шариъати ислом дар мавриди силаи раҳм ё иртиботи қавӣ доштан бо хешовандонро таъкиди хоссе намудааст.Дар оятҳои гӯногӯне онро бо ваъидҳои шадидуллаҳне барои мо мусалмонон баён доштааст.

Аллоҳ Субҳонаҳу ва таъоло дар Қуръони карим мефармояд:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالأَرْحَامَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا} [النساء: 1

Эй мардум, битарсед аз Парвардигоратон, он ки шуморо аз як тан биёфарид ва аз  он як тан2 ҳамсари ӯро ва аз он ду мардону занони бисёр падид овард. Ва битарсед аз он Худое,  ки бо савганд ба номи ӯ аз якдигар чизе мехоҳед  ва зинҳор аз хешовандон мабуред(қатъи робита накуне). Ҳар оина Худо назораткунандаи шумост!

                                                                  (Сураи Нисо,ояти 1)

Абдуллоҳ Ибни Аббос (раз) ҳангомеки ин оятро мехонд ва мерасид ба ин мақтаъ “وَالأَرْحَامَ” чунин мегуфтанд: Аз Аллоҳ битарсед ва бо хешовандонатон, қатъи робита накунед.

Боз дар Сураи муборакаи Рум ояти 38 чунин мефармояд:

 

فَآتِ ذَا الْقُرْبَى حَقَّهُ وَالْمِسْكِينَ وَابْنَ السَّبِيلِ ذَلِكَ خَيْرٌ لِلَّذِينَ يُرِيدُونَ وَجْهَ اللَّهِ وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ} [الروم: 38

Ҳаққи хешовандон, мискин ва дар роҳ мондаро адо кун. Ин  беҳтар аст барои касоне, ки ваҷҳи Худоро меҷӯянд ва онҳо наҷотёфтагонанд.”(Сураи Рум,ояти 38)

 

Боз дар ин оят чунин омадааст:

وَالَّذِينَ يَصِلُونَ مَا أَمَرَ اللَّهُ بِهِ أَنْ يُوصَلَ وَيَخْشَوْنَ رَبَّهُمْ وَيَخَافُونَ سُوءَ الْحِسَابِ .

Онон, ки он чиро Худо ба пайвастани(Аз қабили робитаи инсон бо офаринандаи ҷаҳон, ҷомеъаи инсоният ва ҳамнавъони худ, ба хусус хешовандон ва наздикон.)он фармон дода,мепайванданд ва аз Парвардигорашон метарсанд ва аз сахтии бозхости Худованд бимноканд”(Сураи Раъд,ояти 21)

 

Саъид Ибни Ҷубайр (раҳ) дар тафсири ин оят мегӯяд: Имон овардан ба ҳама паёмбарон ва ба Қуръон инаст,ки мусалмон метарсад аз кандани он робитаеки Аллоҳ амр намудааст.Он силаи раҳм аст ва инро мустаҳкам бояд кард ва аз шиддати азоби Аллоҳ,ки рӯзи қиёмат аст метарсанд.

Аҳодиси бе шуморе дар мавриди силаи раҳм ё пайваста намудани муносибат бо хешовандон омадааст.

 

عن عائشة رضي الله عنها أن النبي صلى الله عليه وسلم قالت: سمعت رسول الله صلى الله عليه وسلم يقول: «قال الله عز وجل: أنا الله وأنا الرحمن خلقت الرحم وشققت لها اسماً من اسمي فمن وصلها وصلته ومن قطعها قطعته، أو قال: بتته أي قطعته» (متفق عليه

Аз Ойшаи Сиддиқа (раз) ривоят аст инки шунидам аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ки мегӯяд: Аллоҳ ҷалла ҷалолоҳу гуфтааст: “Ман Аллоҳ ҳастам ва ман Раҳмонам офаридам раҳмро ва пайваст намудам ба он номе аз номҳоямро.Шахсе пайваст бо он манҳам мепайвандам бо он.Шахсе канда намуд онро,манҳам қатъ мекунам бо ӯ”(Ҳадиси қудсӣ мутаффақун алайҳи)

 

Ҳадиси дигаре дар ин маврид омадааст,ки силлаи раҳмро чунин баён намудааст:

 

عن أبي هريرة رضي الله عنه أن النبي صلى الله عليه وسلم قال: «من كان يؤمن بالله واليوم الآخر فليكرم ضيفه، ومن كان يؤمن بالله واليوم الآخر فليصل رحمه، ومن كان يؤمن بالله واليوم الآخر فليقل خيراً أو ليصمت» (متفق عليه).

