Мақомоти “Асосгузори сулҳу ваҳдат” : наздикони тарафи дигари сулҳро чаро боздошту зиндонӣ доред ?

Ислоҳ нет

Ин ҳафтаро Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ( КШГНЗС) “ҳафтаи дифоъ аз бастагони устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ” эълон намудааст. Ин тасмим дақиқан дар ҳафтае сурат мегирад, ки наздикони Устод Нурӣ бо иттиҳомоти дурӯғу бофта дар боздошти мақомот қарор доранд.

Зодрӯзи устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси нахустини ташкилоти сиёсии исломӣ дар қаламрави шӯравии пешин-Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, раиси Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон, муаллифи санади Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, имрӯз-15 март дар ҳоле фаро расидааст, ки мақомот дар Тоҷикистон тайи се моҳи аввали сол ду тан аз бародарзодаҳои ӯро боздошт карданд. Домулло Нусратулло Саидов, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Истиқлол»-и ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш (совхози Туркманистони собиқ) дар моҳи январ ва Муҳибулло Нуриддинов, фурӯшандаи як мағозаи хурокворӣ дар ҳамин хоҷагӣ дар авоили моҳ аз тарафи ходимони шуъбаи дохилаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дастгир ва ба ҳабси муқаддамотӣ гирифта шуданд. Мақомот ин ду нафар аз наздикони устод Нуриро бо иттиҳоми дарёфти пул аз хориҷа муттаҳам мекунанд. Ногуфта пайдост, ки ин як айбу иттиҳоми ғайримуваҷҷаҳ ва як баҳонаи бисёр ҳам бачагона аст. Домулло Нусратулло Саидовро дар феврали соли 2018 низ дастгир ва барои чанд рӯзе  ҳам маҳкамаш карда буданд. Бо ин иттиҳом, ки болои бомаш парчами «ДОИШ» насб кардааст. Хайрият, ки нафари муттаҳам дастгир шуд ва эътироф кард ва дар пайи иқрори вай даст аз гиребони ӯ раҳо карданд.

“Вале, маълум мешавад, ки фурсат мепоидаанду баҳона меҷустаанд, то коре кунанду ӯро шинонанд. Ҳар касе, ки як каме ақл дорад, оё бовар мекунад, ки Нусратулло Саидов, ки аз соли 2015 ба ин тараф, на танҳо вай, балки ҳама наздикону таборони устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, зери контроли шадиди мақомот қарор доранд, болои боми худаш парчами «ДОИШ» насб мекунад? Аз ин ба ӯ чи фоида? Дар ҳоле, ки ҳиҷ иртиботе бо ин ташкилот надорад! Ин як иттиҳом, беш аз ин,тӯҳмате буд, ки бар пойи баста буданд. Инчунин домулло Нусратулло донандаи хуби ислом ва таҳсилкардаи риштаи шариъат мебошад. Гурӯҳҳои даҳшатафканро низ хуб медонаду аз онҳо ҳазар ҳам мекард. Ман шахсан домулло Нусратуллоро хуб мешиносам ва як шахсияти ором ва муътадилу мунсифе ҳастанд.”

Мақомот дар моҳи январ бо нақшаи аз пеш тарҳрезӣ шуда дигарбора ин домуллоро дастгир карданд, ки ӯ ба унвони як мусалмони воқеӣ ва як инсони хайрхоҳ ба чанде аз хонаводаҳои маъюбон кумак кардааст. Чун вай раиси хоҷагӣ буд ва мушаххас аст, ки имкон дорад, шояд як кило руғану чор кило шакар ёрӣ карда бошад. Мо, ки ҳамаамон инсон ҳастем ва хайр саховат аз қадимзамон як урфу одати инсонҳост ва ин амал ба дин ҳам тааллуқ надорад. Вагарна даҳҳо созмону ташкилоту давлатҳои ғайримусалмонӣ дар рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва боз барои барқарории хисороти расида аз он ва низ дар замони ҳамагирии короновирус моро кумак намекарданд. Нусратулло Саидов, ҳеҷ моли дуздиеро эҳсон накардааст ва аз кӯмакҳои Чин нагирифтаву аз номи худаш тақсим нанамудааст, ки мо шоҳиди ин дуздӣ ва ин бешарафӣ шуда будем. Аз тарафи дигар, чаро бояд танҳо Исмоили набераи Эмомалӣ Раҳмону дигару дигарҳои ҳамин оила ва авлод хайр саховат кунанду агар мабодо дигарҳо ин корро карданд, бояд ҷавоб бидиҳанду бозпурсӣ бишаванду ҳатто ба маҳкама кашида шаванд?

