Иллати қатъи муносибати БМТ бо Золотая корона

Ислоҳ нет

  

Ҳамкорияш бо ду миллион террористи тоҷик будааст

 

 

     “Золотая корона” –як ширкати интиқолдиҳандаи пул дар Русия дар сармоягузории терроризм дар Тоҷикистон муттаҳам  шуморида шудааст ва Бонки миллии Тоҷикистон феълан ҳамкорӣ бо онро қатаған эълон кардааст. Ба таъйиди Бонки миллии Тоҷикистон  маблағ барои анҷоми амалиёти террористӣ дар соли гузашта дар ноҳияи Данғара бар зидди велотуристони хориҷӣ, ки ҷони чаҳор нафарро гирифт, тавассути “Золотая корона” сурат гирифтааст. Ба ин далел, мутахассисони БМТ яке аз аҳдоф ва заруратҳои ташкили Маркази миллии протсессингӣ дар назди ин муассисаи давлатиро ҷилавгирӣ аз сарозер шудани маблағҳо барои анҷоми амалҳои террористӣ  ва пулшӯӣ унвон кардаанд. Мутахассисони БМТ иброз доштаанд,ки “Золотая корона” беш аз 80 дарсади бозори интиқоли маблағҳои воридшаванда ба Тоҷикистонро,ки ба муҳоҷирон тааллуқ дорад, дар ихтиёр дорад,ки монополияи  ҳамчунин маблағи бузург аз тарафи танҳо як ширкат хатарҳои  ҳам иқтисодӣ, ҳам иҷтимоӣ ва ҳатто ҳам сиёсӣ дар пай хоҳад дошт. Мутахассисони БМТ тасреҳ кардаанд, ки “Золотая корона” метавонад болои давлат ва низоми пулии кишвар фишор оварад ва бо истифода аз ин миқдор маблағи бузург амнияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишварро ба ҳам бизанад. Афзун бар ин мутахассисони БМТ аз бими он гуфтаанд, ки як вақте “Золотая корона” муфлис шавад, дар ин ҳолат ин миқдор маблағи бузург аз тарафи муассисаҳои бонкии Тоҷикистон чи тавр пардохта мешавад: “…тасаввур кунед,ки агар вазъи молиявии “Золотая корона” вазнин шаваду рӯ ба муфлисшавӣ орад, бо он 2 миллиард долларе,ки тавассути низоми “Золотая корона” интиқол дода мешуд, чӣ пеш меомад? Ин маблағи бузург муааллақ мемонд.”Барои ҷилавгирӣ аз ҳамин гуна хавф ММП аз ширкатҳои интиқолдиҳанда тақозо кардааст, ки суратҳисоб боз карда ва маблағи баробар ба ҳаҷми интиқоли як шабонарӯзии худро пешакӣ пардохт намоянд.

 

    Мутахассиони БМТ мисле, ки талоши зиёд ба харҷ додаанд, то ташкили ММП дар назди бонкро ки беш аз даҳ  рӯз аст кишварро  дучори бесуботӣ кардааст, тавҷеҳ кунанд ва ин “афёра” ва ҳиллаи Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали БМТ ва домоди Раҳмонро,ки ба ҳадафи таъсиси як манбаи муфти даромад ба иҷро даровардааст,табраа созанд. Ба ҳадде, ки сӯҳбат аз хатароти терроризм, ҳифзи манофеи миллӣ, ҷилавгирӣ аз фишорҳо, ҳатто фишорҳои сиёсӣ низ аз тарафи ин мутахассисон рафтааст. Мутахассисон тавре сӯҳбат кардаанд, ки ҳарфҳояшон на танҳо боварбахш садо надодааст, балки бештар шакку гумонҳоро барангехтааст. Вақте тавзеҳ медиҳанд, ки агар “Золотая корона” муфлис шавад, Тоҷикистон 2 миллиарди муҳоҷиронро чи гуна пардохт мекунад? Воқиан ҳам ин  мисолро барои тавҷеҳи ташкили ММП овардан хеле ҳам тааҷҷубовар аст. Чун “Золотая корона” ин миқдори маблағро барои тамоми сол интиқол медиҳад на дар як рӯз. Аз ин ҷост ки худи БМТ ҳам пешпардохти шабонарӯзӣ аз ширкатҳои ирсолдиҳандаро тақозо кардааст, на барои сол.Пас, бо кадом ақлу мантиқ  иддао доред,ки 2 миллиард доллар дар “Золотая корона” имкон дорад ба Тоҷикистон дастнорас бишавад, чун эҳтимол дорад муфлис шавад. Дар ҳоле, ки хуб ҳам медонед ин ширкатҳо барои рӯз кор мекунанд на сол, ки ин миқдори бузурги пулро нигоҳ бидоранд. Фикр намекунед, ки худи ҳамин гапатон ковок ва пӯк ва боиси гумону шубҳаҳо мешавад.

