Муроди телехро мешиносед?

Ислоҳ нет

(бахши аввал)

Мурод, ки аз чанд вақт ба ин сӯ дар бари Раҳмонов наменамуд, сару калааш дар пушти Президент пайдо шуд. Хабарҳо аз он ҳикоят мекард, ки Мурод мубталои коронавирус шудааст. Дар наворҳое, ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз сафари Раҳмонов ба Панҷакент нашр карданд, дида мешуд, ки ӯ дар сари кор аст.

Мурод Саидов-Муроди “телех”, генерал- майор, сардори дастаи муҳофизони Президент, телехи № 1-и Тоҷикистон аст, ки аз ҳамон ибтидои омадани Раҳмонов ба сиёсати калон дар паҳлуи ӯ қарор дорад. Кораш ҳифзу ҳимояти ҷони Раҳмонов аст. Ин ки ӯ телех аст кадом аҷобате надорад, чун ин як қоидаи роиҷ дар давлатдорӣ аст. Аммо ҷолибу ҳайратовар ин аст ки Мурод ба ҳайси як телех то куҷо ба сиёсати кадрии мақомоти кишвар нуфуз кардааст. Маълум мешавад барбари Раҳмонов тӯли ин ҳама солҳо фақат дар ҳифзи ҷони ӯ набудааст, балки муваффақ бар он шудааст, тиҷоратҳои бузург ва манобеи калони даромадро барои худ ва наздиконаш фароҳам созад. Ин ҳамаро дида наметавон қоил нашуд: “Шумоҳо метавонед”.

Ҳоло инҷо аз як сар қиссаи ин ҷондори Раҳмонов ва ҷонситони мардуми ноҳии Восеъро аз забони яке аз наздикони ӯ меоварем. Муроди “телех”ноҳияи Восеъро бо аммабача, амакбача ва дигар хешу таборонаш ба милк ва моликияти хусусӣ табдил додааст.

Мурод Саидов, дар собиқ совхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъи вилояти Кулоб, ки дар солҳои бародаркушӣ номи Сангакро гирифт дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Мактаби №7-и зодгоҳ ва сипас омӯзишгоҳи милисаи Чимкентро хонда ва корро дар шӯъбаи милисаи Норак дар бахши кор бо кӯдакон ва ноболиғон оғоз мекунад. Солҳои ҷанги дохилӣ дар назди дари бинои Облисполкоми Кулоб қаровул-охранник мешавад. Инро ҳам бояд бигӯем,ки модари Мурод тағодухтари модари Маҳмадсаид Убайдуллоев аст. Убайдуллоев дар он солҳо ҷонишини аввали Облисполкоми   Кӯлоб буд. Яке Раҳмонов дар Кӯлоб раис шуд. Ин моҳи ноябри соли 1992 буд. Сабаби муҳофизи Раҳмонов шудани Мурод асосан Убайдуллоев аст. Вақте дар дами дарвозаи Кумитаи иҷроияи вилоят Муродро мебинад, ӯро барои муҳофизати шахсии Раҳмонов масъул мемонад. Раҳмонов то инки раиси Шӯрои Олӣ шавад, ду ҳафта дар Кӯлоб раисӣ ҳам карда буд. Мурод кабинету ҷойи хоби Раҳмоновро тоза мекард. Табақу косаи хурдаашро меғундоштааст. Чой мекардааст. Раҳмоновро дар сессияи 16 ҳам ҳамроҳӣ кардааст. Вақте тағои Мурод мурд, бародарони Маҳмадсаид Убайдуллоев говҳои 1000 долларӣ дар маъракаи чилбегаҳӣ ва шашмоҳагиаш кушта худоӣ доданд. Тағои Мурод-бобои Зариф дар вақташ мудири амбори совхоз буд.

Мурод дар ошёнаи дуюми бинои чорошёна дар сари кӯчаи манзили истиқоматии Раҳмонов, дар бари кӯчаи марказӣ хона дорад. Таҳхонаи ин бино ва ошёнаи аввали он комилан маҳкам аст. Дар онҷо толори вазишӣ сохтааст, ки танҳо амниятиҳои шогирдони Мурод машқ мекунанд. Аз тарафи дигари ин бино мустақим ба манзили зисти Раҳмонов роҳ мавҷуд аст.

