Сафари Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон аз як ҷиҳат агар муаммоҳои 27-солаи ду кишварро ҳал карда бошад, аз ҷониби дигар дарси бузурге барои роҳбарият ва ҳукумати Тоҷикистон буд.
Тули ду рӯзи ташрифи Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон мулоқоти сарони давлатҳо, намояндагони воломақоми ҳукуматҳо ва доираи соҳибкорони ду кишвар сурат гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он беш аз 40 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар доираи ин сафари давлатӣ Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Намоишгоҳи молу маҳсулоти ду кишвар баргузор шуд.
Дар Намоишгоҳ аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ва коргоҳҳои хурду миёнаи кишвари ҳамсоя, молу колоҳо, мошинҳои сабукраву боркашон, тракторҳо, техникаҳои аграрӣ, таҷҳизоти электроэнергетикӣ, яхдон, телевизиор, сару либос, пойафзол, лавозимотҳои зарурии рӯзғор ва ғайра, ки истеҳсоли худи Ӯзбекистон буданд, ба намоиш гузошта шуд. Танҳо номгӯи мошинҳои сабукраве, ки истеҳсоли Ӯзбекистон буданд, зиёда аз 10 намуд буд. Намуди мошинҳои боркашон низ аз ин миқдор кам набуданд.
Дар баробари ин, дар Намоишгоҳ молу колои истеҳсоли Тоҷикистонро ба ҷуз сементу арматур ва иддае аз майда-чуйдаҳои дигар, танҳо бо микроскоп ҷустуҷӯ карда меёфтед. Ёдамон наравад, автобусе, ки чанд ҳафта пеш қисмҳои эҳтиётиашро аз Туркия оварда, дар як гараж ҷамъ намуда буданду ҳоло ба истифода дода нашудааст, хеле бо ифтихор Эмомалӣ Раҳмон намоиш дод.
Дар баромадҳои якҷояи президентҳо, ки ба забони русӣ суръат мегирифт, Эмомалӣ Раҳмон баромади худро аз рӯи қоғаз ҳатто хонда наметавонист. Дар суханронӣ ҳар калимаеро, ки забонаш намегашт, нимашро мегуфту ними дигарашро фурӯ мебурд. Дар бораи хатоҳои лаҳҷавӣ чизе намегӯем.
Шавкат Мирзиёев вақте ба суханронӣ мебаромад, хеле кам ба қоғаз нигоҳ мекард. Асосан табиӣ, озод, бе ягон дармондан, ба фикр фурӯ рафтан ва гапро хоидан, бо забони русӣ ҳарф мезад. Баръакси Эмомалӣ Раҳмон ҳар як сухани Шавкат Мирзиёев ҳозиринро ба ваҷд меовард.
Як сухани наҷиби Шавкат Мирзиёев зимни баромадаш, пеш аз консерти “Шоми дустӣ”, таърихӣ ва фаромушношуданӣ буд, ки гуфт: “ Тули ин чанд соле, ки мо ҳукуматҳо бо ҳам муносибати хуб надоштем ва ҳама роҳҳои сарҳадиро баста будем, мардуми ду кишвар муносибаташро аз ҳам наканд. Бо ҳар роҳ муносибатҳои фарҳангӣ ва иҷтимоъии мардум идома доштанд. Ягон тӯй дар Ӯзбекистон бидуни сароидани сурудҳои тоҷикӣ намегузашт ва ягон тӯй бе сароидани сурудҳои ӯзбекӣ дар Тоҷикистон намегузашт. Бо вуҷуди ҳама мушкилиҳо мардум бо ҳам рафтуомад доштанд. Ин мо будем, ки танҳо мушкилӣ эҷод кардем”.
Баргузории барномаи консертии устодони санъат ва ҳунармандони тоҷику ӯзбек таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” низ, барои санъаткорону ҳунармандони тоҷик як дарси бузург буд. Сараввал, ду баранда, як хонум бо забони ӯзбекӣ, бо гумони ағлаб хонум аз Ӯзбекистон буд ва марди тоҷик бо забони тоҷикӣ консертро ифтитоҳ намуданд. Тарзи гапзанӣ ва садои шинаму форами хонуми ӯзбек хеле устодона буд. Садои барандаи тоҷик бошад, мисле, ки бори аввал саҳнаро дидааст, меларзид.
Дар вохурии Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам, чуноне, ки расонаӣ шуд, мебинем, ки Зуҳуров бо усули тоҷикӣ, бо мадҳу ситоиши дуру дарози президенти Ӯзбекистон суханашро тамом кард. Шавкат Мирзиёев бошад, ҳар як ҳарфаш марбут ба парлумон буд. Аз таҷрибаҳои кории 15-солааш дар парлумони Ӯзбекистон ёдовар шуд. Чанд принсипҳои кории вакили парлумониро ба Шукурҷон Зуҳуров тазаккур дод ва ҳатто таъкид намуд, ки пеш аз тасвиби қонун ва ё қарор, вакилони парлумон сараввал фикру андеша ва назари мардумро бояд омӯзанд, баъд қарору қонун ба тасвиб расонанд. На баръакси ин, ки аввал қарору қонунро содир намуда, баъд болои мардум ин қарору қонунҳо таҳмил карда шаванд.
Хулоса, ба Эмомалӣ Раҳмон ва коммандааш президенти дусолаи Ӯзбекистон дарс дод, ки бидуни ҷаноби олӣ будану пешво будан ҳам, мешавад пешравӣ кард. Агар иродаи сиёсӣ бошад, мешавад муносибатҳоро хуб кард. Агар иродаи ба мардум хидмат кардан бошад, дар баробари коргоҳҳои ресандагиву бофандагиву ҷуроббофӣ, мешавад, ки корхонаҳои саноатӣ таъсис дод. Агар иродаи сулҳу ваҳдат ва оромӣ бошад, ба ҷои 28 сол бо мардум ҷангидану мардуми бечораро ба ҳар сӯ муҳоҷиру сарсон ва ба ҷаҳониён ҳамчун терористу экстремист муаррифӣ намуда, зиндонҳои худиву бегонаро бо тоҷик пур кардан, мешудааст, ки на фақат мардуми як давлатро, балки мардуми чанд кишварро бо ҳам муттаҳид сохта, бо ҳам дусту бародар намуд.
Аз ҳама муҳим, сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон ва баромаду суханрониҳои зебандааш ба мақоми президентӣ, як паёми бидуни шарҳ барои ҷавобгӯ набудан ва сазовор набудани Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми ишғолкардааш буд. Мирзиёев бидуни шарҳ нишон дод, ки бо аз байн рафтани як диктатори худхоҳ чи қадар мардум ба озодӣ баромада, нафаси тоза мекашанд.