Ба Ислом гаравидани Александр

Ислоҳ нет

 

Александ рӯзе меҳмони хонаи мо буд ва чӣ гуна ҳидоят ёфтанашро ба хонаводаам нақл мекард. Инак нақли ӯ:

 

Ман дар шаҳри Маскав ба дунё омадаму дар худи ҳамин шаҳр бузург шудам. Дар кудакиям падарам майзада буду хеле модарамро азият медод. Аз шаробнӯшии падар ману модарам ва бародари бузургам Сергей ба дод омада будем. Модари бечораам дар яке аз бемористони Маскав ба ҳайси фаррош кор мекард. Тамоми бори сангини рӯзгор ба души ӯ буд. Дар сездаҳсолагиям аз шаробхории зиёд падарам вафот кард ва мо низ аз азобу шиканҷаҳояш роҳат шудем. Вале ҳанӯз чизе нагузашта ҷойи падарамро бародарам гирифт. Ӯ низ мисли падарам шуда буд, ҳар рӯз маст ба хона меомад. Дар ҷойе кор намекард, ҳамеша аз модарам ба ҷангу ҷангҷол пул меситониду ба арақнӯшӣ сарф мекард.

 

Дардҳои модарамро, бадбахтии бародарамро дида, фикр мекардам, наход дунё фақат азияти азизон бошад. Наход дунё фақат мастиву бераҳмӣ бошад. Чаро мо ин гуна зиндагонӣ дорем? Оё ҳама мисли мо ҳастанд ва ё танҳо мо бори ин ҳама бадбахтиҳоро мекашем? Чарову боз чаро?

 

Ҳар рӯз модараму бародарам бо ҳам даъво доштанд.  Рӯз аз рӯз ҳоли бародарам бадтар мешуду беҳтар не. Вафоти падару бадбахтиҳои бародар бароям дарси зиндагӣ шуда буд. Бо худ аҳд кардам, ки асло дар ҳаётам шароб наменӯшам. Ба маводҳои зараровар мисли сигору инҳо, ҳатто наздикӣ нахоҳам кард.

Вақте синфи нуҳро хатм кардам, ба колеҷи технологӣ дохил шудам. Кӯшиш кардам, ки дарсҳоямро хуб хонам, аммо шароити хонаамон, ҷангу ҷангҷолу доду фиғон бароям асло фурсати таълимро намедод.

 

Рӯзе ба қароре омадам, ки аз хона ба яке аз хобгоҳҳои колеҷамон кӯч бандам. Ростӣ, дигар тоқати он мушкиливу ҷангҷолҳоро надоштам.  Ҳама васоиламро ҷамъ кардаму ба хобгоҳ кӯчидам. Дар хобгоҳ, ҳар як хона шаш нафар донишҷӯ дошт. Вақте аз ман пурсиданд, ки бо чигуна шахсон мехоҳам ҳамхона бошам? Гуфтам, шахсонеро мехоҳам, ки шароб нанӯшанд ва сигорӣ набошанд. Сухани маро шунида, масъули хобгоҳ табассум карду гуфт: Ҷавони зебо! Ин тавр бошад, ягона хонае, ки бароятон тавсия мекунам, ин хонаи Қофқозиҳо мебошад. Як хона дорем, панҷ нафар қофқозӣ зиндагӣ доранд, ҳеҷ гоҳ алкол наменӯшанд, ҳатто сигорӣ ҳам нестанд. Аммо, як чизи дигар ҳам ҳаст, онҳо ҳама мусалмонанд ва дар хобгоҳ намоз мехонанд. Агар қабул доред,  метавонед бо онҳо истиқомат кунед. Ман қабул кардам ва зиндагии ман байни панҷ ҷавони мусалмон шурӯъ шуд.

 

Бародароне пайдо намудам, ки меҳрубонтару самимитар аз бародари хуниам ҳастанд

Рӯзи аввал, вақте шом шуд, ҳар панҷашон аз ҷой хестанд ва Аҳмад ном як нафари онҳо ба пеш истоду ба намоз шурӯъ кард. Бо овози фораму таъсирбахш сураи Фотеҳаро сипас сураи Зуҳоро тиловат кард. Он вақт намедонистам, он чӣ сураҳое буданд. Чӣ қадар садои дилнишин дошт. Ин аввалин оятҳои илоҳӣ буд, ки мешунидам. Пас аз анҷоми намоз аз Аҳмад пурсидам: Он чизеро, ки хондӣ, маънояшро медонӣ?

Аҳмад гуфт: Оре, албатта медонам,агар хоҳӣ бароят мегӯям ва ба ман ҳарду сура, Фотеҳа ва Зуҳоро бо забони русӣ тафсир кард. Хеле суханҳои аҷоиб, ҳама панду андарз, таслияту дуо.