 

Агар бар фарзе банкорот ҳам шуд маблағи як  шабонарӯз ва шояд ду шабонарӯзро дар хазина дорад,на он 2 миллиард долларе,ки шумо воҳима ва барзиёд ҷилва дода истодаед. Барои онки тавҷеҳи ҷиддитар надоред,ки бигӯед асли ҳадафатон фақат ва фақат дастдарозӣ ва баҳракашӣ ба маблағҳои воридотӣ аст? Гуфтаед,ки “Золотая корона” бонк неву як ширкати интиқолдиҳанда аст.Имкони ҳисоббаробар- кунӣ дар берунро надоштааст. Барои як муштарӣ ва як корафтода  оё муҳим ва шарт аст ки “ҳисоббаробаркунӣ”-ро кӣ мекунад. То ҳамин имрӯз ин ширкат дар бозор ба ваҷҳи аҳсан кор мекард, аммо чаро имрӯз “аут” шуд? Аммо  мегӯед, ки Юнистрим ва Контакт бонк ҳастанд ва чунин имкониятро доранд. Фикр намекунед,ки эҳтимолияти муфлисшавии бонк бештар аз ширкатҳои интиқолдиҳанда аст? Зеро доираи фаъолияти бонк бамаротиб васеъ аст, аммо интиқолдиҳандаҳо танҳо бо ҳамин як амалиёти бонкӣ сарукор доранд. Воқиан ин ҳама рафтору муносибати шуморо кас мушоҳида карда ба ин натиҷа мерасад,ки Шумо ҳукумат ва ҳокимият нестед. Шумо як тараф ҳастед. Тарафи дигари сангар ва ҷабҳа. Халқи тоҷик чи дар дохил ва чи дар муҳоҷират дар як тараф қарор доранд,шумо дар тарафи дигар. Тарафи халқи тоҷик манбаъ ва маҳсулоти хоманду  шумо онҳоро мисли як маҳсулот ва як мавод мефурӯшед. Ҳамин ҳоло ҳам манфиатҳо фурӯхта шуданд. Шумо барои онки сӣ миллион даромад дошта бошед, 200 миллион доллари мардумро омодаед, барбод диҳед.  Яъне гӯр сӯзаду дег ҷӯшад.Инки шумо ММП ташкил кардед, на барои муҳоҷирин, ҳатто дар ҳамин тавзеҳу ташреҳи мутахассисон -атон дода ҳам ёде ва зикре аз муҳоҷирон, ба он тавре,ки бояд нест. Ҳама корҳоятон дуздак-дуздакӣ, пинҳонӣ ва хуфиябозӣ ва ҷаълкорӣ ва ғайришаффоф.

 

    Аслан ин мутахассисон, ки аз номи БМТ бо Спутник сӯҳбат кардаанд, киҳоянд, чанд нафар буданд, ному насабашон чӣ аст? Масъулияташон чӣ аст? Магар мутахассисони Бонки давлатӣ бояд аз зери ниқоб ҳарф бизананд?Аксҳояшон ку?

 

Чаро масъулин ва мақомоти БМТ неву “мутахассисон” бояд ин ҳама моҷароро ташреҳ бидиҳанд. Чаро масъулин худро пушти саҳна кашидаанд? Нашру пахши маводди шубҳаовар аз тарафи Бонки миллӣ,ки  сиёсати пуливу моливу қарзии кишварро танзим кунад, чи маъно дорад? Хонанда то куҷо метавонад ба сиҳҳатии он бовар кунад? Ва агар ин ҳама гуфтаҳо ва ин ҳама тавзеҳу баён ҷудо аз ҳар гуна баҳракашӣ ва суиистифода аз мақом бошад ва дар миёна масъалаи ҳирсу тамаъ ва сохтани манбаи даромади муфт набошад, хуллас агар инҷо мавқеи расмииву давлатӣ дар мақоми аввал бошад, чи ҳоҷат ки бе номи мусоҳибон нашр мешавад ва чаро дар сайти давлати Тоҷикистон не? Бо ин кор шакку шубҳаро дар хулуси ниятатон бештар намекунед, доман намезанед? 

 

   Як нуктаи бисёр ҳам шакангез ва номафҳум дар ин ҳама он аст ки БМТ ба як амали комилан ҷиддӣ ва ба рӯзгори ҳар як хонавода таъсиргузор даст задааст ва инак ҳафтаи дуввум аст, ки Тоҷикистон ва муҳоҷирони кории он дар Русия  ноорому беқароранд аммо раиси БМТ нопадид аст ва хомӯшу сокит. Дар оғоз  Ҷамолиддин Нуралиеви домоди Раҳмонов суҳбатҳое дар ин бора кард. Аммо баъди бархостани ин ҳама моҷароҳо худро дур гирифта ва “мутахассисони беному бенасаб”-ро ба “гап” даровардааст.