Онҳо се бародар:-Маҳмадалӣ, Гадоалӣ ва Муродалӣ ва се хоҳаронро падару модар дар як ҳавлии сеутоқа ба воя расонидаанд. Маҳмадалӣ, Гадоалӣ ва Муродалӣ (Мурод) дар ҳамин се дар хонаи як ҳавлӣ калон ва хонадор шудаанд. Зани Мурод аз Кулоб аст. Падари онҳо бобои Файз як деҳқони хеле камбағали қашшоқ будааст, ки як хари гӯшбуридаашро чанд бор бозор бурда фурӯхта натавонистааст. Бобои Файз дар солҳои 2005–2006 аз олам чашм мепӯшад. Аммо баъдҳо, баъде,ки писараш пулу молдор ва як шахси соҳибмақом мешавад, дигар бобои Файз он пешина Файзи камбағал набуд.Ҷипсавор буд. Ҳамон солҳо байни бачаҳои Ангурбоғ ва ноҳия ҷипсавории бобои Файз прикол шуда буд, ки хари якгӯшаашро ба ҷип “алиш” кардааст. Аммо модари Мурод Саидов, рӯзи 10 сентябри соли ҷорӣ дар синни ҳудудан 100 аз олам чашм пӯшидааст. Ин модар дар асл“началник отдел кадр” — ноҳияи Восеъ буд. Ҳар касе вазифа мегирифт, пеши ӯ меомад ва “фотеҳа” мегирифт. Ба ғайр аз ин тамоми табибони беморхонаи хоҷагии Ангурбоғ, қабл аз онки ба кор биёянд, ҳатман аз ин модар хабар гирифта, фишори хуни ӯро санҷида ва агар ягон кӯмак лозим бошад, расонида сипас ба кор мерафтанд.Аллоҳ модарро биомурзад омин.

Мурод чӣ дорад?

Мурод як писарамма дошт- Маҳмадулло Ибодов. Солҳои зиёд мудири хоҷагии деҳқонии бо номи Рудакӣ буд. Маҳмадулло ва Мурод тамоми дороии совхозро обу лой карданд. Дар инҷо заводи шаробпазӣ буд (винзавод). Онро хусусӣ кард, бо тамоми замину иншооташ, ки миллионҳо арзиш дорад, албатта бо як нархи ночиз. Гараж-мошинсарои совхозро ҳам ду кас хусусӣ карданд, бо тамоми мошину трактору чандин гектар замини дохилу давру бараш. Нисфи гаражро ба Мурод дод. Мурод бошад ба ҷиянаш Сабзалӣ Саидов супурд, то  ҳамом ва “билярдний” ва мойка созад. Нисфашро худаш гирифт ва боқиро фурӯхтанд. Метавон гуфт мошинҳо ва ҳама ончи дар гаражи совхозро Маҳмадулло писарамааш фурӯхт. Метавон гуфт Мурод бо Маҳмадулло 300 гектор замини совхозро аз худ карданд. Маҳмадуллои чулоқ мегуфтанд, як дасташ каҷала буд. Дар хоҷагии деҳқонии Ангурбоғ командаи футбол ҳаст: “Файзканд”,ба номи падари Мурод, бобои Файз. Файзканд, ки аз ноҳияи Восеъ дар лигаи олӣ бозӣ мекунад, ҳамин аст. Дар колхози Россияи Душанбе як замин дар лаби об дорад,ки дар он ҳавзи моҳипарварӣ сохтааст.

Совхози пешинаи Ленин, ки ҳоло Ангурбоғ ном дорад аз тарафи онҳо тамоман талаву тороҷ шуд. Ҳозир дар маркази совхози пешина дар як масоҳати бузург аз Маҳмадулло Ибодов як бино-қасри дуошёна боқӣ мондааст.

