Роҳсозии ҷияни Азизмо бо пули ба зурӣ гирифта аз мардум

Technik
By Technik

Роҳсозии ҷияни Азизмо бо пули ба зурӣ гирифта аз мардум

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар барномаи “Ахбор” навореро аз лаҳзаҳои мумфарш кардани роҳи деҳаи Саноат дар кооперативи истеҳсолии ба номи Сафар Ҷумъаеви ҷамоати Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозободи собиқ)  нишон дод. Муаллифи ин навори тавсифӣ бо як ҷаҳон ваҷду ифтихор аз он мегуфт,ки ин роҳ аз ҳисоби даромади ин кооперативи истеҳсолӣ ва бо шарофату баракат ва файзи дастони роҳбари саховатманди он муфарш мешавад. Шояд аз файзу саховат ва эҳсони ин дастони пур аз ҳунар ва пур аз доллару сомонӣ ин хабарнигору ин оператор бенасиб намонда бошанд  аммо набояд ва нашояд дурӯғ гуфт. Дурӯғе,ки боис мешавад ба ин шабака ва ба ин хабарнигоронаш на фақт бовар гум шавад, балки мояи нафрати мардум шавад. Чунки дар асл кадом пули колхоз ва аз фоидаи он сохта нашудааст, балки бо пули мардум сохта шудааст.

 Кооперативи истеҳсолии ба номи Сафар Ҷумъаев-колхози собиқ, чанд сол пеш аз тарафи ҳоҷӣ Раҳматулло хусурбачаи Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликияти шахсӣ мубаддал карда шудааст. Замину замону боғу роғу каналу роҳу мактабу амбулатория ва аптека, дӯкону ферма, хулоса, гаражи колхоз, амборҳои он, ҳарчи ва ҳамачизи ин колхоз бо зану марду арӯсу домоду пиру кампир, гову гӯсола, сагу пишак, бузу барра,….хулласи калом ба моли хусусӣ (частний собственност) табдил дода шудаанд.

Ин роҳеро ҳам ки нишон доданд на бо пули Ҳоҷӣ Раҳматулло, бо пули ҳамин мардум сохта шуд. Мардумро маҷбур намуданд, ки пул ҷамъ оваранд. Баъзеҳо надоштанд, аз наздиконашон аз Русия пайғом карда гирифтаву супориданд, баъзеи дигар маҷбур  шуданд буз ё гову гӯсфандашонро фурӯхта пули роҳро диҳанд. Чунки милиса, кгб, коррупсия, гаи, прокурор, суд, ҷамоат  ноҳия ҳамагӣ дар таги даст ва зери итоати ҳоҷӣ Раҳматулло мебошанд. Пул надеҳу рӯзатро бин. Ҷаррастота меброранд. Милисаро гӯ, прокурорро гӯ, кгбро гӯ. Бар сарат меборанд: “ту сиёсати ободкоронаву созандаи Ҷаноби олиро,Пешвои миллатро дастгирӣ намекунӣ?! Ту бар зидди сиёсатҳои халқпарварона   ва хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ баромадаӣ?” Тамом каппат дуди сиёҳи ғализ мекунад.

 Маълум нест,ки ин ходимони мақомот Ҷаноби олӣ гуфта Ҷаноби Олиро дар назар доранд ва ё Ҷаноби олии маҳаллӣ-ҳоҷӣ Раҳматуллоро?! Зеро ҳукму супоришу дастуроти ҳоҷӣ Раҳматулло дар инҷо бартар ва сахттар аз Ҷаноби олии Душанбе аст.

Қарор бар ин шуд, касе,ки  мошин дошт 200 сомонӣ, сари одами зандор 20 сомонӣ касе як гектар замини фермерӣ дорад аз 2000 то 5000 сомонӣ аз баъзе фермерҳо, ки масоҳати бештари замин доранд  аз 25 ҳазор сомонӣ то 80 ҳазор сомонӣ.