Пас аз шунидани ин пандҳо ба Аҳмад гуфтам, ман низ ин шеъри арабиро мехоҳам, бидонам. Аҳмад хандиду гуфт, ки дӯстам ин шеър нест, ин Қурон аст, сухани Раббул Оламин.

 

Ҳаёти ин ҷавонони мусалмон маро ба ҳайрат гузошта буд. Вақте ҷавонони ҳамсинну соли инҳо дар айшу ишрат ва кайфу сафо ҳастанд, инҳо машғули ибодату дуо ва худоҷӯӣ мебошанд. Хусусан Аҳмад  нимаҳои шаб бедор мешуду гирякунон намоз мехонду дуо мекард. Беш аз ҳама дуояш ин буд, ки мегуфт, Илоҳо маро дар динат собитқадаму устувор нигаҳ бидор.

 

Аҷоибтар ин буд, ки ин панҷ нафар, вақте дар бораи оилаашон нақл мекарданд, ман ҳасад мебурдам. Мегуфтанд, падару модари меҳрубон доранд, хоҳару бародарони ғамхор, касе аз азизонашон шаробхору майзада нест. На мисли пайвандони ман, ки нисфашон бардаи алколу мастӣ ҳастанд. На ҳурмати модар вуҷуд дораду на ғамхории падар.

 

Ман Калимаи шаҳодатро мегуфтаму садои гиряи Аҳмад шунида мешуд, хеле бо риққат мегирист

Рӯзе ба Аҳмад гуфтам, охир чаро шумо ин гуна ҷавонони поку беолоиш ҳастед? Чӣ чиз сабаб аст, ки ин ҳама лаззатҳои дунёро барои худ ҳаром кардаед?

Аҳмад гуфт, мо чизеро барои худ аз пеши худ ҳаром намекунем ва ҳар сифате, ки дар мо мебинӣ, ин амри Аллоҳ аст ва мо фармудаҳои Ӯро иҷро мекунему ба амрҳояш сар фурӯ мебарем. Ҳамин тавр Аҳмад маро ба дини худ, Исломи ҳақиқӣ шинос кард.

 

Ба Аҳмад гуфтам, чӣ қадар хуб аст дини шумо, саропо покиву озодагӣ, муҳаббату самимият. Оё метавонам ман низ мусалмон бошам? Аҳмад гуфт, чаро на, албатта метавонӣ, аммо бояд хеле қавӣ бошӣ, зеро атрофиён хеле ба ту зарбаҳои равонӣ мезананд, ҳатто шояд модарат низ норозигӣ мекунад.

 

Ба Аҳмад гуфтам, он ҳама сахтиҳое кашидам, касе бароям дасти ёрӣ дароз накард. Мутмаин бош! Сухани касе наметавонад маро ба ақибнишинӣ водор кунад. Рӯзи дигар ман худро бо атру хушбуӣ омода кардам ва ҳамроҳи Аҳмад ба масҷид рафтем. Қадамҳои нахустинамро ба хонаи Аллоҳ гузоштам ва дар назди имом  Калимаи шаҳодатро гуфтам. Ман Калимаи шаҳодатро мегуфтаму садои гиряи Аҳмад шунида мешуд, хеле бо риққат мегирист. Баъдан якдигарро бародарона ба оғӯш гирифтем.

 

Ногуфта намонад, ки  ҳамхонаҳоям маро бародар хонданд ва минбаъд ба сӯям бародар гуфта нидо мекарданд. Бародар гуфта садо задани самимии  ҳамхонаҳоям хеле форам ба гушам мерасид. Мане, ки дар оилаам аз бародари худам меҳри бародарӣ надида будам ва хеле мехостам аз бародари худам самимияту меҳр нисбатам эҳсос кунам, ин ташнагии маънавиям шикаста мешуд.

 

Аввалин намозро дар масҷид хондам, вақте сарамро ба саҷда мондам, ҳис кардам, ки дубора ба дунё омадам. Ба олами дигар. Оламе, ки  Аллоҳро мешиносаму ибодат мекунам. Ҳанӯз чанд рӯз пеш касеро надоштам, то барояш ғамҳои диламро бигӯям, аммо имрӯз шикоятҳоямро ба Холиқе мебарам, ки замину осмонҳо мулки Ӯст ва ҳеҷгоҳ дастони муҳтоҷеро холӣ боз намегардонад. Бародароне пайдо намудам, ки меҳрубонтару самимитар аз бародари хуниам ҳастанд. Он рӯз оғози ҳаёти босаъодати ман буд.  

 

Эй модар! Маро динам вазифадор кардааст, ки эҳтироми туро ба ҷо орам

Худи ҳамон рӯз дастаи гулеро харидаму ба назди модарам рафтам.  Дастонашро бусидам ва гуфтам: Модарҷонам! Ман фарзанди ту ҳастам ва хеле дӯстат дорам. Ягона чизе, ки дар дунё маро ғам медиҳад, маҳзунӣ ва гиряҳои туст. Ҳаргиз намехоҳам ашкҳои ғамолудатро бубинам.