Ибодов Ибодулло, бародари Маҳмадулло Ибодов дар ҳамон маркази хоҷагии деҳқонии Ангурбоғ бинои чорошёна дорад. Ибодулло қудои Мурод аст. Дилшоди писари Мурод домоди Ибодуллост. Ибодулло дар коллеҷи тиббии Душанбе аввал декан буд. Ҳозир бошад коллеҷи тиббии шахсӣ кушодагӣ аст. Солҳои пеш дар бемористони Қараболо табиби кӯдакон буд.

Мурод то соли 2016, то омадани Президент ба хоҷагии деҳқонии Ангурбоғи ноҳияи Восеъ 10 гектар замини ток дошт. Инҷо президент ду, се рӯз истироҳат кард. Сипас замини Мурод 40 гектар шуд. Ҳоло сад гектар аст. Халқро фанд карда заминҳояшонро гирифт. Нақша дорад, ки боқимонда заминҳои гирду атрофи заминашро ҳам,ки мардуми одӣ истифода мекунанд, кашида гирад ва ба заминаш илова ва аз они худ кунад. Обёрии замини токзори Мурод тавассути чоҳҳои заминӣ сурат мегирад. Вай ду чоҳи чуқуриаш 200 метрӣ кандааст. Ҳосили ангурзорашро ҳамасола мефурӯшад. Савхози Ангурбоғ, ки маҳд ва зодгоҳи Мурод, Аваз, Хайрулло, Раҷабалӣ ва Қаюмовҳо ва даҳҳои дигар мебошад вале Мурод ҳамаро маҷбур кардааст, ки аз кисаҳои худашон Ангурбоғро обод кунанд. Маҳз ба хотири омад омади ҷаноби “пешвои миллат”, ки дар соли 2016 ба Ангурбоғ ташриф оварданд. Се рӯз дар Ангурбоғ истироҳати бо фароғат кардааст. Пас аз рафтани ҷаноби “пешвои миллат” заминҳои бештаре насиби Мурод гашт ва дар умум 400 гектор замин ба ҳисоби ин оила гузашт.  Дар ин замин бачаҳои маҳаллӣ ва асосан мардикорон аз Турсунзода кор мекунанд:-узбекҳо.

1000 хонавода дар ин совхоз дар гузашта ризқ дошт, мехурд. Аммо имрӯз тавре шудааст, ки болои теппаҳоро ҳам гирифтагианд, халқро гову мол кунӣ намемонад, агар гову мол дар заминҳояшон даромад, мебаранд маҳкам мекунад, сари ҳар гов 1000 сомониатро ҳамчун ҷарима мегиранд. Тирамоҳ, вақти ангурпаз қопча- қопча сум кор мекунанд. Як пулеро,ки мебоист дар дигар ҷо барои мардум месохтанд бо ҳайбату сиёсат рафта оварда дар деҳаи мо рост кард. Кӯчонида овард.

Мурод дар шаҳри Душанбе фирмаи сохтмонӣ дорад, аммо ба номи каси дигар.Чанд “дом”-и баландошёна дар тарафи ғарби бозори Саховатро ӯ сохтаву фурӯхтааст.

Бозори “Азия”-“Осиё”-и Душанбе, ки дар паҳлуи бозори Султони Кабир  воқеъ аст низ аз Мурод мебошад. Зимнан Аваз Кабиров, раиси бозори Султони Кабир, ҳамсояи Мурод дар хоҷагии деҳқонии Ангурбоғ аст ва ӯ ҳам аз сад гектар замини ин хоҷагиро аз они худ кардааст. Бозори “Осиё” дар Душанбе низ ба фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ ва масолеҳи сохтмонӣ машғул аст. Беш аз 1000 фурӯшанда дорад. Ин бозорро бизнесменҳои совхози Ангурбоғ дар ҳамдастӣ бо дигар бизнесменҳо сохтаанд. Як бизнесмен, номашро намегирем аз ҳамин Ангурбоғ, барои сохтмони бозори Мурод ба маблағи 15.000 доллар сангу регу шағал кӯмак карда аст. Аз ҷумла Аваз ҳам хеле ёрдамаш кард, сохтанду доданд. 1000 фурӯшанда бештар кор мекунад. Роҳбарии бозор ба зиммаи Шайдулло, ҷияни худи Мурод аст. Инро бояд махсус таъкид намоем, ки хешу табор ва ҷиянҳои Мурод асосан дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, милисаву прокуратура кор мекунанд, ки ҳамаи онҳо бо воситаи Мурод кор гирифтаанд.

