Ба иттилои хонандагон ва ҳаводорони Сомонаи Ислоҳ!
Сомонаи Ислоҳ ҳудуди як сол аст вориди саҳнаи иттилоотии кишвар гардида, бо забони тоҷикӣ матолиби илмӣ, динӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва хабариро ба хонандагон тақдим менамояд.
Ислоҳ комилан як сомонаи озод буда, зери пӯшиш ё роҳбарии ҳеҷ давлате, ниҳоде, гурӯҳе ва ё ҳизбе қарор надорад. Матолибе, ки дар сомона нашр мегарданд, аз воқеъиятҳои аслии ҷомеъаи имрӯзии мо маншаъ мегирад. Ҳамеша кӯшиш мешавад, ҳар мазлуме, ки минбар надорад, садои қалбаш ва нидояш тавассути Ислоҳ гуфтаву шунавонида шавад.
Дар баёни ҳақиқат, интиқоди зулму ситам, мухолифоти ҷиддии дигаре, ки дар кишвар рӯх медиҳанд, сомонаи Ислоҳ кӯшиш менамояд, ки нақдҳои созанда кунад.
Он чӣ мехостем ба шумо хонандаи Ислоҳ имрӯз расонида шавад, ин аст, ки сомона барои таҷдиди маблағи солона ва антивирусе, ки барои эмин нигоҳ доштанаш аз рахнаҳои ҳакерӣ солона бояд пардохт намояд, оҷиз мондааст.
Инчунин тасмим дорем сабти видеоҳо ва баъзе навовариҳои дигаре чун матолиби хабарӣ, таҳлилӣ, сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ ҳам ба роҳ монем.
Агар шахсоне пайдо гарданд, ки барои идомаи кори сомона камари ҳимат бубанданд ва моро дастгирӣ намоянд, омодаи пазирӯфтани кумакҳои шумо азизон ҳастем.
Ногуфта намонад, ки кӯмакро танҳо аз дӯстоне мепазирем, ки моро мешиносанд ва ба самараи фаъолияти мо бовар доранд. Дасти кумакро танҳо ба хотири ризои Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло дароз мекунанд, на барои идораи зимоми мо. Бинобар, пеш аз ҳама кӯшиши мо ин аст, ки аз шахсони номаълум кӯмак қабул накунем ва танҳо ҳамкориро бо онҳое ба роҳ монем, ки онҳо низ моро мешиносанду самараи кори моро медонанд.
Айни ҳол бо сабаби адами шароити иқтисодӣ ҷалби эҷодкорон ба кори сомона низ имконнопазир шудааст ва пешбурди фаъолияти сомона ба души танҳо банда, Муҳаммадиқболи Садриддин аст. Чи ҷои пинҳон кардан, ки айни ҳол ҳамчун паноҳанда дар яке аз кишварҳои аврупоӣ қарор дорем ва шароити таъмини сомона ба эҷодкорон ва пардохти масрафҳои онро надорам.
Агар чунин ашхосе пайдо шаванд, ба ин ҷониб тамос гиред. Кафолат медиҳем, ки номи ашхоси кумаккунанда комилан пинҳон мемонад.
Онҳое, ки мегуфтанд шумо хоҷагони хориҷӣ доред ва барои навиштани матолибе, ки менависед шуморо амр менамоянд, марҳамат худатон хулоса кунед ва донед, ки мо ҷуз Аллоҳ ҳеҷ хоҷае надорем, на хориҷӣ ва на дохилӣ.
Фурсати мо хеле кам аст. Касоне, ки аз равишу усули кору фаолияти мо огоҳанд, хоҳиш мекунем, дар ин амри хайр барои қатъ нагаштани кори сомона камари ҳиммат бубандед. Далолаткунанда ба амри хайр монанди иҷрокунандаи онаст.
Аллоҳ дар Қуръони карим мефармояд:
“Аз он чӣ рӯзиятон додем, дар роҳи Худо садақа кунед, пеш аз он ки яке аз шуморо марг фаро расад ва бигӯяд: «Эй Парвардигори ман, чаро марги маро андаке ба дертар наяндохтӣ, то садақа диҳам ва аз шоистагон бошам?»Чун касе аҷалаш фаро расад, Худо марги ӯро ба таъхир (дертар) намеяфканад. Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!” (Сураи Мунофиқун,оятҳои 10-11)
Бо эҳтиром Муҳаммадиқболи Садриддин
4-уми Рамазони 1439