“Оё ин чи давлатеву чи давлатдориест? Суолам ба онест, ки аз «давлатмеҳвар»-ӣ мегӯяду менависад. Ба як калима мегӯям, ки ҳеҷ давлатмеҳварие дар кор нест, инҷо як шайка ва як бонди мофиозиест, ки на аз инсонӣ бӯ бурдаву на тараҳҳумеву шафқате дорад. Ва, ҳар қадар ва ба ҳар лисоне, ки мегӯӣ, боз ҳам фикрам ва назарам дар борат ин аст, ки «давлатлесак» ва «давлатчоплусак»-ӣ.Вагарна, чаро як бор дар ин бра чизе намегӯиву чизе наменависӣ, ки кумак расонидану аз наздикони худ, бигзор, ки дар сайёраи Миррих ҳам бошанд, пул  гирифтан ҳеҷ ҷурму ҷинояте нест.”

Бобои Дона Набиеви 80 соларо ҳам бо айни ҳамин иттиҳоми аблаҳона шинонидед. Хуб, ба вай ин иттиҳомро ҳам задед, ки пулро гирифтаасту ба муҷоҳидони Афғонистон «перевод» кардааст. Ин ҳам як айбу иттиҳоми бепояву асос буд, ки муҷиби шармсории «давлатмеҳвар» шуда буд.

Ҳудуди сад тан аз ақориби устоди шаҳид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар хориҷ аз кишваранд, заҷри дурӣ аз ватанро мекашанд, гурезаанд, дар дори ғурбатанд, дурр аз ватананд. Аз тарси ҳабсу зиндони шумо, хонаву дари худро, дору мадори худро, ҳамин амуву амузодаву аммаву амммазодаҳои худро раҳо карданд, ба ночор, ба иҷбор. Дар ғайри сурат ҳоло болои онҳо ҳам қисмати дигар бастагони онҳо, ки дар зидонанд ва ё ҳамин Нусратуллову Муҳибулло оварда мешуд. Мисли Мусо Шехов писар хоҳари Устод Нурӣ,ки то имрӯз бе гуноҳ барои ин,ки ёвари Устод Нурӣ ва писар хоҳараш буд зиндонаш кардед.Агар ҳар кадоме аз онҳо, ки имрӯз дар дори ғурбат ҳам тавонистанд,ки кору зиндагӣ ба роҳ монанду тиҷорат кунанд.Ба ин бастагони дар ватан мондаи худ пул фиристанд, гуноҳ аст, ҷиноят аст? Миллионҳо эронӣ имрӯз айни сарнавишти онҳоро доранд, паноҳандаву гурезаанд. Аммо онҳо ҳам ба хешу табори худ пул мефиристанд, вале ҷиноят ба шумор намеравад. Беш аз 2 миллион аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва ақсо нуқоти олам кор мекунанду ба наздиконашон пул мефиристанд, яъне наздикони онҳо низ  «аз хориҷа» пул дарёфт мекунанд. Аз рӯи ин мантиқи шумо ҳамаи онҳо бояд дастгиру зиндонӣ шаванд? Чун онҳо ҳам аз «хориҷа» пул мефиристанд. Ин пурсиши ман ба ҳамон «давлатчоплусак»-и давлатлесак ҳам дахл дорад.

“Шумо роҳи ризқи мардумро баста наметавонед. Як кишварро ҳаром кардед. Рақобату душманӣ ҳам ҳадду марз дорад. Ҳатто дар замони ҷанг қоидаву қонунҳое амал мекунад. Чун, ҳамаи мо, ҳатто ҳамин шумо ҳам, мутаассифона, одам ҳастем, инсонем. Инки Нусратулло Саидовро, боздошт кардеду мешинонед, чӣ иваз мешавад? Як инсоне, ки пайи кору бори худаш аст, на ба сиёсат кор дошту на ба давлат. Чанд соли пеш аз имомхатибӣ ҳам маъзул карда будед. Магар хешу табори устод Нурӣ будан ҷиноят аст? Бояд тамоми хешу таборҳои ӯ дигар дар ватан зиндагӣ накунанд? Ҳақи зистан ва зиндагӣ кардан дар ватанро ҳам дар ваколату салоҳияти беҳаду ҳисоби мансабатон даровардед?  Минбаъд, шумо муқаррар ва муайян мекунед, ки киҳо ҳуқуқи зистан дар ин ватанро доранд?”

Ҳоло, масалан ин нафарон, бастагони устод Нурӣ бояд чи бикунанд? Зиндагӣ накунанд? Нахуранд, напушанд? Гуфтам, ки миллионҳо муҳоҷир хонаводаҳояшонро хуронида истодаанд. Балки ҳамин «давлатмеҳвар»-у «давлатчоплусак»-ро ҳам хуронида истодаанд. Ва, ин бастагони устод Нурӣ агар100 еврогӣ ҳам ба азизони дар ватанбудаашон фиристанд,чи бадӣ дорад?