 

 Мурод ва “команда”-и ӯ

 

Дилшод Саид, писари Мурод вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аст. Вай дар вазорати молия кор мекунад, дар шӯъбаи оид ба муайян кардани сифат ва навъи тилло мебошад.

 

Анвар Ибодзода Сарконсули Тоҷикистон дар Русия, ки дар пойтахти он шаҳри Москов мебошад, писари Ибодов Ибодулло ва ҷияни ҳамон Маҳмадулло Ибодов мебошад. Инчунин хусурбачаи Дилшоди писари Мурод аст. Ин Анвар Ибодзода,ки чандтарафа ба Мурод хешутаборӣ дорад дар Русяи кораш ба паспортфурӯшӣ, возврашение на родина фурӯшӣ ва кораш дар ресторанҳои гарон хурдан ва истироҳат дар найт клубҳо иборат аст. Дар мавриди Анвар Ибодзода маълумотҳои зиёде дар даст дорем, ки онҳоро дар як матлаби муфассал тақдим менамоем.

Сабзаалӣ Саидов, бародарзодаи Мурод. Донишгоҳи тиббии Душанберо хондааст, вале корманди Идораи гумрук мебошад. Чунки гумрук ҷойи рӯғанӣ мебошад. Сабзалӣ ҳам мактаби №7и Восеъро тамом кардааст. Сабзаалӣ пештар дар Панҷ сардори идораи гумрук буд. Ӯ писари Маҳмадалии бародари Мурод аст. Агар ёдатон бошад вақте Раҳмонов Шаҳбоз Раҷабзода, сардори терминали Душанберо дар ҷаласа хезонида гапҳои дурушт гуфт, ӯ ҳам ҳамонҷо буд. Сабзаалӣ як шаб “авария” мекунад. Мезанад ду одам мемурад. Шоҳидон ҳикоят мекунанд, ки аз қафои мошин чанд қопча сум мерезад. Ин одамҳо якеаш бо номи Туманов ва дуввуми Шӯҳрат, ки ӯ аз Ҳисор будааст. Худи Сабзаалӣ чанд вақт дар “кома” меафтад аммо зинда мемонад. Вай вақте меояд ба як мошини Опел, ки аз замин тарбуз мебаровардааст, бармехурад. Ин одамҳоро хапу дам мебаранду гӯру чӯб мекунанд. Яке аз наздикони Сабзаалӣ, ки ҳамроҳаш кор мекард гуфта буд, ки “доля”-и ҳаррӯзаи Рустами Эмомалӣ аз гумруки Панҷ он солҳо  10.000 доллар будааст.

Хайрулло Саидов, писари Назари Саид, амакбачаи Мурод аст, ки ҳоло прокурори шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ ҳам корро аз Норак сар кардааст. Соли 2015 ӯро барои кадом камбудӣ Президент аз вазифаи прокурори ҳарбӣ ва ҳамзамон муовини Прокурори генералӣ гирифт. Аммо боз Мурод тавре кард, ки прокурори Душанбе таъинаш карданд.

Дар бораи Беҳрӯз, домоди Мурод пештар гуфта будем. Беҳрӯз, сардори Раёсати коррупсияи нақлиёти вилояти Суғд аст. Падари домод аз Фархор аст. Солҳои 90–91 меравад Хуҷанд ва як корхонаи тавлиди шаробро мехарад. Писараш дар онҷо калон шудааст. Тибқи баъзе маълумотҳо духтари Мурод ҳамсари дуввуми Беҳрӯз мебошад. Ҳангоме, ки иллатро ҷӯё шудем бароямон маълум гашт, ки духтари Мурод бемории припатка доштааст ва аз ин сабаб ҳамсари дуввум будааст.

Саидов Зикрулло, бародари Саидов Хайрулло-прокурори Душанбе, дар шӯъбаи андози ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳайси муовин кор мекунад, агар ҳоло сардор нашуда бошад.