  Маҷбурӣ “ё пула мети ё заминта аз дастат мегиран”.

Одамони зандор, бахусус ҷавонҳо зуд пулҳоро бурда доданд, то ки занҳояшонро нагиранд. Як мӯсафед шӯхӣ карда гуфтааст,ки “ ҳамин кампири мара гиран баран ҳеҷ гап намешавад.20 сомон надорум”.

Раиси кооперативи истеҳсолӣ Холмаҳмади писари Ҳоҷӣ Раҳматулло аст. Вале дар навори шабакаи аввал муовини раис сӯҳбат карда  гуфт,ки аз буҷаи кооператив 400 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Ин дурӯғи андар дурӯғ аст. Ҳамаро мардум кард. Мақсади ҳоҷӣ Раҳматулло ин аст ки дар телевизион нишон бидиҳанд, ки чи қадар писари ӯ корчаллон ва ободкор аст ва ин кори писарашро язнааш,яъне  Эмомалӣ Раҳмонов бубинад ва писари ӯро раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъин кунад. Албатта Азизмо “и так” через мешавад. Вале кори амалӣ нишон бояд дод, то ки Маҳмадзоири домоди ҷаноб,ки ҳоло бо бародарони хуштоманаш ва бахусус Ҳасан чап шудаанд, ягон  гапи бад бурда нарасонад. Барои ҳамин ҳоҷӣ Раҳматулло ба Нуриддин Сайид, раиси Кумитаи радио ва телевизион занг зада хоҳиш кардааст,ки як нафарро аз барномаи ”Ахбор” фиристад: “я барномаи зуруш нишон те,ун тарафша парво накун. Ҳақата метум”.

Раҳмонови язнааш барномаи “Ахбор”ро тамошо мекардааст. Асли ҳадафи дар телевизион реклама кардани роҳ ҳамин будааст.

Аммо ин раисшаванда, на танҳо мехоҳад, ки аз ҳисоби ҷайби мардум “очко” гираду “рейтинг” касб кунад ҳамчунин фермерҳоро иҷозат намедиҳад, ки пахтаашонро ба харидорони ширкатҳои чинӣ фурӯшанд. Агар ширкатҳои чинӣ як тонна пахтаро1000 доллар бихаранд ҳоҷӣ Раҳматулло тоннаи пахтаро 600 доллар мегирад. Шахсан шоҳид будам,ки як рафиқи ман ду тележка ва як Камаз  пахтара хост пинҳонӣ ба хитоиҳо фурӯшад. Кормандои БДА қапиданд ва ба Холмаҳмад, писари ҳоҷӣ Раҳматулло занг заданд. Омад латукӯби сахт кард: ҳам тракторчиро, ҳам камазист ва ҳам он рафиқи маро. Пахтаро бо трактору Камаз бурд, як сомонӣ ҳам надод. Мошинҳоро “арест” кард. Тракторчӣ ва камазист баъди чандин рӯз рафта пеши ҳоҷӣ Раҳматулло зориву тавалло карда 3000 сомонӣ “гуноҳшӯӣ” дода баъд  мошинҳояшонро гирифтанд. Аммо ин гуна ҳодисаҳо,ки барои пахта фермерҳо (дар асл пахтағуломон) ро ҳоҷӣ Раҳматуллову писараш латтукӯб ва ҳатто зада маъюбӣ кардаву кушта бошанд, пештар низ дар колхози ба номи Сафар Ҷумъаев пеш ҳам рӯй дода буд.

      Агар хато накунам соли 2016 ё 2017як фермери дигарро бо “газовий ключ” зада маъюб кард. Он одам,ки дар қисмати сараш шаллоқи зиёд хӯрда буд, дар беморхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даргузашт. Аз вай чаҳор фарзанди хурдсол ятим монд. Аз банк қарз гирифта пахта корида будааст, ки то ба ҳол бародаронаш пули банк месупоранд.