Ростӣ, ҳар вақте ҳамчунин ахбори ҷонхарош аз ватан мерасад, ба оне,ки «давлат» гуфтаасту боз мегӯяд, ки «боз ҳам давлат мегӯям» ва аз ишқу алоқаи зиёдаш ба «давлатмеҳвар» мегӯяд, ӯро тамҷиду ситоиш мекунад, беш аз ҳар вақти дигар мутанаффир мешавам. Бор, Худоё. Инон чи гуна инсонанд? Дида истодаанд, ки авзоъ хароб аст,ниҳоят бад аст, инсонҳои комилан бегуноҳ зери ситаму зулм қарор доранд, дар ватани худ орому осуда наметавонанд нафас кашанд, аммо боз ҳам қалам  мегираду «давлатмеҳвар» мегӯяд. Ин чи «давлатмеҳвар»-ӣ аст? Як замон ҳамин давлатмеҳваргӯяк аз устодон, аз ҷумла ҳамин устод Нурӣ ва ҷойгоҳи исломи сиёсӣ ва инки дурнамо ва ояндаи сиёсати Тоҷикистон бидуни онҳо ғайритасаввур аст, мегуфту менавишт, аммо ҳоло комилан чапа ва баракси ончи мегуфтро, мегӯяд. Мегӯӣ, ки мағзи сари ӯро покиза гирифта бошанду мағзи сари СС.Ятимов ва дигар даҳриҳои аз Худо баргашта ва ва лоику лодинро дар ҷояш монда бошанд.

  “Агар ки аз давлатмеҳвар менависӣ, омадани Рустами Эмомалӣ ба ҷойи вайро дурусту табиӣ ба қалам медиҳӣ, инсофан бигӯ, ин бастагони устод Нурӣ ва боқии тарафи дигари сулҳ, аз ҷумла ман, чаро бояд ё дур аз ватан бошем, ё дар зиндон бошем ва ё инки кушта бишавем? Хуб, дар бораи ман ва Муҳаммадҷони Нурӣ ва ё устод Муҳиддин Кабирӣ, чизе нанавис. Аммо пеши қалами туро кӣ мегирад, ки аз Зайд Саид бигӯӣ? Шахсе кумакат карда буд аз ӯ ҳам ҳимоят кунед магар ин ҷиноят маҳсуб мешавад ? Ман мантиқи инсоният ва гоҳо шахсияти баъзеҳоро наметавонам фаҳмам.”

Пулҳои ба ҳазоруяк азоб кор кардаи Зайдро, хонаву дарашро, коргоҳу тиҷоратҳояшро, ҳатто мошинҳои бачаҳояшро кашиду гирифт, бачаҳояшро дар қади кӯча овораву сарсону саргардон кард, аммо ҳоло, ки ба ин маддоҳу қасидасаро даст нарасонидааст, мактаби аз пули Зайд сохтаашро ҳамчун пули Зайд мусодира накардааст ҳамаро гӯлу аблаҳу аҳмақ фарз карда ӯро давлатсозу бунёдгузору асосгузору ҳарчи ҳатто аз размери даҳанаш зиёдро дар ҳақи вай менависаду мегӯяд. Агар Зайд набуд, агар устод Турҷонзода набуд, ба ҳеҷ ваҷҳ на «давлатмеҳвар» мегуфтиву на аз «марҳалаи кор дар давлат»-ат ифтихор мекардӣ, ин онҳо буданд, ки туро ба давлат оварданду давлатдору давлатшиносат карданд. Манзурам ин аст, ки вақте аз он пирамарди хирасари тиҳимағз ситоиш ба амал меоварӣ, чаро чашмонат ин тарафи масъаларо ҳам намебинад, ки ба ин «давлатмеҳвар» бигӯӣ, ки пул гирифтан аз наздикон,онҳо хоҳ дар Урупоянду хоҳ дар Русияанду мамолики дигар ҷурму ҷиноят маҳсуб намеёбад. Агар дарёфти пул ҷурму ҷиноят аст, миллиардҳо доллар кумаки бонкҳову давлатҳои аз ҷумла ҳамин урупоиро чаро ин «давлатмеҳвар» мегирад? Ё пул гирифтан аз хориҷа танҳо барои наҳзатиҳо ва барои аҳлу авлоди устод Нурӣ ҷурму ҷиноят аст?

  “Ҳоло бо зиндон кардани ин ду тан чи мехоҳед бигӯед? Қонун барқарор шуд? Ҷинояткор дастгир шуд? Аз ҷиноят ҷилавгирӣ шуд? Агар онҳо террорист буданд, чаро дар Урупо зиндагӣ доранд? Чаро бонкҳои урупоӣ онҳоро барои интиқоли пул дастгир накарданд, ки шумо террористҳо ҳақи пул фиристоданро надоред?”