Аз Абуҳурайра (раз) аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят аст,ки он ҳазрат фармуданд: “Шахсе имон дорад ба Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат пас меҳмонашро икром(иззат ва меҳмондорӣ) намояд. Шахсе имон дорад ба Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат пас силаи раҳм намояд(бо хешовандонаш пайваста муосибат намояд). Шахсе имон дорад ба Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат пас сухани неке гӯяд ва ё хомӯш бошад.”(Ҳадиси мутафақун алайҳи)

 

Дар мавриди силаи раҳм, аҳодиси хело фаровоне дар Суннат дида мешавад.Силлаи раҳм сабаби афзун гаштани ризқ,баракат дар зиндагонӣ ва хушбахтиҳои зиёди фаровонеро дар пай дорад.

 

Силаи раҳмеки мусалмон ҳатман бо онҳо пайваст бошад ва қатъи робита бо онҳо ҳаром аст кадом хешовандонанд?.

 

Уламо дар ин масъала бар ду қавланд:

 

Қавли аввал ин аст: Он хешовандонеки никоҳ бо онҳо дар шариъат иҷозат нест он даста хешовандон мебошанд.Ончунонеки яке аз онҳо мард бошад ва дигаре зан ва якдигарашонро натавонанд ба никоҳ бигиранд.Мисли  хоҳар,модар,падар,бародар ва фарзандони онҳо.Дар ин қавл писар ва духтари амма,писар ва духтари хола,писар ва духтари тағо дохил намешаванд.Инчунин хешовандони дараҷаи аввал низ ба онҳо мегӯянд.

Қавли дуввум: Ҳама он хешовандонеки дар насаб бо онҳо пайваст ҳастед,чӣ аз тарафи падарӣ бошанд ва ё  аз тарафи модарӣ. Баробар аст,ки маҳрам бошед ва ё не ,мерос баранд ва ё набаранд дохил ва шомили арҳом мебошанд.Мисли Амак,амма писарон ва духтарони онҳо.Тағо,холла духтарон ва писарони онҳо.Бобо ва Бибиҳам шомили ин даста мебошанд.Бар ин қавли дуввум аксари уламо якназаранд.

Уламо силаи раҳмро бо чунин тақсимбандиҳам баён намудаанд:

 Раҳми омма: Онҳое мебошанд,ки шуморо бо онҳо ислом пайваст намудааст.Лозим аст барои ҳар мусалмон,то барои бародар ва хоҳари мусалмонаш пайвасти ногусастани вуҷуд дошта бошад ва ончӣ метавонад барои бародар ва хоҳари мусалмонаш анҷом бидиҳад.Ин силларо имон миёни мо ба ҳам овардааст ва насиҳат,кумак кардани якдигар,дур кардани озору азият аз якдигар бояд вуҷуд дошта бошад.

 

Раҳми Хосса: Онҳое мебошанд,ки бо шумо наздикии хешованди доранд ё аз тарафи падарӣ ва ё аз тарафи модарӣ.Ин даста ҳуқуқҳои хоссе доранд,ки омма онро надоранд.Масалан бештар ба дидор бинии онҳо рафтан,нафақаи лозима барояшон ҷудо намудан,аз ҳолашон ғафлат накардан,дар ҳолатҳои муҳим ва зарурат дар барашон истодан.