 

     Яъне инро метавон чунин тафсир кард, ки Раҳмонов аз куҷое маълумот гирифт,ки имкон дорад русҳо аз “Золотая корона” ҳамчун фишанги фишор истифода бикунанд, чун аксарияти бозорро дар даст дорад? Ҳоло Ҷамолиддин мехоҳад, ки аз ин риск Раҳмонов ва давлати вайро эмин бидорад? Даруни ин бозиҳо ва даруни ин рӯдҳо чиҳо пинҳон, чиҳо номаълум аст, мо намедонем аммо ин ҳама  ҳарфу ҳиҷоҳо, ки мутахассисони БМТ дар тавҷеҳи ташкили ММП гуфтанд,нокофӣ ва қонеъкунанда нестанд. Аҷиб аст, ки шумо омодаед,ки Юнистрим тамоми ин бозорро бигирад вале “Золотая корона” не? Масалан чаро фикр намекунед,ки Юнистрим ҳам метавонад давлений кунад. Ё аз ричагҳои давленийи онҳо дар амон ҳастед? Бо онки Золотая корона дар маблағгузории амали террористии Данғара муттаҳам мешавад, фикр мекунед, ки ин ширкат аз қабл медонист,ки бо террористҳо интиқол медиҳад? Пас, чаро факту аргументатонро ба дасти ҳукумати Русия ба Путин надодед?Ё инки ҳар як тоҷики интиқолдиҳандаро Юнистрим мешиносаду Золотая корона не?

 

    Амният мегӯед, таҳдиди сиёсӣ мегӯед, хавфи муфлисшавӣ мегӯед, суғуртаи пули муҳоҷирон мегӯед, ҳарчи дигаре ҳам,ки мегӯед,бигӯед. Аммо бо итминон мегӯем,ки инҷо чизе нест ба ҷуз аз дастдарозӣ ва ҳирсу тамаъ. Албатта,ки шумо бор, бор ва миллион бор мегӯед, ки ҳама кори ММП ройгон аст ва ҳеҷ дираме гирифта намешавад.Ҳама бовар кард.

 

  Воқиан шумо дигар марҳалаи дуздиро тай кардед. Дигар бо дуздӣ қаноат намекунед. Шумо дигар, ки ба бондҳои мафиозии итолиёвӣ, мексикӣ ва  коламбиёӣ шона ба шона гузоштаед, ибрат шудаед ва сабақ медиҳед. Ба як ҳисоб шайтонро лаби об ташна бурда меоваред. Инсофатон хушк шудааст. Даруни сина дил надоред. Шумо сангу семент шудаед. Ва Ҷамолиддин дуруст ҳам мегӯяд, ки ин кор “дар ҷаҳон ҳамто надорад”. Ҳама кор ва ҳама чизи шумо беҳамто аст. Тамоми корхонаҳои алюминиюм ҳатто РусАл банкрот шуд аммо Талко кор карда истодааст, чунки ҳамто надорад.Тамоми раисиҷумҳуриҳо иваз мешаванд аммо Раҳмон,ки назир надорад иваз намешавад ва агар ҳам ки иваз шавад ба як беназири дигар-бачааш. Агар низоми ҷорикардаи шумо беҳтар буд, чаро дар Туркия,ки низ оидоти вофир аз муҳоҷират дорад, анҷом надод, чаро ба ақли бонкирҳои Узбакистон, Қирғизистон ва ё Арманистону Гурҷистон пештар нарасид? Боз ҳам такрор бишавад агар “Золотая корона” манбаи хавфу хатар буд магар Юнистрим ва Контакт ҳам манбаи таҳдид шуда наметавонанд? Инҷо ба ҷуз аз дастдарозӣ чизе дигар буда наметавонад.

 

   Ҳоло суоли ахир. БМТ- ниҳоди давлатӣ аст. Дар ҳарду самт:- интиқолдиҳанда ва пазиранда халқи Тоҷикистон аст. БМТ ва шарикони он Юнистрим ва Контакт аз лаби 1000 рубли муҳоҷири тоҷик,ки мабраз тоза кардааст, хиёбон рӯфтааст ва хукпарварӣ ҳам кардааст ба ҳамон андоза меситонанд,ки “Золотая корона” мегирифт ё камтар? Аз ин ҳама ММПсозӣ муҳоҷирон чи бурд доранд? Ончи то сеюми декабр буд, камтар шуд ё баракс ва агар зиёдтар шуд он зиёдӣ ба кисаи кӣ медарояд?  

 

  Ин ҳам дар ҳоле аст ки аз хидматрасонии “Золотая корона”,ки  болотар аз 80 дар 100 и бозори интиқоли маблағҳои муҳоҷиринро дар даст, дошт касе шикоят накарда буд….

 

 

 

Share This Article