Ин шумоед, ки пулҳои мардумро, пулҳои ватанро ба ҳисобҳои оффшориатон ворез карда халқу ватанро ғорат карда истодаед. Ин шумоед, ки бояд ба зиндон кашида шавед. Муҳибуллое, ки ҳамагӣ як фурӯшанда аст. Ӯро мебаред зиндон мекунед. Чи муродатон ҳосил шуд? Бастагони устод аз мубориза муқобили шумо даст мекашанд? Онҳо буданд, ки барои озодии домулло Нусратулло дар ҳамин дори ғурбат ҳам тазоҳурот барпо карданд. Онҳо аз роҳу раъяшон барнамегарданд. Шумо, аз ин хонавода аз,так-таки аъзои он дар тарсу ҳарос ҳастед. Чун ончи пуле,ки мегӯед, онҳо дарёфт кардаанд, ҳатто ба як шаба масрафи «арӯсбозӣ»-и Рустам баробар намешавад. Аммо он пули ҳалол асту бо арақи ҷабин ба даст омадааст, ин пулҳои Шумову Рустам аст, ки ҳарому дуздианду аз хуни ин миллат бо зурӣ ва ҳаннотӣ ба даст омадаанд. Ин бародарзодаҳои устод Нурӣ ҳам метавонистанд, ки тарки ватан кунанд. Накарданд. Тарк накардани онҳо худ мебоист аз тарафи ин «давлатмеҳвар» аҷр гузошта мешуд. Агар ин режим инсонигарӣ ва одамият дошт ҳаминро хуб мефаҳмид, ки он дар ватан истоданд. Нарафтанду муқобилаш ҷабҳа дуруст накарданд. Ҳатто ҳамин домулло Нусратулло водор кардед, ки муқобили бастагонаш «сӯҳбат» кунад ва онро навор ҳам кардеду нишон ҳам додед. Аммо, имрӯз боз ҳам ба маҳкама кашидедаш. Чаро ин «давлатмеҳвар» навис дар ин бора як бор наменависад?

Маълум аст ки Эмомалӣ Раҳмонов, ин диктотури хирасар бо вуҷуди онки ин ҳама азобу мусибат ва ҷавру ситамро болои  оппозитсион бор мекунад, ҳамоно дилаш хунук намешавад. Ҳамон Эмомалӣ Раҳмонове, ки як замон ба пойи устод Нурӣ афтода буд, ба вай ордену рутбаҳо дода буд, ба аёдаташ рафта буд, харҷу масрафоти тадовии ӯ дар Олмонро бар ӯҳда гирифта буд ва ба маҳзи оштӣ шудан бо ӯ ба худаш унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода буд, имрӯз шудааст давлатсозу давлатмеҳвару ниҳодинасоз ва бачааш ҷойигиру пайгири вай, вале фарзандону бастагони устоди Нурӣ овораву дарбадару дар ғурбату дар зиндон ва агар мабодое, ину онаш ҳамдигарро кӯмаке кард, бояд зиндон бишавад.

 “Имрӯз рӯзи таваллуди устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аст. Агарчи ин диктотури хирасар ва мақомоти дар хуни бастагони вай ташнааш, сари муе муросову мудоро карданӣ нестанд, беш аз пеш адоват ва хусумати худро буруз медиҳанд, мутмаинам, бастагони устод роҳи ӯро огоҳона ва ошиқона идома хоҳанд дод. Тамоми умри худро устоди шаҳид сарфи мубориза барои истиқлоли воқеии ин миллат карда буд. Зиндагӣ ва талошу пайкори ҳадафмандона ва ҳавасангез….  Аллоҳ равони устод Нуриро шод гардонад ва онҳое ба ӯ ва сулҳи ӯ хиёнат намуданду бо ба худ унвони дурӯғини “Асосгузори сулҳу ваҳдат” гузоштанд нафрини Аллоҳ ва малоик ва ҳама мусалмонони кишвар ва оламро доимӣ ва сарозер гардонад омин.”

Шумо бо зиндон кардани наздикони Устод Нурӣ наметавонед муборизаи моро мутаваққиф ва ҳукумати худро абадӣ намоед. Ҳар ҷинояти шумо моро росихтар ва бар алайҳи шумо золимон хастанопазиртар мегардонад. Мо то он рӯзе,ки шумо аз зулму ситам ва зиндонкунии афроди бегуноҳ даст набардоред муборизаи ҳақталошонаи худро идома хоҳем дод. Ин шо Аллоҳ ҳақ ба ҳақдор хоҳад расид ва ин ваъдаи Холиқамон аст ва мо ба он имони росих дорем.

Share This Article