 

Раҳми қариби ғайри мусалмон: Ислом иҷозат додааст,то бо ғайри мусалмонҳои бе зарар(ғайри ҷангӣ ва муътадӣ) накӯйи ва эҳсон намоем ва ин амал ҳаром ва манъ нест.Ин амал сабаб мегардад,то дар дили онҳо муҳаббат ба ислом пайдо мегардад.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:

 

لَا يَنْهَاكُمُ اللَّهُ عَنِ الَّذِينَ لَمْ يُقَاتِلُوكُمْ فِي الدِّينِ وَلَمْ يُخْرِجُوكُمْ مِنْ دِيَارِكُمْ أَنْ تَبَرُّوهُمْ وَتُقْسِطُوا إِلَيْهِمْ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُقْسِطِينَ} [الممتحنة: 8

“Худо шуморо аз некӣ кардан ва адолат варзидан ба онон, ки бо шумо дар дин наҷангидаанд ва аз сарзаминатон берун нарондаанд, боз намедорад. ҳаройна, Худо касонеро, ки ба адолат рафтор  мекунанд, дӯст медорад.”(Сураи Мумтаҳина 8)

Имом Нававӣ (раҳ) дар мавриди Силаи раҳм чунин мегӯяд:

Силаи раҳм ин накӯӣ бо хешовандону наздикон мебошад.Ин накӯӣ иборат аз доду гирифт ва муъоила мебошад.Гоҳо бо мол мешавад,гоҳо бо хидмат кардан,гоҳо бо хабаргирифтан аз онҳо ва амсоли инҳо.

Мехоҳам ин мақоларо бо ин қисса ба поён расонам

Ба Саъид Ибни Мусайяб (раҳ) гуфтанд: Иброҳим Ибни Муҳаммад Ибни Талҳа аз дунё гузашт.

Саъид Ибни Мусайяб(раҳ) гуфт: Чӣ гӯна вафот кард?.

Гуфтанд: Қасраш валангор гашт ва ӯ дохили он қаср қарор дошт ва ҳалок гашт.

Саъид Ибни Мусайяб(раҳ) гуфт: Во дареғо,ки мисли Иброҳим Ибни Муҳаммад дар чунин ҳолате аз дунё намегузаранд.

Ҳангомеки мардум назди он қаср ҷамъ шуданд ва ҷустуҷуй намуданд.Иброҳим Ибни Муҳаммадро аз зери сангпораҳо сиҳату саломат дарёфтанд,танҳо пояш шикаста буд.

Омаданд дубора назди Саъид Ибни Мусайяб (раҳ) ва кунҷкобона аз ӯ савол карданд.Чаро вақте гуфтем Иброҳим Ибни Муҳаммад вафот кард,аз мо пурсидед чӣ гӯна вафот кард?

Гуфтем зери қасраш монд.Сухане гуфтед,ки бароямон аҷиб буд?.

“Во дареғо,ки мисли Иброҳим Ибни Муҳаммад дар чунин ҳолате аз дунё намегузаранд.”

Саъид Ибни Мусайяб (раҳ) гуфт: Аз ин сабаб чунин гуфтам,ки Ӯ бо хешовандонаш иртиботи хӯб ва ногусастание дошт.Яъне силаи раҳми хӯбе дошт.(муносибаташ бо падар,модар,бародар ва хоҳараш хӯб буд)Шахсе муносибаташ бо инҳо хӯб бошад пас чунин шахс дар чунин ҳолати бад аз дунё намегузарад.Силаи раҳм боз медорад инсонро аз марги дар ҳолати бад, Аллоҳ мороҳам аз чунин ашхос бигардонад.

Аз ин қисса метавон бардошти хӯбе намуд ва он муносибати хӯб бо хешовандони дараҷаи аввал аст.Агар шахсе нахоҳад маргаш дар ҳолати баде анҷом ёбад пас муносибаташро бо подар, модар, хоҳар,бародарон ва ҳама хешу наздиконаш накӯ сохта ва қатъи робита накунад.

Дар охир инро зикр мекунам,ки бад дидатарин чиз дар назди Аллоҳ пас аз ширк ин қатиъаи раҳм аст.Пас онҳоеки,то имрӯз аз ин масала огоҳӣ надоштанд пас аз огоҳ гаштанашон, дар ҳол иртиботи худро бо хешону наздикон барқарор намоянд ва худро аз ғазаби Аллоҳ дур намоянд.

Share This Article