Боз як нафари диграе ҳаст бо исми ҳоҷӣ Ислом аз Чапаев. Ӯ ё хеши Президент аст ё хеши зани Президент. Ӯро ҳама бо лақаби Ислом девона мешиносанд. Ҳама ҷоҳои равғании инҷоро шахсӣ карда гирифтааст.

  Аз Узун поёнтар як “асфалтний завод”  буд,ки аз шӯравӣ монда ва территорияи беҳад калон дорад. Ҳоло ин завод дар дасти ҳамин ҳоҷӣ Ислом аст. Вай дар онҷо як ,маълум нест,ки аз куҷо ва аз кадом ҳисоб чандин коргоҳ кушодааст: заводи хурди рӯған, коргоҳи тавлиди сементблок, брусчатка, латоку колодетс, сангу шағал, коргоҳи дигар, ки трубаҳои пластикӣ мебарорад. Як қисмати ин завод ҳоло молбозор шудааст. Молбозори ҳоҷӣ Ислом.Як меҳмонхона ҳам сохтааст.

На андоз месупорад, на пули қувваи барқ. Соли 2014 ё 2015 буд, вақте раиси Идораи барқи ноҳияро нав мемонанд, ҳоҷӣ Исломро намешинохт. Меояд,медарояд “асфалтний завод”. Ёрдамчии ҳоҷӣ Исломро мегӯяд корхонаи шумо аз Идораи барқ як миллиону ҳаштсад ҳазор сомонӣ қарздор аст, ё пулро пардохт кунед ё ба суд медиҳаматон, се рӯз мӯҳлат. Пагоҳи он рӯз ҳоҷӣ Раҳматулло рафта раиси Идораи барқи ноҳияро дар кабинети кориаш латукӯб мекунад ва зану модару хоҳару духтарашро дашном медиҳад. Он солҳо фақат як дастгоҳи тавлиди шағал-шебен дошту халос. Имрӯзҳо ҳам на пули андоз медиҳад ва на пули қувваи барқ.Ана аз ин ҷо аст ки ширкати “Барқи тоҷик” миллиард-миллиард доллар қарздор аст.

Вале на танҳо ҳоҷӣ Раҳматуллои Асадулло аст ки дар зери сояи давлати язнааш мардуми Чапаевро безор кардааст.Яке дигар аз хусурбачаҳои “буққа”-и Раҳмонов Муҳибулло Асадулло аст. Ҳамоне,ки бозори як соҳибкор дар Шаҳритузро бо зӯрӣ кашида гирифта буд.

Доди ҷонкоҳи модарони Тоҷик дар Русия аз дасти роҳсозии маҷбурӣ ва сафари Раҳмонов

Дар ин қисмати ин матлаб номаи як модари тоҷик аз Русияро ҷой додем,ки дар бораи бедодиҳои ин хонавода сӯҳбат кардааст. Ин модар менависад, ки дар як хона чанд нафар зиндагӣ мекунем. Як модари тоҷик бечора ду фарзанд ва як модари пир дар ватан дорад. Аҳволаш бениҳоят вазнин, касал, дар карантина буд, нав ба худ омад. Ҳатто ба фарзандонаш пул роҳӣ карда натавонист,то ки пушоки мактабӣ харанд. Имрӯз модари пираш аз Тоҷикистон гирёну нолон телефон карда гуфт, ки президент ба ноҳияи Шаҳритус ба хонаи Эркини бизнесмен меомадааст. 250 сомонигӣ ҷамъ мекарданд, пул фиристамон. Ин пиразан ба телефон мегуфт, пули ремонти мактабро ҳам роҳӣ кун. Аммо ин модари бечора дар бари ман шишта гиря кард,ки аз куҷо пул ёбам? Ба модараш гуфт, ки ба коркунони ҳукумат гӯед, ки маззам нест, кор нест, аз куҷо пул ёбаму гусел кунам. Кормандони ҳукумат гуфтаанд, ки қарз карда ҳамин пулро бидеҳ. Президент ба хонаи Эркини бизнесмен меояд. Бояд кӯчахоро ремонт кунем. Бовар кунед, дар ҷони ҷигари мо ин ҳукуматиҳо расидагӣ. Фақат бо пули мардум роҳҳояшонро соз мекунанд.