 

Модарам, пештар ин мулотифатҳоро аз ман надида буд, ба ҳайрат афтоду пурсид: Писарам чӣ шуд, магар бемор шудӣ ва ё мисли бародарат ту низ маст ҳастӣ?

Ман гуфтам: На, солим ҳастам ва маст ҳам нестам, фақат ман мусалмон шудам, динеро қабул кардам, ки дармони тамоми дардҳоямон аст ва ҳаёти босаодату қалби бооромишеро бароямон эҳдо мекунад.

 

Модарам хеле ғазабӣ шуд, асло барояш ин хабар хуш набуд. Фарёд мезаду мегуфт:

Ту мусалмон шудӣ, охир ман масеҳӣ ҳастам. Медонӣ байни ману ту чӣ қадар масофа аст?!  Мо дигар ба ҳамдигар бегона ҳастем! Ин ҳамаро мегуфту доду фарёд мезад.

Аввал ҳама гуфтаҳояшро гӯш кардам, сипас, ман низ аз ӯ хостам ба ман ҳам навбати сухан кардан диҳад. Ба модарам гуфтам:

 

Аз ман чӣ мехоҳӣ? Мехоҳӣ мисли падарам шавҳари хунхору золим гардам, аз майзадагӣ бимирам ва ё мисли бародарам ҷавони бадбахте шаваму балои ҷони ту бошам?  Чаро инро фаҳмидан намехоҳӣ?! Мусалмонии ман сабаби дурӣ аз ту ва мояи ғаму ғуссаҳо намегардад. Мусалмонии ман беҳтарин рӯзҳоро насиби ману ту мегардонад. Эй модар! маро динам вазифадор кардааст, ки эҳтироми туро ба ҷо орам, сӯят садо баланд накунам. Дар ҳолати бемориву дармондагӣ туро ёрӣ кунам ва нигаҳбони ту бошам. Аз ҷониби ту вақте ба сӯям ранҷе расид, изҳори озурдагӣ накунам. Магар ин бадаст?

Аз шунидани суханҳои ман модарам каме ором шуду гуфт:

Ҳар чӣ мехоҳӣ бикун! Ту акнун бузург ҳастӣ, худат беҳтар медонӣ, фақат бидон, ки ман падару бародаратро аз даст додам, намехоҳам туро низ аз даст бидиҳам, ягона умеди ман дар зиндагӣ, ту ҳастӣ.

Худро ба оғӯшаш партофтаму гуфтам, қасам мехурам, маро аз даст намедиҳӣ!  Ҳамеша писарат будам ва писарат боқӣ мемонам. Хоҳӣ дид, чӣ хубиҳое ману туро интизор аст.

 

Аҳмади бародари азизи ман акнун шаҳид аст

Худи ҳамон сол ба Миср барои талаби илм омадам, муддатест инҷо таҳсил мекунам. Ягона орзӯе, ки дорам ин ҳидоят ёфтани модарам аст. Хеле мехоҳам аз оташи дузах наҷот ёбад.

Аммо, хабари хеле баде ҳам дорам. Он бародаре, ки маро ба Ислом роҳнамоӣ карда буд, пулиси рус бо туҳмати терористӣ дастгираш карданд ва вақте мехост аз дасти ин золимон бигурезад аз пушташ  ӯро парониданд. Аҳмади бародари азизи ман акнун шаҳид аст. Шаҳиде, ки барои ҳидоят ёфтани ман сабабгор буд. Бародаре, ки беҳтар аз бародари хуниам буд. Дар фироқаш хеле ҷигархун мешавам…

 

***

Пас аз чанд муддат бародарамон Алиҷон (Александрро баъди ба ислом гаравиданаш бо чунин исм садо мекарданд) ба шаҳри Мадина, барои идомаи таҳсил рафт. Баъди чанд моҳ аксашро дар Фейсбук дидам, ки бо модараш дар назди Каъба истода буданд.  Фаҳмидам, ки модараш низ мусалмон шудаст. Хеле шод шудам. Боварӣ дорам, ҳатман ту низ хонандаи азиз шод мешавӣ!

 

Ҳеҷ гоҳ ноумед набошед!  Дунё ҳамеша дар як ҳолат истоданӣ нест. Имрӯз ману ту ғариб ҳастему берун аз ватан  сарсону овора. Аммо, ба хости Парвардигор рӯзе мерасад, ки мисли Алиҷон орзӯҳоямон амалӣ мегарданд. Фақат бояд собиту собиру устувор бошем!

 

Муслимаи Аҳмадӣ

 

Share This Article