Кароматулло, як ҷияни дигари Мурод яъне писари хоҳараш дар дар БДА -и Кулоб кор мекунад. Бахши “права” ва ҳуҷҷатгузорӣ дар дасти ӯст.

 

Саидов Кароматулло, як ҷияни дигари Мурод, писари Маҳмадалии бародараш дар ГАИ-и ҷумҳурӣ дар як мақоми баланд кор мекунад ва рутбааш аз майор боло аст.

 

Саидов Кароматулло писари Саид Назар писар амаки Мурод, корманди баландмақом дар “Ориёнбонк”-и Ҳасан Асадуллозода дар Душанбе мебошад. Ҳамин тавр се ҷиянаш як ному насаб: Саидов кароматуллоро доранд.

Рамазон-сардори шуъбачаи корҳои дохилии хоҷагии деҳқонии Ангурбоғ аз Ғелот мешавад. Ҷияни Мурод, бачаи апааш. Ин шӯъба чил коргар дорад. Аз шӯъбаи милисаи ноҳия бештар. Кори инҳо “охранят” кардани замину хонаву дари Муроду бародарони ӯ ва хешовандонаш аст. Мардумро безор аз ҷон кардаанд.

Саидов Нусратулло амакбачаи Мурод, то чанд вақти пеш сардухтури беморхонаи сеошёнаи Ангурбоғ буд. Байнашон гапашон гурехтааст, ки ӯро аз ин вазифа мегирад ва ҳоло дар беморхонаи Кулоб ҷарроҳ аст. Ин бародари Саидов Хайруллои прокурори Душанбе аст.

Акаи Кароматулло писари хоҳари Мурод сардори кофтукоби ҷиноятии ( Начальник уголовный розыск.) Турсунзода буд. Ҳоло чи вазифаи болотаре дорад.

Саидов Сайхуҷа, мудири ташкилоти хурди қарзӣ бо номи Сомониён- писари Гадоалӣ. Гадоалӣ бародари Мурод. Дафтари марказии ин ташкилот дар дохили бозори “ Осиё”– Мурод дар Душанбе аст. Аҷиб ин аст ки дар Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, зери раҳбарии Озода Раҳмон, кор мекунад. Аз Бонки миллӣ ба воситаи Ҷамолиддин Нуриалиев ба номи ташкилоташ пул мегирад. Аммо пулро ба касе намедиҳад. Меравад аз Хитой кабел меоварад барои нерӯгоҳи Роғун Асноди онро тавре таҳия мекунад, ки гӯё моли Русия бошад. Ҳамчунин аз Хитой трактор меорад. Ба воситаи бародари Ҳасан Асадуллозода ба  Роғун мефурӯшад. Беҳад пули калон аст инҷо дар гардиш аст.

Саидов Давлатхӯҷа, ҷияни дигари Мурод, писари Гадоалии бародараш, бародари Сайхӯҷа нозир ва масъули шӯъбаи милисаи бозори Корвони Душанбе аст. Бовар кунед Давлатхӯҷа дар вақти мактабхонӣ номашро бехато навишта наметавонист. Савод надорад. Аммо инро ҳам бояд гуфт, ки бозори Корвон ба ном ба дасти Нуршед Машрабов аст. Онро Рустами Эмомалӣ барвақт гирифтагӣ аст. Ҳар бегоҳ қопча-қопча сум ба Рустам мебаранд.

Талбаков Абдураҳмон, мудири мактаб дар совхози Ангурбоғ. Ин ҳам писари тағои Мурод Саид аст.Чанд навбат бо муаллимаҳо бо корҳои фаҳшаш ба даст афтодааст. Махсусан робитаи ғайримашрӯъаш бо “уборщицса”-и мактабро ҳама медонанд. Аммо ҷияни “телех”-и Раҳмонов, ки ҳаст касе дилёб намешавад алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятии таҷовуз ба номус боз кунад.

Поёни бахши аввал…

Ва, дар инҷо ин матлабро ба охир мебарем, аммо, агар шумо чизе афзуданӣ ва илова карданӣ бошед дар мавриди Генерал Мурод Саидов марҳамат. Мо омодаи ҳамкорӣ бо шумоем.

Share This Article