  Як нафари дигар аз ноҳияи собиқи Колхозобод, аз деҳаи Чапаев гуфт, ки ба раиси ҷамоат ҳамаи дороиям, аз он ҷумла тилловориҳоямро фурӯхта пули замин додам. Аммо ба мо замин надоданд, моро кидат карданд. Имрӯзу пагоҳ карданд, вале надоданд.Дар як хона се- чор келиндорҳо гаштаанд. Ба онҳо замини бепуле, ки аз тарафи ҳукумат дода шуда будро, намедиҳанд.

Хушдомани Муҳибулло ҳам мардумро ғорат дорад

Дар ноҳияи Шаҳритус Муқим ном як савдогар ҳаст. Ӯро хуштомани Муҳиб гуфтааст,ки аз тарафи завод замин тақсим мекунем, аз мардум пул ҷамъ кун, заминҳоро мефурӯшем.  Муқими бечора аз мардум пул ҷамъ карда оварда ба дасти хуштомани Муҳиб медиҳад. Ҷӯраева Лутфия,хушдомани Муҳиб пулҳоро ба Муҳиб медиҳад. Аз байн хела вақт мегузарад, одамҳо ба хонаи Муқим омадан мегиранд. Муқим имрӯзу пагаҳ карда аз пеши дар гусел мекунад. Ҳамин тавр аз байн як сол мегузараду аз замин дарак нест. Мардум ба сари Муқим меояд, угражат мекунанд, ки пулҳоямонро ёфта те. Муқим ба назди хуштомани Муҳиб меравад. Ин хуштоман дар боғчаи бачагонаи№2-и Шаҳритус дар вазифаи мудир кор мекунад ва номи духтараш Фарзона будааст. Хуштоманаш ба Муҳиб мегӯяд. Муҳиб Муқимро ба завод бурда мурданивор лату кӯб ва угражат мекунад. Муқимро давлени мезанад. Муқим дигар роҳ рафта наметавонад. Аммо модараш холаи Аҳлӣ ҳаррӯз ба сари хуштомани Муҳиб рафта мегӯяд пулҳои мардумро ёфта диҳед. Додарони Муқим ба Русия омада қарз мекананд. Давоми кор чи шуд намедонам. Бовар кунед ҳамин модаре,ки аз модари пираш 250 сомонӣ талаб кардаанд, нони хӯрдан надорад, чунки ҳамаи пулҳои кор кардааш дар табобаташ рафт. Мегӯяд ин сафар,ки Тоҷикистон равам ба сари ҳукуматиҳо меравам, аз ҷонам сер шудам, ҳамроҳашон ҷанг мекунам. Инсоф надоранд. Вале як ҳамраҳи дигарамон мегӯяд,ки ин корро накун,тюрмат мекунанд.Ин зан як модари пир ва ду духтарча дорад. Дигар ҳеҷ кас надорад. Модараш дар як хонаҳои фақирона мешинад, аз ҳаминҳо пул талаб мекунанд.

Ps: Хонандагони гиромӣ ин қатрае аз баҳри бекрони ҷиноятҳои оилаи Раҳмонов ва Азизмо буд,ки тақдиматон намудем. Агар шумо ҳам шоҳиди ҷиноятҳо, ғоратгариҳо, фишору зулмҳои ин оила ҳастед ба “Ислоҳ” нависед,то мо онҳоро расонаи кунем. Ислоҳ ҳамеша дар хидмати шумо мардуми азизи кишвар ҳаст.

Share This Article
By Technik
Follow:
Test test trst test test test